Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Кумита дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 13 Июл, 2021 - 15:59

     Имрӯз 13-уми июли соли 2021, соати 10:00 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Кумита дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021 бо иштироки Мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа – Азиззода Ш., аъзои Ҳайати мушовара, раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита баргузор гардид.
     Дар оғоз раиси Кумита тибқи тартиб масъалаҳои рӯзномаро муаррифӣ намуда, ҳузури иштирокдоронро ба маҷлиси имрӯза хайра мақдам гуфт.
Доир ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021 муовини раиси Кумита – Раҳматуллозода С. гузориш дод. Аз ҷумла, қайд намуд, ки Кумита дар нимсолаи якуми соли 2021 теъдоди 23 ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд, 10 вазорату кумитаҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар ва 26 адад номгӯи мағозаву нуқтаҳои фурӯши либосро мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷаи бартараф намудани камбудиҳо ба мақомотҳои дахлдор санад ва маълумотнома ирсол шуд.
     Инчунин, илова намуд, ки Кумита дар нимсолаи якуми соли 2021 ба 51 адад лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулосаи забоншиносӣ, ҳуқуқӣ ва ҳамгунсозии истилоҳот пешниҳод намудааст.
Ҳамзамон, 717 номи ғайримеъёрии ҷуғрофии ҷумҳуриро баррасӣ намуда, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дар бораи иваз намудани баъзе номҳои объектҳои ҷуғрофии ҳудуди ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ” таҳия намудаву баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои ҷонибдорӣ ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба номгузории корхонаҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва абадӣ гардонидани хотираи ходимони илм, маориф ва фарҳанг пешниҳод намуд, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2021 тасдиқ шуд.
Инчунин, Кумита дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» пешниҳод намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми июни соли 2021 тасдиқ шуд.
     Сипас, Нақшаи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2021 аз ҷониби сардори шуъбаи танзими истилоҳот – Зулфониён Р. муаррифӣ карда шуд.
     Баъдан, он аз ҷониби Мушовири калони бахши ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робита бо ҷомеа, узви Ҳайати мушовара ва кормандони Кумита мавриди муҳокима қарор гирифта, аз ҷумла, Мушовири калони бахши ёрдамчии Президент иброз намуд, ки дар баробари муваффақиятҳо камбудиҳо ҳанӯз ҳам дар матни шиору овезаҳои вазорату кумитаҳо ва мақомотҳои шаҳру ноҳияҳо бештар ба назар мерасанд. Бинобар ин, Кумита вазифадор карда шавад, ки назорати вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро пурзӯртар намояд.
Пас аз муҳокима маҷлиси Ҳайати мушовара қарор кард, ки ҳисоботи фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021 қаноатбахш ҳисобида шуда, Нақшаи кории Кумита барои нимсолаи дуюми соли 2021 бо қарори Ҳайати мушовара тасдиқ карда шавад.
     Ҷаласаи Ҳайати мушовараро раиси Кумита доктори илми филология – Муҳаммадҷонзода Олимҷон ҷамъбаст намуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)