«Забони миллат — ҳастии миллат»

«Забони миллат — ҳастии миллат»

Соли 2020 ҷилди дуюми китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — «Забони миллат – ҳастии миллат» аз чоп баромад. Он аз сарсухан, 7 боб, 40 фасл ва хулоса иборат буда, дар «Нашриёти муосир» бо сифати баланд ба табъ расидааст.

Тавре Пешвои миллат иброз медоранд, аз рӯзҳои аввали соҳиб­истиқлолӣ барои ғанӣ гардонидани забони адабии тоҷик саъю талош намуда, ҷиҳати рушди он заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд. Ҳамчунин, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул ва барои пешрафти он барномаҳои давлатӣ роҳандозӣ гардид. Ба хотири бузургдошти ин рукни муҳими давлатдорӣ дар қонунгузорӣ тағйирот ворид карда, Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳар сол бо чорабиниҳои илмию оммавӣ таҷлил менамоем. Воқеан, «танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».

Муаллиф ҳадафи аслии чопи китобро дар сарсухан чунин баён кардаанд: «Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳу поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад. Аз ин рӯ, ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳиси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шакарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳас­тиамро бо ҳастии забон пайванд медонам.».

Боби аввали китоб – «Забони тоҷикӣ ва санҷиши замон» аз 6 фасл иборат буда, дар фасли якуми он дар бораи «Ҳуҷуми муғул ва оқибатҳои он дар сарнавишти тоҷикон» сухан меравад. Аз ҷумла, гуфта шудааст: «Ҳамлаи харобиовари лашкари муғул дар сарнавишти халқи тоҷик ва илму фарҳанги он шикасти азиме овард. Мардуми ҷафокашида пас аз он садсолаҳо натавонист шукӯҳу азамати пешинаи худро на дар сиёсату давлатдорӣ ва на илму фарҳанг барқарор намояд».

Муаллиф илова мекунанд, ки муносибати Чингизхон бо мардуми тоҷик хеле ваҳшиёна буд. Дар натиҷа, олимону донишмандон ва мударрисон кушта шуда, як қатор мактабу масҷидҳо, китобхонаҳо аз байн бурда шуданд.

Мақсади асосии онҳо несту нобуд кардани таърих, фарҳанги миллӣ, забон буд, ки ин мазмунро Пешвои миллат дар яке аз баромадҳояшон низ ба ин мазмун зикр кардаанд: «Ҳар як давлат хоҳ хурд бошад, хоҳ бузург бо забон зинда аст ва забон яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад. Барои нест намудани як давлат аввал забон, сипас таъриху фарҳанги онро аз байн мебаранд».

Дар фасли дуюми боби якум зери унвони «Забону адаби тоҷикӣ дар ин давра» ҳодисаҳои таърихии асри XII инъикос гардида, гуфта шудааст, ки дар нимаи дуюми он қарн забони тоҷикӣ, дарӣ, форсӣ оҳиста-оҳиста ривоҷ ёфта, корбурди истилоҳоти забони арабӣ бештар мавқеъ пайдо намуд. Донишмандон, шоирон ва орифони тоҷикзабон, аз қабили Ҷалолуддини Балхӣ, Ҳофиз, Шабистарӣ, Авҳадӣ, Ибни Ямин, Ҷомӣ шоҳкориҳои ҷовидонӣ ба вуҷуд оварданд.

Дар фаслҳои дигари боби якум сухан дар бораи вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дар давраи таназзули ҳукмронии муғулҳо, рушди забон ва фарҳанг дар ҳамин давра, вазъи сиёсиву таърихӣ ва забону адаб дар давраи давлатдории Темуриён рафта, муаллиф ибрози ақида менамояд, ки дар давраи ҳукмронии Темуриён забони тоҷикӣ дар тамоми коргузорӣ, дафтардорӣ, муросилот, идораҳо ҳамчун забони расмӣ ва дарбории онҳо корбурд мешуд.

Қобили зикр аст, ки дар он замони номусоид, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ, шахсони бузургу маърифатпарвар ҷаҳду талош варзиданд, то забону миллатро зинда нигоҳ доранд.

Боби дуюм «Забони тоҷикӣ дар нимҷазираи Ҳиндустон» ном гирифта, аз шаш фасл иборат аст. Дар ин боб масъалаи муносибатҳои дигар қавму миллатҳо бо тоҷикон, аз ҷумла ҳиндуҳо ва ҳифз намудани забони ноби тоҷикӣ дар он кишвар, ташаккули робитаҳои иқтисодиву фарҳангии кишварҳои гуногун ва дигар масъалаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст.

Фасли якум «Густариши забони тоҷикӣ дар Ҳинд ва даврабандии он» номгузорӣ шуда, робитаҳои миёни ҳиндуҳо ва тоҷиконро дар давраи ҳукмронии Сосониён муаррифӣ ва самтҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангро инъикос намудааст. Инчунин, муаллиф нуфузи забони тоҷикиро дар ҳамин давра ба ду давраи бузург, раванди густариши забони тоҷикӣ ва нашъунамои забони тоҷикӣ дар Ҳинд тақсимбандӣ намудаанд.

Фасли дуюм «Раванди густариши забони тоҷикӣ дар Ҳинд аз истилои араб то барқарор шудани сулолаи Темуриёни Ҳинд» унвон гирифта, дар бораи робитаҳои фарҳангӣ ва нуфузи забони тоҷикӣ дар минтақаҳои Ҳинд маълумот медиҳад, ки дар он давра забони аҳли дарбор, забони расмии давлатӣ ва забони фарҳангии онҳо забони тоҷикӣ будааст.

Ҳамчунин, дар он аср аз ҷониби шоирони тоҷикзабони Ҳиндустон дар заминаи забони тоҷикӣ осоре ба чоп расиданд, ки дар таърихи адабиёт шуҳрати баланд доранд. Шахсиятҳои бузурге мисли Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Зиёуддини Нахшабӣ ва дигарон бузургтарин шоирони ҳамон давра ба шумор мерафтанд. Аксар пажӯҳишгарон Амир Хусравро нахустин шоири ҳинди тоҷиктабор номидаанд, ки тавонистааст, рӯҳи ҳиндуҳоро ба ин забони шево тараннум созад ва ормонҳои миллии мардуми кишварашро барои оммаи онрӯзаи Ҳинд баён намояд.

Муаллиф дар ин фасл оид ба ҳаёт ва эҷодиёти Мирсайид Алии Ҳамадонӣ мухтасар ёдовар шуда, зикр мекунанд, ки «Саҳми Мирсайид Алии Ҳамадонӣ дар густариши забон ва фарҳанги тоҷикӣ-форсӣ бузург буда, роҷеъ ба ӯ дар Тоҷикистон вобаста ба ҷашнҳои 680 ва 700-солагии ин мутафаккир мақолаҳои зиёде ба чоп расидаанд».

Фасли сеюми ин боб «Забони тоҷикӣ ва Темуриёни Ҳинд» унвон гирифтааст. Муаллиф роҷеъ ба таъсири муҳити Ҳинд ва фарҳангу тамаддуни он дар забони тоҷикӣ ёдовар шуда, менависанд: «Дар ин се қарн (XVI – XVIII) забону адабиёти мо дар ҳудуди Ҳиндустон доман густурда буд ва осори таърихию фарҳангию адабии олимону адибони ин минтақа на фақат дар тамаддуну афкори мардуми форсизабон, балки дар тамаддуну афкори дигар мардуми дунё таъсири қобили мулоҳиза дорад».

Фасли чоруми ин боб «Сабки ҳиндӣ ва вижагиҳои забонии он» унвон гирифта, дар он ҷиҳати боз ҳам нуфузи бештар пайдо намудани забону адабиёти тоҷикӣ ва форсӣ дар Ҳиндустон аз тариқи шеър, қасида, ғазал, маснавӣ, рубоӣ ва ғайра сухан меравад.

Дар фасли панҷум — «Фарҳангнигорӣ дар Ҳинд» бобати таҳия ва омода намудани луғатнома ва фарҳангномаҳо, аз қабили «Фарҳанги Қаввос», «Фарҳанги зуфонгӯё ва ҷаҳонпӯё», «Туҳфат-ус-саодат», «Фарҳанги Искандарӣ», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Фарҳанги Рашидӣ», «Чароғи ҳидоят», «Баҳори Аҷам», «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот» ва луғатномаҳои «Маҷмаъ-ул-фурс», «Муайид-ул-фузало», «Мадор-ул-афозил» ва ғайра маълумот дода шудааст. Муаллиф иброз менамоянд, ки «Дар ин давра дар ҳамаи соҳаҳои илм ба забони тоҷикӣ осори зиёде навишта шудаанд, ки ин ба анъанаи фарҳангнигорӣ таъсири амиқ расонид. Фарҳангҳо воситаи беҳтарини омӯхтани захираи луғавии забон гардиданд ва ҳамчун дастури асосии истифода аз забони адабӣ шуҳрат пайдо карданд. Аз ин ҷост, ки замон ва рушду нумуи фарҳангнигорӣ дар ин сарзамин дар асрҳои XV – XVI хеле назаррас буд ва яке аз давраҳои пурмаҳсултарин ба ҳисоб меравад».

Фасли шашум «Дастурнависӣ ва дигар осори илмии забони тоҷикӣ дар ин давра» унвон гирифта, дар он оид ба вусъати дастурнависӣ бо забони тоҷикӣ дар ҳамон давра маълумот дода шудааст. Ин фасл фаъолияти шоирони тоҷиктаборро дар Ҳиндустон бо навиштани дастурҳои нисбатан маъруф инъикос намудааст.

Боби сеюми китоби «Забони миллат- ҳастии миллат» (ҷилди 2) «Мақоми иҷтимоии забони тоҷикӣ дар асри XVI» унвон гирифта, аз шаш фасл иборат буда, вазъи сиёсиву иҷтимоӣ мавриди таҳлил қарор дода шудааст.

 «Вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дар ин давра» фасли якуми боби зикршуда аст. Дар он оид ба вазъи сиёсиву иҷтимоии сиёсатмадорон маълумот пайдо кардан мумкин аст.

Фасли дуюм «Забон ва адабиёту фарҳанг дар давраи Шайбониён» унвон гирифта, дар он ба боз ҳам беҳтар шудани манзараи сиёсиву таърихии забону адабиёт, рушду инкишофи илму адаб ва фарҳанг сухан меравад. Муаллиф дар ин фасл қайд мекунанд, ки новобаста аз он ки дар ин давра инкишофи илму адаб рӯ ба пастравӣ овардааст, аҳли адаб дар дарбору масҷидҳо баҳсу мунозираҳои адабӣ, суҳбати шеъру шоирӣ барпо менамуданд. Маълум мегардад, ки дар он давра таваҷҷуҳи ҷомеа нисбат ба илм, адаб, таърих ва фарҳанг зиёд гашта, мехостаанд, ки бештар ба илм рӯ оваранд ва аз осори суханварони барҷаста бархӯрдор шаванд. Суханварон ва шоирони барҷастатарини он давра Бадриддин Ҳилолӣ, Камолиддин Биноӣ, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, Абдурраҳмони Мушфиқӣ ва дигарон ба шумор мерафтанд.

Фасли сеюми боби сеюм «Мулоҳизаҳо роҷеъ ба сабки баёни суханварони асри XVI» оид ба афкори маънавии инсон, ҳодисаю воқеаҳои зиндагӣ ба воситаи услубҳои гуногуни забон ёдоварӣ мекунад. Дар ин фасл гуфта шудааст, ки «Осори хаттии то мо маҳфузмондаи асрҳои XV — XVI бо услуби илмӣ, бадеӣ ва расмии коргузорӣ иншо шудааст. Мероси хаттии ин давра бештар ба услуби бадеӣ, ки ба навъҳои қисса, достон, маснавӣ, қасида, рубоӣ, дубайтӣ, қитъа, мухаммас, латифа ва ғайраҳо нигошта шудаанд, мутааллиқанд».

Пешвои миллат дар идомаи фасл дар бораи асарҳои эҷоднамудаи суханварони ҳамон давра ва фасеҳу таъсирбахш, одию дастраси мардум гардидани он, аз байн рафтани давлати Темуриён ва ба сари ҳокимият омадани давлати Сафавиён ва вазъи сиёсии он маълумоти муфассал медиҳанд. Инчунин, доир ба рушду пешрафти забону адаб таваҷҷуҳ зоҳир намуда, гуфта шудааст, ки дар ин давра қафомонии иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар самтҳои маданият, адабиёт, назм ва ғайра ба назар мерасид, ки онро давраи таназзулу пастрафти забону адаб номидаанд. Бо вуҷуди ин забони коргузорӣ, номарасонӣ, шоирӣ форсӣ будааст.

Боби чоруми китоби «Забони миллат — ҳастии миллат» (ҷилди 2) «Забони тоҷикӣ дар асрҳои XVII -XVIII» унвон гирифта, аз ҳашт фасл иборат аст. Дар онҳо оид ба ҳукмронии давлати Аштархониён дар Мовароуннаҳр ва вазъи сиёсии он, рушди забону адабиёт, услубҳои забонӣ, хусусиятҳои забонӣ ва луғавӣ, хусусиятҳои калимасозӣ, санъати саҷъ ва хусусиятҳои забонии он, истифодаи истилоҳот ва баъзе аз хусусиятҳои дастури забон сухан меравад.

Рушди забон дар он давра ба фаъолияти суханварон пайванд буда, забони тоҷикӣ дар маҳфилҳои адабӣ зиёд истифода мешуд.

Яке аз адибони барҷастаи он давра, ки осори ӯ ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст, Сайидои Насафӣ мебошад. Муаллиф дар идомаи андешаҳояш чунин қайд менамоянд: «Забони асарҳои ин шоир аз забони зиндаи гуфтугӯйии халқ сарчашма гирифтааст. Сайидо сухансароест, ки забони шеъри тоҷикро ба забони гуфтугӯйии халқ наздик кардааст. Ашъори ӯро мутолиа карда, бевосита гуфтугӯ ва тарзи баёни халқи одиро эҳсос намудан мумкин аст. Дар шеърҳои ӯ гӯё худи халқ ба забон омада, ба калимоту ибороти хоси худаш ба гуфтугӯ даромадааст».

Дар фаслҳои боби зикршуда оид ба хусусиятҳои луғавии забон сухан рафта, дарҷ мегардад, ки забон ҳама ҳодисаеро, ки дар ҷомеа рӯй медиҳанд, инъикос менамояд. Зеро вазъи сиёсиву иқтисодӣ, нооромиҳо ва сангиниҳои замон ба рушду инкишофи забону адаб низ бетаъсир нахоҳад монд, чунки давраи ҷоҳилият ба амал омада, мактабу мадрасаҳо, хонаи фарҳанг, идораҳо дар мадди аввал аз фаъолият бозмемонанд.

Боби панҷуми китоби «Забони тоҷикӣ дар асри XIX» унвон гирифта, аз шаш фасл иборат аст. Дар фаслҳои он оид ба вазъи сиёсиву иҷтимоии давраи ҳукмронии Манғития, вазъи забону адаб, фарҳангнигорӣ дар асрҳои XVI — XIX, ҷараёни маорифпарварӣ ва мақоми он дар инкишофи забони адабии тоҷикӣ, таҳаввули таркиби луғавӣ ва такмили сохти дастурӣ сухан меравад.

Муаллиф дар идомаи фасл оид ба давлатдории манғитҳо ва вазъи забону адаб дар ин давра маълумот дода, қайд намудаанд, ки нимаи дуюми асри XIX марҳилаҳои душвори рушди забони адабии муосири тоҷик ба шумор мерафт, зеро сабку услуби забони тоҷикӣ дар ин аср забони классикӣ буда, бештар аз луғати арабӣ таркиб ёфта буданд. Баъдтар забони тоҷикӣ боз ҳам душворфаҳм шуда, ибораороиҳои зоҳирӣ, ҷумлабандиҳои мураккаб ва пурпечутоб бештар мавриди истифода қарор дошта, дар он калимаҳои номафҳуми арабӣ ба назар мерасиданд.

Шахсиятҳои барҷастаи ин давр Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Шамсуддин Шоҳин, Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ, Нақибхони Туғрал ба шумор мерафтанд, ки онҳо дар шеъру шоирӣ ва суханофаринӣ маҳорати беандоза доштаанд.

Инчунин, дар он давра фарҳанг­нигорӣ низ дар авҷи аъло расида, фарҳанги «Бурҳони қотеъ» бо фарогирии зиёда аз 20000 моддаи луғавӣ ҷойи намоёнро ишғол намудааст.

Дар баробари инкишофи илму адаб соҳаи маориф низ дар асри XIX рушд намуд, ки нақши маорифпарварон ва равшанфикрони замон бетаъсир намондааст. Яке аз шахсияти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии он давра Аҳмад Махдуми Дониш буд. Муаллиф дар идомаи фасл қайд менамоянд: «Забони асарҳои маорифпарвар Аҳмади Дониш хусусиятҳои зиёди сабку услуби классикии тоҷикро дар бар гирифта, дар онҳо ба маъноҳои пешин ва ё мафҳумҳои махсус истифода шудани як гурӯҳ калима ва таъбирот мушоҳида мегардад».

Боби шашуми китоб «Вазъияти забони форсӣ ва дарӣ дар Эрону Афғонистон» унвон гирифта, аз чор фасл иборат аст.

Фасли якуми он «Вазъи сиёсиву таърихӣ ва иҷтимоӣ дар давраи Қоҷория» ном дошта, дар он оид ба вазъи сиёсиву таърихӣ ва иҷтимоии давлатдории Қоҷориҳо, ки яке аз қабилаҳои турки озарбойҷонӣ ба шумор мерафтанд, сухан меравад.

Фасли дуюм «Забону адаб дар давраи Қоҷория» ном дорад, ки дар он муаллиф оид ба равнақи илму фарҳанг ва забону адаб дар давраи Қоҷория ёдовар шуда, дар идома таъкид менамоянд, ки давраи аввали ҳукмронии сулолаи Қоҷориҳо барои забони форсӣ мисли давраҳои пешини ҳукмронии турктаборон замони печидагӯйию душворфаҳмӣ буд. Рушду густариши забони форсиро ба ду давра тақсим намуданд, яке давраи сулолаи Қоҷория то ҳукмронии Носириддиншоҳ ва давраи дуюм оғози ҳукмронии Носириддиншоҳ то солҳои бисти асри XX-ро дар бар гирифтааст.

Он давра бо забони форсӣ дар риштаҳои гуногуни илм, ҳикмат, калом, адабиёт, санъат, меъморӣ ва ғайра асарҳои зиёд таълиф шудаанд. Инчунин, аввалин донишгоҳ дар Теҳрон таъсис дода шуд, ки барои рушди забони форсӣ таъсир гузошта, дар он бештар мутахассисони низомӣ ва омӯзиши забонҳо омода мекарданд.

Шахсиятҳои шинохтаи он давра Мирзоаббос Фурӯғии Бастомӣ, Қоонии Шерозӣ, Муҳаммад Фаррухии Яздӣ, Эраҷ Мирзо ва ғайра шоирони барҷаста ба шумор мерафтанд.

Фасли сеюм «Вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии Афғонистон» унвон гирифтааст. Дар он шакли давлатдорӣ ва ҳукмронии воқеӣ дар давлати Афғонистон инъикос гардидааст. Инчунин, дар давраи подшоҳии Темурхон писари Аҳмадшоҳи Дурронӣ, ки майл ба шеъру шоирӣ дошта, бо забони дарӣ шеър мегуфтааст ва ба равнақи илму адаб таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намудааст. Ӯ шахсиятҳои бузурги ҳамон давра, аз зумраи шоирон, нависандагон ва уламоро ба дарбор даъват намуда, дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир менамудааст.

Фасли чорум «Забон ва илму фарҳанг дар ин давра» ном дошта, дар он оид ба забони расмӣ будани забони дарӣ-тоҷикӣ, офаридани асарҳо бо ин забон сухан меравад. Тавре муаллиф бобати ин ­масъала менависанд: «Густариши забон ва адаби дарӣ-тоҷикӣ дар Афғонистон танҳо ба дарбор маҳдуд набуд, балки симоҳои барҷастаи он дар марказҳои маҳаллӣ, мисли Ҳирот, Балх, Бадахшон ва Ғазнӣ вуҷуд доштанд, ки онҳо аз қайду басти дарбор озод ва эҷодиёти онҳо рангоранг ва пурмуҳтаво буда, тараққихоҳӣ ва ҳақиқатнигорӣ дар эҷодиёти онҳо бештар ба мушоҳида мерасад».

На танҳо донистани забону адаб, балки омӯхтани илмҳои дигар шахсро аз ҷаҳолат, нодонӣ, таассуб ва кирдорҳои бад дур карда, инсонро дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, сухандонӣ, рафтору кирдорҳои хуби инсонӣ тарбият менамояд.

Муаллиф хулоса менамоянд, ки «Дар ибтидои асри XX забони модарии мо аз сафарҳои дури байналмилалӣ баргашта, оҳиста-оҳиста дар паҳнои се кишвари бо ҳам ҳамсояи Тоҷикистону Афғонистону Эрон, дар меҳани азалии худ маҳдуд мешавад ва рушду густариши минбаъдаи он ба сарнавишти ин се кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг бо ҳам мепечад».

Боби ҳафтуми китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» «Забони тоҷикӣ дар ибтидои асри XX» унвон гирифта, аз 4 фасл иборат аст.

Дар фасли якум – «Забони тоҷикӣ дар арсаи паёмадҳои нави иҷтимоиву сиёсӣ» оид ба рӯйдодҳои иҷтимоиву сиёсӣ, пайдоиши аввалини рӯзномаву ҳафтаворҳои оммавӣ, ташкили мактаб­ҳои усули ҷадид, рушди маънавиёт, тағйир ёфтани зиндагии мардум дар асри XX, рушди минбаъдаи забони адабии тоҷикӣ, эҳёи осори фарҳанги ниёгон ва дигар масъалаҳо сухан меравад.

Бояд гуфт, ки дар ин давра равияи ҷадидия дар ҷараён буда, калимаи ҷадид маънои «нав, тоза»-ро ифода менамояд. Намояндагони ин равия мехостанд ташкили тарзи зиндагии аврупоӣ, ба вуҷуд овардани ҳама гуна навигарӣ, ворид намудани расму русуми замонавиро ҷорӣ намоянд. Онҳо бештар ғояҳои панисломиро тарғибу ташвиқ менамуданд. Муаллиф дар идомаи фасл таъкид намудаанд, ки «Намояндагони зиёди ҷараёни ҷадидия дар ибтидои солҳои 20-уми асри XX хатоҳои худро хуб дарк карданд ва бо ташвиқи равшанфикрони ҳақиқии миллати тоҷик, аз қабили С. Айнӣ, А. Муҳиддинов ва Т. Зеҳнӣ аз ин ҷараёни дарвоқеъ барои таърихи фарҳангу тамаддуни тоҷик нангин худро дур гирифтанд».

Дар фасли дуюм – «Пайдоиши матбуот ва таъсири он ба забони тоҷикӣ» оид ба равияҳои нави фарҳангӣ дар сабки нависандагӣ ва ворид намудани тағйирот ба таркиби луғавии забон сухан меравад. Дар ин давра рӯзномаву маҷаллаҳо бо забонҳои форсӣ, ӯзбекӣ, туркӣ, озарӣ ва тоторӣ бо муҳимтарин рӯйдодҳо нашр шуда, ба кишварҳои Осиёи Миёна низ дастрас мешуданд, ки боиси пайдо шудани калима ва истилоҳоти нав мегардиданд.

Муаллиф таъкид мекунанд, ки рӯзнома ва рӯзноманигорӣ дар сарзамин нисбат ба кишварҳои форсизабон дертар ба вуҷуд омад. Нахустин рӯзномае, ки бо забони тоҷикӣ нашр шуд, «Бухорои шариф» буд, ки шумораи аввалини он 11-уми марти соли 1912 чоп гардид. Ба ҳамин хотир ҳар сол ин рӯзро ҳамчун Рӯзи матбуот ҷашн мегиранд. Дар рӯзномаи мазкур бедории миллии тоҷикон, ҳисси ватанхоҳиву озодихоҳӣ ва додхоҳии миллати тоҷик, покизагии он ва дигар масъалаҳои марбут ба он инъикос шудаанд.

Фасли сеюми боби ҳафтуми китоб «Сабку услуби калимасозӣ ва истилоҳсозӣ дар ин давра» унвон гирифтааст. Дар он оид ба пайдо шудани дигаргуниҳо, ба майдон омадани равшанфикрон ва шахсиятҳои намоёни фарҳангиву сиёсӣ ва забону адаб, аз қабили Мирзо Сироҷи Ҳаким, Тошхоҷаи Асирӣ, Абдуррауфи Фитрат ва дигарон маълумоти муфассал дода шудааст. Онҳо дар рушди забону адабиёт, махсусан калимасозӣ ва истилоҳсозӣ дар забони тоҷикии асри XX саҳм гузоштаанд.

Муаллиф таъкид менамоянд, ки забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи зиёда аз ҳазорсола вобаста ба тағйироти иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ якранг намонда, мунтазам тағйир ёфтааст ва зина ба зина марҳалаҳои бузургро аз сар гузаронидааст, инчунин дар асри XX хеле босуръат рӯ ба инкишоф ниҳодааст.

Фасли чоруми ин боб «Хусусиятҳои хоси луғавӣ ва дастурии ин давра» унвон гирифта, аз нигоҳи илмӣ омӯхтани масъалаҳои корбурди истилоҳот, шаклҳои гуногуни калимаҳои умумиистеъмол ва дигар масъалаҳои марбут ба истилоҳотро тавзеҳ додааст.

Ҳамин тариқ,  «Забони миллат — ҳастии миллат» (ҷилди 2) вазъи забонро дар давраҳои гуногун мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор додааст. Албатта, пас аз нооромиву нобасомониҳо дар он давраҳои бисёр шадид кас бовар намекунад, ки аз ин забон, фарҳанг ва миллат осоре боқӣ мемонад, вале новобаста ба хунрезиҳо, вайронкориҳо ва харобкориҳо шахсиятҳои бузургу маъруф  забону миллатро зинда нигоҳ доштанд.

Дар китоб, ҳамчунин, дастовардҳои асрҳои XIII -XX ва зина ба зина ба он ноил гардидан зикр гардидааст, ки ҳар як хонанда пас аз мутолиаи он аз таърихи гузашта огоҳ шуда, боз ҳам ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, сулҳу субот ва ҳувияти миллӣ дар қалбаш бедор мегардад. Зеро ба қадри неъматҳои бузург расидан вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди содиқу вафодори кишвар аст.

Шаҳноза БУРИЕВА,

сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манбаъ: http://sadoimardum.tj/maorif/zaboni-millat-astii-millat/

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория: 

 

Меҳмонон

  • Шумораи меҳмонон: 28356303
  • Нишонии IP-и шумо: 3.236.231.61
 

Корбарони онлайн

1 корбари онлайн

 

Обунашавӣ

Ба ахбори рӯзи мо обуна шавед
 

Корбарони нав

  • raisikumita
  • Бекназаров Хамз...
  • Махадшарифзода ...
  • Курбонбеки Занчирбек
  • Шарипов Анвар А...
 

ЗАБОНҲО

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.