Машғулияти идоравии кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати «Тақвияти раванди коргузорӣ дар Кумита»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 30 Май, 2022 - 12:11

30-юми майи соли 2022, соати 09:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муҳтавои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тақвияти раванди коргузорӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” машғулияти идоравӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита, муовини раиси Кумита, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Дар оғоз раиси Кумита кормандонро бо муҳтавои рӯзнома шинос намуда, барои муаррифӣ ва шарҳ додани супориши болозикр суханро ба сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита – Сафаров Э. дод.
Сафаров Э. қайд намуд, ки (тавассути намоиши нурафкан) якчанд талаботи раванди коргузорӣ, аз ҷумла, таҳия ва омода намудани ҳуҷҷат, матни бланкҳо ва андозаи ҳуруф, саҳифабандии мавод, истифодаи ҳуруфи тоҷикӣ ва дигар самтҳои омода ва таҳия намудани ҳуҷҷат, алалхусус, ҳуҷҷатҳое, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегарданд, тибқи тартиби муқарраргардида таҳия карда шаванд.
Дар қисмати ниҳоии машғулияти идоравӣ вобаста ба масъалаи мазкур кормандони Кумита фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуданд.
Машғулияти идоравиро муовини раиси Кумита доктори илми филологӣ – Раҳматуллозода Сахидод ҷамъбаст карда, таъкид намуд, ки кормандонро зарур аст, ҳангоми таҳияи ҳуҷҷат дар фаъолияти ҳамарӯза талаботи мазкурро пурра риоя намоянд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Категория: