Муовини раис

Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло - муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло
муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло соли 1964 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд шуда, баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) фаъолияти меҳнатиашро аз вазифаи лаборанти шуъбаи шевашиносии Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои ходими хурди илмӣ, ходими калони илмии шуъбаи шевашиносии Институти мазкур идома додааст.
     Аз моҳи феврали соли 2005 ба ҳайси ёрдамчии ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, муовини ректор оид ба тарбия, мудири кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷик фаъолият намудааст. Дар асоси озмун аз моҳи июни соли 2008 ба вазифаи мудири кафедраи забони тоҷикӣ интихоб гардида, солҳои 2010-2012 дар вазифаи декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Солҳои 2012-2013 дар рухсатии эҷодӣ буд. Баъдан солҳои 2013-2015 ба ҳайси мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият кардааст. Бо фармони Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э.Раҳмон аз 20 апрели соли 2015 директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А.Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Баъд аз таҷдиди сохтори институти мазкур дар моҳи марти соли 2017 то 05.02.2019 ӯ чун директори Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз 05.02.2019 ба ҳайси и.в. профессори кафедраи назараия ва амалияи забоншиносии ДДОТ ба номи С.Айнӣ ва аз 01.04.2020 то 08.06.2020 ҳамчун декани факултети филологияи тоҷики донишгоҳи номбурда кор мекунад. Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 08.06.2020 муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ таъин шудааст.
     Кори илмиааш таҳқиқи роҳҳои калимасозии шеваҳои ҷанубӣ ва ҷануби шарқии забони тоҷикӣ буда, аз рӯйи ин масъала рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намудааст. Доир ба масоили муҳими забоншиносӣ: калимасозӣ, лексика, этнолингвистика, усули тадриси забон, вазъи имрӯзаи забони тоҷикӣ ва ғайра матолиби муҳим чоп намуда, дар семинару конференсияҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ аз рӯйи масоили гуногун гузоришҳои илмӣ додааст.
Аз моҳи июни соли 2017 узви вобастаи АИ ҶТ интихоб гардидааст.
Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон аз соли 2010 мебошад. Аз 29.03.2007 узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аст. Узви конфедератсияи журналистони Тоҷикистон аз соли 1996.
     Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Content rating: 

5
Average: 5 (2 votes)

Category: 

 

Useful Links

Сомонаи Президенти Тоҷикистон
Сомонаи Вазорати Маориф
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - "Ҷумҳурият"
Агентии Миллии Иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Корбарони онлайн

There are currently 0 users online.

 

Visitors

  • Total Visitors: 23111751
  • Last Registered User: raisikumita
  • Published Nodes: 425
  • Your IP: 18.213.192.104
 

Subscription

Ба ахбори рӯзи мо обуна шавед
 

Who's new

  • raisikumita
  • Бекназаров Хамз...
  • Махадшарифзода ...
  • Курбонбеки Занчирбек
  • Шарипов Анвар А...
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.