Ҳисобот дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 13:26

Ҳисобот
дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар соли 2015

 

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 фаъолияти худро баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамоҳангсозии иҷрои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016, ҳамчунин, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар ин замина фаъолиятро дар самтҳои зерин амалӣ намуд:

 

Назорати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

Санҷиш ва омӯзиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи Низомнома яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Дар асоси фармоиши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми январи соли 2015, №8 оид ба санҷиши вазъи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои банди 15-и боби IV-и «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» ва супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми ноябри соли 2013, №30/10-4 ҷиҳати иҷрои бечунучарои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе бо намояндагӣ аз Прокуратураҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории муштарак таъсис дода шуд. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ танҳо дар соли равон 78 адад номгузорӣ, эълону рекламаи ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар иртибот ба риояи муқаррароти моддаҳои 13, 18 ва 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди санҷиш қарор гирифт. Аз ҷумла, (номи муассисаҳо дар шакле, ки рӯзи санҷиш ба қайд гирифта шудааст, бо дарназардошти мухолифатҳо ба Қонуни мазкур ва ғалатҳои ҷойдошта оварда мешаванд):

 

Ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ ва Фирдавсии

шаҳри Душанбе:

 

  1. КВД «Бозори Шоҳмансур», воқеъ дар кӯчаи Лоҳутӣ, 12.
  2. Элеганти Шоҳмансур – Мағозаи №20, воқеъ дар бозори Шоҳмансур, кӯчаи Лоҳутӣ, 12.
  3. Дӯкони пирошки, воқеъ дар кӯчаи Лоҳутӣ, 12.
  4. Ошхонаи таомҳои миллии Лоҳутӣ, воқеъ дар кӯчаи Лоҳутӣ, 12.
  5. Растаи гуштфурушон, воқеъ дар Бозори Шоҳмансур.
  6. Растаи мевафурушон, воқеъ дар Бозори Шоҳмансур.
  7. Растаи чойфурушон, воқеъ дар Бозори Шоҳмансур.
  8. Растаи қандфурушон, воқеъ дар Бозори Шоҳмансур.
  9. Растаи асалфурушон, воқеъ дар Бозори Шоҳмансур.
  10. Растаи биринҷфурушон, воқеъ дар Бозори Шоҳмансур.
  11. Нуқтаи хизматрасонии Оригинал Ламинат, воқеъ дар кӯчаи Лоҳутӣ-12.
  12. Мағозаи фурӯши дискҳо - Мағозаи №20, воқеъ дар Бозори Шоҳмансур.
  13. ҶДММ «Ҷунуни», воқеъ дар кӯчаи Айнӣ, 17.
  14. Маркази хизматрасонии Нусхабардорӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 11.
  15. Мағозаи Гулҳо, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 9.
  16. ҶДММ Раҳмат 2004, воқеъ дар кӯчаи Нисор Муҳаммад, 12.
  17. Мағозаи Баҳор, воқеъ дар дар кӯчаи Нисор Муҳаммад, 12.
  18. Мағозаи 29 - Таъмири телефонҳо «Мобилька-82», воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум, 75.
  19. Мағозаи 25, воқеъ дар бозори Шоҳмансур.
  20. Мағозаи 61, воқеъ дар бозори Шоҳмансур.
  21. Мағозаи 62, воқеъ дар бозори Шоҳмансур.
  22. Мағозаи 47, воқеъ дар бозори Шоҳмансур.
  23. Мағозаи 57, воқеъ дар бозори Шоҳмансур.
  24. Гармоба, воқеъ дар бозори Шоҳмансур.
  25. Дукони тезтайёр, воқеъ дар бозори Шоҳмансур.
  26. Дӯкони пойафзолфурӯшӣ, воқеъ дар бозори Шоҳмансур.
  27. Мағозаи моҳифурӯшӣ №60, воқеъ дар бозори Шоҳмансур.
  28. Мағозаи моҳифурӯшӣ №52, воқеъ дар бозори Шоҳмансур.
  29. Мағозаи №21, воқеъ дар бозори Шоҳмансур.
  30. Маркази хизматрасонии «Чиптаҳои ҳавоӣ», воқеъ дар кӯчаи Лоҳутӣ 12.
  31. Қаҳвахонаи Баракат Бистро, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 24.
  32. Мағозаи “I am different”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 32.
  33. Мағозаи “Парӣ”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 32.
  34. Мағозаи “manisha”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 32.
  35. Дорухона, воқеъ дар кӯчаи Нисор Муҳаммад, 12.
  36. Мағозаи “Саёҳ” , воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 3.
  37. Хазинадор, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 3.
  38. Мағозаи хӯрокворӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 3.
  39. Маркази савдои Россия, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 3.
  40. Мағозаи Пичин мичин, воқеъ дар кӯчаи С. Айнӣ, 6.
  41. Мағозаи Сувениры, воқеъ дар кӯчаи Бухоро, 51.
  42. Кошонаи ҳусн ЛУИЗА, воқеъ дар кӯчаи Бухоро, 51.
  43. Маркази хӯрокворӣ САБИХА МИНИМАРКЕТ, воқеъ дар кӯчаи Турақул Зеҳнӣ 13.
  44. ҶДММ Сомон-Сайр, воқеъ дар кӯчаи Беҳзод 14.
  45. Гимназияи Низомӣ, воқеъ дар кӯчаи Мирсаид Миршакар 1.
  46. Қаҳвахонаи Marmara, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 83.
  47. Фурӯши чиптаҳо - ОАО «Агентии алоқаи ҳавоӣ», воқеъ дар кӯчаи Лоҳутӣ, 19.
  48. Дӯкони ISF, воқеъ дар кӯчаи Лоҳутӣ, 5.
  49. Ателеи Зайнаб-бибӣ, воқеъ дар кӯчаи Хусрави Деҳлавӣ, 9.
  50. Қаҳвахонаи Таъби дил - Вкусняшка, воқеъ дар кӯчаи Лоҳутӣ, 34.
  51. Дӯкони ҳасибфурӯшӣ, воқеъ дар кӯчаи Лоҳутӣ, 34.
  52. Мағозаи фурӯши телефонҳои мобилӣ TAJСЕТЬ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 10.
  53. Тезтайёр ЗАРАФШОН Бистро, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 4/33.
  54. Парасту Ателеи Ласточка, воқеъ дар кӯчаи С. Айнӣ, 6.
  55. Дӯкони Шалтай болтай, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, 79.
  56. Қасри арӯсон КОБРА Кошонаи ҳусн, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, 77.
  57. Срочное фото, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ, 25.
  58. Интернет кафе ХИТ ZОНА бозиҳои комютери, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ, 25.
  59. Ошхонаи миллии «ХУРШЕД», воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ, 25/1.
  60. Ксерокопия Запись мелодии Ламинатсияи телефонхои мобили, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, 77.
  61. Мағозаи дузандаги “Бону”,(аз бозори Ганҷина. Н. Фирдавсӣ).
  62. Мағозаи №19 Олами мато ва молҳои занона аз Туркия, (бозори Ганҷина).
  63. Олами матоҳо №15, (бозори Ганҷина).
  64. Мағозаи Ricardo Costa (аз бозори Ганҷина).
  65. Дукони дузандаги МАРЯМ, (аз бозори Ганҷина).
  66. МХ Срочное фото, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, 73.
  67. Нуқтаи фурӯши дискҳо (роҳи зеризаминии назди Сирк).
  68. Мағозаи Bagozza, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, 5.
  69. Supermarket Somoniyon, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, 47.
  70. Олотҳои варзишӣ, воқеъ дар кӯчаи Шестопалов, 2.
  71. Ошхонаи Камаров, воқеъ дар кӯчаи Бобоҷон Ғафуров, 13 (ноҳияи Сино).
  72. Дӯкони пухтупази ДОНЕР, воқеъ дар кӯчаи Бобоҷон Ғафуров, 40 (ноҳияи Сино).
  73. Дилерский Центр «Азиз», воқеъ дар кӯчаи Бобоҷон Ғафуров, 40 (ноҳияи Сино).
  74. Ателеи муд Савриниссо, воқеъ дар кӯчаи Бобоҷон Ғафуров, 44 (ноҳияи Сино).
  75. Мағозаи фурӯши мебел MAESTRO, воқеъ дар кӯчаи Бобоҷон Ғафуров, 44 (ноҳияи Сино).
  76. Маркази хизматрасонӣ воқеъ дар кӯчаи Беҳзод, 34.
  77. ҶДММ “Сомон – сайр” воқеъ дар кӯчаи Беҳзод, 14
      1. Маркази бозиҳои компютерӣ “ХИТ-ЧОПА” воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ, 25.

Инчунин, матни навиштаҷоти деворнигораҳои ҶСП «Тоҷиксемент»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ мавриди экспертизаи забоншиносӣ қарор додашуда, аз натиҷаи он ба раиси ноҳияи мазкур мактуб ирсол гардид.

Муқаррар гардид, ки баъд аз пешниҳоди тавсияҳои Кумита ном ва маводи иттилоотии 78 муассиса ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ карда шудааст: Ошхонаи таомҳои миллии «Лоҳутӣ» ба «Дилписанд», Мағозаи «Саёҳ» ба Мағозаи «Сайёҳ», «Таъби дил» ба «Табъи дил», ҶДММ «Ҷунунӣ», нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии атрофи бозори Шоҳмансур ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ лавҳаву овезаҳои худро дар доираи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ислоҳ намуда, номгузории як қатор муассисаҳои савдо ба забони давлатӣ тарҷума ва насб гардиданд.

Ҳамчунин, барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рафти санҷишҳо нисбати соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 2 санад, 5 огоҳӣ ва 4 протокол, дар ноҳияи Шоҳмансур 41 санад, 5 огоҳӣ, дар ноҳияи Фирдавсӣ 5 огоҳӣ тартиб дода шудааст.

Инчунин, кормандони Кумита дар санҷиши гурӯҳи кории муштарак бо Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Гимназияи ба номи Низомии ноҳияи мазкур оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иштирок намуда, аз натиҷаи ин санҷиш Протокол ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои баррасӣ ирсол гардид. Дар ин давра 8 муассисаву нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии ноҳияи мазкур мавриди санҷиш қарор дода шуда, санади огоҳӣ ва маъмурӣ тартиб дода шуд:

  1. Қаҳвахонаи Mr. Fast, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, 6 (санади огоҳӣ).
  2. Мағозаи фурӯши молҳои чакана, Comfort, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 70 (санади огоҳӣ).
  3. Кошонаи ҳусн “Pariso”, воқеъ дар кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур, 33 (санади огоҳӣ).
  4. Кошонаи ҳусн “Habibi”, воқеъ дар кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур 33, (санади огоҳӣ).
  5. МХ Химчистка Хушкашӯй, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 91, (санади маъмурӣ).
  6. Маркази қасри арӯсон “Шоира Люкс” воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 83 (санади маъмурӣ).
  7. Тарабхонаи Салам - Namaste, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 87 (санади маъмурӣ).
  8. Мағозаи фурӯши дискҳо “Горбушка”, воқеъ дар хиёбони Исмоили сомонӣ 4 (санади маъмурӣ).

Дар муҳлати муайян номгузории марказҳои мазкур ба талаботи Қонуни мазкур мутобиқ гардони шуданд.

Мутобиқи фармоиши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми феврали соли 2015, №18 бо мақсади иҷрои банди 15-и боби VI-и Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016, супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми ноябри соли 2013, №30/10-4 ҷиҳати иҷрои бечунучарои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2014, №3, муассисаҳои маишӣ, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор ва ҷамоати деҳоти Ҳисор, аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар ҳайати раиси Кумита Шарофзода Г. – роҳбари гурӯҳ, кормандони Кумита ва намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор 32 номгузорӣ ва эълону рекламаи ташкилоту муассиса ва нуқтаҳои савдо мавриди санҷиш қарор дода шуданд. Аз ҷумла:

  1. Мағозаи Олами исломӣ, воқеъ дар маркази ноҳия.
  2. Мағозаи хӯрокворӣ яклухт ва чакана, воқеъ дар маркази ноҳия.
  3. Мағозаи «Дилноза» К, воқеъ дар маркази ноҳия.
  4. Мағозаи Спутник, воқеъ дар маркази ноҳия.
  5. Торговый центр «Рамиз», воқеъ дар Қалъаи Ҳисор.
  6. Мағозаи Ихлос, воқеъ дар Қалъаи Ҳисор.
  7. Мамнуъгоҳи Қалъаи Ҳисор.
  8. Қурутобхонаи Ҳисор, воқеъ дар маркази ноҳия.
  9. Мағозаи Манучеҳр, воқеъ дар маркази ноҳия.
  10. Ателеи дӯзандагӣ Мафтуна, воқеъ дар маркази ноҳия.
  11. МХ Мобилка, воқеъ дар маркази ноҳия.
  12. Ксерокопия, воқеъ дар маркази ноҳия.
  13. Таъмири чархҳо, воқеъ дар маркази ноҳия.
  14. Стоматология Дандонпизишк, воқеъ дар маркази ноҳия.
  15. Рекламное агентство, воқеъ дар маркази ноҳия.
  16. Akfik ва Ксерокопия, воқеъ дар маркази ноҳия.
  17. Муассисаи таҳсилоти миёнаи уммумии №3-и ноҳияи Ҳисор.
  18. Молҳои конселярӣ, воқеъ дар маркази ноҳия.
  19. Департаменти давлатии Почтаи тоҷик, воқеъ дар маркази ноҳия.
  20. Маркази саломатии ноҳияи Ҳисор, воқеъ дар маркази ноҳия.
  21. Дорухонаи марказӣ, воқеъ дар маркази ноҳия.
  22. Самбусаи варақӣ, воқеъ дар маркази ноҳия.
  23. Мағозаи қисмҳои эҳтиётӣ, воқеъ дар маркази ноҳия.
  24. Агентство недвижимости, воқеъ дар маркази ноҳия.
  25. Молҳои конселярӣ, воқеъ дар маркази ноҳия.
  26. Мағозаи хӯрокворӣ, воқеъ дар маркази ноҳия.
  27. Срочное фото, воқеъ дар маркази ноҳия.
  28. Нуқтаи интиқоли маблағҳо, воқеъ дар маркази ноҳия.
  29. Маркази хизматрасонӣ, воқеъ дар кӯчаи марказии ноҳия.
  30. Кошонаи ҳусн (Салон) Амон, воқеъ дар маркази ноҳия.
  31. Ошхонаи миллии Каромат, воқеъ дар маркази ноҳия.
  32. Самбусаи дедонӣ, воқеъ дар маркази ноҳия.

Инчунин, кормандони Кумита бо роҳбарии раиси Кумита дар асоси нақша чорабиниҳои Кумита дар семоҳаи дуюм дар донишгоҳҳои шаҳри Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Данғара бо донишҷӯён вохӯрӣ гузаронида, оид ба рушду нумӯ ва пос доштани ин муқаддасоти миллӣ суҳбат намуданд.

Қобили зикр аст, ки зимни санҷишҳо дар се ноҳияи шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ 65 санад тартиб дода шуд, 25 огоҳии шифоҳӣ ва 7 машварат дода шуд, инчунин1 далели шайъӣ гирифта шуд.

Мутобиқи фармоиши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми марти соли 2015, №30 гурӯҳи корӣ дар ҳайати сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳот Зулфониён Р., – роҳбари гурӯҳ, сармутахассиси бахши экспертизаи забоншиносӣ Давлатшоева М., мутахассиси пешбари бахши экспертизаи забоншиносӣ Сатторов А., узви Шӯрои ҳайати мушовараи Кумита – Абдураҳмонова М., ва намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳусейнов Қ. аз 15-ум то 24-уми апрели соли 2015 вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми декабри соли 2012, №458 «Дар бораи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», Нақшаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 4 октябри соли 2012 зимни мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2014, №3 баён гардидаанд, раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди санҷиш қарор доданд.

Гурӯҳи корӣ, инчунин, дар Маркази такмили ихтисос, раёсатҳои баҳисобгирии даромадҳо ва коркарди эъломияҳо, бақайдгирии андозсупорандагон, такмили қонунгузории андоз ва санадҳои меъёрии андоз, хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, шуъбаи кадрҳо, шуъбаи ташкили гардиши ҳуҷҷатҳо ва коргузорӣ, шуъбаи робита бо воситаҳои ахбори омма, шуъбаи умумӣ ва муҳосибот санҷишро гузаронид.

Гурӯҳи корӣ ошкор намуд, ки дар Кумитаи андоз аз сабаби ба роҳ намондани соатҳои таълимии дарси забони давлатӣ ва омӯзиши Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар мактубҳои содиротии сохтори мазкур ғалатҳои имлоӣ, техникӣ ва мантиқӣ бештар ба мушоҳида мерасанд.

Бо дарназардошти фаъолияти қаноатбахш дар татбиқи сиёсати забони давлатӣ ва риоя накардани моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар равзанаи ягонаи Кумитаи андоз гурӯҳи корӣ ошкор намуд, ки ҳангоми бақайдгирӣ дар номгузории ташкилоту муассисаҳо ва ширкатҳои ватанӣ аксар Қонуни мазкур риоя нагардида, дар сабти онҳо хатоҳои имлоӣ, мантиқӣ ва унсурҳои бегона дар номгузорӣ вуҷуд доранд.

Мутобиқи фармоиши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми марти соли 2015, №31 гурӯҳи кории Кумита ва намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми апрел то 8-уми майи соли 2015 вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми декабри соли 2012, №458 «Дар бораи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», Нақшаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 4 октябри соли 2012 зимни мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2014, №3 баён гардидаанд, дар Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» ва Муассисаи табъу нашри ҶДММ “СИП” воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур мавриди санҷиш қарор дод.

Мутобиқи фармоиши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми майи соли 2015, №46 гурӯҳи корӣ аз 26-уми май то 3-юми июни соли 2015 вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» аз 4-уми октябри соли 2011, №458 «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва иҷрои супоришҳои нусха аз Протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30-юми марти соли 2012, №3, аз 29-уми июли соли 2012, №7, аз 28-уми марти соли 2013, №3, аз 28-уми марти соли 2014, №3)-ро дар мақомотҳои иҷоияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таълимӣ, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамени вилояти Суғд мавриди санҷиш қарор дод.

Гурӯҳи корӣ дар рафти санҷиш ошкор намуд, ки дар минтақаҳои мазкур ҳанӯз ҳам ташкили давраҳои омӯзиши забони давлатӣ ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар мақомот ва ташкилоту муассисаҳо ҷиддӣ ва воқеан ба роҳ монда нашудааст. Дар мақомот ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то имрӯз аз мавҷудият ва татбиқи Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 ба тасвиб расидааст, хабардор нестанд.

Бо иштироки гурӯҳи корӣ дар ҳамин давраи санҷишӣ рӯзи 3-юми июни соли 2015 бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохӯрӣ баргузор гардида, аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба саволҳои устодону донишҷӯён ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Дар ҳамин давра, чунин мулоқот дар ноҳияи Спитамен низ баргузор гардид, ки дар он роҳбарони бахшу шуъбаҳои мақомоти ноҳия, ҷамоатҳои деҳот, муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони САҲШ-и ҳудуди ноҳияи мазкур иштирок карда, ба саволҳои худ ҷавоби қонеъ гирифтанд.

Гурӯҳи корӣ инчунин, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд номи мағозаву марказҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои савдо бо номгузориҳои бегонаву ғайритоҷикӣ насб гардидаву фаъолият менамоянд ва рекламаҳои пурғалат ба мушоҳида мерасанд, ки ин хилофи моддаҳои 13 ва 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Рӯйхати зерин аз кӯчаҳои Камоли Хуҷандӣ, Р. Набиев ва Ленин далели ин санҷиш аст:

  1. Мағозаи озуқавории ШАФРАН.
  2. Мағозаи NATASHA
  3. Метро де Люкс. Мағозаи озуқаворӣ.
  4. Амири
  5. ҶДММ АСТЕРА.
  6. ҶДММ Спутник.
  7. Мағозаи КОЛЕСО
  8. - ХОЛОДНЫ ДОМАШНЫЙ КОМПОТ;
  9. - НАПИТКИ ГАЗ-ВОДА;
  10. - ПОКРАСКА НОМЕРОВ;
  11. - КУЛУБ ХВАКАНТА;
  12. - ТОБИСТОН 2015 ZUHR;
  13. - ИМПЕРИЯ СВАДЕБНОЙ РОСКОШИ;
  14. - ШОИРА ЛЮКС;
  15. - МУЖЧИНАМ ВХОД ЗАПРЕШЕНО;
  16. - нақлиёти хидмати СЛУЖЕБНЫЙ;
  17. - САЛОМ МАН ПОЛВОНЧА.

 

Мутобиқи фармоиши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми августи соли 2015, №69 гурӯҳи корӣ аз 24-ум то 27-уми августи соли 2015 вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», аз 4-уми октябри соли 2011, №458 «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва иҷрои супоришҳои нусха аз Протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30-юми марти соли 2012, №3, аз 29-уми июли соли 2012, №7, аз 28-уми марти соли 2013, №3, аз 28-уми марти соли 2014, №3)-ро дар мақомот, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таълимӣ, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеи вилояти Хатлон мавриди санҷиш қарор дод.

Мутобиқи Фармоиши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-юми августи соли 2015, №70 гурӯҳи корӣ аз 24-ум то 27-уми августи соли 2015 вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», аз 4-уми октябри соли 2011, №458 «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва иҷрои супоришҳои нусха аз Протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30-юми марти соли 2012, №3, аз 29-уми июли соли 2012, №7, аз 28-уми марти соли 2013, №3, аз 28-уми марти соли 2014, №3)-ро дар мақомот, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таълимӣ, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои Фархор ва Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон мавриди санҷиш қарор дод.

Мутобиқи Фармоиши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми октябри соли 2015, №84 гурӯҳи корӣ аз 26-уми октябр то 26-уми ноябри соли 2015 вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», иҷрои супоришҳои нусха аз Протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2014, №3 ва супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми ноябри соли 2013, №30/10-4 донишгоҳу донишкадаҳои дар шаҳри Душанбе ҷойгир бударо мавриди санҷиш қарор дод.

Мутобиқи Фармоиши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми ноябри соли 2015, №89 гурӯҳи корӣ аз 9-ум то 20-уми ноябри соли 2015 вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои банди 30-юми Протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми октябри соли 2009, №11 ширкатҳои мобилии дар шаҳри Душанбе ҷойгир бударо мавриди санҷиш қарор дод. Аз он ҷумла:

  • ҶСП «Вавилон Мобайл»;
  • ҶСП «ТК – Мобайл»;
  • ҶДММ ҶМ«Тоҷикмобайл»;
  • ҶСП «ТТ Мобайл» (Мегафон);
  • ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (Тселл);
  • ҶДММ «Таком» (Билайн).

Мутаассифона, ҶДММ «Таком» барои санҷиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гурӯҳӣ кориро қабул накард.

Санҷиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар соли 2016-ум ба нақша гирифта мешавад.

 

Экспертизаи забоншиносӣ, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот

Дар соли 2015 дар Кумита 53 мавод аз нигоҳи экспертизаи забоншиносӣ, ҳуқуқӣ ва танзими истилоҳот мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла:

  1. Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
  2. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби амалӣ намудани назорати хизматӣ дар низоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
  3. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Комиссияи давлатӣ оид ба рушди кинои миллӣ» №1-4/161.
  4. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани Номгӯи истеҳсолот, кору ихтисосҳо ва вазифаҳои шароити корашон вазнину зарарнок ё хатарнок, ки истифодаи меҳнати занон дар онҳо манъ аст, ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашонидани онҳо иҷозат дода мешавад» №1-4/159.
  5. Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ».
  6. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомнома доир ба грантҳо барои донишҷӯён ва магистрантон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» № 1-4/126.
  7. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Муассисаи давлатии «Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода».
  8. Хулоса ба Вазорати маориф ва илми ҶТ оид ба лоиҳаи қарори ҲҶТ «Дар бораи ҷудо кардани грантҳои хурд ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва кашфиёту ихтироъкорӣ» аз 2.04.2015, №09/2-64.
  9. Хулоса ба Вазорати фарҳанг оид ба лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи мероси фарҳангӣ, санъати дастӣ ва сайёҳӣ аз 18.05.2015, №1-4/101.
  10. Хулоса ба прокуратураи шаҳри Душанбе оид ба хулосаи калимаи «ҳаромхӯр» аз 27.05.2015, №1-4/107.
  11. Хулоса ба прокуратураи ш. Душанбе оид ба хулосаи экспертизаи судии комплексӣ аз 27.05.2015, №1-4/114.
  12. Хулоса ба мактуби сармуҳаррири Нашрия барои мактаббачагон «Субҳи дониш» оид ба хулосаи экспертизаи забоншиносии китоби «Алифбе»-и узбекӣ.
  13. Таҳияи мактуб бо хулосаи таҳлилии рӯзномаи «Тоҷикистон» ба Вазорати фарҳанг аз 16.04.2015.
  14. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби амалӣ намудани назорати хизматӣ дар низоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
  15. Хулоса ба лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон».
  16. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
  17. Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ».
  18. Хулоса ба лоиҳаи «Низомномаи намунавӣ оид ба таҳия, экспертиза ва нашри адабиёти таълимӣ».
  19. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номгузории Муассисаи давлатии таълимии «Мактаб интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон».
  20. Хулоса ба лоиҳаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.09.2010, №932».
  21. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода».
  22. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи намунавии озмоишгоҳҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».
  23. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Нақшаи амали стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020».
  24. Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ».
  25. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Муассисаи давлатии Телевизиони «Варзиш».
  26. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби амалӣ намудани назорати хизмати давлатӣ дар низоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
  27. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби сертификатсияи воситаҳои техникии ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ».
  28. Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ».
  29. Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ».
  30. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2014, №145».
  31. Хулоса ба рӯйхати таомҳои миллӣ ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҲҶТ аз 26.08.2015, №1-4/376.
  32. Хулоса ба Суди иқтисодии ҶТ оид ба парвандаи №2-131/15, аз 15.07.2015, №1-4/314.
  33. Хулоса ба ҶДММ «Кифа» оид ба истилоҳи «Kifa».
  34. Хулоса ба лоиҳаи «Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
  35. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ташкил ва анҷом додани таҳқиқоти илмӣ ва иҷрои корҳои таҷрибавии конструкторӣ дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».
  36. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020».
  37. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Тартиби талаботи ягона веб-сайт ва шабакаи маҳдуди баҳисобгирии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот».
  38. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмӣ-техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».
  39. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомнома доир ба грантҳо барои донишҷӯён ва магистрантон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
  40. Хулоса оид ба тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Низомномаи Комиссияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кӯчбандии аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулодда”.
  41. Хулоса ба лоиҳаи ;Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 16-уми июли соли 2015, №02-744.
  42. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”Дар бораи тасдиқи Тартиби талаботи ягона барои веб-сайт ва шабакаи маҳдуди баҳисобгирии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимиятӣ давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот”.
  43. Хулосаи экспертизаи забоншиносӣ ба муроҷиати намояндаи Фабрикаи қаннодии ҶСП «Ширин» оид ба номи конфетҳо.
  44. хулоса ба китоби «Донишномаи Душанбе».
  45. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дифои рисолаҳои илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».
  46. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2007, №650».
  47. Хулоса оид ба таҳия намудани лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва амалию- техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016».
  48. Хулоса оид ба лоиҳаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ».
  49. Хулоса оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ».
  50. Хулоса оид ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008, №311».
  51. Хулоса оид ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникӣ».
  52. Хулоса оид ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби нигоҳдорӣ ва нобудсозии ҳуҷҷатҳои электронӣ, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони масъул».
  53. Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Баррасии истилоҳоти соҳавӣ

Дар ин давра дар ҳамкорӣ бо ҳайати Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот фарҳангҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:

  1. «Луғати тоҷикӣ ба англисӣ ва англисӣ ба тоҷикӣ + Грамматика» (аз нашриёти «Пойтахт», иборат аз 7164 истилоҳ);
  2. «Фарҳанги русӣ ба тоҷикии истилоҳоти соҳаи ҳуқуқ» (аз Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иборат аз 10 425 истилоҳ);
  3. «Истилоҳоти анатомӣ» (аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, иборат аз 6510 истилоҳ);
  4. «Луғати русӣ–тоҷикии тарроҳӣ (барои факултети дизайнерӣ), (аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, иборат аз 867 истилоҳ);
  5. «Вожаномаи русӣ–тоҷикии соҳаи занбӯриасалпарварӣ» (аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, иборат аз 1238 истилоҳ);
  6. «Луғати истилоҳоти соҳаи энергетика» (аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, иборат аз 6583 истилоҳ);
  7. «Фарҳанги физикии русӣ ба тоҷикӣ» (аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, иборат аз 34030 истилоҳ);
  8. «Луғати русӣ-тоҷикиии нассоҷӣ» (аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, иборат аз 15127 истилоҳ, 2 маротиба);
  9. «Фарҳанги мухтасари истилоҳоти умумитехникӣ» (русӣ-англисӣ-тоҷикӣ) (иборат аз 6600 истилоҳ, аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур);
  10. «Фарҳанги англисӣ-русӣ-тоҷикӣ ва русӣ-англисӣ-тоҷикии истилоҳоти ғанигардонии канданиҳои фоиданок» (иборат аз 5000 истилоҳ, муроҷиати шаҳрванд Самиҳов Шонаврӯз Раҳимович);
  11. хулоса ба номҳои географии лоиҳаи «Атласи миллии Тоҷикистон» (аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, иборат аз 551 истилоҳ);
  12. пешниҳоди хулоса ба забони матни рекламаҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТАГ»;
  13. пешниҳоди хулоса ба истилоҳи «зоир» ва «зоҳир» тибқи муроҷиати шаҳрванд Э. Мастонзод;
  14. пешниҳоди хулоса ба калимаҳои «мошин» ва «автомобил» дар асоси муроҷиати шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  15. пешниҳоди хулоса ба калимаҳои «стансия» ва «байторӣ» дар асоси мактуби Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муроҷиати шаҳрванд Карим Ҷӯраев;
  16. пешниҳоди хулоса ба калимаҳои «гибрид» ва «гибридкунонӣ» дар асоси муроҷиати шаҳрванд Мираков Зафар, ноҳияи Сино, шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад 154-54;
  17. хулоса ба забони матни сомонаи Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» (аз 10-уми июли соли 2015, №1-к/1-6/108);
  18. пешниҳоди хулоса оид ба «Номгузории тартиби нави номгузории кафедра ва курсҳо дар ДТИКСТҶТ» (аз 30-юми сентябри соли 2015, №1-356).

Аз инҳо 2 фарҳанг такроран мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳангоми пешниҳоди лоиҳаи Фарҳангҳо масъулон ба талаботи қабули ҳуҷҷат дар Кумита риоя намекунанд. Яъне дар бештари маврид муаллифон ва мураттибон бидуни хулоса ва ё тақризи мутахассисон ва қарори Шӯрои олимони донишгоҳу донишкадаҳо ба Кумита пешниҳод менамоянд. Ҳамчунин, агар мураттиб ё муаллиф на кам аз 3 то 7-10 сол китоби худро таҳия карда бошад, мутахассиси шуъба ва аъзои Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот барои пешниҳоди хулосаи асоснок аз 1 то се моҳ муҳлат доранд. Мутаасссифона, чунин таҷриба барои дар сатҳи зарурӣ коркард ва роҳандозӣ гардидани истилоҳот мусоидат карда наметавонад. Бинобар ин хуб мебуд, ки вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ донишгоҳу донишкдадҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмиву соҳавӣ бо мақсади танзим ва коркарди истилоҳоти соҳавӣ дар ҳар семоҳа ба таври интихобӣ дар ҳаҷми аз 100 то 500 истилоҳ ба Кумита пешниҳод намоянд.

Қобили зикр аст, ки дар соли 2014 (дар соҳаҳои тиббӣ, техникӣ, занбӯрпарварӣ, техникӣ, электротехника ва электроэнергетика) 39672 истилоҳот ва дар соли 2015 (дар соҳаҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқ, физика, энергетика ва занбӯрпарварӣ) дар ҳаҷми 99 597 истилоҳ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 58,8% зиёд мебошад.

 

Номгузории ташкилотҳои қарзии хурд, ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ва дигар ташкилоту муассисаҳо

Мутобиқи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгузории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, инчунин дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба забони давлатӣ сурат мегирад. Номи ташкилотҳои хориҷӣ ва муштарак ба забонҳои дигар низ баргардонида мешавад. Ин нукта дар суханронии Сарвари давлат ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ (4 октябри соли 2012) қайд гардида, дар Нақшаи чорабиниҳо (бандҳои 5, 7) оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар дар ин мулоқот низ ифода ёфтааст.

Қобили зикр аст, ки тибқи амрномаи Бонки миллии Тоҷикистон аз санаи 5-уми феврали соли 2014, №101-172/390 зимни аз қайд гузаштани бонкҳо, аз ҷумла ташкилотҳои маблағгузории қарзии хурд номи он бояд ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ гардонида шавад.

Дар иртибот ба ин масъала дар ҳамин давра номгузории ташкилоту муассисаҳои зерин аз лиҳози экспертизаи забоншиносӣ, ҳуқуқӣ ва танзими истилоҳот дар робита ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт ва хулосаҳои Кумита дар мавриди номгузории ин муассисаҳо пешниҳод гардид:

  1. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти қарзии хурди

«Фермер» (аз 12-уми январи 2015, №1/2015-01);

  1. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фобос–2020» (аз 15-уми январи соли 2015, №3);
  2. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ВМоо» (аз 25-уми феврали соли 2015, №1-3/87);
  3. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди «Бонки Ҳамдиёрон» (аз 27-уми апрели соли 2015, №1-3/179).
  4. Хадамоти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 11-уми июни соли 2015, №1-3/134 аз Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон);
  5. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Kifa» (22-уми июли соли 2015, муроҷиати шаҳрванд Хасанова Валентина);
  6. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авто Тоҷикистон» (аз 13-уми августи соли 2015, №01/49, Иттиҳоди автодилерони Тоҷикистон);
  7. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ташкилоти амонатии қарзии Хурди «Бунёдкор-Созанда» (18-уми августи соли 2015, №02, Ҳамдиёрон 2015);
  8. Маркази Қасри арӯсон «Шоира Люкс» (дар асоси муроҷиати Комисияи забони шаҳри Хуҷанд);
  9. Пешниҳоди хулоса ба Маркази фурӯши техникӣ “Диёр аз 14-уми декабри соли 2015 (дар асоси муроҷиати шаҳрванд Баротов Д.);
  10. Пешниҳоди хулоса ба ба номгузории ширкати Континентал Конструкшенэнд Сюпплепс ба номи ҶДММ ТАҶХ “Неку”;
  11. Пешниҳоди хулоса ба номгузории ҶДММ “Риел”;
  12. Пешниҳоди хулоса ба номгузории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Крестон Ансар»;
  13. Пешниҳоди хулоса ба номгузории ҶДММ ТАҚХ “Ардо-Капитал”;
  14. Пешниҳоди хулоса оид ба муроҷиати шаҳрванд туманова г. Ҷиҳати номгузории тарабхонаи Ниагара;
  15. Пешниҳоди хулоса ба муроҷиати шаҳрванд Сулаймонов Акрамҷон ҷиҳати номгузории ширкати “Сангхок.

Дар соли 2014 ба 21 адад ва дар соли 2015 ба 16 номи ташкилоту муассиса хулоса пешниҳод гардид, ки нисбат ба соли гузашта ин нишондод кам аст.

 

Номҳои ҷуғрофӣ:

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони Кумита мутобиқи дархости мақомотҳо ба номгузории 82 деҳа, 5 ҷамоати деҳоту шаҳрак, 2 ноҳия, 2 шаҳр, 1 кӯча, 16 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 литсеи касбӣ ва 1 Кохи фарҳанг хулоса пешниҳод гардид. Аз ҷумла:

  • хулоса муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и Ҷамоати деҳоти Туғаланги ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба номи Муқим Наҷмуддинов (аз 15-уми январи соли 2015, №1/66, рад гардид);
  • хулоса муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ба номи М. В. Фрунзеи Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон ба номи Зулфаков Набот (аз 9-уми феврали соли 2015, №1/169);
  • хулоса ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 56-и деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсови ноҳияи Восеъ ба номи Ҳасанов Абдулло (2-юми апрели соли 2014, №77);
  • хулоса ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №79-и деҳаи Чуботи ҷамоати деҳоти Хурмии шаҳри Панҷакентро ба номи Ботирҷон Зулфонов (аз 15-уми апрели соли 2015, №384);
  • хулоса ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и деҳаи Ориёни деҳоти Чубеки ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба номи Ҳабибов Неъмат (аз 20-уми апрели соли 2015, №1/140);
  • хулоса ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон ба номи Ҷаҳонбек Юсуфов (аз 16-уми июни соли 2015, №1/590).
  • хулоса ба номгузории Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №2-и Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба номи Ишмурод Бердиқулов (6-уми июли соли 2015, №1/904);
  • хулоса ба номгузории мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ба номи М. В. Фрунзеи Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон ба номи Зулфаков Набот (аз 9-уми феврали соли 2015, №1/169);
  • хулоса ба номгузорӣ намудани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 44-и деҳаи Пушёни болои Ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ ба номи Давлатшоев Давлатшо (аз 2-юми апрели соли 2015, №1-166);
  • хулоса ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Панҷ ба номи Бегов Ғанӣ (18-уми августи соли 2015, №592);
  • хулоса ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и Ҷамоати деҳоти Тугаланги ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ ба номи Муқим Наҷмуддинов (15-уми январи соли 2015, №1/67 (воридот аз 26-уми августи соли 2015, №299);
  • хулоса ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и ба номи Ҷумаев Ҳайдар ноҳияи Фархор;
  • хулоса ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ба номи Табаров Соҳиб Шуҳратович ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и ҷамоати шаҳраки Муъминобод ба номи Далиев Назар;
  • хулоса ба номгузории маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Варзоб: деҳаҳои Муғулои поён ба Меҳробод, Чағатай ба Шодоб, Гураҳа ба Чашмасор, Обизак – Шолиқунғурот ба Мавлавӣ, Чормағзакони тоҷик ба Чормағзакони боло, Чормағзакони узбек ба Чормағзакони поён, Дуоба ба Раҳмон Абдуллоев, Тойқара ба Гулбоғ (аз Ҷамоати деҳоти Чорбоғ); Тошбулоқ ба Наврӯзӣ, Қулмаҳмадӣ ба Яккачашма, Оғуртӣ ба Баҳор (аз Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ), Дурманбулоқ ба Абдузариф Шарифов ва Куктеппа ба Спитамен (аз Ҷамоати деҳоти Лучоб), (аз 16-уми феврали соли 2015, №22, 2 маротиба);
  • хулоса ба номгузории худуди деҳаҳои Чубеки ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ: Чойлобкамар ба Кӯҳдоман, Янгиюл ба Баракат; Чубек ба Файзи Истиқлол, Қарағоч ба Тоҷмаҳал, Бузхона ба Баҳористон, Ғараб ба Чаманоро, Маслуқ ба Дурахшон, Тутбулоқ ба Зулол, Нуғай ба Зарнисор, Туғул ба Челонзор, Марғоб ба Челонзор, мактаби мусиқии бачагонаи ноҳия ба номи Маҷидов Бухорӣ (аз 9-уми июни соли 2015, №1/216, рад карда шуд);
  • хулоса ба номгузории номи Ҷамоати шаҳраки Нови ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба Новканд (аз 29-уми майи соли 2015, №461, радшуда);
  • хулоса ба тағйири номгузории ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон ба Ҳалевард (аз 29-уми майи соли 2015, №1-295);
  • хулоса ба номгузории деҳоти Комсомолобод ба Файзрез ва маҳаллаи навбунёди Файзи Ваҳдати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод (аз 22-уми июни соли 2015, №233/01);
  • хулоса ба тағйири номгузории деҳаҳои Фурманов ба Боғистон ва Правда ба Сомониёни Ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ (аз 9-уми июли соли 2015, №236, Сомониён радшуда аст);
  • хулоса ба тағйири номгузории деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба Саид Одинаев (аз 15-уми июни соли 2015, №1/299, радшуда);
  • хулоса ба тағйири номгузории шаҳри Чкалови вилояти Суғд ба Шоҳканд (аз 15-уми июни соли 2015, №780/1-7);
  • хулоса ба тағйири номгузории шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ба Ориёкант (аз 22-уми июни соли 2015, №776);
  • хулоса ба тағйири номи деҳаи Қулобод ба Меҳробод, кӯчаи ба номи Ленин ба Меҳвари ҷамоати шаҳраки Ёвон ва деҳаи Тошохур ба Боғистон, Утаган ба Себзори ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнов (21-уми августи соли 2015, №1/819);
  • хулоса ба номгузории деҳаҳои Маданият 2 ба Манзара, Ситораи сурх ба Сафина, Ҳаёти нав 2 ба Сомонӣ, Ганҷбор ба Шаҳдбор (ҷамоати деҳоти Р. Исмоилов), Ваҳдатобод3 ба Шараф, Бузбит ба Чаманистон (ҷамоати деҳоти К. Исмоилов), Эловар ба Панҷдеҳ, гулрез 4 ба Хуррамдеҳ, Чиламазор 3 ба Файзбор, Заргар 2 Хайробод (ҷамоати деҳоти А. Абдулвосиев), Гирдоб ба сеоба, Баракат ба Саховат, Ҷавонон ба Саодат, Гулобод ба Нурофар (ҷамоати деҳоти Б. Бурунов), Тиллои сафед 1 ба Дурахшон, Даҳана 1 ба шифокорон, Ҳуснобод 2 ба Чашмасор, Шӯҳратёр ба Ифтихор, Ҷангалобод 2 ба Ганҷрез, Ҷангалобод 3 ба Бӯстон, Ҷангалобод 4 ба деҳаи Озодагон, Деҳқонобод 2 ба Қалъаи Гулистон, Кишоварз 2 ба Сароб, Ферма ба Заркамар (ҷамоати деҳоти Гулистон), Камонгарони боло ба Меҳрафшон, Пистамазори поён ба Ободон (ҷамоати деҳоти Баҳор), Хордараи ба Шоҳон (ҷамоати деҳоти Чӯянгарон), Саричинори узбек ба Чанористон (Ҷамоати деҳоти Симиганҷ);
  • хулоса ба тағйири номгузории деҳаҳои Қулобод ба Қулоободи Ҷамоати деҳоти Чоргул, Тошохӯр ба Боғдара ва Ӯтаган ба Гулибодоми Ҷамоати деҳоти Ҳ. Ҳусейнови ноҳияи Ёвон;
  • хулоса ба тағйири номгузории деҳаи Ғаллазор ба номи Гадоев Давлат аз ҷамоати деҳоти М. Вайсови ноҳияи Восеъ;
  • хулоса ба тағйири номгузории деҳаи Қарақчикуми ҷамоати деҳоти А. Лоҳутӣ ба Кӯҳандизи шаҳри Конибодом;
  • хулоса ба тағйири номгузории деҳаи Арали ҷамоати деҳоти А. Лоҳутӣ ба ба номи Ғиёсов Қадриддин ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ;
  • хулоса ба тағйири номгузории деҳоти Меҳнатобод ба номи Одинаев Саид ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ;
  • хулоса ба тағйири номгузории деҳаи Охҷари ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалиев ба номи Каримов Давлат ноҳияи Восеъ;
  • хулоса ба тағйири номгузории деҳоти Деҳқонариқ ба номи Қаюмов Ҷурахон ноҳияи Фархор.
  • Хулоса ба номгузории ноҳияи Панҷ ба номи Бегов Ғанӣ (18-уми августи соли 2015, №592);
  • хулоса ба номгузориҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и деҳаи Шаҳрибарбари Ҷамоати деҳоти Доғистон ба номи Ҷумъахон Ҳотамов, Муассисаи таҳсилоти ибтидоии №55-и деҳаи Шуҷи ҷамоати деҳоти Даштиҷум ба номи Қурбон Мадуллоев, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и деҳаи Ёли ҷамоати деҳоти Нуриддин Маҳмудов ба номи Сӯфӣ Ёрмадов ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Лангардара ба номи Раҳим Орифов аз ноҳияи Шӯрообод (аз 6-уми октябри соли 2015, 1/422-02);
  • Хулоса ба номгузории шаҳраки Пролетари вилояти Суғд ба номи Деваштич;
  • хулоса ба номгузориҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и Ҷамоати деҳоти Чоргул ба номи Нарзулло Бобоёров ва номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 ба номи Сайфиддин Наҷмиддинов аз ноҳияи Ёвон;
  • хулоса ба тағйир додани номи деҳаи Қирғочак ба Анористон (аз ҷамоати деҳоти Обшорон), Тутбулоқи ноҳияи Ёвон (дастгиришуда) аз 26-уми октябри соли 2015, №1/1030;
  • хулоса оид ба тағйир додани номи деҳаҳои Қамишқурғон ба Хуҷистон, Қароқазон ба Исфаҳон (Чоҳи Исфаҳон) (дастгиришуда) ва Қурғонча ба Заркор (радшуда)-и ноҳияи Ашти вилояти Суғд (аз 9-уми ноябри соли 2015, №4275);
  • хулоса оид ба тағйир додани номи ҷамоати шаҳраки Обикиик ба Ганҷинаи ноҳияи Хуросон. Кумита дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ, баъди омӯзишу баррасии номгузории мазкур номи шаҳраки мазкурро дар шакли Обикек тавсия додааст;
  • хулоса оид ба ивази номи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 ба номи Олег Кошевойи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон ба номи Нарзулло Валиев;
  • хулоса оид ба номгузорӣ намудани Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Восеъ ба номи Рустам Амакиев;
  • Хулоса ба Вазорати маориф ва илми ҶТ оид ба номи яке аз баҳрҳои уқёнуси Ором, - баҳрҳои «Баҳри Шарқӣ» (Баҳри Ҷопон)»;
  • Хулоса ба номгузории муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Кӯлоб аз номи В.П.Чкалов ба номи Сафармуҳаммад Аюбӣ;
  • Хулоса ба номгузории деҳаҳои Олтоул ба Гулрез ва Мирапоқ ба Сафар Амиршо (дастгиришуда) ва ивази номи деҳаҳои Дамариқ ба Баҳористон ва Бешкаппа ба Яккачинор (радшуда). Кумита номи деҳаи Дамариқро дар шакли «Дамарғоб» ва ё «Дамарғо» ва дар иртибот ба номи ҷуғрофии деҳаи Бешкаппа номи «Панҷкаппа»-ро тавсия намудааст;
  • хулоса ба тағйир додани номи деҳаи Арал ба Яп аз ноҳияи Восеъ;
  • хулоса ба номгузории маҳаллаи 14-уми шаҳри Кӯлоб ба номи Зардаков Қурбон Кумита (Қурбон Зардак);
  • хулоса ба номгузории ҷамоати деҳоти Сайёди Шаҳритус ба номи Садриддинов Талбак;
  • хулоса ба қарорҳои тағйир додани номи деҳаҳои Чойлобкамар ба Кӯҳдоман ва Тутбулоқ ба Зулоли ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (радшуда). Кумита номи деҳаи Чойлобкамарро ба «Кӯҳкамар» ва Тутбулоқро ба «Зулолчашма» тавсия намудааст;
  • хулоса ба номгузории Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ба номи Олим Бобоев Кумита (Олим Искандар);
  • хулоса ба номгузории деҳаи навбунёди Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон ба номи Раҳмонобод;
  • хулоса ба номгузории деҳаҳои Кӯктош ба Кабудсанг, Камартош ба Камаргоҳ (радшуда), Тигирмонтеппа ба Осмондара (радшуда), Кичик Шурнова ба Шӯрноваи Хурд ва Чангал ба Ҷангалаки шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд;
  • хулоса ба номгузории Муассисаи давлатии литсейи №1-и ноҳияи Фархор ба номи Акбархон Муслимов Кумита (Акбархон Муслим);
  • хулоса ба номгузории деҳаҳои Ғалчамулло ба Боғистон, Хамирҷӯй ба Шодоб, Шӯрқӯрғон ба Иттифоқ, Қӯрғонча ба Меҳргон, Шаҳидқараянтоқ ба Диловарон, Яккатерак ба Чаманзор, Қизилнур ба Дурахшон, Янги Равот ба Райбати шаҳри Конибодоми вилояти Суғд (дар баррасӣ);
  • хулоса ба тағйири номи деҳаҳои Учбоғ ба Боғистон, Осариқ ба Сойча, Тошлоқ ба Меҳробод, Чақар ба Маданият аз ҷамоати деҳоти Ёва; деҳаҳои Уяс ба Оҳучашма, Қароҷингил ба Заробод, Терак ба Сафедор, Аҷдарли ба Сангдара аз ҷамоати деҳоти Исмоил; деҳаҳои Каттаолчали ба Олучазор, Кичиколчали ба Арчазор аз ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд (дар баррасӣ).

Аз ин теъдод 44 номи маҳаллии аҳолинишин рад карда шуд. Кумита бо дарназардошти масъалаи такрори номҳо ва номгузорӣ бо номи ашхос, ҳамчунин сарфи назар гардидани ҳангоми интихоби номи маҳалҳои аҳолинишин ба хусусиятҳои таърихӣ ва ҷуғрофии ин ё он мавзеъ, зисту зиндагонии мардум тағйири номи деҳаҳои Тошбулоқро ба Наврӯзӣ, Оғуртиро ба Баҳор аз Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ, Муғуллои поёнро ба Меҳробод, Гурраҳаро ба Чашмасор, Дашти Хорзорро ба Гулистон ва Девдараро ба Ориёно аз Ҷамоати деҳоти Айнӣ, Кӯктеппаро ба Спитамен аз Ҷамоати деҳоти Зидеҳ, Обизак-Шолиқунғуротро ба Мавлавӣ, Дуобаро ба Раҳмон Абдуллоев аз Ҷамоати деҳоти Чорбоғ ва Дурманбулоқро ба Абдузариф Шарифов аз Ҷамоати деҳоти Лучоб, Чойлобкамар ба Кӯҳдоман, Янгиюл ба Баракат; Чубек ба Файзи Истиқлол, Қарағоч ба Тоҷмаҳал, Бузхона ба Баҳористон, Ғараб ба Чаманоро, Маслуқ ба Дурахшон, Тутбулоқ ба Зулол, Нуғай ба Зарнисор, Туғул ба Челонзор, Марғоб ба Челонзори ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Қулобод ба Қулоободи Ҷамоати деҳоти Чоргул, Тошохӯр ба Боғдараи ҷамоати деҳоти Ҳ. Ҳусейнови ноҳияи Ёвон, Ғаллазор ба Гадоев Давлати ноҳияи Восеъ, Ҳаёти нав 2 ба Сомонӣ (аз ҷамоати деҳоти Р. Исмоилов), Ҷангалобод 2 ба Ганҷрез, Ҷангалобод 3 ба Бӯстон, Ҷангалобод 4 ба Озодагон, Ферма ба Заркамар (ҷамоати деҳоти Гулистон)-и шаҳри Ваҳдатро рад намуд.

Қобили зикр аст, ки кормандони Кумита дар асоси нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2015, №5 бо мақсади баланд бардоштани маърифати номгузории шаҳрвандон ва эҳтироми суннату арзишҳои неки фарҳанги миллӣ, ҳангоми пешниҳоди номзадҳо ба мансабҳо ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъмини риояи тартиби номгузорӣ, аз ҷумла барои тағйир додани номи ноҳияҳои Панҷ, Ҷиликӯл, Қумсангир, шаҳрҳои Қайроққум, Чкалов, шаҳракҳои Нов ва Пролетар ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен, Ҷиликӯл, Қумсангир, Панҷ ва шаҳрҳои Қайроққум, Чкалов, Нов ва Пролетар, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик мактуб ирсол намуда, пас аз пешниҳоди хулосаҳои дахлдор аз натиҷаи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи дахлдор пешниҳод хоҳад намуд.

 

Таҳияи санад ва гузоришҳо

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумита қарорҳои Ҳайати мушовара, фармоиш, нақшаи чорабиниҳо, гузоришҳо таҳия гардида, ба тасвиб расидаанд. Аз ҷумла:

  1. Қарори Ҳайати мушовара «Дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 ва вазифаҳо барои нимсолаи аввали соли 2015»;
  2. Қарори Ҳайати мушовара «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи аввали соли 2015»;

3.Ҳисоботи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 ва вазифаҳо барои соли 2015 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  1. Гузориши Кумита дар асоси супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми январи соли 2014, №272/10 ҷиҳати таъмини иҷрои банди 27-и маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 2014 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои дахлдор;
  2. Нақшаи чорабиниҳои Кумита бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии забони модарӣ (21 феврал);
  3. Таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳод намудани он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  4. Ҳамзамон, Кумита дар соли равон таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2026»-ро дар нақша дорад.
  5. Таҳияи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили Рӯзи забони давлатӣ.

Чорабиниҳо

Дар давраи ҳисоботӣ 19-уми феврали соли 2015 бахшида ба ҷашни Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, ки ҳамасола 21-уми феврал таҷлил мегардад, Кумита дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» мизи мудавварро бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумита, роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллӣ ва намояндагон аз Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмии кишвар, ташкилоту ҷамъиятҳои ақаллиятҳои миллии сокини Тоҷикистон, аз ҷумла, намояндагони ҷамъияти қазоқон дар Тоҷикистон - «Байтерек», ҷамъияти туркманҳо дар шаҳри Душанбе, Ассотсиатсияи кореягиҳои советии Тоҷикистон, Маркази миллӣ-фарҳангии «Дуслик»-и тотору бошқирдҳои Тоҷикистон, Ташкилоти осетинҳои Тоҷикистон «Алания» ва «Иристон», Иттиҳоди доғистониёни Тоҷикистон «Анжи», ташкилоти ҷамъиятии тоторҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Умет», Обшинаи немисҳои шаҳри Қӯрғонтеппа ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Китобхонаи миллӣ баргузор намуд.

Дар мизи мудаввар раиси Кумита Гавҳар Шарофзода аз таърихи таҷлили ин ҷашни байналмилалӣ ва фаъолияти ташкилоту ҷамъиятҳои ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Зимни суханронии раиси Кумита қайд гардид, ки имрӯз дар Тоҷикистон 16 ташкилоту иттиҳодия ва ҷамъиятҳои ақаллиятҳои миллӣ ба қайд гирифта шуда, фаъолияти пурсамар мекунанд.

Сипас, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Мансур Суруш иштирокдоронро ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ табрик намуда, қайд кард, ки ҳарчанд соли 1989 забони мо мақоми давлатӣ гирифта бошад ҳам, раванди инкишофу рушди он дар даврони Истиқлолияти кишвар нумӯъ кард, ки пешвои ин сиёсат Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Инчунин, мавсуф таъкид намуд ки: «Ба муҳаққиқони забоншиноси мо зарур аст, риштаҳои ноомӯхтаи таърихи забони тоҷикиро пурратар омӯхта, онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд».

Ҳамчунин, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби масъули Комиссияи миллии ЮНЕСКО Бахтӣ Сарвар сухан карда, аз сарфарозии соҳибзабонон ҷиҳати афзуда шудани забони тоҷикӣ ба феҳрасти тарҷумаи пойгоҳи «Гугл» дар шабакаи интернетӣ ёдовар шуд.

Дар мизи мудаввар, инчунин, муҳаққиқи забонҳои бадахшонӣ -Мирбобоев А. дотсенти кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ ва муҳаққиқи забони яғнобӣ – Мирзоев С. мудири шуъбаи забоншиносии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ маърӯза карданд. Ин муҳаққиқон аз мушкилоти густариш ва ҳимояи ин забонҳо сухан карда, зери таҳдиди хатари нестшавӣ қарор гирифтани забонҳои мазкурро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар мавриди ҳимоя ва рушди забонҳои яғнобӣ ва помирӣ (бадахшонӣ) пешниҳод гардид, ки барои намояндагони ин минтақаҳо шароитҳои бештар фароҳам оварда шавад. Аз ҷумла, зиёд намудани соатҳои дарсӣ, нашри китобҳо бо забони мардумони ин минтақа, пажӯҳиш ва таҳқиқи вазъи таърихиву фарҳангии ин забонҳо, бо забонҳои мазкур баргузор намудани силсилаи барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ ҳафтае як маротиба ва ғайра.

Ҳамзамон, намояндагони дигар ташкилоту ҷамъиятҳои ақаллиятҳои миллии муқими кишвар андешаҳои худро аз фаъолияти некандешонаи худ дар роҳи ҳифзу посдории фарҳангу забон, анъанаҳои миллии ҳар халқу миллат ва дастовардҳои эшон дар ин самт иброз доштанд.

Мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ дар арафаи Рӯзи байналмилалии забони модарӣ бо ҷалби пажӯҳишгарон ва намояндагони халқу миллатҳои гуногуни кишвар аз он иборат буд, ки ҳар як қавму миллат бояд ба забони модарӣ ва фарҳангу анъанаҳои миллии хеш арҷгузор бошад ва баҳри ҳимояи он талош варзида, онро аз хатари нестшавӣ эмин нигоҳ дорад, зеро забон худ ҳастӣ ва пойдории ҳар як миллат аст.

Дар анҷом, шумораи ҷашнии рӯзномаи «Ганҷи забон»-и Кумита, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ аз ҷониби Кумита махсус нашр шуда буд, ба ҳамаи иштирокдорон тақдим гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ 16-уми феврали соли ҷорӣ бо иштироки аъзои бахшҳои техникӣ ва забоншиносию кишоварзии Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот ва мураттибони «Донишномаи русӣ–тоҷикии тарроҳӣ»-и фарҳангномаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар асоси даъвати Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Кумита дар мизи мудаввар таҳти мавзӯи «Омӯзиши забони яғнобӣ ва мушкилоти он», ки рӯзи 18-уми феврали соли ҷорӣ бахшида ба ҷашни «Рӯзи забони модарӣ» баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар семинар масъалаи ҳифзи забони яғнобӣ ва фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои мардуми яғнобизабон баррасӣ шуд. Ҳамзамон, пешниҳод гардид, ки бо мақсади ҳимоя ва рушди ин забон барои аҳолии минтақаҳои яғнобинишин соатҳои омӯзиши забони яғнобӣ зиёдтар карда шуда, гирдоварӣ ва пажӯҳиши ин забон аз лиҳози таърих, забоншиносӣ, мардумшиносӣ, фолклоршиносӣ ва бостоншиносӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои зарурӣ ва саривақтӣ роҳандозӣ карда шаванд.

Қобили зикр аст, ки 10-уми марти соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино семинари илмиву назариявӣ дар мавзӯи «Танзим ва ҳамгунсозии истилоҳоти тиббӣ дар забони тоҷикӣ» баргузор гардид. Дар семинар олимону устодон дар мавзӯъҳои «Мушкилоти истилоҳсозӣ дар бахши ҷарроҳӣ», «Истилоҳоти соҳаи акушерӣ ва гинекологӣ чӣ гуна бояд сохта шавад?», «Роҳҳои танзими истилоҳоти бахши бемориҳои дарунӣ», «Вазъи истилоҳоти бахши бемориҳои кӯдакона беҳбудӣ мехоҳад», «Истилоҳоти бахши бемориҳои сироятӣ чӣ гуна интихоб карда шаванд?», «Танзими истилоҳоти соҳаи психиатрия, асабшиносӣ ва ҷарроҳии асаб чӣ тавр бояд сурат бигирад?», «Роҳҳои сохтан ва интихоб кардани истилоҳот дар соҳаи беҳдошту эпидемиология», «Истилоҳоти тиббӣ-назариявӣ (анатомия, гистология, биология, физиология) ба танзим ва ҳамгунсозӣ зарурат доранд», «Вазъи имрӯзаи истилоҳоти фармакология, фармасевтӣ ва химия якрангиро мехоҳад», «Истилоҳоти стоматологӣ бояд танзим карда шаванд» маърӯза намуданд. Дар ҳамоиш зикр гардид, ки новобаста аз он ки то ба имрӯз қисми зиёде аз истилоҳоти соҳавӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд, ҳанӯз ҳам дар ин самт мушкилоти зиёде вуҷуд доранд. Дар бештари маврид ҳангоми тарҷумаи матни китобҳои дарсӣ ва истилоҳоти соҳавӣ мутахассисон ноогоҳона ва бидуни дарки мафҳум ба тарҷумаи таҳтуллафзӣ роҳ медиҳанд. Дар интиҳо пешниҳод гардид, ки чунин нишаст дар ду моҳ як маротиба дар бахшҳои тахассусӣ роҳандозӣ карда шавад.

Баргузории чунин силсилаи семинарҳо дар ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ дар назар аст.

Бо дархости Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми феврали соли ҷорӣ барои кормандони дастгоҳи марказӣ ва ҳайати шахсии Агентӣ бо иштироки узви бахши Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот, гурӯҳи кории Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ, масъалаи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Кумита аз 26-уми июни соли 2014, №3/3 озмуни «Беҳтарин тарғибгари забон»-ро, ки қаблан бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз эълон карда буд, рӯзи 16-уми марти соли равон дар толори «Конуни забон»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо намоиши китобҳо ва маҷлиси тантанавӣ ҷамъбаст намуд.

Дар озмун раиси Кумита, аъзои Ҳайати мушовара, сардорони шуъбаю мудирони бахшҳои Кумита, роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллӣ ва намояндагон аз вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмии кишвар, роҳбарони маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забон», мақомоти шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, ташкилоту муассисаҳо, Мактаби байналмилалии Президентӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Маросими ҷамъбасти озмунро раиси Кумита Гавҳар Шарофзода ифтитоҳ намуда, аз бузургиву таърихи дурударози забони тоҷикӣ ва ҳамчун забони давлатдорӣ садсолаҳо арзи ҳастӣ карда омадани он дар Шарқи мутамаддин маълумоти муфассал пешниҳод намуда, иброз дошт, ки имрӯз ин забон дар кишвари мо мақоми давлатӣ дораду Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду густариши он чораҳои зарурӣ меандешад.

Қайд гардид, ки озмун ба хотири арҷгузорӣ, пос доштан ва тарғиби забони давлатӣ дар ҷомеа созмон дода шуда, ҳадафи он аз миёни наврасону ҷавонон дарёфтани ровиёну наттоқони беҳтарин ва дар ин самт саҳмгузор будани ҳар фарди ҷомеа мебошад.

Баъдан, олимону санъаткорон ва рӯзноманигорони радиои Тоҷикистон ба сухан баромада, мардумро бори дигар баҳри арҷгузорӣ ба ин забон ва фарҳанги ғанӣ даъват намуданд.

Дар доираи чорабинӣ устодону хонандагони Мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе бо барномаи даъват аз арҷгузорӣ ба забони давлатӣ баромад карда, табъи ҳозиринро шод намуданд.

Сипас, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода М.З., дар суханронии худ аз мушкилоти истилоҳоти ҳуқуқии забони тоҷикӣ ёдовар шуда, мутахассисону муҳаққиқони забоншинос ва соҳавиро ба истилоҳсозии дуруст даъват намуд. Ҳамчунин, Маҳмад Забир қайд намуд, ки дар як соли охир қариб 240 санади меъёрии ҳуқуқӣ ба забони тоҷикӣ коркард шудааст.

Дар озмун, инчунин, узви Ҳайати мушовара С. Назарзода суханронӣ карда, аз ҷумла зикр намуд, ки дар Китобхонаи миллӣ сарчашмаҳое мавҷуданд, ки ба қарнҳои дуюми мелодӣ мансуб буда, аз ҳастии калимаи «тоҷик» дарак медиҳанд.

Дар анҷом, Комиссияи озмун чорабиниро ҷамъбаст намуд. Барои саҳми арзанда дар роҳи тарғиби забони давлатӣ туҳфаҳои хотиравии Кумита ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Инчунин, барои саҳмгузорӣ дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» беҳтарин тарғибгарони забон - довталабони озмун бо Сипосномаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шуданд.

Ҳамчунин, мутобиқи дархости Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми марти соли 2015, №28/7-204, 20-уми март бо тавсия ва дархости Кумита узви гурӯҳи кории «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» Кабиров Шаҳбоз дар машғулиятҳо таҳти мавзӯи «Омӯзиши қоидаҳои имлои нави забони тоҷикӣ» барои тайёрии хизматӣ ва омодабошии кормандони Вазорат иштирок намуда, масъалаи мазкурро шарҳу тавзеҳ дод.

Дар давраи ҳисоботӣ Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақшаи чорабиниҳои семинари илмию амалӣ “Оид ба масоили татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 30-юми июни соли равон дар толори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор намуд.

Дар семинари мазкур раиси Кумита, муовини раиси Кумита, сардорони шуъбаю мудирони бахшҳои Кумита, роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллӣ ва намояндагони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ташкилоту муассисаҳо ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Маросими ифтитоҳии семинарро раиси Кумита Гавҳар Шарофзода ифтитоҳ намуда, сипас муовини раис Матробиён Саодатшоҳ аз таърих ва пайдоиши забони тоҷикӣ, ки забони давлатӣ буда, аз густариши он дар қаламрави кишварҳои Шарқи мутамаддин маълумоти муфассал пешниҳод намуда, иброз дошт, ки мутаассифона имрӯз ворисони ин забон дар навиштаҷоти лавҳаю овезаҳо ва номгузории марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ғалат навишта, Қоидаҳои имлоро риоя намекунанд ва дар истифодаи он аз истилоҳоти бегона ва гӯшхарош истифода менамоянд.

Қайд гардид, ки семинар оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, арҷгузорӣ, поку беолоиш нигоҳ доштани он аз истилоҳоти бегона мебошад.

Дар семинар, инчунин, узви Ҳайати мушовара С. Назарзода суханронӣ намуд.

Мутобиқи банди 3-и қисми 3-и Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мувофиқи банди 60-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми феврали соли 2015, №106 «Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» 27-уми июли соли 2015 Конференсияи байналмилалиро таҳти унвони «Масоили вожагузинӣ ва истилоҳоти забони форсӣ-тоҷикӣ» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки муҳаққиқону донишмандони кишвар ва намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳамчунин, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор намуд.

Бояд тазаккур дод, ки бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли аввал аст, ки дар ҷумҳурӣ роҷеъ ба масоили вожагузинӣ ва истилоҳоти забони форсӣ-тоҷикӣ дар соҳаҳои тахассусӣ конференсияи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар конференсия зиёда аз 150 нафар олимон, муҳаққиқон, таълимгарон ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Гавҳар Шарофзода оғоз намуд. Сипас, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ғуломалӣ Ҳаддод Одил, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон доктор Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ ва намояндаи сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Дар конференсия 13 маърӯзаи илмӣ аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забоншиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз он ҷумла, «Танзим ва ташхиси истилоҳот дар мисоли як намуна аз вожаи форсӣ-тоҷикӣ» (узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Додихудо Саймиддинов), «Вижагиҳои грамматикии пасванди -don (-dun) дар забони яғнобӣ» (номзади илми филология, дотсент Сайфиддин Мирзоев), «Баъзе масъалаҳои танзими истилоҳоти муосири тиббӣ дар забони тоҷикӣ» (номзади илми филология, дотсент Абдулло Юсупов), «Забони форсӣ – забони илм» (доктор Насрин Парвизӣ – Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон), «Инъикоси истилоҳсозӣ дар имлои забони тоҷикӣ» (доктори илми филология, профессор Сайфиддин Назарзода), «Ҷанбаҳои миллӣ ва ғайримиллӣ дар истилоҳгузинии забони тоҷикӣ» (доктори илми филология Сахидод Хоркашев), «Навоварии вожагон дар форсии муосир» (доктор Алоиддин Таботабоӣ), «Забон ва истилоҳнигории тоҷикӣ дар даврони Истиқлол» (доктори илми филология Мирзоҳасан Султонов), «Вожасозии навин дар забони форсӣ» (доктор Алиашраф Содиқӣ), «Зуҳуроти нави наввожаҳои электронӣ» (доктори илми филология Туғрал Шокиров), «Баъзе мулоҳизаҳо дар атрофи истилоҳоти маъмурӣ-коргузорӣ» (номзади илми филология, дотсент Мастура Абдураҳмонова ва аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ифтихор Давлатов), «Аз сарнавишти як вожа дар забони форсӣ-тоҷикӣ» (доктори илми филология Рустам Шодиев), «Ҳамгунсозии дастур ва истилоҳоти забоншиносӣ» (доктори илми филология Фарангис Шарифова), «Вижагиҳои вожасозии номгузорӣ ба ашхос дар забони вахонӣ» (номзади илми филология, дотсент Саодатшо Матробиён).

Дар интиҳои кори Конференсия пас аз баррасии фикру мулоҳизаҳо ва музокираҳо аз ҷониби ҳайати иштирокдорон тавсияномаи Конференсия бо дарназардошти дурнамои таҳқиқи истилоҳоти соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ дар ҳавзаҳои форсизабонони ҷаҳон, омӯзиши таҷрибаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахшҳои истилоҳнигорӣ, фарҳангнигорӣ, решашиносӣ, забоншиносии компютерӣ, таҳқиқи муқоисавии масоили вожагузинӣ ва истилоҳот, ҳамгунсозии истилоҳоти ҳавзаҳои форсизабон, омӯзиши муқоисавии таърихии забонҳои мардумони эронизабон, баргузории силсилаи конференсия ва семинарҳо ба таври зайл қабул гардид:

1) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ҷиҳати омода намудани мутахассисон барои омӯзиши таҷрибаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти вожагузинӣ тадбирҳои мушаххас андешад:

а) таъсиси давраҳои омӯзишии «Вожагузинӣ ва истилоҳшиносӣ», «Барномарезии махзани истилоҳот», «Вожагузинӣ ва фановарии иттилоотӣ», «Забоншиносӣ ва фановарии иттилоотӣ»;

б) омода намудани мутахассисони соҳавӣ дар самти истилоҳнигорӣ, фарҳангнигорӣ (бахусус фарҳангнигории электронӣ), решашиносӣ, забоншиносии компютерӣ мутобиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ.

  1. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо масъалаҳои зеринро роҳандозӣ намояд:

а) таҳқиқи муқоисавии масоили вожагузинӣ ва истилоҳот;

б) гирдоварӣ ва таҳқиқи вожагузинии осори классикӣ;

в) танзим ва гурӯҳбандии истилоҳоти соҳавӣ;

г) ҳамгунсозии баъзе истилоҳоти кишварҳои ҳамзабон, ки доираи истифодабариашон фарох мебошад.

3) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо дар ҳамкорӣ бо Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати ҳамгунсозии баъзе истилоҳоти соҳавӣ дар кишварҳои ҳамзабон тадбирҳои зарурӣ андешад.

4) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дастури меъёрҳои таърихии вожасозӣ ва истилоҳнигорӣ»-ро таҳия намояд.

5) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти омӯзиши муқоисавии таърихии забонҳои эронӣ ва гӯишҳои мардумии ҳавзаҳои форсизабон, масъалаи омӯзиш ва таҳияи алифбо ба забонҳои зери хатар қарордошта (гурӯҳи забонҳои помирӣ ва забони яғнобӣ) чораандешӣ намоянд.

6) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати арҷгузорӣ ба забони давлатӣ кори комиссияҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро пурзӯр намуда, барои ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари комиссияи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

7) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати баргузории силсилаи конференсия ва семинарҳо дар самти вожагузинӣ ва истилоҳот барои ҳар сол тадбирҳои мушаххас андешад.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки мутобиқи нақшаи Барномаи ташрифи ҳайати Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи рӯзи 27-уми июл мулоқоти раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон сурат гирифт. Дар мулоқот ҳамзамон муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Саодатшо Матробиён, сардори шуъбаи танзими истилоҳот Нуқра Аҳмадова, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷатуллоҳ Халилӣ, намояндаи Бунёди Саъдии Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, Алӣ Ашраф Содиқӣ узви пайваста ва мудири гурӯҳи фарҳангнигорӣ, Насрин Парвизӣ муовини мудири гуруҳи вожагузинии Фарҳангистон Алоиддин Таботабоӣ узви Фарҳангистон ва коршиноси аршади гурӯҳи вожагузинии Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат намуданд.

Гавҳар Шарофзода робитаи ҳар ду муассисаро хуб арзёбӣ намуда, зикр карданд, ки умед дорем оянда фаъолияти дуҷонибаро бештар дар самти омода намудани мутахассисон дар бахшҳои вожагузинӣ, фарҳангнигорӣ ва таърихи забонҳои бостон бештар вусъат бахшем.

Ғуломалӣ Ҳаддод Одил иброз намуд, ки таҷрибаи Фарҳангистон дар ин самт хеле хуб буда, он дар заминаи омӯзиши таҷрибаи илмиву амалии кишварҳои бузурги Аврупо, аз ҷумла Франсияву Австрия ҳамчунин заҳмати 25-солаи мутахассисон роҳандозӣ гардидааст. Ҳамчунин, мо дар зарфи ин чанд сол як давраи омӯзиши дусоларо бо мақсади омода намудани истилоҳшиносони касбӣ дар ҳайати 10 нафар ба нақша гирифтем, ки моҳи сентябри соли равон ин иқдом амалӣ мегардад. Мо умедворем, ки робитаҳои дуҷонибаро дар самти вожашиносӣ ва истилоҳнигорӣ тақвият бахшида, ҷиҳати ҳамгунсозии истилоҳоти кишварҳои ҳамзабон саҳмгузор бошем.

Дар интиҳои суҳбат аз ҷониби ҳар ду ҳайат пешниҳод гардид, ки зимни табодули таҷрибаи фарҳангнигориву истилоҳшиносӣ дар баробари забонҳои англисӣ, форсӣ забонҳои русӣ ва тоҷикӣ низ роҳандозӣ карда шавад. Ҳамчунин, бо мақсади табодули афкори забоншиносону истилоҳшиносон ва фарҳангнигорони ҳар ду кишвар аз тариқи рӯзномаи «Ганҷи забон» матлаби бештаре роҳандозӣ карда шавад.

Пас аз мулоқот ҳайати Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Конференсияи «Масоили вожагузинӣ ва истилоҳоти забони форсӣ-тоҷикӣ» иштирок намуда, суханронӣ ва маърӯза карданд.

Ҳамчунин, мутобиқи нақшаи Барномаи ташрифи ҳайати Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон 28-уми июл мулоқоти раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил бо президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот ҳамзамон раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Саодатшо Матробиён, сардори шуъбаи танзими истилоҳот Нуқра Аҳмадова, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷатуллоҳ Халилӣ, намояндаи Бунёди Саъдии Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, Алӣ Ашраф Содиқӣ узви пайваста, мудири гурӯҳи фарҳангнигорӣ Насрин Парвизӣ муовини мудири гурӯҳи вожагузинии Фарҳангистон ва Алоиддин Таботабоӣ узви Фарҳангистон ва коршиноси аршади гурӯҳи вожагузинии Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат варзиданд.

Ҳадаф аз мулоқот боз ҳам таҳким бахшидани равобиту ҳамкориҳои илмӣ миёни ду кишвари ҳамзабон ва дӯсту бародар иборат буд.

Зимни мулоқот академик Фарҳод Раҳимӣ перомуни масоили корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ ва дақиқ сухан ронда, ҳамзамон оид ба рафти фаъолияти пурсамари олимони тоҷик дар мавзеъҳои таърихӣ-кишваршиносии Саразм, Панҷакенти қадим, Фархору Ҳисор ва димнаи Карон ва экспедитсияҳои кашшофӣ-тадқиқотӣ муфассал маълумот дод.

Раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил зимни нишаст аз фаъолияти Фарҳангистон ва нақши забони миллӣ дар густариши забони илм, таърихи пайвастаи ҳар ду кишвари ҳамзабон суҳбат намуд.

Дар интиҳо пешниҳод гардид, ки дар масоили таҳқиқи рисолаҳои илмӣ дар самтҳои гуногун, бахусус тарҷумаи китобҳои илмиву таҳқиқотӣ, коркарди истилоҳоти соҳавӣ ва истифода аз таҷрибаҳои дуҷониба боз ҳам тақвият дода шавад.

Қобили зикр аст, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми июл дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандон ва устодони донишгоҳу донишкадаҳо семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Фарҳангнигорӣ ва истилоҳот» баргузор гардид. Дар семинар донишмандони эронӣ Алиашраф Содиқӣ узви пайваста ва мудири гурӯҳи фарҳангнигории Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Насрин Парвизӣ муовини мудири гурӯҳи вожагузинии Фарҳангистон, ҷаноби оқои Алоиддин Таботабоӣ, узви Фарҳангистон ва коршиноси аршади гурӯҳи вожагузинӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар семинар перомуни таҷрибаи фарҳангнигорӣ дар Тоҷикистону Эрон изҳори ақида намуданд. Махсусан мутахассисони эронӣ аз таҷрибаи бистсолаи луғатнависиашон маълумот дода, диққати ҳозиринро ба фарҳангнигории компютерӣ ҷалб карданд, ки самаранокии кору вақтр о афзун мегардонад.

Роҷеъ ба масоили луғатнигории Институт Сангинов Аҳмад ва Каримов Саид, устоди Донишгоҳи миллӣ Мисбоҳиддин Нарзиқул баромад карданд. Семинарро директори Институт Сахидод Хоркашев ҷамъбаст карда, кори семинарро босамар донист.

Ҳамчунин, дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик 29-уми июл мулоқоти раиси Кумита ва ҳайати меҳмонони эронӣ Алиашраф Содиқӣ узви пайваста ва мудири гурӯҳи фарҳангнигории Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Насрин Парвизӣ муовини мудири гурӯҳи вожагузинии Фарҳангистон ва Алоиддин Таботабоӣ узви Фарҳангистон ва коршиноси аршади гурӯҳи вожагузинӣ бо кормандони Сарредаксия баргузор гардид. Меҳмонон зимни мулоқот дар бораи фаъолияти забоншиносони эронӣ дар самти вожасозиву вожагузинӣ ва фарҳангнигорӣ иттилои хуберо дастраси олимони тоҷик намуданд. Қайд карда шуд, ки Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ дар зарфи 21 соли фаъолияти худ дар Эрон дар ин самт корҳои назаррасеро анҷом додааст.

Чунончи, 50 ҳазор вожаи ҷадиди форсиро дар баробари 50 ҳазор вожаи илмии нави забонҳои ғарбӣ ё сохтаанд, ё интихоб кардаанд ва ё тарҷума намудаанд, ки ин теъдод вожаҳо 70 риштаи мухталифи ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ, иҷтимоиро дар бар мегиранд. Ин корро беш аз 400 нафар олимони забоншинос анҷом додаанд ва имрӯз ҳам идома медиҳанд. Маҳсули заҳматҳои олимони забоншинос дар як силсилае таҳти унвони «Ҳазорвожаҳо» пайваста ба нашр расида истодааст.

Дар ҳоли ҳозир 15 ҷилди «Ҳазорвожаҳо» дар риштаҳои пизишкӣ, заминшиносӣ, физика, химия, равоншиносӣ, улуми инсонӣ, улуми низомӣ, ҳамлу нақл, муҳандисӣ ва ғайра аз чоп баромадаанд. Ду ҷилди дигари ин силсила дар дасти чоп аст. Забоншиносони эронӣ изҳори умедворӣ карданд, ки хуб мешуд агар дар оянда ҳамзабонони тоҷику афғониашон дар ин масъала онҳоро дастгирӣ намуда, дар ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ битавонанд вожаномаҳоеро дар риштаҳои мухталифи илм, сиёсат, иқтисодиёт таҳия бинамоянд, ки истеъмол ва истифодаи онҳо дар муҳити илмӣ-фарҳангӣ ва адабии ин се кишвар баробар қобили қабул бошанд.

Дар ин мулоқот роҳбарони Сарредксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон тавофуқ карданд, ки ҷонибҳо аз ин ба баъд ҳар китоберо, ки ба нашр мерасонанд, ба китобхонаҳои ниҳодҳои ҷониби дигар чанднусхагӣ ҳадя менамояд. Гузашта аз ин ҷонибҳо, агар ҳавасмандӣ ба ҳуруфи расмии кишварашон чоп кардани китобҳои банашррасидаи тарафи дигар бошанд, ин иҷозаро низ бидуни расмиятчигӣ ба якдигар медиҳанд.

Тибқи Нақшаи корӣ 29-уми июл дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» мулоқоти директори Китобхонаи миллӣ бо раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил баргузор гардид.

Ҳамзамон, дар мулоқот раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, сардори шуъбаи танзими истилоҳот Нуқра Аҳмадова, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷатуллоҳ Халилӣ, намояндаи Бунёди Саъдии Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ ва раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва Алӣ Ашраф Содиқӣ узви пайваста ва мудири гурӯҳи фарҳангнигорӣ, Насрин Парвизӣ муовини мудири гурӯҳи вожагузинии Фарҳангистон ва Алоиддин Таботабоӣ, узви Фарҳангистон ва коршиноси аршади гурӯҳи вожагузинии Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок доштанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо пешниҳод намуданд, ки китобҳои тозанашр ба ҳар ду ҷониб ирсол карда шавад.

Тибқи Нақшаи корӣ 30-юми июл ҳайати меҳмононро раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷатулллоҳ Фағонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе гусел намуданд.

Ҳамчунин, 11-уми августи соли ҷорӣ мулоқоти раиси Кумита бо намояндаи Бунёди Саъдии Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳасани Қарибӣ баргузор гардид. Дар нишаст масъалаи тақвияти ҳамкориҳо дар самти вожагузинӣ ва фарҳангнигорӣ баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки китоби Ҳазорвожаи пизишкии Фарҳангистонро бо тафсирҳои иловагии истилоҳот ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ то декабри соли ҷорӣ таҳия ва нашр хоҳанд намуд. Тафсири иловагии Ҳазорвожаҳои дигар низ дар оянда ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар таҳияи китоби мазкур аъзои Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита ва мутахассисони варзида ҷалб карда мешаванд.

4-уми сентябри соли равон мулоқоти раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Дар мулоқот ҳамзамон муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Саодатшо Матробиён, сардори шуъбаи танзими истилоҳот Нуқра Аҳмадова, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Оймаҳмадов, раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва намояндаи Бунёди Саъдии Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ Ҳасан Қарибӣ ва Фирӯз Набиев намояндаи Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ ширкат намуданд.

Раиси Кумита робитаи ҳар ду муассисаро хуб арзёбӣ намуда, зикр карданд, ки ин ҳамкориҳо дар доираи Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда истодааст.

Қобили зикр аст, ки дар заминаи ин Ёддошти тафоҳум ва иқдомҳои банақшагирифташуда амалӣ шуда истодааст. Ҷудо намудани квота ва ҷалби мутахассиси Кумита ба нахустин давраи магистратура дар самти вожагузинӣ ва истилоҳшиносӣ дастоварди дигари ҳамкориҳои мост.

Сипас, Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил иброз намуд, ки таҷрибаи Фарҳангистон дар ин самти вожагузинӣ ва истилоҳшиносӣ хеле хуб буда, он дар заминаи омӯзиши таҷрибаи илмиву амалии кишварҳои бузурги Аврупо, аз ҷумла Франсияву Австрия ҳамчунин заҳмати 25-солаи мутахассисон роҳандозӣ гардидааст. Ҳамчунин, мо дар зарфи ин чанд сол як давраи омӯзиши дусоларо бо мақсади омода намудани истилоҳшиносони касбӣ дар ҳайати 10 нафар ба нақша гирифта будем, ки пас аз мулоқоти қаблӣ ки 27-уми июли ҳамин сол баргузор гардида буд, як нафар корманди Кумитаро дар ин гурӯҳ шомил намудем. Мо умедворем, ки робитаҳои дуҷонибаро дар самти вожашиносӣ ва истилоҳнигорӣ тақвият бахшида, ҷиҳати ҳамгунсозии истилоҳоти кишварҳои ҳамзабон саҳмгузор бошем.

Ҳамчунин, дар мавриди такмил ва таҳияи бахши истилоҳоти тиббӣ китоби «Ҳазорвожа» (англисӣ-форсӣ)-ро бо иловаи забонҳои русӣ ва тоҷикӣ бисёр кори муфид дар роҳи ҳамкориҳо мешуморем.

Мутобиқи талаботи Қатъномаи Конференсияи байналмилалии «Масоили вожагузинӣ ва истилоҳоти забони форсӣ-тоҷикӣ» хазинаи «Ганҷвожа»-и Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шакли электронӣ дар хизмати Шумо қарор мегирад.

Зимни суҳбат Ҳаддоди Одил иброз дошт, ки бисёр хуб мебуд, ки ҳар матолибе, ки чи аз тарафи Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ройзании фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо хатҳои форсию кириллӣ нашр гардад, барои ошноии бештари ҳар ду ҷониб бо ин забонҳо хеле хуб мешавад.

Ҳамчунин, бо мақсади табодули афкори забоншиносону истилоҳшиносон ва фарҳангнигорони ҳар ду кишвар аз тариқи рӯзномаи «Ганҷи забон» матлаби бештаре роҳандозӣ карда шавад.

Пас аз мулоқот Ҳаддоди Одил бо кормандони Кумита шинос шуда, дар самти фаъолит барояшон комёбиҳоро таманно намуд.

Ҳамчунин, мутобиқи дархости муовини гурӯҳи вожагузинии Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз
25-уми августи соли 2015, №Б-1198/2144 ва 12-уми сентябри соли 2015, №Б1101/2439 ширкати як нафар корманди Кумита дар давраи магистратура дар бахши «Вожагузинӣ ва истилоҳшиносӣ» ба муддати 2 сол дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки Кумита дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми феврали соли 2015, №106 «Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015», банди 4-и боби 4-и Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2015 ва қисми 1-и Нақшаи баргузории чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Умри забон ба умри миллат вобаста аст» аз 18-уми сентябри соли 2015, №26/4-25299 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон кормандони шуъба дар баргузории Конференсияи илмии ҷумҳуриявии «Номҳои ҷуғрофӣ ва суннати номгузорӣ», бо иштироки донишмандони забоншинос баргузор намуд.

Дар конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳоду пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо ва Комиссияҳои номгузорӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ, аъзои Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот ва аъзои маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забон»-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Кумитаи мазкур ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон. Инчунин, намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат хоҳанд варзид.

Конференсия бо сухани ифтитоҳии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - доктори илми филология Гавҳар Шарофзода кушода гардида, сипас баъд аз суханони табрикотии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Марҳабо Ҷабборӣ бахшида ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханронии намояндагони вилоятҳои Суғду Хатлон ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маърӯзаи олимону муҳаққиқони забоншинос, бостоншинос ва таърихшинос дар мавзӯъҳои номгузории ҷуғрофӣ ва суннатҳову мушкилот дар ин самт оғоз гардида, ҳамзамон масъалаҳои дар иртибот ба ин мавзӯъ мавриди муҳокимаву баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор хоҳанд гирифт.

Ёдовар мешавем, ки дар ин чорабинии илмӣ 8 маърӯзаи илмӣ оид ба масъалаҳои номҳои ҷуғрофӣ ва суннати номгузорӣ мавриди баррасии иштирокдорони Конференсия қарор гирифта, маърӯзаҳои «Номҳои ҷуғрофӣ ва равишҳои суннатии номгузорӣ»-и узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Додихудо Саймиддинов (Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон), «Номвожаҳои таърихии ҷуғрофии Тоҷикистон»-и доктори илми филология, профессор Сайфиддин Назарзода (Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»), «Садои асрҳо»-и доктори илми филология, профессор Шамсулло Исмоилов (Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода), «Фарҳанги номгузорӣ дар забони тоҷикӣ»-и доктори илми филология, профессор Олимҷон Маҳмадҷонов (Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон), «Сохтор ва қолабҳои таърихии номҳои ҷуғрофии Тоҷикистон»-и доктори илми филология, профессор Назрӣ Офаридаев (Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев), «Номҳои ҷуғрофӣ оинаи қаднамои забони миллӣ»-и доктори илми филология Мирзоҳасан Султонов (Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон), «Масоили номҳои таърихии ҷуғрофии Хатлон»-и номзади илми филология Рустам Шодиев (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ва «Мушкилот дар номгузории маҳалҳои аҳолинишини кишвар»-и Раҳим Зулфониён – сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи онҳоянд.

Дар интиҳои кори Конференсия пас аз баррасии фикру мулоҳизаҳо ва музокираҳо аз ҷониби ҳайати иштирокдорон тавсияҳои Конференсияи илмии ҷумҳуриявии «Номгузории ҷуғрофӣ ва суннати номгузорӣ» бо дарназардошти баррасии мушкилоти номҳои ҷуғрофии кишвар, дурнамои таҳқиқу омӯзиш ва эҳёи номҳои ҷуғрофӣ дар ҳамкорӣ бо Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба таври зайл қабул гардид:

1) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Комиссияҳои номгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, Муассисаи давлатии «Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик», Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати эҳёи номҳои таърихӣ тадбирҳои мушаххас андешад.

2) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои адлия ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо моддаҳои 18 ва 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба номгузории корхонаҳои давлатӣ, объектҳои ҷуғрофӣ, ташкилоту муассисаҳо ва абадӣ гардонидани хотираи ходимони илм, маориф ва фарҳанг» (31-уми августи соли 2009, №489), «Тартиби номгузорӣ ва дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, фурӯдгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо, инчунин объектҳои физикию ҷуғрофӣ» (31-уми октябри соли 2009, №609), ҳамчунин, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар иртибот ба масъалаи номгузорӣ, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намояд.

3) Номгузории шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳаҳо, кӯчаю хиёбонҳо, майдону боғҳои фарҳангӣ қабл аз тасдиқ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шавад.

4) Дар Комиссияҳои номгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо олимони забоншиносу таърихдон ҷалб карда шаванд.

5) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати барқарор намудани номҳои бостонӣ, мавзеъҳои ҷуғрофӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

6) Ба номҳои такрор ва ашхос гузоштани номи ҷамоатҳо ва деҳаҳо аз ҷониби Комиссияи номгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо қатъиян манъ карда шавад.

7) Номгузории ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ қаблан бо Кумитаи забон ва истилоҳот мувофиқа гардида, сипас ба мақоми дахлдор пешниҳод карда шавад.

8) Муассисаи давлатиии «Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик», дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2017 «Фарҳанги решашиносии номҳои ҷуғрофӣ»-ро таҳия намуда, ба Кумитаи забон ва истилоҳот пешниҳод намояд.

9) Таҳқиқ ва омӯзиши номҳои ҷуғрофӣ ва номшиносӣ дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш ва Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшида шавад.

10) Гирдоварӣ ва пажӯҳиши номҳои ҷуғрофӣ тавассути корҳои таҷрибаомӯзӣ бо ҷалби донишҷӯён дар бахши лаҳҷашиносии донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ба роҳ монда шавад.

 

 

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иттилоъ медиҳад, ки дар асоси «Нақшаи чорабиниҳо оид ба эълон гардидани соли 2015 «Соли оила» ва мутобиқи моддаи 16-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила ва танзими муносибатҳои оилавӣ аз 15-уми апрели соли 2015, №221», ки дар Кумита аз 28-уми апрели соли 2015, №39 тасдиқ гардидааст, рӯзи 26-уми ноябри соли 2015 дар толори Кумита бахшида ба Соли оила дар мавзӯи «Нақши хонавода дар густариши забони миллӣ» мизи мудаввар баргузор намуд.

Дар мизи мудаввар роҳбарияти Кумита, намояндагон аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Мизи мудавварро раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода кушод ва иштирокдоронро хайрамақдам гуфта, оид ба сарчашмаи асосии забондонӣ маҳсуб ёфтани хонавода сухан ронда, баргузории чунин як чорабиниро дар самти пешбурди сиёсати давлатии забон муҳим арзёбӣ намуд.

Сипас, муовини раиси Кумита С. Матробиён доир ба масъалаҳои марбут ба оила, алалхусус, баланд бардоштани маърифати забондонии фарзандон, рушду инкишофи сатҳи хиради оиладорӣ дар ҷомеа ва фарҳанги забондонии оила маърӯза намуд.

Номбурда ин масъаларо яке аз масъалаҳои мубрами рушди фарҳанги оиладорӣ шуморида, қайд намуд, ки маҳз хишти аввали забономӯзӣ аз хонавода оғоз меёбаду он барои ташаккул ва рушди савияи забондонии кӯдак ибтидо гузошта, маърифати ҳар инсон аз хонавода оғоз ёфта ва дар дабистону ҷомеа густариш пайдо мекунад.

Сипас, муовини сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидҷон Маҳмудзода маърӯза намуда, қайд кард, ки воқеан, баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ як марҳилаи муҳими рушди забон оғоз гардид ва онро метавон натиҷаи рӯҳияи истиқлолхоҳӣ ва озодиталабии мардуми тоҷик унвон кард, ки бо дарназардошти ҳамин гуна масъалаҳои муҳим мо бояд насли ҷавони кишварро барои ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, мероси хаттӣ, таъриху адабиёт ва дар маҷмӯъ забони ноби тоҷикӣ даъват намуда, дар шароити ҷаҳонишавӣ нақши созандаву бунёдкоронае гузорем.

Дар мизи мудаввар ҳамчунин, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур дар суханрониҳои худ аз таъриху фарҳанги забон ва сатҳи забондониву арҷгузорӣ ба ин муқаддасот маърӯза намуда, бори дигар таъкид карданд, ки имрӯз даврае фаро расидааст, мо бояд ба рушду густариши забони давлатӣ, ки он аз гаҳвораи хонавода оғоз меёбад, масъулиятбардор бошему онро ба ҷаҳониён бо ҳама шевою шаҳомати доштааш муаррифӣ карда тавонем.

Мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ дар «Соли оила» бо ҷалби намояндагони вазорату идораҳо ва мақомоти марказиву маҳаллӣ аз он иборат аст, ки ҳар як қавму миллат бояд ба забони модарӣ ва фарҳангу анъанаҳои миллии хеш арҷгузор бошад ва баҳри ҳимояи он талош варзида, онро аз хатари нестшавӣ эмин нигоҳ дорад, зеро забони адабии меъёри мо худ ҳастӣ ва пойдории миллати соҳибистиқлоли мо буда, он муаррифгари ин миллат ва ҳастии давлати мост.

Дар анҷоми мизи мудаввар Тавсиянома пешниҳод гардид, ки барои минбаъд рушду густариши забон дар хонавода ва ҷомеаи кишвари мо судманд аст:

  1. Дар робита бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тозагии забон ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забони давлатӣ дар боғчаҳои кӯдакона миёни мураббиён.
  2. Дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани чорабиниҳои таблиғотӣ барои риояи меъёрҳои забони адабӣ.
  3. Аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва забони давлатӣ, умри миллат ба умри забон вобаста аст, омӯзиши забони давлатӣ, Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва суннати номгузорӣ барои кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии кишвар ва тамоми мақомоти давлатӣ.
  4. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи забондонии хонаводаҳо ташкили вохӯриву мулоқотҳо дар шаҳраку маҳалҳои аҳолинишин.

Кумита қарор дод, ки Тавсияномаи пешниҳодгардидаро дар нақшаи чорабиниҳои минбаъда оид ба сиёсати забони давлатӣ ва рушду густариши он дар дохил ва хориҷи кишвар ворид намуда, баҳри татбиқаш кӯшиш ба харҷ диҳад.

Ҳамчунин, 10-уми декабри соли 2015 бо ташаббуси Комиссияи татбиқи забони давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино бо мақсади иҷрои Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва татбиқи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» дар маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37-и ноҳияи Сино мулоқот бо кормандони ташкилоту муассисаҳои марзиву маъмурии ноҳияи Сино баргузор гардид.

Дар мулоқот раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Г. Шарофзода, сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита Р. Зулфониён, намояндагон аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва хабарнигорони Муассисаи давлатии телевизони Тоҷикистон «Шабакаи якум» иштирок намуданд, ки он бо ҷалби 150 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону тоҷирон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна, соҳибкорону тоҷирон ва хонандагони мактабҳои ноҳия амалӣ гардид.

Муовини раиси ноҳияи Сино Гулов З.Ш. аз вазъи татбиқи Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳудуди ноҳияи мазкур, мушкилоту камбудиҳои муассисон ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ гузориш дода, иброз намуд, ки дар ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта оид ба масъалаи номгузорӣ ва навишти лавҳаву овезаҳо, инчунин, маводи иттилоотии нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ бояд ҳар як соҳибкор саҳмгузор ва вазифадор бошад.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Г. Шарофзода аз сиёсати давлатии забон дар кишвар ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар ин самт сухан карда, мардумро бори дигар ба арҷгузорӣ ба ин муқаддасот, ки забони давлатии кишвари мост, даъват намуд.

Сипас омӯзгори МТМУ №91 Акрамова Н. А., аз таъриху шуҳратёрии забони тоҷикӣ ва мақоми он дар давраи соҳибистиқлолии кишвар маърӯза намуд.

Дар анҷом раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода ба саволҳои соҳибкорон ҷавобҳои мушаххас доданд.

Мақсад аз баргузории вохӯрӣ бо муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва татбиқи «нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» шинос намудани кормандони ташкилоту муассисаҳои марзиву маъмурӣ, - кормандони соҳаи маориф, соҳибкорон ва огоҳӣ ёфтани эшон аз сиёсати давлатии забон дар кишвар, роҳи дурусти татбиқи он ва дар дили ҳар яки онҳо бедор кардани фарҳанги забондонӣ, арҷгузорӣ ва эҳтиром ба забони давлатӣ буд.

Қобили зикр аст, ки ташкили чунин мулоқоту машваратҳо бо ташаббуси МИМҲД-и ноҳияи Сино дар ҳудуди ноҳия ҷиҳати татбиқи муқаррароти дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар дар роҳи пешбурди сиёсати забони давлатӣ иқдоми некандешона маҳсуб меёбад.

Дар арафаи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили зикр аст, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои Кумита бо мақсади тарғиби арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва даъвати вазорату идораҳо кормандони Кумита дар мулоқоту вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва илмии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (2-юми октябри соли 2015), Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1-уми октябри соли 2015), Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ (29-уми сентябри соли 2015), Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2-юми октябри соли 2015), Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2-юми октябри соли 2015), Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (5-уми октябри соли 2015), Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур (3-юми октябри соли 2015) ва Боғи устод Рӯдакӣ (5-уми октябри соли 2015) иштирок намуданд.

 

Фаъолияти иттилоотӣ ва нашриявӣ

Дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар

вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар нимсолаи дуюми соли 2014 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ 28-уми январи соли 2015 нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар нишаст раиси Кумита, сардорони шуъбаҳою мудирони бахшҳои Кумита ва 22 намояндаи воситаҳои ахбори омма, аз қабили АМИТ «Ховар», Муассисаи давлатии телевизиони «Ҷаҳоннамо», Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина», радиоҳои «Садои Душанбе», «Тоҷикистон», «Ховар», «Озодӣ», оҷонсии иттилоотии «Toj News», сомонаи «Диалог tj.», «Маркази миллии иттилоотӣ ва муошират», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Имрӯз News», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Озодагон», «Тоҷикистон». «ASIA-PIus», «Фараж», «Халқ овози», «Паёми Душанбе» ва рӯзноманигорони мустақил иштирок намуданд.

Нишасти матбуотиро раиси Кумита Гавҳар Шарофзода ифтитоҳ намуда, аз ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2014 ба хабарнигорон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Тавре зимни суханронии раиси Кумита қайд гардид, яке аз иқдомҳои муҳиме, ки дар роҳи рушди забони миллӣ анҷом дода шуд, ин дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар зимни мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ (4 октябри соли 2012) масъалаи назорат ва санҷиши муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва татбиқи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 дар мақомоти марказию маҳаллии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он мебошад.

Ба роҳ мондани назорати татбиқи Қонун ва Барномаи мазкур, инчунин, иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат яке аз ҷанбаҳои асосии фаъолияти Кумита мебошад.

Зимни суханронӣ раиси Кумита аз натиҷаи санҷишҳои такрории гурӯҳҳои кории Кумита оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, №458 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» дар иртибот ба номгузории ташкилоту муассисаҳо ва таҳияи лавҳаю овезаҳои нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе маълумот дод. Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар соли 2014 оид ба номгузорӣ ва маводи иттилоотии 231 муассиса, ки бар хилофи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буданд, санадҳои огоҳӣ тартиб дода шуда, барои бартараф намудани камбудиҳо муҳлат дода шуд. Муқаррар гардид, ки баъд аз пешниҳоди тавсияҳои Кумита ном ва маводи иттилоотии 56 муассиса ислоҳ ва ба талаботи Қонуни мазкур мутобиқ карда шудааст.

Аз ҷониби мақомоти судӣ дар ин давра барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо моддаи 89-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид, ки аз ин шумора 19 адад парванда нисбат ба 19 шахс бо баровардани қарор моҳиятан баррасӣ шуд ва нисбат ба онҳо ҷарима ба маблағи 81200 сомонӣ таъин гардида, 4 адад парванда аз рӯи тобеият ирсол шудааст.

Раиси Кумита, ҳамчунин, аз вохӯриву мулоқотҳои баргузоргардидаи роҳбарият ва кормандони Кумита бо донишҷӯёну устодони донишгоҳу донишкадаҳо ва ташкилоту муассисаҳои шаҳри Душанбе ва дигар самтҳои фаъолияти Кумита дар соли сипаришуда ба хабарнигорон гузориши муфассал дода.

Аз ҷониби хабарнигорон оид ба вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар иртибот ба мавзӯъҳои муроҷиати шаҳрвандон, забони филмҳои тасвирӣ, назорати забони тарҷумаи филмҳои хориҷӣ ва риояи меъёрҳои забони адабӣ, номгузории ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хидматрасонии маишӣ, шароити баргашт ба хатти ниёгон, вазъи риояи Қонуни мазкур дар ширкатҳои мобилӣ ва ҳамкорӣ бо ин муассисаҳо, оид ба истилоҳоти илмҳои дақиқ ва тавсияи дурусти он дар китобҳои дарсӣ, оид ба тағйири номгузории кӯчаҳои пойтахт ва ғайра саволҳо пешниҳод гардиданд.

Ба ҳамаи саволҳои хабарнигорон аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Кумита посухҳои мушаххас дода шуд.

Дар анҷом, раиси Кумита рӯзноманигоронро ба ҳамкории пайваста даъват карда, ба нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон-рӯзномаи «Ҷумҳурият» барои чопи мақолаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ дар иртибот ба рушду густариши забони давлатӣ изҳори сипос намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ кормандони Кумита дар 52 барномаҳои телевизиониву радиоии идораи барномаҳои «Субҳ», «Самт», «Фарҳанг», «Ахбор»-и Шабакаи якум, Сафина ва Ҷаҳоннамо «Айёми шубоб аст»-и Телевизиони «Сафина», «Як соат»-и Телевизиони Баҳористон ва дар мусоҳибаи радиоӣ бо хабарнигорони радиоҳои «Садои Душанбе», «Тоҷикистон» ва «Озодӣ» иштирок намуданд.

Қобили зикр аст, ки давраи ҳисоботӣ мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми марти соли 2009, №659 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ» аз ҷониби Кумита барои ишғоли мансабҳои озоди маъмурии хизмати давлатӣ 4 мароти озумун эълон карда шуд. Аз он ҷумла: 30-юми январи соли 2015 дар рӯзномаи «Ганҷи забон», №1 (4), дар Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон тариқи мактуб аз 26-уми январи соли 2015, №1-8/41, 20-уми ноябри соли 2015 ва 29-уми декабри соли 2015, дар Веб-сайти Кумита ва дар рӯзномаи “Ҷумҳурият”.

Ҳамчунин, барои ишғоли мансабҳои озоди маъмурии хизмати давлатии Кумита ба Раёсати агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ноҳияи Шоҳмансур мактубҳо низ ирсол гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз натиҷаи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2009, №252 «Дар бораи Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 сентябри соли 2010, №932 ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши Кумита пешниҳод гардидааст.

Ҳамчунин, маводи таҳлилии Кумита дар мавзӯи «Татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо дар 23 соли Истиқлолияти давлатӣ» ба мақомоти дахлдор ирсол карда шуд.

Дар асоси фармоиши якҷояи муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми августи соли 2011, №151 ва директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми августи соли 2011, №8 «Дар бораи тасдиқи ҳисоботи омори давлатии шакли №1-ХД «Ҳисобот дар бораи теъдод ва ҳайати сифатии хизматчиёни давлатӣ» (семоҳа, нимсола, почтавӣ) ҳисоботи семоҳаи якуми омори давлатии шакли №1-ХД-и Кумита ирсол гардид.

Қобили тазаккур аст, ки дар асоси мактубҳои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми январи соли 2015, №03-16 ва №03-17 2 нафар хизматчии давлатие, ки дар соли 2014 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, ба курсҳои такмили ихтисос дар мавзӯъҳои «Ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шуданд, ки мутахассиси бахши умумӣ Боймуродова З. Н., ва мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Шермуҳамади М. курси такмили ихтисосро гузаштанд.

Ҳамчунин, дар асоси мактуби Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми ноябри соли 2014, №548 сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита Мансурӣ Ш. Ҷ. дар магистратура таҳсил дорад.

Дар давраи ҳисоботии соли 2015, 64 адад фармоишҳои раиси Кумита ба тасвиб расид. Дар соли ҷорӣ ба Кумита 1196 муроҷиати хаттӣ, тавассути телефон ва зимни қабули шаҳрвандон пешниҳод гардид, ки ҳамаи онҳо баррасӣ шуда, ба муроҷиаткунандагон ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид.

Муроҷиатҳои тавассути телефон, шабакаи интернет ва дар ҷараёни қабули рӯзҳои шанбе ба Кумита воридгардида масъалаҳои зеринро дар бар мегиранд:

- оид ба самтҳои фаъолият ва нақшаҳои Кумита;

- шарҳу тавзеҳи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар

бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар иртибот ба лавҳаю овезаҳо;

- оид ба арҷгузори нисбати забони давлатӣ;

- оид ба тарҷума, истифода ва шарҳи вожаю истилоҳот;

- оид ба Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ;

-шарҳи тартиби коркард, истилоҳнигорӣ ва қабули вожаю истилоҳоти соҳаҳои мухталиф;

- шарҳи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»;

- номгузорӣ;

- тарзи дурусти навишти вожаю истилоҳот;

- шарҳи масъалаҳои марбут ба ҳуҷҷатнигорӣ;

- оид ба таҳияи фарҳангҳои соҳавӣ;

Дар давраи ҳисоботӣ 585 мактубу дархост ва барқияи телефонӣ, аз ҷумла аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, аризаҳои хаттӣ аз ҷониби шахсони алоҳида ва барқияи телефонӣ ба Кумита ворид гардида, ҳамаи онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Дар ин давра аз Кумита 807 мактуб, барқияи телефонӣ ва пешниҳоду хулосаҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вазорату идораҳо содир карда шуданд ва ба муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид.

Бо мақсади назорати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бандҳои 8-и боби IV Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 сармуҳаррири рӯзномаи «Ганҷи забон»-и Кумита Ҷумъаев Ҷ. дар семоҳаи аввали соли равон дар ҳафт ҷаласаи Шӯрои бадеии Корхонаи воҳиди давлатии киною видеои «Тоҷиккино» ширкат намуд. Дар ҷаласаҳо аз ҷониби аъзои Шӯрои бадеӣ муҳтаво ва забони зиёда аз 25 қисмати силсилафилмҳои аз забонҳои туркӣ, арабӣ, англисӣ ва ҳиндӣ ба забони тоҷикӣ тарҷумашуда, ки аз ҷониби студияҳои «Нурангез», «Арш», «Симо Продакшн», «Килк», «Ҳамсадо», «Асар» пешниҳод гардида буданд, инчунин филми истеҳсоли киностудияи «Тоҷикфилм» - «Парӣ аз паси кӯҳи Қоф» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳангоми баррасӣ оид ба ислоҳи ғалатҳои имлоӣ, истифодаи дурусти калимаю ибораҳо, ифода ва риояи меъёри забони адабӣ эроду пешниҳодҳои мушаххас манзур гардид, ки аз ҷониби студияҳои номбурда ба инобат гирифта шуданд.

Дар асоси супориши нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2015, №4 дар семоҳаи аввали соли 2015 таҳлили ҳаматарафаи фаъолияти хоҷагидорӣ дар ҳама соҳаҳо, муайян намудани камбудиву норасоиҳои мушкилоти Кумита ва ҳалли масъалаҳои зеринро дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута барои пешрафти соҳа зарур мешуморад:

1) Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2015, №38 «Дар бораи Дастурамал оид ба тартиби пардохти хароҷоти сафарҳои хизматии хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба кишварҳои хориҷӣ, инчунин дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон» маблағи хароҷоти шабонарӯзӣ аз 20 сомонӣ ба 40 сомонӣ ва хароҷоти манзил аз 50 сомонӣ ба 80 сомонӣ муқаррар гардидааст. Дар басти 2.2.1.4. барои сафарҳои хизматии кормандон мувофиқи қарори мазкур як баробар зиёд гардидааст, ки барои сафархарҷии шабонарӯзии хизматчиёни давлатӣ мусоидат менамояд. Бинобар сабаби зиёд будани ҳаҷми кор, сафарҳои хизматӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар басти 2.2.1.4. маблағҳои сафари хизматӣ барои кормандони Кумита ба маблағи 26000 сомонӣ, барои чопи рӯзномаи «Ганҷи забон» дар як моҳ 2000 нусха ва дар як сол 24000 нусха ба маблағи 24000 сомонӣ ва барои чопи китоби Номнома (яъне номи хонаводагӣ, ном ва номи падарӣ) 10000 китоб ба маблағи 250000 сомонӣ дар умум 304800 (сесаду чор ҳазору ҳаштсад) сомонӣ норасоии молиявӣ вуҷуд дорад.

2) Дар басти 2.2.1.8. барои алоқа дар асоси мактуби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №07-1065 аз 21-уми ноябри соли 2014, барои хизматрасонии нурию нахӣ ва фаъолияти Шабакаи ягонаи иттилооти коммуникатсионии байни идоравӣ ба маблағи 6360 сомонӣ, дар асоси мактуби ҶСК «Тоҷиктелеком» аз 8-уми декабри соли 2014 №2/2-1048 барои хизматрасонӣ истифодаи қубурҳои коррезии алоқаи телефонӣ ба маблағи 8500 сомонӣ, барои обуна шудани Кумита дар рӯзномаҳо ба маблағи 4000 сомонӣ ҷамъ 18860 сомонӣ норасоӣ ба назар мерасад.

3) Дар басти 2.2.1.5.барои таъмир кардани нақлиёт ва таъмири утоқҳои кории Кумита ба маблағи 100 000 сомонӣ, норасоӣ мебошад. Қобили зикр аст, ки соли 2014 Кумита барои таъмири мошини хизматии раиси Кумита ба маблағи 38360 (сию ҳашт ҳазору сесаду шаст) сомонӣ ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудааст. Айни замон мошини хидматӣ корношоям гардида, таъмирталаб мебошад.

Басти 2.8.1.4. харидорӣ намудани мошинҳо ва таҷҳизотҳо, пешниҳод мегардад, ки барои харидорӣ намудани нақлиёти нав дар Кумита аз сабаби фарсуда шудани нақлиётҳо як адад нақлиёти нав ба маблағи 189 000 (яксаду ҳаштоду нуҳ ҳазор) сомонӣ зарур мебошад ва барои харидорӣ намудани 5 адад компютерҳо 27500 (бисту ҳафт ҳазору панҷсад) сомонӣ ҷамъ 216 500 (дусаду шонздаҳ ҳазору панҷсад) сомонӣ намерасад.

4) Барои беҳтар намудани шароити кории кормандон ва таъмин намудани 8 ҳуҷраи корӣ бо 32 адад курсӣ ба маблағи 120 сомонӣ дар ҷамъ 3840 (се ҳазору ҳаштсаду чил) сомонӣ ва барои харидорӣ намудани китобҳои омӯзишӣ, фарҳангҳо, муҳовараҳо ва ғ. 200 адад ба маблағи 250 (дусаду панҷоҳ) сомонӣ дар умум 50 000 (панҷоҳ ҳазор) сомонӣ дар ҷамъ 53 840 (панҷову се ҳазору ҳаштсаду чил) сомонӣ мебошад.

Барои пеш бурдани сиёсати забони давлатӣ дар саросари ҷумҳурӣ ва амалӣ намудани бандҳои Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 ва шароити мусоиди корӣ фароҳам овардан барои кормандон дар умум маблағи иловагӣ 694 000 (шашсаду наваду чор ҳазор) сомонӣ зарур мебошад.

 

Вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда

Бояд тазаккур дод, ки мувофиқи дастури Президенти кишвар зимни мулоқот ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ (4 октябри соли 2012) масъалаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери назорати шахсии роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қарор дода шавад. Ин иқдом, бешубҳа, барои татбиқи самарабахш ва устувори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 мусоидат хоҳад намуд.

Новобаста аз корҳои баанҷомрасида дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳанӯз камбудиҳо хеле зиёданд. Дар бештар маврид фаъолияти Комиссияҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хусусиятҳои лаҳзавӣ дошта, мунтазам сурат намегирад.

Ҳамзамон, Кумита бо дарназардошти вазъи имрӯзаи татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва масоили марбут ба рушди ҳамаҷонибаи забони тоҷикӣ дар соли 2015 омӯзиш ва ҳалли масъалаҳои зеринро дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо барои пешрафти соҳа зарур мешуморад:

1. Натиҷаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар соли 2015 мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода, бояд тазаккур дод, ки мавҷуд набудани воҳидҳои кории алоҳида – масъулони татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои назорати мунтазам ва татбиқи самарабахши он дар тамоми ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ мушкилот пеш меорад.

Аз ин рӯ, Кумита таъсиси воҳидҳои кории алоҳидаро бо дарназардошти ҳолати бавуҷудомада дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (3 воҳиди корӣ), вилоятҳо (3 воҳиди корӣ), шаҳри Душанбе (3 воҳиди корӣ) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (10 воҳиди корӣ) дар маҷмӯъ 22 воҳиди кориро зарур мешуморад.

2. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 ба дастурҳои методӣ ва баргузории семинару машғулиятҳо ниёз доранд.

3. Мусоидат барои густариши забони миллӣ дар мақоми забони илм вазифаи асосии ҳама сохторҳои илмӣ ва кафедраҳои мактабҳои олии кишвар маҳсуб мегардад. Бинобар ин, ба забони илм табдил додани забони давлатӣ татбиқи чорабиниҳои мушаххасро аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишгоҳу донишкадаҳо ва тамоми марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ тақозо менамояд.

4. Бояд тазаккур дод, ки новобаста аз корҳои баанҷомрасида, дар самти танзими истилоҳот камбудиҳо хело зиёданд. Ба шуъба ҳамарӯза маводи гуногун ворид мегардад. Бинобар сабаби набудани фарҳангҳои чандзабона, тахассусӣ зимни омӯзиш ва баррасии маводи вурудӣ кормандон ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ҷиҳати ба забони илм табдил додани забони давлатӣ ва амалӣ гардидани масъалаи мазкур имрӯз дар кишвар мушкилоти зиёде вуҷуд дорад. Бинобар сабаби он ки ҳанӯз ҳам Шӯрои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ тобеи Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия қарор доранд, дар ҷумҳурӣ забони ҷаласаҳо ва рисолаҳои номзадӣ, ҳатто рисолаҳои марбут ба забон ва адабиёти тоҷик ба забони русӣ сурат мегирад, ки ин барои амалӣ намудани моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушкилоти зиёд пеш оварадааст. Паҳлуи дигари масъала, тарҷумаҳои нолоиқи рисолаҳо дар шароити феълӣ ва мушкилоти молиявӣ имконият намедиҳад, садди роҳи мутахассисони ҷавон барои пешбурди корҳои илмӣ гардидааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ дар самти таҳияи фарҳангҳо ва донишномаҳо меъёрҳои фарҳангнигорӣ дар бештари маврид аз ҷониби мураттибон риоя намегардад. Маводе ки ба Кумита ворид мегардад ба талабот ҷавобгӯ набуда, кори мутахассисонро даҳчанд мушкил мегардонанд. Бо дарназардошти ин пешниҳод мешавад, ки бо ҷалби мутхассисони истилоҳшиносону забоншинсон ва фарҳангнигорон «Дастури фарҳангнигорӣ» таҳия карда шавад.

Ҳамчунин имрӯз замоне фаро расидааст, ки бо мақсади тақвияти забони тоҷикӣ ба ҳайси забони илм ва густариши бахши истилоҳшиносӣ бо ҷалби истилоҳшиносони варзидаи дохиливу хориҷӣ дар донишгоҳу донишкадаҳо ва пажӯҳишкадаҳои илмиву таҳқиқотӣ давраҳои омӯзиши «Вожагузинӣ» таъсис дода шавад.

Аз ин рӯ, Кумита ба нақша гирифтааст, ки дар соли 2016 масъалаҳои зеринро дар роҳи ба танзим даровардани истилоҳоти соҳаҳои мухталиф ҳал намояд:

- баргузории силсилаи семинарҳои машваратӣ, мизи мудаввар ва конференсияҳоро дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажуҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо дар мавзӯҳои гуногун;

- баррасии вазъи нашри фарҳангномаҳои соҳавию тафсирӣ;

-мусоидат барои ташкили давраҳои таҷрибаомӯзии мутахассисони Кумита дар Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

- пешбурди фаъолияти самараноки Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот;

- таҳияи лоиҳаи «Низомномаи Шӯрои номгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

- таҳияи лоиҳаи «Созишномаи ҳамкории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фарҳангистони улуми Афғонистон».

Ҳамзамон, баҳри густариши ҳамкориҳо дар муносибатҳои байналмилалӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва ба аҳолии кишвар пешниҳоди иттилои дақиқу саҳеҳ оид ба сиёсати забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инъикоси муназзами масъалаҳои соҳа, асоси меъёрҳои илмӣ, коркард ва қабули вожаю истилоҳоти соҳаҳои мухталиф Кумита таъсиси маҷаллаи «Тамаддуни ориёӣ ва ҷаҳон»-ро мувофиқи мақсад мешуморад.

5. Таъсиси марказҳои омӯзиши забони давлатӣ дар маҳалҳои зисти ақаллиятҳои миллии маскуни ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар доираи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 бояд амалӣ гардад, андешидани тадбирҳои мушаххасро аз масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тақозо менамояд.

6. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар номгузории маҳалҳо ва кӯчаю хиёбонҳо, бо вуҷуди тағйири теъдоди номҳои бегона ва ғайримиллӣ, мутаассифона, бархе аз камбудиҳо низ ба назар мерасанд, ки ин ба такрори номҳои ашхос дар як ҷой ва ё дар чандин маҳалҳои дигар иртибот дорад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки Комиссияи номгузории назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои пешгирии ин раванд тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.

Барои татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Кумита лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Ҳамзамон, баҳри рушди забони давлатӣ дар саросари ҷумҳурӣ Кумита ба нақша гирифтааст, ки лоиҳаи «Консепсияи миллии рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2026»-ро таҳия намуда, дар соли 2016 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Дар давраи минбаъдаи фаъолият Кумита амалӣ намудани якчанд тадбирҳо ва баргузории як қатор чорабиниҳои судманди марбут ба забон ва истилоҳшиносиро ба нақша гирифтааст:

  • пешниҳоди лоиҳаи «Дастурамали танзим ва қабули истилоҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  • баррасии фарҳангҳои воридотӣ;
  • таҳлили истилоҳоти Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • мусоидат барои таҷрибаомӯзии кормандони Кумита дар Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
  • таҳлил ва баррасии вазъи омӯзиш ва таҳқиқоти мавзӯъҳои илмӣ дар самти истилоҳшиносӣ.
  • дар сатҳи зарурӣ ҷашн гирифтани Рӯзи забони давлатӣ дар тамоми мақомотҳои маркзиву маҳаллӣ, ташкилотҳо ва муассисаҳо новобаста аз шакли ҳуқуқиашон.
  • таъсиси воҳидҳои кории алоҳида дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои назорати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон »;
  • ворид намудани намояндаи Кумита ба ҳайати Шӯрои Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»;
  • табдили Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»;
  • ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  • таъсиси Комиссияҳои ҷамъиятӣ дар назди мақомотҳо;
  • Нашри китоби «Номнома».

Кумита дар асоси супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ тамоми нерӯи худро баҳри назорат ва татбиқи муассири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дарки амиқи сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи роҳбари давлат бобати рушди забони давлатӣ ва ба ҳамин васила устувор намудани пояҳои он, чораҳои муассир меандешад. 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (1 овоз)