Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Интишори сомонаи «Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» (http://www.kumitaizabon.tj)

Асосӣ > ПАРЧАМ – РАМЗИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМ – РАМЗИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 25 Ноябр, 2025 - 17:50
[1]

 “Мо бо Парчами давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор менамоем ва он барои ҳар як фарди ватандӯсту ватанпараст муқаддас аст. Дуруст аст, ки рӯзи 24-уми ноябр – Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шавад”.
 Парчам яке аз муҳимтарин муқаддасоти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мавқеъ ва нақшаи хоссаи худро дар давлатдорӣ, гузаронидани чорабиниҳои расмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа дорад. Баробари соҳибихтиёрии худро эълон кардан ва шуруъ намудан ба тайёр кардани лоиҳаи Конститутсия, инчунин, кори аз нав тартиб додани рамзҳои нави давлатии Тоҷикистон сар шуд. Азбаски рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба вазъи нави ҳуқуқию сиёсии ҷумҳурӣ аз ҷиҳати моҳияту мазмун ва шакли худ мувофиқат намекарданд, Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми июни соли 1991 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул кард. Ба зудӣ комиссияи махсус барои тайёр намудани Парчами давлатӣ ташкил карда шуд. Барои таҳия ва тасвири Парчам озмуни ҷумҳуриявӣ эълон гардид. Хушбахтона, Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ чанд қонуни муфиди заруриро ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима ва қабул кард. Зеро, рамзҳои давлатӣ ифодагари истиқлолияти кишвари мо, иттиҳоди вайроннашавандаи мардум, дӯстиву бародарии намояндагони ҳамаи халқу миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошанд.
Парчами давлатӣ дар Қасри Арбоб 24-уми ноябри соли 1992 қабул шуда аз матои росткунҷаи серахи рангдор сурх, сафед, сабз иборат аст. Ранги аввал, ранги сурх – шуои офтоб, рамзи равшанӣ ва сурхрӯист. Ин ранг маънои анъанавӣ дорад. Парчами Коваи оҳангар аз чарми сурх буд. Рахи дуюм ранги сафед – рамзи тозагӣ ва покӣ, роҳи сафеди зиндагист. Ранги сафед маънои онро низ дорад, ки пахтаи сафеди мо чун шири сафеди модар ҷонбахш аст. Ранги сафед рамзи осоиштагиву сулҳи имрӯзу ояндаи дурахшони мост. Ранги сабз – рамзи табиати сабзу ҳамешабаҳори мо ва чун рамзи сарзамини кишоварзӣ, ҳамчунин шукуфоии кишвар аст.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад. Ба дидани Парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан боло мегирад. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби шаҳрвандон нисбат ба Парчами давлатӣ садоқату эҳтиром ба ҷо оварда мешавад, барои беэҳтиромӣ, мутобиқи Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо муқаррар карда шудааст. 
Тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба андозааш бо риояи дақиқи ҳаҷму ранги асл тибқи Низомнома «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми декабри соли 1999 тасдиқ шудааст, инъикос ёфта буд. 

Моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12-уми майи соли 2007 муқаррар мекунад.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» биноҳое, ки дар онҳо намояндагони шохаҳои ҳокимияти давлатӣ фаъолият мекунанд, аз ҷумла, қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин, дар давраи гузаронидани иҷлосияҳои Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун афрохта мешавад.
Президенти кишвар дар рӯзи таҷлили 15-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таклиф пешниҳод кард, ки дар оянда рӯзи 24-уми ноябр – Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шавад. Зимни ин пешниҳоди Сарвари давлат, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда буд, вакилон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро муҳокима намуданд. Мақсад аз ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ин эҳтиром ва қадршиносӣ нисбат ба рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, аз ҷумлаи муқаддасот ва рамзҳои асосии давлат ба ҳисоб меравад. Ҳамин тавр ба матни банди 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ба мазмуни зайл ворид карда шуд: 
     “Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24-уми ноябр”.
Мутобиқи ин илова рӯзи 24-уми ноябр чун Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Имрӯз вожаи бароямон зебои “Парчам” ба ҳар яки фарди тоҷик чун муаррифии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон азиз аст. Бо дарназардошти ин ва инчунин ба хотири гиромидошти нақши созандаву муассири парчам дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, насли наврасу ҷавонон соли 2010 бунёди манораи бузурги 165 метраи Парчам дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишварамон оғоз ёфт ва он дар арафаи 20-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, мавзеи ҷойгиршавии он “Майдони Парчам” номгузорӣ шуд.
Ҳар як фарде, ки имрӯз ба назди Парчам ва Нишони миллӣ меояд, хуб эҳсос мекунад, ки ин ду рамз ифодакунандаи истиқлол,  иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, мақсаду мароми неки тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудаанд.
Таҷлили аввалин рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламравии ҷумҳурӣ бо як шукуҳу шаҳомат сурат гирифта, бахшида ба ин ҷашн марафон таҳти унвони “Парчами миллӣ – аз Турсунзода то Роғун” идома ёфт. Мақсади ин чорабинӣ таҷлили бошукуҳи ҷашни Парчами миллӣ буд ва иштирокчиёни марафон Парчамро то шаҳраки сохтмончиёни Неругоҳи барқии обии Роғун бурданд ва иброз намуданд, ки ҳарчӣ зудтар сохтмони ин неругоҳ ба анҷом расад. Зеро имрӯз умеди ҳамаи мардуми тоҷик ҳамин НБО Роғун аст, ки аз мушкилии барқ раҳо ёбанд ва зиндагии осуда дошта бошанд. 
Ҷашни Рӯзи парчам – эҳтиром ба руҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тули таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷонисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд. Яъне, ин эҳтиром ба руҳи Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост.
Ҳамин тариқ, аз гузаштаи таърихи бойу ғанӣ ба мо маълум аст, ки дар ҳама давру замон нисбат ба муқаддасоти миллӣ, хусусан, Парчам гузаштагони мо эҳтиром доштанд ва ин нишонаи бузургии давлатдории тоҷикон мебошад, ки то имрӯз корномаҳои онҳо фаромуш нашудааст.
Корманди Кумитаи забон ва истилоҳоти 
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоирзода Абдубасири Раҳим

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

  • Ахбори рӯз [2]
  • [3]
  • [4]

Манбаъ::http://www.kumitaizabon.tj/tg/content/parcham-ramzi-iftihori-milli?mini=2025-08

Пайвандҳо
[1] http://www.kumitaizabon.tj/sites/default/files/field/image/587085967_122181884690462396_4308953422557939568_n.jpg [2] http://www.kumitaizabon.tj/tg/category/%D0%B0%D1%85%D0%B1%D0%BE%D1%80%D0%B8-%D1%80%D3%AF%D0%B7 [3] http://www.kumitaizabon.tj/sites/default/files/gallery/586212586_122181884648462396_9213581153709587916_n.jpg [4] http://www.kumitaizabon.tj/sites/default/files/gallery/587085967_122181884690462396_4308953422557939568_n.jpg