
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯбаи лоиҳаи онлайни "Кишвари бехато" ва назорати қатъии матни ҳама гуна навиштаҷоти шиору лавҳаю овезаҳо ва мутобиқ намудани барчаспҳо, нархномаҳои ширкату ташкилотҳои истеҳсолии кишвар, бахусус, номгузории маводи истеҳсолӣ дар ширкатҳо ва лавҳаҳои муваққатии мавсимӣ ва ҳамешагии насбшаванда ва зери назорати қатъӣ гирифтани фаъолияти муассисаҳои табъу нашри хусусӣ тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба хулоса омад, ки номгузории мағозаи таҳти унвони "Zaraman" ба талаботи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷмҳурии Тоҷикистон" мувофиқат намекунад.
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти мағозаи мазкурро огоҳ менамояд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин номгузории мағозаро ба талаботи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷмҳурии Тоҷикистон" мувофиқ намояд.
Дар ҳолати иҷро нашудани огоҳиномаи онлайн, шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Вход
Карта
Контакты


Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.


