Сухани табрикотии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 25 Июн, 2021 - 18:11
Сухани табрикотии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳозирини гиромӣ!
Дӯстони азиз!
Имрӯз мову шумо дар арафаи таҷлили 24-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ, яъне санаи муҳимми таърихӣ ва сарнавиштсози ҳамдигарфаҳмиву оштии миллӣ, сулҳу суботи комил, ки асоси рушди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон ба шумор меравад, карор дорем, ҳар як фарди Тоҷикистонро ба ин ҷашни таърихӣ табрику муборакбод гуфта, ба шумо пеш аз ҳама тани сиҳат, хотири ҷамъ ва сулҳу субот ва оромии кишварро таманно менамоям.
Ваҳдати миллӣ дар воқеъ, роҳи инкишофи имрӯзу оянда ва пешравии ҷомеаи моро муайян ва самтҳои ба мақсад расиданро равшан сохта, тамоми шаҳрвандонро баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои неки ояндасози кишвар ҳидоят менамояд.
Барои аз вартаи нобудшавӣ ва буҳрони иқтисодӣ баровардани Ватану миллат, чорабиниҳои зиёди давлатӣ лозим шуд, то қазияи сулҳу субот ҳалли мусбати худро ёфта, бо имзо намудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар ин масъала нуқтаи асосӣ гузошта шавад.
Замони навини эҳёи Тоҷикистони азиз бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад, зеро ин абармарди дунёи сиёсат пайваста дар барои мустаҳкам гардидани аркони давлату бедории миллат саъю талош менамоянд.
Бисту чор сол пеш Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муттаҳид намудани неруҳои сиёсӣ ва таъмин кардани ризоияти ҷомеа тавонистанд, ки истиқлоли давлатии кишварамонро ҳифз кунанд ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистонро таъмин намоянд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид бар он мекунанд, ки Ватани худро самимона дӯст дорем ва ба қадри сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагии он бирасем.
Сарвари кишварамон ҳар як шаҳрванди кишварро даъват менамоянд: «Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем».
Воқеан, ин вазифаи ифтихории ҳар яки мо бояд бошад ва ҳамеша ҷидду ҷаҳд намоем, ки барои ободии Ватан, шукуфоии имрӯзу фардои он ва барои ҳифзи муқаддасоти миллат ҳиссагузор бошем.
Дар иртибот ба ин санаи тақдирсози миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамоянд: «Мусолиҳаи миллӣ барои ҷумҳурии мо чун обу ҳаво зарур аст. Мо танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии ҷумҳуриро устувор карда метавонем».
Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин санади сарнавиштсоз, арзиши сулҳу субот ва моҳияти ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бебаҳо, беш аз пеш, дарк ва қадр менамоем, барои пойдору устувор мондани он ҳамеша саъю талош меварзем ва ҳар сол Рӯзи ваҳдати миллиро бо ифтихору сарфарозӣ ва шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем.
Ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯст бояд дар қалбу шуури худ эҳсоси наҷиби ваҳдатро парвариш диҳад ва барои таҳкиму тақвияти он ҳамчун арзиши нодири милливу дастоварди бебаҳои замони истиқлол талош намояд.
Ҳамаи мо бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, шукронаи давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибихтиёрро бикунем.
Хусусан, ҷавонони кишвари моро зарур аст, ки пойбанди расму ойинҳои хурофотӣ набошанд, балки аз дастовардҳои муосири илму техникаи ҷаҳон огоҳии бештар пайдо кунанд, диду назар ва ҷаҳонбинии хешро вусъат бахшанд, бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ гарданд ва ҳамқадами шоистаи давру замон бошанд.
Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад.
Дар шароити кунунӣ ваҳдати миллӣ дар заминаи таъмини оромӣ ва рушди ҷомеа ҳамчун омили муҳим аҳамияти нав пайдо карда, моҳияти иҷтимоиву сиёсии он кушода шуда, дар радифи истиқлоли давлатӣ, таъмини якпорчагӣ ва ҳифзи Ватани азиз, ягонагии забону фарҳанг, сулҳу субот ва ҳифзи иҷтимоии ҳар як аъзои ҷомеа, ки арзиши муҳим мебошанд, густариш ёфта истодааст.
Бори дигар ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро бо ҷашни хуҷаставу муқаддаси Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба шумо хушбахтӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.
Бигзор ваҳдати миллии халқи тоҷик ҳамеша пойдору устувор ва ҷовидона бошад!
Рӯзи ваҳдати миллӣ муборак!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Категория: