Оид ба иштирок дар машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ
Дар асоси мактуби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми декабри соли 2020,
№2/1-905-6 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 27-уми ноябри соли 2020 оид ба таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари ҷомеа
ба варзиш ва солимгардонӣ, ташкили машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ, терренкур – роҳгардии саломатӣ ва велосипедронӣ
кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 12-уми декабри соли 2020 дар боғи
фарҳангӣ-фароғатии ба номи Алишери Навоӣ дар машқҳои пагоҳирӯзии дастаҷамъона иштирок намуданд.
Category:
- Ахбори рӯз [2]