Ахбори рӯз

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 9 Март, 2024 - 14:55

Ҳамватанони азиз!

Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!

Дар ибтидо кулли мардуми Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон – моҳи парҳезгориву эҳсонкорӣ, хайру садақот, бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат сулҳу оромӣ, файзу баракат ва зиндагии босаодат орзу менамоям.

Бояд гуфт, ки ҳикмати парҳезгориву рӯзадорӣ танҳо дар тарки хӯрдану ошомидан маҳдуд намегардад, балки ин моҳи муборак барои мусулмонон василаи эътиқодии муҳим ҷиҳати анҷом додани корҳои хайру савоб, амалҳои писандида, дасту забони пок доштан, гузашт кардану бахшидан, бо сабру таҳаммул будан ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маҳсуб мешавад.

Тибқи оятҳои Қуръони маҷид ва ҳадисҳои набавӣ ҳар як амали нек ва кори хайру савоб дар ин моҳи мубораку шариф нисбат ба моҳҳои дигар бамаротиб беҳтару бузургтар мебошад ва савоби бештар дорад.

Аз ин рӯ, моҳи Рамазон фурсати беҳтарин барои вусъат додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату бесаробонмонда, ниёзмандону дармондагон ва наздикону пайвандон мебошад.

Худованд дар сураи Тавба, ояти 60-ум мефармояд, ки «ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва мискинон ва омилони садақот ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад (яъне шахсони бемору нотавон) ва барои харҷ кардан дар роҳи Худо ва барои мусофирон ва он ҳукми собитшуда аз назди Худо аст».

Охири соли гузашта дар Паёми Роҳбари давлат самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлати Тоҷикистон ва моҳи январи соли ҷорӣ дар маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат оид ба ҷамъбасти соли 2023 дастовардҳои ноилшудаи мардуми кишвар муфассал таҳлил гардида, вазифаҳо барои ояндаи наздик муайян карда шуданд.

Имрӯз мехоҳам доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо ибрози андеша намоям.

Аз ин лиҳоз, тасмим гирифтем, ки дар арафаи фарорасии моҳи мубораки Рамазон бо намояндагони ҷомеаи кишвар, олимону донишмандон, фаъолон ва ходимони дин мулоқот кунем ва масъалаҳои вобаста ба ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла маънавиёту маърифати мардуми мамлакатро баррасӣ ва вазифаҳоро барои бартараф намудани баъзе мушкилоту камбудиҳое, ки дар ин самт ҷой доранд, муайян намоем.

Мехоҳам хотирнишон намоям, ки дар натиҷаи дарки арзишҳои миллӣ ва фарҳангу ахлоқи ҳамидаи мардумамон тайи беш аз сӣ соли соҳибистиқлолии кишварамон ҳазорон нафар соҳибкорону тоҷирон, шахсони саховатпеша ва афроди бонангу номуси ҷомеа сиёсати инсондӯстонаи иҷтимоии давлату Ҳукуматро дастгирӣ карда, бисёр иқдомоти савобу созандаро анҷом доданд.

Онҳо то имрӯз ҳазорон мактабу кӯдакистон, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ, роҳу пулҳо, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ бунёд карда, садҳо ҳазор сокинони мамлакатро бо ҷойи корӣ таъмин намуданд, ҳар сол чор – панҷ маротиба ба оилаҳои ниёзманд ва ятимону маъюбон кумак расониданд ва ҳоло боз бисёр корҳои хайру савобро амалӣ карда истодаанд.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи онҳо барои иқдомоти ватандӯстонаву инсонпарваронаашон миннатдории самимии давлату Ҳукумати мамлакатро изҳор менамоям.

Ана ин аст кори савобу амали хайр, ки боиси ризоияти Худованд гардида, савобу самараи ин амалҳои нек ба ҳафт пушти инсон мерасад ва дар номаи аъмоли ҳам худаш ва ҳам гузаштагонаш, ки ин гуна фарзанди солеҳро ба камол расонидаанд, навишта мешавад.

Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз баракати истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии кишварамон, аз ҷумла дар самти озодии виҷдон шароити созгору мусоид фароҳам гардидааст ва имрӯз шаҳрвандони мо фаризаҳои динии худро озодона анҷом медиҳанд.

Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ мо ба эҳёи арзишҳои миллӣ ва динии худ муяссар шудем ва мардумамон бо мазҳаби аҷдодӣ, бо пирони хирад ва бузургони илму адаби гузашта ҳамаҷониба ошно гардиданд.

Истиқлоли давлатӣ ба мо – миллати тамаддунсози тоҷик – имкон фароҳам овард, ки асарҳои бузургони худро бознашр ва ба мардуми кишвар дастрас намоем.

Бори дигар такрор менамоям, ки ин ҳама аз баракати муқаддастарин неъмати зиндагии халқамон – истиқлолу озодӣ ва дунявӣ будани давлатамон аст, ки барои пайравони ҳамаи динҳо имкониятҳои баробар ва шароити озоду созгори эътиқодиро фароҳам овардааст.

Мардуми мо, ҳамчунин, имкон пайдо намуданд, ки расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ – ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд.

Ҳукумати Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмин намудани озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин хеле корҳои назаррасро ба анҷом расонид.

Дар соли 2009 бо ширкати олимону донишмандони машҳури ҷаҳони ислом ва шахсиятҳои маъруф аз 55 давлати дунё баргузор кардани 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, ки бо номи Имоми Аъзам машҳур аст, як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти маънавии мардуми мо гардид.

Ҳамчунин, бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ ва динӣ – Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон, чопи осори зиёди ахлоқиву илмии мутафаккирони гузашта, ба забони тоҷикӣ тарҷума кардану се маротиба нашр намудани Қуръони карим ва ба мардуми Тоҷикистон дастрас гардонидани он аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки дар ин самт ба анҷом расидаанд.

Бо дастури Роҳбари давлат яке аз тафсирҳои муътабари Қуръони карим – «Тарҷумаи тафсири Табарӣ», «Ҳидоя»-и Бурҳониддин Абӯҳасан ибни Абӯбакр, «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Муқаддима»-и ибни Халдун ва асарҳои дигар мутафаккирони бузурги исломӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр карда шуданд.

Мо тасмим гирифтаем, ки ин гуна иқдомот, аз ҷумла нашри тоҷикии матни Қуръони каримро минбаъд низ идома диҳем, то ин китоби муқаддас барои пок нигоҳ доштани асолати динии мардумамон дар ҳар хонадони кишвар мавҷуд бошад.

Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ муносибат намуда, барои амалӣ гардонидани онҳо усулу воситаҳои заруриро дар сохтори давлатӣ ташаккул дод.

Таъсиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар назди Ҳукумат, Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», бақайдгирии 4 ҳазор иттиҳодияи динӣ, яъне масҷидҳо ва ташкили сафари дастҷамъонаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра аз ҷумлаи иқдомоти дар ин самт амалигардида мебошанд.

Имрӯз дар Тоҷикистон ба 2000 нафар шаҳрванд як масҷид рост меояд, дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3 – 3,5 ҳазор ва дар дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон 5 – 5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон бо ин, дар кишвар як ҷамоатхонаи исмоилӣ, ду кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои исмоилӣ ва 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ фаъолияти озодона дорад.

Соли 2010 аз ҷониби Ташкилоти ҷаҳони ислом оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) пойтахти фарҳанги исломӣ эълон гардидани шаҳри Душанбе далели возеҳи он мебошад, ки тоҷикон дар ҷодаи ҳифзи мероси динӣ, ғанӣ гардонидани он ва умуман фарҳангу маорифи исломӣ дар сатҳи ҷаҳони ислом саҳми арзишманд гузоштаанд.

Ин далел, ҳамчунин, гувоҳӣ медиҳад, ки барои шаҳрвандони мамлакат ҷиҳати амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои динӣ дар замони соҳибистиқлолӣ низ имкониятҳои зиёд муҳайё гардида, таъмини озодии виҷдон дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.

Пас мо чӣ гуна аз соҳибистиқлоливу соҳибдавлатиамон шукрона накунем?

Танҳо соҳибистиқлолӣ ва низоми дунявии давлатамон имкон фароҳам овард, ки миллатҳои гуногун ва пайравони дину мазҳабҳои мухталиф дар кишварамон фаъолияти динию эътиқодии худро дар доираи муқаррароти Конститутсияи мамлакат ва қонунгузории амалкунанда озодона анҷом диҳанд.

Таърихи давлатдории навини тоҷикон ва гузашти вақт дуруст будани интихоби низоми дунявии давлатро дар шароити муосир собит сохт.

Таҳлилу баррасии иқдомоти тайи беш аз 32 сол амаликардаи Ҳукумати Тоҷикистон дар муносибат ба дин нишонаи он аст, ки давлати демократӣ ва дунявии мо дар роҳи таъмин намудани озодии виҷдон қадамҳои устувор гузошта, рисолат ва вазифаи таърихии худро дар назди мардуми эътиқодманд дар сатҳи зарурӣ иҷро карда истодааст.

Давлати Тоҷикистон нисбат ба ҳамаи динҳо назари нек дошта, шароити созгори эътиқодиро барои пайравони онҳо таъмин кардааст ва хусусан, барои рушди дини мубини ислом, ки 99 фоизи сокинони кишвар эътиқодманди он мебошанд, на фақат шароити мусоид муҳайё кардааст, балки ба арзишҳои созандаву инсонпарваронаи он арҷ мегузорад.

Мо ин иқдомотро ҳамчун идомаи корҳои анҷомдодаи гузаштагони некноми худ дар роҳи ҳифзу такомули арзишҳои эътиқодиву ахлоқии дини мубини ислом, поксозии он аз ҳама гуна хурофоту таассуб, ҳимоя аз тафриқаандозӣ ва пойдории асолати диниамон анҷом додем.

Зеро фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит ё Имоми Аъзам поягузори бузургтарин мазҳаби таҳаммулгарои ислом аст, ки шумораи пайравонаш қариб 60 фоизи мусулмонони дунё, яъне беш аз нисфи эътиқодмандони дини исломро ташкил медиҳад.

Хотирнишон месозам, ки сабаби пайравони зиёд доштани мазҳаби ҳанафӣ дар ақлгароӣ ва таҳаммулгароии он буда, ба шароити ҳар давру замон, аз ҷумла замони муосир мутобиқат дорад ва инсонро ҳамчун беҳтарин мавҷуди офаридаи илоҳӣ дар мақоми бисёр баланд мегузорад.

Воқеан, дар замони муосир халқу миллатҳо бо роҳи омӯхтану ихтироъ кардани илму дониш ва техникаву технологияҳои муосир кӯшиш мекунанд, ки арзишҳои миллӣ, дастовардҳои фарҳангӣ ва озодиҳои шахсии худро дар паноҳи давлати соҳибистиқлоли хеш аз таҳдиди ҷаҳонишавии манфиатҳо ва суйиистифодаи арзишҳо ҳифз намоянд.

Пайравӣ аз ойини аҷдодиамон – мазҳаби ҳанафӣ яке аз воситаҳои муассири аз таҳдиду хатарҳо ҳимоя кардани фазои мафкуравии ҷомеаи мо дар шароити муосир мебошад.

Абӯабдуллоҳ Муҳаммад Исмоили Бухороӣ дар шароити вазнини буҳрони «илми ҳадис» аз байни садҳо нафар донандагони маъруфи ҳадисҳои набавӣ ба тоза кардани онҳо камар баста, аз миёни садҳо ҳазор ҳадиси бофта 7 ҳазору 250 ҳадиси саҳеҳро бо коркарди усули илмӣ, мантиқӣ ва таърихӣ ба олами ислом пешниҳод кардааст.

Илми ҷаҳонӣ ва кулли мусулмонони олам «Ҷомеъ – ус – саҳеҳ»-и Имом Бухориро саҳеҳтарин китоб баъди Китоби Худо, яъне Қуръони карим медонанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳикмат ва ахлоқи исломиро ба пояҳои бисёр баланди назм бардошта, дар сарҳади се тамаддун – исломӣ, юнонӣ ва насронӣ пули ҳамдигарфаҳмию таҳаммул бино намуд ва гуфтугӯи фарҳангу тамаддунҳоро ба роҳ андохт.

Маснавии маънавии Мавлавӣ

Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.

Ин шоҳасари бузурги фарзанди миллати тоҷик, ки ЮНЕСКО бо ташаббуси Тоҷикистон доир ба таҷлили 800-солагии он қарор қабул кард, дар зарфи даҳсолаҳои охир дар кишварҳои гуногуни олам бо теъдоди ниҳоят зиёд чоп шудааст ва ба китобе табдил ёфтааст, ки дар миёни мардуми дунё хонандаи аз ҳама бисёр дорад.

Бо гузашти садсолаҳо пули маънавию фарҳангии бунёднамудаи Мавлоно халқу миллатҳои гуногуни оламро ба ҳам овардааст ва имрӯз низ пайравони динҳои мухталиф – мусулмонону насрониёну яҳудиён ба зиёрати оромгоҳи ӯ мераванд ва ному осори ӯро гиромӣ медоранд.

Ман ду бор ба зиёрати оромгоҳи Мавлоно рафтам ва шоҳиди зиндаи маҳбубияти ӯ будам.

Имсол низ бо ташаббус ва пешниҳоди Тоҷикистон дар созмони ЮНЕСКО ҷашни Мавлоно доир мегардад ва фикр мекунам, ки дар муаррифии шоиста ва шинохти беҳтари забону таъриху фарҳанги миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин, таҳкими ҳувияти миллии мо нақши арзишманд мегузорад.

Тамоми донишмандону бузургони миллати мо, аз қабили устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиву Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёниву Абӯалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолиддини Балхиву Шайх Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозиву Камоли Хуҷандӣ, Мирзо Абдулқодири Бедилу Аҳмади Дониш ва устод Садриддин Айнӣ тавассути маърифату худшиносӣ дарк кардани муаммои дунёву охиратро талқин мекарданд.

Бинобар ин, мардуми Тоҷикистон, хусусан, ҷавонону наврасон, ки худро мусулмон ва пайрави мазҳаби ақлгарои ҳанафӣ меҳисобанд, ҳуқуқи маънавӣ доранд, ки аз меросбари шахсиятҳои оламшумули илмию ахлоқӣ будани хеш ифтихор кунанд.

Ҳар фарди ин сарзамин ва ҳар як наврасу ҷавони он, ки бо решаҳои таърихиву забонӣ ва фарҳангиву маънавӣ бо миллат ва халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад, бояд бо ифтихор иброз намояд, ки ман тоҷикам, набера ва меросдори аҷдоди бофарҳанге ҳастам, ки барои рушди илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ, инчунин, ҳифзи асолати дини мубини ислом хизмати басо арзишманд карда, дар олами ислом ҷойгоҳи сазоворро соҳиб гардидаанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Бояд гуфт, ки бо вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус, нисбат ба дини мубини ислом, солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва дар ин замина риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда афзоиш ёфта истодааст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи андешаву назари донишмандони маъруфи улуми исломӣ хурофоту таассуб ва ифротгароии динӣ бо таълимоти инсонпарваронаи дини ислом робитае надорад.

Душманони дини мубини ислом барои коштани тухми нифоқу бадбинӣ, эҷоди ҳисси исломситезӣ, тафриқаи мазҳабӣ дар байни уммати мусулмон ва расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ, ки яке аз онҳо даст ёфтан ба боигариҳои фаровони кишварҳо мебошад, ифротгароии диниро бо ҳар роҳу восита пуштибонӣ ва маблағгузорӣ мекунанд.

Солҳои охир вусъати бесобиқа ёфтани талоши абарқудратҳо барои амалисозии манфиатҳои худ, азнавтақсимкунии дунё, мусаллаҳшавии бошитоб, оғози марҳалаи нави «ҷанги сард», густариши бесобиқаи фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки мутаассифона, хусусияти динӣ касб намудааст, вазъи мураккаби дар пайи пандемияи КОВИД – 19 бавуҷудомада, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини он – хушксоливу камобӣ, норасоии маводи ғизоӣ ва гуруснагӣ вазъи ҷаҳонро мураккабу пешгӯйинашаванда гардонида истодааст.

Яъне имрӯз инсоният дар давраи бархӯрду зиддиятҳои шадиди низомӣ, хушксоливу камобӣ, қаҳтиву гуруснагӣ, таназзули иқтисодиёту иҷтимоиёт ва дар маҷмӯъ, дар вазъи ниҳоят мураккаби таърихи худ қарор дорад.

Бар асари омилҳои зикршуда солҳои охир мо шоҳиди дар чандин кишвари мусулмоннишин тавассути сиёсисозии ислом ё бо таъсиргузории исломи сиёсӣ ноором намудани зиндагии мардум ва халалдор сохтани вазъи амниятии давлатҳо гардидем.

«Инқилобҳои ранга» ва дигар равандҳои ба онҳо монанд, ки мисли ҷанги таҳмилии шаҳрвандии Тоҷикистон тарҳрезӣ шуда буданд, аз куҷо сарчашма гирифта, ба куҷо оварда расониданд, имрӯз ба ҳеҷ кас пӯшида нест.

Сиёсикунонии дин як раванди сунъӣ буда, дар таълимоти ислом ҷойгоҳе надорад.

Зеро дини ислом аз оғози пайдоиши худ сиёсӣ набуд ва сархати таълимоти онро нахуст хондану омӯхтан, сипас имон овардан ба Худо ва шинохти ягонагии ӯ ташкил медиҳаду халос.

Дар вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир мо вазифадорем, ки ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ ва амнияти давлату ҷомеа дар баробари риояи талаботи қонунҳои давлати дунявӣ ба арзишҳои динӣ оқилона муносибат намуда, ҳам арзишҳои созандаи дини исломро ҳифз намоем ва ҳам пеши роҳи паҳншавии тафриқаандозиву ифротгароиро гирем.

Ман чунин мешуморам, ки нисбат ба ин масъала бетарафӣ ё муросокорӣ кардан баробар ба ин аст, ки саодати худ ва фарзандони хешро барҳам занем.

Чунки бетарафӣ ҳам барои давлат ва ҳам барои миллат ба чӣ гуна ҳодисаву фоҷиаҳо боис мегардад, насли калонсоли кишвар ва аксари дар ин толор нишастагон хуб медонанд.

Агар яке аз сабабҳои ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашидани аҳолӣ истифодаи ғаразноки эҳсоси динии мардум бошад, дигар омили асосӣ бетарафию бетафовутӣ нисбат ба тақдири давлат ва миллат буд.

Беш аз 150 ҳазор нафар кушташудагон, як миллион гурезаҳои иҷборӣ, зиёда аз 50 ҳазор кӯдакони ятим, миллионҳо нафар одамоне, ки азизони худро аз даст доданд ва миллиардҳо сомонӣ зарари иқтисодии он рӯзҳо ҳанӯз аз хотираи мардум нарафтаанд ва дар иқтисодиёту зиндагии мо имрӯз низ эҳсос мешаванд.

Яъне вақти он расидааст, ки мо бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, аз ҷумла ифротгароиву терроризм сарҷамъона мубориза барем ва дар кишвар волоияти қонунро таъмин намоем.

Худатон мулоҳиза кунед, ки дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 34 масҷид, аз ҷумла 17 масҷиди ҷомеъ, 15 калисо ва 2 куништ фаъолият дошт.

На ҳаҷ буд, на ҳоҷӣ буд, на умра буд, на донишкадаи исломӣ ва на шумораи зиёди масҷидҳои панҷвақтаю ҷумъахонӣ.

Вале бо вуҷуди чунин маҳдудиятҳои қатъии он замон на ифротӣ буд, на террористи динӣ ва на фитнаву дасисаи динӣ.

Имрӯз дар Тоҷикистон 4 ҳазор масҷид, Донишкадаи исломӣ, ниҳодҳои диншиносии илмӣ, беш аз 250 ҳазор нафар ҳоҷиён, бештар аз 400 ҳазор умракардагон ва ҳазорҳо нафар ходимони дин – дастпарварони муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷиву ватанӣ дар фазои озодиҳои истиқлол тарбия ёфтаанд.

Дар пойтахти Тоҷикистон яке аз бузургтарин масҷидҳо дар минтақа бунёд карда шуд.

Сохтмони бинои наву ҳозиразамони Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо санъати баланди меъмории миллӣ босуръат идома дорад.

Вале бар ивази ҳамаи тадбирҳои то имрӯз амалигардида ва дастгириву пуштибонии давлату Ҳукумат ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мамлакат таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастиву зиёдаравӣ, ифротгароӣ ва амалҳои террористии хусусияти динидошта ба омили ташвишовар ва нигаронии ҷиддӣ табдил ёфта истодааст.

Махсус таъкид месозам, ки ин раванд ба мақому ҷойгоҳи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии Тоҷикистон, ки имрӯз дар ҷаҳон ҳамчун кишвари дар ҳалли мушкилоти глобалӣ ташаббускору пешсаф эътироф гардидааст, бетаъсир намемонад.

Мо акнун номи бади «ҷанги бародаркуш»-ро, ки ба миллати куҳанбунёду фарҳангӣ ва тамаддунсозамон таҳмил карда буданд, аз зеҳну хотираҳо тоза карда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва муҳимтар аз ҳама, ба ҳайси кишвари ташаббускору созанда ва муаллифи панҷ ташаббуси сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ карда истодаем.

Дар саҳифаҳои таърихи давлатдории миллати тоҷик фоҷиаву рӯйдодҳои сахту сангине сабт гардидаанд, ки бартарӣ пайдо намудани мафкураи тундрави динӣ, таассубгароӣ ва сиёсисозии ақидаҳои динӣ омили асосии онҳо буд.

Барои мисол сарнавишти давлати Сомониёнро мегирем.

Тибқи маълумоти аллома Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» давлати Сомониён дар заминаи худогоҳиву бедории шуури миллӣ ташаккул ёфта, 124 сол фаъолият кард ва маҳз дар натиҷаи тундгароии динӣ ва бегонапарастӣ ба шикаст рӯ ба рӯ гардид.

Рӯҳониёни асолату ҳувиятбохта барои дастгирии бегонаҳо, ки ҳадафи ғасби давлати миллии тоҷиконро доштанд, замина муҳайё карданд.

Дар охири асри ХХ баробари соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон боз ҳам рӯҳониёни ифротгарову бегонапараст бо мақсади гирифтани ҳокимият ва расидан ба қудрат кӯшиш карданд, ки бо шиорҳои исломӣ давлати ҷавони тоҷиконро несту нобуд карда, бо роҳи ба сари мардум бор кардани фарҳанги бегона миллатро бори дигар тобеи дигарон намоянд.

Дар чунин шароити тақдирсоз боз ҳам иддае аз роҳбарону зиёиён нисбат ба тақдири ояндаи фарзандону набераҳои худ бетарафӣ нишон доданд ва ин боис гардид, ки кишвари нав баистиқлолрасидаи мо ба ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ кашида шавад.

Тибқи хулосаи донишмандону коршиносон ва мутахассисони исломшинос тайи чордаҳ асри охир яке аз воситаҳои санҷидашудаи бозигарони геополитикӣ татбиқи барномаҳои «исломи сиёсӣ» мебошад, ки барои амалисозии ҳама гуна тарҳу лоиҳаи муғризонаву манфиатҷӯёнаи онҳо истифода мегардад.

Ҳамватанони мо хуб дар ёд доранд, ки ташкилоти террористиву экстремистии фаъолияташ дар кишвар манъшудаи «ҳизби наҳзат», яъне сабабгори асосии сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз ҷониби бозигарони геополитикӣ чӣ гуна барои амалӣ намудани ҳадафи бунёди давлати исломӣ ва ба сари мардуми мо бор кардани фарҳанги бегона ба майдон оварда шуд.

Омӯзиш ва таҳлили масъала нишон медиҳад, ки барои сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик омили ифротишавии ҷомеа ва пайвастани шаҳрвандон ба созмонҳои террористии хусусияти динидошта дар шароити кунунӣ низ ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад ва дар сурати пешгирӣ нагардидани ин раванд оқибати ногувор хоҳад дошт.

Сохтору мақомоти дахлдори кишвар дар асоси барномаҳо ва дигар санадҳои қабулнамудаи Созмони Милали Муттаҳид, инчунин, меъёрҳои қонунгузорӣ бар зидди таҳдидҳои зикргардида муборизаи муташаккилонаро ба роҳ мондаанд ва Тоҷикистон имрӯз ба сифати кишвари пешсаф дар самти мубориза бо терроризму экстремизм эътироф гардида, дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок мубориза мебарад.

Бо вуҷуди ин, ҳолатҳои ифротишавии баъзе шаҳрвандони мо ва гароиши онҳо ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ба назар мерасанд.

Сабаби асосии чунин вазъият, пеш аз ҳама, дар он аст, ки кор бо мардум дар самти ташаккули маънавиёти солиму созанда ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои маҳаллии вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои ҷавонону варзиш, занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, дигар сохторҳои марбутаи давлатию ҷамъиятӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо пешбурди фаъолияти мафкурасозиро дуюмдараҷа мешуморанд ва ба ин масъалаи муҳим аҳаммияти зарурӣ намедиҳанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 1-уми Конститутсия давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаву иҷтимоӣ эълон гардида, озодии виҷдон ва эътиқод дар қатори дигар ҳуқуқу озодиҳои асосӣ бо кафолатҳои конститутсионӣ таъмин шудааст.

Дар идомаи ин раванд, қонунҳо «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, стратегияҳои миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020 ва 2021 – 2025 қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.

Вале таъкид бояд кард, ки аз ҷониби субъектҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм, аз ҷумла вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти кор бо дин, ҷавонон, занон ва оила, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидораи шаҳрак ва деҳот, инчунин, аҳли ҷомеа татбиқи санадҳои зикршуда дар сатҳи зарурӣ ва мутобиқ ба вазъи воқеӣ ба роҳ монда нашуда, чунин ба назар мерасад, ки онҳо даҳшату фоҷиаи ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро фаромӯш кардаанд.

Ҳарчанд ки дар кишвар бо қарорҳои Суди Олӣ фаъолияти 28 ташкилоти экстремистиву террористӣ манъ шудааст, вале ҳолатҳои шомил шудан ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо ҳанӯз ба назар мерасанд.

Дар 10 соли охир дар мамлакат 6680 ҷинояти дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, аз ҷумла 86 амали террористӣ ва сӯиқасд ба он ошкор ва ба қайд гирифта шуда, 11 ҳолати амали террористӣ ва сӯиқасд ба он пешгирӣ гардидааст.

Дар ин давра бар асари ташвиқоти густурдаи экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани шаҳрвандон шомилшавии ҷавонон ба ташкилоти экстремистиву террористии «Давлати исломӣ» ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, сафарбар гардидани онҳо ба минтақаҳои даргир афзуда, нигарониҳои ҷиддии ҷомеаро ба миён овард.

Тибқи маълумоти фаврӣ зиёда аз ҳазор нафар шахсоне, ки дар кишварҳои хориҷӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона иштирок кардаанд, кушта шуда, ҳазорон нафари дигар беному нишон гардидаанд.

Дар робита ба ин, як нуктаи дигарро таъкид менамоям.

Шахсоне, ки аз таҳсил дар муассисаҳои таълими динии ғайрирасмӣ ва шубҳаноки кишварҳои хориҷӣ бармегарданд, ба фазои динии Тоҷикистон афкори тундраву душманонаро ворид месозанд.

Чунончи, намояндагони равияи «Салафия» ба мазҳаби ҳанафӣ ва асосгузори он Имом Абӯҳанифа назари манфӣ ва ба исмоилия, ки мазҳаби таърихии як қисми аҳолии бумии кишвар мебошад, муносибати хеле хусуматомез доранд.

Пайравони ин равия ақидаҳои намояндагони дигар мазҳабҳоро инкор ва онҳоро ба куфр маҳкум намуда, дар ин замина ихтилофи байнимазҳабиро дар байни мусулмонон тезутунд менамоянд.

Қобили зикр аст, ки аксари шахсони ба «Давлати исломӣ» ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ шомилшуда пайравони таълимоти «Салафия» мебошанд.

Аз ин лиҳоз, бо қарори Суди Олии Тоҷикистон ин равия экстремистиву террористӣ эълон шуда, фаъолияти он дар ҳудуди мамлакат манъ гардидааст.

Бо вуҷуди ин, дар давраи аз соли 2015 инҷониб зиёда аз 2300 нафар шаҳрвандони кишвар ба равияи мазкур шомил гардида, оид ба ин ҳолатҳо 1945 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Боиси нигаронист, ки баъзе имомхатибон пайрави гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ гардида, ғояҳои ифротии онҳоро дар байни намозгузорон ташвиқу тарғиб менамоянд.

Масалан, имоми яке аз масҷидҳои панҷвақтаи шаҳри Конибодом дар ҷараёни таҳсили динӣ дар хориҷи кишвар ба равияи ифротгарои «Салафия» шомил шуда, дар давраи фаъолият дар ин масҷид мунтазам ҷамъомадҳои ғайриқонунӣ ташкил карда, ба як гурӯҳ ҷавонони шаҳр оид ба бартарии равияи «Салафия» нисбат ба мазҳаби Имоми Аъзам таълимоти динии ифротӣ дода, онҳоро ба ин гурӯҳ ҷалб намудааст.

Имоми масҷиди деҳаи Шодиёнаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ғояҳои ташкилоти террористии «Давлати исломӣ»-ро дар байни намозгузорон мунтазам тарғибу ташвиқ кардааст.

Инчунин, сархатибони масҷидҳои ҷомеи марказии шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Гулистон (якнафарӣ), Хуҷанд (2 нафар) ва Конибодом (6 нафар) ҳангоми таҳсил дар муассисаҳои таълими динии хориҷӣ ба ташкилоти экстремистиву террористии «Бародарони мусулмон» шомил шуда, баъди ба Ватан баргаштан ақидаҳои ифротии худро дар байни омма мунтазам паҳн намудаанд.

Ҳамчунин, мубаллиғони ин ташкилоти экстремистӣ – чанд нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Арабии Миср бо мақсади дар кишвари мо ба таври пинҳонӣ роҳандозӣ намудани фаъолияти худ ба Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба ҳайси омӯзгор, инчунин, ба Академияи миллии илмҳо ҳамчун корманд ба кор даромада, бо баҳонаи ба гурӯҳи ҷавонон додани таълими динӣ ақидаҳои экстремистии худро ба онҳо талқин намуда, 124 нафарро ба ташкилоти экстремистиву террористии «Бародарони мусулмон» ҷалб кардаанд.

Солҳои охир аз ҷониби баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди дигар кишварҳои ҷаҳон амалҳои мудҳиши террористӣ содир шуда, ин кирдори ғайриинсонии онҳо ба обрӯи давлати тоҷикон ва миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ иснод оварда истодааст.

Тибқи маълумоти мавҷуда дар се соли охир 24 нафар шаҳрвандони мо дар 10 кишвари дунё ба амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар анбӯҳи одамон таркондани худ даст задаанд.

Ҳол он, ки худкушӣ на ҷиҳод, балки гуноҳи азим ва хилофи таълимоту талаботи дини мубини ислом мебошад.

Дар сураи «Бақара»-и Қуръони маҷид, ояти 95-ум омадааст, ки «хештанро бо дастҳои худ ба ҳалокат наафканед».

Ин амалҳо аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатҷӯй ва хадамоти махсуси баъзе кишварҳо тарҳрезӣ мешаванд ва онҳо аз бемаърифативу бетаҷрибагӣ ва ноогоҳии баъзе ҷавонони мо истифода мекунанд.

Мо аз ҳадафҳои ғаразноки душманони миллати тоҷик огоҳ ҳастем ва ҷиҳати пешгирии онҳо тамоми чораҳои заруриро андешида истодаем.

Дар ин раванд, роҳбарияти давлат ҷиҳати бахшиши гуноҳ ва ба зиндагии осоишта ҳидоят намудани шахсони ба ҷиноят дастзада пайваста чораҷӯӣ менамояд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ 17 маротиба санадҳои авф қабул гардида, зиёда аз 170 ҳазор нафар ҷинояткорон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод карда шудаанд.

Илова бар ин, бо иқдоми башардӯстонаи роҳбарияти мамлакат ба қонунгузории ҷиноятӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, муқаррар гардид, ки дар сурати ихтиёран даст кашидани шаҳрвандон аз иштирок дар фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, инчунин, қатъ кардани иштироки минбаъда дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди дигар кишварҳо онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Бо истифода аз ин имконият дар даҳ соли охир 1640 нафар ба Ватан баргаштанд ва парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо қатъ карда шуданд.

Танҳо соли 2023-юм 328 ва дар ду моҳи соли ҷорӣ 140 нафар шаҳрвандон аз ин имконият истифода кардаанд.

Аммо ҳоло 4075 нафар шаҳрвандони кишвар барои содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ дар кофтуков қарор доранд.

Вобаста ба ин, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадор карда мешаванд, ки корро дар самти ба Ватан баргардонидани онҳо, инчунин, бо ҷойи корӣ таъмин намудани чунин шахсон ва шаҳрвандони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда ба таври қатъӣ ҷоннок намоянд.

Бо ин мақсад зарур аст, ки дар назди Прокуратураи генералӣ ситод оид ба баррасии муроҷиатҳои шахсони барои содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ дар кофтуков қарордошта таъсис дода шавад.

Мо ба ин шаҳрвандон бори дигар муроҷиат мекунем, ки фирефтаи ҳар гуна дасисаҳо нагардида, фикри падару модар, фарзандон, обрӯи давлат ва миллатро кунанд.

Онҳо метавонанд дилпурона ба Ватан баргарданд ва аз имкониятҳои дар қонун пешбинигардида истифода намоянд.

Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки гароидан ба гурӯҳҳои тундрав, даст задан ба амалҳои террористӣ ва бадном кардани давлату миллат оқибатҳои ногувор дорад.

Онҳо бояд дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб кунанд, рафтору кирдорашонро ба манфиати худ, оила, давлат ва ҷомеа ба роҳ монда, бо истифода аз фазои сулҳу оромии кишвар ва имкониятҳои фароҳамовардаи давлат ба касбомӯзӣ ва аз худ намудани илму дониш машғул шаванд.

Дар ҳоле, ки аксар кишварҳои исломии ҷаҳон босуръат рушд карда, бо омӯзиши илмҳои муосир ҳатто барои фатҳи кайҳон кӯшиш менамоянд, дар ҷомеаи мо гароиши баъзе шаҳрвандон ба хурофотпарастиву ифротгароӣ ва таҳсилоти ғайриқонунии динӣ афзоиш ёфта истодааст.

Ҷавонон аз кишварҳои исломӣ дар пешрафтатарин муассисаҳои таҳсилоти олии дунё таҳсил мекунанд, вале мардуми мо ҳанӯз дар фикри чӣ савоб асту чӣ убол, чӣ ҳалол асту чӣ ҳаром, ҳаҷравӣ, умраравӣ ва ҳоҷиошиву ҳоҷиталбон банд мондаанд.

Дар давраи аз соли 2020 то соли 2023 дар кишвар 680 ҳолати ба таълими ғайриқонунии динӣ фаро гирифтани 5000 нафар таълимгиранда ошкор карда шудааст.

Танҳо соли 2023-юм 300 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ошкор ва ҷалби беш аз 4100 нафар пешгирӣ карда шудааст, ки аз вусъати раванди мағзшуйии кӯдакону наврасон ва ҷавонон дарак медиҳад.

Дар ин давра аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 520 нафар ходимони дин барои чунин қонуншиканиҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар 10 соли охир аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 1320 ҷинояти монеъ шудани волидайн ба гирифтани таҳсилоти миёнаи асосии фарзандон ошкор гардидааст.

Махсус таъкид менамоям, ки таълими ғайриқонунии динӣ дар бисёр ҳолатҳо боиси дар шуури таълимгиранда ташаккул ёфтани фанатизми динӣ ва минбаъд даст задани ӯ ба амалҳои экстремистиву террористӣ мегардад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари шахсони ба ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ дастзада дар даврони наврасӣ ба таълими ғайриқонунии динӣ ҷалб гардидаанд ва аз таҳсил дар мактаби миёна дур мондаанд.

Масалан, аксари аъзои гурӯҳи террористие, ки шаби 6-уми ноябри соли 2019 ба дидбонгоҳи «Ишқобод»-и Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, 6 нафар хизматчиёни ҳарбиро ба ҳалокат расониданд, қаблан дар дохил ва хориҷи кишвар таълимоти ғайриқонунии динӣ гирифта буданд.

Дар ҷараёни ин ҳуҷум яке аз аъзои гурӯҳи ҷиноятии мазкур – зани калонсол сарбози дидбонгоҳро, ки ба ӯ бинобар зан – модари солхӯрда буданаш бовар карда, бе силоҳ ба наздаш омада буд, бо корд ба ҳалокат расонид.

Тасаввур кунед, ки пиразани 70-сола гӯё набераи худашро ба қатл расонид.

Ҳадафи ин гурӯҳ ба даст овардани силоҳ ва қатли ом кардани аҳолии осоишта, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе буд.

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароит барои таълими динӣ дар хориҷи кишвар пайваста ғамхорӣ менамояд.

Тартиби гирифтани чунин таълим бо қарори Ҳукумат аз 30-юми декабри соли 2011 танзим карда шудааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ тибқи роҳхати мақомоти дахлдори давлатӣ садҳо нафар шаҳрвандони мо ба муассисаҳои таълими динии кишварҳои хориҷӣ фиристода шудаанд.

Бо вуҷуди ин, 4 ҳазору 150 нафар шаҳрвандон бар хилофи тартиби муқарраршуда ба кишварҳои хориҷӣ сафар намуда, ба муассисаҳои таълими динӣ ба таври ғайрирасмӣ шомил шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки санади хатми таҳсил ё дипломи онҳо дар Тоҷикистон эътибор надорад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин шаҳрвандон аз ташвиқоти экстремистӣ ва мағзшӯйӣ осебпазир буда, 156 нафари онҳо дар хориҷи кишвар ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ҷалб гардидаанд.

Аз ин лиҳоз, бо кӯшишҳои Ҳукумати мамлакат дар давраи аз соли 2010 инҷониб қариб 4000 нафар шахсони дар хориҷи кишвар ба таълимоти ғайрирасмии динӣ машғулбуда ба Ватан баргардонида шуда, 205 нафар то ҳол дар хориҷи кишвар боқӣ мондаанд.

Зарур аст, ки ҷиҳати пурра ба Ватан баргардонидани онҳо тамоми чораҳо андешида шуда, онҳо бо ҷойи кор ва таҳсил таъмин карда шаванд.

Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас дар се соли охир тақрибан 400 нафар шаҳрвандони кишвар ва соли 2023-юм 104 нафар, яъне 29 оила, ки аз занон, наврасон ва тифлони хурдсол иборат буданд, аз Сурия ва Ироқ ба Ватан баргардонида шуданд.

Таълими ғайриқонунии динӣ боиси даст задан ба авомфиребӣ, фолбинию ҷодугарӣ, дигар кирдорҳои ношоиста, ғайриқонунӣ машғул шудан ба фаъолияти хусусии тиббӣ ва дар ин замина расонидани зарари моддӣ ва ҷисмонӣ ба шаҳрвандон низ мегардад.

Ҳолатҳои ба табобати ғайриқонунии одамон машғул шудани рӯҳониёни алоҳида дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ошкор гардидаанд.

Масалан, сокини ноҳияи Шаҳринав Сатторов Саидмаҳдихон бо тахаллуси «Шайх Темур», ки қаблан 7 сол барои қаллобӣ аз озодӣ маҳрум шуда, аслан саводи динӣ надошт, худро ҳамчун олими дин муаррифӣ намуда, ба табобати ғайриқонунии динӣ, монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ ба фарзандон ва тамаъҷӯӣ даст зада, барои ин кирдорҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.

Кирдори аз ҳама нафратовар дар ин ҷода даст задани баъзе ба ном рӯҳониён, инчунин, имомхатибон ба амалҳои бадахлоқона бо истифода аз эътиқоди динии шаҳрвандон мебошад.

Дар давраи солҳои 2016 – 2024 дар кишвар зиёда аз 50 ҳолати чунин ҷиноятҳо ошкор ва шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Аслан ин гуна ҳолатҳо зиёданд, вале ман намегузорам, ки амалҳои бадахлоқонаи чунин шахсонро бо телевизион намоиш диҳанд.

Пайғамбари ислом ба назди фолбину ҷодугар рафтанро қатъиян манъ карда, фармудааст: «Ҳар кас ба назди фолбин равад, то 40 рӯз намозаш қабул намешавад ва агар ба гуфтаи фолбин бовар кунад, аз имон хориҷ мешавад…».

Саволи дигар ин аст, ки чаро волидайн ин қадар ба гирифтани таълимоти динӣ, бахусус, дар хориҷи кишвар майлу рағбат доранд, дар ҳоле, ки тибқи санадҳои қабулкардаи нафақат кишвари мо, балки дар аксари давлатҳои дунё санади хатми муассисаҳои таълими динии мамолики дигар эътибор надорад.

Аксари падару модарон ба ин назаранд, ки фарзандашон бо омӯхтани илми исломӣ шарт нест, ки дар сохторҳои давлатӣ кор кунад, мулло ё ходими дин шавад, кофист, мардум ҳам мехӯронанд, ҳам мепӯшонанд.

Қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар танзими рӯзгори мардум, аз байн бурдани хурофотпарастӣ, расму ойинҳои сунъӣ ва серхарҷ иқдоми муҳим маҳсуб мешавад.

Қонуни мазкур бо такя ба аҳкоми шариат, маслиҳат ва машварати уламои маъруфи кишвар қабул шуда, ходимони дин бояд дар татбиқи он баробари мақомоти давлатӣ саҳм гузоранд.

Вале бояд гуфт, ки ҳолатҳои риоя нагардидани тартиби гузаронидани ҷашну маъракаҳо, бахусус, маросими манъшудаи динӣ то ҳанӯз аз байн нарафтаанд.

Танҳо дар давраи солҳои 2014 – 2023 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур 5 620 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.

Ҳамзамон бо ин, таъкид месозам, ки ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи кишвар дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

Аз соли 2016 то имрӯз барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур 19 ҳазору 480 нафар, аз ҷумла 1170 нафар омӯзгорон ва 18 ҳазору 310 нафар падару модарон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Боиси ташвиш аст, ки вайронкунии талаботи қонунҳои миллии зикршуда бештар аз ҷониби баъзе хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорон, ходимони дин, фарзандон ва хешу табори онҳо содир мегардад.

Бинобар ин, мувофиқи мақсад меҳисобам, ки бо дарназардошти таҷрибаи дар ин самт андӯхташуда қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар таҳрири нави ҷавобгӯ ба талаботи замон қабул карда шавад.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда ба тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо, кумитаҳои кор бо ҷавонон, дин, иттиҳодияҳои динӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар тарзу усулҳои муассири пешгирӣ кардани ифротгароӣ, хурофотпарастӣ ва вайронкунии маҳдудиятҳои бо қонун муқарраршударо роҳандозӣ карда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои муассир андешанд.

Мо набояд фаромӯш кунем, ки қонунҳои миллии мо қонуни одӣ не, балки як ислоҳоти маънавию иҷтимоии кишвар буда, фазои мафкуравӣ ва ҳаёти иҷтимоии мардумро аз хурофоту таассуб озод менамоянд.

Қонуни танзим чӣ қадар сабукӣ овард, чӣ одатҳои барои мардум мушкилро аз байн бурд, зиндагии чӣ қадар оилаҳо беҳтар шуд ва чӣ қадар ақди никоҳ зиёд шуд, худатон медонед.

Ҳозирини арҷманд!

Тибқи таҳлилҳои коршиносон дур рафтан аз аслу моҳияти дин, дарк накардани арзишҳои инсонпарваронаи он асоси зиёдаравӣ ва баъзан ба хурофоту ифрот дода шудани шаҳрвандон мегардад.

Дар байни мардуми мо сухане маъмул аст, ки мегӯянд: «Худованд инсонро ҳаст кардааст на ба рӯзи сахтӣ».

Аз ин рӯ, мо бояд дарк намоем, ки асли дини мубини ислом ва мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ аз таъмин намудани шароити беҳтарини зиндагӣ барои худ ва аҳли оила, аз ҷумла фарзандонамон, ки атокарда ва амонати Парвардигор назди мо мебошанд, муҳайё кардани имкониятҳои хуби таҳсил барои онҳо, ки худшиносу худошинос ба воя расанд, ободу зебо кардани хонаву кошонаи худамон ва маҳалли зистамон иборат асту халос.

Дар яке аз ҳадисҳо омадааст, ки «Беҳтарин инсон касест, ки ба мардум нафърасон аст».

Яъне на исрофкорону зиёдаравон, на риёкорону зоҳирпарастон, на ҳаҷрафтагону нафарони дигар, балки касоне, ки нафъашон ба пайвандону наздикон, ҳамсояҳову ҳамдеҳагон, ятимону маъюбон ва дигар ниёзмандон мерасад ва қалби ин қабил инсонҳоро шод менамоянд, шахсони ба Худованд наздик мебошанд.

Дар даврони то соҳибистиқлол шудани кишвар аз 5 миллион аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ 29 нафар маросими ҳаҷро анҷом дода буд.

Аммо дар замони соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди он, ки мо дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба мушкилоти сахту сангини иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардидем ва таъсири манфии онро то имрӯз дар ҳаёти худ эҳсос мекунем, раванди ба ҳаҷ рафтани шаҳрвандон тамоюли зиёдшавӣ касб намуд.

Танҳо соли 2023-юм 63 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар маросими ҳаҷ ва умраро адо кардаанд ва маблағи ба ҳисоби миёна харҷнамудаи онҳо ба беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ баробар шудааст.

Маблағи барои ҳаҷ сарфкардаи шаҳрвандони мо дар замони соҳибистиқлолӣ қариб 12 миллиард сомониро ташкил додааст, ки дар шароити имрӯза, яъне дар замоне, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон раванди манфии пастравии иқтисодиёт мушоҳида мегардад ва дар қариб 80 кишвари дунё мардум аз нарасидани ғизо ва гуруснагӣ азият мекашанд, барои кишвари мо маблағи хеле калон ба ҳисоб меравад.

Агар маблағи мазкур барои бунёди манзили истиқоматӣ, беҳтар кардани шароити зисту таҳсили фарзандон, таъмини ғизои босифат, сару либос ва ашёи хониш, инчунин, дастгирии ниёзмандон ё корҳои ободонӣ сарф мегардид, шароити зисти чӣ қадар оилаҳо беҳтар мешуд.

Хотирнишон месозам, ки мо зидди рафтани мардумамон барои адои ҳаҷ нестем, аммо таъкид месозам, ки ин раванд набояд хусусияти таассубу тақлид ва мусобиқаро касб намояд.

Зеро мо бояд аввал шароити зиндагии худ ва фарзандонамонро беҳтар намоем, аҳволи ҳамсояи чапу ростро пурсем, хешу табори ниёзмандамонро дастгирӣ намоем ва баъд нияти зиёрати хонаи Худо кунем.

Мо бояд як нуктаи муҳимро дар хотир дошта бошем: дар шароите, ки мо хонаи обод надорем, макони зистамон ба талабот ҷавобгӯ нест, фарзандонамон ба сару либос, китобу дафтар ва дигар ҷиҳози хониш эҳтиёҷ доранд, ба падару модари худ хизмат карда, дили онҳоро аз худ шод накардаем, аз вазъи наздикони худ огоҳ нестем, зиёрати мо ба талаботи ислом ҷавобгӯ нахоҳад буд.

Тибқи муқаррароти шариати ислом писарон ва бахусус, духтарон баъди расидан ба синни 9 – 10 солагӣ бояд утоқи алоҳидаи худро дошта бошанд, бояд алоҳида хоб раванд.

Баъзеҳо тавассути маблағи фарзандонашон, ки аксаран дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, худашон фарзандони хурдсол доранд, ҳатто бо гирифтани қарз ва зери бори гарони зиндагӣ қарор додани аҳли оила ба умра мераванд, яъне раҳм ба ҳоли зану фарзанди худ намекунанд.

Ҳоло ҳам ҳастанд шахсоне, ки баъди бозгашт барои ташкили маросими ҳоҷизиёрат боз ду баробар зиёдтар маблағ сарф мекунанд.

Дар натиҷа ба сабаби адои ҳаҷ ё умраи як нафар тамоми аҳли оила муддати дароз ба душвории молиявӣ гирифтор мегардад.

Дар Қуръон такрор ба такрор гуфта мешавад, ки «Аллоҳ ҳеҷ касро аз тавоноияш зиёдтар вазифадор наменамояд».

Аммо маҳз ба сабаби надонистанамон ба таассубу хурофот дода шуда, чунин маъракаҳои серхарҷро доир менамоему ҳам талаботи динро риоя намекунем ва ҳам барои аҳли оила мушкилӣ эҷод мекунем.

Ҳол он, ки тибқи фармудаи олимони соҳаи дин савоби умра камтар аз савоби як моҳ рӯза доштан аст.

Бисёриҳо бар ин назаранд, ки ҳаҷ ё умра гуноҳи онҳоро пок месозад, ки ин фаҳмиши берун аз мантиқ ва моҳияти дин аст.

Бахусус, вақтҳои охир тамоюли зиёд рафтани занон, ҳатто ҳамроҳи худ бурдани кӯдакони хурдсол, ки на қобилияти дарки каломи илоҳиро доранд ва на моҳияти зиёрати хонаи Худоро медонанд, боиси ташвиш мебошад.

Зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари занон, ки адои ҳаҷ ё умра мекунанд, баъди бозгашт ба хотири фарқ кардан аз дигарон либосҳои бегонаро ба бар карда, василаи тарғиби он мегарданд.

Ҳамватанони азиз, ҳозирини гиромӣ!

Ҳаҷ низ чун намоз як василаи парҳезгориву тавба кардан аст, ки инсонро ба сарфаю сариштакорӣ ва инсони комил будан ҳидоят мекунад.

Ин гуна имконият барои ҳар яки мо тавассути рӯзе панҷ маротиба намоз хондан ё соле як маротиба дар моҳи шарифи Рамазон рӯза доштан муҳайё мебошад.

Худованд парҳезкориро дӯст медорад ва парҳезкор будан, албатта, хуб аст.

Аммо маънои парҳезгорӣ танҳо бо нахӯрдани таом маҳдуд намегардад, балки худдорӣ аз ҳама гуна корҳои зишту нораво, исрофкорию зиёдаравӣ, хурофоту таассуб ва монанди инҳоро дар назар дорад.

Фаромӯш набояд кард, ки шуҳратталабиву намоишкорӣ ва худро аз дигарон боло гузоштан на ба Худо хуш меояду на ба бандаҳои Худо!

Баъди аз ҳаҷ баргаштан тағйирот дар сару либос, карру фар дар рафтор, оростани маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбону ҳоҷибинон, ана дар ҳамин аст, тафриқаандозӣ, намоишкорӣ, худро дар ҷомеа фарқкунанда нишон додан, ки гӯё аз дигарон бартарӣ дорам, яъне шуҳратталабӣ дида мешавад.

Ҳол он, ки дар Каломи осмонӣ чунин омадааст: «Худованд ба суратҳои шумо ва дороиҳои шумо нигоҳ намекунад, лекин Худованд ба дилҳои шумо ва кирдорҳои шумо менигарад».

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба роҳбарону мутахассисони соҳаи дин, ходимони дин, ки дар назди мардум ва Худову Расул эҳсоси масъулият доранд, кормандони Академияи миллии илмҳо ва дигар донишмандоне, ки масоили диниро хуб медонанд, муроҷиат мекунам, ки бо мардум кор кунед, роҳи дурусти диёнату маърифатро нишон диҳед, то ки одамон сиёҳро аз сафед ва зиёнро аз фоида фарқ карда тавонанд.

Дар ин замина, Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад мефармоянд: «Касе, ки барои шуҳратталабӣ амалеро анҷом диҳад ва касе, ки аз рӯйи риё (худнамоӣ) амале анҷом диҳад, то мардум бузургаш доранд, Худованд ба сабаби изҳор намудани риёкорияш, яъне худнамоияш дар назди мардум дар рӯзи қиёмат шармсор месозад».

Ин сухани ман нест, сухани Пайғамбар аст, ки дар ҳадиси саҳеҳ омадааст.

Шариати исломӣ ҳаҷро ба шарти муайян як маротиба воҷиб гардонидааст!

Зеро Паёмбари ислом низ як маротиба ҳаҷ кардаанд.

Дар хусуси умра ҳаминро бояд гуфт, ки умра фарз нест ва адокунандаи умра ҳоҷӣ нест, зеро бо адои умра адои ҳаҷ аз гардани шахс соқит намегардад.

Бори дигар таъкидан баён медорам, ки умра ба кас мартабаи ҳоҷӣ намедиҳад, ин баробар ба адои намоз аст, зеро дар баробари намоз як рукни ислом аст, тавре, ки мегӯянд, Аҳмад рафт Маккаву Мадина, омад ҳамон Аҳмади порина!

Шох набаровардааст.

Савобро барои худаш гирифтааст.

Ду гурӯҳи одамон ҳастанд, ки метавонанд ба ҳаҷ нараванд: аввал ашхосе, ки хизмати падару модарро адо мекунанд, бахусус, нафароне, ки волидайни дастнигару мунтазир, яъне маъюб, пиронсол ва нодор доранд.

Дигар ашхосе, ки хайру садақоти ҷория мекунанд, амсоли роҳу мактабсозӣ, об кашонидан, пул бунёд кардан, яъне амале, ки самараи он ба ҷамъият мерасад ва ин аъмол ба садақаи ҷория дохил мешавад.

Адои умра ба шахс танҳо савоб меораду халос ва муъмин метавонад дар ватани худ савоби аз он ҳам бештарро бо амалҳои некаш пайдо намояд.

Магар дуруст аст, ки бародар, хоҳар, фарзандон ё ҳамсояву ҳамдеҳаи мо гурусна бошанду мо маблағи зиёдро сарф намуда, ба хонаи Худо равем?

Ва ё дар манзили мо шароити мусоид барои фарзандон нест, дар хона фарзандони ноболиғ дорем ва ҳанӯз вазифаҳои падарию модариро иҷро накардаем, вале рӯ ба хонаи Худо мекунем.

Чунин ҳолатҳо дар кишвари мо кам нестанд.

Магар бо чунин ойину диндорӣ ва бо чунин мушкилиҳо ба ҷо овардани маросими динӣ мо вазъи зиндагии мардуми худро беҳтар карда метавонем?

Дар ҳоле, ки Худованд хушнудии мардумро хушнудии худ гуфтааст.

Яке аз шахсиятҳои маъруфи илму ирфон Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ низ дар ин маврид хуб гуфтааст:

Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,

Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.

Мавлонои Балхӣ гӯё ҳамин навъ одати зиёдаравии моро хеле барвақт эҳсос карда, гуфтааст, ки Худоро дар як хонаи сангӣ наҷӯед, чунин ҷустани Худо ҷустани нокомил аст, Ӯ Худованди ҳама ҷост, Ӯ дар қалбу дили мардуми олам аст, аз дари дил дар мақому манзалати инсон Ӯро шиносед.

Яке аз бузургони гузаштаамон Аҳмади Ҷомӣ ба талабгорону равандагони роҳи хонаи Худо муроҷиат карда, таъкид кардааст, ки худро шиносед, ки ҳастии Худо дар ҳастии шумо ва манзалати Ӯ дар манзалати худи шумост.

Бо дарназардошти он ки шариати исломӣ тибқи суннати Паёмбар маросими адои ҳаҷро ҳамчун фарзи ба шарт як маротиба эълон кардааст, ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Маркази исломшиносӣ ва Шӯрои уламо супориш дода мешавад, ки вобаста ба шароити имрӯза ва имкониятҳои моддии сокинони кишвар дар муддати ду моҳ шартҳо ва тартиби адои маросими ҳаҷро барои шаҳрвандони мамлакат омода намоянд.

Ба Шӯрои уламои кишвар тавсия дода мешавад, ки доир ба ин масъала дар сатҳи меъёрҳои шаръӣ ва мутобиқ ба мазҳаби ҳанафӣ дар муҳлати ду моҳ қарори дахлдор қабул карда, корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намояд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳоло дар кишвар 3 хона – интернати пиронсолон ва маъюбон бо 384 нафар бошандагон, аз ҷумла 196 нафар пиронсолон 4 хона – интернати беморони рӯҳӣ бо 893 нафар бошандагон, аз ҷумла 842 нафар маъюбони бемориҳои рӯҳӣ, 61 мактаб-интернат, аз ҷумла 14 мактаб – интернати ҷумҳуриявӣ ва 47 мактаб – интернати дорои мақоми маҳаллӣ фаъолият дорад.

Дар муассисаҳои зикршуда 7706 таълимгиранда, аз ҷумла 2508 нафар духтарон, ки аз онҳо 108 нафар ятими кулл, 1431 нафар бе падар, 316 нафар бе модар, 121 нафар бепарастор, 241 нафар фарзандони волидайни бемории сироятидошта, ки аз уҳдаи нигоҳубини онҳо намебароянд, 42 нафар падар ё модари бемории рӯҳидошта, 67 нафар фарзандони волидайни нашъаманд, 1114 нафар аз оилаҳои камбизоат ва 3773 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд зери сарпарастии доимӣ ва ғамхории моддиву маънавии давлат қарор доранд.

Бо ин ҳама исрофкориву хурофотпарастӣ, зиёдаравию каҷравӣ дар дин, намоишкориву риёкорӣ, ифротгароӣ ва баъзан террор, ки гуё ба хотири Худо даст мезанем, як нуктаи муҳимро фаромӯш мекунем: пушти деворамон, дар хонаи ҳамсоя, дар маҳалли зистамон, деҳаамон, ноҳия ё вилоятамон ва дар кишварамон шахсоне зиндагӣ доранд, ки муҳтоҷи кӯмак ва меҳру шафқати мову шумо ҳастанд!!!

Куҷо шуд таълимоте, ки гузаштагони мо мегирифтанд, куҷо шуданд домуллоҳое, ки гузаштагони моро дар чунин рӯҳияи инсонӣ тарбия мекарданд?

Магар ходимони динамон рисолати аслии худро фаромӯш кардаанд?

Ин гуфтаҳо ба он маъно нестанд, ки давлат наметавонад ба бошандагони ин гуна муассисаҳо ғамхорӣ намояд, балки барои тафаккуру андеша кардан ва роҳи дурустро дар зиндагиву рӯзгордорӣ пайдо кардан, аҳли ҷомеаро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, на ифротиву хурофотӣ тарбия кардан аст!!!

Ана ин аст, рисолати ходимони дин.

Паёмбари ислом дар ин маврид мефармоянд: «Он нафаре, ки ятимеро ба сарпарастӣ мегирад, фардо рӯзи қиёмат ҳамроҳи ман якҷо мебошад».

Ҳамватанони азиз!

Ҳар қавму миллате, ки дар рафтори он нишонаҳои ҷаҳолату хурофотпарастӣ густариш меёбанд, он миллат аз зиндагии босаодат маҳрум мегардад.

Инро дар мисоли чандин кишварҳои ҷаҳон дар шароити имрӯза низ мушоҳида кардан мумкин аст.

Аз ин рӯ, мардуми мо бояд огоҳ бошанд ва фирефтаи тарғиботи душманони дину ойин ва миллату мазҳаби худ нашаванд.

Мо мардуми Тоҷикистон ҳамеша дар мазҳаби муътадил ва таҳаммулгарои Имом Абӯҳанифа будем ва намегузорем, ки дар байни мардуми кишвар бо истифода аз эҳсосоти динӣ фикру андешаҳои радикалии динӣ ва экстремистӣ паҳн гарданд.

Дар робита ба ин, як андешаи худро, ки борҳо гуфтаам, бори дигар хотирнишон менамоям: хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад.

Борҳо гуфтаам, имрӯз низ баён медорам, ки хурофот ҷаҳолат аст, ҷаҳолат барои миллат танҳо бадбахтӣ меорад.

Таҷрибаи беш аз сивудусолаи ҳамкориҳои мо бо кишварҳои олами ислом, бахусус, кишварҳои арабӣ нишон медиҳад, ки рӯй овардан ба илм, омӯзиш ва рушди илмҳои риёзиву табиӣ ва техникӣ, истифодаи дастовардҳои пешқадами илмӣ ва татбиқи технологияҳои муосир онҳоро ба тараққиёти бесобиқа расонида, боиси аз байн рафтани фаҳмишҳои шахшуда ва куҳна гардида истодааст.

Барои мисол, суръати рушди кишварҳои мусулмоннишинро дар мисоли Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Кувайт, Баҳрайн, Малайзия ва дигарҳо мегирем, ки бо чӣ суръат рушд карда истодаанд.

Онҳо хуб дарк кардаанд, ки омили наҷотбахши инсоният танҳо илм ва рӯ ба илмомӯзӣ овардани насли ҷавони кишвар аст.

Ба ин хотир, аз ҳама имкониятҳо истифода карда, ҷавононро ба илму омӯзиш ҳидоят намуда, зиндагии босаодати сокинонашонро таъмин карда истодаанд.

Ё ҳодисаҳои чанд соли охирро гирем.

Вақте ки дар ҷаҳон вазъияти пандемия эълон шуд, кӣ тавонист ҷони мардуми худ, халқи худ ва дар умум, инсонҳоро наҷот диҳад?

Албатта, кишварҳое, ки дар онҳо илму техникаву технология ва ҷаҳонбинии илмӣ, сарфи назар аз муносибаташон ба дин, рушд карда, сатҳи маърифатнокию саводнокии аҳолии ин кишварҳо пеш рафтааст.

Мо чӣ кор кардем?

Вақте, ки коронавирус тамоми ҷаҳонро фаро гирифт, кишварҳо дар фикри ихтирои ваксина шуданд, аммо дар мо аз хурофоту нодонӣ дар яке аз ноҳияҳо панҷ нафар як сироятёфтаро дуохонӣ карданд.

Натиҷа ҳамин шуд, ки ҳамагӣ сироят ёфтанд ва аз олам гузаштанд.

Охир бо даму дуо бар зидди вирус мубориза бурда мешавад?

Ё ҳодисаи таги забони кампирро бо мақсади ҷинбарорӣ буридани як муллои ҷодугарро ҳама шунидем.

Бовар кунед, ки ин ҷаҳолат аст!

Дар коғаз, ки худаш маводи кимиёӣ аст, бо ранг, ки инаш ҳам кимиёист, тӯмор навиштану онро об кардану нӯшидан, худро бо дасти худ заҳролуд кардан аст охир!

Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки ояндаи Тоҷикистон низ маҳз аз сатҳи маърифати мардум ва пешрафти илму техника вобаста буда, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳамаи аҳли ҷомеа қарор дошта бошад.

Ходимони дин низ вазифадоранд, ки ҷавонону наврасонро ба омӯзиши илму донишҳои дунявӣ, хусусан, фанҳои риёзиву табиӣ ва техникӣ ҳидоят намоянд.

Имом Ғазолӣ дар китоби «Эҳёи улуми дин» мегӯяд, ки талаби илмҳои ниёзи ҷомеа, ба монанди тиббу ҳисоб ва ғайра фарзи кифоя мебошад.

Ҳамватанони азиз!

Дини мубини ислом гуногунзабонӣ, гуногунфикрӣ ва дорои фарҳанги мухталиф будани халқу миллатҳоро эътироф кардааст.

Масалан, дар Қуръони карим ин матлаб дар ояти 13-уми сураи «Ҳуҷурот» возеҳ баён шудааст:

«Эй мардум, ба дурустӣ, ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо сохтем, то бо якдигар шиносо шавед...».

Яъне дар шакли қавмҳо ва қабилаҳо будани инсонҳо иродаи Парвардигор буда, онҳо аз якдигар маҳз бо миллият, расму ойин, забону фарҳанг, либоси ба худ хос ва дигар унсурҳо бояд фарқ кунанд.

Вагарна, аз кадом қавму қабилаву миллат будани инсонҳо номаълум хоҳад монд.

Бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад.

Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангист, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад.

Имрӯз гурӯҳҳое пайдо шудаанд, ки мехоҳанд барои амалисозии нақшаҳои ғаразноки худ ҳамаро зери як шиор тағйир диҳанд.

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои муътамад дар замони Абӯҳанифа низ олимон ва донишмандони зиёде шоҳиди сӯйистифода аз дин ба хотири манофеи сиёсӣ буданд, аммо касе ба андозаи Абӯҳанифа ҷуръат надошт, ки ба таври ошкоро мухолифати худро бо худсариву қаҷравӣ баён кунад.

Тавре ки имрӯз мушоҳида мекунем, гурӯҳҳои ифротӣ ва бегонапараст кӯшиш мекунанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ бо шиорҳои динӣ моро аз давлату миллати худ, аз асли тоҷик будан ва пояҳои устувори таъриху тамаддуни ниёгонамон дур созанд.

Дар ҳоле, ки ислом либос наовардааст ва ҳамаи миллатҳо ва қавму қабилаҳо либоси миллии худро бо шартҳои исломӣ мутобиқ кардаанду халос.

Воқеият баёнгари он аст, ки ҳар миллат бинобар собиқаи фарҳангии худ дар либоспӯшӣ рафтору анъанаҳои махсус дорад, ки арзишҳои моддиву маънавии гузаштаи онро инъикос менамояд ва ҳар миллат аз рӯйи забон, фарҳанг ва шаклу тарзи либоспӯшияш шинохта мешавад.

Модарону бонувони мо – тоҷикон низ тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекард.

Аз ин лиҳоз, мо бояд ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ воридшавии либосҳои ба ном динӣ, аммо ба урфу одат ва фарҳанги мо бегонаро пешгирӣ намоем.

Магар ба ҷойи тақлид ба либоси бегона босаводу боиффат будан, эҳтироми падару модар ва шавҳарро ба ҷо овардан беҳтар нест?

Кумитаи кор бо занон ва оила вазифадор карда мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо тарроҳони ватанӣ тарҳҳои зебову гуногуни либоси миллиро мувофиқи ниёзҳои эътиқодиву ахлоқии занону хоҳарон ва модарони мо таҳия ва пешниҳод созанд.

Ба Шӯрои уламои Маркази исломӣ тавсия дода мешавад, ки дар муҳлати як моҳ назари худро оид ба масъалаи мазкур дар доираи манфиатҳои давлати Тоҷикистон ва фарҳанги миллӣ бо арҷгузорӣ ба арзишҳои мазҳаби ҳанафӣ муайян намояд.

Муҳтарам ходимони дин!

Шумо хуб медонед, ки ходим, яъне хизматгори дин будан маънии масъулият доштан ҳам дар назди Худо ва ҳам дар назди мардумро дорад.

Чунин масъулияти бузург аз ҳар яки шумо тақозо менамояд, ки, пеш аз ҳама, худатон дар гуфтору рафтору кирдор ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ намунаи ибрати ҷомеа бошед.

Дар марҳалаҳои муайяни таърихӣ сӯйиистифода аз дин ва арзишҳои динӣ аз ҷониби қишри руҳоният боис гардидааст, ки дар зеҳни мардум доир ба мақому шахсияти онҳо тасаввури ғалат пайдо гардад.

Дар натиҷа баъзеҳо мулло ё ходими дин буданро касб медонанд ва чунин ашхос муллогии худро ҳамчун василаи рӯзгузаронӣ истифода мекунанд.

Бояд гуфт, ки муллогӣ касб набуда, балки хизмати холисона дар роҳи Худо барои мардум, яъне ба хотири савоб гирифтан аст.

Масалан, дар баъзе кишварҳои мусулмоннишин ходимони дин барои савоб моҳҳо дар масҷидҳо навбат мепоянд, то ки чанд маротиба имоматӣ кунанд.

Такрор мекунам, ки на барои дарёфти музд, балки ба хотири савоб.

Дар як ҳадиси саҳеҳ таъкид шудааст, ки «Беҳтарин чизе, ки шахс мехӯрад, аз меҳнати дасташ аст».

Аз Бобои Одам (деҳқон) то Паёмбари мо Ҳазрати Муҳаммад ҳама паёмбарон касбу коре (чӯпонӣ, дӯзандагӣ, тоҷирӣ) доштаанд.

Ҳазрати Нӯҳ устои дуредгар, Идрис – дӯзанда, Солеҳ – тоҷир, Довуд – оҳангар, Сулаймон сабадбоф буда, ризқу рӯзии худро аз заҳмати ҳалол ёфтаанд.

Бо заҳмати ҳалол нон хӯрдану аз ҳосили заҳмати ҳалол садақоту хайрот намудан ҷавҳари таълимоти динҳои ҷаҳонӣ ва ислом мебошад.

Тавре ки медонед, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар дар Паёми Роҳбари давлат соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид.

Мақсад аз қабули ин қарор баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани ҳимояи ҳуқуқи инсон мебошад.

Тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмин намудани волоияти он, ба роҳ мондани усули ҳамкории самараноки давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» мебошад.

Дар робита ба ин, мақомоти дахлдори давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли ҷомеа, хусусан, ходимони динро зарур меояд, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳи маърифатнокии аҳолии кишвар, аз ҷумла дарки амиқу бечунучарои муқаррароти моддаи якуми Конститутсия, ки тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи иҷтимоӣ мебошад, махсусан, доир ба моҳияти дунявии давлат масъулияти бевосита зоҳир намоянд.

Ходими дини масъулиятшинос ва дӯстдори Ватану миллату давлат ҳеҷ гоҳ дар корҳои неки тарбияи ахлоқии ҷомеа, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта бетарафӣ намекунад ва саҳми худро дар ободии Ватан ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар мегузорад.

Шумо шояд аз дигарон беҳтар медонеду мефаҳмед, ки ҳубби Ватан, яъне дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон аст.

Ба мардум, хусусан, ба наврасону ҷавонон фаҳмонидани эҳтироми падару модар, шахсони калонсол, одобу ахлоқи ҳамида, бахусус, фарҳанги муоширату муомила дар кӯчаву хиёбон ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, одоби оиладорӣ ва бисёр масъалаҳои дигари иҷтимоӣ вазифаи имониву виҷдонии шумо мебошад.

Яъне масҷид ҳамчун воситаи эътиқодӣ бояд дар ҳаёти ҷомеа нақши арзишманди тарбиявию ахлоқӣ дошта бошад, на макони ғайбату туҳмат, ҷойи баҳсу мунозираи сиёсӣ ё гумроҳ кардани мардум.

Худованд дар ояти 9 сураи «Ҷумъа»-и Қуръони карим одоби масҷидро сароҳатан баён намудааст: «Ва чун намоз поён ёфт, дар замин пароканда шавед ва ризқи Худоро талаб кунед…».

Боре Ҳазрати Умар ба масҷид омад, ки гурӯҳе аз одамон нишаста буданд, фармон дод, ки аз масҷид берун шаванд.

Пас афзуд, ки оё шумо интизоред бароятон аз осмон тиллову нуқра мерезад?

Бархезед ва аз пайи касбу кор шавед!

Ходимони дин метавонанд ва вазифадоранд, ки дар ислоҳи маънавиёти ҷомеа, пешгирӣ кардани бадахлоқиву ҷинояткорӣ, вайроншавии оилаҳои ҷавон, таъмини риояи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим, пешгирии ифротишавии ҷавонон, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дар шароити ниҳоят мураккабу буҳронии имрӯза барои гирифтани пеши роҳи ифротгароӣ қарзи имонӣ ва рисолати шаҳрвандии худро иҷро намоянд.

Кор дар ин самт бояд тавре ба роҳ монда шавад, ки барои ифротӣ шудани як нафар ҳама эҳсоси масъулият дошта бошанд, аз раиси шаҳру ноҳия сар карда, то раиси ҷамоату маҳалла, ходими дин ва волидайну омӯзгорон дар назди қонун ва ҷомеа эҳсоси ҷавобгарӣ намоянд.

Мову шумо бояд шукрона кунем, ки соҳиби Ватани ободу озод ҳастем, аз боду ҳавои он нафас мекашем, бо нону намаку оби ҳамин диёри бостонӣ ба камол расидаем ва фарзандону набераҳоямонро дар муҳити орому осудаи он ба воя мерасонем.

Шукрона кунем, ки мову шумо соҳибватану соҳибдавлат ҳастем, шукрона кунем, ки узви кулли созмонҳои байналмилалӣ ҳастем ва дар қатори кишварҳои ҳатто абарқудрати ҷаҳон соҳиби як овоз ҳастем, шукрона кунем, ки моро дар арсаи байналхалқӣ чун кишвари фаъол, муаллифи панҷ ташаббуси сатҳи ҷаҳонӣ мешиносанд ва эҳтирому эътироф менамоянд.

Пас биёед, ба қадри ин Ватан, ин сарзамини биҳиштосои аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва нону намаки он расем, ба хотири ободии боз ҳам бештари Тоҷикистони азизамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон муттаҳиду сарҷамъона ва софдилонаву содиқона заҳмат кашем.

Нагузорем, ки фарзандони мову шумо, яъне оянда ва баракату саодати минбаъдаи мо василаи дасти дигарон ва боиси бадномии миллати тамаддунсози тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ гарданд.

Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки танҳо кадрҳои замони нав, яъне мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир метавонанд Ватан ва давлатро соҳибӣ кунанд, обод созанд, тараққиёти давлатро таъмин намоянд ва ҷомеаро пеш баранд.

Дар ҳазораи сеюм танҳо давлату миллатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки илму дониши пешрафта ва техникаву технологияҳои замонавӣ дошта бошанд.

Бинобар ин, ҳар яки мо вазифадорем ва дар назди наслҳои имрӯзу оянда, барои тақдири Ватан, давлат ва миллат масъулият дорем, ки рӯ ба мактабу маориф оварем, барои фарзандонамон шароит муҳайё кунем, ки бесавод намонанд, илму дониш омӯзанд ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намоянд.

Ин вазифаи ҷонии падару модарони азиз, аҳли маориф, роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, зиёиён, фаъолон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли ҷомеа, аз ҷумла ходимони дин мебошад.

Бори дигар такрор мекунам, ки мусулмонии мо ва тоату ибодати моро касе аз мо намегирад.

Вале пешрафти давлат, ободии Ватан ва болоравии сатҳу сифати зиндагии мардумро танҳо бо тоату ибодат таъмин кардан мушкил аст.

Талаботи замони нав дигар аст.

Мо бояд хонем, илм омӯзем, илмҳои дақиқу риёзиро рушд диҳем, техникаву технологияҳои навтаринро аз худ кунем, кадр тарбия кунем ва заҳмат кашем, то зиндагии имрӯзаамон нисбат ба дирӯз ва фардоямон нисбат ба имрӯз беҳтар гардад.

Мо бояд сатҳу сифати зиндагии мардумамонро боз ҳам баланд бардорем.

Фарзандонамонро тавре тарбия намоем, ки дастгиру ғамхори мо бошанд, донишманд шаванд, соҳибмаърифат ва мутаххассиси замони нав гардида, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дошта бошанд.

Мову шумо фарзандро барои он ба дунё оварда, ба камол мерасонем, ки дар аёми пирӣ дастгирамон гардад.

Дар хотир дошта бошем, ки роҳбарони гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки фарзандони мову шуморо ба сафҳои худ ҷалб менамоянд, азоби таваллуд кардану ба воя расонидани фарзандони моро накашидаанд, заҳмати бедорхобиро надидаанд ва ба онҳо нону об надодаанд.

Аз ҳамин хотир фарзандони мову шумо барои онҳо ҳеҷ арзиш надоранд, дар як лаҳза онҳоро ба террористи худкуш табдил дода, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ месозанд.

Баъди аз даст додани онҳо танҳо ҷони падару модар месӯзаду халос.

Мо набояд гузорем, ки номи фарзандони мо дар таърихи миллат ҳамчун террорист ё ифротгаро сабт шавад.

Ин дар шаъни падару модари тоҷик ва миллати соҳибфарҳангу бостонии тоҷик айб аст.

Пас биёед, фарзандонамонро тарбия намоем, илм омӯзонем, китобхон кунем ва соҳибкасб гардонем, ки дар зиндагии ояндаи худ азият накашанд, роҳгум назананд, дастёр ва ғамхори падару модар бошанд.

Маҳз ба ҳамин хотир мо ин масъаларо дар сатҳи меъёри Конститутсия қабул намудем.

Мо бояд иттиҳоду ҳамбастагӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллиамонро, ки ҷавшани мо дар муқобили хатарҳои замони муосир мебошанд, чун гавҳараки чашм ҳифз кунем, зеро қудрати мо дар иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқонаи мо ба хотири ободии Ватан ва рушди давлатамон аст.

Ҷавонони азиз, соҳибони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол!

Ман ба шумо муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки истиқлолу озодиро, ки беҳтарин неъмат барои миллати озодихоҳи тоҷик мебошад, ҳифз намоед!

Ин Ватани биҳиштосоро дӯст доред, онро чун амонати аҷдодамон ҳимоя кунед!

Аз тоҷик будани худ ифтихор дошта бошед, зеро гузаштагони мо – фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар рушди фарҳангу тамаддуни башарият саҳми бузург гузошта, роҳи ҷаҳониёнро ба сӯйи ҳамзистиву ҳамбастагӣ мунаввар сохтаанд.

Барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ омода бошед, то дар ин хоки муқаддас хоҳарону модарони шарафманди мову шумо зиндагии осуда дошта бошанд.

Исбот кунед, ки насли Куруши Кабиру Муқаннаъ, Спитамену Деваштич, Темурмалику Восеъ ва ҳазорон фарзонагони далеру шуҷои ин Ватан ҳастед!

Ман ба нангу номус, ақлу заковат, нерӯи зеҳниву ҷисмонӣ, ҳисси баланди истиқлолу озодихоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва шуҷоату ҷавонмардии ҳар яки шумо итминон дорам.

Ҳамватанони азиз!

Борҳо таъкид доштаам ва имрӯз низ батакрор иброз медорам, ки дар зиндагӣ зираку худогоҳ бошед, фирефтаи ҳадафҳои ғаразноки гурӯҳҳои манфиатҷӯ нашавед.

Дар хотир дошта бошед, ки касе дар фикри обод кардани Ватани мову шумо, хонаву дару кошонаи мову шумо нест.

Мо худамон бояд Ватани аҷдодиамонро обод созем ва барои наслҳои оянда як давлати мутамаддину пешрафта ба мерос гузорем!

Ман медонам, ки мо ҳанӯз садҳо мушкиливу камбудӣ дорем.

Мо акнун давлат бунёд карда истодаем!

Аммо бо итминон иброз медорам, ки мо қудрати бартараф кардани ҳама гуна камбудиву мушкилоти мавҷударо дорем.

Мо сангинтарин мушкилоти солҳои ҷанги шаҳрвандиро якҷоя бартараф сохта, ба ин рӯзҳои нек расидем, дар ҳоле, ки баъзеҳо мегуфтанд, ки мо аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест мешавем, аммо нашудем, яъне тирашон хок хӯрд.

Баръакси хостаҳо ва нақшаҳои душманони миллат дигарбора эҳё шудем, давлатамонро аз нестшавӣ ва миллатамонро аз хатари пароканда шудан наҷот додем ва соҳибӣ кардем.

Дур нест рӯзе, ки мову шумо барои худамон зиндагии аз ин ҳам беҳтарро месозем ва номи худро дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт месозем.

Зеро халқи мо – мардуми сарбаланди Тоҷикистон – барои бунёди зиндагии аз ин ҳам босаодату осуда қудрату тавоноӣ доранд!

Бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии моҳи мубораки Рамазон табрик мегӯям.

Ба тамоми мардуми Тоҷикистон саломатӣ, сулҳу субот, хонаи обод, файзу баракат ва ба ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд – дар роҳи ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва ҳифзи арзишҳои асили милливу динӣ барору комёбӣ орзу менамоям.

Саломат бошед!

Манбаъ: http://president.tj/node/32921

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 7 Март, 2024 - 07:00

Модарону бонувони арҷманд ва хоҳарону фарзандони aзиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи модар, яъне ҷашне, ки барои ҳамаи мо бисёр азиз мебошад, самимона табрик мегӯям.

Ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ, хонаи обод ва рӯзгори осуда орзу менамоям.

Басо рамзист, ки ин рӯзи муборак ҳар сол дар рӯзҳои нахустини бедоршавии табиат, бо накҳату нафосати баҳорӣ ва дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил мегардад.

Зеро Зан – Модар сарчашмаву офарандаи ҳаёт, рамзи покиву зебоӣ, махзани меҳру вафо ва таҷассуми зиндаи муҳаббату самимият мебошад.

Модар, нақш ва қадру манзалати ӯ дар ҳаёти инсоният аз ҷониби шоирону нависандагон ва олимону донишмандони халқу миллатҳои гуногуни олам хеле фаровону самимона васфу тасвир гардидааст.

Аз ҷумла яке аз бузургон чунин гуфтааст: «Модар зеботарин калимаест, ки инсон ба забон овардааст.

Модар ягона муъҷизаи табиат аст, ки ҳатто марг наметавонад моро аз ӯ ҷудо кунад.

Қалби модар ҳудуди беинтиҳои меҳру муҳаббат, ғамхорӣ ва бахшидан аст».

Бинобар ин, ҳар яки мо барои шири сафеду ҷонбахш, аллаҳои пур аз умеду орзу, навозишу меҳрубонӣ ва насиҳату дуои модар аз ӯ як умр қарздорем.

Ҳеҷ кадоме аз мо наметавонем, ки заҳмату бедорхобии ҳатто якшабаи модари худро ҷуброн кунем.

Вале ба ҳар ҳол, мо – фарзандон бояд кӯшиш кунем, ки ба қадри модари мушфиқ, ранҷу машаққат ва ғамхориҳои ӯ расем, то метавонем хизматашро ба ҷо оварем ва дуои некашро гирем.

Зеро модар мавҷуди муқаддастарин ва азизатарину бебаҳотарин барои инсон ва сазовору арзандаи ҳама гуна парастиш, дӯстдорӣ ва ғамхорӣ мебошад.

Тамоми сиёсатмадорону давлатдорон, донишмандону нобиғаҳо, бузургони олам, аз ҷумла пайғамбарон дар домони поки модар, бо шири сафед ва навозишу меҳрубониҳои ӯ ба камол расидаанд.

Ин мавҷуди муқаддас дар тӯли умри худ бори гарони зиндагӣ ва тамоми вазниниҳои рӯзгорро аз тарбияи фарзанд сар карда, то танзиму сариштаи ҳаёти оила ба дӯш дорад ва илова бар ин, дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеаву давлат ва иҷрои вазнинтарин корҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои саноату сохтмону кишоварзӣ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолона ширкат меварзад.

Бо муҳаббату самимият ва дӯстдориву қадршиносӣ таҷлил намудани Рӯзи модар гувоҳи он аст, ки давлату Ҳукумат ва ҷомеаи кишвари мо қадру манзалати Зан – Модарро гиромӣ ва азиз медоранд.

Бо дарназардошти он, ки занону бонувон ва духтарони мо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар нақши бисёр арзишманду муассир доранд, давлат ва Ҳукумати мамлакат масъалаи таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро дар маркази сиёсати худ қарор додааст.

Ғамхории доимӣ дар ҳаққи занону бонувон, дастгирии пайвастаи ибтикороти созандаи онҳо, фароҳам овардани заминаву имкониятҳои мусоид барои амалӣ гардидани иқдомоти неку ободгаронаашон натиҷа ва баёнгари ҳамин сиёсат мебошад.

Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба ҳамаи модарони муҳтарам ва бонувону духтарони азизи кишвар барои саҳми арзандаашон дар ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва рушди давлати тоҷикон миннатдории самимӣ баён намоям.

Мо худ шоҳиди зиндаи хизматҳои шоёни модарону бонувон дар мушкилтарину сангинтарин рӯзҳои таърихи давлату миллати тоҷик, яъне замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ҳастем.

Онҳо сиёсати пешгирифтаи моро бо сабру таҳаммул ва самимияту садоқат дастгирӣ карданд, ки ҳаргиз фаромӯш намегардад.

Ҳамчунин, мехоҳам бо эътимоду эҳтиром хотирнишон намоям, ки занону бонувони мо баробар бо мардон боли парвози ҷомеа ва неруи ҳаракатдиҳандаи давлат ба сӯи ояндаи ободу осуда мебошанд.

Бинобар ин, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҳарчи бештар инкишоф додани қобилияти занону бонувон ва духтарон дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани рушди устувори ҷомеа ҳадафи асосии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Имрӯз занону бонувони мо дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолона заҳмат кашида, дар рушди бомароми кишвар саҳми арзишманд гузошта истодаанд.

Аз ҷумла нақши онҳо дар рушди корҳои хонагӣ, косибӣ – бофандагиву дӯзандагӣ, заргариву қаннодӣ, касбу ҳунаромӯзӣ, ҷалби занону духтарони хонанишин ба шуғл, соҳибкасб гардонидани ҷавонон ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳар як оилаи мамлакат қобили таъкид ва таҳсин мебошад.

Бо дарназардошти ин ҳама, мо бояд ба хотири боз ҳам баланд бардоштани мақому манзалате, ки Зан – Модар дар ҷомеа сазовори он мебошад, пайваста кӯшиш намоем.

Ман ба мардони муҳтарам муроҷиат карда, як масъалаи муҳимро таъкид менамоям, ки мо бояд, сарфи назар аз пастиву баландиҳои зиндагӣ босабру таҳаммул бошем, ба хушунату зӯроварӣ дар оила роҳ надиҳем, барои фарзандони худ ва махсусан духтарон шароити илму донишомӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунарро муҳайё созем, то онҳо дар зиндагии ояндаи хеш азоб накашанд.

Қобили таъкид аст, ки нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва инсондӯстиву масъулиятшиносӣ басо муассир аст.

Дар робита ба ин, хотиррасон месозам, ки заҳмату машаққати ба дунё овардани фарзанд ва ба камол расонидани ӯро маҳз модар мекашад.

Ва маҳз ба ҳамин сабаб модар то лаҳзае, ки зинда аст, кӯшиш мекунад, ки фарзандаш саломату хушбахт бошад.

Мо низ орзу мекунем, ки ягон модар доғи фарзанд набинад ва ашки ғам нарезад.

Баръакс, мо мехоҳем, ки дар чашми модаронамон аз хушбахтиву хурсандии фарзандону набераҳояшон ҳамеша ашки шодиро бинем.

Мо – мардон, ки зодаву парваридаи модар ҳастем, вазифадорем, ки эҳтироми Зан – Модарро нафақат дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳар лаҳзаву ҳар соат, ҳамеша ва тамоми умр ба ҷо оварем, ба онҳо ғамхориву меҳрубонӣ ва хизмат кунем ва кӯшиш намоем, ки ба ризоият ва дуои неки онҳо сазовор шавем.

Мардуми мо беҳуда нагуфтаанд, ки «Модар розӣ – Худо розӣ».

Модарону бонувони мо чароғи равшан ва гармии хонадон мебошанд.

Сарриштаи зиндагиву рӯзгори ҳар як оила низ дар дасти онҳост, яъне ҳама чиз, пеш аз ҳама, файзу баракат ва эҳтирому обрӯи хонадон аз модарону занон вобаста мебошад.

Ҳамаи мо аз расонаҳои хабарӣ хуб медонем, ки солҳои охир инсоният ба мушкилоту фоҷеаҳои сахту сангин – ҷангу хунрезӣ, камобиву хушксолӣ, фақру гуруснагӣ ва мушкилиҳои дигар рӯ ба рӯ гардидааст.

Тибқи гузоришҳои Созмони Милали Муттаҳид ҳоло аҳолии даҳҳо кишвари олам аз гуруснагӣ азият мекашад.

Ҳамватанони азизи мо бебориш омадани тирамоҳи гузашта ва зимистони имсоларо дар кишвари худамон мушоҳида карда истодаанд.

Аз ин лиҳоз, модарону бонувони арҷманди мо бояд минбаъд низ дар риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», сарфаю сариштакорӣ ва пешгирӣ кардани ҳама гуна зиёдаравию исрофкорӣ пешсафу намуна бошанд.

Мо набояд ношукрӣ кунем, баръакс, доим дар фикри аҳли оилаву фарзандонамон ва захираи на кам аз дусолаи маводи ғизоӣ барои хонадони худ бошем.

Иҷрои талаботи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дар рӯҳияи илму донишомӯзӣ, азхудкунии касбу ҳунар, ахлоқу одоби ҳамида ва эҳтироми калонсолон тарбия кардани фарзандон, инчунин, ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо низ асосан ба зиммаи модарону занон қарор дорад.

Албатта, дар ин масъалаҳо мардон, яъне падарон низ масъулияти зиёд доранд.

Лекин дили фарзанд ва нияту нақшаи ӯро аз ҳама беҳтар модари мушфиқу меҳрубон мефаҳмад ва ҳис мекунад.

Эътимоди комил дорам, ки модарони азиз ва бонувону духтарони сарбаланди мо суннату анъанаҳои неку созандаи мардуми бостониамонро минбаъд низ идома дода, дар эҳёи расму ойинҳо, таомҳо ва либосҳои миллӣ, эҳтироми таъриху фарҳанги бостонии миллат, пешгирӣ кардани ҳисси бегонапарастӣ, ободии Ватани азизамон, оромии ҷомеаи кишварамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон нақши арзанда ва муносиб мегузоранд.

Бо эҳтиром ба шахсияти муқаддаси Зан – Модар бори дигар тамоми модарони арҷманд ва бонувону духтарони азизи Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи модар – ҷашни фархундаи баҳору зебоӣ ва садоқату муҳаббат самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми онҳо саломатӣ, иқболи нек ва зиндагии босаодати оилавӣ орзу менамоям.

Шумо – модарони меҳрубон, бонувони арҷманд ва духтарони азиз ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки мо – ҷавонмардон ва фарзандонатон шуморо сидқан дӯст медорем, хизматҳои шуморо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем ва шуморо ҳаргиз хору зор шудан намемонем.

Доим саломату хушбахт ва хушҳолу сарбаланд бошед, модарони меҳрубон ва бонувону духтарони азизи кишвар!

Ҷашн муборак, модарону хоҳарон ва духтарону фарзандони азиз!

Манбаъ: http://president.tj/node/32916

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Занон дар меҳвари Паёми Пешво

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 29 Феврал, 2024 - 22:01

Ҳамасола дар арафаи Соли нави милодӣ ҳамчун пайки шодиву иқдоми нек Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои соли оянда ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, амният, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, илму маориф, дар умум, оид ба тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ва ба миён гузоштани вазифаҳои мушаххас ироа мегардад.
Бояд зикр намуд, ки дар низоми муосири давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон Паём санади муҳимми расмӣ буда, барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо ва роҳнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми Тоҷикистон ба ин ҳуҷҷати дастуриву сарнавиштсоз такя намуда, нуктаҳои онро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд.
Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мисли паёмҳои солҳои қаблӣ бар пояи таърихи миллат ва давлатдории миллӣ, худшиносиву ватандӯстӣ, корҳои бунёдкориву созандагӣ ва ояндабинӣ асос ёфта, бо тарзи баёни содаву мавзун ва корбурди ифодаҳои фасеҳ сарчашмаи бузурги омӯзиш ва баҳрабардорӣ аз мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат мебошад. Ҳамзамон, дар баробари дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа, масъалаи марҳала ба марҳала баланд бардоштани мақом ва манзилати занон, фароҳам овардани шароити муносиби фаъолият ва баробарҳуқуқи онҳо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар меҳвари Паёми Пешво қарор гирифтааст.
Аксари таҳлилгарони масоили гендерӣ бар он ақидаанд, ки ҳалли мусбат ва самараноки масъалаҳои гендерӣ, пеш аз ҳама, ба мавҷудияти иродаи сиёсии сарварон вобаста мебошад. Мавҷудияти заминаи устувори меъёрии ҳуқуқӣ дар самти дастгирии ташаббусҳои занон ва мустаҳкам намудани мавқеи он дар ҷомеа аз иродаи устувори сиёсии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии занон дарак медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба заковати азалӣ ва неруи созандаи занони оқилу фарзонаи тоҷик ҳамеша такя менамоянд, зеро онҳо дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслии худ, – таҳкиму устувор гардонидани хонадон, тарбияи шоистаи фарзандони бонангу номус, худшиносу ватандӯст, инчунин, бо заҳмату талошҳои худ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми арзанда доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи баробарҳуқуқии мардону занонро дар меҳвари сиёсати давлатии худ қарор дода, баҳри амалӣ намудани он тайи 32 соли соҳибистиқлолӣ зина ба зина чораҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҷалби занон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои лаёқатманд аз ҳисоби занон дар тамоми соҳаҳо, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин қабул гардиданд:
-Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” (аз 3 декабри соли 1999, №5);
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” (аз 1 марти соли 2005, №89);
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” (аз 19 марти соли 2013, №954);
-Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30 декабри соли 2015, №801);
-Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30 апрели соли 2021, №167);
-Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030 (аз 27 апрели соли 2022, №204) ва ғайра.
Маҳз, натиҷаи ҳамин ғамхорӣ ва дастгириҳост, ки имрӯз дар мамлакат саҳм ва фаъолияти занону бонувон дар рушди давлат самаранок арзёбӣ мегарданд. Зан – бонуи тоҷик дар баробари тарбияи хуб ва боло бурдани сатҳи маърифатнокии фарзандон, инчунин, саҳми онҳо дар хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат хеле арзишманд аст. Тибқи омори соли 2022 аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 дарсад, аз ҷумла, 20 дарсад кадрҳои роҳбарикунанда занон мебошанд.
Хурсандиовар аст, ки дар ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба масъалаи таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, маърифати занону духтарон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Зеро зани маърифатнок метавонад бо заковату ҳушмандӣ на танҳо мавқеи пешоҳангӣ дошта бошад, балки ҷомеаро тарбият намояд. Ҳоло дар кишвар ва берун аз он занону духтарони боистеъдод ва соҳибмаърифат фаъолияти назаррас дошта, сол то сол шумораи онҳо меафзояд: “Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд”. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи соҳибкасб ва дорои маълумоти олӣ гардидани духтарони деҳоти дурдасти кишвар диққати ҷиддӣ дода, барои дар ин самт муваффақ гардидани онҳо ҳамасола теъдоди ҷудо намудани квотаҳои президентӣ зиёд шуда истодааст.
Бояд зикр намуд, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ бо мақсади ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ будани мутахассисони соҳаҳои гуногун бо дастгирии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони кишвар, хусусан, духтарон пайваста кӯшиш менамоянд, ки дар муассисаҳои олии хориҷи кишвар таҳсил намоянд, то ки дар оянда бо илму таҷрибаи омӯхтаашон ба манфиати давлату миллати худ хизмат кунанд. Вобаста ба ин, Пешвои миллат қайд намуданд, ки аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 дарсадашон духтарон мебошанд.
Пешвои миллат дар асоси маълумотҳои оморӣ шумораи занону бонувони соҳибмаълумотро дар муқоиса ба солҳои қаблӣ нишон дода, қайд намуданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд, дар ҳоле ки соли 1989-ум ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд. Ин албатта, аз сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Сарвари давлат дарак медиҳад. Чунки дар баробари эҳтирому арҷгузорӣ ба зан – модар фароҳам овардани шароити мусоид барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтаронро вазифаи ҷонии аҳли ҷомеа медонанд. Ин нуктаро ба таври васеъ дар Паёми хеш соли 2021 чунин баён доштаанд: “Ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъйу талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад.”
Дар соҳаи хизмати давлатӣ фаъолият доштани занону духтарон нишони эътимоду боварии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба неруву дониш, малакаи зеҳнӣ ва мавқеи арзандаи занон дар ҷомеа мебошад. Пешвои миллат дар ин хусус чунин қайд намуданд: “Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад.” Дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сарвари муваффақ, табиби хозиқ ва ҳомии Ватанро мебинем. Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, сохтмону меъморӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.
Дар баробари ҳамаи ин дастовардҳои дар боло зикргардида, нақш ва мақоми занро дар оила хуб эҳсос менамоем. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои хеш оид ба муқаддас будани оила дар фарҳанги тоҷик чунин қайд карда буданд: “Оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик ҳамчун муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзиши инсонӣ, аз қабили муҳаббату саодат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ дар оила ташаккул меёбад”. Пешвои миллат қадру қиммати занро ҳамчун модар дар ташаккули ҷомеа ва тарбияи фарзандон дар оила нишон дода, қадри онро ҳамчун як ҷузъи нозуку ҳассостарин ва баробари ин як инсони пурқудрат арзёбӣ намуданд. Вобаста ба ин, Президенти кишвар дар Паёми худ соли 2015 қайд намудаанд, ки “Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамоии фаъолияти занон ва нақши онҳо дар мақоми роҳбарӣ, такими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила баён гардидааст.”
Ба мо маълум аст, ки дар фарҳанги оиладории миллати тоҷик тарбияи фарзандон ва хушбахт будани онҳо меҳвари асосии оила маҳсуб ёфта, дар он боз ҳам мавқеи зан намудор мегардад. Дар оилаи тоҷик, махсусан, барои зан хушбахтии фарзанд дар зинаи аввал меистад. Мақоми зан дар оила ва ҷомеа хеле бузург буда, аз қадимулайём зан рӯзгорсозу бунёдгари оила мебошад. Мо аз таърих медонем, ки парастор ва ҳомию офарандаи бузургон аз як тараф модар бошад, аз тарафи дигар зан дар хонавода мебошад. Як қиёс кунед, ки оё Рӯдакӣ ё Фирдавсӣ, Айнӣ ё Лоҳутӣ барин бузургон бе зани отифа, ки шабу рӯз дар ҳар пастиву баландии ҳаёт бар ба бари онҳо буданд бузургу номдор шуда метавонистанд? – не, албатта! Маҳз, чи дар мубориза чи дар эҷодиёт дар ҳама ҳолат ҳамсарони эшон паҳлуи онҳо буданд ва имрӯз бе муҳобот онҳоро низ бузургу номдор гуфтан шоиста аст.
Бояд зикр намуд, ки суханони пандомӯз ва таъкидҳои Пешвои миллат оид ба арҷгузорӣ ва қадру қимати занону модарон дар радифи модарномаҳо ва ҳамосаҳои қаҳрамонии бузургони тоҷику форс дар бораи модарон қарор дошта, аз ҳар яки мо ҳисси баланди қадрдонӣ ва пайваста меҳрубонӣ зоҳир намудан ба модарону хоҳарон ва духтарони худро таъкид менамояд: “Мову шумо на фақат дар як Рӯзи Модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем”. Зеро ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад ва дар ин раванд фаромӯш накардани расму оини аҷдоди гиромӣ доштани зан низ воҷиб аст.
Ҳамзамон, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки модарону бонувони кишвар дар риояи қонунҳои миллиамон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” боз ҳам фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сириштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати мост, риоя кунанд ва дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, расму ойин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллӣ доимо пешсаф бошанд.
Ҷиҳати поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2019) рисолати модаронро хотирнишон сохта, ба посдорони забони модарӣ – модарон муроҷиат намуда, таъкид намуданд, ки «Бонувону модарони мо бояд муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзанд». Воқеан ҳам, одобу ҳусни баёни сухан ва фарҳанги гуфторро кӯдакон аз модар меомӯзанд.
Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 дарсад расидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 дарсад расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030”бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми апрели соли 2022, №204 тасдиқ гардид. Ҳадафи асосии Барномаи мазкур фароҳам овардани шароити мусоид ва имкониятҳои ҳамаҷониба ҷиҳати иштироки фаъолонаи занону духтарон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва дар ҳамин замина баланд бардоштани мавқеъ, саводнокӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, таъмини дастрасӣ ба хизмати давлатӣ. Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи кишвар аз ҳисоби занону духтарони болаёқат мебошад.
Дар умум, ҷавҳари паёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат дар баробари дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа масаъалаи боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву маънавии оилаҳо, беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак, нақши занону модарон дар поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ ва тарбияи насли ватандӯсту хештаншинос ва фарзандони боризу ҷонфидои Тоҷикистони азиз мебошад.
Занону духтарони кишвар аз Паёми Пешво бори дигар илҳоми тоза гирифта, ҷавобан ба ин дастгириҳои Пешвои муаззами миллат иброз менамоем, ки барои сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардонавор камари ҳиммат баста, баҳри ободии Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорем.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

ҲИФЗИ ЗАБОН – ВАЗИФАИ ҲАМАИ МО СОҲИБЗАБОНОН

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 29 Феврал, 2024 - 21:52

Рӯзи 29 феврали соли равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили навбатии “Хирадманд” баргузор гардид.
Меҳмони маҳфил сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфониён Раҳим Раҷабзода дар мавзуи “Роҳҳои татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” суҳбат намуд. Ӯ иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар яке аз ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати устувор намудани пояҳои забони давлатӣ «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад. Ҳоло ин барнома мавриди амал қарор дошта, дар рушди забони тоҷикӣ нақши бориз мегузорад. Ҳамчунин Президенти мамлакат борҳо зикр карданд, ки мо бояд ба таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот, ки яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи рушди забони давлатӣ ба шумор меравад, эътибори ҷиддӣ диҳем.
Масъалаи дигаре, ки ба омӯзишу ҳифзи забони миллӣ ҳамрадиф аст, вазъи таълими забони тоҷикӣ ба шумор меравад,- иброз дошт Зулфониён Раҳим. Зеро ин масъала то замони истиқлол дар ҳама соҳаҳои ҳаёт ва ҷанбаҳои гуногуни ҷомеа хеле нигаронкунанда буд. Бо шарофати неъмати бебаҳои истиқлол ин вазъи барои миллату давлат ногувор маҷрои худро дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа тағйир дод. Яке аз ин самтҳо таълими ҷиддии забони тоҷикӣ ба сифати фанни ниҳоят муҳим ва тақвиятбахши рукнҳои давлати миллӣ дар тамоми риштаҳои ҳаёт, бавижа дар факултаҳои ғайрифилологии муассисаҳои олии таълимӣ мебошад.
Сипас, оид ба вазъ, мушкилот ва дурнамои рушди забони тоҷикӣ, таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот, риояи меъёрҳои забони адабӣ дар воситаҳои ахбори омма, тарзи дурусти муошират ва суханрониҳо дар чорабиниву маъракаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, инчунин, ба забони давлатӣ бехато навиштани шиору овезаҳо суҳбати озоду самимӣ доир шуд. Ба саволҳои марбут ба ин мавзуъ сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфониён Раҳим Раҷабзода посухҳои мушаххас дод.
Ҳангоми мубоҳиса аҳли нишаст ба натиҷа расиданд, ки воқеан, имрӯз забони тоҷикӣ дар паноҳи давлат қарор гирифтааст. Яъне, забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон аст. Давлат барои ҳифзу пешрафти забон шароит фароҳам меорад. Натиҷаи дастгирии бевоситаи Пешвои миллат аст, ки имрӯз забони ширини тоҷикӣ аз минбарҳои баландтарини созмонҳои байналмилалӣ садо медиҳад ва кӯшишҳо барои ҳақадами замон намудану ба забони илму технологияи муосир табдил додани он босуръат идома дорад.

Раҳим Зулфониён
29.02.2024

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ (АЗ 28.12.2024)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 29 Феврал, 2024 - 21:08

Аҳаммияти рушди “иқтисоди сабз”, саноат ва маорифи кишвар дар пешрафти ҷомеаи миллӣ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола, ки бо фарогирии ҷамъбасти солонаи фаъолият ва дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, инчунин, дигар самтҳои асосии вазъи дохилаву хориҷаи кишвар ироа мегардад, ҳамзамон, вазифаҳо барои соли ояндаро тарҳрезиву нақшабандӣ намуда, дастури раҳнамо ва фаъолияти ҳар як вазорату идора маҳсуб ёфтаву барои мо соҳибватанон зарур ва муҳим арзёбӣ мегардад, ки раҳнамои пешравиҳо дар тамоми қишри ҷомеаи миллии мост.
Дар Паёми ҳисоботӣ ва вазифаҳо, ки баҳри рушди имсолаи кишварамон равона гардидааст, Президенти кишвар, пеш аз ҳама, оид ба масоили кам кардани сатҳи камбизоатӣ, ки бартараф гардидани он худ рушди бемайлони кишвар маҳсуб мешавад, таваҷҷуҳи беандоза изҳор дошта, ҳамзамон, супориш доданд, то дар давоми 7 соли минбаъда сатҳи камбизоатӣ ба 10 дарсад кам карда шавад, зеро ин омил моро водор месозад, то дар соли равон тавассути татбиқи самараноки барномаҳову нақшаҳои қабулгардида суръати рушди иқтисоди миллиамон дар сатҳи нак кам аз 8% таъмин карда шавад.
Ин нуктаҳо, ки ба зиммаи ҳар як вазорату идораҳои дахлдор, вогузор гардидааст, мо саҳмгузорон дар пешбурди сиёсати давлатии забонро низ вазифадор мекунад, то дар дар раванди амалисозии бандҳои Нақшаи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ҷиддӣ муносибат кардаву аз масъулон вазъи иҷрои масъалаҳоеро, ки барои татбиқи онҳо вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вазифадор ва масъул мебошанд, талаб намоем ва барои рушди шуғлу фаъолияти пурсамари онҳо дар ин самт машваратҳои судманд додаву тавсияҳо пешниҳод намоем.

Аслан, ҳар як сиёсат дар ҷомеа бо забони давлатӣ амалӣ мегардад. Барои ин дар тамоми қишри ҷомеа бояд ки забони давлатӣ рушд намояд. Вале мо ба масъалаҳои ҷузъии баъзе корҳо дар истеҳсолот, ҳатто, бетарафӣ ва саҳлангории масъулонро мушоҳида мекунем. Барои мисол, матни борчаспҳо, навиштаҷоти ғалати амвол, маҳсулот, номгӯйи маводди истеҳсолӣ, нархномаҳо ва корбурди номувофиқи истилоҳоти соҳавӣ дар коргузории ин гуна самтҳои фаъолият ва ғ... Ҳол он ки тибқи Барномаи рушди забони давлатӣ ин масъалаҳо бояд бо мақомоти ваколатдор мувофиқа карда шавад. Инчунин, риояи забони адабии гуфтории тоҷикӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва вазорату идораҳо, нишасту чорабиниҳо бояд ба таври ҷавобгӯ риоя карда шавад, ки ин дар баланд бардоштани маърифату фарҳанги зебоипарастии миллии мо таъсироти гуногунро расонида метавонад.
Мо аз ироаи Паём огаҳӣ пайдо кардем, ки танҳо тайи ду соли охир дар ҷумҳурӣ 1200 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз кардаву сабти ном кардаанд. Акнун як андеша бояд кард, ки аз ин теъдод номи корхонаҳои навтаъсис (дар соли 2022-2023) Кумита ҳамагӣ ба 67 номи ин корхонаю ташкилотҳо хулоса пешниҳод кардааст. Мутаассифона, аксари ин корхонаҳо бо забонҳои ғайр номгузорӣ шудаву ба фаъолият оғоз мекунанд, ки ҳангоми ифтитоҳи онҳо аз оинаи нилгун маълум мешавад. Моро зарур аст, ки ҳамкориро дар роҳи мувофиқакунӣ ҷиддӣ ба роҳ монем ва қабл аз таъсисёбӣ бояд ки ҳар як корхонаву мауассиса дар масъалаи номгузорӣ бо мақомоти дахлдор мувофиқа намояд.
Ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумати кишварамон қарор дорад ва Пешвои миллат моро вазифадор намуданд, ки барои расидан ба пешравии ҳадафҳо дар соҳаҳои болозикр ҳама гуна тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.
Президенти кишвар бо амалисозии ҳамин гуна мақсадҳо дар Паёми хеш баён доштанд: «Соҳаи саноат ва инноватсия яке аз манбаъҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи кишвар ба ҳисоб рафта, пешрафти он имкон медиҳад, ки сарчашмаҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пайдогардида, барои аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шаванд».
Ҳамзамон, бо назардошти аҳаммияти бузурги саноат дар рушди минбаъдаи кишвар ва ба сатҳи баланди некуаҳволӣ ҳарчи бештар расидани мардуми кишвар, мо аз Паёми соли 2021 огаҳ ҳастем, ки Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026-ро Солҳои рушди саноат эълон намудаанд ва дар баробари назар ба солҳои пешин 2,4 баробар зиёд гардидани нишондиҳандаи маҳсулоти саноатӣ дар кишвари мо, дар раванди саноатикунонии бо суръати кишвар масоили аввалиндараҷаву муҳимми ҳалталаб, аз ҷумла, фарсудашавии таҷҳизот, сатҳи пасти рақобатнокӣ дар истеҳсоли маҳсулот самтҳои мухталифи он, нарасидани маблағҳо барои гардон кардани корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос ва ё тамоюлҳои коҳишёбии содироти маҳсулоти саноатии ватанӣ ба мушоҳида мерасанд, ки дар ин самт баланд бардоштани ин тадбирҳои мушаххас андешиндан лозим меояд. Ҳамзамон, қадамҳои устувору назарраси ҳукумати кишвар дар роҳи бузурги истеҳсоли “Энергияи сабз” ва содироти он яке аз масоили калиди пешрафти кишвар ва ҷомеаи милли мо мебошад, ки бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегават расондани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли “энергияи сабз”, яъне бо истифодаи захираҳои отобию бодин тадбирҳои амалӣ андешем, ки то солҳои 2032 истеҳсоли барқ дар кишварамон садфоиза бо “энергияи сабз” иҷро ва таъмин гардида, партови газҳои гулхонавӣ то ҳадди охирин коҳиш дод мешавад.
Қадамҳои Ҳукумати кишварамон бо дарназардошти фаровонии захираҳои барқию обӣ, иқтидори бузурги истеҳсоли «энергияи сабз» ва содироти он, дар ҷодаи ноил гардидан ба ҳадафи стратегии худ – расидан ба истиқлоли энергетикӣ устуворона ба назар мерасад.
Дар ин давра, яъне соли 2023, ки иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ 22 миллиард киловатт – соатро ташкил дод, ин дар муқоиса ба 5 соли охир (соли 2017) 4,8 миллиард киловатт – соат ё 28 фоиз зиёд мебошад.
Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои гузошташуда зарур аст, ки дар солҳои оянда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва дигар сохтору мақомоти марбута тадбирҳои зерин амалӣ карда шаванд:
Якум: бунёди неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Себзор» ва таҷдиди неругоҳҳои амалкунандаро бомаром идома дода, корҳо дар самти дарёфти маблағгузории иқтидорҳои нави тавлиди «энергияи сабз» ва ба 10 ҳазор мегаватт расонидани иқтидорҳои энергетикии кишвар вусъат дода шаванд.
Дуюм: барои беҳтар кардани таъминоти аҳолии кишвар бо барқ ва рушди соҳаи истихроҷи маъдан ва саноати металлургия (филизгудозӣ) суръати корҳои асосноккунии техникӣ ва лоиҳакашии неругоҳҳои барқи обии «Шӯроб» бо иқтидори 1000 мегаватт дар дарёи Вахш, «Санобод» бо иқтидори то 500 мегаватт дар се марҳала дар дарёи Панҷ – қисмати ноҳияи Рӯшон ва «Чарсем» дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 14 мегаватт, бо дарназардошти бунёди хатти интиқоли барқ ва дигар инфрасохтори зарурии интиқол ва тақсимоти барқ тезонида шавад.
Сеюм: дар робита ба амалисозии лоиҳаҳои сохтмони хатти интиқоли барқи CASA–1000 ва азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ барои дар 7 соли оянда то 10 миллиард киловатт – соат афзоиш додани содироти неруи барқ тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.
Чорум: ҷиҳати кам кардани талафоти неруи барқ ва ноил гардидан ба нишондиҳандаи на зиёда аз 9 фоизи талафот татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ин самт таъмин гардида, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва истифодаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои ҳалли ин масъала дар шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъат бахшида шавад.
Панҷум: бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли «энергияи сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Шашум: корҳо дар самти гузариш ба таҷҳизоти каммасрафи барқӣ дар иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ва истеҳсоливу коммуникатсионии мамлакат ва риояи маданияти баланди истифодаи неруи барқ аз ҷониби аҳолӣ тақвият бахшида шаванд.
Мо тасмим гирифтаем, ки соли 2025 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода диҳем.
Яъне, бо ироаи Пешвои миллат “Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи “иқтисоди сабз” соли 2037 воқеан, ба “кишвари сабз” табдил меёбад, ки айни замон, кишвари мо аз рӯйи фоизи истеҳсоли барқ аз манбаъҳои барқароршаванда дар ҷаҳон ҷойи 6-умро ишғол мекунад.
Иқтисоди сабзро аслан коршиносони сатҳи байналмилалӣ дар мафҳуми фарохаш ҳамчун як тарзи фаъолияти хоҷагидорӣ мепиндоранд, ки он “ба боло рафтани сатҳи зиндагии одамон ва таъмини адолати иҷтимоӣ мусоидат намуда, ҳамзамон, хатарро дар муҳити зист ва харобшавии табиат коҳиш медиҳад”. Ва ин мафҳум бештар дар соҳаҳои кишоварзиву энергетика ва муҳити зист корбурд мешавад. Ва ба қавли олимону коршиносон дар ояндаҳои наздик тамоми соҳаро фаро мегирад. Зеро гузариш ба “иқтисоди сабз” амалисозии чандин ҳадафҳоро таъмин хоҳад намуд. Ҳадафҳои созанда ва бунёдгаронаи андешеаҳо пиромуни мафҳуми “Иқтисоди сабз2 ба рушди пайвастаи афзалиятноки ийтисоди миллии мо дар кишвар хусусан, ба рушди соҳаи энергетикӣ, кишоварзӣ, саноат, сайёҳӣ, махсусан сайёҳии зистбумӣ, ки ҳамчун соҳаи камхарҷу сердаромад хидмат мекунад, мусоидат кардаву ба сохтмони босуръати иншоотҳои табобатӣ-маишӣ, заминаҳои сайёҳӣ ва созмонҳои тандурустӣ бо ташкили ҷойҳои нави корӣ имконпазир мегардад
Бо боварии комил метиавон гуфт, ки барои комёб шудан ба сатҳи баланди “иқтисоди сабз” дар кишварамон мо зиндагии шоистаи мардуми кишварро таъмин хоҳем намуд ки дар оянда ба яке аз кишварҳои обод бадал хоҳем шуд.
Барои ҳамаи ин насли наврасу ҷавони кишварро бояд ки мо дар раванду руҳияи таълими сатҳи баланд бошуур тарбия намоем, ки дар онҳо пеш аз ҳама, виҷдон ва худшиносиву хулогоҳӣ дар замири онҳо бештар гардад.
    Дар баробари таваҷҷуҳ ба рушди бемайлони иқтисод дар кишвар инкишофу ҳифзи фарҳанги миллӣ-таърихиамон боз ҳам бояд таваҷҷуҳ диҳем, ки ин ҳам як рукни давлатдорӣ ва муаррифии мо ба ҷаҳониён мебошад. Боиси сарфарозист, ки соли 2023 15 ёдгории таърихиию фарҳангии мо тоҷикон ба Феҳрасти фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд ва ин худ аз баланд гардидани эътибору шаъни мо дар фарҳанги умумибашарист. Барои рушди бемайлони фарҳанги бостонӣ ва ҳифзу ҳимояи ин дороии миллиамон таъсис додани Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ ин худ як ғамхории беназир нисбат ба фарҳанги ниёгонамон ва ифтихорот аз миллати куҳанбунёдамон аст, ки бевосита аз иқдоми ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмолмалӣ Раҳмон дарак медиҳад.
Албатта, маҳз, тавассути ин иқдом ва чунин раванди фаъолият мо метавонем ба як кишвари тараққикарда ноил шавем, ки барои ин соҳаи маорифи кишварро бояд рушд диҳему вазифадор ҳастем, ҷиҳати пешрафти минбаъдаи ин мақоми кишварамон фаъолияти илмиву омӯзиширо бештар рушд диҳем...
Бо ин мақсадҳо моро зарур аст, ки сахталабиву садоқатмандии омӯзгорро дар раванди таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон, меҳру муҳаббати насли наврасро ба Ватану марзу бум ва гузаштагону нобиғагонамон афзун кунондан дар ниҳоду равони фарзандон ва хонандагон, ҳар чи бештар тавсеа додани ғурури миллӣ, пайдо кардани меҳру муҳаббат ба ватандӯстӣ, худшиносиро дар ниҳоди насли имрӯза омӯзонида, ин анъанаҳоро дар вуҷуди онон бедор кардан лозим аст, то насли минбаъдаи миллат аз имрӯза ҳам бештар фарҳангӣ шаваду бениёз бошад. Зеро маҳз талошу заҳмати мо имрӯзагон баҳри фардои насли худамон асту Пешвои миллат ҳам борҳо дар паёму суханорнониҳояшон таъкид мекунанд, ки «бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад» ва маҳз тавассути мактабу маориф мо саводи комил гирифтаву аз осори гузаштаи худ чи дар соҳаи илму адаб ва чи дар соҳаи таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати худ огаҳӣ пайдо мекунем… Имрӯз замона ва ҷомеа тақозо мекунад, то ҳар фарди миллат босаводу бафарҳанг, соҳибтамаддун ва соҳибкасб бошад, ки маҳз, рушди саноату иқтисоди кишвар низ аз ин сарчашма об мехӯрад ва ба дастовардҳои беназир комёб мегардад.
Дар ин раванд, Пешвои миллат баёнт доштанд, ки “Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад”, ки дар ин раддабандӣ кишвари мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд.
Ҳамчунин, президенти кишвар баён доштанд, ки “авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд.
Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.
Дар ин раванд, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ чораҷӯйӣ намоянд.”....
Бо ин мақсадҳо, Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла супориш доданд, ки «Дар робита ба ин, вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.», - ва ҳамин дастуру супоришҳо ҳар як устоду масъули ин мақомотҳои болозикр, аз ҷумла, таълимгоҳҳоро вазифадор мекунанд, то дар роҳи таълими насли наврасу ҷавон ҷиддӣ муносибат намоянд ва бо фароҳам овардани шароиту маводди замонавии ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ дастурҳои таълимиро таҳияву пешниҳод карда, ба фарзандони мардум мисли фарзанди хеш муомилаву муносибат намоянд.
Бо дарназардошти амалисозии пешаву амалҳо ва дурнамои ин иқдомот бояд ки ҳарчи барвақттар барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ намоем. Зеро дар тамоми давру замонҳо маҳз, самари неку пурбори дабистон инсонсозу ҷомеасоз буда метавонад, ки натиҷаи он дар сурати беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй рӯзгори ободу осоишта ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум дар ҷомеа мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, моро ҳушдор месозанд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф асту ба он бояд эътибори ҷиддӣ диҳем. Зеро агар забони модарӣ моро чун миллати дорои фарҳангу адаб ва тамаддунофар муарри намояд, пас забонҳои хориҷӣ шаҳпулеро мемонанд, ки моро бо олами мутамаддин мепайвандад. Ва маҳз, тавассути забонҳои хориҷӣ мо бо ҳар як дастоварди ҷаҳон ошно мешавему дороии илмию маънавии хешро ба онҳо муаррифӣ менамоем, ки ҷиҳати мусбати забономӯзӣ ҳам дар ҳамин раванд ба ҳар як миллат манфиатовар аст.
Воқеан, ҳар фарди ҷомеа таҳти пуштибонии қонунҳои кишвар бо забони модарииаш таҳсил мекунад, ки ин, пеш аз ҳама, бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофотро аз ниҳоди ҳар фарди соҳибмаълумот дур мекунад.
Мо аз Паёми соли гузашта (2022) маълумот гирифтем, ки «дар сӣ соли охир шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷӯёни ин зинаҳои таҳсилот сеюним баробар, мактабҳои олӣ чор баробар ва донишҷӯён зиёда аз се баробар афзудаанд».
Дар ин давра, ки 1380 иншооти соҳаи маориф бунёд ва ба истифода дода шудааст, моро вазифадор менамояд, то дар самти маориф дилсӯзона маърифатомӯзиро ба роҳ монем. Вале дар таҳлили саводи забондониву имлоии чи устод ва чи шогирди он метавон мушоҳида намуд, ки сатҳи дониши онҳо ба талаботи замона, ҷавобгӯй нест. Чаро? Чунки вақте омӯзгор ба талаба бо лаҳҷаи маҳаллии хеш тадрисро ба роҳ мондаву хонанда ё донишҷӯ бо лаҳҷаи худ ҷавоб медиҳад, ин амалҳо бо ҷорӣ нагардидани забони адабӣ-гуфторӣ дар таълимгоҳҳои маориф мутахассиси ояндаро дар нимароҳ ва хомтаълим мемононад. Зеро хонандаи имрӯза 11 сол дар мактабу 4-5 сол дар мактаби олӣ бо забони давлатӣ таҳсили илму дониш карда бошад ҳам, мустақилона забонро дар муоширати худ истифода ва аз он дар нутқаш афкори солимро истеҳсол карда наметавонад, яъне дар эҷоди нутқи равону озод оҷизӣ мекашад, ки ин аз забони сунъиву қолабӣ ва норавони китобҳои таълимӣ сар мезанад. Ба инусули номатлуби равандҳои ба маърифати инсонӣ зараровар бояд хотима дод.
Мутахассисони Кумитаро зарур аст, то ҳарчи зудтар аз маориф китобҳои дарсиро талаб карда, мушкилоти забону мантиқ, корбурди мавзуъ ва муҳтавои умумии китобҳои дарсиро бо забони давлатӣ аз нигоҳи экспертизаи забоншиносӣ ташхис намудаву хулоса пешниҳод намоянд. Зеро таҳкурсии асосии бунёди нутқу суханэҷодкунии озод ва шуури ҷомеасоз низ танҳо аз ин даргоҳ оғоз меёбад, ки фардо он ба рушди кишвар бурда мерасонад.
Мо мушоҳида мекунем, ки садҳо кадрҳои соҳибтаҷриба тарки ватан мекунанд, барои чӣ? Худро аз азоб дур карданӣ мешаванд. Дунёи ободтарро мехоҳанд, Агар дарки ватандориву меҳанпарастиро мо дар ниҳоди хонандаи мактаб аз хурдӣ бипарварем, пас, фардо вай азми дурӣ аз ватанро нахоҳад кард. Чунки мо бояд шогирдонро дар руҳияи ватандустӣ , пуртоқатӣ ва сабру таҳаммул бояд сабақ додаву тарбия ва таълим диҳем. Барои нафси саркаш аз пайи туъмаву пулу мол гаштан ва ғуломи ин ҳама шуданро аз равони шогирдон бояд дар мактаб дур кард. Ҳатто барои интихоби номи тоҷикӣ ба фарзанд ҷомеаро бегонапарастӣ фаро гирифтааст, Чаро?... Чунки шабакаҳои иҷтимоии Интернетро бояд 300 000 зиёии кишвар обод кунанду равшан намоянд, ва насли ҷавонро ба сӯйи маърифати комил бикашанд. Айб аст, ки имрӯз дар асри 21 тариқи наворҳои теливизионӣ мо дар чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва ҷашну идҳои миллиамон шиору навиштаҷоти пур аз ғалат ва рекламаҳои бемантиқу пур аз хато навиштаро манзури тамошобинон месозем, ки баъзеи онҳо дар муассисаҳои таълимӣ ба навор гирифта мешаванд ва ин ҳама аз заминаи савияи маърифати андӯхтаи хонанадаи мактаб маншаъ мегирад.
Барои ин Кумитаро зарур аст, ки дар таҳияи саривақтии Сарфу наҳви тоҷикӣ бо ҷалби мақомоти дахлдор ва масъулон чораҳои зарурӣ андешад. Аз шабакаҳои телевизионӣ пахши барномаҳои омӯзиши қоидаҳои имло ва омӯзиши забони тоҷикиро талаби қатъӣ намояд. Забони муошират ва матни навиштаҷоти барномаҳои телевизиониро баррасӣ намудаву онҳоро аз ташхиси забоншиносӣ гузаронад…
Барои пешбурди ин амалҳо бо саҳмгузорӣ ба ҳар як мушкилот, пеш аз ҳама, мавҷудияти фарҳангномаҳо зарур аст, ки дар замони ҷаҳонишавӣ таҳияи онҳо муҳим аст. Чунки рушди имрӯзаи забон ва пойдории он маҳз, дар ин давра бо таълифи осори илмӣ иртибот дораду мо бояд ба ин ҷиддӣ муносибат намоем. Аз ин рӯ, зарур аст, то тамоми вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотии кишвар фарҳангномаҳои соҳавиро таҳия кардаву бо Кумита ҷиҳати ҳамгунсозии истилоҳоти тахассусӣ мувофиқа намоянд.
Дар ин раванд бо мақсади амалисозии дастури Пешвои миллат, аз Паёмҳои пешин, ки солҳои 2020-2040-ро «Соли омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда буданд, мақомотҳои болозикрро зарур аст, ки адабиёти назариявиро бо забони давлатӣ таҳия ва ё аз забонҳои кишварҳои мутараққӣ тарҷума намоянд ва ба донишандӯзони ҷавони кишвар манзур намоянд ё ин ки мутахассисони соҳавӣ аз дастовардҳои илмии дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшудаи кишварҳои ҳамзабон мутобиқан, чунин китобҳоро ҳуруфгардон намоянд, то заминаи омӯзишӣ ин фанҳо осонтару шароити мусоид баҳри ихтирооту кашшофият фароҳамтар гардад.
Дар ин раванд ҳам олимони моро зарур аст, ки дар соҳаи илмҳои муҳандисиву технологӣ, саноати кӯҳкорӣ, геология, сайёҳӣ, обшиносӣ, кӯҳнавардӣ ва ғайра фарҳангномаҳо ва муҳовараҳои чандзабонаро таҳия намоянд ва моро зарур аст, ки осори илмӣ ва луғатнигории ҳамзабононамонро ба алифбои кириллиасосамон баргардон кунем, ки ин амалҳо бо ҳамгунсозии истилоҳоти соҳавӣ ба манфиати кор ва рушди ҷомеаи миллӣ буда метавонад.
Мо мутахассисони Кумитаро зарур аст, то баҳри тақвияти ин кор аз масъулони соҳаҳо талаб намоем. Зеро маҳз, фаъолияти самарабахши мутахассисони соҳавӣ моро комёб хоҳад намуд. Барои мисол Тоҷикистони мо 93 дарсад кишвари кӯҳсор аст ва кору фаъолияти кӯҳнавардӣ бояд дар бисёр мавридҳо олӣ ба роҳ монда шавад, ки ҳатто мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар ин самт метавонад дар кишвар баргузор карда шавад, ки он манфиат бахш будаву барои ин иқдомҳо низ, сараввал, фарҳангномаи тахассусии кӯҳнавард лозим асту онро бо чанд забон бояд таҳия ва мураттаб сохт...
Бо мақсади амалӣ гардидани Нақшаи Паёми имсола ва дурнамои он барои солҳои минбаъда Кумитаро зарур аст, ки дар баробари ба роҳ монданиу шароит фароҳам овардан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, инчунин, дар пойтахт барои ақаллиятҳои миллии бо забони давлатӣ таҳсилкунанда ва дигар мутахассисон марказҳои омӯзиши забони тоҷикиро ройгон таъсис диҳад. Барои таҳкими забони давлатӣ дар муассисаҳои томактабӣ назоратро ҷиддӣ ба роҳ монад, то муошират ва маҳорату малакаи эҷоди нутқи кӯдак бо забони давлатӣ ва модараш дар ин марҳилаву зинаҳо ташаккул ёбад, ки он дар омӯзиши комили забони давлатӣ ва азхудкунии забонҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Сардори шуъбаи танзими истилоҳот
Раҳим Зулфониён
22.01.2024

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

САДА – ҶАШНИ УМЕД БАР РӮЗГОРИ ОБОД

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 29 Феврал, 2024 - 20:56

Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.

Сада мисли Наврӯзу Тиргон ва Меҳргон яке аз ҷашнҳои бузурги мавсимии мо ориётаборон аст.
Ҷашни Сада мисли ҷашнҳои Наврӯзу Тиргон ва Меҳргон яке аз ҷашнҳои бузурги мо ориёитаборон аст, ки ин ҳазорсолаҳо пеш таҷлил мешуду ба ҳаёти марди деҳқон ва ба кулли мардумони ориёӣ мансуб асту аз маънавиёт, рӯзгор ва фалсафаи зиндагии ин мардумон дар кору фаъолият ва заҳмат дарак медиҳад.
Ниёгони мо дар поёни чиллаи калон ҷашни Садаро ороставу таҷлил мекарданд, ва ба гуфтаи А. Берунӣ сада ба он хотир ном бурдаанд, ки то ҷашни Наврӯз 50 шабу 50 рӯз боқӣ мемонад. Дар гоҳшумории бостонии ниёгонамон ҷашни Сада ҳамасола рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории шамсӣ ҷашн гирифта мешуд ва тайи чандин солҳост, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон мутобиқан ба он рӯз ҳар сол 30-юми январ ҷашни Сада таҷлил карда мешавад. Бо афрӯхтани оташ, мардумон гирди гулхан базму шодиҳо барпо мекунанд.
Бунёд ниҳодани ҷашни Сада дар “Шоҳномаи”-и безаволи ҳаким Фирдавсии Тусӣ бо нишондоди ривоёти воқеан таърихиву асотириаш , ки ҳаққонияти воқеӣ дорад, оварда шудааст.

Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ
Ҳам он шоҳу дар гирди шоҳон гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард,
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ў дигар шаҳриёр.
                                                     (Фирдавсӣ)

Муҳаққиқон бар он ақидаанду иброз медоранд, ки Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои миллии мо тоҷикон буда, аз ибтидои моҳи феврали милодӣ то аввали моҳи март давом мекунад. Ва шояд таҷлили он сад рӯз ҳам давом кунад, зеро оғози фаъолияти деҳқонон, ба вижа, боғпарварон бо корҳои ниҳолшинонӣ, буридани шоху навдаҳои бемори дарахтони пиру беҳосил ва сустинкишофёбанда, нарм кардани бехи иниҳолу дарахтон, яхобмонӣ, коркарди ради боғу майдонҳои дарахтони сербар дар ин айём оғоз меёбад...
Ҳамин рисолату саромадҳои некпаёнаи Сада, ки бо оғози тараддуду ташвиши деҳқон сар мешавад, таҷрибаи чандинҳазорсолаи ниёгони деҳқонзодаи мосту Садаро низ ҳамчун ҷашни деҳқон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мекунанд.
Ин таҷлили Сада ба суди мардум буда, мардумон дар минтақаи боду ҳавои мусоид ба ҳар як навъи меваю сабзиҷот фаъолияти хешро оғоз мекунанд...
Муаллифи луғатномаи «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» дорои се маънӣ будани вожаи садаро таъкид кардааст: «сада бо аввалу сонӣ мафтуҳ се маънӣ дорад. Аввал номи ҷашнест, ки порсиён дар даҳуми моҳи баҳман кунанд ва оташ бисёр афрўзанд ва мулуку салотин мурғон ва ҷонварони саҳроиро гирифта дастаҳои гиёҳ бар пояшон баста, оташ дар он барзананд ва раҳо кунанд... ва ваҷҳи тасмияаш ба сада, он аст, ки чун Кайумарсро сад фарзанд закуру анос ба вуҷуд омаданд ва ба ҳадди рушду тамйиз расиданд, фармуд, ки оташ бисёр афрўхтанд, бад-он сабаб онро сада ном ниҳод;
Дувум номи қарияест аз қурои Испоҳон;
Савум номи дарахтест дар Дорулмарз ва дар Мовароуннаҳр аз дигар билоди Эрон ва Турон бештар шавад ва ба масобае бузург бошад, ки танаи он ба душворӣ дар бағали се-чор кас дарояд ва баргҳояш ба маротибае анбўҳ, ки борон аз он нагзарад ва то дувист савор дар сояи он дарахт ором тавонанд гирифт...» (13, 800-802).
Муаллифони дигар фарҳангномаҳо ба ҷуз маъниҳои зикршуда, ифодагари мафҳуми мухталиф будани ин вожаро зикр намудаанд, аз ҷумла «воҳиди замон баробари сад сол, қарн» (2, 745), «...ба маънии мутлақ оташи шуълавар истеъмол шуда» ва ғайра.
Чунонки зикр гардид муаллифи «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» дар баробари маъниҳои дигари вожаи сада номи деҳае дар Испоҳон будани онро зикр кардааст. Ғайр аз ин академик Раҳим Массов зимни баррасии ахбори анҷумани ҷуғрофиёии императории рус дар қатори деҳоти тоҷикнишини вилояти Намангон рустоеро бо номи Сада зикр менамояд.
Боиси тазаккур аст, ки ҷашнҳои милли мо тоҷикон, Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон ҳама маҳсулу офарида ба зиндагию кори деҳқон мебошад, ки аз фаъолият оғоз шудаву ба ҷамъбаст фаро мерасанд. Ва ин таъсири мусбат ба ҳаёти мардумон мебошад, ки дар фаъолият ва додугирифти байниҳамдигарии босамарона анҷом меёбад ва бешак ин ҷашнҳо вобаста ба коинот буда метавон робитаи табиат ва инсон дар он равшан таҷассум ва инъикос меёбад.
Дар омад-омаду фаро расидани ҷашни Сада насли наврасу ҷавони хонаводаҳои тоҷикон бо шукуфтани гулҳои нахустини ин мавсим – сияҳгӯшу бойчечак хона ба хона давр зада, аз муждаи нахустин ба баҳору Наврӯз ва зиндагии нав дарак медоданду таронаҳои зиёде дар ин маврид суруда шудаанд...
Моҳи декабри соли гузашта номинаи муштараки Тоҷикистону Эрон – “Ҷашни Сада” дар шаҳри Касани Ҷумҳурии Ботсвана ҷаласаи 18-уми Кумитаи байнидавлатӣ доир ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ҳамчун ҷашни миллии мо тоҷикон тасдиқ гардид ва имсол Тоҷикистон ҷашни Садаро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Э. Раҳмон дар бораи ҷашни Сада фармудаанд:
“Сада моҳиятан ҷашни кишоварзон буда, ба марди деҳқон аз наздик шудани фасли баҳору оғози корҳои саҳро хабар медиҳад ва аҳли заҳматро ба андешаи давраи нави кишоварзӣ ва боғдорӣ ҳидоят менамояд. Марди кишоварз бо нияти нек ба фасли баҳор тайёрӣ мебинад ва тибқи таомули аҷдодӣ хокистари гулхани ҷашни Садаро бо умеди ҳосили фаровон ба замин мепошад.”.
Дар шароити имрӯзаи мо таҷлили Ҷашни Сада ва арҷгузорӣ ба он, инчунин, гиромидошти он аҳаммияти бузург дорад. Чунки ин нахустфаъолияти мардуми деҳқон барои сабзу хуррам ва ободу осоишта гаштани зиндагисту мо ҳоло онро дар раванди пешрафту пешбурди ҳадафҳои “иқтисоди сабз”, ё ин ки “энергияи сабз” мебинему баҳри рушди ин омилҳо кӯшиш мекунем. Зеро
Сабзу хуррам нигоҳ доштани сайёра ва умуман, минтақаҳои зисти одамон, аз ҷиҳати экологӣ худ аз оғози таҷлили Сада сарчашма мегирад, ки боғдориву киштукори босамар ва сабзазоркунонӣ қадамҳои нахусти онанд.
Пос доштани анъанаҳои неку хирадпарвари ниёгонамон, аз ҷумла, ҷашни Сада ва бо арҷгузорӣ эҳё намудан ва шукӯҳманд сохтаву ҷашн гирифтани ин маросим дар шууру зеҳни мардум ва ҷомеаи имрӯзаи мо аз аҳамият холӣ нест, зеро дар баробари оғози фараҳмандиву ибтидои тараддуди деҳқон будани он ин ҷашну ин суннату анъана аҳаммияти тарбиявию ахлоқӣ ва таърихию ҳуқуқӣ низ дорад. Зеро ин ҷашн баҳри некуаҳволии инсоният ва зиндагиву рӯзгори ободи мардумон офарида шудаасту тараннумгари сулҳу дӯстии одамон мебошад, то ки онҳо дар ваҳдату ягонагӣ ва дастиҳамгириҳо аҳлона рӯзгор ба сар баранд.
Дар воқеъ, ҷашни Сада таҷассумгари ғояҳои неки башардӯстона буда, он мардумро ба дӯстиву ободкорӣ даъват мекунад.

Ҷашни Сада муборак ҳамватанони азиз!

Раҳим Зулфониён -
сардори шуъбаи танзими
истилоҳоти Кумитаи забон ва
истилоҳоти назди ҲҶТ

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН ДАР СОҲАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 27 Феврал, 2024 - 12:12

Мансурӣ Шодмон Ҷамолиддинзода
номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, омӯзгори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ
ва тиҷоратии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Тел.: 900-12-00-55, Mansoorovshj@mail.ru  

ВКЛАД ЛИДЕРА НАЦИИ-ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН УВАЖАЕМОГО ЭМОМАЛИ РАХМОНА В ПОВЫШЕНИЕ ПРАВОВОГО ПРОСВЕЩЕНИЯ ГРАЖДАН В ОБЛАСТИ ГОСУДАРСТВЕННОГО ЯЗЫКА
Мансури Шодмон Джамолиддинзода
кандидат юридических наук, доцент, преподаватель кафедры предпринимательского
и коммерческого права юридического факультета Национального университета Таджикистана
Тел.: 900-12-00-55, Mansoorovshj@mail.ru

THE CONTRIBUTION OF THE LEADER OF THE NATION, THE PRESIDENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN, DEAR EMOMALI RAHMON, TO IMPROVING THE LEGAL LITERACY OF CITIZENS IN THE FIELD OF THE STATE LANGUAGE
Mansuri Shodmon Jamoliddinzoda
candidate of legal sciences, associate professor, teacher of the department of business
and commercial law of the Faculty of Law of the National University of Tajikistan
Тel.: 900-12-00-55, Mansoorovshj@mail.ru

Фишӯрда. Дар мақолаи мазкур сухан дар бораи саҳми Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар соҳаи забони давлатӣ меравад. Қайд менамоем, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танзим ва таъмини рушди сиёсати забони давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд қабул гардидаанд, ки дар ин замина дигаргуниҳои назаррас бавуҷуд омадааст, ки ин ҳама хизматҳои Пешвои миллат мебошад. Тибқи қонунгузории ҶТ барои ҳаммаи миллатҳо ва халқиятҳо шароити забонӣ фароҳам оварда шудааст. Вале баъзеи шаҳрвандон ва соҳибкорони инфиродӣ ба забони давлатӣ арҷ намегузоранд, бетарафӣ зоҳир менамоянд, талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои забони адабии давлатиро, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат менамояд, риоя намекунанд, дар натиҷа барои таъмини ҳифзи забони давлатӣ мушкилот бавуҷуд меояд.

Калидвожаҳо: Пешвои миллат, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши забони давлатӣ, истилоҳот, номгузорӣ, реклама, рекламаи номуносиб, тамғаи молӣ, навиштаҷоти молу маҳсулот, рекламадиҳанда, ширкатҳои реклама истеҳсолкунанда, реклама истифодарбаранда, субъектҳои хоҷагидор, ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ.

Аннотация. В данной статье речь идет о вкладе Лидера нации – Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона в повышение правовой просвещения граждан в области государственного языка. Отметим, что в период независимости Республики Таджикистан для регулирования и обеспечения развития государственной языковой политики было принято много нормативных правовых актов, в которых произошли значительные изменения, которые являются заслугами Лидера нации. В соответствии с законодательством РТ созданы языковые условия для объединения наций и народностей. Однако некоторые граждане и индивидуальные предприниматели не претендуют на государственный язык, проявляют нейтралитет, не соблюдают законодательные требования и нормы государственного литературного языка, способствующие повышению правовой грамотности граждан, в результате возникают проблемы с обеспечением защиты государственного языка.
Ключевые слова: Лидер нации, повышение правовой просвещения граждан, государственный язык Республики Таджикистан, изучение государственного языка, терминов, наименований, рекламы, ненадлежащей рекламы, товарных знаков, надписей на товарах и товарах, рекламодателей, рекламных компаний-производителей, рекламодателей, хозяйствующих субъектов, организаций и учреждений, торговых точек и центров обслуживания.

Annotation. This article is about the contribution of the Leader of the Nation, the President of the Republic of Tajikistan, dear Emomali Rahmon, to improving the legal literacy of citizens in the field of the state language. It should be noted that during the period of independence of the Republic of Tajikistan, many normative legal acts were adopted to regulate and ensure the development of the state language policy, in which significant changes took place, which are the merits of the Leader of the Nation. In accordance with the legislation of the Republic of Tatarstan, linguistic conditions have been created for the unification of nations and nationalities. However, some citizens and individual entrepreneurs do not apply for the state language, show neutrality, do not comply with the legislative requirements and norms of the state literary language, which contribute to improving the legal literacy of citizens, as a result, problems arise with ensuring the protection of the state language.
Keywords: The leader of the nation, improving the legal literacy of citizens, the state language of the Republic of Tajikistan, the study of the state language, terms, names, advertising, inappropriate advertising, trademarks, inscriptions on goods and goods, advertisers, advertising companies, manufacturers, advertisers, business entities, organizations and institutions, retail outlets and service centers.

Дар идоракунии давлатӣ Паёми Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади муҳими мақомоти давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар он моҳияти идоракунӣ ва дурнамои ояндаи давлатдорӣ таҷассум ёфтааст. Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 муроҷиат намуда, иброз доштанд, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат таҷлил карда мешавад, аз ин рӯ, соли 2024-ро соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд. [1].
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти баланд ва иродаи худ барои таъмини озодӣ, баробарҳуқуқӣ, соҳибихтиёрии давлат ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар идоракунии президентиро интихоб намуда, саҳми арзандаи худро дар идоракунии эъмори давлатдорӣ гузоштаанд. Ин амалҳои неки шаҳрвандон аз он шаҳодат медиҳад, ки миллати тоҷик аз рӯйи урфу одат ва анъанаҳои миллияшон амал намуда, фарҳанги инсондӯстӣ ва ватандӯстӣ дорад, ки ин маърифати маънавии миллати тоҷик мебошад.
Идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар асоси боби 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби халқ эътироф карда шудааст. Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Дар ин замина 30 декабри соли 2023, №668 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» батасвиб расидааст. [2].
Яке аз рукнҳои идоракунии давлатӣ ин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад, зеро шаҳрвандон ҷузъи ҷудонопазири ҷомеа мебошанд. Дар ин замина, Пешвои муаззами миллат ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар маъди аввал гузошта, дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҷоннисориҳо намуда, гурезаҳоро ба ватан баргардонданд, миллати тоҷикро сарҷам намуданд, қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро таҳия ва қабул намуданд, идоракунии давлатиро дар се таҷзияи ҳокимият, қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ба роҳ монда, иқтисодиёти давлатиро дар сатҳи зарурӣ баланд бардоштаанд, ки дар муҳтавои Паём пешниҳоди мардуми Тоҷикистон гаштааст.
Дар Иҷлосияи даҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии забони тоҷикӣ баъди қабул гардидани Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 1989 [3] фароҳам оварда шудааст. Қонуни мазкур дар давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як давраи муайян амал намудааст, ки дар танзим ва ҳифзи забони тоҷикӣ мушкилоти сиёсиву фарҳангӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва ғайра ҷой дошт, бинобар ин рушди забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ ғайриимкон буд ва ба талаботи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ набуда, ба такмил ниёз дошт.
Аз ин рӯ, бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифз ва гиромидошти забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009, №553 [4] қабул гардид, ки вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин намуда, забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, қонунгузорӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ, робитаҳои дипломатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ғайра истифода мегардад.
Тибқи моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. [5] Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мебошад, ки тибқи талаботи моддаи 3 Қонуни мазкур ҳар як шаҳрванд вазифадор аст забони давлатиро донад. Дар асоси банди 3-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 октябри соли 2010) ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва ғайра тағйиру иловаҳо вобаста ба донистани забони давлатӣ ворид карда шудааст, ки ин иқдоми наҷиб ҳангоми озмунҳо доир ба санҷиши кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқияшон мусоидат намуд. Инчунин, ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон [6] ҳатмӣ мебошад.
Забони давлатӣ дар фаъолияти кори мақомоти давлатӣ ва ҷомеа дар муносибатҳои расмии шифоҳӣ ва хаттӣ ҳамчун воситаи асосии коргузорӣ ва муошират мавриди истифода қарор дорад. Дар асоси муқаррароти Қонуни мазкур коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат мегирад. Коргузории ташкилотҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, ба забони давлатӣ сурат мегирад. Забони дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад. Тартиби коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳо ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба танзим дароварда мешавад. [7]
Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ таҳия ва қабул гардида, интишори расмии онҳо дар воситаҳои ахбори омма ба забони давлатӣ интишор шуда, дар ҳолатҳои пешбининамудани қонунгузорӣ ба забонҳои дигар аз тарафи мақоми ваколатдор тарҷума карда мешаванд. Матни санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд бо риояи услуби расмии забони адабӣ, содда ва равону фаҳмо баён карда шавад, ки тафсири ҳархелаи меъёрҳоро истисно намояд. Истилоҳоти санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд бо истифода аз калима ва ибораҳои оммафаҳм тартиб дода шуда, ҳамон як истилоҳ дар қонунгузорӣ як маъноро ифода намуда, мазмуни ягона дошта бошад. [8] Бинобар ин, мақомоти ҳокимияти давлатӣ милликунонии забони қонунгузориро ба забони давлатӣ ба роҳ монда, дар асоси принсипҳои қонуният, адолат, ҳуқуқэҷодкунӣ, ошкорбаёнӣ, шаффофият, илмият, касбият, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд фаъолият менамоянд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар доираи риояи меъёри забони адабӣ мусоидат менамояд.
Дар Қонуни мазкур забони кории Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои он забони давлатӣ муқаррар шуда, дар машқҳои якҷоя бо кишварҳои хориҷӣ забони дигаре, ки муқаррар шудааст, истифода мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони таҳсил ба забони давлатӣ сурат мегирад. Дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ омӯзиши ҳатмии забони давлатӣ таъмин карда мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони илм забони давлатӣ муқаррар шуда, дар таҳқиқоти илмӣ забонҳои дигар низ метавонанд истифода шаванд. Чорабиниҳои фарҳангӣ, фарҳангии байналмилалӣ ва байнидавлатӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба забони давлатӣ баргузор гардида, метавонанд ба забонҳои дигар сурат гирад. Забони воситаҳои ахбори омма тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва ба забонҳои дигар ба роҳ монда мешавад.
Назорати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷумҳурӣ тибқи қисми 4 Низомнома Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, ва корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари давлатӣ [9] ба роҳ мемонад. Инчунин, бо мақсади танзим намудани забони тарҷумаи номгузорӣ, навиштаҷоти эълону реклама ва тамғаҳои молӣ дар ҷумҳурӣ Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума»-и назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон таъсис гардида, аз соли 2024 фаъолият менамояд. [10]
Тибқи банди 21) моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ваколати мақоми давлатӣ дар соҳаи забон ва истилоҳот, [11] яъне Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида, риояи қонунгузории забони давлатӣ мунатзам назорат бурда мешуд. Мутаассифона, ваколати мазкур бо мақсади дастгирии соҳибкорон ва кам намудани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор бо пешниҳоди Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 марти соли 2023, №1949 аз Қонуни мазкур хориҷ карда шуд. Айни замон Кумита чунин ваколати назорати эълону реклама, номгузории ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ, нуқтаҳои савдо, марказҳои хизматрасонии маишӣ, тамғаҳои молӣ ва хизматрасониро надорад.
Инчунин, дар асоси моддаҳои 8-11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» масъалаи номгузории шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба забони давлатӣ ба роҳ монда мешавад. [12] Дар ин соҳа мушкилоти тарҷума, баргардон ва ҳуруфгардон намудани номгузорӣ вуҷуд дорад. Бинобар ин, дар қисми 3 моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавқеи забони давлатӣ номуайян буда, калимаи «баргардон» нодуруст истифода шуда, мантиқан ғалат корбурд шуда, он маънои тарҷума ва ҳуруфгардонро дар як маврид дода наметавонад. Зеро тарҷума ва ҳуруфгардон ду ҳолати гуногун мебошанд ва ин ду ҳолатро наметавон бо як калимаи «баргардонидан» ифода кард. Бинобар ин, бо мақсади танзим намудани ҳамагуна номгузорӣ қисми 3 моддаи 18 таҷдиди назар карда шуда, дар таҳрири нав пешбинӣ кардан зарурат дорад: «3. Номгузории ташкилотҳои хориҷӣ ва муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ба роҳ монда шуда, ба забонҳои дигар низ ҳуруфгардон ва ё тарҷума мешавад.».
Эълону реклама дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба забони давлатӣ интишор гардида, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забонҳои дигар низ интишор карда мешаванд. Инчунин, номи ташкилоту муассисаҳои ватанӣ, хориҷӣ ва муштарак ба забонҳои дигар низ ба роҳ монда мешавад. Бинобар сабаби маҳдуд шудани ваколати Кумита, татбиқи меъёрҳои муқарраршударо минбаъд дар ҳамкорӣ бо мақомтои Хадамоти зиддиинҳисории  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ амалӣ менамояд. Яъне корманди Кумита дар гурӯҳҳои кории мақомоти дахлдор ҳангоми даъват шудан ҳамчун мутахассиси соҳаи забони давлатӣ иштирок намуда, хулосаи худро расман вобаста ба талаботи Қонуни мазкур пешниҳод менамояд.
Меъёри талаботи қисми 2 қонунгузории соҳаи забони давлатӣ хусусияти ҳаволадиҳанда дошта, масъалаи забони давлатӣ дар қисми 4 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» муқаррар шудааст. Реклама дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва бо салоҳдиди рекламадиҳандагон, инчунин, ба дигар забонҳо, паҳн карда мешавад. Ин муқаррарот  ба радиошунавонӣ, пахши телевизионӣ ва нашрияҳои чопие, ки танҳо ба забони давлатӣ, забонҳои дигар миллатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматдошта ва забонҳои хориҷӣ сурат мегиранд, инчунин ба тамғаҳои молии (тамғаҳои хизматрасонӣ) ба қайд гирифташуда дахл надоранд. [13]
Дар Қонуни мазкур ҳуқуқ ва уҳдадориҳои рекламадиҳанда, истеҳсолкунанда, паҳнкунанда ва истифодабарандагони реклама мушаххас муайян карда шудааст, масъалаи ҳифзи забони давлатиро сарфиназар намуда, дар доираи талаботи қонунгузорӣ фаъолият наменамоянд, ки мушкилоти зиёди соҳаи забони давлатӣ бавуҷуд омадааст. Ҳамзамон, қайд менамоем, ки муносибатҳои соҳаи реклама, махсусан рекламаи номуносибе, ки метавонад истифодабарандагонро ба иштибоҳ андозад, ба саломатӣ, тарзи ҳаёт, шаъну шарафи онҳо ё эътибори кории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зарар расонад ва ба принсипҳои башардӯстӣ ва ахлоқӣ таҳдид намояд манъ мебошад.
Қобили зикр аст, ки масъалаи танзими реклама тибқи банди 5 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар ваколати мақоми давлатӣ дар соҳаи фаъолияти зиддиинҳисорӣ, яъне Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, назорат мебарад.
Инчунин, дар асоси моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» талабот оид ба пешниҳоди ариза дар бораи бақайдгирии тамғаи молӣ ба Идораи патентӣ аз ҷониби шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешбинӣ карда шудааст. Ариза ба забони давлатӣ ё забони русӣ пешниҳод карда мешавад.
Ҳуҷҷатҳои ба ариза замимашаванда бо забони давлатӣ ё забони дигар пешниҳод мегарданд. Агар ин ҳуҷҷатҳо бо забони дигар пешниҳод шуда бошанд, ба ариза тарҷумаи онҳо ба забони давлатӣ замима карда мешавад. Тарҷумаро ба забони давлатӣ на дертар аз ду моҳи пас аз санаи ба аризадиҳанда фиристодани огоҳиномаи Идораи патентӣ оид ба зарурати иҷрои ин шарт пешниҳод намудан мумкин аст.
Тибқи моддаи 27 Қонуни мазкур истифодабарии тамғаи молӣ ва оқибатҳои истифода набурдани он муқаррар карда шуда, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ҳуқуқ доранд дар молҳо, тамғакоғазҳо, борпечҳои молҳое, ки истеҳсол, барои фурӯш пешниҳод ва фурӯхта мешаванд, дар намоишгоҳу ярмаркаҳо намоиш дода ё ба тарзи дигар ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муомилоти маданӣ ворид карда мешаванд ба роҳ монанд.
Аз меъёри моддаи 11 Қонуни мазкур бар меояд, ки ҳуҷҷатгузории Муассисаи давлатии Патенту иттиллооти назди Вазорати рушди иқтисод ва саводи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ба роҳ монда мешавад. Ариза ба забони давлатӣ ва дигар забонҳо ба идораи мазкур пешниҳод мешавад. Вале дар талаботи Қонуни мазкур масъалаи танзими тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ муқаррарот оид ба забони давлатӣ ва ё ба кадом забонҳо бошад, мушаххас вуҷуд надорад. Танҳо дар моддаи 27 Қонуни мазкур дар сурати мавҷуд будани сабабҳои узрноки истифода набурдани тамғаи молӣ дар молҳо ва ё борпечҳои онҳо ба кор бурдани тамғаи молӣ дар реклама, нашрияҳои чопӣ, бланкҳои расмӣ, дар лавҳаҳо, ҳангоми намоиши экспонатҳо дар намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашаванда ҳамчун истифодаи тамғаи молӣ эътироф шуда метавонад. [14]
Боиси тазаккур аст, ки меъёри талаботи қисми 4 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» хусусияти ҳаволадиҳанда дошта, дар моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» таҷасум ёфтааст, ки дар мавриди истифода бурдани тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳуқуқ доранд тамғаи молии худро ҳамчун рекламаи молу маҳсулот ва хизматрасонӣ истифода баранад. Бинобар ин, дар асоси қисми 4 моддаи 5 қонунгузории соҳаи реклама масъалаи дахл надоштани танзими бақайдгирии тамғаҳои молӣ истисно карда шудааст, ки дар натиҷа мухолифатҳо бавуҷуд омада, масъалаи танзими тамғаҳои молӣ ба забони давлатӣ ҷой надорад, то ҳол нофаҳмиҳо ва риоя нагардидани талаботи қонунгузории соҳаи забони давлатӣ дар ин соҳаҳо ҷой дорад.
Инчунин, танзим намудани номгузорӣ, навиштаҷоти молу маҳсулот, тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ яке аз масъалаҳои муҳим дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва бахши хусусӣ, аз ҷумла, соҳибкорони инфиродӣ ба шумор меравад, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» амалӣ карда мешавад. Вале дар Қонуни мазкур муқаррароте вуҷуд надорад, ки масъалаҳои забони давлатиро ба пуррагӣ танзим намояд. Бинобар ин, ҷиҳати танзим намудани масъалаҳои забони давлатӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» моддаи 181 бо мақсади танзим намудани номгузорӣ, навиштаҷоти молу маҳсулот, тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ пешниҳод мешавад.
Таҳлил ва омӯзиши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки дар соҳаҳои танзими номгузорӣ, эълону реклама ва тамғаҳои молӣ мушкилоти гуногуни забони давлатӣ ҷой дошта, тибқи қонунгузории дар алоҳидагӣ, танзим карда мешаванд. Онҳо дар идоракунии давлатӣ нақши худро дошта, муҳим арзёбӣ мегарданд. Чунки номгузорӣ, эълону реклама ва тамғаҳои молӣ тибқи қонунгузорӣ ва санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, танзим карда мешаванд. Мисол, Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи танзими фаъолияти реклама, ки 19 декбри соли 2003 дар шаҳри Москва ба имзо расидааст, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2004 тасдиқ гардидааст ва Конвенсияи Париж оид ба ҳифзи моликияти саноатӣ аз 20 марти соли 1883 бо тағйиру иловаҳо.
Номгузорӣ метавонад ҳамчун тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шавад. Тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ бошад дар як навбат метавонад ҳамчун реклама ва ё номгузорӣ карда шуда, ҳамчун нишонаҳое, ки барои фардикунонии молҳо, корҳои иҷрошаванда ё хизматрасониҳои шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, мавриди истифода қарор дода шавад.
Реклама бошад дар як навбат метавонад ҳамчун  иттилооте, ки дар ҳар шакл, тавассути ҳар навъ воситаҳо оид ба шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, молҳо, ғояҳо ва ташаббусҳо (ахбори рекламавӣ) паҳн мешаванд ва барои доираи васеи шахсон пешбинӣ шуда, барои фурӯхтани молҳо, ғояҳо ва ташаббусҳо мусоидат менамояд.
Мутаассифона, баъзе мутахассисони мақомоти дахлдор, шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ талаботи қонунгузории соҳаи забони давлатӣ ва дигар қонунгузориро намедонанд ва риоя намекунанд, ки дар натиҷа забони давлатиро ҳамнгоми номгузорӣ ва ё рекламаи ширкатҳо, мағозаҳо, нуқтаҳои савдо, марказҳои хизматрасонӣ, тамғаҳои молӣ сарфи назар намуда, ба забонҳои хориҷӣ таҳия ва истифода мебаранд, ки амалҳои онҳо хилофи қонун мебошад.
Аз ин рӯ, омӯзиш ва таҳлили масъалаҳои танзими номгузорӣ, рекламавӣ ва тамғаи молӣ дар қонунгузории соҳаи забони давлатӣ ва дигар соҳаҳо ҳамаҷониба ба роҳ мондашуда, ҷиҳати ислоҳи мушкилоти ҷойдошта чунин пешниҳод менамоем:
1.Назорати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», махсусан, номгузорӣ, реклама ва тамғаҳои молӣ аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии Патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумиҳурӣ ба роҳ монда шавад.
2.Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро оид ба танзим намудани масъалаҳои истифода бурдани реклама ба забони давлатӣ ва бо дигар забонҳо бо ҳарфҳои баробар, инчунин, номгузорӣ ва тамғаҳои молии ташкилоту муассисаҳои ватанӣ ва хориҷӣ аввал бо забони давлатӣ ва бо забонҳои дигар бо ҳарфҳои баробар ҳуруфгардон ва ё тарҷумаро таҳия намуда, ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод намояд.
3.Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ ҳангоми зарурат номгузории ширкатҳо, соҳибкорони инфиродӣ, тамғаҳои молӣ ва хизматрасониро бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ мувофиқа намояд.
4.Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии Патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Муассисаи давлатии Рекламаи берунии ороишии шаҳри Душанбе мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумиҳурӣ талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»-ро назорат ва таъмин намоянд.
5.Масъалаи танзими маводи реклама тибқи банди 5 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ҷиҳати амалӣ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» дар ваколати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ қарор дорад. Аз ин рӯ, ҳамасола дар нақшаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти субъектҳои хоҷагидори назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон реклама, номгузорӣ ва ё тамғаҳои молӣ ва хизматрасоние, ки ҳамчун реклама истифода бурда мешаванд ворид кардашуда, мавриди санҷиш қарор дода шаванд.
6. Муассисаи давлатии Рекламаи берунии ороишии шаҳри Душанбе ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ барои насб намудани реклама номгузорӣ ва ё тамғаҳои молӣ ва хизматрасоние, ки ҳамчун реклама истифода бурда мешаванд, иҷозатнома медиҳад. Аз ин рӯ, ҷиҳати риояи талаботи моддаҳои 13 ва 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» аз субъектони мазкур назорат ва талаб намояд.
Ҳамзамон, дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ҳуқуқ ва уҳдадориҳои рекламадиҳанда, истеҳсолкунанда, паҳнкунанда ва истифодабарандагони реклама мушаххас муайян карда шудааст. Аз ин рӯ, бо мақсади танзим намудани реклама, номгузорӣ ва ё тамғаҳои молӣ ва хизматрасоние, ки ҳамчун реклама истифода бурда мешаванд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумиҳурӣ ва Муассисаи давлатии Рекламаи берунии ороишии шаҳри Душанбе лоиҳаи қарор оид ба уҳдадор ва вазифадор намудани субъектони рекламадиҳанда, ширкатҳои реклама истеҳсолкунанда, паҳнкунанда ва реклама истифодабаранда таҳия намуда, масъалаи мазкурро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.
7.Боиси тазаккур аст, ки меъёри талаботи қисми 4 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» хусусияти ҳаволадиҳанда дошта, дар моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» таҷасум ёфтааст, ки дар мавриди истифода бурдани тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳуқуқ доранд тамғаи молии худро ҳамчун рекламаи молу маҳсулот ва хизматрасонӣ истифода баранад. Бинобар ин, дар асоси қисми 4 моддаи 5 қонунгузории соҳаи реклама масъалаи дахл надоштани танзими бақайдгирии тамғаҳои молии (тамғаҳои хизматрасонӣ) истисно карда шудааст, ки дар натиҷа мухолифатҳо бавуҷуд омада, масъалаи танзими тамғаҳои молӣ ба забони давлатӣ вуҷуд надорад, то ҳол нофаҳмиҳо ва риоя нагардидани талаботи қонунгузории соҳаи забони давлатӣ дар ин соҳаҳо ҷой дорад.
Дар моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» муқаррар шудааст, ки ҳуҷҷатгузории Муассисаи давлатии Патенту иттиллооти назди Вазорати рушди иқтисод ва саводи ҶТ ба забони давлатӣ ба роҳ монда мешавад. Ариза ба забони давлатӣ ва дигар забонҳо ба идораи мазкур пешниҳод карда мешавад. Вале, дар талаботи Қонуни мазкур масъалаи танзими тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ муқаррарот оид ба забони давлатӣ ва ё ба кадом забонҳо бошад, мушаххас вуҷуд надорад. Танҳо дар моддаи 27 Қонуни мазкур дар сурати мавҷуд будани сабабҳои узрноки истифода набурдани тамғаи молӣ дар молҳо ва ё борпечҳои онҳо ба кор бурдани тамғаи молӣ дар реклама, эътироф шудааст.
Аз ин рӯ, Муассисаи давлатии Патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ вазифадор карда шавад, ки дар асоси таҳлилҳои анҷомдодашуда ва омӯзиши қонунгузорӣ лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ»-ро бо дарназардошти ҳифзи сиёсати забони давлатӣ таҳия намояд.
8. Бо мақсади танзим намудани соҳаи номгузорӣ, навиштаҷоти молу маҳсулот, тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ яке аз масъалаҳои муҳим дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва бахши хусусӣ, аз ҷумла, соҳибкорони инфиродӣ ба шумор меравад, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» амалӣ карда мешавад. Вале дар Қонуни мазкур муқаррароте вуҷуд надорад, ки масъалаҳои забони давлатиро ба пуррагӣ танзим намояд. Бинобар ин, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ вазифадор аст, ки ҷиҳати танзим намудани масъалаҳои забони давлатӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» моддаи 181 бо мақсади танзим намудани номгузорӣ, навиштаҷоти молу маҳсулот, тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ пешниҳод намояд.
1. Номгузорӣ ва навиштаҷоти ҳама гуна молу маҳсулоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ба забони давлатӣ навишта мешаванд ва дар муносибат бо ташкилотҳои хориҷӣ мумкин аст ба забонҳои дигар низ ҳуруфгардон ва ё тарҷума шаванд.
2. Дастурамалҳо, навиштаҷотҳо ва дигар маводи иттилоотии ҳар як молу маҳсулоти воридотӣ бо забони давлатӣ тарҷума карда мешаванд.
3. Навиштаҷоти тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ ба забони давлатӣ ва ба дигар забонҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.». Меъёри пешбинигардида саривақтӣ мебошад, чунки субъекти воридкунандаи молу маҳсулот дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда намешавад. Номгузорӣ, реклама ва тамғаи молии ҳама гуна молу маҳсулоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ба забони давлатӣ навишта шуда, метавонад ба дигар забонҳо ҳуруфгардон ва тарҷума шавад.
Қайд менамоем, ки баъзе мутахассисони мақомоти дахлдор, шаҳрвандон ва соҳибкорони инфиродӣ талаботи қонунгузории соҳаи забони давлатиро дар сатҳи зарурӣ намедонанд, ки дар натиҷа забони давлатиро ҳамнгоми номгузорӣ ва ё рекламаи ширкатҳо, мағозаҳо, нуқтаҳои савдо, марказҳои хизматрасонӣ, тамғаҳои молӣ сарфи назар намуда, маводи худро ба забонҳои хориҷӣ таҳия ва истифода мебаранд, ки амалҳои онҳо мувофиқи мақсад намебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони иттилоот ва коммуникатсия ба забони давлатӣ сурат гирифта, барои истифодаи забони давлатӣ дар технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ шароит фароҳам оварда мешавад, инчунин, барои ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мусоидат мекунад.
Ташкилотҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, дар мукотиба бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин бо шаҳрвандон забони давлатиро истифода менамоянд. Мукотиба бо ташкилотҳои хориҷӣ ба забони давлатӣ ва забоне, ки муқаррар шудааст, сурат мегирад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузории мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак, деҳот, ташкилотҳо ва лавҳаю овезаҳои онҳо ба забони давлатӣ ба роҳ мондашуда [15], номи ташкилотҳои хориҷӣ ва муштарак ба забонҳои дигар низ ҳуруфгардон ва ё тарҷума карда мешаванд.
Номгузорӣ ва номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин, қисмҳои таркибии онҳо ва объектҳои ҷуғрофӣ, аз ҷумла, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳот, деҳа, маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишин, инчунин кӯҳҳо, қаторкӯҳҳо, қуллаҳо, дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо, пиряхҳо, биёбонҳо ва дигар  объектҳо тибқи қонунгузорӣ ба забони давлатӣ сурат гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарорсозӣ ва ҳифзи номҳои таърихиро дар ҳудуди ҷумҳурӣ таъмин менамояд. [16]
Матни муҳру тамғаҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳудидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, инчунин, эълону реклама, тамғаи молӣ ва хизматрасонӣ, борпечҳо, барчаспҳо, марказҳои хизматрасонӣ, нуқтаҳои савдо, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ  навишта шуда, дар муносибат бо ташкилотҳои хориҷӣ мумкин аст ба забонҳои дигар низ ҳуруфгардон ва ё тарҷума карда мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашри коғазҳои қимматнок, аз ҷумла саҳмияҳо, вомбаргҳо, векселҳо ва ғайра ба забони давлатӣ сурат мегирад.
Бо мақсади танзим ва ҳамоҳангсозии сиёсати забони давлатӣ  Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 қабул гардидааст, ки амалисозии рушди сиёсати забони давлатӣ бо маром идома дошта, аз ҷониби мақоми ваколатдор назорат карда мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки амиқи моҳияти сиёсиву фарҳангии забони давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳимро қабул намуд, ки бо шарофати онҳо дар кишвар барои эҳё, ҳифз ва рушди босуботи забони давлатӣ ва забонҳои дигар фазои мусоиди меъёрии ҳуқуқӣ руйи кор омад. Тадбирҳои ҳадафманд ва пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи гиромидошту арҷгузорӣ ва эҳтиром ба забони давлатӣ ҳамчун омили муттаҳидкунандаи сокинони ҷумҳурӣ эътимоди мардумро ба ояндаи неки Тоҷикистон мустаҳкам намуд. [17]
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба хотири ҳимояи асолати миллӣ ва арҷ гузоштан ба забони модарӣ аз ҷониби Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-уми октябри соли 2010 Забони давлатӣ дар радифи Модар ва Ватан ҳамчун муқаддасоти олӣ эълон гардидааст. [18] Пешвои миллат бо лаҳни шевои меъёри забони адабии тоҷиқӣ дар чорабинии байналмилалии Созмони Милали Мутаҳид баромад намуда, миллати тоҷикро дар ҷаҳони муосир бо забони давалатӣ муаррифӣ намуданд, ки ин арҷ гузоштан ба муқаддасоти олӣ мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Конститутсия ва Қонуни мазкур рушд ва ҳифзи забони давлатӣ таъмин гардида, забони тоҷикӣ тибқи қонунгузорӣ ҳамчун мақоми забони давлатӣ гирифта, ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандоне, ки забони модариашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар мебошад, маҳдуд намегардад.
Забон омили муҳими якдигарфаҳмии одамон ва пайванддиҳандаи риштаҳои дӯстӣ ва бародарии халқҳост. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал менамояд. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, дар муошират ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд. Дар машқҳои якҷоя бо кишварҳои хориҷӣ бештар забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни давлатҳо, истифода мешавад. Омӯзиши забони русӣ дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисҳои олии таълмӣ тибқи қонунгузорӣ ба роҳ монда мешавад.
Тибқи тартиби муқарраргардида санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ таҳия гардида, тарҷумаи онҳо ба забони русӣ сурат гирифта, дар ҳолатҳои зарурӣ ба забонҳои дигар  тарҷума карда мешаванд. Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои таъсири имконпазир дар шакли электронӣ бо забони давлатӣ ва забони русӣ пеш бурда мешавад (моддаи 65 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»).
Дар идоракунии давлатӣ забони мукотиба муҳим буда, шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мақомоти давлатӣ, ҳангоми муошират ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ забони давлатӣ ва забони русиро истифода мебаранд. Ҳуҷҷатҳои расмӣ ба забони давлатӣ ба роҳ монда шуда, ҳангоми зарурат ба забони русӣ ва ё дигар забонҳо тарҷума гардида, ба воситаи идораҳои нотариалӣ тасдиқ карда мешавад. Дар Тоҷикистон созмонҳои байналмилалӣ фаъолият менамоянд, ки забони муоширати онҳо бештар забони русӣ мебошад. Шаҳрвандоне, ки забони давлатӣ ва ё русиро намедонанд, метавонанд барои шинос шудан бо ҳуҷҷатҳо ва баргузори мурофиаҳо аз тарҷумон истифода баранд [19].
Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, ҳамгироии кишвари мо бо мамлакатҳои хориҷӣ равнақ меёбад, мо бояд барои омӯзиши забонҳои иртиботи байналмилалӣ, пеш аз ҳама русӣ азму кӯшиш намоем. Гуфтушунидҳо ва мукотибот бо намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ, созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ба забони давлатӣ ва забонҳои расмии онҳо сурат мегиранд. Ҳангоми зарурат, дар гуфтушунидҳо ва мукотибот истифодаи забонҳои дигар маҳдуд карда намешавад.
Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ менамоянд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон истифода намоянд. Дар Қонуни мазкур баробарҳуқуқии забонҳои миллатҳо ва халқиятҳо эътироф карда шудааст, ки онҳо барои истифодаи забони модариашон ҳуқуқ дошта, дар интихоби озоди забони таҳсил тибқи қонунгузорӣ шароит фароҳам оварда мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони таҳсил ба забони давлатӣ сурат мегирад. Муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ метавонанд ба забонҳои дигар низ фаъолият намоянд. Дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ омӯзиши ҳатмии забони давлатӣ барои ақаллиятҳои миллӣ таъмин карда мешавад. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, омӯзиши забони давлатӣ ҳатмӣ мебошад. Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад (м.41 Конститутсия).
Мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадоранд барои омӯхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандоне, ки ақаллияти миллӣ мебошанд, шароит фароҳам оранд. Чорабиниҳои фарҳангии миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ менамоянд, метавонад ба забони давлатӣ ва забонҳои дигар баргузор карда шаванд. Дар робита ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба муносибати Рӯзи забон 5 октябри соли 2010 чунин тазаккур доданд: «Дар кишвари мо бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ барои истифодаи озоди забонҳои дигар, аз ҷумла забонҳои модарии ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳои сокини кишвар шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки бо мо дар як сарзамин зиндагии муштарак доранд, тибқи қонунгузорӣ дар интихоби забони таҳсил озод мебошанд. Мо ба ҳама забонҳо ва фарҳангҳо арҷ мегузорем».
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши хати арабиасос ва табъу нашри адабиёт ба ин хат шароит фароҳам оварда шуда, ҳифзи асолати он тибқи қонунгузорӣ таъмин карда мешавад.
Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ омили муҳимми иттиҳод ва ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Имрӯз забони тоҷикӣ дар робита бо кишварҳои ҳамзабони минтақа ва тақвияти рушди пайвандҳои муштараки фарҳангӣ бо ҷомеаи тоҷикзабонони ҷаҳон нақши бузург дорад. Дар замони Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикӣ дар таҳким ва густариши робитаҳои фарҳангӣ бо тоҷикони бурунмарзӣ нақши муҳим дорад.
Пешвои миллат сиёсати давлатиро дар бораи забонҳои ақаллиятҳои миллии сокини ҷумҳурӣ бо риояи меъёрҳои Конститутсия пайваста пайгирӣ намуда, иҷрои ин ҳадафро аз вазифаҳои муҳими муносибати байни миллатҳо ва халқиятҳо дар кишвари азизамон медонанд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ба забонҳои ақаллиятҳои миллӣ барномаҳои радио ва телевизион фаъол буда, ба бештари ин забонҳо рӯзномаву маҷаллаҳо нашр мешаванд. Дар ҷумҳурӣ дигар халқиятҳо зиндагӣ менамоянд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, забони онҳо шева, яъне лаҳҷа мебошанд. Барои эҳёи забони илм ва ҳуқуқэҷодкунӣ таҳлил ва омӯзиши лаҳҷаҳои забони миллатҳо ва халқиятҳои дигар мувофиқи мақсад мебошад.
Дар асоси Нақшаи амалисозии Барномаи мазкур ҳифзи муқаддасоти олӣ дар идоракунии давлатӣ таъмин карда мешавад. Қайд менамоем, ки вақте, ки мо калимаи Ватанро ба забон меорем, модари азизамон пеши назар меояд, чунки Модар моро ба дунёи ҳастӣ оварда, забони модарӣ, худшиносию худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ, зирракию сиёсӣ ва ҳифзи сохти маъмурию ҳудудии Ватанро ба мо омӯзонда, тарбия намудааст.
Модар барои ҳар инсон азизтарин кас аст ва бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро бо мафҳуми Модар ҳаммаъно донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибватан арзишу манзалати хоса дорад. Таълиму тарбияи Модари тоҷик аст, ки ба дунё фарзандони фарзонаи бонангу номус, чеҳраҳои мондагор, қаҳрамонон, ҳуқуқшиносони асил, олимон, шоирон ва мардони далеру шӯҷо овардааст, ки ҷавонон метавонанд пайравони онҳо шаванд.
Таърих гувоҳ аст, ки Забони модарӣ аз гузаштаҳои Модари тоҷик ба мо меърос монда, Модари тоҷик ҷиҳати таълиму тарбияти фарзандон дар идоракунии давлатӣ нақши муҳим дорад. Мафҳуми забон воситаи муҳимтарини муомилоти инсоният буда, бо шарофати забон мардум бо ҳамдигар иртибот барқарор мекунанд, афкору эҳсосу хостаҳои худро ба дигарон мерасонанд. Забони модарӣ як рукни асосии давлатдорӣ буда, риояи меъёри забони адабӣ дар ҷомеа муҳим арзёбӣ мешавад, аз ин рӯ, Пешвои миллат Забони давлатиро дар радифи Модар ва Ватан ҳамчун муқаддасоти олӣ эълон намудаанд, ки дар сарнавишти инсон нақши ҳалкунанда дорад. Ҳамзамон, заминаи ҳуқуқии истилоҳоти Ватан, Модар ва Забон дар моддаи 2 ва 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» [20] муқаррар карда шуда, аз ҷониби давлат ҳифз ва пуштибонӣ карда мешавад. Шаҳрвандоне, ки Ватани худро, Забони давлатии худро ва Модари худоро дӯст медорад, бояд нисбати Забони давлатӣ беэҳтиромӣ зоҳир накунанд, ҷиҳати поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ ва ба наслҳои оянда расонидани он ҳамчун Пешвои миллат саҳмгузор бошанд.
Қобили зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои муаззами миллат зиёда аз 410 қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида; қонунҳои конститутсионӣ; кодексҳо ва қонунҳои соҳавӣ қабул гардидаанд, ки заминаҳои ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро ташкил медиҳад.
Дар идоракунии давлатӣ забони қонунгузорӣ муҳим буда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ таҳия ва қабул гардида, интишори расмии онҳо дар воситаҳои ахбори омма ба забони давлатӣ интишор шуда, дар ҳолатҳои пешбининамудани қонунгузорӣ ба забонҳои дигар аз тарафи мақоми ваколатдор тарҷума карда мешавад. Матни санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд бо риояи услуби расмии забони адабӣ, содда ва равону фаҳмо баён карда шавад, ки тафсири ҳархелаи меъёрҳоро истисно намояд. Истилоҳоти санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд бо истифода аз калима ва ибораҳои оммафаҳм тартиб дода шуда, ҳамон як истилоҳ дар қонунгузорӣ як маъноро ифода намуда, мазмуни ягона дошта бошад.
Пешвои миллат ба хотири ҳифз ва гиромидошти забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар таҳия ва қабули қонунгузории ҶТ ба забони давлатӣ саҳми арзанда доранд. Қонунгузории амалкунанда барои ҳуқуқэҷодкунӣ, қонуният, адолат, ошкорбаёнӣ, шаффофият, илмият, касбият, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ ба забони давлатӣ таҳия ва қабул гардида, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар доираи риояи меъёри забони адабӣ мусоидат менамояд.

Адабиёт:
1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28.12.2023 // [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: http://www.president.tj. (Санаи муроҷиат: 15.01.2024).
2. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон гардидани соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ» аз 30 декабри соли 2023, №668 // [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: http://www.president.tj. (Санаи муроҷиат: 15.01.2024).
3. Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1989, №15, мод.102.
4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009, №553 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2009, №9-10, мод. 546; с.2023, №11, мод.467.
5.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуда, 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. – Душанбе: Нашриёти Ганҷ, 2016. – С.9.
6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобатии забони тоҷикӣ» аз 30 июни соли 2021, №268 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL.:http://www.adlia.tj (Санаи муроҷиат: 15.01.2024).
7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 июли соли 2017, №358 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL.:http://www.adlia.tj (Санаи муроҷиат: 15.01.2024).
8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 30 майи соли 2017, №1414 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2017, №5, қ1, мод. 271; соли 2019, №7, мод.465; соли 2021, №12, қ.2, мод.694.
9. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 13 феврали соли 2024, №57 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL.:http://www.adlia.tj (Санаи муроҷиат: 25.02.2024).
10. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Муассисаи давлаатии «Маркази миллии матрыума»-и назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 13 феврали соли 2024, №58 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL.:http://www.adlia.tj (Санаи муроҷиат: 25.02.2024).
11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» аз 25 декабри соли 2015, №1269 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2015, №12 қ1, мод.1115; с.2017,  №7-9, мод.578; с.2019, №6, мод. 326; с.2020. №1, мод.29; с.2023, №1-3, мод.10.
12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» аз 19 майи соли 2009, №508 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2009, №5 мод.316; с.2010,№12,қ-1,мод.828; с.2012,№12қ1,мод.1006, с.2015,№11,мод.972; с.2016,№5,мод.370; с.2019, №1, мод.33; с.2019,№7, мод.475; с.2020,№1, мод.27; с.2023, №1-3, мод.4.
13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» аз 1 августи соли 2003, №34 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №8,мод.457; с.2007,№6,мод. 432; с.2008,№10. мод.824; с.2011,№12,мод.843; с.2012,№4, мод.262; с.2014, №11,мод.672; с.2015,№3, мод.224; с.2017, №7-9,мод.575,мод.576; с.2018, №1,мод.26; с.2022, №7,мод.456; №12,қ.2, мод. 787.
14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» аз 5 марти соли 2007, №234 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2007, №3, мод. 167; с.2012, №7, мод.708; с.2019, №1, мод. 31.
15. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Тартиби номгузорӣ ва дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо, инчунин, объектҳои физикию ҷуғрофӣ» аз 31 октябри соли 2009, №609 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL.:http://www.adlia.tj (Санаи муроҷиат: 20.01.2024).
16. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ» аз 29 апрели соли 2006, №185 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2006,№4,мод.198; с.2013,№3мод.188.
17. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» аз 28 ноябри соли 2022, №647 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL.:http://www.adlia.tj (Санаи муроҷиат: 20.01.2024).
18. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон - Душанбе: «Истеъдод», 2013. С. – 45-88.
Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2024, №2017 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2009, №12, мод. 815, мод. 816; с.2010,  №7, мод. 551; с.2011, №3, мод. 159, №7-8, мод. 609: с.2012, №4, мод. 259, №7, мод.714; №8, мод. 815; №12 қ1, мод. 1020, мод. 1025; с2013, №7, мод. 510, мод. 511; с.2014, №3, мод.142; №11, мод.643. с.2015, №11, мод.950; с.2016, №3, мод.128; №5, мод.357, №7, мод.610, мод.611; с2017, №1-2, мод. 4; с2018, №5, мод. 267; с.2019,№1, мод. 3; с.2020 №7-9, мод. 602, мод. 608; с.2021. №1-2, мод.5; № 4, мод.197; №12, қ.2, мод. 684, мод. 685; с.2022, №1,2-3, мод. 4; №7, мод. 442; №12, қ.2, мод.766, мод.767; RXТ аз 3.01.2024с. №2017.
20. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24 декабри соли 2022, №1920 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2022, №12 қ. 2, м. 760.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
1
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)

ДАР БОРАИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН ДАР МУНОСИБАТҲОИ УҲДАДОРИҲОИ ОИЛАВӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 27 Феврал, 2024 - 11:59

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 ироа намуданд, ки дар ҷумҳурӣ сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, бинобар ин, соли 2024-ро соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд.

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Дар ин замина аз 30 декабри соли 2023, №668 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» батасвиб расидааст. Яке аз рукнҳои давлатдорӣ ин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои мардону занон дар ҷомеа мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занон дар ҷомеа марҳила ба марҳила баланд гардида, барои онҳо шароити муносиби фаъолият фароҳам оварда шудааст.
Таҳқиқоти мазкур барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардону занон оид ба масъалаҳои рухсатӣ баромадан барои нигоҳубини кӯдак ба роҳ монда шудааст. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад. Тибқи моддаи 33 Конститутсия давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.
Дар асоси моддаи 32 Кодекси оилаи ҶТ баробарҳуқуқии зану шавҳар дар оила муайян гардида, онҳо дар интихоби шуғл, таҳсилот, касб, намуди фаъолият, маҳалли истиқомат ва будубош озоданд. Масъалаҳои падариву модарӣ, таълиму тарбияи фарзандон ва масъалаҳои дигари ҳаёти оилавиро зану шавҳар якҷоя, бо дарназардошти принсипи баробарҳуқуқӣ ҳал менамоянд.

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» муносибатҳо оид ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаи иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ғайра ба танзим даровардашуда, дар ҷумҳурӣ ҳуқуқпоймолкуниҳо аз рӯи аломати ҷинсӣ пешгирӣ карда мешаванд. Масъалаи гендерӣ муносибатҳои иҷтимоии байни мардону занон буда, дар ҳаёти ҷамъиятии онҳо зоҳир мегардад. Дар ин замина баробарҳуқуқӣ, аз ҷумла, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва масъулияти баробари мардон ва занон дар назди қонун ба вуҷуд омада, танзим карда мешавад.
Тибқи моддаи 3 Қонуни мазкур поймол кардани ҳуқуқи мардону занон манъ аст. Вайрон намудани талаботи қоидаҳои муқаррарнамудани қонун нобаробарии мардону занон мебошад, аз ин рӯ, принсипе, ки ба баробарии гендерӣ асос ёфтааст, поймолкунии ҳуқуқ шуморида шуда, бояд бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур бартараф карда шавад. Вобаста ба масъалаи мазкур қайд менамоем, ки чораҳои махсуси ҳифзи саломатии мардону занон, муҳофизати махсуси занон вобаста ба ҳомиладорӣ ва таваллуди кӯдак ва амалӣ гардонидани талаботи Қонуни мазкур чораҳои поймолкунии ҳуқуқ намебошанд. Инчунин, қайд менамоем, ки дар асоси моддаи 7 Қонуни мазкур вазъияти оилавии мардону занон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва меҳнатӣ ба назар гирифта мешаванд. Корфармо вазифадор аст барои мардону занон, аз он ҷумла вобаста ба танаффуси иҷозатдодаи қонунгузорӣ дар фаъолияти меҳнатӣ, рухсатии ҳомиладорӣ, таваллуд ва нигоҳубини тифл ва иҷрои дигар вазифаҳои давлатӣ низом ва тартиби бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дошта бошад.
Тибқи моддаи 35 Конститутсия ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад. Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст. Вобаста ба масъалаи мазкур тибқи моддаи 90 Кодекси меҳнати ҶТ рухсатиҳои иҷтимоӣ муайян шудааст, ки аз инҳо иборат мебошад: - рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд; - рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак; - рухсатӣ барои таҳсил; - рухсатии эҷодӣ.
Дар баробари ин, масъалаи рухсатии иҷтимоӣ тибқи моддаи 114 Кодекси мазкур танзим карда мешавад, ки рухсатии иҷтимоӣ ба кормандон барои ҳомиладорӣ, таваллуд ва нигоҳубини кӯдак бе ҷудошавӣ аз истеҳсолот дода мешавад. Ҳуқуқи кормандон ба рухсатии иҷтимоӣ ба давомнокӣ, ҷой ва намуди кор, номгӯй ва шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот вобаста нест. Дар вақти рухсатии иҷтимоӣ ҷойи кори пештара нигоҳ дошта мешавад ва дар ҳолатҳои дар Кодекси мазкур, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинишуда музди меҳнат нигоҳ дошта мешавад. Рухсатии иҷтимоӣ илова ба рухсатии меҳнатӣ дода мешавад. Рухсатии иҷтимоӣ барои ҳамон соли тақвимие дода мешавад, ки корманд ба он ҳуқуқ дорад. Дар ҳолати истифода набурдани рухсатии иҷтимоӣ дар соли ҷории тақвимӣ он ба соли дигари корӣ гузаронида намешавад ва бо маблағи пулӣ ҷуброн карда намешавад, аз ҷумла, дар сурати аз кор озод шудан.
Пардохти рухсатиҳо дар асоси моддаи 113 сурат мегирад. Рухсатиҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии пардохтшаванда (ба ғайр аз рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд (моддаи 223 Кодекси мазкур) ва барои нигоҳубини кӯдак (моддаҳои 224 ва 225 Кодекси мазкур) аз ҳисоби маблағҳои корфармо ва дар ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, аз ҳисоби маблағҳое, ки дар сметаи хароҷот барои нигоҳдории онҳо ва музди меҳнат пешбинӣ гардидаанд, пардохт карда мешаванд. Инчунин, рухсатиҳо барои ҳомиладорӣ ва тавваллуд, рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохт карда мешаванд.
Ҳамзамон, масъалаи танзими рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд тибқи моддаи 223 Кодекси мазкур муайян шудааст, ки ба занони ҳомила дар асоси варақаи корношоямии бо тартиби муқарраргардида додашуда пеш аз таваллуд ҳафтод рӯзи тақвимӣ ва баъд аз таваллуд низ ҳафтод (дар ҳолати таваллуди мушкил - ҳаштоду шаш, таваллуди ду ва ё зиёдаи кӯдак - яксаду даҳ) рӯзи тақвимӣ рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд дода, кумакпулӣ аз ҳисоби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохт карда мешавад. Ба занон рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, новобаста аз рӯзҳои истифодаи воқеӣ то таваллуд ва давомияти кор дар ташкилот дар маҷмӯъ пурра ҳисоб карда, дода мешавад.
Қайд менамоем, ки масъалаи танзими рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак тибқи моддаи 224 Кодекси мазкур муқаррар шудааст, ки баъд аз ба охир расидани рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд бо хоҳиши зан барои нигоҳубини кӯдак то ба як солу шашмоҳагӣ расидани ӯ рухсатӣ дода, дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ кумакпулӣ дода мешавад. Барои нигоҳубини кӯдак то ба се солагӣ расидани ӯ рухсатии бемузд бо хоҳиши кормандони зерин дода мешавад: - бо интихоби падару модар - ба модар ё ки ба падари кӯдак; - ба падар ё модари танҳое, ки кӯдакро тарбия менамояд; - бибӣ, бобо, дигар намояндаи қонунии кӯдак, ки кӯдаки бепарастории падару модар мондаро, тарбия мекунанд; - ба корманд, ки кӯдаки навтаваллудшударо ба парасторӣ (фарзандхондӣ) гирифтааст.
Ҳамзамон, рухсатии бе нигоҳ доштани музди меҳнат барои нигоҳубини кӯдак то расидан ба се солагӣ метавонад пурра ё қисман дар асоси аризаи хаттии корманд, ки дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, аз рӯи интихоби ӯ истифода карда шавад. Бо хоҳиши зан ё шахсоне, ки дар қисми 1 моддаи мазкур зикр шудаанд, ҳангоми дар рухсатии нигоҳубини кӯдак будан, онҳо метавонанд рӯзи нопурраи корӣ ё дар хона кор карда, аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ кумакпулӣ гиранд. Дар вақти рухсатии бе нигоҳ доштани музди меҳнат барои нигоҳубини кӯдак то расидани ӯ ба се солагӣ ба корманд ҷойи кор (мансаб) нигоҳ дошта мешавад. Вақти рухсатии бе нигоҳ доштани музди меҳнат барои нигоҳубини кӯдак то расидан ба сесолагӣ ба собиқаи меҳнатии умумӣ, бетанаффус ва аз рӯи ихтисос дохил карда мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад. Корманд уҳдадор аст, як моҳ пеш аз оғози кор корфарморо дар бораи хоҳиши ба кор баромадан то тамом шудани рухсатии бемузд барои нигоҳубини кӯдаки то се сола огоҳ намояд.
Рухсатии кормандоне, ки кӯдакони навзодро фарзандхонд кардаанд ё васии онҳо мебошанд тибқи талаботи моддаи 226 Кодекси мазкур амалӣкарда мешавад. Ба кормандоне, ки кӯдакони навзодро тибқи қонунгузории ҶТ фарзандхонд кардаанд ё васии онҳо мебошанд, барои давраи фарзандхондӣ (муқаррар шудани васоят) ва то хатми ҳафтод (ҳангоми фарзандхонд кардани ду кӯдаки навзод - яксаду даҳ) рӯзи тақвимӣ аз рӯзи таваллуди кӯдак барояшон рухсатӣ дода, кумакпулӣ аз ҳисоби суғуртаи давлатии иҷтимоии ин давра пардохта, бо хоҳиши онҳо барои то расидан ба як солу шашмоҳагӣ ва сесолагӣ нигоҳубин кардани кӯдакашон рухсатӣ дода мешавад. Ҳамзамон, кафолат ва имтиёзҳо ба шахсоне, ки кӯдаконро бе модар тарбия мекунанд (дар ҳолати фавти модар, аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум шудан, дуру дароз дар муассисаи табобатӣ будан ва дар дигар ҳолатҳои кӯдакро парасторӣ карда натавонистани модар), инчунин ба васии (парастори) ноболиғон дар асоси моддаи 227 Кодекси мазкур муайян шудааст, дода мешавад.
Дар баробари ин, қайд менамоем, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ» аз 14 октябри соли 2014, №630 тасдиқ гардидааст, мавриди амал қарор дорад, ки тартиби пардохти кӯмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кӯмакпулиҳои мардону занон муқаррар карда шудааст, ки аз ҷониби мақомот ва ташкилоту муасисаҳои ваколатдор амалӣ карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки барои таъини кӯмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд варақаи корношоямӣ, ки бо тартиби муқарраргардида дода мешавад, асос мебошад. Дигар ҳуҷҷатҳо барои пардохти маблағ асос шуда наметавонанд. Кӯмакпулиҳо ба занони суғурташуда мутаносибан барои 140 рӯзи тақвимӣ пардохта мешавад. Дар сурати таваллуди душвор, кӯмакпулӣ барои 156 рӯз ва ҳангоми таваллуди ду ё бештар аз он кӯдак барои 180 рӯз пардохт карда мешавад.
Инчунин, дар сурати пешниҳод намудани рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд дар вақти рухсатии пардохтшаванда барои нигоҳубини кӯдак, бо интихоби зан, барои давраи гирифтани кӯмакпулӣ барои нигоҳубини кӯдак ба ӯ як намуди кӯмакпулӣ, ё кӯмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ё кӯмакпулӣ барои нигоҳубини кӯдак пардохт мешавад. Инчунин, шахсони суғурташуда, ки кӯдакони навзодро аз таваллудхона фарзанд хондаанд ва ё васигии онҳоро ба уҳда гирифтаанд, ба рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд барои давраи ҳафтод рӯзи баъди таваллуди кӯдак дар асосҳои умумӣ ҳуқуқ доранд.
Ҳамзамон, қайд менамоем, ки ҳангоми рухсатӣ барои нигоҳубини аъзои бемори оила кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ дар ҳолате дода мешавад, ки агар набудани нигоҳубин ба ҳаёт ва саломатии бемор хатар таҳдид намояд ва ҷойгир намудани ӯ дар беморхона аз рӯи нишондодҳои тиббӣ ғайриимкон буда, дар байни аъзои оила шахси дигари қобили беморро нигоҳубин кардан набошад (зани хонакор аъзои оила ба ҳисоб намеравад). Дар мавриди бемор шудани кӯдаки то синни дусола кӯмакпулӣ ба модари ӯ, новобаста аз будан ё набудани дигар аъзои оила, ки қобилияти нигоҳубинро дорад, дода мешавад. Чунин кӯмакпулиҳои нигоҳубини аъзои бемори оила барои на зиёда аз се рӯзи тақвимӣ дода мешавад. Дар ҳолатҳои истисноӣ вобаста аз вазнинии беморӣ ва вазъи маишии оила, пардохти кӯмакпулӣ метавонад ба муҳлати на зиёда аз ҳафт рӯз давом дода шавад. Чунин кӯмакпулиҳо барои нигоҳубини кӯдаки бемори то синни чордаҳсола барои давраи ба нигоҳубин муҳтоҷ будани кӯдак, вале на зиёда аз чордаҳ рӯз дода мешавад.
Тибқи тартиби мазкур кӯмакпулиҳо ба яке аз волидайн ё дигар хешованди кӯдаки бемор, ки барои тамоми давраи дар статсионар бо кӯдак ҳамроҳ будан аз кор муваққатан озод шудааст, дода мешавад. Кӯмакпулиҳо ба шахси коргар барои нигоҳубини кӯдаки то синни сесола ё кӯдаки маъюби то синни ҳаждаҳсола дар сурате дода мешавад, ки модари кӯдак бемор буда, кӯдакро нигоҳубин карда наметавонад.
Ба кормандоне, ки дар рухсатии навбатӣ, иловагӣ, нигоҳубини кӯдак ё рухсатии бемузд мебошанд, кӯмакпулии дар банди мазкур пешбинишуда дода намешавад.
Қайд менамоем, ки масъалаи танзими рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳали худро ёфтааст. Барои нигоҳубини кӯдак то ба се солагӣ расидани ӯ рухсатии бемузд бо хоҳиши падару модар, ба модар ё ки ба падари кӯдак, ба падар ё модари танҳое, ки кӯдакро тарбия менамояд, бибӣ, бобо ва ё дигар намояндаи қонунии кӯдак, ки кӯдаки бепарастории падару модар мондаро, тарбия мекунанд ва ё ба корманд, ки кӯдаки навтаваллудшударо ба парасторӣ (фарзандхондӣ) гирифтааст дода мешавад.

Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент,
омӯзгори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва
тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ        Мансурӣ Шодмон Ҷамолиддинзода

Баҳодиҳии муҳтаво: 
1
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 23 Феврал, 2024 - 08:00

Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Беш аз се даҳсола мешавад, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ якҷо бо ҳайати шахсии дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истиқлолу озодии давлати тоҷикон, марзу буми Ватани аҷдодӣ, амнияту суботи мамлакат ва зиндагии осудаву ороми мардуми кишварро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя карда истодаанд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он мебошанд.

Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф, вале бисёр сангину пурмасъулияти таърихӣ – барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳимояи озодиву соҳибихтиёрии давлат, тамомияти арзии кишвар, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ба дӯш гирифтанд.

Дар ин лаҳзаҳои идона бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор медорам, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар айёми барои халқи Тоҷикистон ва давлати тоҷикон ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз хизмати ҷавонмардонаву таърихӣ карданд.

Бинобар ин, ба тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, хизматчиёни ҳарбии дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат барои хизмати содиқона ба давлат ва халқи Тоҷикистон сипосу миннатдорӣ баён менамоям.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо дарки ин нукта, ки ҳифзи марзу буми кишвар, таъмин намудани амнияти давлату миллат ва суботу оромии ҷомеа бидуни Қувваҳои Мусаллаҳи муҷаҳҳазу муосир ғайриимкон мебошад, ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба таъсиси Артиши миллӣ ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ оғоз намуд.

Тоҷикистони азизи мо маҳз дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта, яъне дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба гирдоби мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардид ва ин рӯйдоди фоҷиабор ҳалли масъалаи муҳимтарини давлатдорӣ, яъне таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро ба таъхир андохт.

Вале мо, бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявии он рӯзҳо, Артиши миллиро амалан дар ҷойи холӣ таъсис додем ва сипас ба ташкили қисму воҳидҳои махсус, омодасозии мутахассисони низомӣ ва бо техникаву таҷҳизот таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳи худ оғоз намудем.

Қобили зикри махсус аст, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мо аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ дар набардҳои сангини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва дарки масъулияту рисолати таърихӣ фаъолона иштирок карданд ва обутоб ёфтанд.

Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки маҳз дар натиҷаи шуҷоату матонат ва далериву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ – фарзандони бонангу номуси Ватан ҳокимияти конститутсионӣ барқарор гардид ва дар кишвар барои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошта шуд.

Хотирнишон менамоям, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар давраҳои минбаъда низ борҳо бар зидди хоинону душманони миллати тоҷик далерона мубориза бурданд, аз имтиҳони ҷасорату мардонагӣ сарбаландона гузаштанд ва дар ин роҳ ҳазорон нафари онҳо ҷони худро қурбон карданд.

Яъне зиндагии орому осудаи мардуми мо ба қимати ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ҷоннисор ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ва хусусан, ҷавонон бояд инро ҳамеша дар хотир дошта бошанд, шукронаи сулҳу суботи пойдори кишварро ба ҷой оваранд ва ба хотири ҳифзи осоишу оромии мамлакат саъю талош намоянд.

Вақтҳои охир вазъи ҷаҳон торафт мураккабу буҳронӣ гардида, раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, марҳалаи нави «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ торафт шиддат гирифта истодааст.

Яъне вақтҳои охир инсоният ба марҳалаи ниҳоят ҳассосу хатарноке ворид шудааст, ки таърих чунин давраро ёд надорад.

Дар чунин шароит ҳар як шаҳрванди огоҳи ҷомеа, дар навбати аввал, хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи неъмати бузурги зиндагии халқамон – истиқлолу озодӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ кӯшиш намоянд.

Давлат ва Ҳукумати мамлакат барои тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар, дастгирии моддиву маънавӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ минбаъд низ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.

То имрӯз барои пешбурди хизмат ва зиндагии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шароиту имкониятҳои беҳтарин муҳайё карда шудаанд ва мо ин равандро пайгирона идома медиҳем.

Дар робита ба ин, роҳбарон ва ҳайати фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бори дигар вазифадор месозам, ки доир ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои тарбиявӣ дар қисму воҳидҳо, омода намудани мутахассисони ҳарбии дорои сатҳи баланди касбият, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия кардани ҳайати шахсӣ тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Дар ин раванд, зарур аст, ки ба масъалаҳои азхудкунии техникаву технологияҳои замонавӣ, таҷҳизоту воситаҳои ҳарбии муосир ва забономӯзии афсарону сарбозон диққати доимӣ ва ҷиддӣ дода шавад.

Ҳамчунин, ба тамоми роҳбарон ва ҳайати фармондеҳӣ такроран таъкид менамоям, ки ба риояи қатъии талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ, интизому тартибот, волоияти қонун ва сатҳи баланди омодабошии қисму воҳидҳо эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Бо эътимоди комил иброз медорам, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо садоқат ба савганди ҳарбии худ дар оянда низ қарзи ҷавонмардии хешро дар таъмини амнияти давлату ҷомеа, ҳифзи марзу буми сарзамини муқаддаси тоҷикон, ҳимояи зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистон сарбаландона иҷро менамояд.

Бори дигар тамоми афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомии мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бо ифтихори Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо саломатӣ, иродаи мустаҳкам ва рӯҳи шикастнопазир орзу менамоям.

Ҷашн муборак бошад, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

Семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Татбиқи стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 13 Феврал, 2024 - 17:17

Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15-уми январи соли 2024 бо иштироки роҳбарияти Кумита, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва сарнозири Раёсати муқовимат ба коррупсияи назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода Алихони Абдулҳаким семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» доир гардид.
Ҳамоишро Раиси Кумита О. Муҳаммадҷонзода ифтитоҳ намуда, даъватшудагонро ба чорабинии мазкур хайрамақдам гуфта, намояндаи Агентӣ Розиқзода Алихони Абдулҳакимро ба ҳозирин муаррифӣ намуданд.
Ҳамзамон, зикр намуданд, ки «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021, №222 тасдиқ шудааст, бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандон ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ, паст намудани шиддати коррупсия қабул гардидааст. Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи кории худ Стратегияи мазкурро сармашқи корӣ қарор дода, бандҳои нақшаи чорабиниҳои амалисозии онро дар амал татбиқ намоем.
Баъдан, намояндаи Агентӣ муҳтарам Розиқзода Алихон оид ба он бандҳои «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки дар умум, ба вазорату идораҳо, аз ҷумла, ба Кумита вобаст мебошанд шарҳу тавзеҳ дода, зикр намуд, ки яке аз вазифаи асосии кормандони Агентӣ ин гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ оид ба пешгирии ҳолатҳои номатлуби коррупсионӣ ва шарҳу тавзеҳи сандҳои меъёрии ҳуқуқӣ самти муқовимат ба коррупсия, инчунин, «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» маҳсуб меёбад. Мо ҳамеша омода ҳастем, ки дар ин самт бо вазорату идораҳо, аз ҷумла, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории ҳасанаро ба роҳ монем.
Зимни баромад бештар бандҳои Нақшаи амалисозии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки ба самти фаъолияти Кумита дахл доштанд, шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш вобаста ба мавзуи матраҳгардида, баҳсу музокираҳо сурат гирифт.
Дар фарҷом раиси Кумита иштирокчиёни нишаст барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуда, ба шахсони масъул супориш доданд, ки ҳолати иҷрои «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» зери назорати қатъӣ қарор дода шуда, ҳуҷҷатҳои дохилиидоравӣ ба муқарророти Стратегия ва Барномаи зиддикоррупсионӣ мутобиқ карда шавад.
Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Маҷлиси ҳисоботии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 8 Феврал, 2024 - 14:24

     Дар робита ба дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми январи соли 2024, №22/10-18 «Ҷиҳати ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024» санаи 8-уми январи соли 2024, соати 10:00 маҷлиси ҳисоботии солонаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
     Дар маҷлис роҳбарияти Кумита, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири бахши раёсати маориф, фарҳанг ва иттилоот муҳтарам Қувватзода Сайдулло, раиси Шурои ҳамгунсозии истилоҳот ва узви Ҳайати мушовараи Кумита, профессор Назарзода С., дотсенти кафедраи забони муосири тоҷикии Донишгоҳи миллии Точикистон Абдураҳмонова М. ва дотсенти кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Точикистон Мансурӣ Ш., сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
     Баъд аз садо додани Суруди миллӣ маҷлис ба кори худ оғоз намуд.   Муовини раиси Кумита Раҳматуллозода С. маҷлисро ифтитоҳ намуда, тибқи рӯзномаи ҷаласа , нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки ба раванди илму маориф иртибот доштанд, ба диққати ҳозирин расонид.
     Дар идомаи ҷаласа муовини раиси Кумита Раҳматуллозода С. дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 гузориши муфассал ироа намуд. Дар муҳокимаи маъруза Қувватзода С., Назарзода С., Абдураҳмонова М., Мансурӣ Ш. ва сардорони шуъбаҳо суханронӣ намуда, дар маҷмуъ, фаъолияти Кумитаро дар соли гузашта қаноатбахш ва мусбат арзёбӣ намуданд.
Сипас, Нақшаи кории Кумита барои нимсолаи якуми соли 2024 тасдиқ гардид.
     Дар варҷоми ҷаласа Раҳматуллозода С. зикр намуд, ки Кумита ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ тамоми неруи худро баҳри назорат ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дарки амиқи сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои миллат оид ба рушди забони давлатӣ чораҳои муассир меандешад ва фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои соҳавӣ, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Фишурдаи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 6 Феврал, 2024 - 13:35

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», дастуру супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Кумита ба роҳ монда, пешбурди сиёсати забон ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқии марбут ба забони давлатиро амалӣ намуд.
Вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи Низомнома яке аз ваколатҳои асосии Кумита ба шумор рафта, риояи татбиқи муқаррароти Қонуни мазкурро дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ мунтазам назорат менамояд.
Дар ин замина, гурӯҳи кории Кумита (15-24 май) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шуъбаи маориф ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №18 ва №20-и шаҳри Хуҷанд, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шуъбаи маориф ва Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Спитамен, (9-15 июн) мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шуъбаи маориф, бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, беморхонаи марказӣ ва таваллудхонаи ноҳияи Нуробод ва (июл) мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шуъбаи маориф, шуъбаи фарҳанг ва бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мавриди санҷиш қарор доданд.
Дар соли 2023 аз ҷониби Кумита ҷиҳати назорати риояи вазъи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» фаъолияти 28 муассиса, аз ҷумла, 17 адад мақомоту муассисаҳои давлатӣ ва 11 субъектҳои хоҷагидор ва якҷоя бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 2 мақомоти давлатӣ (Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Варзоб) мавриди санҷиш қарор гирифтанд, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли 2022, 22 адад ё 56% камтар мебошад.
Қобили зикр аст, ки Кумита бо мақсади назорат ва муайян намудани мутобиқати забони давлатӣ дар эълону рекламаи 456 адад лоиҳаи ангораҳои соҳибкорон, ташкилоту муассисаҳои рекламаистеҳсолкунандаро дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, ба талаботи Қонуни мазкур мутобиқ намуда, эълону рекламаҳои ғайримеъёрӣ ислоҳ карда шудаанд.
Ҳамзамон, дар соли равон Кумита дар ҳамкорӣ бо мақомоти прокуратура назорати татбиқи Қонуни мазкурро ба роҳ монда, нисбат ба ташкилоту муассисаҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои савдо огоҳӣ ва санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои чораҷӯӣ ба мақомоти суд пешниҳод намуд. Дар асоси маълумоти пешниҳоднамудани Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми январи соли 2024, №1076/19 дар соли 2023 аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ вобаста ба риоя нагирдидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 35 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шуда, ба шахсони ҳуқуқвайронкунанда ҷарима ба андозаи 30684 сомонӣ таъин гардида, аз ин маблағ 26604 ба фоидаи давлат рӯёнда шудааст.
Инчунин, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот, аз ҷумла, коркарди истилоҳот, баррасии луғату фарҳангномаҳои пешниҳодгардида, яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита ба ҳисоб меравад. Дар соли 2023 дар Кумита 4 фарҳангномаи тахассусӣ (43960 истилоҳ), 1 фарҳанги истилоҳоти соҳавӣ, 4 дастури таълимӣ шомили 468 истилоҳ ва 8 китоби таълимӣ-омӯзишӣ ва дастурамалҳои машваратӣ бо фарогирии 560 истилоҳи соҳавӣ, ки дар умум, 45111 вожаву истилоҳро дар бар мегиранд ва матни 12 филмномаи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» мавриди баррасӣ ва мувофиқа қарор гирифтаанд, ки ин нишондиҳанда ҷиҳати коркарду баррасии истилоҳот нисбат ба соли гузашта 8515 истилоҳ ё 18,8% зиёдтар аст (соли 2022, дар умум, 36596 истилоҳот).
Баррасӣ, коркард ва пешниҳод намудани хулосаҳои забоншиносии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, маводди судӣ ва номгузории шахсони воқеӣ ва ташкилоту муассисаҳо яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита ба шумор рафта, корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷумла, дар соли равон аз ҷониби вазорату идораҳо ба Кумита 84 адад лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, аз нигоҳи экспертизаи забоншиносӣ ва танзиму ҳамгунсозии истилоҳот мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, ки дар муқоиса ба давраи соли 2022 (соли 2022 теъдоди 148 адад) 64 адад ё 43,2% камтар мебошанд.
Дар соли 2023 Кумита «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ»-ро дар таҳрири нав таҳия намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2023, №83 тасдиқ карда шудааст.
Кумита дар соли 2023 ба 1228 муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзанд хулоса пешниҳод намудаст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022, 106 адад ё 13,6% муроҷиат камтар мебошад (дар соли 2022 шумораи он 1334 адад буд). Бинобар ин, бо қабул гардидани «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» дар таҳрири нав ва дар Феҳрист ворид гардидани номҳои нав шумораи муроҷиаткунандагон оид ба номгузории фарзанд торафт камтар мегардад.
Бояд зикр намуд, ки дар соли 2023 аз ҷониби мақомоти дахлдор ба Кумита 10 адад маводди судӣ барои хулосаи экспертизаи забоншиносӣ пешниҳод гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022, 6 адад ё 37,5% камтар мебошад (дар соли 2022 теъдоди 16 адад мавод буд).
Кумита дар давоми соли 2023 дар умум, ба номгузории 51 адад муассисаю ташкилот, ҶДММ ва ҶСП аз лиҳози экспертизаи забоншиносӣ ва танзими истилоҳот хулоса пешниҳод намудааст, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 (28 адад номгузорӣ, аз ҷумла, 14 номи муассисаи таълимӣ ва 14 номи ташкилоту муассисаҳо) 23 адад ё 45,0% зиёдтар мебошад.
Дар соли 2023 дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва вазорату идораҳои дахлдор 89 номи маҳалли аҳолинишин, 639 номи ғайримеъёрии ивазшавандаи ҳудуди шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҷамъ, ба 728 номи маҳалли аҳолинишин ва объектҳои ҷуғрофии ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, хулоса пешниҳод намуда, ба 3522 ном барои иваз намудани номҳои объектҳои ҷуғрофии кишвар тавзеҳнома навиштааст.
Кумита бо мақсади ҳифзи таъмини рушди сиёсати забони давлатӣ ва тарҷума ҷиҳати иҷрои бандҳои 50-и Нақшаи амалисозии Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 лоиҳаи қарор «Дар бораи Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума»-и назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намуда, барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.
Соли 2023 дар Кумита 26 адад чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ, нишастҳои матбуотӣ, аз ҷумла, 4 ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумита, 4 конференсияи илмӣ-амалии ҷумуҳуриявӣ, 8 адад чорабинӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 мизи мудаввар ва 3 адад чорабинии дигар дар сатҳи баланд баргузор карда шуданд. Кормандони Кумита дар 80 чорабинии илмӣ, фарҳангӣ, озмунҳо, дар 40 машғулияти омӯзишӣ-семинарии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ оид ба омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ», дар 57 барномаи телевизионӣ ва 36 барномаи радиоӣ иштирок намуда, оид ба сиёсати давлатии забон баромад намудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ Кумита дар ҳамкорӣ бо олимон ва мутахассисони соҳа китобҳои «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» дар таҳрири нав, «Роҳнамои коргузорӣ» ва «Дуруст бинависем»-ро таҳия ва нашр намуд. Дар Кумита маҷаллаи «Забон ва истилоҳот» фаъолият менамояд, ки дар як сол 4 маротиба ба нашр расонида мешавад. Роҳбарият, аъзои мушовара ва кормандони Кумита дар соли равон доир ба таблиғу ташвиқи сиёсати давлатии забон беш аз 58 мақолаи илмӣ ва амалӣ таҳия ва ба нашр расониданд.
Қобили зикр аст, ки дар Кумита почтаи электронӣ: info@kumitaizabon.tj фаъолият менамояд ва дар соли 2023 аз он 19 миллиону 725 ҳазору 126 нафар (дар умум, 73 миллиону 770 ҳазору 126 нафар) муштарӣ истифода намудааст.
Бояд қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар Кумита 1816 содироти мактуб ва гузоришу хулосаҳо, аз ҷумла, 143 мактуб ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1673 мактуб ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида аз ҷониби Кумита ирсол гардидааст. Ҳамчунин, дар соли ҳисоботӣ 126 адад фармоишҳои раиси Кумита ба тасвиб расидаанд.
Инчунин, дар соли 2023 ба теъдоди 4170 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавассути телефон, шифоҳӣ, шабакаи интернет, электронӣ ва дар ҷараёни қабули рӯзҳои шанбе ба Кумита ворид гардидааст, ки ба онҳо ҷавобҳои қонеъкунанда дода шудааст.
Кумита дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ тамоми неруи худро баҳри назорати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дарки амиқи сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои миллат оид ба рушди забони давлатӣ чораҳои муассир меандешад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Суратгузориши мизи мудаввар таҳти унвони «ЗАНОН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Феврал, 2024 - 15:00

Шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 29 Январ, 2024 - 10:37

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни Сада, ки ҳамчун ёдгори бисёр гаронбаҳо аз аҷдоди некномамон ба мо мерос монда, ба шарофати соҳибистиқлолии Ватани азизамон эҳё гардидааст ва ба яке аз ҷашнҳои муҳимми миллии мо табдил ёфтааст, самимона табрик мегӯям.

Ҷашни Сада дар қатори Наврӯзу Тиргон ва Меҳргон аз даврони қадим то рӯзгори мо бо як силсила одобу суннатҳо, расму ойинҳо ва донишу таҷрибаҳои кишоварзӣ омада расидааст.

Ниёгони ориёитабори мо ҳанӯз беш аз шаш ҳазор сол қабл аз ин ба ҳунармандиву косибӣ, истеҳсоли ашёи зарурии рӯзгор ва корҳои кишоварзиву боғдорӣ машғул будаанд.

Онҳо барои ҳар як фасли сол иду маросим ва одатҳои махсус доштаанд, ки ҳама бо табиат, заминдорӣ ва касбу кори гузаштагонамон пайванди мустаҳкам дошта, аз ҷониби хурду бузург таҷлил мегардиданд.

Ҷашни Сада яке аз ҳамин ойинҳои басо деринаи мардуми мо мебошад.

Дар муҳити зиндагии ориёиёни қадим тақвимҳои мардумӣ шакл гирифта, гузаштагони мо аксари маросиму ҷашнҳоро дар асоси онҳо таҷлил мекардаанд.

Ҳамин аст, ки ниёгони мо барои чор фасли сол ойину ҷашнҳои алоҳидаро бунёд гузоштаанд.

Сада моҳиятан тақвими чиллашуморӣ аст, ки то ҳанӯз дар байни мо – тоҷикон роиҷ буда, кишоварзон тибқи он рӯзу моҳу фаслҳоро ҳисоб мекунанд ва дар корҳои деҳқонии худ истифода мебаранд.

Мувофиқи тақвими чиллашуморӣ аз 22-юми декабр чиллаи калон шурӯъ мешавад ва шаби даромадани чилларо ниёгони мо бо номҳои «Шаби чилла» ва «Шаби ялдо» ҷашн мегирифтанд.

Баъд аз анҷоми чиллаи калон, ки ба 30 январ рост меояд, ҷашни Садаро баргузор мекарданд.

Яъне ба ҳисоби мардум чиллаи калон давраи авҷи сардиҳо мебошад.

Аз ин хотир, дар аввалу охири он шабнишинӣ ва шодию нишот барпо карда, орзуи осоишу оромии рӯзгор ва файзу баракати корҳои кишоварзиро мекарданд.

Сада рамзи пирӯзии гармиву нур бар сардӣ ва торикӣ ба ҳисоб рафта, рамзи асосии он гулхани фурӯзони оташ мебошад.

Ин аст, ки яке аз рамзҳои ҷашни Сада аз болои оташ паридану нияти саломативу тандурустиву рӯйсурхӣ кардан мебошад, ки то кунун дар байни мардуми мо чун маросими «аловпарак» маъмул аст.

То фарорасии ҷашни Сада кишоварзон ҷӯйбору заҳкашҳоро ба тартиб дароварда, яхобмонии боғу токзорҳо ва обшӯйкунии заминҳоро анҷом медоданд.

Бахусус, дар ин давра тартиби кандани ниҳолҳо барои бунёди боғҳои нав аз ҷониби пирони рӯзгордида, маросими идонаи дарахтбурӣ, шаклдиҳии дарахтони мевадиҳанда ва тоза кардани атрофи дарахтони сояафкан ба амал меомад.

Пас аз таҷлили ҷашни Сада деҳқонон аз фароғати зимистона берун омада, дар андешаи мавсими нави кишоварзӣ ва боғдорӣ мешуданд.

Зеро маҳз дар ин айём дар қишри Замин бедорӣ оғоз мегардад, ки замину замону табиатро барои эҳё омода месозад.

Яъне ҷашни Сада паёмовари ҷашни Наврӯзи оламафрӯз, омодагӣ ба ин ойини бузурги ориёӣ мебошад ва баъди панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзи он ҷашни соли нави ориёӣ – Наврӯз фаро мерасад.

Дигар рукни муҳимми Сада ишора ба гардиши замонӣ барои оғози корҳои мавсими нави кишоварзӣ, яъне омода кардани олоти меҳнат, техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ ва тухмиҳои беҳтарини зироатҳо ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, дар раванди баргузории ҷашни Сада ташкил кардани намоиш ва фурӯши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаву сояафкан ва ороишӣ амали бисёр муҳим ба шумор меравад.

Деҳқонону боғдорони мо бояд рӯзҳои таҷлили ин ҷашнро самаранок истифода бурда, ниҳолҳои беҳтарини дарахтону буттаҳо, гулҳо ва тухмиҳои хушсифатро ба харидорон пешкаш намоянд ва барои кабудизоркунии кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд, ки амалӣ намудани онро мо то соли 2040 ҳадафи худ қарор додаем.

Вобаста ба ин, хотирнишон менамоям, ки бар асари тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳарорати замин, инчунин, рӯз ба рӯз шиддат гирифтани вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза, торафт зиёд шудани аҳолии сайёра ва афзоиши талабот ба озуқаворӣ ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯз табдил ёфтааст.

Солҳои охир доим таъкид месозам, ки ҳар як оилаи мамлакат бояд ба муҳлати то ду сол захираи маводи зарурии ғизоӣ дошта бошад.

Ин пешниҳод тасодуфӣ набуда, аз таҳлили амиқи вазъи пешгӯйинашавандаи ҷаҳони имрӯза, гусаста шудани занҷираҳои пешини таҳвили молу маҳсулот ва пайваста боло рафтани нархи маҳсулоти озуқаворӣ бармеояд.

Дар шароити бисёр мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, замину обро самараноку оқилона истифода барем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем ва барои амалисозии ҳадафи стратегии миллиамон – ҳифзи амнияти озуқавории кишвар саҳми худро гузорем.

Қобили зикр аст, ки ҷашни Сада бо пешниҳоди Тоҷикистон 6-уми декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Касанеи кишвари Ботсвана баргузор гардид, ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.

Ин рӯйдоди муҳимми фарҳангӣ боиси ифтихори ҳар як фарди худогоҳу ватандӯсти мамлакат ва гувоҳи равшани инсонмеҳварии ҷашнҳои миллии мо мебошад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ мо бояд арзишҳои миллии худро, ки ҷашнҳои миллӣ як ҷузъи муҳимми онҳо мебошанд, ҳифз карда, барои боз ҳам таҳкиму густариш ёфтани онҳо мусоидат намоем.

Кинаҳоро аз қалбҳо дур кардан, тозаву озода нигоҳ доштани хонаву кошона, сарсабзу хуррам гардонидани кӯчаву хиёбону гулгаштҳо ва ободу зебо намудани маҳалли зист аз суннатҳои дерини ҷашнҳои миллии мо, аз ҷумла Сада мебошанд.

Бовар дорам, ки мардуми мо ин анъанаи некро ба хотири тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва ободии Ватани маҳбубамон ҳамарӯза ва дар тамоми қаламрави мамлакат ба таври васеъ истифода мекунанд.

Бори дигар кулли мардуми шарифи кишварро ба ифтихори ҷашни бостонии Сада самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як фарди Тоҷикистон тандурустӣ, бахту саодат ва иқболи баланд орзу менамоям.

Ҷашни Сада муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 27 Январ, 2024 - 10:51

Суратгузориш аз мизи мудаввар дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ ва нақши он дар рушду инкишофи ҷомеа дар ҳошияи паём»

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (4 овоз)

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2024

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 31 Декабр, 2023 - 18:00

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2024 самимона табрик мегӯям.

Ба хурду бузурги сокинони мамлакат саломатӣ ва бахту саодат орзу менамоям.

Тавре ки чанд рӯз пеш дар Паёми худ иброз доштам, соли 2023, бо вуҷуди вазъи бисёр печидаву ноороми ҷаҳони муосир, барои кишвари мо боз як соли бобарору хотирмон гардид.

Дар Паём дастоварду пешравиҳои ноилгардидаи халқи Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ зикр гардиданд.

Яъне мо нақшаҳои барои соли 2023-юм пешбиникардаамонро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва ҷомеа муваффақона амалӣ намудем.

Дар натиҷа имрӯз шароити зиндагии мардуми кишвар нисбат ба солҳои гузашта хеле беҳтар гардидааст.

Ҳоло сокинони мамлакат ба фардои боз ҳам ободу осуда дилпурона назар мекунанд ва ба хотири пешрафти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли худ софдилона заҳмат мекашанд.

Хотирнишон менамоям, ки мо ҳанӯз мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб дорем.

Барои бартараф кардани мушкилоти дар ҳаёти мардумамон ҷойдошта ва ҳаллу фасли масъалаҳои мавҷуда мо барномаву нақшаҳои мушаххас қабул кардаем ва онҳоро зина ба зина амалӣ месозем.

Расидан ба истиқлоли энергетикӣ, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, саноатикунонии босуръат ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ҳадафҳои стратегие мебошанд, ки мо барои амалӣ намудани онҳо тамоми захираву имкониятҳои худро сафарбар кардаем.

Бо ин мақсад ҳоло дар кишвар бунёду азнавсозии неругоҳҳои азим, роҳу пулҳои замонавӣ, коргоҳу корхонаҳои муосир ва иншооти иҷтимоӣ, яъне муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва фарҳангу хизматрасонӣ бомаром идома дорад.

Дар ин раванд, мо ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа, яъне бо озуқавории истеҳсоли ватанӣ ҳарчи бештар таъмин намудани аҳолии мамлакат эътибори аввалиндараҷа дода истодаем.

Ҳадафи асосӣ аз иқдомоти зикршуда – муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ барои ҳамватанонамон, мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумамон ва фароҳам сохтани шароити зиндагии шоиста ба ҳар як фарди Ватани маҳбубамон мебошад.

Ҳамватанони азиз!

Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ барои таҷлили сазовори 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, соҳибкорони ватандӯст, шахсони саховатпеша ва аҳолӣ иқдому ташаббусҳои нек вусъати тоза пайдо карданд.

То имрӯз аз 28 ҳазору 350 иншооти тибқи нақша пешбинигардида 10 ҳазору 500 иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ба истифода супорида шудаанд, ки 37 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.

Дар натиҷа ҳамаи гӯшаву канори мамлакат то дурдасттарин маҳаллу деҳоти он хеле ободу зебо гардида, бисёр мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ бартараф шуда истодаанд.

Мехоҳам бо қаноатмандӣ изҳор намоям, ки ҳоло корҳои ободониву созандагӣ дар тамоми қаламрави кишвар бомаром идома доранд.

Бовар дорам, ки то ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ бо саъю талоши ватандӯстонаи мардуми заҳматқарини кишвар нақшаи тасдиқгардидаро пурра иҷро намуда, Тоҷикистони азизу биҳиштосоямонро ба гулистон табдил медиҳем.

Ҳамчунин, бо ифтихор хотирнишон менамоям, ки маҳз ба шарофати ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастии мардуми кишвар, сарҷамъии аҳли ҷомеа, саъю талоши содиқона ва заҳмати фидокоронаи халқамон нуфузу обрӯи Тоҷикистони азизи мо дар арсаи байналмилалӣ сол ба сол таҳким ёфта истодааст.

Ҳоло Тоҷикистони мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун кишвари пешсаф ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим эътироф гардидааст.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки ҳамватанони азизи мо аз вазъи ҷаҳони пурмоҷарои имрӯза, мушкилоти рӯз ба рӯз афзояндаи сайёра, вусъат гирифтани миқёси таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ хуб огоҳанд.

Дар чунин шароит мо бояд ба ҳифзи неъмати бузургтарини зиндагиамон – истиқлолу озодӣ, дастовардҳои таърихии халқамон – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои милливу давлатиамон ҳамеша омода бошем.

Таъкид менамоям, ки сидқан дӯст доштани Ватан ва таъмин намудани пешрафти иқтисодиву иҷтимоии давлати соҳибихтиёри тоҷикон вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.

Мо бояд дар Соли нави мелодӣ ва солҳои дигар ба хотири таҳкими истиқлоли давлатӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва густариши худшиносиву худогоҳӣ, боз ҳам баланд бардоштани мақоми байналмилалии кишварамон сарҷамъу муттаҳид бошем, бештар заҳмат кашем ва тамоми кӯшишу ғайрати худро ба хотири иҷрои рисолати олии ватандорӣ, яъне обод кардани Ватан ва пешрафта гардонидани давлати тоҷикон сафарбар созем.

Мо бояд ободии Ватанамонро аз хонаву кошона ва маҳалли зисти худ оғоз карда, кӯшиш намоем, ки дар ободии сарзамини аҷдодӣ, сарсабзу хуррам гардонидани он, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист саҳми худро гузорем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани тоҷиконро ба ҷаҳониён собит созем.

Бо чунин ниятҳои нек бори дигар тамоми мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии Соли нави мелодии 2024 самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мамлакат тансиҳатӣ, хушбахтӣ, файзу баракат ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

Соли нави мелодии 2024 муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 28 Декабр, 2023 - 16:00

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.

Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд.

Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона карда шуд.

Мо ҳамчунин, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудем.

Сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии солҳои охир, аз ҷумла паҳншавии бемории сироятии КОВИД–19, низоъҳои тиҷоратӣ, муноқишаҳои минтақавӣ, халалдор гардидани низоми муносибатҳои байналмилалии иқтисодиву молиявӣ ва таъсири бевоситаи онҳо ба иқтисоди миллӣ ба мо муяссар шуд, ки нишондиҳандаҳои рушдро дар ин марҳалаи ҳассос таъмин намоем.

Дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд гардид.

Ҳол он ки мо дар давраи пандемияи КОВИД–19 беш аз ду сол дар шароити маҳдудиятҳои иқтисодиву тиҷоратӣ қарор доштем.

Дар ин давра даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид.

Музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид.

Бо вуҷуди болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, солҳои охир дар кишвар сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, соли 2023-юм 3,8 фоизро ташкил намуд.

Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.

Дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд.

Бо мақсади идома додани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дар ҳафт соли минбаъда то ба 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намояд.

Вобаста ба ин, зарур аст, ки дар соли 2024 тавассути татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида суръати рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин карда шавад.

Вакилони муҳтарам!

Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат қисми даромади буҷети давлатӣ ҳар сол зиёд гардида, соли 2023 ҳаҷми он нисбат ба соли 2017-ум 1,6 баробар афзоиш ёфт.

Бо фароҳам омадани имконият хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид.

Дар ҳафт соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 21,9 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2023-юм 4 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Дар ин давра танҳо ҷиҳати пардохти кумаки унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат ва кӯдакони маъюб, инчунин, ҷубронпулии яквақта ба шаҳрвандони аз фалокатҳо зарардида 2 милларду 70 миллион сомонӣ равона карда шудааст.

Ҳукумати мамлакат барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар оянда низ тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.

Дар се соли минбаъда ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ афзоиш дода шуда, ба ин мақсад 61 миллиард сомонӣ равона карда мешавад.

Вазорати молия вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати таъмин намудани нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ, самаранокии хароҷоти он ва фарогирии пурраи сарчашмаҳои имконпазири даромади буҷет раванди рақамикунонии молияву андозро густариш бахшида, дар муҳлатҳои наздиктарин низоми мукаммали муносибатҳои молияи рақамиро роҳандозӣ намояд.

Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва дигар вазорату идораҳо дар ду соли минбаъда низоми пардохтҳои ғайринақдиро дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ пурра ҷорӣ карда, ҳамгироии фаъолиятро дар ин самт таъмин намоянд.

Инчунин, бо мақсади ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати рушди бозори коғазҳои қиматнок, бахусус, коғазҳои қиматноки «сабз» ва бозори такрорӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Соли 2023 дороии сохторҳои молиявию қарзии кишвар нисбат ба соли гузашта 22 фоиз зиёд гардида, 39,6 миллиард сомониро ташкил кард.

Соли ҷорӣ пешниҳоди қарзҳо аз ҷониби низоми бонкӣ дар муқоиса бо соли 2022-юм 31,1 фоиз афзоиш ёфта, ба 18,5 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда 32,1 фоиз зиёд гардида, 13,3 миллиард сомониро ташкил дод.

Қарзҳои ба занону бонувони соҳибкор пешниҳодшуда 30 фоиз афзоиш ёфта, ба 4,8 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Дар ин давра бақияи умумии пасандозҳои аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар ташкилотҳои қарзии ватанӣ 32 фоиз зиёд гардида, ба 18,6 миллиард сомонӣ расид.

Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки дар самти дарёфти манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ ва дар ин замина зиёд кардани пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат, дастрас ва бо фоизи паст, инчунин, пурра ҷорӣ намудани низоми рақамии хизматрасониҳои бонкӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ва истифодаи васеи технологияҳои молиявӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти кишвар ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯйӣ менамояд.

Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид.

Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони кишвар беш аз 2 ҳазор корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул бунёду азнавсозӣ карда шуданд.

Танҳо дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супориданд.

Соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону азнавсозии 139 иншоот анҷом дода шуд.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорону сармоягузорони бонангу номуси кишвар барои ташаббусҳои созандаашон ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон миннатдории самимӣ изҳор менамоям.

Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки барои баланд бардоштани шаффофият, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва бартараф кардани монеаҳои маъмуриву сунъӣ дар ин самт тадбирҳои саривақтиро амалӣ созанд ва ташаббусҳои соҳибкоронро ҳаматарафа дастгирӣ намоянд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар ҳафт соли охир ба кишвар ба маблағи беш аз 95 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки зиёда аз 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад.

Дар ин давра дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст.

Ҳоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Тибқи «Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030» ҳаҷми сармояи мустақим то соли 2026 нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 10 фоиз расонида шуда, солҳои 2022 – 2026, яъне дар панҷ сол бояд ба иқтисоди миллӣ беш аз 60 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шавад.

Соли 2023 барои ташкили истеҳсолоти нави саноатӣ, васеъгардонии фондҳои асосӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти наву рақобатнок аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ва маблағи корхонаҳо зиёда аз 7 миллиард сомонӣ равона гардидааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 1,5 баробар зиёд мебошад.

Зарур аст, ки дар ин раванд ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, сармоягузорон, шарикони рушд ва созмонҳои молиявии байналмилалӣ барои ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо воридоти технологияҳои муосири каммасраф ва дар ин замина ноил гардидан ба ҳадафҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Дар робита ба ин, Ҳукумати мамлакат доир ба ислоҳоти низоми ҷалби сармоя, таҳияву пешниҳод ва татбиқи самараноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт, бахусус, дар бахшҳои саноативу агросаноатӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои баланд бардоштани имкониятҳои сармоягузорӣ ба кишвар стандартҳои миллии экологиву иҷтимоӣ ва идоракуниро дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ таҳия намоянд.

Ҳамватанони азиз!

Соҳаи саноат ва инноватсия яке аз манбаъҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи кишвар ба ҳисоб рафта, пешрафти он имкон медиҳад, ки сарчашмаҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пайдо гардида, барои аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шаванд.

Дар зарфи солҳои истиқлоли давлатӣ амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар кишвар беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шавад.

Танҳо аз ҳисоби зиёд шудани иқтидорҳои саноатӣ дар замони истиқлол талабот ба неруи барқ беш аз 800 мегаватт зиёд гардид.

Дар 75 соли замони гузашта (то соли 1991) дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошт.

Танҳо пас аз барқарорсозии сулҳу субот ва роҳандозии фаъолияти бонизоми соҳаҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ мо имконият пайдо кардем, ки ба масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат машғул шавем.

Яъне мо ба рушди иқтисодии мамлакат аз соли 2000-ум – ҳамагӣ 23 сол пеш шурӯъ кардем.

Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, мо солҳои 2022 – 2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намудем.

Ҷиҳати амалисозии ин иқдом тайи ду соли охир дар кишвар беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992-юм 4,6 баробар афзоиш ёфта, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Танҳо дар ҳафт соли охир ин нишондиҳанда 2,4 баробар зиёд гардидааст.

Бо вуҷуди ин, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили фарсудашавии таҷҳизот, сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулот ва гуногунсамтии он, норасоии маблағҳои гардони корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос вуҷуд доранд.

Ҳамчунин, таъкид менамоям, ки соли ҷорӣ содироти маҳсулоти саноатӣ тамоюли коҳишёбӣ пайдо кардааст.

Соли 2022 содироти маҳсулоти соҳа ба 22,8 миллиард сомонӣ расида буд, вале дар соли 2023-юм ин нишондиҳанда ҳамагӣ 18,5 миллиард сомониро ташкил карда, 19 фоиз кам гардид.

Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки афзоиши назарраси ҳаҷми коркард ва маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, баланд бардоштани рақобатнокӣ ва гуногунсамтии истеҳсолот, ҷойгиркунонии самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ ва таъсиси маҷмааҳои саноатиро таъмин намоянд.

Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба рушди саноати сабук, хӯрокворӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ба ин васила ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ ва бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолии кишвар, хусусан, ҷавонону бонувон эътибори махсус диҳанд.

Вобаста ба масъалаҳои зикргардида, Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки доир ба такмили низоми омода намудани мутахассисон барои бахши воқеии иқтисодиёт, бо дарназардошти афзалиятҳои соҳавӣ, таъсиси маҷмааҳои саноатӣ, агросаноатӣ ва хизматрасонӣ, тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намояд.

Тавре ки ҳамватанони азизи мо мушоҳида мекунанд, солҳои охир тағйирёбии иқлим дар миқёси сайёра ба мушкилии аввалиндараҷа табдил ёфта, Тоҷикистонро низ таҳти таъсири манфии худ қарор додааст.

Дар кишвари мо ҳар сол офатҳои табиӣ, аз ҷумла хушксолӣ, омадани сел, фаромадани тарма ва ярч ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарари зиёд мерасонанд.

Бинобар ин, бо мақсади истеҳсоли «энергияи сабз», рушди «иқтисоди сабз» ва паст кардани партови газҳои гулхонаӣ зарур аст, ки дар самти сармоягузории давлатӣ ва рақамикунонии ҳифзи муҳити зист тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда шаванд.

Дар робита ба ин, Саридораи геология бо истифода аз натиҷаҳои бадастомадаи муҳандисиву геологӣ ва бо нишон додани минтақаҳое, ки зери таъсири омилҳои хатарноки табиӣ қарор доранд, Атласи равандҳои экзогениву геологии кишварро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Инчунин, ба Ҳукумати мамлакат ва Саридораи геология супориш дода мешавад, ки фаъолиятро доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати омӯзиш, ҷустуҷӯ, иктишоф ва барои истифодаи саноатӣ омода намудани конҳои канданиҳои фоиданок вусъат бахшанд.

Вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав ва Саридораи геология вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати дарёфти маблағҳои зарурӣ барои тақвияти корҳои таҳқиқотиву геологӣ ва мушаххассозии захираҳои мавҷуда тадбирҳои амалӣ андешанд.

Бояд гуфт, ки солҳои охир рушди бомароми соҳаи энергетика ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст.

Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.

Низоме, ки дар 75 соли замони гузашта муҳлати истифодаи аксари таҷҳизоти он қариб ки ба анҷом расида буд, таҷдиду навсозӣ карда шуд.

Агар мо ин корро намекардем, шояд имрӯз умуман бе барқ мемондем.

Дар ин давра танҳо барои азнавсозии неругоҳҳои барқи обии амалкунанда беш аз 11,3 миллиард сомонӣ равона гардида, неругоҳи барқи обии «Сарбанд» пурра таҷдид ва иқтидори он 30 мегаватт зиёд карда шуд.

Инчунин, таҷдиди неругоҳҳои «Норак» ва «Қайроққум» бомаром идома дошта, баъди ба анҷом расидани корҳо иқтидори онҳо, дар маҷмӯъ, 423 мегаватт афзоиш меёбад.

Нуктаи муҳим ин аст, ки неругоҳҳои зикршуда баъди азнавсозӣ ба мардуми Тоҷикистон боз даҳсолаҳои дигар хизмат хоҳанд кард.

Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти фаровонии захираҳои гидроэнергетикӣ, иқтидори бузурги истеҳсоли «энергияи сабз» ва содироти он, дар ҷодаи ноил гардидан ба ҳадафи стратегии худ – расидан ба истиқлоли энергетикӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ 22 миллиард киловатт – соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 4,8 миллиард киловатт – соат ё 28 фоиз зиёд мебошад.

Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои гузошташуда зарур аст, ки дар солҳои оянда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва дигар сохтору мақомоти марбута тадбирҳои зерин амалӣ карда шаванд:

Якум: бунёди неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Себзор» ва таҷдиди неругоҳҳои амалкунандаро бомаром идома дода, корҳо дар самти дарёфти маблағгузории иқтидорҳои нави тавлиди «энергияи сабз» ва ба 10 ҳазор мегаватт расонидани иқтидорҳои энергетикии кишвар вусъат дода шаванд.

Дуюм: барои беҳтар кардани таъминоти аҳолии кишвар бо барқ ва рушди соҳаи истихроҷи маъдан ва саноати металлургия суръати корҳои асосноккунии техникӣ ва лоиҳакашии неругоҳҳои барқи обии «Шӯроб» бо иқтидори 1000 мегаватт дар дарёи Вахш, «Санобод» бо иқтидори то 500 мегаватт дар се марҳала дар дарёи Панҷ – қисмати ноҳияи Рӯшон ва «Чарсем» дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 14 мегаватт, бо дарназардошти бунёди хатти интиқоли барқ ва дигар инфрасохтори зарурии интиқол ва тақсимоти барқ тезонида шавад.

Сеюм: дар робита ба амалисозии лоиҳаҳои сохтмони хатти интиқоли барқи CASA–1000 ва азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ барои дар 7 соли оянда то 10 миллиард киловатт – соат афзоиш додани содироти неруи барқ тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

Чорум: ҷиҳати кам кардани талафоти неруи барқ ва ноил гардидан ба нишондиҳандаи на зиёда аз 9 фоизи талафот татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ин самт таъмин гардида, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва истифодаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои ҳалли ин масъала дар шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъат бахшида шавад.

Панҷум: бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли «энергияи сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

Шашум: корҳо дар самти гузариш ба таҷҳизоти каммасрафи барқӣ дар иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ва истеҳсоливу коммуникатсионии мамлакат ва риояи маданияти баланди истифодаи неруи барқ аз ҷониби аҳолӣ тақвият бахшида шаванд.

Мо тасмим гирифтаем, ки соли 2025 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода диҳем.

Бо ин мақсад дар соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 5 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳоло дар ин иншооти муҳимми аср 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон ва 3,5 ҳазор техникаи сохтмонӣ фаъолият доранд.

Бо амалисозии тадбирҳои зикршуда соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо «энергияи сабз» таъмин гардида (ҳоло 98 фоиз), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад.

Яъне Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» соли 2037 воқеан ба «кишвари сабз» табдил меёбад.

Ҳоло кишвари мо аз рӯйи фоизи истеҳсоли барқ аз манбаъҳои барқароршаванда дар ҷаҳон дар ҷойи 6-ум қарор дорад.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он Ҳукумати мамлакат аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди вазъи душвори иқтисодиву молиявӣ, тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намуд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.

Дар ояндаи наздик роҳҳои Тоҷикистон ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодии Чин – Тоҷикистон – Афғонистон ва Чин – Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо, инчунин, Тоҷикистон – Чин – Покистон истифода хоҳанд шуд.

Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик барои ташаккули долонҳои иқтисодӣ як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки бунёду таҷдиди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро лоиҳакашӣ ва барои ҷалби сармоя пешниҳод намояд.

Роҳҳои Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон (235 километр), аз Варшез то гузаргоҳи Кулма – Қарасу (300 километр), Бохтар – Ҷалолиддини Балхӣ – Қубодиён – Шаҳритус – Айвоҷ – сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон (170 километр), Хуҷанд – Конибодом (57 километр), Хуҷанд – Ашт (122 километр) ва Балҷувон – Сари Хосор (58 километр) аз ҷумлаи ҳамин лоиҳаҳо мебошанд.

Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 13 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Ҳоло лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод ба маблағи 3,3 миллиард сомонӣ ва бунёди пули калонтарин дар мамлакат бо дарозии 920 метр ба маблағи 625 миллион сомонӣ дар водии Рашт амалӣ шуда истодаанд.

Инчунин, татбиқи лоиҳаҳои бунёди роҳҳои Бекобод – Деҳмой, Деҳмой – Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров – Хистеварз ва Конибодом – Кучкак (52 километр) 635 миллион сомонӣ дар вилояти Суғд, Бохтар – Левакант – Лолазор – Данғара (69 километр) 672 миллион сомонӣ, Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт (59 километр) 740 миллион сомонӣ дар вилояти Хатлон идома дорад.

Ҳамзамон бо ин, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҷдиду барқарорсозии роҳи мошингарди Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон (93 километр) бо сохтмони ду нақб бо дарозии 5,2 километр ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ, сохтмони ду пул бо дарозии 283 метр аз болои дарёҳои Ғунд ва Шорфдара, 4,5 километр роҳ ва долонҳои зидди тарма (550 метр) ба маблағи 342 миллион сомонӣ идома дорад.

Бунёди роҳҳои Гулистон – Кӯлоб (35 километр) 745 миллион сомонӣ, Данғара – Гулистон (49 километр) 1 миллиарду 314 миллион сомонӣ, Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ (137 километр – марҳалаи якум) 449 миллион сомонӣ ва марҳалаҳои боқимонда ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ дар давраи оғозшавӣ қарор дорад.

Дар 7 соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар пойтахти мамлакат 82 километр роҳҳо ба маблағи 2 миллиарду 235 миллион сомонӣ азнавсозӣ карда шуданд.

Дар се соли оянда дар шаҳри Душанбе 40 километр роҳҳои мошингард бо 7 эстакада бо арзиши умумии зиёда аз 3 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.

Танҳо дар соли 2023 дар пойтахти мамлакат 16 километр роҳҳои мошингард бо арзиши 700 миллион сомонӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.

Қобили зикр аст, ки солҳои охир сохтмон ва ба истифода додани роҳҳои маҳаллӣ вусъати тоза гирифта, танҳо дар соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, хусусан, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ба маблағи зиёда аз 300 миллион сомонӣ қариб 1000 километр роҳҳои маҳаллӣ таҷдид гардида, бунёду азнавсозии 41 пул ба анҷом расидааст.

Мо тасмим гирифтаем, ки бо амалисозии ҳадафҳои муайянкардаамон дар панҷ – шаш соли оянда ҳамаи роҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии мамлакатро ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонем.

Яъне бунёди роҳҳои муосир дар ояндаи наздик ба мо имкон медиҳад, ки ба ҳадафи стратегиамон – ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ноил шуда, рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии халқамонро таъмин намоем.

Дар баробари сохта, ба истифода додани роҳҳои мошингард, тартиби истифодабарии самаранок ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои бунёдгардида яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба ин, ҷорӣ намудани механизми назорати рақамии ҳаракати нақлиёти гаронвазн хеле муҳим аст.

Илова бар ин, барои пурра ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар бунёди марказҳои логистикӣ, тақсимоти яклухт ва афзоиш додани шумораи нақлиёти боркаш, аз ҷумла воситаҳои нақлиёти яхдондор дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон муҳим мебошад.

Вазорати нақлиёт ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадоранд, ки минбаъд низ ҷиҳати ҷалби сармоя ва самаранок амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи инфрасохтори нақлиётӣ, аз ҷумла лоиҳаи шабакаи ягонаи назорати рақамии ченкунии вазни нақлиёти боркаш тадбирҳои ҳатмӣ андешанд.

Бар замми ин, Вазорати нақлиёт ва Хадамоти гумрукро зарур аст, ки ҷиҳати васеъ намудани гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ, ташкили «долонҳои сабз», бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва мувофиқи стандартҳои муосири байналмилалӣ бунёд кардани терминалҳои наздисарҳадӣ чораҷӯйӣ намоянд.

Вазорати нақлиёт ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ҷиҳати такмили стандартҳои экологиву иҷтимоии таҳияи лоиҳаҳои бунёду азнавсозӣ ва истифодаи роҳҳо бо мақсади мутобиқ намудани онҳо ба принсипҳои иқтисоди «сабз», кабудизоркунии шафати роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Илова бар ин, зарур аст, ки ҷиҳати риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирӣ кардани садамаҳои нақлиётӣ, ҳифзи ҳаёту саломатии шаҳрвандон, баланд бардоштани маданияти ронандагӣ ва тоза нигоҳ доштани шафати роҳҳо тадбирҳои муассир андешида шаванд.

Бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологии кишвар, инчунин, муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш дода мешавад, ки барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии кишварро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд.

Таъмин намудани зиндагии осудаву босаодати наслҳои ояндаи халқамон моро водор месозад, ки ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намоем.

Яъне мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва чунонки доим таъкид менамоям, ба фарзандону набераҳоямон як мулки обод мерос гузорем.

Гармшавии ҳарорати сайёра ва оқибатҳои манфии он – камобӣ, хушксолии паёпай ва дигар офатҳои табиӣ, аз ҷумла сардии бесобиқаи зимистони гузашта, яъне торафт бад шудани ҳолати муҳити зисти инсоният, илова бар ин, ки боиси торафт вазнин шудани таъминот бо маводи ғизоӣ ва оби босифати нӯшокӣ дар бисёр кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон гардида истодааст, ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва торафт устувор гардидани муқовимати воситаҳои дорувории мавҷуда бар зидди вируси чунин бемориҳо мусоидат карда истодааст.

Бинобар ин, аҳли башар, аз ҷумла мо маҷбур ҳастем, ки барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ кардани харобшавии минбаъдаи он, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам кардани партови газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне ба хотири наҷоти табиат ва инсоният тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешад.

Ҳамватанони азиз!

Вобаста ба таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳони муосир бавуҷудомада ва канда шудани занҷираи анъанавии таҳвили молу маҳсулот, афзоиши аҳолӣ, инчунин, бар асари тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои манфии он – хушксолии пайиҳам ва камобӣ, аз ҷумла дар минтақаи мо талабот ба об ва маҳсулоти кишоварзӣ торафт зиёд гардида истодааст.

Дар баробари ин, тағйирёбии босуръати вазъи бозори ҷаҳонии озуқаворӣ ва болоравии мунтазами нархи маҳсулоти ғизоӣ моро водор менамояд, ки ба беҳсозии ҳолати соҳаи кишоварзӣ, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти он, рушди маҷмааҳои агросаноатӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем.

Дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалигардида ва заҳмати софдилонаи кишоварзон сатҳи таъминнокии аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ афзоиш ёфта, соли 2023 истеҳсоли ғалладонагиҳо назар ба соли 1991-ум 6 баробар, аз ҷумла гандум 5,6 ва шолӣ 6,7 баробар, картошка 10,8 баробар, сабзавот 9, полезӣ 17,5, меваҷот 10 ва ангур 2 баробар афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра саршумори чорвои калони шохдор 2 баробар (ҳоло шумораи он ба 2,6 миллион сар расидааст), чорвои майда 2 баробар (6,6 миллион сар) ва паранда 1,9 баробар (12,2 миллион сар) зиёд шудааст.

Воридоти гӯшт аз хориҷи кишвар сол ба сол кам гардида, аз 10,7 ҳазор тонна дар соли 2014 ба 144 тонна дар соли 2023 коҳиш ёфтааст.

Воридоти шир ниҳоят кам ба қайд гирифта шудааст.

Яъне ҳоло талаботи аҳолии мамлакат бо гӯшту шир пурра аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ таъмин шуда истодааст.

Хотиррасон менамоям, ки дар замони сохти гузашта ҳар сол ба ҷумҳурӣ 160 ҳазор тонна гӯшт ва 170 ҳазор тонна картошка ворид мегардид.

Фаромӯш набояд кард, ки дар се даҳсолаи гузашта аҳолии Тоҷикистон аз 5 миллион ба 10 миллион расид, яъне талабот ба маводи ғизоӣ ду баробар афзоиш ёфт.

Соли 2023 таъминот бо маҳсулоти асосии озуқавории истеҳсоли ватанӣ дар кишвар ба 85 фоиз расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 2,5 баробар зиёд мебошад.

Истеҳсоли картошка (122 фоизи талабот), сабзавот (174 фоиз), пиёз (527 фоиз), сабзӣ (360 фоиз), полезӣ (312 фоиз), гӯшту шир (100 – фоизӣ) барзиёд аз меъёри истеъмолӣ таъмин гардидааст.

Яъне имрӯз кишвари мо бо ин намудҳои маҳсулоти озуқаворӣ аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ пурра таъмин мебошад.

Барои заҳмати софдилона, ки аз нишондиҳандаҳои зикршуда ва фаровонии бозори истеъмолӣ ба хубӣ маълум аст, ба ҳамаи кишоварзони мамлакат миннатдории самимии худро баён менамоям.

Солҳои охир дастгирӣ ва имтиёзҳои барои рушди соҳаи кишоварзӣ пешниҳодгардида натиҷаҳои мусбат дода истодаанд: дар ҳафт соли охир ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 1,6 баробар зиёд гардидааст.

Танҳо дар асоси татбиқи имтиёз дар соҳаи парандапарварӣ дар ин давра шумораи корхонаҳои парандапарварӣ 3,3 баробар ва ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳа 5 баробар афзоиш ёфтааст.

Бо мақсади идома додани ин раванд, Ҳукумати мамлакат ба масъалаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди саноати хӯрокворӣ ва содироти маҳсулоти он диққати аввалиндараҷа диҳад.

Илова бар ин, дар самти ташкили озмоишгоҳҳои ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ, ҳалли масъалаи эътирофи сертификати сифат дар доираи савдои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои шарик ва ташаккули «долони сабз»-и бо технологияҳои рақамӣ муҷаҳҳаз тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.

Ҳозирини арҷманд!

Дар солҳои 2018 – 2023 барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ гардида, илова бар ин, ба субъектҳои соҳа аз ҷониби низоми бонкии кишвар зиёда аз 300 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст.

Дар ин давра 1450 иншооти сайёҳӣ бунёд гардида, соли 2023 шумораи сайёҳон ба як миллиону дусад ҳазор нафар расидааст.

Вале таъкид менамоям, ки имкониятҳои барои рушди соҳа истифоданашуда ҳанӯз хеле зиёданд.

Бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти сайёҳӣ ва назорати қатъии онҳо зарур аст, ки таҳти роҳбарии муовини дахлдори Сарвазири кишвар бо шомил намудани яке аз муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гурӯҳи кории босалоҳияти доимӣ таъсис дода шавад.

Амалисозии барномаву нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва заргарӣ, инчунин, касбу ҳунаромӯзии шаҳрвандони мамлакат, ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат ва истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ ба зиммаи ин гурӯҳи корӣ вогузор карда шавад.

Ҳамчунин, ташкили фаъолияти маҳаллу растаҳо ва гӯшаҳои ҳунармандӣ дар тамоми қаламрави мамлакат, аз ҷумла дар ҳамаи мағозаву бозорҳо ба роҳ мондани фурӯши маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, хусусан, маҳсулоту маснуоти ҳунарҳои мардумӣ масъалаҳое мебошанд, ки бояд зери назорати гурӯҳи корӣ қарор дода шаванд.

Гурӯҳи корӣ ҳар семоҳа ба Ҳукумати мамлакат оид ба корҳои иҷрошуда ҳисобот пешниҳод намояд.

Ҳамзамон бо ин, Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзии мамлакат додани қарзҳои хурди имтиёзнокро барои рушди хунармандиву косибӣ васеъ ба роҳ монанд.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ҳалли масъалаҳои соҳаи фарҳанг, ҷиҳати муаррифии фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ як қатор иқдомоти назаррас амалӣ гардиданд.

Соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид.

Бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин, рушди сайёҳӣ дар ин самт пешниҳод менамоям, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад.

Вобаста ба ин, сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.

Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад.

Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш дода мешавад, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.

Соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст.

Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад.

Ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад.

Агар дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 103 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас қабул ба синфи 1-ум ба 261 ҳазор нафар расидааст.

Дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, вале ин ҳоло ҳам кам аст.

Зеро ҳанӯз 73 ҳазор хонанда бе ҷойи нишаст мемонад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад.

Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд.

Хотирнишон менамоям, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд.

Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.

Дар ин раванд, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ чораҷӯйӣ намоянд.

Вазорати маориф ва илм, Комиссияи олии аттестатсионӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, ҳамчунин, вазифадор карда мешаванд, ки барои ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар ин замина бояд рушди иқтидори илмии муассисаҳои зикршуда, дар доираи лоиҳаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ анҷом додани таҳқиқоти арзишманди илмӣ ва дар раддабандии ҷаҳониву минтақавӣ мавқеи шоиста ишғол намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таъмин карда шавад.

Вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо, дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, уҳдадоранд, ки тавассути роҳандозии барномаҳои таълимии муосир омода кардани кадрҳои лаёқатманд ва баландихтисосро таъмин намоянд.

Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор карда мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намояд.

Зарур аст, ки дар раванди амалисозии лоиҳа муҳити мусоид барои дастрасӣ ба таҳсилот, таълиму тарбияи самарабахш, таълифи китобҳои дарсии насли нав, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳлил ва арзёбии раванди таълиму тарбия ва беҳтар кардани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ таъмин карда шавад.

Дар ин раванд, бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар кишвар шумораи аҳолии қобили меҳнат мунтазам рӯ ба афзоиш буда, дар панҷ соли охир 8,4 фоиз зиёд гардидааст.

Инчунин, суръати афзоиши аҳолӣ нисбат ба суръати афзоиши қувваи корӣ 2,5 баробар зиёд мебошад.

Бинобар ин, ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба шуғл зарур аст, ки тибқи супоришҳои қаблӣ дар соҳаҳои иқтисоди кишвар ҳар сол зиёда аз 100 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шаванд.

Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки ташкили ҷойҳои кории нав бо музди меҳнати муносиб дар дохили кишвар ва омӯзонидани касбҳои коргарӣ ба шаҳрвандон яке аз вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад.

Андешидани тадбирҳои мушаххас доир ба омӯзонидани касбҳои коргарӣ, саросар соҳибкасб гардонидани аҳолии мамлакат ва ҳарчи бештар дар дохили кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон низ вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат мебошад.

Вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ дар ин самт масъулияти бевосита доранд.

Ҳамватанони азиз!

Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

Маблағгузории соҳа мунтазам зиёд шуда, вазъи таъмини муассисаҳои тиббии кишвар бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва неруи кадрӣ сол ба сол беҳтар мегардад.

Дар соли 2023 барои соҳаи тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2017-ум 2,3 баробар зиёд буда, 8,8 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар соҳа татбиқи 15 стратегияву барномаи миллӣ бомаром идома дорад.

Танҳо дар давоми соли 2023-юм 132 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Чанд рӯз пеш бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд.

Кормандон дар биное, ки 60 – 70 сол пеш сохта шудааст, дар шароити бисёр номусоид кор мекарданд ва аксари воҳидҳои сохтории вазорат дар гӯшаҳои гуногуни пойтахт фаъолият доштанд.

Акнун, ки шароити беҳтарин муҳайё гардид, бояд фаъолияти худро дучанду сечанд беҳтар намоянд.

Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таҳкими иқтидори миллӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустӣ лоиҳаи «Миллати солим», ки маблағи умумии он беш аз 630 миллион сомонӣ мебошад, амалӣ шуда истодааст.

Илова бар ин, дар 5 соли оянда сохтмон ва таъмири беш аз 350 муассисаи тандурустӣ ба маблағи зиёда аз 500 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар соли 2023 қабул гардидани Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040 ва Барномаи маҷмӯии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта мусоидат менамояд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат 2 баробар зиёд шуда, аз 5,3 миллион нафар дар соли 1991 то ба 10,2 миллион нафар дар соли 2023 расид.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки афзоиши табиии аҳолӣ аз ҳисоби зиёд шудани таваллуд ва паст гардидани фавт дар замони соҳибистиқлолӣ хар сол ба ҳисоби миёна 2,1 фоизро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла дар ин давра шумораи фавт ба ҳисоби 1000 нафар аҳолӣ аз 6 нафар дар соли 1991 то 3 нафар дар соли 2023 паст гардидааст.

Яъне дар ин давра фавт 2 баробар коҳиш ёфтааст.

Аз ҷониби дигар, дар ин давра дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол ба 76,3 сол расидааст.

Яъне умри миёнаи аҳолии мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 6 сол афзоиш пайдо кардааст.

Нишондиҳандаҳои мазкур далели равшану возеҳи беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошанд.

Бо вуҷуди пешравиҳои назарраси солҳои охир, ҳанӯз баъзе ҷанбаҳои калидии соҳа, аз ҷумла баланд бардоштани сифати тарбияи кадрҳо, аз байн бурдани мушкилоти норасоии мутахассисон ва омилҳои коррупсионӣ аз ҷумлаи масъалаҳои ҳалталаби соҳа мебошанд.

Барқарорсозии қобилияти меҳнатии шахсони маъюб ва таъминоти онҳо бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ, тақвият бахшидани фаъолияти байнисоҳавии вазорату идораҳо дар самти ҳалли масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, бо дарназардошти беҳтар намудани иқтидори заминавию захиравии мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ бозбинӣ намудани сохтори соҳа, ҳамчунин, андешидани чораҳои мушаххасро тақозо дорад.

Дар баробари ин, ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш медиҳам:

– аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шаванд.

– аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд;

– инчунин, аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шавад;

Ҳамзамон бо ин, аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Вазорати молия ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати амалӣ намудани иқдоми зикршуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамватанони азиз!

Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем.

Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд.

Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар духтарони боистеъдоди мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд.

Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.

Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд.

Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд.

Тибқи маълумоти оморӣ соли 1989-ум ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд.

Имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд.

Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад.

Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.

Мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем.

Бовар дорам, ки занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд.

Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ 140 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба зиёда аз 1 миллиону 420 ҳазор оилаи кишвар барои сохтмони манзили истиқоматӣ тақсим карда шуд, ки қисми асосии он ба оилаҳои ҷавон рост меояд.

Яъне, дар маҷмӯъ, беш аз 8 миллиону 800 ҳазор нафар сокинони мамлакат шароити истиқоматии худро беҳтар кардаанд, ки аксари онҳоро оилаҳои ҷавон ташкил медиҳанд.

Инчунин, дар ин давра 11 ҳазор иншооти нави варзиш бунёд гардид, ки он ҳам асосан барои ҷавонон мебошад.

Дар тӯли ин солҳо 1 миллиону 48 ҳазор нафар ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул гардидаанд.

Ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд.

Қобили зикр аст, ки танҳо соли 2023 беш аз 3000 нафар ҷавонони мо ғолиби озмуну олимпиадаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ гардидаанд.

Тайи беш аз се даҳсола ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду инкишофи қобилияту истеъдоди онҳо ва боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагиву фаъолияти ин қишри фаъоли иҷтимоӣ як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд.

Барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда зарур аст, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои кор бо ҷавононро таҳия ва амалӣ намояд.

Дар ин замина, ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад.

Таъмин намудани рушди соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳадафи он оммавигардонии варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад.

Иштироки фаъоли ҷавонони мо ва пирӯзии онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, бешубҳа, ба болоравии обрӯи кишварамон мусоидат менамояд.

Танҳо соли 2023 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 343 медал, аз ҷумла 108 тилло, 76 нуқра ва 159 биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2022-юм 226 медал зиёд мебошад.

Барои ноил гардидан ба дастовардҳои боз ҳам бештар зарур аст, ки ба истифодаи самараноки инфрасохтори варзиш, хусусан, ба нигоҳубини дурусти иншооту биноҳои бунёдгардида эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Муҳтарам вакилони халқ!

Таъмин намудани рушди устувор ва босуръати кишвар танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаро талаб менамояд.

Қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад.

Аз ин рӯ, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бояд тамоми саъю кӯшиши худро ба ин самт равона созанд.

Зимнан, хотирнишон менамоям, ки дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилшудаи кишвар натиҷаи қонунҳои таҳия ва қабулкардаи парламенти мамлакат мебошад.

Ба шумо – аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон муроҷиат карда, ҳамаи шуморо даъват менамоям, ки биёед, минбаъд низ якҷоя кору фаъолият намуда, кишвари худро ободу зебо созем, сатҳу сифати зиндагии халқамонро баланд бардорем ва обрӯи Ватани азизи худ – Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем.

Бояд гуфт, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад.

Ҳоло дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 – 2030 амалӣ шуда истодааст.

Масъалаи дигари муҳим, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши калидӣ дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад.

Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.

Ҷорӣ намудани технологияҳои муосири электронӣ дар фаъолияти судҳо низ аз ҷумлаи корҳои муҳим мебошад ва бояд дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Ҳозирини арҷманд!

Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем.

Бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон аз қабили ин тадбирҳо мебошанд.

Ҳукумати мамлакат дар ин самт, аз ҷумла доир ба навсозии иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодааст ва ин равандро минбаъд низ идома хоҳад дод.

Ҳадафи мо аз навсозии имкониятҳои Қувваҳои Мусаллаҳ боз ҳам беҳтар таъмин намудани амният ва суботи кишварамон мебошад.

Таъкид менамоям, ки роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, воҳидҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба риояи ҳатмии ойинномаҳои ҳарбӣ, тартибу интизом ва таъмини волоияти қонун эътибори доимӣ ва қатъӣ диҳанд.

Тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд.

Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.

Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.

Ҳамватанони азиз!

Мураккабшавии авзои сиёсии байналмилалӣ, шиддат гирифтани вазъи геосиёсиву низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, инчунин, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, норасоии ғизо ва оби ошомиданӣ дар ҷаҳону минтақа ва пайомадҳои онҳо зимни пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон моро ба андешидани тадбирҳои зарурӣ водор месозанд.

Кишвари мо ба сифати авлавияти сиёсати хориҷии худ минбаъд низ ба густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи эҳтирому эътимоди мутақобила таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.

Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин, дигар шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Осиё, Аврупо ва Амрико ҷойгоҳи хосса дорад.

Чунин рӯйкарди ба оянда нигаронидашуда асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Дар ин росто, мо ҳамкории худро бо кишварҳои ҷаҳони ислом боз ҳам густариш мебахшем.

Тоҷикистон дар робита ба равандҳои ҷорӣ дар Афғонистон ва Ховари Миёна, бахусус, Фаластин хеле нигарон аст.

Мо таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар асоси қатъномаҳои қабулкардаи Созмони Милали Муттаҳид ва марзҳои соли 1967 ягона роҳи имконпазири таъмини сулҳу суботи пойдор дар ин минтақа медонем.

Кишвари мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам даъват ба амал меоварад, ки ҳамаи низоъҳо танҳо бо роҳи музокирот ва муколама ҳал карда шаванд.

Ҳамкории Тоҷикистон бо ҳамаи созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ниҳодҳои дигар ба фароҳамсозии шароит ва имконот барои тақвияти мавқеи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва иштироки фаъоли он дар равандҳои глобалӣ ва барномаву заминаҳои мухталиф равона гардидааст.

Мо ҷиҳати таъмин намудани пойдории низом ва суботи байналмилалӣ аҳаммияти тақвияти нақши муҳимму ҳамоҳангсоз ва муттаҳидкунандаи Созмони Милали Муттаҳидро таъкид мекунем.

Қобили ёдоварист, ки соли гузашта бо ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025, инчунин, 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим ва мояи ифтихори мардуми шарафманди Тоҷикистон аст.

Мо аз ҳамкориҳои худ бо ҳамаи ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд қаноатманд мебошем ва минбаъд низ бо мақсади таъмин намудани ҳадафҳои рушди устувор ҳамкориҳои худро бо онҳо густариш медиҳем.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Дар паёми имрӯза дастоварду пешравиҳои дар зарфи солҳои охир ноилшудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол баён гардиданд.

Хотирнишон менамоям, ки ҳамаи пешравиҳои зикршуда маҳз бо заҳмати содиқонаву софдилона ва азму талоши ватандӯстонаи мардуми шарифи кишвар ба даст омадаанд.

Аз ин лиҳоз, ба мардуми соҳибмаърифату тамаддунсоз ва шарафманду сарбаланди мамлакат барои дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат ва заҳмати аҳлонаву ободгарона сипосу миннатдории самимии худро изҳор мекунам.

Дар баробари комёбиҳо имрӯз мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин, вазифаҳо барои ҳаллу фасли онҳо муайян ва мушаххас карда шуданд.

Таъкид менамоям, ки бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта, қабл аз ҳама, вазифаи ҷонии ҳар як роҳбар – аъзои Ҳукумат, Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиё, фаъолон ва тамоми мардуми шарифи кишвар мебошад.

Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем.

Ман ба мардуми азизи кишвар муроҷиат карда, ҳар яки онҳоро даъват менамоям, ки биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем.

Ман ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон эътимоди комил дорам.

Бо итминон изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо кору фаъолияти аҳлона Ватани азизамонро, хусусан, то ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ ободу зебо месозем, давлати соҳибистиқлоламонро пешрафта мегардонем ва эътибору обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.

Ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон саломатӣ, хонаи обод, бахту иқболи нек ва ба ҳар яки шумо – ҳозирини муҳтарам – сарбаландӣ ва муваффақияту барори кор орзу менамоям.

Ҳамеша саломату муваффақ бошед, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 4.7 (3 овоз)

Категория:

Суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик», ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Декабр, 2023 - 12:20

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони олиқадри Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик»!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Дар таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик садҳо чеҳраҳои мондагоре ҳастанд, ки нақши онҳо барои пойдории миллат, посдории илму фарҳанг, худшиносиву худогоҳии мардум ва ободии сарзамини аҷдодӣ басо арзишманд мебошад.

Яке аз чунин чеҳраҳои барҷастаи давраи навтарини таърихи миллати тоҷик аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, инкишофи илму фарҳанги муосири ҷумҳурӣ ва илми шарқшиносии асри ХХ саҳми бисёр муассир гузоштааст.

Мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳар яки шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори 115-солагии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, ходими номдори давлативу сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров самимона табрик мегӯям.

Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро дар ҷодаи таҳқиқи анъанаҳои давлатдории тоҷикон, гузаштаи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, мақом ва ҷойгоҳи таърихии тоҷикон дар илму адаб ва фарҳангу тамаддуни башарӣ сарф намудааст.

Барои фаъолияти барҷастаи давлатӣ ва хизматҳои бузург дар инкишофи илму фарҳанг, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ба Бобоҷон Ғафуров бо Фармони Президенти мамлакат аз 8-уми сентябри соли 1997 унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

Ҳозирини гиромӣ!

Бобоҷон Ғафуров дар муҳите тарбия ёфта буд, ки дар он муҳаббат ба илму дониш ва фарҳангу адаб арзиши баланд дошт.

Аз ҷумла, модари ӯ шоираи номдор Розияи Озод, ки бо асарҳои адибони классики тоҷик, хусусан, бо осори устод Рӯдакӣ, Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизу Бедил ва дигар шоирону донишмандон ошноии комил дошт, дар ташаккули шахсияти фарзанди худ нақши ҳалкунанда бозид.

Ҷавҳари ашъори ин модари огоҳу донишманд аз ғояҳои ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ иборат буд.

Самараи тарбия дар фазои мусоиди оилавӣ буд, ки Бобоҷон Ғафуров баъдтар ҳамчун ходими сиёсиву давлатӣ, тарғибгари арзишҳои ҳаётбахши миллӣ ва таърихи пурифтихори миллати тоҷик дар фазои пӯшидаву мураккаби даврони хеш ба камол расид.

Бобоҷон Ғафуров аз корманди одии созмони ҷавонон, рӯзноманигорӣ ва муҳаққиқи таърихи халқи тоҷик то роҳбари аввали ҷумҳурӣ ва директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои давлати абарқудрати Шӯравӣ расида, зиёда аз 21 сол ин маркази бузурги илмиро сарварӣ кардааст.

Фаъолияти илмии ӯ аз омӯзиши таъриху фарҳанги миллати тоҷик оғоз ёфта, баъдан ҳаракатҳои милливу озодихоҳии мардуми Машриқзамин, масъалаҳои миллӣ дар давлати Шӯравӣ, таърихи афкори сиёсиву ҷамъиятӣ, зиндагиву осори мутафаккирони бузурги Шарқ ва масъалаҳои мубрами илми шарқшиносӣ мавриди таҳқиқи доманадори олим қарор гирифтаанд.

Аввалин мақолаҳои таҳлилию танқидии ӯ ҳанӯз дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Бедории тоҷик» чоп шудаанд, ки мавзӯи асосии онҳоро масъалаҳои таърихӣ ва зиддияту муборизаи ҷомеаи нав ва куҳна ташкил медоданд.

Бобоҷон Ғафуров навиштани мақолаҳои таърихиву сиёсӣ, таҳлилӣ ва илмиву оммавиро ҳангоми иҷрои вазифаҳои масъулиятноки ҳизбиву давлатӣ низ пайваста идома додааст.

Ӯ дар мақолаҳои худ илова ба масъалаҳои омода намудани кадрҳои баландихтисос, фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ, такмили сатҳи дониши кормандони мақомоти давлативу ҳизбӣ ба таърихи бостонии халқи тоҷик, адабиёту фарҳанги пурғановати тоҷикон ва роҳҳои баланд бардоштани фарҳанги ҷомеа эътибори ҷиддӣ медод.

Аз нимаи дуюми солҳои 30-юм фаъолияти сиёсии олим оғоз мегардад ва дар ин давра ӯ дар вазифаҳои гуногуни ҳизбиву давлатӣ кор карда, то мақоми роҳбари аввали ҷумҳурӣ, яъне котиби якуми Кумитаи марказии ҳизби ҳокими вақт интихоб мешавад.

Бояд гуфт, ки Бобоҷон Ғафуров нахустин тоҷике буд, ки пас аз ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба чунин мақоми баланди сиёсӣ интихоб ва таъин гардидааст.

Бо вуҷуди корҳои ҳизбиву давлатӣ Бобоҷон Ғафуров таҳқиқи таърихи халқи тоҷикро содиқона идома медод.

Соли 1942 мақолаи ниҳоят муҳимми Бобоҷон Ғафуров «Муборизаи халқи тоҷик бар зидди истилогарони аҷнабӣ» ва баъдан соли 1944 дар заминаи он китоби «Халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти ватани худ» нашр мешаванд, ки дар роҳи баланд бардоштани ҳисси ватанпарастии мардум ва муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ нақши муассир мегузоранд.

Ӯ дар солҳои баъдиҷангӣ бо маҳорати баланди кордонӣ ва масъулиятшиносӣ дар танзиму такмили иқтисодиёти ҷумҳурӣ талош варзида, саъю кӯшиши худро ба он равона намуд, ки Тоҷикистон ба ҷумҳурии пешрафта табдил ёбад.

Соли 1947 Тоҷикистон аз рӯйи ҳосилнокии пахта дар миқёси Шӯравӣ ба ҷойи аввал ва аз рӯйи ҳаҷми истеҳсоли он ба ҷойи дуюм баромад.

Барои натиҷаҳои беҳтарини дар солҳои 1946 – 1947 бадастоварда 184 нафар пешқадамони истеҳсолоти ҷумҳурӣ, аз ҷумла 41 нафар занон ба гирифтани унвони Қаҳрамони меҳнат ва 4216 нафар бо ордену медалҳо сарфароз гардонида шуданд.

Саҳми Бобоҷон Ғафуров дар бунёди даҳҳо корхонаи азими саноатӣ, рушди соҳаи аграрӣ, бахусус, дар самти муҳоҷирсозии мардуми кӯҳистон барои азхудкунии заминҳои бекорхобида ва пешрафти илму фарҳанги Тоҷикистон басо арзишманд мебошад.

Бунёди муассисаҳои нави илмиву таълимӣ, таъмин намудани онҳо бо мутахассисони таҷрибадор ва аз дигар ҷумҳуриҳо ба Тоҷикистон даъват кардани беҳтарин олимони соҳаҳои гуногуни илм аз ҷумлаи ташаббусҳои Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Зери роҳбарии бевоситаи Бобоҷон Ғафуров дар шаҳри Душанбе соли 1948 Донишгоҳи давлатӣ, соли 1951 Академияи илмҳо ва соли 1955 Донишкадаи политехникӣ ба фаъолият оғоз намуданд.

Бобоҷон Ғафуров бо олимону адибон дар иртиботи доимӣ қарор дошт ва инкишофи илми Тоҷикистонро пайваста дастгирӣ, назорат ва роҳнамоӣ мекард.

Дар солҳои роҳбарии Бобоҷон Ғафуров силсилаи ҳафриёти бостоншиносӣ роҳандозӣ гардид, ки натиҷаи онҳо дар омӯзиши мукаммали таърихи гаронқадри миллати фарҳангии тоҷик аз аҳаммияти хос бархурдор аст.

Ҳанӯз соли 2016 дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» ман таъкид карда будам, ки дар давраи роҳбарии Бобоҷон Ғафуров (солҳои 1946 – 1956) ягон соҳаи муҳимми ҷумҳурӣ аз мадди назари ӯ дур намондааст.

Мехостам боз як самти сиёсати оқилонаи Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун роҳбари оқилу кордони ҷумҳурӣ дар самти амалӣ сохтани нақшаи муҳоҷиркунӣ таъкид намоям.

Бобоҷон Ғафуров зимни сиёсати муҳоҷиркунии дохилӣ, пеш аз ҳама, тараққиёти минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқ ва иттиҳоду ягонагии мардуми тоҷикро дар меҳвари фаъолияти роҳбарии худ қарор дода буд.

Мехоҳам як нуктаи муҳимро хотирнишон намоям, ки илова ба иҷрои вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ маҳз Бобоҷон Ғафуров пас аз устод Садриддин Айнӣ ба таҳқиқи мукаммали таъриху тамаддуни тоҷикон иқдом намудааст.

Ӯ дар марҳалаи нави рушди илму фарҳанги тоҷик риштаи тоҷикшиносиро густариш бахшид, ки аввалин падидаи дурахшони он эҷоди асари бунёдии «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» мебошад.

Ин асар бори аввал соли 1947 дар шаҳри Душанбе ба забони тоҷикӣ нашр гардид.

Арзиши баланди илмии китоби мазкур ҳамчун дастоварди илми таърихшиносии тоҷик дар он ифода меёбад, ки се маротиба – солҳои 1949, 1952 ва 1955 ба забони русӣ дар Москва ба нашр расидааст.

Ҳадафи Бобоҷон Ғафуров аз нашри ин китоб ва асарҳои минбаъда ба ҷаҳониён собит намудани ин ҳақиқати илмӣ буд, ки тоҷикон яке аз қадимтарин миллатҳои дунё буда, дар раванди рушди тамаддуни башарӣ нақши басо арзишманди таърихӣ бозидаанд.

Воқеан, ин асар шӯълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшгардидаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, ба худшиносии миллӣ, ифтихори ватандории мардуми тоҷик ва фарзандони бедордилу фидоии миллат рӯҳи тоза бахшид.

Устод Садриддин Айнӣ чопи китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик»-ро бо хушнудӣ истиқбол карда, онро такони ҷиддӣ дар дарки илмии гузаштаи ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Осиёи Миёна, қабл аз ҳама, тоҷикон ҳисобидааст.

Қобили зикр аст, ки маҳз баъди нашри ин китоб Бобоҷон Ғафуров аз тарафи мутахассисони соҳа ҳамчун асосгузори илми таърихи тоҷикон эътироф гардид.

Баъди чопи асари зикршуда Бобоҷон Ғафуров таҳқиқоти бунёдиро доир ба таърихи миллати тоҷик идома дода, соли 1972 дар Москва асари безаволи худ «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна»-ро, ки воқеан шиносномаи миллати тоҷик мебошад, ба чоп расонид.

Ин шоҳасари безавол, ки самараи заҳмати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқи тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

«Тоҷикон» асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст.

Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Аҳаммияти ин асар имрӯз, яъне дар шароити вусъати рӯзафзун пайдо кардани паҳлуҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ барои худшиносиву худогоҳии миллии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон ва тавсеаи тафаккури таърихии онҳо торафт меафзояд.

Бо дарназардошти ин, мо шоҳасари безаволи Бобоҷон Ғафуровро аз нав чоп карда, ба ҳар як оилаи сокини мамлакат ҳамчун туҳфаи Роҳбари давлат дастрас намудем.

То ин замон китоби «Тоҷикон» дар кишвари мо чанд маротиба чоп шуда буд, вале бо сабаби маҳдуд будани теъдоди нашр ба китоби хеле камёб табдил ёфта буд.

«Тоҷикон» ҳоло китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифат ва бонангу номуси миллати тоҷик мебошад.

Илова бар ин, шарҳу тавзеҳи мухтасари илмиву оммавии ин шоҳасар ба хотири комилан дастрасу фаҳмо шудани мазмуну муҳтавои он ба ҳар як сокини кишвар аз тарафи олимони Академияи миллии илмҳо омода ва чоп гардид.

Ҳоло «Тоҷикон» ба забонҳои англисӣ, ҷопонӣ, полякӣ, чинӣ, арабӣ ва фаронсавӣ тарҷума, нашр ва тавассути расонаҳои интернетӣ ба ихтиёри хонандагон ва дӯстдорони таърихи бостонии халқи тоҷик гузошта шудааст.

Китоби «Тоҷикон» барои ҳавзаи фарҳангии забони тоҷикӣ – форсӣ, пеш аз ҳама, Афғонистон ва Эрон низ бо хати ниёгон ба табъ расид.

Олими дақиқкор бо ин асари худ таърихи миллатеро, ки дар илму фарҳанг ва таъриху тамаддуни башарӣ нақши барҷаста бозидааст, аз нав зинда гардонид.

Бобоҷон Ғафуров дар асоси садҳо далели холисонаи илмӣ дар шоҳасари худ исбот намуд, ки миллати фарҳангиву тамаддунофари тоҷик бо доштани чунин таърихи пурифтихор, мероси ғании илмиву адабӣ ва анъанаву арзишҳои асилу пурбор ҳаргиз ба таърихсозӣ, яъне таҳрифи огоҳонаи таърих ва афзалиятхоҳиву бузургтарошии бебунёд эҳтиёҷ надорад.

Арзиши баланд ва таҳлилу таҳқиқи фарогири илмии ин асар аз ҷониби маъруфтарин мутахассисони тамаддуни халқҳои Шарқ ба таври сазовор истиқбол ва эътироф гардид.

Хизмати дигари барҷастаи Бобоҷон Ғафуров дар он аст, ки бо заҳмату талошҳои ӯ солҳои 40-ум – 70-ум дар Тоҷикистон мутахассисони баландпояи илми таърихшиносӣ тарбия ёфтанд ва ба камол расиданд.

Бо ташаббуси академик Бобоҷон Ғафуров солҳои 1963 – 1965 бори аввал асари илмии «Таърихи халқи тоҷик» дар се ҷилду панҷ китоб омода ва нашр гардид, ки дар ҳаёти илмиву фарҳангии кишвари мо рӯйдоди бесобиқа буд.

Бобоҷон Ғафуров дар давраи роҳбарии худ тавонист як гурӯҳ олимону шарқшиносони барҷаста – А. Семёнов, М. Андреев, А. Якубовский, М. Дяконов, А. Беленитский, А. Окладников, А. Манделштам, Б. Литвинский, Е. Давидович ва дигаронро барои фаъолияти доимии корӣ ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон даъват намояд.

Минбаъд бо кумаку ташаббуси бевоситаи ӯ соли 1971 «Шоҳнома» дар 2 ҷилд ба забони русӣ ва 9 ҷилд ба хати ниёгон дар «Силсилаи мероси хаттии Шарқ» ба табъ расид.

Дар он солҳо таҳқиқоти бевоситаи Бобоҷон Ғафуров ё зери назари ӯ силсилаи асарҳои «Фирдавсӣ – шуҳрат ва ифтихори маданияти ҷаҳонӣ» (1972), «Абӯрайҳон Муҳаммад ибни Аҳмад ал - Берунӣ» (1974), «Амир Хусрави Деҳлавӣ ва достони ӯ «Ҳашт биҳишт»» (1971), «Мирзо Fолиб – шоири бузурги Шарқ» (1972) ва «Ал-Форобӣ дар таърихи маданият» интишор ёфтанд, ки аз ҷониби муҳаққиқони кишварҳои гуногун сазовори баҳои баланд гардиданд.

Дар хориҷи кишвар тарҷума ва нашр гардидани асарҳои арзишманди Бобоҷон Ғафуров, аз ҷумла «Тоҷикон», «Дар бораи робитаҳои Осиёи Миёна бо Эрон дар замони Ҳахоманишиҳо», «Искандари Мақдунӣ ва Шарқ» далели равшани эътирофу эътибори ҷаҳонии ӯ мебошад.

Бобоҷон Ғафуров ҳамчун муҳаққиқи барҷаста ва ташаббускори илм дар рушди ховаршиносӣ низ саҳми бузург гузошт.

Ӯ тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ илми шарқшиносии Шӯравиро ба сатҳи ҷаҳонӣ бардорад.

Пас аз сарвари Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Шӯравӣ таъин шудани ин донишманди бузург доираи омӯзиши таъриху фарҳанги мардумони Машриқзамин хеле васеъ гардид.

Дар он солҳо бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи Бобоҷон Ғафуров перомуни масоили тамаддуни мардуми Шарқ бузургтарин конгрессу симпозиумҳои байналмилалӣ баргузор гардиданд.

Яке аз чунин ҳамоишҳои донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ, ки ба масъалаи басо муҳим – омӯзиши таърих, бостоншиносӣ ва фарҳанги Осиёи Марказӣ дар аҳди Кушониён бахшида шуда буд, соли 1968 дар пойтахти Ватани мо – шаҳри Душанбе доир гардида, боз як саҳифаи торики таърихи гузаштаи халқи моро равшан сохт.

Институти шарқшиносӣ дар давраи роҳбарии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик дар муддати хеле кӯтоҳ на танҳо дар собиқ Шӯравӣ, балки дар сатҳи байналмилалӣ ба яке аз марказҳои бузургтарини илмӣ дар самти омӯзиши кишварҳои Осиё ва Африқо табдил ёфт.

Ба шаҳодати шарқшинос – ҷопоншиноси маъруфи рус Владимир Алпатов он давра «марҳалаи беҳтарин дар ҳаёти институт буд».

Маҳз ба ҳамин хотир, олими тоҷик Бобоҷон Ғафуров яке аз поягузорони шарқшиносӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Россия шинохта шудааст.

Бобоҷон Ғафуров дар таърихи гузаштаи халқҳо, пеш аз ҳама, лаҳзаҳоеро меҷуст, ки роҳро ба созандагӣ, наздикӣ ва дӯстии онҳо ҳамвор созанд.

Имрӯз мо ифтихор дорем, ки маҳз фарзанди номдори миллати мо дар таҳқиқи тамаддуни мардуми Осиё ва Африқо пешоҳанг буд ва дар ин ҷода корҳое ба сомон расонид, ки солҳо аз ёди мардумони Машриқзамин нахоҳанд рафт.

Бобоҷон Fафуров ҳаёт ва фаъолияти гуногунҷанбаи худро на танҳо ба пешрафти иқтисодиёту маънавиёти Тоҷикистон бахшидааст, балки ҳамчун олим ва сиёсатмадори оқил сарфи озодиву истиқлол ва рушди илму тамаддуни бисёр кишварҳои Шарқ низ кардааст.

Хизматҳои ӯ дар роҳи ба ҳам наздик сохтани тамаддунҳо ва таҳкими сулҳ дар сайёра бо медали тиллоии Шӯрои умумиҷаҳонии сулҳ қадршиносӣ шудаанд.

Ӯ ҳамчунин яке аз аввалин шахсоне мебошад, ки бо ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлол Неҳру сарфароз гардидааст.

Бобоҷон Ғафуров барои фаъолияти гуногунҷанбаи худ, инчунин, бо даҳҳо мукофоти олии давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шудааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Бояд таъкид кард, ки гиромидошти номи неки Бобоҷон Fафуров мактаби бузурги тарбияи худогоҳиву худшиносии таърихӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки хотираи ин фарзанди фарзонаи миллатро пос дорем, шоҳасари «Тоҷикон» ва дигар осори бегазанди ӯро пайваста омӯзем ва аз кору фаъолияти фидокоронааш сабақ гирем.

Ин амр, бахусус, дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 115-солагии аллома Бобоҷон Fафуров аҳаммияти бештар пайдо мекунад.

Ин ҷашнро дар фазои созандагиву бунёдкорӣ, дар рӯҳияи ваҳдату якдигарфаҳмӣ, ҳисси баланди миллӣ ва саъю талош ба хотири таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ истиқбол гирифтан қарзи ватандории ҳар як фарди огоҳу бедордили ҷомеа мебошад.

Ман дар мулоқоту суханрониҳои худ ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат борҳо иброз дошта будам, ки мо бояд кӣ будани аҷдодамон ва худамонро донем, яъне решаҳои худро шиносем, ба онҳо арҷ гузорем ва аз насли ориёӣ, яъне ориёитабор буданамон ифтихор намоем.

Яъне мо бояд донем ва ифтихор дошта бошем, ки яке аз қавмҳои асосии ориёӣ ҳастем.

Дар робита ба ин, дар Паёми худ 26-уми декабри соли 2019 ба Ҳукумати мамлакат супориш дода будам, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон»-ро аз ҳисоби Фонди захираи Президенти кишвар чоп карда, то ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оила дастрас намояд.

Дар идомаи ин иқдом ва ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо амри Президенти мамлакат аз моҳи июли соли 2022 озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» эълон гардид.

Ин озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори тоҷикон, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва шинохти нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ дар чор марҳала баргузор гардид.

Имрӯз дар ин толор ғолибони даври сеюму чоруми ин озмун ва гирандагони шоҳҷоиза ҳузур доранд.

Бо истифода аз фурсат, ғолибон, гирандагони ҷойҳои ифтихорӣ ва ҳамаи онҳоеро, ки дар ин озмун ширкат доштанд, самимона табрик мегӯям.

Бо қаноатмандӣ иброз медорам, ки иштироки ҳар як фард дар ин озмун нишонаи муҳаббату дилбастагӣ ба таърих, забон ва фарҳангу маънавиёти миллати тамаддунсози тоҷик мебошад.

Ҳамзамон бо ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки масъалаи таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои дастовардҳои назаррас дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, шарқшиносӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги деринаи тоҷикон дар арсаи байналмилалиро омӯхта, пешниҳод манзур намояд.

Мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки ҳаёту фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров ва асари безаволи ӯ «Тоҷикон», дар ҳақиқат, солҳои 70-уми асри гузашта ба болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо такони ҷиддӣ бахшид ва ин раванд дар даврони соҳибистиқлолӣ ба хотири пояндагии миллат ва таҳкими иқтидори давлатдории навини тоҷикон ба маҷрои тоза ворид гардид.

Ҳадафи мо аз гиромидошт ва зинда нигоҳ доштани ному корномаи фарзандони бузурги миллати тоҷик ин аст, ки таърихи пурифтихор ва мероси пурбори илмӣ, адабӣ ва фарҳангиву тамаддунии худро соҳибӣ ва ҳимоя кунем, ин таърихи пурифтихор ва ин мероси гаронмояро ба хотири иттиҳоду сарҷамъӣ ва сарбаландиву сарфарозии мардумамон, ободии Ватани аҷдодиамон ва таҳкими пояҳои давлатдории навини миллиамон ҳарчи бештар ва оқилона истифода барем.

Бо таъкиди ин нуктаи муҳим бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистони азиз, ҳамаи шумо – меҳмонони арҷманд ва ҳозирини гиромиро ба ифтихори 115-умин солгарди зодрӯзи академик Бобоҷон Ғафуров табрик гуфта, барои шумо сулҳу субот, саломативу хонаободӣ, пирӯзиву сарбаландӣ ва ба кулли сокинони мамлакат зиндагии босаодат орзу менамоям.

Ташаккур!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 24 Ноябр, 2023 - 08:00

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рамзи муқаддаси соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ, ифодагари орзуву ормони миллӣ ва арзишҳои олии тамаддуни халқи тоҷик мебошад, самимона табрик мегӯям.

Парчами давлати навини тоҷикон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, аз нахустин рӯзҳои қабули он мардуми мо дар роҳи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу оромӣ ва бунёди давлатдории миллии худ қадамҳои устувор гузоштанд ва ба зиндагии осудаву ороми имрӯза расиданд.

Парчами давлатии Тоҷикистон, ки танҳо баъди гузашти беш аз як соли соҳибистиқлолӣ, дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ва дар вазнинтарин рӯзҳои таърихи халқамон қабул гардид, мардуми кишвар ва фарзандони огоҳу бедордили Ватанро ба хотири барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, таъмин намудани волоияти қонун ва муҳимтар аз ҳама, ҳимояи истиқлолу озодӣ ва якпорчагии сарзамини аҷдодӣ муттаҳид намуд ва ба онҳо тавону неру бахшид.

Парчами давлатӣ дар қатори Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллати соҳибихтиёр ва давлати соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки Парчам аз байни се рукни муқаддаси миллӣ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии халқи тоҷик мақому манзалати хосса дорад.

Зеро таърихи парчамдории миллати мо аз Дирафши Ковиёнӣ оғоз мегардад ва мо имрӯз аз ин таърихи пурғановати чандинҳазорсола ҳувият ва ҳастии халқамонро ҳифз кардааст, ифтихор мекунем.

Парчами давлатӣ ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ, таҷассумгари асосҳои таърихӣ, мероси ғановатманду арзишманди миллӣ, ифодагари мақсаду маром ва орзуву омоли мардуми куҳанбунёдамон, дар ҳақиқат мояи ифтихори ҳар фарди ватандӯсту ватандор мебошад.

Дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол парафшон гардидани ин рамзи муқаддас тантанаи озодӣ, иттиҳод ва адолат ба ҳисоб меравад, ки тоҷикон дар заминаи чунин арзишҳои наҷотбахшу созанда ҳамчун миллати мутамаддин ташаккул ёфтаанд.

Мардуми сарбаланди мо парчамро чун нишонаи нангу номус ва адолату осоиш ҳамеша ҳифз мекунанд ва тибқи анъанаи ниёгони худ парафшон будани парчамро бо сарафрозии ҳар як фард баробар медонанд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз Парчами давлатӣ ба омили бисёр муҳимми болоравии ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандории шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил ёфтааст.

Ҳоло ин рамзи муқаддаси миллӣ хурду бузурги мардумро ба заҳмати аҳлона, созандагиву ободкорӣ, таҳкими иқтидори давлат ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ роҳнамоӣ мекунад.

Дар ин ҷода, махсусан, ҷавонони кишвари мо нақши назаррас доранд.

Онҳо бо дастоварду комёбиҳои худ дар соҳаҳои илму фарҳанг ва варзиш Парчами давлати тоҷиконро на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он дар чорабиниву мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.

Мехоҳам бо ифтихору қаноатмандӣ зикр намоям, ки ҳоло мардуми шарифи кишвар, бахусус, насли ҷавону ояндасози мо сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуда, хуб дарк намудаанд, ки эҳтироми рамзҳои миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ маънои ифтихор аз давлати соҳибистиқлол, арҷгузорӣ ба гузаштаи халқи бостониамон ва заҳмати содиқона ба хотири фардои ободи Ватани маҳбубамонро дорад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон зери Парчами миллӣ ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расид ва мо сиёсати созандаву бунёдкоронаамонро барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва эъмори ҷомеаи нав – ҷомеаи озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ минбаъд низ таҳти ин рамзи муқаддаси миллӣ амалӣ мегардонем.

Дар шароити пуртазоду печидаи ҷаҳони муосир тарбия кардани насли худогоҳу худшинос, ватандӯсту ватанпараст ва созандаву ободгар вазифаи мақомоти давлатӣ, олимону зиёиён, аҳли адаб, кормандони воситаҳои ахбори умум, падару модарон ва тамоми ҷомеа мебошад.

Мову шумо бояд Ватани худро сидқан дӯст дорем, ба қадру қимати Ватану ватандорӣ расем ва ҳамеша шукронаи истиқлолу озодӣ, сулҳу амнияти кишвар ва ваҳдати миллиро намоем.

Мову шумо бояд меҳнати созандаву бунёдкоронаро мақсаду мароми асосии зиндагӣ қарор дода, тамоми имконияту неруи худро ба хотири ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол равона созем.

Бори дигар тамоми шаҳрвандони кишварро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо – ҳамватанони азиз – хушбахтиву хушиқболӣ, файзу баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон рушду тараққиёти рӯзафзун орзу менамоям.

Бигзор, Парчами пурҷилову нурафшони истиқлол дар қалби ҳар як сокини Тоҷикистон меҳри Ватанро афзунтар созад ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Манбаъ: http://president.tj/node/31985

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ «ЛИВОИ МИЛЛАТ – РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 23 Ноябр, 2023 - 15:59

Рӯзи 23-уми ноябри соли 2023 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Ливои миллат – рамзи давлатдорӣ» бо иштироки мутахассисон ва коршиносони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таълимии кишвар, роҳбарият ва кормандони Кумита баргузор гардид.
Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд. Сипас, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ф., профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода конференсияро ифтитоњ ва ҳозиринро хайрамақдам гуфта, онҳоро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд намуданд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардида, дар тақвими рӯзҳои ид ворид шудааст, ки ин амри басо судманде дар ростои худшиносии миллист. Ин рӯзи муборак собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла, Парчами давлатист.
Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ифтихори парчами кишвари мо, ифтихори миллати куҳанбунёди мост, ки дар тули асрҳо ба кашмакашиҳои таърихӣ нигоҳ накарда, ҳамчун рамзи миллати соҳибтамаддун боқӣ мондааст.
Сипас, меҳмонон сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон д.и.ф., профессор, Муҳиба Муҳаммадҷонова, мудири шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.ф., профессор Назарзода Сайфиддин дар мавзуи «Ливои миллат – рамзи давлатдорӣ» маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ мубодилаи афкор миёни меҳмонон ва кормандони Кумита сурат гирифт.
Баъдан, хонандагони МТМУ №36 ноҳияи Шоҳмансур дар васфи Парчами миллӣ шеърҳо қироат намуданд.
Дар охир, раиси Кумита О. Муҳаммадҷонзода ҷаласаро ҷамъбаст карда, хонандагонро бо туҳфаҳо қадрдонӣ намуда, ба ҳозирин ва дар маҷмуъ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу салоҳ ва оромиву осудагиро орзу кард ва ба хотири арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ, Суруди миллӣ қироат гардид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 4.3 (4 овоз)

Категория:

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ «ПРЕЗИДЕНТ – ҲОМИИ ЗАБОНУ ФАРҲАНГ ВА ТАЪРИХИ МИЛЛАТ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 15 Ноябр, 2023 - 16:33

Рӯзи 15-уми ноябри соли 2023, соати 14:00 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию амалӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Президент – ҳомии забону фарҳанг ва таърихи миллат» дар толори Кумита баргузор гардид.
Дар конференсия намояндагон аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, роҳбарият ва кормандони Кумитаву намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.
Сипас, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода сухани табрикотиро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, ҳозиринро бо хизматҳои бузурги Пешвои миллат дар 32 соли даврони Истиқлол ёдовар шуда, қайд намуданд, ки мо миллати хушбахтем, ки ба бахти мо тоҷикон таърих роҳбареро ҳамчун Эмомалӣ Раҳмон ҳадя намуд, ки ҳар лаҳзаи умри пурбаракати худро барои бунёдкорӣ, созандагӣ, меҳрпарастӣ ва арзишҳои миллии ин сарзамин сарф намуда, барои наслҳои ояндаи миллату кишвари тоҷикон дар роҳи эҷоди сулҳу ваҳадти миллӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Баъди суханронии раиси Кумита муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, Маҳмадшозода Фарҳод Абдураҳмон суханронӣ карда, оид ба сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми Пешвои миллат дар равнақу ривоҷи забон дар замони Истиқлол ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баромад намуда, ҳозиринро бо ин ҷашн табрик намуд.
Дар рафти конференсия олимону муҳаққиқон ва донишмандони кишвар дар мавзуъҳои гуногун маъруза намуданд. Аз ҷумла, Раҳматуллозода Сахидод – муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор, Назарзода Сайфиддин – мудири шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор, Мирзоев Сайфиддин - мудири шуъбаи забони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, номзади илми филология, дотсент, Ваҳҳобзода Рустам – сардабири маҷаллаи Садои Шарқи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, номзади илми филология, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Мансурӣ Шодмон Ҷамолиддинзода- номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар донишмандону мутахассисон маъруза намуданд.
Конференсия бо сухани ҷамъбастии раиси Кумита ва бо сурудани дастаҷамъии Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 3.7 (3 овоз)

Категория:

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 6 Ноябр, 2023 - 08:00

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Ҳанӯз бисту нуҳ сол муқаддам аз ҷониби мардуми шарафманди кишвар бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ ва тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати навини тоҷикон қабул гардид.

Ин дастоварди воқеан таърихӣ барои эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, таъмин гардидани суботи конститутсионӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ заминаи мустаҳкам гузошт.

Гузашта аз ин, қабули Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон марҳалаи нави таърихиро оғоз бахшида, боиси дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо гардид.

Маҳз ба шарофати Конститутсия рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида, давлати мо ба роҳи рушди устувор қадамҳои боэътимод гузошт.

Аз ҷониби мардум дар вазъияти ниҳоят мураккаби сиёсӣ якдилона қабул гардидани ин ҳуҷҷати тақдирсоз, пеш аз ҳама, гувоҳи аз ҷониби халқи Тоҷикистон дастгирӣ ёфтани сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат буда, ба ҷаҳониён ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ ва анъанаҳои созандаву бунёдкорона доштани мардуми кишварро собит сохт.

Дар Конститутсия манфиатҳои миллӣ, арзишу анъанаҳои таърихан ташаккулёфтаи фарҳангии халқи тамаддунсози тоҷик, марому мақсади наслҳои гузашта, имрӯза ва ояндаи халқ ифодаи озоди худро пайдо намуданд.

Тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат кафолат дода шуд.

Тоҷикистон тибқи Конститутсияи худ ба ҷомеаи ҷаҳон эълон намуд, ки сиёсати сулҳҷӯёнаро пайгирӣ намуда, истиқлолу соҳибихтиёрии давлатҳои дигарро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муайян карда, рушди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандонро дар идораи давлат кафолат медиҳад.

Ин ҳуҷҷати бунёдӣ барои ба ҷомеаи ҷаҳон наздик шудани кишвар замина гузошта, дар як муддати кӯтоҳ давлати мо ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд ва имрӯз ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаҳои об, муҳити зист ва дигар мушкилоти глобалӣ дар арсаи ҷаҳонӣ дастгириву ҳамовозӣ пайдо карда истодаанд.

Дар асоси ислоҳоти конститутсионие, ки бо изҳори иродаи якдилонаи кулли мардум тавассути раъйпурсии умумихалқӣ давра ба давра гузаронида шуд, парламентаризми миллӣ рушд карда, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардид, асосҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ҳамчун самтҳои калидии рушди давлат такмил ёфта, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ боз ҳам устувор гардид.

Тибқи меъёрҳои Конститутсия як қатор санадҳои ҳуқуқии муҳим, ки ба танзими соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин, муқовимат ба таҳдиду хатарҳои муосир, ба мисли терроризм, экстремизм ва дигар падидаҳои номатлуб равона шудаанд, қабул ва амалӣ гардида истодаанд.

Ҳамватанони азиз!

Конститутсия маҳсули андешаи бунёдии миллии халқи Тоҷикистон мебошад, зеро маҳз бо иродаи мардуми кишвар дар вазъияти барои давлату ҷомеа ниҳоят мураккабу ҳассоси таърихӣ якдилона қабул гардида, дар побарҷойии давлат ва низоми идоракунии он нақши ҳалкунанда бозид.

Бо гузашти солҳо мо аҳаммияти бузурги сиёсиву ҳуқуқии ин ҳуҷҷати бунёдиро бештар дарк ва қадр мекунем, зеро имрӯз мо ба хубӣ медонем, ки маҳз дар заминаи он Тоҷикистони демократӣ рушд карда, дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мавқеъ ва ҷойгоҳи шоистаи худ гардидааст.

Бо дарназардошти вазъи ниҳоят ҳассосу мураккаби ҷаҳон, рӯз ба рӯз вусъат гирифтани миқёси таҳдиду хатарҳои нави глобалӣ, осебпазир гардидани истиқлолу озодӣ ва суботу оромии кишварҳои гуногуни дунё ҳар як фарди кишварро зарур аст, ки бо эҳтиром гузоштан ба Конститутсия ва қонунҳо, ки таъминкунандаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ҳифзи соҳибихтиёрии давлат ва ваҳдати миллӣ мебошанд, риоя ва иҷрои бечунучарои талаботу меъёрҳои онҳоро таъмин намояд.

Вобаста ба ин, дар моддаи 10-и Конститутсия сабт шудааст: «Давлат ва ҳама мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд».

Бори дигар хотиррасон менамоям, ки Конститутсия ба сифати бахтномаи миллат аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки омӯхтану эҳтироми онро ба фарзандони худ, яъне наслҳои ояндасоз аз хурдсолӣ талқин намоем.

Миллати тоҷик ба шарофати афкору андешаи солиму созанда, хештаншиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ ҳувияту ҳастии худро ҳифз карда, аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун халқи фарҳангиву тамаддунсоз ва сулҳпарвару озодихоҳ шинохта шудааст.

Имрӯз мо бояд ин анъанаҳои неки гузаштагонро идома дода, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ, риояи қонунияту тартибот ва эҳтироми волоияти қонун тарбия намоем.

Бори дигар мардуми сарбаланди кишварро ба ифтихори солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистони озоду демократӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди Ватан тандурустиву иқболи нек ва ба Ватани маҳбубамон суботи ҷовидонаву пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.

Саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони гиромӣ!

Манбаъ: http://president.tj/node/31821

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (4 овоз)

Категория:

ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 11 Октябр, 2023 - 15:33

     Бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми отябри соли 2023, №22/10-57 ҷиҳати «Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар нуҳ моҳи соли 2023 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2023» рӯзи 11-уми октябри соли равон дар Кумита ҷаласаи навбатии Ҳайати мушовараи Кумита оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2023 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2023 баргузор гардид.
     Ҷаласаро раиси Кумита О. Муҳаммадҷонзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар нуҳ моҳи соли 2023 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2023» ифтитоҳ намуд, ки дар он ҳамаи Ҳайати мушовара, сардорони шуъбаю бахшҳо ва дигар кормандони Кумита иштирок карданд.
     Ҳисобот оид ба фаъолияти Кумита дар нуҳ моҳи соли 2023 ва вазифаҳо барои семоҳаи чорум барои фаъолияти минбаъдаи Кумита дар соли равон аз ҷониби сардори шуъбаи танзими истилоҳот ироа гардид.
     Дар анҷом, пас аз шунидани суханрониву тавсияҳои аъзои Ҳайати мушовара оид ба масъалаҳои мубрами сиёсати давлатӣ дар бораи забони давлатӣ ва риояи қатъии талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ва табиқи онҳо вобаста ба масоили пешбурди забони давлатӣ қарори Ҳайати мушовара муҳокима ва тасдиқ карда шуд.
     Раиси Кумита иштирокдорони ҷаласаро барои арҷгузорӣ ба забон ва эҳтиром ба ин муқаддасоти олиамон даъват карда, саҳмгузорӣ ва ҳамкориҳои пайвастаро дар таҳкими пешбурди сиёсати давлатии забон ва иҷрои босамари вазифаҳои барои семоҳаи охир дар фаъолияти Кумита пешниҳодгардидаро дар кишварамон муҳим арзёбӣ намуд. Ҳамзамон, таъкид шуд, ки ҳар як вазифа сари вақт иҷро шавад, зеро иҷрои ин гуна масоили мубрам дар роҳи рушду густариши забони давлатӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Масъули ВАО
Раҳим Зулфониён

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Октябр, 2023 - 08:08

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки рамзи муқаддасу ҷовидонаи ҳастии миллат, муҳимтарин нишонаи давлатдории миллии тоҷикон ва асоситарин омили ваҳдату сарҷамъии мардуми Тоҷикистон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Забони мо дар зарфи таъриху тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик роҳи пуршебу фарозеро тай намуда, сарнавишти пурҳаводис ва ҷаҳони маънавии тоҷиконро бо тамоми обу ранг ва дурахшу ҷилои худ инъикос кардааст ва барои худшиносиву худогоҳии миллии халқи тоҷик нақши барҷаста бозидааст.

Бо забони тоҷикӣ, ки аз ҷумлаи қадимтарин ва гуворотарину зеботарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад, таърихи бостонӣ ва фарҳангу тамаддуни камназири миллате иншо гардидааст, ки ба ҷаҳониён аз ҳикмати зиндагӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ сабақҳои мондагору омӯзанда додааст ва ин рисолати хешро то имрӯз идома дода истодааст.

Далели бостонӣ будани миллати тоҷик ва забони тоҷикиро ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни ориёӣ донишмандону олимони баландпояи ҷаҳонӣ дар осори зиёди илмии худ эътироф ва тасдиқ кардаанд.

Забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ, бо вуҷуди монеаву мушкилоти зиёди дар масири рушд ва ҳатто мавҷудияти он эҷодшуда ҳамнафасу ҳамқадами миллати тоҷик ва илҳомбахши фаъолияти илмиву адабӣ, фарҳангиву маънавӣ ва сиёсиву иҷтимоии тоҷикон будааст.

Дар робита ба ин, хотирнишон менамоям, ки баъди амалӣ гардидани ормони беш аз ҳазорсолаи халқамон – расидан ба истиқлоли давлатӣ мо имкон пайдо кардем, ки ба масъалаи эҳтирому гиромидошти воқеии забони модарии худ, таъмин намудани мақому ҷойгоҳи арзанда ва рушди минбаъдаи он аҳаммияти махсус диҳем.

Имрӯз масъалаи забон яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад.

Зеро давлат бе забон вуҷуд дошта наметавонад ва забон шиносномаи давлат ва гузашта аз ин, яке аз муқаддасоти асосии он мебошад.

Ғамхориву таваҷҷуҳи давлат нисбат ба забон ҳамчун сарвати бебаҳо ва нишонаи муҳимтарини истиқлолу озодӣ, соҳибдавлативу соҳибфарҳангӣ ва омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми кишвар мунтазам меафзояд.

Мо ифтихор дорем, ки осори ҷовидонаи ба забони ноби тоҷикӣ таълифнамудаи гузаштагони мо ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашариро бо беҳтарин намунаҳои илмиву адабӣ ва ахлоқиву маънавӣ ғанӣ гардонидааст.

Ҳамчунин, мояи сарфарозии ҳар як фарди миллат аст, ки имрӯз забони давлати тоҷикон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ садо медиҳад.

Тавассути пайгирона амалӣ намудани сиёсати давлатии забон арзишҳои забонӣ ва қудрати воқеии забони тоҷикӣ дар таърихи навини тоҷикон дар тафаккури ҷомеа ва зиндагиву фаъолияти ҳаррӯзаи шаҳрвандон вусъати бесобиқа пайдо кардаанд.

Бо дарназардошти аҳаммият ва зарурати эҳтирому арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва бузургиву неруи воқеии он ман борҳо таъкид намудаам, ки забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, барои ҳар як фард донистани забони модарӣ маънои эҳтиром гузоштан ба миллат, Модар, Ватан, давлати соҳибихтиёр ва воситаи пайванд бо рисолати тамаддунсозиву фарҳангсолории халқамон мебошад.

Дар баробари ин, як нуктаи муҳимро таъкид менамоям.

Рушди бесобиқаи ҷаҳони муосир, махсусан, пешрафти техника ва технологияҳо ба ҳамаи самтҳои зиндагӣ ва фаъолияти одамон таъсири рӯзафзун гузошта истодааст.

Мусаллам аст, ки чунин пешравӣ бо рушди забон робитаи қавӣ дошта, ба ташаккулёбӣ ва ғановатманд гардидани таркиби луғавии он мусоидат менамояд.

Табиист, ки баёни мафҳумҳои нави дар марҳалаи кунунии ҳаёти башар ва фарҳанги ҷаҳони муосир бавуҷудомада калимаву истилоҳоти тозаэҷод ва мувофиқро тақозо мекунад.

Дар ин ҳолат ба мо таърихи пурғановати забони тоҷикӣ, гӯйишҳо ва усулҳои бунёдии калимасозии забонамон ёрӣ расонида метавонанд.

Барои ҳалли ин масъалаҳо олимони забоншиноси мо бояд ба омӯзиши ҳамаҷонибаи гӯйишҳо, таҳқиқи таърихи забон, баргардону нашр кардани осори оламшумули давраи классикӣ аз устод Рӯдакӣ то устод Айнӣ ва муайяну дақиқ сохтани усулҳои калимасозии забони тоҷикӣ аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Дигар ин ки дар болоравии сатҳи забондонии аҳли ҷомеа ва пойдориву рушди забонамон луғатномаҳо нақши бузург доранд.

Дар ин самт зарур мешуморам, ки бо мақсади аз байн бурдани гуногунбаёнӣ дар истифодаи истилоҳот таҳияву тадвини луғатномаҳои соҳавӣ густариш бахшида шавад.

Анҷом додани ин кор вазифаи олимону мутахассисони муассисаҳои илмии академӣ ва донишгоҳӣ мебошад.

Онҳо бояд мутобиқи равияҳои илмиашон луғатномаҳои соҳавиро таҳия намоянд, то мо тавонем онҳоро дар сатҳи давлатӣ тасдиқ карда, барои истифодаи умум пешниҳод намоем.

Ҳамчунин, дар хотир бояд дошт, ки танҳо забони ягонаи миллӣ барои амалӣ гардидани муошират дар ҳамаи самтҳои фаъолияти ҷомеа шароит ва имкониятҳои мусоид фароҳам меоварад.

Бинобар ин, барои ҳамаи соҳибзабонон зарур аст, ки забони адабӣ ва меъёрҳои онро донанд ва дар ҳама ҷо ба кор баранд.

Зеро танҳо забони адабӣ ҳамчун воситаи муошират ва робитаи байниҳамдигарии як ҷомеаи мустақили забонӣ мардумро дар доираи як воҳиди маъмурӣ ва як кишвар муттаҳид месозад.

Мо бояд ба масъалаи омӯзонидани забон ба фарзандонамон аз оила ва муассисаҳои томактабӣ сар карда, то дигар зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳем ва ба кӯдакон аз хурдӣ талқин намоем, ки донистани забони модарӣ нишонаи эҳтиром ба миллат, Модар – Ватан ва ифтихори милливу ватандорӣ шуморида мешавад.

Мехоҳам бо қаноатмандӣ хотирнишон намоям, ки сатҳи забондонии наврасону ҷавонони иштироккунандаи озмунҳои гуногун, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» хеле хуб ва умедворкунанда мебошад.

Мо бояд ин падидаи некро ҳамаҷониба дастгирӣ намоем ва барои наврасону ҷавонон шароиту имконияти боз ҳам беҳтар муҳайё созем.

Вобаста ба ин, таъкид менамоям, ки дар шароити имрӯза забондонии ҷавонон яке аз масъалаҳои бисёр муҳим ба ҳисоб меравад.

Танҳо ҷавононе, ки забони давлатии худро дар сатҳи аъло медонанд ва забонҳои хориҷиро дар асоси он хуб аз худ мекунанд, метавонанд дар раванди ҳамгироӣ бо тамаддуни ҷаҳон фаъол бошанд ва илму донишҳои замонавиро мутобиқи талаботи замонаи пешрафт омӯзанд.

Хотиррасон менамоям, ки талабот ба кадрҳои забондон торафт меафзояд, зеро рушди муназзами ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, вусъат гирифтани ҳамгироиву ҳамкорӣ ва робитаи байни давлатҳо, тарҷумаи осори пешқадами халқҳои дунё, омӯхтани илму фарҳанги ҷаҳони муосир ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар кишвар маҳз бо ҷалби ҷавонони забондон амалӣ мегардад.

Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки забон нишондиҳандаи асосӣ ва гувоҳи ҳастии ҳар як миллат мебошад.

Миллате, ки забони модариашро фаромӯш мекунад ё аз даст медиҳад, бо мурури замон дар майдони таърих аз он нишоне боқӣ намемонад.

Чунки ҳама шукӯҳу шаҳомат, урфу одат, расму ойин, суннату анъана, маърифату фарҳанг ва ахлоқу маънавиёти миллӣ дар забони зиндаи он инъикос ва таҷассум меёбад ва аз насл ба насл дода мешавад.

Воқеан, ҳамин забони ширину шевои тоҷикӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо миллати моро бо неруи ҳаётбахши худ зинда нигоҳ доштааст, сарҷамъу муттаҳид кардааст ва ба даврони босаодати имрӯза расонидааст.

Равандҳои ҷаҳонишавӣ дар баробари ҷиҳатҳои мусбат зуҳуроти манфии таъсиргузор, пеш аз ҳама, ба забону фарҳанг, аз ҷумла либоси миллӣ низ доранд.

Бинобар ин, мо вазифадорем, ки забони давлатиамонро ҳамчун ёдгори нодири аҷдоди тамаддунсози ориёии худ ва мисли гавҳари гаронбаҳотарини ҳаётамон ҳифзу эҳтиёт кунем ва онро ба наслҳои ояндаи миллати ориёинажоди тоҷик дар шакли боз ҳам суфтаву равон ва сайқалёфта ба мерос гузорем.

Дар баробари ин, дар хотир бояд дошт, ки эҳтироми забони модарӣ, таърих, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни кулли башар ва омили муҳимми таҳкими ҳамгироиву ҳамкорӣ миёни халқҳои гуногун мебошад.

Гузашта аз ин, дар замони ҷаҳонишавӣ мустаҳкам намудани пояҳои забони давлатӣ тавассути иҷрои яке аз вазифаҳои муҳим – амалисозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба забон роҳи асосии рушди забони давлатӣ мебошад.

Бовар дорам, ки ба ин масъалаи басо муҳим на танҳо масъулин, балки ҳар як фарди бонангу номуси миллат ва ҳамватанони азизамон минбаъд низ бо ҷиддият ва масъулияти баланд муносибат мекунанд.

Мардуми кишвар, бахусус, наврасону ҷавонон – ворисони мероси бузурги забонӣ, илмӣ ва фарҳангиву маънавии халқамон як нуктаи бисёр муҳим ва далели нодири таърихиро бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд: осори ҳанӯз 1100 сол, яъне ёздаҳ аср пеш эҷодкардаи султони шоирони Аҷам – устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро имрӯз ҳар як тоҷик бе ягон мушкиливу заҳмат мехонаду мефаҳмад.

Гӯё, ки устод Рӯдакӣ ҳамзамони мо бошад.

Мо бояд ба қадри ин бахти бузург расем, забонамонро, ки аз модарамон ёд гирифтаем, мисли модари худ дӯст дорем, онро эҳтиёт кунем, барои тозаву беолоиш ва ботаровату зебо нигоҳ доштани он ҳамеша ва дар ҳар ҷойе, ки бошем, талош намоем.

Бо ифтихор аз забони ширину шево ва шоиронаву зебои тоҷикӣ бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди Ватан дар ҷодаи хизмат ба хотири ҳифзу гиромидошти забони давлатӣ барору комёбиҳо орзу менамоям.

Рӯзи забони давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ «ЗАБОН ВА ИСТИҚЛОЛ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 4 Октябр, 2023 - 14:14

Рӯзи 4-уми октябри соли 2023 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Забон ва Истиқлол” бо иштироки Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Оқилзода Нурулло, аъзои мушовараи Кумита, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи воситаҳои ахбори омма, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажуҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, Шурои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита, намояндагони мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, шаҳри Нораки вилояти Хатлон, шаҳри Турсунзода, ноҳияи Спитамен, муҳаққиқону донишмандон, намояндагони ВАО ва доираи васеи меҳмонон баргузор гардид.
Конференсияро муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Сахидод Раҳматуллозода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозиринро бо таҷлили Рӯзи забони давлатӣ табрик намуд.
Сипас, Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Оқилзода Нурулло суханронӣ карда,муҳиммии забони давлатӣ, арҷ гузоштан ва поку беолоиш нигоҳ доштани онро қайд намуда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбошӣ намуда, нақши Пешвои миллатро дар ташаккули забони точикӣ бузург арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон, дар конференсияи мазкур профессорон Назарзода Сайфиддин, Қосимов Олимҷон, Назри Офаридаев, раиси Академияи ВАО Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи “Устоз” Сулаймон Эрматов, Ёрзода Амриддин - мураббии тарбияи ҷисмонии Муассисаи давлатии қасри теннис ва маҷмаи варзишҳои обӣ ва дигар муҳаққиқону донишмандон оид ба самтҳои гуногуни таҳқиқу рушди забони давлатӣ, алалхусус, дар замони Истиқлоли давлатӣ ибрози назар намуданд.
Инчунин, дар анҷоми қисми аввали конференсия ба намояндагони мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ, донишмандону омӯзгорон, кормандони телевизиону радио барои ҳамкории судманду самарабахш дар рушди забони давлатӣ, заҳматҳои ҳамешагӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба забони давлатӣ, ташвиқу тарғиби забони миллӣ дар байни ҷомеа ва саҳми шоиста дар амалисозии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ифтихорномаҳо дар фазои тантанавӣ тақдим гардид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Паёми шодбошӣ ба муносибати 32-солагии истиқлоли давлатӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 9 Сентябр, 2023 - 11:11

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамдиёрони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – сиюдусолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Ин рӯйдоди бузург дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик ва сарнавишти мардуми мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва ба шарофати он мо соҳиби давлати соҳибихтиёр гардидем.

Истиқлолу озодӣ барои мо рамзи воқеии ифтихор аз Ватану ватандорӣ, бузургтарин имконияти давлатсозиву давлатдории мустақил, илҳомбахши азму талошҳои созанда ба хотири таъмин намудани рушди давлат, ободии Ватан, зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳар як оилаи кишвар мебошад.

Имрӯз аз таърихи пурифтихори давлати соҳибистиқлоламон дар зарфи сию ду соли сипаришуда хуб мушоҳида мегардад, ки ин марҳала дар муқоиса бо таърихи бостонии халқамон муҳлати чандон тӯлонӣ нест, вале бо миқёси корҳои дар ин муддат амалигардида камназир ба ҳисоб меравад.

Тоҷикистони азизи мо баъди эълони истиқлолият роҳи бунёди давлатдории навини миллиро пеш гирифт ва дар шароити бисёр ҳассосу фоҷиабор, яъне ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ соҳиби рамзҳои давлатӣ гардид, ки муаррифгари давлати тозаистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ ва боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар мебошанд.

Ҳамзамон бо ин, мо бо мақсади арҷгузорӣ ба ҳофизаи таърихӣ ва гузаштаи пурифтихори халқамон арзишҳои давлатдорӣ ва суннатҳои тамаддунсозии ниёгони худ, аз ҷумла давлатдории Сомониёнро эҳё намудем.

Хотирнишон месозам, ки роҳи дар муддати беш аз се даҳсола тайкардаи мо пур аз шебу фарозҳо буда, мардуми шарифи Тоҷикистон тавонистанд истиқлоли давлатии худро аз фитнаву дасисаи бадхоҳони дохиливу хориҷии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон содиқона ҳифз намоянд, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар кишвар барқарор созанд.

Яъне тоҷикон ҳамчун миллати куҳанбунёд тавонистанд, ки монеаву мушкилоти эҷодкардаи душманони худро бо азми қавӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ бартараф карда, дар рӯзҳои хеле душвору сарнавиштсоз зери парчами истиқлолу озодӣ муттаҳид гардида, давлати хешро ба рӯзҳои осудаву обод расонанд.

Дар раванди аз хатари нестшавӣ раҳоӣ бахшидани давлати тоҷикон ва аз парокандагӣ наҷот додани миллати тоҷик соли 1993 яке аз рукнҳои муҳимми давлатдорӣ – Артиши миллӣ таъсис дода шуд, ки имрӯз сисолагии ин санаи таърихиро таҷлил менамоем.

Ҳамчунин, дар як муддати кӯтоҳ бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявии он рӯзҳо фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барқарор карда шуд.

Қобили зикри хос аст, ки тайи даврони соҳибистиқлолӣ кишвари мо бо талошу заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи мардуми сарбаланди Тоҷикистон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид.

Бо такя ба анъанаҳои ғановатманди халқамон ва бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон аз ҷумлаи нахустин дастовардҳое буд, ки мардуми мо ҳанӯз дар айёми бисёр ҳассосу вазнини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба он муваффақ гардиданд.

Ҳукумати мамлакат дар асоси ин санади тақдирсоз ба пешбурди сиёсати иҷтимоӣ оғоз намуд.

Имрӯз самараҳои воқеии ин сиёсат дар тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва даҳҳо самти дигар ва муҳимтар аз ҳама, дар сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат ба таври возеҳ мушоҳида мегарданд.

Ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ рушди маориф, илм ва фарҳанг дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон самти афзалиятнок эълон гардид.

Дар зарфи беш аз се даҳсола мардуми мо тавонистанд, ки беҳтарин арзишҳои миллии худро зинда созанд, худшиносиву худогоҳии миллиро ба пояи баланд бардошта, на танҳо фарҳанги беназири худро эҳё намоянд, балки онро ба талаботи давлатдории навини худ ва ба воқеияти ҷаҳони муосир мутобиқ сохта, дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Тоҷикон на танҳо миллати таърихан шаҳрсозу шаҳрнишин мебошанд, балки ҳамчун пешқадамони тамаддуни заминдорӣ ва кишоварзӣ эътироф шудаанд.

Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар кишвари мо ислоҳоти куллии соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ислоҳоти замин амалӣ гардида, фаъолияти соҳа ба шароити даврони муосир мутобиқ гардонида шуд.

Имрӯз боғу киштзорҳои сарсабзе, ки бо заҳмати кишоварзон ва соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ бунёду обод шудаанд, на танҳо барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – ҳифзи амнияти озуқаворӣ саҳми бузург мегузоранд, балки ба сарзамини биҳиштосои мо ҳусни тоза мебахшанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди саноат ва гузаштан аз модели аграриву саноатӣ ба саноативу аграрӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар низ ҳадафи дигари стратегии миллӣ эълон гардид.

Бо мақсади амалӣ намудани ин ҳадаф дар мамлакат то имрӯз садҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд шудаанд ва сохтмони боз садҳо иншооти истеҳсолӣ идома дорад.

Ин раванд, илова бар ин ки саноатикунонии босуръати кишварро таъмин менамояд, боиси ташкили даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ мегардад, ки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ саҳми бузург ба ҳисоб меравад.

Мо барои таъмин намудани рушди давлати соҳибистиқлоли худ даҳҳо иншооти нави энергетикӣ, аз ҷумла ду неругоҳи азим бунёд карда, ҳазорҳо мегаватт иқтидорҳои иловагиро ба кор андохтем, илова ба иншооти бузурги аср – неругоҳи барқи обии «Роғун» неругоҳҳои барқи обии амалкунандаро таҷдиду азнавсозӣ карда истодаем ва тасмим дорем, ки дар ояндаи наздик боз як ҳадафи стратегии миллӣ – истиқлоли энергетикии кишварамонро таъмин намоем.

Дар ин росто, мо ҳазорҳо километр роҳу шоҳроҳ ва пулҳоро тибқи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд карда, Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид ва кишвари транзитӣ табдил додем, яъне онро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшида, ҳадафи стратегии дар ин самт эълонкардаамонро иҷро намудем.

Пешбурди сиёсати «дарҳои кушода» дар замони соҳибистиқлолӣ ба мо имкон фароҳам овард, ки бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монем.

Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати давлати ташаббускору пешсаф дар ҳалли мушкилоти глобалии вобаста ба обу иқлим эътироф гардидааст.

Боиси ифтихори мардуми шарифи тоҷик аст, ки то ба ҳол панҷ ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, яъне Созмони Милали Муттаҳид дастгириву ҷонибдорӣ ёфта, дар миқёси сайёра амалӣ гардида истодааст.

Ҳамватанони азизи мо аз вазъи ҷаҳони муосир, аз ҷумла яроқнокшавии бошитоб, торафт вусъат гирифтани «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ, аз қабили терроризму ифротгароӣ, радикализми динӣ, истеҳсолу қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ хуб огоҳӣ доранд.

Дар чунин шароит, моро зарур аст, ки барои ҳифзи амнияти миллӣ, ки шарти муҳимтарини устувории давлат ва зиндагии осудаи мардум мебошад, беш аз ҳар вақти дигар саъю талош намоем.

Яъне мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак ва дар роҳи ҳифзи амнияти давлат ва дастовардҳои замони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ омода бошем.

Мо бояд доим сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем ва ҳамаи кӯшишу имкониятҳои худро ба хотири рушди давлатамон ва ободии сарзамини аҷдодиамон равона созем.

Муҳимтарин нишонаи ватандӯстии ҳар як фард ифтихор аз дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва талош ба хотири таҳкими минбаъдаи онҳо мебошад.

Ҳар шахсе, ки худро соҳибватан медонад ва мафҳумҳои истиқлолу озодиро муқаддас мешуморад, бояд ҳамаи андешаву амали худро ба он равона созад, ки омодагӣ ба ҳар як ҷашни истиқлол, бахусус, 35-солагии ин рӯйдоди сарнавиштсоз ба марҳалаи нави болоравии эҳсоси худшиносӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва вусъати созандагиву ободкорӣ мубаддал гардад.

Ман ба нангу номуси миллӣ, азму иродаи қавӣ ва кӯшишу талошҳои ватандӯстонаи мардуми шарафманди Тоҷикистон ва махсусан, ҷавонони ватандӯсту ғаюри он эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор медорам, ки мо ҳама якҷо, бо иттиҳоду сарҷамъии хурду бузурги мамлакат ва бо заҳмати созанда кишвари азизамонро дар ояндаи наздик аз имрӯза дида ободу зебо ва давлати соҳибистиқлоламонро неруманду пешрафта мегардонем, нуфузу обрӯйи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.

Бори дигар 32-солагии ҷашни муқаддасу бузурги истиқлоли давлатиро ба мардуми сарбаланди Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар фараҳу шодмонӣ, рӯзгори осуда ва иқболи нек орзу менамоям.

Ҷашни истиқлолу озодӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Манбаъ: http://president.tj/node/31436

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ифтихори 32-юмин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 7 Сентябр, 2023 - 15:55

     Бо мақсади иҷрои банди 2.4.- Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2023 ва Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҷлили Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 7-уми сентябри соли равон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ифтихори 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кумита баргузор гардид, ки дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, роҳбарият ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
     Маҷлисро суханронии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, сипас Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, профессор Эмомалӣ Насриддинзода оид ба нақши Истиқлол дар ҷомеаи соҳибихтиёри мо ва аҳаммияти таърихии он барои минбаъдаи ободи кишварамон суханронӣ намуда, саҳми Пешвои миллатро дар шукуфоии кишварамон бузург арзёбӣ кард. Ҳамзамон, Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Н. Оқилзода аз шукӯҳи соҳибистиқлоли кишварамон ва рушду густариши забони давлатӣ дар ин давра суханронӣ намуд.
     Дар чорабинӣ, ҳамчунин, аз ҷониби барномасози Кумита ва узви маҳфили «Посодорон ва дӯстдорон»-и Кумита Ибрагимов В.М., ки барномаи «Mozilla Firefox»-ро бо забони тоҷикӣ таҳия намудааст, рӯнамоӣ гардид, ки он аз рӯзи 9-уми майи соли 2023 дар шабакаи Интернет ҷой дода шудаву фаъол мебошад.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки забони тоҷикӣ бо чунин барномаи интернетӣ неру ва тавонмандии воқеии худро дар ҷаҳон нишон дода, дар барномаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ мешавад, ки дар байни 190 забон дар даҳ ҷойи аввали забонҳои шабакаи интернетӣ қарор дорад.
     Дар анҷом, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода ба ҳуқуқшинос, узви Ҳайати мушовараи Кумита – Мансурӣ Шодмон Ҷамолиддинзода медали «Хизмати шоиста»-ро аз номи Пешвои миллат тақдим намуда, иштирокдорони маҷлисро барои арҷгузорӣ ба забон ва эҳтиром ба ҳама муқаддасоти олиамон, аз ҷумла, Забон ва Истиқлол даъват карда, саҳмгузорӣ ва ҳамкориҳои пайвастаро бо Кумита дар таҳкими пешбурди сиёсати давлатии забон дар кишвар муҳим арзёбӣ намуда, ҳозиринро ба Ҷашни нурасратёби Истиқлоли давлатӣ табрик намуданд.

Масъули ВАО
Раҳим Зулфониён
Сардори шуъбаи танзими истилоҳот

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 4 Сентябр, 2023 - 16:34

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам аҳли илму маориф, устодону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон, падару модарони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад.

Воқеан, илму дониш аз замонҳои хеле қадим то даврони мо неруи асосӣ ва воситаи пешбарандаи ҳар як ҷомеа, аз ҷумла Тоҷикистони мо ба ҳисоб меравад.

Оғози соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва дарси сулҳро ба ҳамаи хонандагону донишҷӯён, аз ҷумла ба онҳое, ки имрӯз бори аввал ба остонаи мактаб қадам гузоштанд, ба аҳли илму маорифи мамлакат ва падару модарони гиромӣ самимона табрик мегӯям.

Чун соли хониш бо дарси сулҳ оғоз мегардад, мехоҳам андешаҳои худро доир ба ин масъала мухтасар баён намоям.

Тайи даҳсолаҳои охир, яъне охири асри 20 ва оғози садсолаи 21-ум вазъи сайёра бар асари талоши абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бисёр ҳассосу ноором гардид.

Хусусан, ҳодисаву воқеаҳои вақтҳои охир, аз ҷумла бархӯрди манфиатҳо, мухолифату низоъҳои сиёсиву низомӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, торафт возеҳ гардидани нишонаҳои «ҷанги сард» ва гузариши он ба «марҳалаи гарм» дар минтақаҳои гуногуни дунё, инчунин, тағйирёбии босуръати иқлими сайёра имрӯз ҳаёти инсониятро зери хатари ҷиддӣ қарор додаанд.

Дар чунин шароити ниҳоят мураккабу ҳассос таҳаммулгароӣ, гуфтугӯи тамаддунҳо ва тарғибу ташвиқи андешаву афкори сулҳпарварона барои аҳли башар ниҳоят муҳим ва ҳатто ҳаётӣ мебошад.

Яъне сулҳу амният, оромиву осоиш ва ҳамгироиву ҳамкорӣ дар замони муосир барои тамоми кишварҳои сайёра бояд аз ҷумлаи муҳимтарин арзишҳои ҳаёти инсонӣ дониста шаванд.

Мардуми мо, ки таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар кардаанд, моҳияти сулҳу ваҳдат, амнияту оромӣ ва ҳамзистии осоиштаро хуб дарк менамоянд.

Вазъи кунунии ҷаҳон ҳар яки моро водор месозад, ки дар кишварамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам бештар мустаҳкам гардонем ва манфиатҳои миллии худро аз таъсири пайомадҳои манфии равандҳои ҷаҳони муосир устуворона ҳифз намоем.

Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳҷӯву адолатпарвар аз минбарҳои баланд борҳо эълон кардааст, ки роҳи асосӣ ва беҳтарини ҳалли ҳама гуна мухолифату низоъҳо риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, музокирот ва ҳалли мусолиматомези масъалаву мушкилот мебошад.

Дар шароити кунунӣ, ки раванди сиёсигардонии дини ислом ва дар ин асос вусъат гирифтани радикализми динӣ, терроризму экстремизм, инчунин, истеҳсолу қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, бемориҳои сироятӣ, гармшавии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобии паёпай идома дорад, таъсири манфии омилҳои зикргардида ба ҷомеаи мо низ расида истодааст.

Барои эмин нигоҳ доштани ҷомеаи кишвар аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, суннату анъанаҳои фарҳангӣ, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавон, инчунин, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқиву сиёсии онҳо ба хотири таъмин намудани волоияти қонун ва амнияту субот як амри зарурӣ мебошад.

Дар ин раванд, фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои илму донишомӯзии наврасону ҷавонон вазифаи муҳимтарин шуморида мешавад.

Зеро дар замони мо, яъне давраи шиддати рӯзафзун пайдо кардани рақобату мухолифатҳо танҳо ҷомеа ва давлатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки дорои низоми пешрафтаи илму маориф ва шаҳрвандони соҳибмаърифату донишманд бошанд.

Мо дар ин ҷода, ба хотири он, ки ҷавонону наврасон ва умуман, шаҳрвандони худро дар рӯҳияи гиромидошт ва омӯзиши илму дониш ва фарҳангу маърифат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбияву раҳнамоӣ кунем, озмуни «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат»-ро эълон намудем.

Ҳадафи мо аз иқдоми зикршуда «тагурӯ» кардани таърих нест, балки мо мехоҳем мардумамон бо суннату анъанаҳои деринаи аҷдодӣ, расму ойинҳои ғановатманди миллӣ ва гузаштаи пурифтихори худ бештар ва беҳтар шинос шаванд, решаҳои худро донанду шиносанд ва барои ҳифзу гиромидошти арзишҳои таъриху фарҳанги бостонии хеш масъул ва саҳмгузор бошанд.

Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ҷиҳати муаррифии таърихи беш аз шашҳазорсола ва арзишҳои асили миллати тоҷик шароити боз ҳам мусоид фароҳам оварем.

Вазорати маориф ва илм якҷо бо Академияи миллии илмҳо ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҷиҳати бознигарӣ кардани барномаву стандартҳо ва мазмуни китобҳои дарсии фанҳои адабиёт ва таърихи халқи тоҷик дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот чораҳои зарурӣ андешида, консепсияи таълифи китобҳои дарсии зикршударо таҳия намоянд.

Дар заминаи он ба хотири таҳкими истиқлолу озодӣ, пойдории давлати навини тоҷикон ва ҳифзи арзишҳои милливу таърихии халқамон навиштани китобҳои ин фанҳо дар асоси талаботи сиёсиву иҷтимоии кишвар ва дастовардҳои замони истиқлол ба роҳ монда шавад.

Ниёгони бузурги миллати тоҷик дар масири таърихи бостонии халқамон ба омӯхтани илму маърифат ва касбу ҳунар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, тавассути осори ҷовидонаи худ инсониятро ба роҳи фаро гирифтани илму дониш ҳамчун омили раҳоӣ аз нодониву ҷаҳолат ва расидан ба рушду тараққиёт ҳидоят кардаанд.

Вобаста ба ин, хотиррасон менамоям, ки баъди ба даст овардани истиқлол мо илму донишро пояи асосии рушди ҷомеа ва амнияти давлат эълон карда, аз ҷумла дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» дарҷ намудем, ки хароб гардидани сифати таълим ва неруи зеҳнии мамлакат ҳамчун таҳдид ба амнияти давлат арзёбӣ мегардад.

Дар шароити кунунӣ низоми маорифи миллии мо дар заминаи суннату анъанаҳои деринаи маърифатпарварии халқамон ва дастоварду комёбиҳои сиёсиву иҷтимоии давлати соҳибистиқлол ташаккул ёфта, тайи беш аз се даҳсола дар раванди рушди ҳамаҷониба ва босуботи ҷомеа нақши басо арзишманд бозида истодааст.

Ман дар асоси таваҷҷуҳу эҳтироме, ки нисбат ба илму маориф ва мактабу омӯзгор дорам, иброз медорам, ки маҳз тавассути рушди босуботи соҳаи маориф, таҳкими заминаҳои он ва заҳмати содиқонаи омӯзгорон мо тавонистем, ки чеҳраи воқеии халқи тоҷикро дар замони муосир ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Яъне сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ, пеш аз ҳама, аҳли маорифи кишвар ва устодону омӯзгорон содиқона ҷонибдорӣ карда, барои тарғибу ташвиқи сулҳу ваҳдат ва раванди рушди босубот саҳми назарраси худро гузоштанд ва гузошта истодаанд.

Аз ин лиҳоз, ман ба кормандони соҳаи илму маориф ва устодону омӯзгорон сидқан миннатдориву сипос мегӯям.

Ҳамчунин, мехоҳам таъкид намоям, ки бунёди ҷомеаи солиму рушдёфта маҳз тавассути ташаккул додани илму маорифи пешрафта, ба роҳ мондани таълиму тарбияи мақсадноки ба арзишҳои миллӣ асосёфта, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, муҳайё кардани шароити муосири таълим дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, яъне бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо ва албатта, заҳмати содиқонаи аҳли маориф ва ҳамкориву дастгирии падару модарон имкон дошта метавонад.

Бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала, Ҳукумати мамлакат захираву имкониятҳо ва саъю талоши худро ба ин самти муҳимтарини иҷтимоӣ равона карда, барои илму касбомӯзӣ ва таълиму тарбияи наврасону ҷавонон тамоми шароити заруриро муҳайё сохта истодааст.

Аз сӯи дигар, раванди афзоиши аҳолӣ моро водор месозад, ки барои сохтани мактабҳои наву замонавӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимии мавҷуда, бо шароиту таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани онҳо ва муҳимтар аз ҳама, мунтазам беҳтар гардонидани имкониятҳои моддии аҳли маориф, яъне ғамхорӣ дар ҳаққи устодону омӯзгорон чораҳои зарурӣ андешем.

Танҳо дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 57 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бо 15 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст ва тибқи нақша то охири соли ҷорӣ ба истифода супоридани зиёда аз 200 мактаби дигар дар назар дошта шудааст.

Илова бар ин, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 25 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди беш аз як миллион нусха аз чоп баромадааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ рӯ ба афзоиш дорад.

Соли ҷорӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва фосилавӣ қариб 5000 нафар хонандагони мактабҳои Тоҷикистон иштирок карда, сазовори 124 медал, аз ҷумла 13 медали тилло, 21 нуқра ва 90 медали биринҷӣ гардидаанд.

Дар даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 240 ҳазор нафар иштирокчӣ 215 ҳазор нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ буда, дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» қариб 25 ҳазор нафар хонандагон фаъолона иштирок доштанд, ки аз афзудани таваҷҷуҳи насли наврас ба илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ гувоҳӣ медиҳад.

Ин раванд собит месозад, ки дар кишвар насли созанда ва эҷодкору навовар ба воя расида истодааст.

Муҳтарам кормандони соҳаи маориф!

Донишҷӯёну хонандагони азиз!

Бо дарназардошти он ки рушди устувори соҳаи маориф ва самаранокии ислоҳот аз афзоиши маблағгузорӣ вобастагӣ дорад, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаи калидиро сол ба сол зиёд карда истодааст.

Соли ҷорӣ барои соҳаи маориф 7,2 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 14 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи буҷети солонаи давлатиро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар соҳаи маорифи мамлакат ду стратегия қабул шуда, дар асоси онҳо амалисозии ҳашт барномаи давлатӣ идома дорад.

Дар ин раванд, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то имрӯз дар самти бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3700 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шудааст ва корҳо дар ин самт идома доранд.

Дар соли таҳсили 1991 – 1992 шумораи хонандагон дар кишвар 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод.

Ин шумора дар соли таҳсили 2022 – 2023 ба 2 миллиону 232 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба оғози даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 900 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасон ва бунёди деҳаву маҳаллаҳои нави аҳолинишин дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати вусъат додани сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид дар онҳо мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Илова бар ин, Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимии таъмирталаб ва дар ҳолати садамавӣ қарордошта тадбирҳои зарурӣ андешад.

Хотиррасон менамоям, ки барои иҷрои супоришҳои додашуда намояндагони мақомоти марказӣ, яъне роҳбарони гурӯҳҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳо низ масъулият доранд.

Баъзе таҳлилгарон корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардидаро нодида мегиранд.

Онҳо фаромӯш кардаанд, ки аҳолии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ қариб ду баробар зиёд гардид.

Афзоиши аҳолӣ, пеш аз ҳама, ба соҳаи маориф таъсир мерасонад.

Яъне талабот ба мактаб ва ҷойи нишаст барои хонандагон зиёд мешавад.

Раванди бунёд кардани то 200 муассисаи таълимӣ дар як сол, ки ҳамасола амалӣ шуда истодааст, кори саҳлу осон нест.

Илова ба ҳазорҳо муассисаи таълимие, ки то имрӯз бунёду азнавсозӣ гардидаанд, шумораи донишгоҳу донишкадаҳо нисбат ба замони то истиқлол чор баробар ва донишҷӯён се баробар афзудааст.

Як нуктаи муҳимро фаромӯш набояд кард, ки мо бо сабабҳои ба ҳама маълум фақат аз соли 2000-ум имконият пайдо кардем, ки ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла бартарафсозии мушкилоти соҳаи маориф машғул шавем.

Ҳозирини муҳтарам!

Рушди таҳсилоти томактабӣ, ки дар ташаккули шахсияти кӯдакон ва омода намудани онҳо ба муассисаи таҳсилоти умумӣ нақши муҳим дорад, зери таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Лозим ба ёдоварист, ки татбиқи қисматҳои асосии Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дахл дорад.

Вале вазъи иҷрои барнома то ҳанӯз ташвишовар боқӣ мемонад.

Мувофиқи барнома ҳар сол аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд ва бахши хусусӣ бояд 100 муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода шавад.

Вале аз оғози амалишавии барнома, яъне дар муддати сеюним соли сипаришуда аз 68 шаҳру ноҳияи мамлакат танҳо дар 32 шаҳру ноҳия ҳамагӣ 63 муассисаи томактабӣ сохта шудааст.

Мусаллам аст, ки кӯдаки дар муассисаи томактабӣ ба таълиму тарбия фарогирифташуда барномаи мактабиро беҳтар аз худ мекунад ва доираву сатҳи тафаккураш аз дигар ҳамсолонаш ба таври назаррас фарқ дорад.

Аз ин лиҳоз, талаботи аҳолӣ ба таҳсилоти томактабӣ сол ба сол афзуда истодааст.

Ҳоло дар кишвар 707 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 103 ҳазор нафар ва 2111 Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 69 ҳазор кӯдак фаъолият дорад, ки ҳамагӣ 16 фоизи кӯдакони синни томактабиро ташкил медиҳад.

Чандест, ки дар мамлакат дар назди муассисаҳои таълимӣ ва ба таври алоҳида марказҳои рушди кӯдак фаъолият доранд, вале вазъи ҳуқуқии онҳо то ҳол ба танзим дароварда нашудааст.

Чунин марказҳо метавонанд барои омода кардани кӯдакон ба мактаб нақши муҳим гузошта, ҷиҳати фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ мусоидат расонанд.

Бинобар ин, вазоратҳои маориф ва илм, молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ барои ҳарчи бештар ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

Зарур аст, ки доир ба ҷалби ҳарчи бештари сармояи хусусӣ ҷиҳати сохтмони муассисаҳои томактабӣ ва таъсиси шаклҳои алтернативии фарогирӣ ба зинаи томактабӣ чораҷӯӣ карда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии таъсис ва фаъолияти марказҳои рушди кӯдак такмил дода шаванд ва то соли 2030 фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ то 50 фоиз расонида шавад.

Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд фаъолияти худро дар самти афзоиш додани маблағгузорӣ ба соҳаи таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии кӯдакон ба ин зина ва умуман, иҷрои барномаҳои давлатӣ дар ин самт ба таври қатъӣ ҷоннок намоянд.

Дар робита ба ин, як масъалаи муҳимро таъкид менамоям: баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии мураббиён, ки сифати таълиму тарбияи кӯдакон аз ин омил вобастагии мустақим дорад, яке аз вазифаҳои муҳимми роҳбарону мутахассисони соҳаи маориф мебошад.

Ҳозирини муҳтарам!

Рӯзи донишро имсол беш аз 2 миллиону 200 ҳазор нафар кӯдакону наврасони кишвар пешвоз гирифтанд.

Аз ин шумора беш аз 260 ҳазор нафар бори нахуст ба мактаб қадам гузоштанд.

Фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, зиёд кардани маблағгузории соҳаи маориф, давра ба давра баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон, зиёд намудани бурсияву стипендияҳо, аз ҷумла, стипендияи президентии «Дурахшандагон», ҷудо кардани квотаи президентӣ ва тадбирҳои дигар далели возеҳи таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таълиму тарбия мебошад.

Натиҷаи ҳамин таваҷҷуҳ аст, ки имрӯз дар 35 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишварҳои пешрафтаи дунё беш аз 41 ҳазор нафар ҷавонони мо таҳсил доранд.

Худи ҳамин сол беш аз 5000 нафар ҷавонон барои таҳсил ба кишварҳои хориҷӣ фиристода шуданд.

Дар солҳои қабл аз истиқлол шумораи ҷавононе, ки ба хориҷи кишвар барои таҳсил фиристода мешуданд, ангуштшумор буд.

Ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат аз таваҷҷуҳи хосса ба соҳаи илму маориф аз он иборат аст, ки сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баланд бардошта, насли ояндасози кишвар бо фаро гирифтани илму дониши муосир барои рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани хеш, пешрафти давлат ва ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ омода карда шавад.

Соли ҷорӣ 3 ҳазору 432 нафар мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ барои кор ба муассисаҳои таълимии кишвар фиристода шудаанд, ки то имрӯз 49 фоизи онҳо ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ҳозир шудаанд.

Фикр мекунам, ки яке аз мушкилоти асосиву ҳалталаби соҳаи маорифи мамлакат – норасоии омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вақтҳои наздик пурра бартараф мегардад.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва Академияи таҳсилот то охири соли ҷорӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот»-ро омода карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Дар ин раванд, ҳамчунин, зарур аст, ки ба масъалаҳои омодагӣ ва гузариш ба низоми бисёрхолаи арзёбии дониши хонандагон, назорати қатъии таъмин намудани давоми таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ба таҳсилоти тафриқавӣ гузаронидани хонандагони синфҳои 5 – 11 эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Вобаста ба ин, бори дигар хотиррасон месозам, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисиву русӣ дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо бидуни истисно ҳатмӣ мебошад.

Ҳозирини арҷманд!

Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои омода намудани кадрҳои коргарӣ нақши басо назаррас доранд, зеро пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъмин намудани корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳои давлативу ғайридавлатӣ бо мутахассисон дар назди онҳо вазифаҳои нав мегузорад.

Шумораи муассисаҳои ин зинаҳои таҳсилот, махсусан, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ сол ба сол зиёд шуда истодааст ва мустаҳкам намудани пояҳои моддиву техникии онҳо яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаб ба шумор меравад.

Имрӯз дар кишвар дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар 23 самт аз рӯйи 306 ихтисос мутахассисони соҳибкасб омода карда мешаванд.

Гузариши кишвар аз модели агросаноатӣ ба саноативу аграрӣ, инчунин, татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ва бунёд гардидани корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ зарурати бо мутахассисони дорои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъмин намудани онҳоро торафт мубрам мегардонад.

Аз ин лиҳоз, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро зарур аст, ки ҷиҳати роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои зич бо корхонаҳои саноатии кишвар ва васеъ ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар корхона ва муассисаҳои равияи худ тадбирҳои муассир андешанд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ҳамчунин, бояд таъсиси марказҳои таълими калонсолонро вусъат бахшад ва фаъолияти беҳтари марказҳои мавҷударо таъмин намояд.

Солҳои охир ба таври зарурӣ иҷро нагардидани нақшаи қабули довталабон ба муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбии мамлакат ба як масъалаи нигаронкунанда табдил ёфтааст.

Тибқи натиҷаи марҳалаи аввали қабули довталабон тариқи Маркази миллии тестӣ аз 106 ҳазор нафар хатмкунанда ҳамагӣ 35 ҳазор нафар барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ роҳхат гирифтааст.

Вазъият дар ин самт, хусусан, дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ба беҳбудии ҷиддӣ ниёз дорад.

Масалан, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 2400 нафар хатмкунанда 993 нафар ба мактабҳои олӣ дохил гардидааст, ки ин ҳарчанд дар сатҳи кишвар нишондиҳандаи хуб аст, вале ҳанӯз кифоя нест.

Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки якҷо бо Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ ва Агентии назорат дар соҳаи маориф натиҷаҳои имтиҳони қабулро дар ҳар як муассисаи таълимӣ ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ карда, фаъолияти роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва раёсату шуъбаҳои маорифро аз рӯйи сатҳи дониш ва натиҷаи дар имтиҳоноти қабул нишондодаи шогирдони онҳо арзёбӣ намоянд.

Ҳамзамон бо ин, доир ба иҷрои Барномаи давлатии касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025, ки бо мақсади ба шуғл фаро гирифтани шахсони бекор, аз ҷумла занону духтарони хонашин ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ қабул гардидааст, чораҳои иловагӣ андешанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи зеҳнӣ ва нерӯи инсонӣ мебошад.

Бинобар ин, давлат ва Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳоро меандешад, ки ин неруи инсонӣ соҳибкасбу бомаърифат ва мутахассиси замони муосир бошад.

Бо ин мақсад, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ супориш дода мешавад, ки дурнамои нақшаи қабули довталабонро ба муассисаҳои таҳсилоти касбии мамлакат тибқи талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва байналмилалӣ таҷдиди назар намоянд.

Вазъи интихоби касб аз ҷониби хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нигаронкунанда мебошад.

Таъкид бояд кард, ки то ҳанӯз на аз ҷониби омӯзгорон ва на аз тарафи падару модарон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба касбинтихобкунӣ дуруст ба роҳ монда нашудаанд.

Таҳлили қабули довталабон дар соли хониши 2023 – 2024 нишон медиҳад, ки имсол ба 75 ҳазору 800 нафар хатмкардагони синфи 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз 600 ихтисос пешниҳод гардидааст.

Аз ин шумора қариб 31 ҳазор нафар довталаб, яъне беш аз 40 фоизи хатмкардагон ихтисосҳои як кластер, яъне кластери 5 – ихтисосҳои равияҳои тиббию биологиро интихоб кардаанд.

Чунин вазъи касбинтихобкунӣ масъулини соҳаро водор месозад, ки доир ба ин масъала чораҳои фаврӣ андешанд.

Илова бар ин, дар асоси таҷрибаи солҳои қаблӣ ва таҳлили вазъи қабули довталабон дар соли таҳсили 2023 – 2024 ба сохторҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президент, Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ супориш дода мешавад, ки тартиби қабули довталабонро, бахусус, дар гурӯҳҳои шартномавӣ мавриди баррасӣ қарор дода, дар кӯтоҳтарин муҳлат ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххаси худро манзур намоянд.

Ҳамчунин, ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани раванди банақшагирии қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ Барномаи давлатии тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти касбӣ барои солҳои 2024 – 2029-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созанд.

Дар ин раванд, ба масъалаи дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ қабул намудани довталабон ба равия ва ихтисосҳои самтҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Ҳозирини гиромӣ!

Рушди босуръати техникаву технологияҳои муосир, ҷаҳонишавии низоми маориф, омезиш ва ба ҳам наздикшавии фарҳангу тамаддунҳо моро водор месозад, ки зимни татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф ҷиҳати ворид гардидан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ хеле эҳтиёткор бошем.

Дар ин раванд, мо бояд беҳтарин унсурҳои низоми маорифи ҷаҳони мутамаддинро интихоб намуда, пас аз таҳлилу омӯзиши дақиқ аз ҷониби олимону муҳаққиқони соҳаи омӯзгорӣ, мутахассисони мактабшинос ва бо ҷалби дигар мақомоти масъул онҳоро бо арзишҳои миллии соҳаи маорифи мамлакат мутобиқ сохта, пас аз гузаронидани озмоишҳои ҳамаҷониба ҷиҳати амалӣ сохтани ҳама гуна навоварӣ дар низоми маорифи мамлакат чораҳои зарурӣ андешем.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисме аз самтҳои ислоҳоти низоми маорифи мамлакат, ки бо дастгирии шарикони рушд тавассути барномаву лоиҳаҳо роҳандозӣ шудаанд, то охир амалӣ намегарданд, яъне бо анҷом ёфтани онҳо қатъ мегарданд.

Ҳол он ки ҳадаф аз татбиқи барномаву лоиҳаҳо такмили мазмуни таҳсилот ва ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ мутобиқ сохтани он мебошад.

Дар ин росто, Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати амалӣ намудани барномаву лоиҳаҳо ва татбиқи ислоҳоти соҳа омӯзишу таҳлилҳо гузаронида, доир ба самаранокии онҳо ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.

Дар шароити нави татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф гузаштан аз такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорон аҳаммияти торафт бештар касб менамояд.

Тавассути такмили ихтисос омӯзгор метавонад таҳсилоти заминавии худро таҳким бахшида, фаъолияти хешро ба муҳит ва талаботи нави иқтисодиву иҷтимоӣ мутобиқ созад.

Шароити кунунии пешрафти илму техника талаб мекунад, ки омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф ҳар се сол як маротиба аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шаванд.

Дар робита ба ин, ду масъалаи муҳимро, ки борҳо гуфтаам, бори дигар таъкид менамоям.

Робитаи илм бо истеҳсолот, ҷорӣ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон аз ҷумлаи масъалаҳое мебошад, ки аҳаммияти торафт бештар ва мубрам касб карда истодааст.

Бинобар ин, Дастгоҳи иҷроияи Президентро вазифадор менамоям, ки бо ҷалби олимону коршиносон ва сохтору мақомоти дахлдор комиссияи босалоҳият таъсис дода, вазъи корҳоро дар ин самт ҳамаҷониба баррасӣ намояд ва доир ба густариши минбаъдаи корҳои вобаста ба ин масъала пешниҳодҳои мушаххас манзур созад.

Дигар ин, ки тибқи таҳлилҳо вазъи иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда доир ба «Бистсолаи омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ» ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.

Ба Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш дода мешавад, ки ин масъаларо низ ҳамаҷониба омӯхта, ба Роҳбари давлат гузориш пешниҳод намояд.

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Оғози соли нави хониш ва мулоқоти Роҳбари давлат бо аҳли маориф дар бинои навбунёди Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ки чанд лаҳза қабл ба истифода дода шуд, баргузор мегардад.

Ҳамаи сокинони вилояти Хатлон, устодону омӯзгорон, донишҷӯён, кормандони соҳаи тандурустии мамлакат ва шумо – ҳозирини гиромиро ба муносибати ифтитоҳи бинои нави донишгоҳи тиббӣ самимона табрик мегӯям.

Инчунин, ба мутахассисон ва сохтмончиёни ватанӣ, ки иншооти имрӯза бо заҳмати содиқонаи онҳо бунёд гардидааст, изҳори сипос менамоям.

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз тарафи Ҳукумати мамлакат бунёд гардида, аз 5 бинои таълимӣ, биноҳои маъмурӣ, толорҳои лексионӣ, озмоишгоҳи марказии илмиву таҳқиқотӣ, майдони варзиш, ошхона, ду хобгоҳи донишҷӯён ва як бинои истиқоматӣ барои омӯзгорон иборат мебошад.

Бо ифтитоҳи иншооти дар марҳалаи якуми сохтмон банақшагирифташуда 96 синфхонаи барҳаво, 13 толори маҷлису лексионӣ бо зиёда аз 3000 ҷойи нишаст ва 1 толори фарҳанг бо 1290 ҷойи нишаст барои таълиму тарбия ва фароғати донишҷӯён омода гардидааст.

Инчунин, дар ин биноҳо 6 озмоишгоҳи илмию фаннӣ бо муосиртарин таҷҳизот ташкил карда шудааст.

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамчун самараи даврони истиқлол дуюмин муассисаи таҳсилоти олии тиббии мамлакат мебошад, ки соли равон ба таъсисёбии он ҳафт сол пур мешавад.

Донишгоҳ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи ҷомеа, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон бо мутахассисони дорои маълумоти олии тиббӣ таъсис дода шуд ва ҳоло дар марҳалаи ташаккулёбӣ қарор дорад.

Дар Паёми Роҳбари давлат ҳанӯз 20-уми январи соли 2016 вазъи таъминот бо мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар кишвар, бахусус, дар вилояти Хатлон нигаронкунанда арзёбӣ гардида буд.

Дар вилояти Хатлон, ки калонтарин сохтори ҳудудии мамлакат ба ҳисоб меравад, ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ ҳамагӣ 12,8 табиб рост меояд, ки дар муқоиса бо дигар минтақаҳои кишвар нишондиҳандаи хеле паст мебошад.

Дар паёми зикршуда, ҳамчунин, хотирнишон гардида буд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун ягона муассиса дар масъалаи тайёр кардани мутахассисони соҳаи тиб дар мамлакат талаботи ҷомеаро пурра қонеъ карда натавониста истодааст.

Ҳоло аз шумораи умумии донишҷӯён 1134 нафар (қариб 51 фоиз) аз вилояти Хатлон, 623 нафар (28 фоиз) аз вилояти Суғд, 269 нафар (12 фоиз) аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 206 нафар (беш аз 9 фоиз) аз шаҳри Душанбе мебошанд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар байни дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар мақому мавқеи сазовор пайдо кардааст.

Соли 2022 аввалин маротиба дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон хатми донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои кори табобатӣ, бемориҳои кӯдакон ва дандонпизишкӣ сурат гирифта, донишгоҳро дар се соли охир 747 нафар ҷавонон, аз ҷумла 79 нафар бо дипломи аъло хатм намуданд.

Аз соли 2019 ин ҷониб 17 нафар олимони ҷавони донишгоҳ ба аспирантура ва докторантура шомил шуда, аз рӯйи мавзӯъҳои мухталиф рисолаҳои илмӣ таҳия карда истодаанд.

Роҳбарияти донишгоҳ якҷо бо олимони соҳа бо истифода аз имкониятҳои зикршуда бояд дар доираи ҳамкориҳо бо беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара мактаби дараҷаи олӣ ва бисёрсоҳаро, аз ҷумла дар самти ҷарроҳӣ, бемориҳои кӯдакон, кори табобатӣ ва дигар ихтисосҳо бунёд созад, то ки фардо ба аҳолӣ ёрии тахассусноки сатҳи олиро пешкаш ва дар ин замина корҳои назарраси илмиву таҳқиқотиро анҷом диҳад.

Дар ин самт, зарур аст, ки барои амалӣ намудани «Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин, ба стандартҳои давлатӣ ва байналмилалӣ мутобиқ намудани таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ, сохтори донишгоҳ, мазмун, муҳлат ва сифати тайёр кардани мутахассисони соҳаи тандурустӣ, таъмин кардани талаботи аҳолӣ ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ, воридшавӣ ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ ва бозомӯзии кадрҳои тиббӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия ва зина ба зина амалӣ карда шавад.

Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки ислоҳот дар зинаи таҳсилоти баъдидипломии тиббӣ ҳамчун раванди бевосита ба фаъолияти минбаъдаи табибон таъсирдошта такмили бештар ва ҳамкории зичро бо шарикони рушд тақозо менамояд.

Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бояд дар самти мазкур андешидани чораҳои заруриро боз ҳам вусъат бахшад.

Таъкид менамоям, ки дар назди кормандони соҳаи тандурустӣ аз ҷумла донишгоҳ вазифаҳои боз ҳам масъулиятноку муҳим, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим қарор доранд.

Бори дигар хотиррасон менамоям, ки саломатии миллат боигарии давлат аст ва ҳифзи саломатии мардумро шумо – табибон ва кормандони соҳаи тандурустӣ бояд таъмин намоед.

Ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ бо табибон чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ду соли охир ихтисосҳои табобатии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро 15 фоиз бо квотаи президентӣ, 26 фоиз ба тариқи буҷетӣ ва 59 фоиз шартномавӣ хатм кардаанд.

Мушкилоти асосии соҳа таъмин намудани муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои бо табибон камтаъмин мебошад.

Албатта, ҳамасола аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат ба довталабони чунин шаҳру ноҳияҳо барои дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон квотаи президентӣ ҷудо карда, бо додани холи иловагӣ имтиёз дода мешавад.

Бо вуҷуди ин, вазъ дар ин гуна шаҳру ноҳияҳо то ҳол беҳбудиро тақозо менамояд.

Қариб 50 фоизи хатмкардаҳои ду соли охири Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро аз шаҳру ноҳияҳои мазкур шахсоне ташкил медиҳанд, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил намудаанд.

Аз шумораи умумии хатмкардаҳои ду соли охири донишгоҳи мазкур танҳо 15 фоизи ҷойҳои буҷетӣ ба шаҳру ноҳияҳои бо табибон камтаъмин рост меояд.

Сабаби асосии чунин ҳолат паст будани сатҳи дониши шогирдони мактабҳои чунин шаҳру ноҳияҳо мебошад.

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки агар сари вақт иқдоми ҷудо намудани квотаи президентӣ роҳандозӣ намешуд, шояд аз баъзе шаҳру ноҳияҳо ягон нафар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намекард.

Аз тарафи дигар, чунин тамоюл боиси минбаъд низ зиёд шудани табибон дар шаҳру ноҳияҳои бо табибон хубтаъмин ва кам шудани онҳо дар муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои бо табибон камтаъмин мегардад.

Бинобар ин, мувофиқи мақсад аст, ки дар оянда имтиҳонҳои қабул тавассути Маркази миллии тестӣ барои шаҳру ноҳияҳои бо табибон камтаъмин бо ҷудо намудани миқдори муайяни ҷойҳои буҷетӣ баргузор карда шавад.

Ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода мешавад, ки бо мақсади бартараф намудани нобаробарии таъминот бо табибон дар минтақаҳои кишвар тавассути тайёр намудани шумораи зарурии мутахассисони соҳаи тандурустӣ барои шаҳру ноҳияҳои бо табибон камтаъмин нақшаи қабули донишҷӯёнро ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии самти тиббӣ бозбинӣ намояд ва ҳангоми тарҳрезии нақшаи қабули ҳарсола талаботи мазкур риоя карда шавад.

Чунин иқдом имкон медиҳад, ки дар оянда мушкилоти нобаробарии ҷуғрофии таълимот бо табибон зина ба зина бартараф гардад.

Ҳалли масъалаи зикршуда яке аз самтҳои афзалиятноки Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳисобида мешавад.

Дар баробари ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд барои дастгирӣ кардани табибони ҷавон, ки тибқи роҳхат ба шаҳру ноҳияҳо фиристода мешаванд, чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҷавонон ва донишҷӯёну хонандагони азиз!

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсати пешгирифтаи худ наврасону ҷавонон ва хонандагону донишҷӯёнро созандагони фардои Ватан мешуморад ва ман ҳамчун Роҳбари давлат ба шумо – ҷавонони шарафманди кишвар эътимоди комил дорам.

Шумо ҷавонону наврасон, дар навбати аввал, хонанда ва донишҷӯ, яъне ҷӯяндаи дониш ҳастед, ки вазифаи аввалиндараҷаатон хондан ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ, техникаву технологияҳо ва мутобиқ шудан ба талаботи замони муосир мебошад.

Ҷавоне, ки соҳиби донишу маърифат ва касбу ҳунар аст, ҳеҷ гоҳ ба роҳи хато намеравад, хору зор намешавад, дар ҳар ҷое, ки бошад, ҷойи кор меёбад ва зиндагии бобаракат мебинад, зеро дунёи маънавии ӯро ақлу хирад, донишу маърифат ва саъю талош пурбор гардонидааст.

Дар баробари ин, аз шумо – фарзандону набераҳои азизам хоҳиш мекунам, ки ба қадри ҳар дақиқаи умр, бахусус, даври ҷавонӣ расед ва онро сарфи китобхонӣ, ҷустуҷӯи дониш, касбу ҳунар, анҷоми амалҳои неку шоиста, ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, омӯзгорону тарбиятдиҳандагони хеш ва хизмат ба миллату давлат намоед.

Кӯшишу талош намоед, ки дар баробари мутахассиси ҷавобгӯ ба ниёзҳои ҷомеаи имрӯзу фардои кишвар будан, Ватани азизи худро дӯст доред ва барои хизмат ба он ҳамеша омода бошед.

Борҳо гуфтаам ва боз мегӯям, ки дар чунин вазъи хатарзои ҷаҳони муосир ҳушёрии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳед, нагузоред, ки қувваҳои бадхоҳ ба зеҳну андешаи шумо ва ҳамсолони шумо таъсири номатлуб расонанд.

Дар баробари ин, ҳатто як лаҳза фаромӯш накунед, ки ояндаи миллат, давлат ва Ватан дар дасти шумост.

Устодону омӯзгорони арҷманд!

Ман ба ҳар яки шумо, ки рисолати муқаддасу бузурги таълиму тарбияи наслҳои ояндасозро ба дӯш доред, муроҷиат карда, такроран таъкид менамоям, ки дар кадом зинаи таҳсилот фаъолият дошта бошед, дар навбати аввал, ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи касбияти худ эътибори доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир намоед.

Нисбат ба худ ва шогирдонатон серталаб бошед, фаромӯш накунед, ки агар шумо шогирдони худро мутобиқ ба талаботи замонаи пешрафт таълиму тарбия надиҳед, сифати таълиму тарбияро баланд набардоред ва дар ин кори ниҳоят муҳим саҳлангорӣ намоед, барои ояндаи миллат, ҷомеа ва давлат мушкилот эҷод мекунед.

Бори дигар таъкид мекунам, ки вақте миллат бесавод мемонад, ҷомеа дар торикӣ мемонад ва ба ҷаҳолат гирифтор мешавад.

Шумо хуб медонед, ки ҷаҳолат фақат сиёҳӣ, торикӣ ва бадбахтӣ меоварад.

Падару модарони азиз!

Тарбия ва камолоти маънавии ҳар як насл ба иҷрои масъулияти бузурги падару модар дар назди фарзанд марбут мебошад.

Ҳанӯз аз қадимтарин давраҳо донишмандону давлатмардони мо дар таълифоти ахлоқии худ, ки ба тарбияи фарзанд бахшида шудаанд, вазифаи нахустин ва муқаддаси падару модарро дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд донистаанд.

Мо дар заминаи арзишҳои ахлоқии ниёгон дар самти таълиму тарбия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд»-ро қабул кардем.

Падару модарон дар таълим ва тарбияи фарзанди хеш масъулияти бузурге бар дӯш доранд, ки ин рисолати бузурги онҳо дар назди худи онҳо, ояндаи ҷомеа ва давлату миллат аст.

Ман бо тамоми эҳтироме, ки ба заҳматҳои шумо дар таълиму тарбия ва ба камол расонидани фарзандон дорам, ба шумо муроҷиат карда, таъкид менамоям: рисолати бузурги шумо дар назди ҷомеа ва халқу Ватан аз он иборат аст, ки фарзандони худро дар асоси арзишҳои ахлоқиву фарҳангӣ, расму ойинҳои миллӣ ва суннатҳои маърифатпарварии гузаштагонамон тарбия карда, барои омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, рафтору кирдори нек, донистани забонҳои хориҷӣ ба онҳо кумак кунед, шароити беҳтарин муҳайё созед ва бо мактабу омӯзгор ҳамкории доимӣ дошта бошед.

Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки барои такмили мазмуни таҳсилот, боз ҳам боло рафтани сатҳу сифати таълим, рушди имкониятҳои молиявию моддии соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.

Аз ин рӯ, ба роҳбарони ҳамаи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорон, аҳли зиёи мамлакат ва тамоми шаҳрвандони кишвар муроҷиат менамоям, ки барои расидан ба ин мақсадҳои бузург ҳамкориро бо соҳаи маориф тақвият дода, дастгириву мусоидати худро дар ин самт дареғ надоред.

Таҷрибаи рушди ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватандӯст нишон медиҳад, ки ёрии беғаразонаи онҳо ба соҳаи маориф ба болоравии сатҳу сифати таълим мусоидати фаъол менамояд.

Мо иқдомҳои шоиставу ватандӯстонаи чунин афроди бонангу номус ва ватандӯсту маорифпарварро қадршиносӣ мекунем ва ба ҳар яки онҳо изҳори сипос менамоем.

Вобаста ба ин, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи телевизион ва радио ва дигар вазорату идораҳо супориш дода мешавад, ки ҳама гуна иқдомҳои созандаву бунёдкоронаро, ки аз ҷониби соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва падару модарон дар самти дастгирии омӯзгорон ва муассисаҳои таълимӣ пешниҳод мегардад, дастгирӣ ва тарғибу ташвиқ намоянд.

Агар мо хоҳем, ки дар чунин шароити мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон миллати тоҷик ва халқи азизи мо назди касе ва кишваре сари хам надошта бошад, бояд худамон барои пешрафту ободии Ватанамон талош намуда, ба мактабу маориф рӯ оварем, ба қадри заҳмати омӯзгор расем ва ба фарзандонамон тамоми шароитро барои фаро гирифтани саводу илму дониш ва касбу ҳунар муҳайё созем.

Ҳамватанони азиз!

Муҳтарам аҳли илму маориф, устодону омӯзгорон,

донишҷӯёну хонандагони гиромӣ!

Ҳозирини муҳтарам!

Дар чунин рӯзи фараҳбахш, ки тамоми мардуми маърифатпарвари тоҷик оғози соли хониш, Рӯзи дониш ва дарси сулҳро, ки бо ҳам робитаи мустақим доранд, таҷлил намуда, ба заҳмати омӯзгорон ва мақоми мактабу маориф арҷу эҳтиром мегузоранд, фарорасии ин санаҳои муборак, инчунин, ифтитоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро ба ҳамаи шумо бори дигар самимона табрику таҳният гуфта, дар роҳи басо душвори таълиму тарбия ба ҳар кадоми шумо барору муваффақият орзу менамоям.

Рӯзи дониш ва ҷашни муқаддаси миллӣ – 32-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистонро, ки баъди чанд рӯз фаро мерасад, ба тамоми сокинони кишвар, аз ҷумла мардуми сарбаланди вилояти Хатлон табрик мегӯям ва орзуманди осоишу оромӣ, файзу баракат, хушиқболии ҳар як хонадони мардуми мамлакат ва ободиву пешрафти боз ҳам бештари Тоҷикистони маҳбубамон ҳастам.

Бигзор, парчами истиқлоли давлатии мо бо нуру зиёи аҳли маорифи мамлакат, омӯзгорони ботадбир, падару модарони меҳрубон ва ҷавонони бонангу номуси кишвар ҳамеша парафшон, сулҳу оромӣ, амнияту суботи мамлакат бардавом ва Тоҷикистони азизи мо дар олам то абад чун диёри донишу адабпарвар машҳур бошад.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

Манбаъ: http://president.tj/node/31416

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Фишурдаи нишасти матбуотӣ дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми 2023 (ш. Душанбе, 3.08.2023)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 31 Июл, 2023 - 15:33

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023 фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ва дастуру супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳ монда, вазифаи пешбурди сиёсати забони давлатӣ ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқии марбут ба забони давлатиро амалӣ менамояд.
Санҷиш ва омӯзиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи Низомномаи Кумита яке аз ваколатҳои асосии Кумита ба шумор рафта, риояи татбиқи бевоситаи меъёрҳои Қонуни мазкурро дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият мунтазам назорат менамояд.
Мутобиқи Нақшаҳои кории Кумита барои нимсолаи якуми соли 2023 гурӯҳи кории Кумита (моҳи май) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шуъбаи маориф ва Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Спитамен ва (моҳи июн) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шуъбаи маориф, бахши САҲШ, беморхонаи марказии ноҳияи Нурободро мавриди назорат ва санҷиш қарор доданд.
Дар давраи ҳисоботӣ Кумита беш аз 20 фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар мавриди санҷиш қарор дода, ба номгузории 35 адад номгузории муассисаю ташкилот ва ҶДММ хулоса пешниҳод намудааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 20 адад ё 42,8% зиёдтар мебошад.
Аз натиҷаи санҷиш оид ба камбудиҳои ҷойдошта дар дигар ҷамъиятҳо аз ҷониби гурӯҳҳои кории Кумита корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои мавҷуда тавсияву пешниҳодҳои мушаххас дода шуд. Ҳамзамон, барои ислоҳи камбудиҳо ва оҷилан бартараф намудани онҳо санад тартиб дода шуда, ба ҷамъиятҳои мазкур пешниҳод карда шуданд.
Дар умум, дар нимсолаи якуми соли 2023 аз ҷониби Кумита ҷиҳати риояи вазъи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» фаъолияти 13 адад мақомоту муассисаҳои давлатӣ ва 11 адад субъектҳои хоҷагидор ва якҷоя бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 2 адад мақомоти давлатӣ (ноҳияи Варзоб) мавриди назорату санҷиш қарор гирифтаанд.
Дар нимсолаи якуми соли 2023 гурӯҳи кории мазкур дар ҳамкори бо дигар идораю ташкилотҳо 197 адад маводи ташкилоту соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои рекламаистеҳсолкунандаро ҷиҳати забони матни ангораҳо ва навиштаҷоту овезаҳои рекламавӣ мавриди баррасӣ қарор дода, онро мувофиқа намуд. Нишондиҳандаи мазкур дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 (дар соли 2022, 98 адад) 99 адад ё 49,7% зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ, дар доираи ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Рекламаи беруна ва ороиши шаҳри Душанбе» намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дигар хадамоту мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ вобаста ба назорати матни шиору овезаҳо, навиштаҷоти ғалату бегона ва номгузориҳои ғайримеъёрии марказҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои савдо аз ҷониби гурӯҳи корӣ назорати санҷишӣ гузаронида шуд.
Дар натиҷа, шиору овезаҳои ғайримеъёриву пур аз ғалати имлоӣ барканда шуда, ҳамчунин, ба соҳибкорони инфиродии ташкилоту марказҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои савдо ҷиҳати ғайримеъёрӣ будани номгузориҳо огоҳӣ ва санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Коркарди истилоҳот, баррасии луғату фарҳангномаҳои пешниҳодгардида яке аз самтҳои асоси фаъолияти кормандони Кумита ба ҳисоб меравад. Дар ин давра, Кумита вобаста ба баррасӣ ва ҳамгунсозии истилоҳоти соҳавӣ маводу фарҳангномаҳо ва дастуру барномаҳои таълимии зиёдеро баррасӣ намудааст.
Қобили зикр аст, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 2 фарҳангномаи тахассусӣ (бо муҳтавои 3960 истилоҳ), 1 маводи марбут ба истилоҳоти соҳавӣ (шомили 123 истилоҳ) ва 8 китобҳои таълимӣ-омӯзишию дастурамалҳои машваратӣ (560 истилоҳоти соҳавӣ), ки дар умум, 4643 вожаву истилоҳро дар бар мегирад, мавриди баррасӣ ва мувофиқа қарор гирифтааст.
Кумита дар нимсолаи якуми соли 2023 ба теъдоди 46 адад лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро аз нигоҳи экспертизаи забоншиносӣ ва танзиму ҳамгунсозии истилоҳот ва инчунин, ба номгузории 20 муассисаи таълим, хулосаи коршиносӣ пешниҳод намудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 ба Кумита дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2022 (соли 2022 ба теъдоди 70 адад) 24 адад ё 34,2% камтар лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби вазорату идораҳо пешниҳод гардидааст.
Ҳамзамон, аз ҷониби Комиссияи номгузории номҳои миллии тоҷикӣ ба 398 муроҷиаткунанда оид ба номгузории фарзанд ҷиҳати ба меъёрҳои таърихии номгузории тоҷикӣ ва номгузории суннатии тоҷикӣ мутобиқат накардан номҳои пешниҳодгардида хулосаи рад дода шуда, ба 252 муроҷиаткунанда оид ба номгузории фарзанд хулосаи дастгирӣ пешниҳод намудааст. Инчунин ба 7 маводди судӣ экспертизаи забоншиносӣ хулоса пешниҳод намудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ Кумита дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ номгузориҳои маҳалҳои аҳолинишини ҳудуди шаҳру ноҳияҳоро баррасӣ намуда, хулоса пешниҳод намуд.
Боиси тазаккур аст, ки барои ивази номҳои ғайримеъёрии объектҳои ҷуғрофии кишвар, ки ҷамъулҷамъ 3522 ададро ташкил медиҳанд, номгузориҳо бо Кумита мувофиқа гардида, аз ҷониби мутахассисони Кумита тавзеҳномаи ҳар як номи объекти ҷуғрофӣ бо шарҳи маънояшон таҳия ва пешниҳод карда шуд.
Дар сомонаи Кумита матни пурраи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мақолаҳои роҳбарият ва кормандони Кумита оид ба шарҳу тавзеҳи Паём ҷойгир карда шудаанд, ки он ба истифодабарандагони сомонаи Кумита манзур гардида, дар роҳи амалисозии Паём ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат раҳнамо буда метавонад.
Дар давраи ҳисоботӣ, дар умум, кормандони Кумита дар 32 чорабинии илмию фарҳангии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ ва дар 24 машғулияти семинарии вазорату идораҳо оид ба омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» иштирок намуданд.
Қобили зикр аст, ки дар маҷаллаи «Забон ва истилоҳот» саҳифаи махсуси шарҳу тавзеҳи истилоҳоти навини тахассусӣ ҷой дода шудааст, ки дар ин саҳифа мунтазам истилоҳоти коркардшуда ва нави соҳавӣ бо забони давлатӣ манзури хонандагон мегардад.
Дар давраи ҳисоботӣ кормандони Кумита дар 26 барномаҳои телевизионӣ ва 16 барномаи радиоӣ иштирок намуданд, ки фарогири мавзуъҳои пешбурди сиёсати давлатии забон, номгузории фарзандон, номгузории ташкилоту муассисаҳо ва марказҳои хизматрасонӣ, таблиғи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масоили истилоҳнигорӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади иҷрои банди 13-и Нақшаи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.11.2020, №647 тасдиқ гардидааст, аз ҳисоби мутахассисон ва барномасозони маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забони давлатӣ»-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишварҳои Осиёи Марказӣ барномаи кор кардан бо Интернет ва сомонаҳо, яъне браузери нав (ҷустуҷӯгари нав) – Барномаи танзими Mozilla Firefox бо забони тоҷикӣ таҳия ва амалӣ карда шуд, ки он аз рӯзи 9-уми майи соли равон дар шабакаи Интернет ҷой дода шудаву фаъол мебошад.
Забони тоҷикӣ бо чунин барномаи интернетӣ неру ва тавонмандии воқеии худро дар ҷаҳон нишон дода, дар барномаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ мешавад, ки дар байни 190 забон дар даҳ ҷойи аввали забонҳои шабакаи интернетӣ қарор дорад. Мутахассисони барномасози Кумита беш аз 2 сол дар таҳияи Барномаи танзими Mozilla Firefox заҳмат кашида, ниҳоят ба комёбӣ муваффақ шуданд.
Фаъолият дар шабакаи интернетӣ ва сомонаҳо тариқи Барномаи танзими Mozilla Firefox, ки бо забони тоҷикӣ мебошад, муносиб ва осон буда, дар рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як иқдоми нек ба шумор меравад.
Бояд зикр намуд, ки дар Кумита почтаи электронӣ: info@kumitaizabon.tj фаъолият менамояд ва дар нимсолаи якуми соли 2023 аз он 10 миллиону 775 ҳазор (дар умум, 64 миллиону 820 ҳазор) муштарӣ истифода намудааст.
Бояд қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар Кумита 978 содироти мактуб ва гузоришу хулосаҳо, аз ҷумла, 70 мактуб ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 908 мактуб ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида аз ҷониби Кумита ирсол гардидааст.
Инчунин, дар нимсолаи якуми соли 2023 ба Кумита 1860 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавассути телефон, шабакаи интернет, электронӣ ва дар ҷараёни қабули рӯзҳои шанбе (926 адад муроҷиати шифоҳӣ) ворид гардидааст, ки Кумита ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гардонидааст.
Кумита дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ тамоми неруи худро баҳри назорат ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дарки амиқи сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои миллат оид ба рушди забони давлатӣ чораҳои муассир меандешад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (5 овоз)

Вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 27 Июл, 2023 - 17:33

     Имрӯз дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода Алихони Абдулҳаким ва Раҳимзода Шералӣ Амирхон бо кормандони Кумита дар мавзуи “Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»” бо иштироки доираи васеи кормандон баргузор гардид.
     Зимни баромад муовини раиси Кумита қайд намуданд, ки масъалаи муқовимат бо коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҳар яки моро водор месозад, ки дар масъалаи муқовимат бо коррупсия ва худдорӣ намудан аз ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа бетараф набошем.
Ҳамзамон, номяндагони Агентӣ дар баромадашон зикр намуданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир вобаста ба амалисозии сиёсати зиддикоррупсионӣ ва муқовимат ба коррупсия таваҷҷуҳи махсус дода шуда, Стратегия ва барномаҳои дахлдори муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаанд.
     Инчунин, вобаста ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия дар зарфи солҳои истиқлоли давлатӣ, роҳҳои пешгирии коррупсия ҳамчун чораи муқовимат ба коррупсия, ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, оқибатҳои номусоид ва ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои онҳо ва субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва субъектҳои муқовимат ба коррупсия ибрози андеша намуда, мафҳумҳои вазифаҳои давлатӣ ва мансабҳои давлатӣ, манфиати давлатӣ, истифода аз мақоми хизматӣ ё имкониятҳои он, доираи хешовандон ва дигар хавфҳо ва омилҳои бавуҷудоварандаи  коррупсияро шарҳу тавзеҳ доданд.
Илова бар ин, дар рафти вохӯрӣ  муовини раиси Кумита ва дигар роҳбарони сохторҳои Кумита суханронӣ намуда, ибрози андеша намуданд.
     Дар фарҷоми вохӯрӣ аз тарафи кормандони Кумита ба намояндаи Агентӣ саволҳо манзур гардида, ба онҳо посухҳои мушаххас гирифтанд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 4 (3 овоз)

Категория:

Маҷлиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пажуҳиш»-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 20 Июл, 2023 - 13:33

     Рӯзи 20-уми июли соли 2023 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пажуҳиш»-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаи фаъолияти Ташкилот дар давоми  моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 баргузор гардид.
     Дар кори маҷлис раиси Кумита муҳтарам О. Муҳаммадҷонзода, муовини раиси Кумита С. Раҳматуллозода, намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва кормандони Кумита иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромад раиси Кумита иброз доштанд, ки Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пажуҳиш»-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешбурди корҳои идеологӣ-ҳизбӣ ва фаъолияти пурсамари ҳизбӣ пайваста кушиш намуда, дар роҳи амалисозии ҳадафҳои ҳизб талош меварзад.
Ташкилот аз оғози фаъолият яке аз таблиғкунандаи асосии идеологияи давлатӣ ва дастгирии асосии сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Яке аз омилҳои дар ниҳоди ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ифтихор доштан аз давлатдории навини худ мебошад.
     Ҳамзамон, намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон зимни суханронии худ фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пажуҳиш»-и Кумитаро хуб арзёбӣ намуда, ҷиҳати пешбурди сиёсати пешгирифтаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон изҳори минатдорӣ намуда, ҷиҳати иҷрои бандҳои қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз 25-уми майи соли 2023, №21 «Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби халқиии демократии Тоҷикистон» ба масъулони Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пажуҳиш»-и Кумита тавсияҳои муфид доданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

РОҲНАМОЮ КАЛИДИ ДАРИ ГАНҶИ СОҲИБҲУНАР

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Июл, 2023 - 17:33

(андешаҳо роҷеъ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон )
Раҳматуллозода С.
муовини раиси Кумитаи забон ва
истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар давраи истиқлол ба масоили волоияти қонун ва сиёсати ҳуқуқии кишвар аҳамияти махсус дода шуд. Пеш аз ҳама, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйиру иловаҳои минбаъдаи он ва дар ин замина, ба вуҷуд омадану такмили дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқию истилоҳоти он барои ташаккули низоми ҳуқуқӣ замина гузошт. Дар оғози давлатдории навини кишвар дар моддаи якуми Конститутсия муқаррар гардид, ки “Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”. Ин меъёри ҳуқуқиест, ки шаҳрвандон метавонанд дар фазои озод кору фаъолият карда, барои зиндагии арзанда талош варзанд.
Дар баробари ин, дар замони истиқлол падидаи муроҷиати Сарвари давлат ба мардуми кишвар тавассути паёмҳои ҳамасолаашон ба ҳукми анъана даромад, ки он ҳам яке аз ҳуҷҷатҳои муҳимми сиёсию ҳуқуқӣ ва стратегӣ ба шумор рафта, дар онҳо таҳлилҳои амиқи сиёсати дохилию хориҷӣ, ҳадафҳои стратегии мамлакат, шароити иқтисодию иҷтимоии кишвар, сатҳи зиндагии мардум, таҳлилҳои муқоисавии сифати пешрафти кишвар ва некуаҳволии сокинон, масъалагузориҳои мушаххас оид ба рушду тараққии соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва натиҷагириҳои мудаллалу асоснок, муайянсозии дурнамои рушд ва равнақи бахшҳои хоҷагии кишвар пешниҳод мегардад. Ҳамин гуна таҳлилҳои амиқу фарогири ҳаёти мардум дар Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23.12.2022) равшан дида мешавад, ки ин ҳолат онро, барҳақ, ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо муаррифӣ менамояд. Барои пешбурд ва инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ дар Паёми Пешвои миллат ба таҳия ва қабули чанде аз ҳуҷҷатҳои муҳим аҳамияти хоса дода шуд, ки аз ҷавҳари банақшагириҳои стратегӣ ва дурнамои давлатӣ бармеоянд. Дар ин росто, барои таҳия ва қабули консепсияи мудофиаи миллӣ, стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ, барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани физилоти ранга, барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, барномаи миёнамуҳлати рушди шуғл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани мутахассисони касбии зинаи ибтидоӣ ва миёна аз ҳисоби ҷавонон барои иқтисоди миллӣ, барномаи маҳаллии кор бо ҷавонон ва ғайра ба сохторҳои давлатии марбута супоришҳои мушаххас дода шуд, ки ҳамаи ин ҳадафҳои стратегии давлат барои тақвияти рушди бемайлон соҳаҳои зиндагии мардуми кишвар мусоидат мекунанд.

 

     Пешвои миллат иброз доштанд, ки барои дастгирии ҷавонон ва ҳалли мушкилоти онҳо, ки захираи стратегии миллӣ ба шумор мераванд, имсол “Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ва “Барономаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” қабул гардиданд ва дар ин замина, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо якҷо бо Кумитаи ҷавонон барои қабули барномаҳои маҳаллӣ ва нақша-чорабиниҳои рушди ҷавонони маҳалҳо бояд иқдом намоянд. Воқеият ин аст, ки ҳифзи манфиатҳои миллӣ, марзу буми кишвар ва содиқ будан ба Ватан ба тарбияи дурусти ҷавонон вобаста аст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархурди манфиатҳо ин масъала мубрамтар шуда истодааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки “Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст” (аз Паём) ва нақши онҳо дар рушду нумуи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат назаррас аст, Сарвари давлат ба онҳо итминон дорад ва бовар ҳосил кардааст, ки онҳо “сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд”. Ин баҳои Пешвои миллат ҷавононро руҳбаланд намуда, ба он водор месозад, ки дар роҳи хизмат ба Ватан хоҳ дар дохил ва хоҳ дар беруни кишвар камари ҳиммат баста, содиқона хизмат намоянд. Таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба ҷавонон чандин даҳсола аст, ки идома дорад ва онҳоро неруи пешбарандаи ҷомеа номида, барои ҳалли мушкилоти ҳаёту фаъолияти онҳо ба хотири тарбияву таълими дурусти ин қишри ҷомеа тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва имкониятҳои мавҷударо ба хотири ободиву пешрафти Ватан сафарбар менамоянд. Ташаккули афкор, тақвияти зеҳнии ҷавонон, ҷаҳонбинии солим ва дар руҳияи ватанпарастию миллатдӯстӣ тарбия ёфтани онҳо ба маориф вобастагии бевосита дорад. Ин аст, ки Сарвари давлат бори дигар доир ба нақши маориф таъкид карда, онро яке аз соҳаҳои афзалиятноки миллӣ дониста, ҳалли масъалаҳои дар соҳа ҷойдоштаро зарур медонанд ва иброз намуданд, ки “бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад”. Пешвои миллат омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари наврасону ҷавонон ва мактабро чун боргоҳи илму маърифат эътироф менамоянд ва дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат пешрафти босуботи соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва дар ин замина фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон аз самтҳои афзалиятнок меҳисобанд, ки барои рушди зеҳнӣ, бомаърифату оқилу доно шудани миллат мусоидат мекунад.  Маърифатнокии мардум барои пешрафти давлат ва ободии Ватан мусоидат  намояд, бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот бадбахтӣ оварда, ба ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат оварда мерасонад.  Барои саводнокшавии ҷомеа имрӯзҳо дар тамоми ташкилоту муассисаҳо китобхонаҳо ташкил шуда, ҳазорон нафар аз онҳо истифода мекунанд. Гузашта аз ин, озмунҳои фарҳангии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фуруғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” баргузор мешаванду дар онҳо пиру барно иштирок карда истодааст, ки он нишонаи майлу рағбати азалии миллати тоҷик ба китоб ва китобхонӣ аст. Китоб ва омӯзиши он ба забондонӣ, донишу малака, ҷаҳонбинӣ, идроки воқеият ва дар маҷмуъ ба зиндагии хонанда аҳамияти фавқулода муҳим дорад. Муҳим будани соҳаи илму маориф боз ба он вобаста аст, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш рафта, зарурати ба таври мукаммал омӯхтани илмҳои дақиқ ва пурқувват кардани тафаккури техникии аҳолиро тақозо менамояд. Аз тарафи Пешвои миллат соли 2010 “Соли маориф ва фарҳанги техникӣ” ва солҳои 2020-2040-ро ”Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”  эълон кардан саривақтӣ буда, барои такмили донишҳои илмии табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ки ҷаҳонбинии илмию дунявӣ ва соҳибназарии аҳли ҷомеаро тақвият медиҳанд, бисёр муҳим арзёбӣ мегарданд.
     Муҳим будани ин соҳаро ба назар гирифта, ҳамасола барои маблағгузории соҳаи маориф ва шароити мусоиди таълиму тарбияро фароҳам овардан иқдомоти зиёде шуда истодааст. Аз ҷумла, соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 дарсади зиёд буда, қариб 19 дарсади ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад. Дар панҷ соли охир бошад, барои пешрафти соҳаи маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ сарф шудааст. Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 2 млн 300 ҳазор нафар хонанда таҳсил мекунанд ва барои онҳо бешубҳа имконоти таҳсил фароҳам омадааст. Аз ҷумла, барои сохта ба истифода додани биноҳои нави таълимӣ ба соҳаи маориф аҳамияти калон дода мешавад. Ин аст, ки дар давраи Истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, барои баҳрабардорӣ пешниҳод шудааст, ки ин ҳолат дар 70 соли замони шуравӣ ба 3229 муассисаи таълимӣ рост меояд.  Ин ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат масъулини илму маорифро водор менамояд, ки бо истифода аз имконоти бузурги фароҳамомада, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, илм ва дар маҷмуъ ташаккули инсони худогоҳу хештаншинос ва ватанпараст тамоми саъйу кӯшишашонро  равона сохта, бо истифода аз усулҳои инноватсинии илмӣ-тадқиқотӣ барои анҷом додани кашфиёту ихтироот дар соҳаҳои ҷамъиятшиносию илмҳои дақиқ иқдом намоянд.
     Таваҷҷуҳ ба соҳаи тандурустӣ яке аз масъалаҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат буда, дар Паём ҷойгоҳи хоса дорад, зеро тани солим фикри солимро ба вуҷуд меорад. Дар замони Истиқлол барои сохта, ба истифода додани муассисаҳои таълимию табобатии кишвар иқдомоти зиёде шуда, даҳҳо коллеҷ ва донишгоҳи тиббӣ таъсис ёфта, дар онҳо ҳазорон нафар шаҳвандони кишвар ба таълиму тарбия машғуланд. Тавре ки дар Паём зикр мегардад, дар 70 соли замони шуравӣ дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият карда бошад, дар 25 соли охири замони Истиқлоли давлатӣ 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта, ба истифода дода шуда, дар маҷмуъ ба 5116 расида, дар онҳо 79 ҳазор нафар кор мекунанд. Дар ин замина, барои нигаҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ зиёда аз 19 млрд сомонӣ сарф шудааст, ки аз ин ба соли  2022  миқдори 4,3 млрд сомонӣ рост меояд. Кумак ба ятимону бесарпарастон, маъюбону камбизоатон ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ яке аз самтҳои дигари башардӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар аз ҳадафҳои олии давлат ва Ҳукумат бо сарварии Пешвои миллат ба шумор меравад.
     Яке аз масъалаҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат мақоми  муҳим касб кардааст, дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ аст. Воқеан, дастгирии соҳибкорӣ барои ҳалли масоили гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ аҳамияти калон дорад ва он аз як тараф барои кушодани корхонаҳо ва рушди истеҳсолот мусоидат намояд, аз тарафи дигар, ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин кардани шаҳрвандон ва дар ин замина, некуаҳволии аҳолӣ саҳим мебошанд. Ин аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ тибқи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ ба ин соҳа тадбирҳои зиёде андешида шуда, барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд дода шудааст. Аз ҷумла, барои соҳибкорон 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ дода шуда, теъдоди сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ройгон муқаррар шудааст. Дар соли 2022 имтиёзҳои андозиву гумрукие, ки истифода шудаанд, зиёда аз 12 миллиард сомониро ташкил намудаанд. Ҳамчунин, 5 намуди андоз паст ва бекор гардида, маблағи он 1,5 миллиард сомониро ташкил менамояд, ки ҳамчун тахфиф дар дасти соҳибкорон барои тавсеаи истеҳсолот боқӣ мондааст. Барои занону бонувони соҳибкор грантҳои президентӣ дода шудааст, ки барои пешбурди фаъолияташон мусоидат намуда, шароити зисту зиндагониашонро беҳтар карда, дар маҷмуъ, ҳамаи ин ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонидааст.
     Ғамхорию тадбирҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳибкорон ҳамасола афзун шуда истодааст ва ин боиси  ҳавасманд гардидани онҳо шуда, сол то сол сатҳу сифати корашон беҳтар гардада, дар соли 2022 шумораи онҳо ба 339 ҳазор расидааст, ки нисбат ба соли 2018 беш аз 76 ҳазор зиёд мебошад.
     Сарвари давлат бо қаноатмандӣ баён менамоянд, ки дар ҷавоб ба тадбирҳои давлатӣ “соҳибкорони мамлакат, дар навбати худ, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав саҳми назаррас гузошта истодаанд ва бовар дорам, ки чунин иқдомоти созанда аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст вусъати боз ҳам бештар пайдо мекунад.
Танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби соҳибкорони мамлакат ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ қариб 18 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ сохта, ба истифода супорида шудааст”.
Дар самти беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорону сармоягузорон Пешвои миллат ба сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳо додаанд, ки бешубҳа барои ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии соҳибкорон қадами ҷиддӣ хоҳад шуд.
     Мақсади асосии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Пешвои миллат дар шакли бисёр кутоҳ, вале бомазмуну муҳтавои баланд чунин ҷамъбаст кардаанд, ки “бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шавад”.
Ин аст, ки дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллатро тавассути Паём метавон ба унвони роҳнамою калиди дари ганҷи соҳибҳунар дониста, барои амалӣ намудани ҳар ҳарфи дар он баёншуда бояд тамоми имконоти зеҳнию ҷисмониамонро ба кор барем.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (10 овоз)

ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Июл, 2023 - 18:18

     Рӯзи 5-уми июли соли 2023, соати 9:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумита бо иштироки Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Азиззода Шуҳрат, аъзои Ҳайати мушовараи Кумита, муовини раиси Кумита, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва кормандони Кумита доир гардид, ки дар он ҳисоботи ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023 шунида шуд.
     Дар ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумита баъд аз шунидани гузориш роҷеъ ба фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2023 Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Азиззода Шуҳрат, аъзои Ҳайати мушовараи Кумита С. Назарзода, М. Абдураҳмонова, С. Раҳматуллозода ва Ш. Мансурӣ суханронӣ намуда, фаъолияти Кумитаро дар нимсолаи якуми соли 2023 қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (11 овоз)

Категория:

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Июн, 2023 - 18:33

Ҳамватанони азиз!

Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ҳар сол дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил таҷлил мегардад, барои шаҳрвандони Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳим ва таърихӣ ба шумор меравад.

Тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори ин ҷашн самимона табрику шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо сулҳу оромии пойдор ва осоиши рӯзгор орзу менамоям.

Бисту шаш сол қабл аз ин, яъне 27-уми июни соли 1997 санади сарнавиштсоз – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ба шарофати он дар кишвар заминаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ гузошта шуд.

Ҳамватанони азизи мо хуб дар ёд доранд, ки Тоҷикистон ҳанӯз аз қадамҳои нахустини даврони истиқлолу озодӣ дар натиҷаи фитнаву дасисаи душманони миллати тоҷик ва давлати тоҷикон ба зарбаи даҳшатноку фоҷиабори таърих – мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва баъдан ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид.

Дар як муддати кӯтоҳ шиддати ҷанг ба дараҷае расид, ки хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеияти даҳшатбори рӯз табдил ёфта буд.

Ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ аз боло то поён аз фаъолият боз монда, тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фалаҷ гардида буданд.

Бо ташаббуси фарзандони огоҳу ватандӯст даъват гардидану баргузор шудани Иҷлосияи шонздаҳуми таърихии Шӯрои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд ва интихоби роҳбарияти нави сиёсии мамлакат дар он шароити ниҳоят вазнин роҳи ягона ва дурусти қатъи хунрезӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик, бартараф намудани оқибатҳои ҷанг ва фароҳам овардани шароит барои таъмин намудани рушди Тоҷикистон буд.

Бинобар ин, хотирнишон менамоям, ки расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва мустаҳкам намудани раванди ваҳдати миллӣ масири бисёр вазнину пурпечутоб буд.

Маҳз ба ҳамин хотир, барои мардуми кишвар ва хусусан, насли ҷавони мо, ки дар шароити сулҳу суботи комил ба воя мерасад, донистану дарк кардани қадру қимати сулҳу ваҳдат ва кӯшишу талоши пайваста ҷиҳати ҳифзу таҳкими он вазифаи муҳимтарин мебошад.

Имрӯз ҷашни ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузургу таърихии халқамон ба яке аз ҷашнҳои умумимиллии мо ва рамзи иттиҳоду ҳамбастагии мардуми шарифи тоҷик табдил ёфтааст.

Ҳамчунин, бо ифтихор иброз медорам, ки ваҳдат дар баробари арзишҳои истиқлолу озодӣ ва ватану миллат ҷузъи таркибии хираду андешаи сулҳҷуёнаву таҳаммулгароёнаи мардуми Тоҷикистон ва равшанибахши роҳи пурифтихори созандагиву ободгаронаи аҳли ҷомеа гардидааст.

Воқеан, бояд гуфт, ки аввалин қадамҳо дар ҷодаи ризоияту ҳамдигарфаҳмӣ ва эҷоди раванди ваҳдати миллӣ маҳз дар ҳамон иҷлосияи тақдирсози таърихӣ гузошта шуданд.

Як нуктаи муҳимми дигарро низ таъкид бояд кард, ки баъди баргузории иҷлосия роҳи мо то расидан ба истиқрори сулҳ хеле тӯлонӣ буд ва душманону хоинони миллату давлат баъди имзои Созишномаи сулҳ боз чанд соли дигар ба хиёнату ҷиноятҳои худ идома доданд.

Вале майлу иродаи қатъӣ ва ақлу хиради мардуми шарифи Тоҷикистон боис гардид, ки ҳама дар атрофи Ҳукумат муттаҳид шуда, бо вуҷуди вазъи бисёр мураккаб ва мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоии он рӯзҳо ба барқарорсозии баъдиҷангии минтақаҳои осебдида, зина ба зина обод кардану пешрафта гардонидани Ватан, давлат ва осоиши ҳар як хонадони мамлакат бо азму талоши ватандӯстона оғоз намоянд.

Аз нишондиҳандаҳои омории солҳои охир метавон натиҷа гирифт, ки Тоҷикистон ба марҳалаи рушди устувор ворид гардида, соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, роҳсозиву коммуникатсия ва соҳаву бахшҳои дигар бомаром тараққӣ карда истодаанд.

Ин ҳама натиҷаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, самараи заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи халқи қаҳрамони Тоҷикистон ва албатта, мояи ифтихору сарфарозии хурду бузурги мамлакат мебошад.

Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳамчун омилҳои муттаҳидсозандаи мардуми тоҷик имкон фароҳам оварданд, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Дар робита ба ин, мехоҳам боз як масъалаи дигарро таъкид намоям.

Фарҳанги сулҳ пурарзиштарин неъмат ва беҳтарин дастоварди халқи тоҷик, ифодагари орзуву ормон ва нияту мақсадҳои наҷиби мардуми шарифи кишвар мебошад, ки арзишҳои ҷовидонаи инсондӯстиву фарҳангпарвариро дар тӯли асрҳо пуштибонӣ кардаанд.

Ҳамчунин, таъкид менамоям, ки дар шароити ниҳоят печидаву ҳассоси минтақа ва ҷаҳони муосир тарғибу талқини ғояҳои сулҳу амният, суботу оромӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ҳисси ифтихори миллӣ ва омӯхтани таъриху фарҳанги миллат аҳаммияти аз ҳарвақта бештар пайдо кардааст.

Тазодҳои замони муосир, зуҳури ғояҳои хатарбор, шиддат гирифтани муборизаҳои мафкуравӣ, рақобатҳои иттилоотӣ ва хатарҳои дигар, ки тӯфони ҷаҳонишавӣ бо худ меоварад, моро водор месозанд, ки андешаи муқаддаси ваҳдати миллиро ба хотири саодати миллат ва бақои давлат ҳарчи бештар густариш бахшем.

Мо бояд дар ҳама ҳолат сарҷамъу муттаҳид, ҳушёру зирак ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатии худ омода бошем, истиқлолу озодиро ҳамчун неъмати муқаддастарини ҳаётамон ва ваҳдати миллиро чун дастоварди бузургтарини халқамон эҳтиёт ва ҳифз намоем.

Бори дигар ҳамаи шумо – ҳамдиёрони арҷмандро ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар тандурустиву хушбахтӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон суботу оромии ҷовидонӣ орзу менамоям.

Рӯзи ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Манбаъ: http://president.tj/node/30935

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «НАҚШИ ЗАБОН ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 23 Июн, 2023 - 13:56

«Забони тоҷикӣ бо гузашти асрҳо ҳамчун
омили ваҳдат ва ифтихори миллӣ дар
давлатдории навини мо дар мақоми
забони давлатӣ қарор гирифт».
Эмомалӣ Раҳмон

     Забони ҳар миллат яке аз муҳимтарин унсурҳои ҳувият, рамзи истиқлоли маънавӣ ва аз муҳимтарин рукнҳои истиқлоли сиёсии он мебошад. Далели барҷастаи ин андеша дар аксари мавридҳо ҳамсон будани унвони забон бо номи миллат ва қамвият ва дар ниҳоят кишвар аст.
     Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад ва ба ҳамин далел забони миллат бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад. Дар қадим будан ва асолат доштани истилоҳи «тоҷик» ба унвони номи як миллати муаззам ва куҳанбунёд ҳеҷ шакку тардиде нест ва таҳқиқоти пуршумори донишмандони дохиливу хориҷӣ, ки устод Айнӣ аз ин зумра мебошад, ин ҳақиқатро ба суббот расондааст.
 Аз ин рӯ, забон дар ҳама давру замонҳо яке аз сарчашмаҳои асосии Истиқлоли миллӣ ва омили муҳими ташаккули миллат мебошад.
     Ташаккул ва паҳншавии босуръати забони тоҷикӣ на фақат ба инкишофи минбаъдаи халқи тоҷик мусоидат намуд, балки эътибори ин забон гувоҳномаи ҳуввияти миллии тоҷикон гардид. Дар минтақаҳои пайдоиш ва густариши ин забон номи тоҷик низ мақоми таърихӣ пайдо кард ва устувор гардид.

 

     Бояд қайд намуд, ки сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат буд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллӣ дар даврони Истиқлол дар мақоми забони давлатӣ пазируфта шуда ва он имрӯз ба таври озод дар умури сиёсиву иҷтимоии кишвар мавриди истифода қарор дорад. Дар иртибот дар ин нукта, воқеан миллати мо бо вуҷуди он ҳама офатҳову бадбахтиҳои дар тули таърих дидааш, маҳз бо ҳифзи забони худ ҳамчун миллат зинда мондааст.
     Эҳтироми бепоён ба забони миллӣ доштаи Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳо ва паёмҳояшон баён мегардад, ки ин ҳама далели арҷгузорӣ ба забони модарӣ – ин ганҷи бебаҳои меросу фарҳанги миллӣ дониста мешавад.
     Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи корӣ а 6-уми январи соли 2023, №3 барои нимсолаи якуми соли 2023 оид ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ 23-юми июни соли 2023 бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, ҷамъиятҳо, Шурои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита ва намояндагони ВАО Конференсияи илмию амалиро таҳти унвони «Нақши забон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» -ро баргузор намуд.
     Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Олимҷон Муҳаммадҷонзода оѓоз намуда, иштирокдоронро хайрамақдам гуфтанд. Дар Конференсия зиёда аз 10 маърузаи илмӣ аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забоншиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Назарзода Сайфиддин, Муҳаммадҷонзода Муҳиба доктори илми фалсафа, профессори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илми филология, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҳматуллозода Сахидод, Саломиён Муҳаммаддовуд доктори илми филология, профессор, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Мирзоев Сайфиддин номзади илми филология, мудири шуъбаи забони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, Матробов Матроб сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази қонунгузории назди Президенти ҶТ ва дигарон маъруза намуда, масъалаҳои зерин баррасӣ гардид:
- нақши ваҳдатофарини забони тоҷикӣ дар масири таърих;
- сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон;
- вазъи иҷтимоии забони тоҷикӣ дар 26 соли Ваҳдати миллӣ.
     Бояд қайд намуд, ки муҳимтарин унсури таъйинкунандаи як миллат забон аст. Давлатҳо ҳам дар пояи миллат вуҷуд доранд, ногузир забон муҳимтарин унсури вуҷуди як давлати миллӣ ҳам ҳаст. Забони тоҷикӣ бошад, ҷавҳари миллати моро ташкил медиҳад.
     Аз ин рӯ, месазад баҳри пешбурди сиёсати давлат оид ба забони давлатӣ ҳамчун забони миллӣ хизматҳои арзанда кард.
     Дар интиҳо, пас аз баррасии фикру мулоҳизаҳо аз ҷониби ҳайати иштирокдорони Конференсия Тавсиянома оид ба рушду инкишофи забони давлатӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ қабул гардид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (8 овоз)

Категория:

Конференсияҳо ва семинарҳо дар ноҳияҳои Рушон ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Июн, 2023 - 12:02

Муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло ҷиҳати амалисозии супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми январи соли 2023, №16/10-5 оид ба иҷрои бандҳои 8 ва 9-и Нақшаи фаъолияти Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2023 ва аз 29-уми апрели соли 2023, №30/10-65 рӯзҳои 5-ум то 11-уми июни соли 2023 дар конференсияҳои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки дар ноҳияҳои Рушон ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардиданд, иштирок ва суханронӣ карда, оид ба тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва шарҳу тавзеҳи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар мақомот ва муассисаҳои илмию таълимӣ семинари машваратӣбаргузор намуд.
Мутобиқи барномаи тарҳрезишуда рӯзи 07.06.23 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон таҳти унвони «Таҳкими Ваҳдати миллӣ мароми мост» конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ баргузор шуда, дар он олимону донишмандон аз АМИТ, донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои гуногуни кишвар иштирок карданд. Маърузаи Раҳматуллозода С.Р. дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ - сарчашмаи рушди маънавиёти миллӣ» ном дошт, ки перомуни нақши ваҳдат дар ташаккул ва ривоҷу равнақу пешрафти ҷомеа ва, махсусан, таъсири он ба фазои маънавии миллӣ марбут буд, ки дар саргаҳи он Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад.
Рӯзи 07.06.23 дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови АМИТ бо ҳайати роҳбарият, олимону донишмандон ва мутахассисони институт оид ба тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва шарҳу тавзеҳи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» семинари илмию машваратӣ ташкил шуд. Дар семинар С.Раҳматуллозода роҷеъ ба нақши Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба устувор гардидани пояҳои ҳуқуқӣ-меъёрии пешбурди кори забон суханронӣ карда, дар робита ба санадҳои ҳуқуқии соҳаи забон маълумот дода, нуктаҳои асосии «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» шарҳу тавзеҳ дод.
Директори Институти мазкур профессор Ҳоким Қаландариён, профессор Назрӣ Офаридаев ва ходими илмии институт Н.Ризвоншоева дар музокира оид ба ҳатмӣ будани истифодаи самараноки санадҳои мавҷуда дар бораи забонро ҳатмӣ дониста, дар ҳаёти навишториамон дастури рӯйимизӣ будани «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ»-ро ҳоизи аҳамият донистанд.
Ҳамчунин, рӯзи 08.06.23 дар ДДХ ба номи М.Назаршоев бо иштирок ҳайати роҳбарият, профессорону дотсентон ва устодони муассиса доир ба «Риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» семинар-машварати илмӣ баргузор карда шуд, ки дар кори он муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматуллозода С. Р. доир ба моҳияти истифодаи дурусти Қоидаҳои имло гузориши илмӣ пешниҳод кард. Дар семинар-машварат ректори муассиса профессор Комилбек Амид Ёрбек, муовини ректор оид ба илм Аҳмадзода Баҳром ва профессор Назрӣ Офаридаев суханронӣ карданд. Зикр карда шуд, ки ҳар як санаде, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад, бояд дар ҳаёт татбиқ шавад. Махсусан, «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ», ки ҳаёти навиштории моро танзим менамояд.
Рӯзи 09.06.2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб зери унвони «Забони тоҷикӣ – сармояи миллии мост» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор. Дар кори он низ муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло иштирок карда, дар мавзуи «Забони тоҷикӣ асоси худшиносӣ, ҳувият ва ваҳдати миллӣ» суханронӣ карда, дар ташаккул ва рушду равнақи ин забон ва ваҳдати миллӣ аз заҳматҳо ва шоҳкориҳои Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, онҳоро беназир арзёбӣ намуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (5 овоз)

Қоидаҳои имло ва аломатҳои китобат дар Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Июн, 2023 - 15:53

Дар асоси мактуби Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон рӯзи 1-уми майи соли 2023 бо мақсади бартараф намудани камбудӣ ва норасоиҳои Қоидаҳои имло ва аломатҳои китобат дар Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинар баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷонзода О.О., муовини раиси Кумита С. Раҳматуллозода ва мутахассиси пешбари бахши экспертизаи забоншиносӣ Азимов Ш.Н. иштирок намуданд.
Семинарро директори муассиса Холиқзода А.Ғ. ҳусни ифтитоҳ бахшида, сипас, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Муҳаммадҷонзода О.О. суханронӣ намуда, доир ба ҷанбаҳои ҳуқуқию меъёрии пешрафти забон ва махсусан, қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 30.06.2021, №268 оид ба «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» маълумот дода, нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳ доданд.
Баъдан перомуни таърихи пурғановати забони давлатӣ маълумоти кӯтоҳ пешниҳод карда таркиби луғавии бой доштани забони тоҷикӣ таъкид шуда, зикр карданд, ки мутаассифона, имрӯз дар коргузорӣ як қатор калима ва ибораҳо нодуруст истифода гардида, натанҳо боиси коҳиш ёфтани ҳусни матн, балки сабаби коста шудани услуби нигориш ва мазмун шуда истодаанд. Истифодаи бамавқеъ ва мантиқан дурусти калима боиси покиза нигощ доштани забон ва ба ин васила дар руҳияи забондонӣ, тарбият намудани насли наврас мегардад.
Иштирокдорон дар рафти семинар вобаста ба нозукиҳои қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки чунин вохуриҳо ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои навишторӣ мусоидат мекунанд, пешниҳод шуд, ки дар оянда низ ташкили ҳамин гуна семинарҳо манфиатовар аст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 4.5 (6 овоз)

Категория:

Семинари ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҷанбаҳои забонӣ ва ҳуқуқиии Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 29 Май, 2023 - 18:24

Бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми апрели соли 2023, №30/10-65 ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатнигорӣ дар риоя ба талаботи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» бо ташаббуси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкориву ҳамбастагии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19-уми майи соли равон дар маҷлисгоҳи калони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Ҷанбаҳои забонӣ ва ҳуқуқиии Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» бо иштироки намояндагони мақомотҳои идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои давлатию ҷумҳуриявӣ (ҳамагӣ 250 нафар) баргузор гардид. Намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилотҳо аз ҳайати роҳбари мақомот-сарапарасти соҳа ва дунафарӣ таҳиякунандагони асосии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ташкил мекарданд.
Ҷараёни семинар бо сухани ифтитоҳии ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода А.Д. оғоз ёфт.
Ҳадаф аз баргузории семинари мазкур аз он иборат буд, ки камбудиву мушкилоти имлоӣ дар ҳуҷҷатнигорӣ ислоҳ шуда, коргузорӣ ва таҳияи санадҳо бо риояи талаботи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ба роҳ монда шаванд ва ҳар як маслиҳату машварати пешниҳодгардида, ки ба манфиати рушди забони давлатӣ мебошад, аз ҷониби иштирокдорон, ки масъули мақомоту вазорату идора ва ташкилотҳо ҳастанд, дар ҷойи фаъолияти худ семинарҳо баргузор намудаву дар машғулиятҳои идоравиашон ба кормандон фаҳмондаву омӯзиши онро ҷиддӣ ба роҳ монанд.
Ҳамзамон, дар семинар раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илми филология, профессор О. Муҳаммадҷонзода бо мавзуи «Риояи қоидаҳои имло ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ дар коргузорӣ» баромад намуда, бисёр навгониҳои имлоиву ҳатмӣ будани риояи онҳоро дар ҳуҷҷатнигорӣ таъкид кард.
Сипас, муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Каримзода дар мавзуи «Мушкилоти амалишавии қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар санадҳоми меъёрии ҳуқуқӣ» баромад намуда, муҳим будани талаботи қоидаҳои имлоро дар ин раванд пешшниҳод намуд.
Дар рафти семинар муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илми филология, профессор, узви вобастаи АМИТ С. Раҳматуллозода дар мавзуи «Мушкилоти иҷрои «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар коргузорӣ» бо рӯнамоии масоили асосӣ ва муҳимме, ки бояд дар коргузорӣ риоя шаванд, баромад намуд.
Дар анҷом, пас аз шунидани суханрониву маърузаҳои масъулони семинари ҷумҳуриявӣ, ки ба масъалаҳои мубрами сиёсати давлатӣ дар бораи забони давлатӣ ва риояи қатъии талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар бахшида шуда буданд, иштирокдорон ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Масъулон иштирокдорони семинари ҷумҳуриявиро барои арҷгузорӣ ба забон ва эҳтиром ба ин муқаддасоти олиамон даъват карда, саҳмгузорӣ ва ҳамкориҳои пайвастаро бо Кумита дар таҳкими пешбурди сиёсати давлатии забон дар кишварамон муҳим арзёбӣ намуданд.

Масъули ВАО
Раҳим Зулфониён

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 4.7 (7 овоз)

Категория:

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ «ЛИБОСИ МИЛЛӢ – РУКНИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 29 Май, 2023 - 13:05

Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ ва ташвиқу таблиғи либоси зебои миллӣ – атласу адрас ва чакан рӯзи 29-уми майи соли 2023 бо иштироки бонувони Кумита мизи мудаввар дар мавзуи «Либоси миллӣ – рукни фарҳанги миллӣ» баргузор гардид.
Чорабиниро раиси Шурои занони Кумита Фарҳодова С.А. бо суханони муқаддимавӣ оғоз намуда, сипас кормандон – Давлатшоева М.Б., Буриева Ш. ва Маҳмадёрова Г.М. оид ба эҳтирому арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, шарҳу тавзеҳи вожаи «чакан» ва таблиғу ташвиқи либоси миллӣ ҳамчун як рукни фарҳанги миллат суханронӣ намуданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (7 овоз)

Категория:

Либоси миллӣ – баёнгари фарҳанги миллӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 29 Май, 2023 - 10:08

Ҳар як миллат соҳиби таърих, забон, фарҳанги миллӣ, арзишҳо ва муқаддасоти худ мебошад, ки дар арсаи байналмилалӣ бо ин нишонаҳо муаррифӣ карда мешавад. Дар радифи ин арзишҳо либоси миллӣ низ муаррификунанда ва баёнгари фарҳанги миллии халқи тоҷик маҳсуб меёбад.
Бояд зикр намуд, ки ба арсаи чаҳонӣ баровардани ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, либоси зебои миллӣ – атласу адрас ва чакан, ҳамчун сарвати нодир ва бебаҳои зеҳнии мардуми тоҷик бо шарофати сиёсати хирадмандона ва табъу завқи баланд, оянданигарии поянда ва меҳанпарастии беҳамтои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст.
Либоси миллӣ, хусусан, чакану чаканпӯшӣ ҳамчун рамзи ифодагари фарҳанги миллӣ таърихи куҳан дошта, имрӯз низ бонувони тоҷик онро бо ифтихору қаноатмандӣ бо нигораҳои хоси тоҷикӣ медӯзанду мепӯшанд.
Исботи ин фикрро дар фарҳангномаҳои муътабар, аз ҷумла, «Бурҳони қотеъ» (соли 1652), «Фарҳанги Рашидӣ» (1653), «Кашф» (1780) «Ғиёс-ул- луғот» (соли 1827) пайдо намудан мумкин аст. Мафҳуми чакан дар фарҳангномаҳои мазкур дар шакли «чакин», «чикин» дар паҳлавӣ «ҷома», «чакома», «чакомак», дар форсӣ «чамона», дар гурӯҳи забонҳои славянӣ – русӣ, украинӣ, белорусӣ ва булғорӣ “чеканка” омадааст, ки маънии нақшу нигорҳоро дорад. Албатта, ҳар як нақшу нигор ва интихобу ранги риштаву матоъ дақиқкорӣ, донишу маърифат ва маҳорату малакаи ҳунари дӯзандагии занону духтарони тоҷикро нишон медиҳад. Зеро, ҳар як нақшу нигораи дар куртаи чакан тасвирёфта, дар худ як маъноро таҷассум менамояд. Аз ҷумла, ду гулдоираи рӯйи пироҳани чакан орзуву ҳавас, хандаву шодӣ ва бахту саодатро ифода намуда, дар рӯзҳои иду ҷашнҳо занону бонувони тоҷик онро ба бар мекунанд. Пӯшидани либоси миллӣ ин пеш аз ҳама арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои аҷдодӣ, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ ва аз байн бурдани тамоюли бегонапарастиро баён мекунад.
Арзишҳо ва фарҳангҳо тавре маълум аст, бо мурури замон аз насл ба насл ҳифз шуда омадаанд ва гузаштагони миллати мо кӯшидаанд, то фарҳанги миллӣ ва муқаддасоти миллии мо пойбарҷо боқӣ монад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки халқи тоҷик ҳамчун ҷузъи ҷомеаи башарӣ, миллати соҳибтамаддун, соҳибдавлат ва озоду мустақил буда, дорои
фарҳанги миллии худ мебошад.
Аз ин рӯ, ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ, яъне ба ҳам наздикшавии фарҳангҳои гуногуни олам қарор дорем.
Албатта, дар раванди ҷаҳонишавӣ – ба ҳам омадани тамаддунҳо мо аз ҳарвақта дида, бештар ба тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, хусусан, либоси миллӣ ҷидду ҷаҳд намоем. Мо бояд либоси миллии хешро бо тарҳу намуди нав ба бар намуда, ба дигар халқу миллатҳо нишон диҳем, ки фарҳанги миллии мо бо мурури замон аз насл ба насл гузаштаву ҳифз шуда истодааст. Яъне ба дунёи мутамаддин бо таъриху фарҳанг ва либоси миллии хеш тоҷикона ворид шавем, то ки ҷаҳониён низ ба фарҳанги миллии мо арҷгузор бошанд.
Чун либоси миллии мо нишон ва як рукни фарҳанги мост. Бинобар ин, имрӯз дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва барои ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

Категория:

Иштироки бонувони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳо ҷиҳати ташвиқу таблиғи либоси миллӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 29 Май, 2023 - 09:33

Бонувони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ ва ташвиқу таблиғи либоси зебои миллӣ – атласу адрас, чакан шуруъ аз 1-уми марти соли равон либоси миллӣ ба бар намуда, дар чорабиниҳои дохилии Кумита ва вазорату идораҳо, аз ҷумла, дар Рӯзи Модар, ҷашни байналмилалии Наврӯз , инчунин, дар чорабинҳои баргузорнамудаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – аксияи «Тоҷикона мепӯшем» дар МД боғи фарҳангӣ-фароғатии «Алишери Навоӣ» (12.04.2023) ва даври ҷамъбастии фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» (6.05.2023) дар Муассисаи давлатии фарҳангӣ-фароғатии «Аҳорун» фаъолона иштирок намуданд.
Ҳамзамон, корманди Кумита Маҳмадёрова Гулҷаҳон Муқимовна дар ТВ «Тоҷикистон» дар мавзуи «Либоси миллӣ – зеби бонуи тоҷик» суҳбат суханронӣ намуданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (4 овоз)

Категория:

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 23 Май, 2023 - 17:07

Ҷавонони саодатманду сарбаланди кишвар!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки яке аз санаҳои муҳимми таърихи кишвари соҳибистиқлоламон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст ва бо дарназардошти саҳм ва нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва давлат дар сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок доранд.

Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор мекунем, зеро онҳо бо иштироки фаъолонаи худ дар ҳамаи соҳаҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан саҳми арзишманд мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.

Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, амалӣ гардонидани тадбирҳои заруриро ба хотири дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо то ба имрӯз идома дода истодааст.

Тайи беш аз се даҳсола ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду инкишофи қобилияту истеъдоди онҳо ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба зиндагиву фаъолияти ин сершумортарин қишри иҷтимоӣ як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд.

Санаду барномаҳои қабулгардида риояи ҳуқуқҳои конститутсионии ҷавононро таъмин намуда, ба таҳкими мақоми онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии ҷомеа, беҳтар гардидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти пурсамари ҷавонон, тақвияти худшиносиву худогоҳӣ ва ҳисси миллии онҳо мусоидат мекунанд.

Такроран таъкид менамоям, ки Ҳукумати мамлакат пешбурди муназзаму муваффақонаи сиёсати ҷавононро аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини фаъолияти худ меҳисобад.

Зеро мо хуб дарк мекунем, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонон – ғамхориву сармоягузорӣ ба хотири ояндаи ободу пешрафтаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати тоҷикон мебошад.

Аз ин лиҳоз, мо дар сиёсати худ ҷавононро неруи созандаву бунёдкор, пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем.

Ҳар кору иқдоме, ки мо имрӯз анҷом медиҳем, барои ҷавонон аст.

Чунки зимоми ояндаи Ватан ва давлат дар дасти онҳо мебошад.

Мо ҷавононро бояд тавре тарбия карда, ба камол расонем, ки онҳо фардо тавонанд Ватан ва давлатро соҳибӣ кунанд, онро обод созанд, боз ҳам пешрафта гардонанд ва миллату давлати худро ба аҳли башар ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Ҷавонони азиз!

Ман дар суханрониҳои худ борҳо таъкид кардаам ва бори дигар хотирнишон менамоям, ки шумо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошед, дар шароити торафт вусъат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва таъсири манфии унсурҳои фарҳангиву тамаддунии бегона манфиатҳои давлативу арзишҳои миллиро ҳимоя кунед ва дар мубориза бо ҳама гуна таҳдиду хатарҳои бар зидди давлату миллати худ равонагардида омода бошед.

Як нуктаи бисёр муҳимро ҳаргиз фаромӯш накунед: дар назди ҷомеаи мо, ки қисми асосии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, масъалаҳое қарор доранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ, ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин, торафт вусъат гирифтани миқёси таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, радикализми динӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ аз ҷавонони мо, пеш аз ҳама, зиракии сиёсӣ, илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, забондонӣ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату халқи Тоҷикистон ва худшиносиву худогоҳиро тақозо мекунад ва масъулияти онҳоро дар самти ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат рӯз ба рӯз баланд мебардорад.

Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо бовари бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан соҳибону бунёдгарони ояндаи Ватан ва идомадиҳандагони кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд.

Шумо, ҷавонони азиз, бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму донишҳои муосир бошед, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кунед, ба миллат ва давлати соҳибистиқлоли хеш ҳамеша содиқ бошед, Ватани аҷдодиро самимона дӯст доред, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ, инчунин, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳимоя кунед, нангу номус ва ҳисси баланди ватандорӣ дошта бошед, эҳтироми падару модар ва пирону калонсолонро ба ҷо оваред.

Итминони комил дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, зиракии сиёсӣ, ҷаҳонбинии васеъ, маърифати ҳуқуқӣ ва саъю талоши созандаву бунёдкорона барои ободии кишвар ва боз ҳам баланд бардоштани нуфузу обрӯи Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалӣ талош намуда, дар таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва тақвияти пояҳои давлатдории миллии тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд.

Бори дигар тамоми ҷавонони кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо тансиҳатӣ, иқболи баланд, саодати рӯзгор ва дар кору пайкори садоқатмандонаашон ба хотири ободии Ватани азизамон – Тоҷикистон комёбиҳои нав ба нав орзу менамоям.

Рӯзи ҷавонон муборак, ояндасозони Тоҷикистони соҳибистиқлол!

Манбаъ: http://president.tj/node/30720

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ИФТИХОРИ 78-УМИН СОЛГАРДИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 8 Май, 2023 - 18:00

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!

Нӯҳуми май мардуми кишвари мо дар радифи дигар халқҳои сулҳдӯсти сайёра яке аз санаҳои таърихӣ – Рӯзи ғалаба бар фашизмро таҷлил мекунанд.

Ба ин муносибат, пеш аз ҳама, иштирокчиёни ҷанг ва ҳамаи онҳоеро, ки дар ақибгоҳ барои ба даст овардани пирӯзӣ бар фашизм саҳм гузоштаанд, инчунин, мардуми ватандӯсту сулҳхоҳи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.

Ҷанги дуюми ҷаҳон барои сокинони сайёра, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон яке аз давраҳои фоҷиабортарини асри гузашта ба ҳисоб меравад.

Дар он давраҳои сангину душвор зиёда аз 300 ҳазор нафар фарзандони мардуми табиатан ватандӯст ва қавииродаи тоҷик, яъне 20 фоизи аҳолии Тоҷикистон, ки дар он рӯзҳо ҳамагӣ якуним миллион нафар буд, ба ҷанг сафарбар гардида, аз ин шумора қариб 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳои хунин ҷони худро аз даст доданд.

Дар баробари ҷанговарон, ки дар майдони ҷанг бар зидди фашизм қарор доштанд, ҳар як сокини Тоҷикистон – калонсолон ва занону наврасон дар ақибгоҳ шабонарӯз заҳмат мекашиданд ва дар таъмини афсарону сарбозон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ саҳми арзишманди худро мегузоштанд.

Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба масъалаи ғамхорӣ дар ҳаққи собиқадорони ҷанг, маъюбон ва оилаҳои иштирокчиёни ҷанг эътибори ҷиддӣ зоҳир карда, ин иқдомро то имрӯз идома дода истодааст.

Оқибатҳои бисёр талху фоҷиабори Ҷанги дуюми ҷаҳон ба аҳли башар ҳамеша ҳушдор медиҳанд, ки пойдории сулҳу субот ва рӯзгори орому осуда, ҳамкорӣ ва равобити созандаи халқу давлатҳо неъмати бебаҳои зиндагӣ барои ҳар як инсон мебошад.

Махсусан, дар шароити имрӯза ва вазъи бисёр ноорому печидаи ҷаҳони муосир, ки мардуми сайёраро таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти хатарноку номатлуб, инчунин, яроқнокшавии бошитоб ва оғози давраи нави «ҷанги сард» ба таври ҷиддӣ ба ташвиш овардаанд, густариши ҳарчи бештари сулҳу дӯстӣ ва ҳамгироиву ҳамкорӣ дар байни давлатҳо ва халқҳо аҳаммияти торафт бештар пайдо мекунад.

Мардуми Тоҷикистон, ки дар тӯли асри гузашта бори дуюм ба давраи вазнину ҳалокатбор гирифтор гардида, дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бештар аз давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон – зиёда аз 150 ҳазор нафар фарзандони худро аз даст доданд, оқибатҳои вазнини аъмоли харобиовари неруҳои экстремистиву террористӣ ва пайомадҳои фоҷиабори ин зуҳуроти нангинро ҳаргиз фаромӯш намекунанд.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо ҳамеша ҷонибдори сулҳу оромӣ ва бо роҳҳои осоишта, яъне тавассути музокирот ва бо истифодаи василаҳои дипломатӣ ҳаллу фасл гардидани ҳама гуна мухолифату низоъҳо ҳастем.

Сабақҳои талхи Ҷанги дуюми ҷаҳон ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта ҳар яки моро ҳушдор медиҳанд, ки барои ҳифзи сулҳи пойдор, суботу оромӣ ва зиндагии осудаи шаҳрвандони мамлакат ҳамеша ҳушёру омода бошем.

Дар ин раванд, мо бо ифтихору эътимод иброз медорем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол бо истифода аз сабақу корномаҳои гузаштагони некноми хеш ба хотири ҳимояи марзу буми кишвар ва таъмини зиндагии орому осоиштаи сокинони он содиқонаву ҷавонмардона хизмат карда истодаанд.

Мо бояд таҷрибаи зиндагӣ ва роҳи пурифтихори тайкардаи падаронро омӯзем, идома бахшем, ба наврасону ҷавонон аҳаммияти сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро фаҳмонем, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия намоем, иқтидори мудофиавии Ватани азизамонро таҳким бахшем, ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоии давлатамон саъю талоши худро дареғ надорем ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони соҳибихтиёрамонро боз ҳам баланд бардорем.

Бори дигар ҳамаи собиқадорони муҳтарами ҷангу меҳнат ва мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи ғалаба самимона табрик гуфта, ба ҳар як сокини кишвар саломатӣ, хонаи обод ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиш ва ваҳдату амнияти пойдор орзу менамоям.

Рӯзи Ғалаба муборак бошад ҳамватанони азиз!

Манбаъ: http://president.tj/node/30630

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

Категория:

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 20 Апрел, 2023 - 14:30

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз моҳи шарифи Рамазон анҷом меёбад ва фардо иди саиди Фитр фаро мерасад.

Ба ин муносибат ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар як фарди Ватан тандурустӣ, сулҳу сафо ва хайру баракат орзу менамоям.

Мо шукрона мекунем, ки ба шарофати истиқлолу озодии кишварамон иди саиди Фитр ва дигар ойину суннатҳои миллиамонро дар шароити сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ таҷлил менамоем.

Ҳамватанони мо иди саиди Фитрро ҳар сол бо амалҳои хайру савоб ва шодмониву хушҳолӣ истиқбол мегиранд.

Дар ин рӯз мардуми мо аъмоли шоистаи инсонӣ, аз ҷумла кумаку дастгирӣ ба ятимону маъюбон, ниёзмандону камбизоатҳо, аёдати падару модарон ва калонсолонро анҷом медиҳанд ва дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мефиристанд.

Тибқи таълимоти дини мубини ислом Худованд ин рӯзро барои ҳамаи мусулмонон ҳамчун рӯзи қабули дуои нек дар ҳаққи ҳамдигар, оромиву ободии Ватан ва анҷом додани корҳои хайру савоб муқаррар кардааст.

Яъне ҳикмати иди саиди Фитр ва дар маҷмӯъ, моҳи Рамазон ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди аҳли ҷомеа ва густариши арзишҳои неку созандаи ахлоқиву маънавӣ, аз ҷумла эҳтирому самимият ва ҳамгироиву таҳаммулгароӣ дар миёни одамон мебошад.

Қобили зикр аст, ки имсол низ мардуми мо, дар баробари ба ҷо овардани фаризаҳои моҳи мубораки Рамазон, ба хотири таъмин намудани зиндагии осудаи худ киштукори баҳориро вусъат бахшида, барои ҳосили фаровон замина гузоштанд.

Дар шароите, ки бар асари гармшавии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобии солҳои охир, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва маҳдудиятҳои вобаста ба онҳо мардуми сайёра ба мушкилоти ҷиддии таъминот бо маводи ғизоӣ дучор гардидаанд, ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ба масъалаи муҳимтарину мубрами рӯз табдил ёфтааст.

Ба ибораи дигар, инсоният аз бисёр ҷиҳат, хусусан, аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ мушкилтарин давраро дар таърихи қариб садсолаи худ аз сар гузаронида истодааст.

Табиист, ки дар чунин вазъият ҳар як давлат дар андешаву талоши ҳалли мушкилоти мардуми худ мебошад.

Бинобар ин, мо бояд, пеш аз ҳама, ба хотири таъмин намудани аҳли оила ва фарзандони худамон, фароҳам овардани шароит барои рӯзгори осудаи мардумамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон ва ободии Ватани маҳбубамон боз ҳам бештар заҳмат кашем ва дар ин ҷода тамоми саъю талош ва захираву имкониятҳоямонро сафарбар созем.

Бо дарназардошти вазъи баамаломада дар ҷаҳони муосир зарур аст, ки мо ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ, пешгирӣ кардани зоҳирпарастиву намоишкорӣ ва исрофи маводи ғизоӣ, аз ҷумла дар рӯзҳои ид ва риояи ҳатмии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ҷиддӣ муносибат кунем.

Ҳамватанони азизи мо аз вазъияти сиёсии ҷаҳони муосир хуб огоҳӣ доранд.

Бар асари мухолифату низоъҳо дар байни абарқудратҳо, таҳримҳо ва буҳронҳои молиявию иқтисодӣ вақтҳои охир вазъи минтақа ва ҷаҳон бисёр ҳассосу мураккаб шуда, сулҳу оромӣ ва ҳатто истиқлоли сиёсии давлатҳо осебпазир гардидааст.

Дар чунин шароит мо бояд беш аз пеш сарҷамъу муттаҳид ва зираку ҳушёр бошем, манфиатҳои милливу давлатӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз кунем.

Хотиррасон менамоям, ки фазилат ва ҳикмати дигари иди саиди Фитр ва дини мубини ислом, ки ҳамчунин аз ҷумлаи арзишҳои имониву ахлоқӣ ба ҳисоб меравад, расидан ба қадри неъматҳои зиндагӣ ва шукргузорӣ аз онҳо мебошад.

Неъмати бузургтарин дар зиндагии ҳар яки мо истиқлолу озодии Ватани биҳиштосоямон, сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ аст.

Аз ин лиҳоз, ниҳоят зарур аст, ки дар ҳар як оила ба таълиму тарбияи дурусти фарзандон ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо эътибори аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Мо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро ба китобхонӣ, илму донишомӯзӣ, аз худ намудани касбу ҳунар, техникаву технологияҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ, инчунин, заҳматдӯстиву созандагӣ роҳнамоӣ кунем ва барои онҳо шароити зарурӣ фароҳам оварем.

Зеро дар оянда ба таври шоиста соҳибӣ кардани давлат ва ободу пешрафта гардонидани Ватан танҳо тавассути наслҳое имконпазир мегардад, ки илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои мутобиқ ба талаботи даврони пешрафт ва ҷаҳонбинии муосиру васеъ дошта, ватандӯсту ватанпараст, содиқ ба давлату миллат ва худшиносу худогоҳ бошанд.

Бовар дорам, ки ҳар як фарди огоҳу савобҷӯй дар ин рӯзи муборак фармудаҳои ислом ва анъанаҳои мактаби одамияти гузаштагони бузургамонро идома бахшида, барои анҷом додани амалҳои нек ва дар навбати аввал, дароз кардани дасти кумак ба ятимону маъюбон, ниёзмандону оилаҳои камбизоат ва дигар корҳои хайр кӯшиш менамояд.

Мову шумо масъулу вазифадорем, ки бо талоши ватандӯстонаву заҳмати созандаи худ мунтазам беҳтар гардидани некуаҳволии ҳар як оилаи мамлакатро таъмин намоем, сарзамини аҷдодӣ – Тоҷикистони биҳиштосоямонро обод кунем, давлати соҳибихтиёрамонро неруманду пешрафта гардонем ва нуфузу обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.

Бори дигар мардуми Тоҷикистони азизамон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фаро расидани иди саиди Фитр табрик мегӯям ва ба ҳар як хонадони кишвар сулҳу оромӣ, саломатӣ, саодати зиндагӣ, файзу баракати фаровон ва барои кишвари маҳбубамон оромиву суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.

Иди саиди Фитр муборак, ҳамватанони азиз!

Манбаъ: http://president.tj/node/30495

Баҳодиҳии муҳтаво: 
-523.52
Баҳои миёна: -523.5 (886 овоз)

Категория:

ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ КУМИТА ДАР СЕМОҲАИ ЯКУМИ СОЛИ 2023 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ МИНБАЪДА

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 11 Апрел, 2023 - 11:33

Имрӯз 11-уми апрели соли 2023, соати 13:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Кумита дар семоҳаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда бо иштироки аъзои Ҳайати мушовара, раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита баргузор гардид.
Дар оғоз раиси Кумита тибқи тартиб масъалаҳои рӯзномаро муаррифӣ намуда, ҳузури иштирокдоронро ба маҷлиси имрӯза хайра мақдам гуфт. Доир ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар семоҳаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда муовини раиси Кумита – Раҳматуллозода С. гузориш дод.
Баъдан, он аз ҷониби аъзои Ҳайати мушовара Назарзода С., Абдурраҳмонова М., Мансурӣ Ш. ва кормандони Кумита мавриди муҳокима қарор гирифта, маҷлис ба ин қарор омад, ки ҳисоботи фаъолияти Кумита дар семоҳаи якуми соли 2023 қаноатбахш ҳисобида шавад. Ҷаласаи Ҳайати мушовараро раиси Кумита доктори илми филология – Муҳаммадҷонзода Олимҷон ҷамъбаст намуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

Иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 25 Март, 2023 - 13:10

24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 иштирок карданд.

Нахуст тибқи муқаррароти маросими пӯшидашавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири минтақаи Арубаи Нидерланд Эвелин Вевер-Крус ба ҳайси раисони Конфронс дар минбари асосӣ ҷойҳои худро гирифтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раискунандаи Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили об суханро ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Раиси Маҷмаи Умумии СММ ва Раиси ниҳоди СММ – Об Жилбер Ҳунбо дода, сипас бо нутқи ҷамъбастӣ баромад намуданд.

Зимни суханронӣ дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ - 2023, ки аз 22 то 24 марти соли 2023 ҷараён дошт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар давоми се рӯзи охир Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили об, ки пас аз 46 сол бори аввал баргузор гардид, ҳазорон нафарро ҷамъ овард.

Таъкид гардид, ки дар кори конфронс иштирокчиён яке аз масъалаҳои  ҳаётан муҳим - об, ки аз он ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла ғизо, тандурустӣ, иқлим, табиат, фарҳанг ва иқтисодиёти кишварҳоямон вобастагӣ дорад, баррасӣ гардид.  

 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обро сарчашмаи ҳама мавҷудоти зинда дар олам ва қудрати муттаҳидсозии одамони сайёра номида, таъкид доштанд, ки мо бояд ба кулли тағйир додани тарзи фаҳмиш, арзиш ва идоракунии обро ба хубӣ дарк намоем.

“Моро зарур аст, ки вобаста ба об дидгоҳи наве дошта бошем, ки дурнамои рушди захираҳои онро инъикос намуда, ҳамзамон ба таҳкими нақши захираҳои оби тоза дар рӯзномаи баъдинаи ҷаҳонӣ мусоидат кунад” иброз доштанд зимни суханронӣ Президенти мамлакат.

Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд ҳамраисони ин Конфронс дар ҳама марҳилаҳо бо кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ҳамкории хуб доштанд. Ин робитаҳо кишварҳои сайёраро дар масоили об шарикони воқеӣ гардонд.

Дар кори конфронс масоили вобаста ба кӯҳҳо, пиряхҳо ва дарёҳои сермаҷро дар кишвари зебоманзари Тоҷикистон, то резишгоҳи дарёҳо, соҳили баҳр ва ҷазираҳои Шоҳигарии Нидерланд баррасӣ карда шуд.

Дар робита ба Конфронси таърихии оби СММ Сарвари давлат таъкид намуданд, ки қудрати бузурги об қитъаҳо, кишварҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳонро муттаҳид месозад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуданд, ки биёед  дар атрофи об муттаҳид бошем, ҳамин фурсатро ҷиҳати суръат бахшидан ба татбиқи минбаъдаи Ҳадафи шашуми рушди устувор ва дигар ҳадафҳои вобаста ба об аз даст надиҳем.

Бо натиҷагирӣ аз кори Конфронс таъкид шуд, ки ин оғози шоҳроҳи нави  амалҳои мушаххаси мо мебошад ва бо неруи нав акнун мо метавонем амалҳои таҳиягардидаи муштаракро дар соҳаи об ба ҷаҳон расонем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “Ин се рӯз дар ҳақиқат моро неруи наве бахшид: мо аҳли ҷаҳонро ба шаҳри Ню-Йорк овардем, акнун мо метавонем амалҳои таҳиягардидаи муштаракро дар соҳаи об ба ҷаҳон расонем”.

Таъкид шуд, ки ҳама уҳдадориҳои пешниҳодшудаи давлатҳои узви СММ дар Рӯзномаи амалиёти об ворид карда шудаанд ва Рӯзномаи Амал оид ба об бояд дар се ҳамоиши калидии дарпешистодаи Созмони Милали Муттаҳид, яъне Саммити  ҳадафҳои рушди устувор-2023, Саммити Оянда-2024 ва Саммити ҷаҳонӣ оид ба масоили иҷтимоӣ-2025 ва тавассути Форумҳои солонаи сиёсии сатҳи баланд оид ба ҳадафҳои рушди устувор, конфронсҳои ҷонибҳои манфиатдор оид ба масоили иқлим, гуногунии биологӣ, инчунин дигар равандҳои Созмони Милали Муттаҳид ва албатта Раванди оби Душанбе ба таври мушаххас пайгирӣ карда шавад.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёнро ба Конференсияи навбатӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии об, ки соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват намуданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки имрӯз кишварҳо аз ӯҳдадориҳои гирифта ҷиҳати суръатбахшии амалҳо дар соҳаи об илҳоми тоза гирифтанд ва якҷоя метавонанд ба ин мақсадҳои наҷиб ноил гарданд.

10 нафар ҳамраисони муколамаҳои интерактивӣ, 5 нафар намояндагони ҷонибҳои манфиатдор ва 2 модератор ба саҳна даъват карда шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири минтақаи Арубаи Нидерланд қуттии рамзии Рӯзномаи Амал оид ба обро, бо тамоми уҳдадории кишварҳо ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Раиси Маҷмаи Умумии СММ тақдим карданд.

Дар ин лаҳза онҳоро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазири инфрасохтор ва оби Нидерланд ҳамроҳӣ карданд.

Баъди аксбардории маросими супоридани рамзи рӯзномаи об Раисикунандаи Конфронси об - Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорон изҳори сипос намуда, Конфронси оби СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028-ро пӯшида эълон намуданд.

Дар поёни маросими пӯшидашавии Конфронс навори кӯтоҳи видеоии ҷамъбастӣ намоиш дода шуд.

Ҳамин тавр кори конфронси оби СММ, ки аз 22 то 24 марти соли 2023 таҳти раёсати Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд гузаронида шуд, ба анҷом расид.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар ҳошияи конфронси об Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Нидерланд, роҳбарони як қатор ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ вохурда, масъалаи ҳамкории дуҷониба ва рӯзномаи Конфронсро баррасӣ карданд.

Инчунин дар доираи кори Конфронс садҳо ҳамоишҳо дар мавзуъҳои обу иқлим баргузор гардид. Иштирокчиёни конфронс ва ҳамоишҳо ба саҳми Пешвои миллат ва Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои марбут ба об, иқлим ва пиряхҳо баҳои баланд доданд.

Бо ҳамин сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки аз 20 то 24 март ҷараён дошт, ба анҷом расид.

Нимаи дуюми рӯзи 24 март Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Ню-Йорки Амрико ба Ватан баргаштанд.

Манбаъ:http://president.tj/node/30292

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (4 овоз)

Категория:

Паёми шодбошӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 20 Март, 2023 - 07:55

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалӣ – ойини баробаршавии шабу рӯз ва эҳёи табиат самимона табрик мегӯям.

Дар айёми омодагӣ ва таҷлили ҷашни Наврӯз мо шукрона мекунем, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ барои таҳқиқу омӯзиши ҳамаҷонибаи суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва маросиму ҷашнҳои асили миллиамон, аз ҷумла Наврӯз, Сада, Тиргон, Меҳргон ва оммавӣ гардонидани онҳо имконият пайдо кардем.

Дар замони соҳибистиқлолӣ мо на танҳо ҷашну ойинҳои бостониамонро эҳё намудем, балки онҳоро ҳамчун падидаҳои дорои аҳаммият ва арзиши умумибашарӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ кардем.

Соли сездаҳум аст, ки Наврӯз – ҷашни бостонии миллии мо ва мардумони ҳавзаи тамаддуни он дар миқёси байналмилалӣ таҷлил мегардад.

Наврӯз мисли дигар ҷашнҳои аҷдодии мо ҳикмату фалсафа ва аҳаммияти бузурги илмӣ дорад.

Омили муттаҳидкунанда ва василаи ҳамдигарфаҳмии халқу миллатҳои гуногун будани Наврӯз яке аз бузургтарин ҳикматҳои он ба ҳисоб меравад, ки дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони имрӯза бисёр муҳим мебошад.

Густаришу ситоиши хираду дониш ва муҳаббату самимият дар байни одамон, сулҳу субот миёни қавму миллатҳо ва шодиву нишоти ҳамаи афроди ҷомеа моҳият ва фалсафаи зиндагисози Наврӯз аст, ки тайи ҳазорсолаҳо ба мардуми мо ва халқҳои дигар хизмат кардааст.

Қобили зикр аст, ки маҳз ҳамин хусусиятҳои Наврӯз дар замири мардуми мо инъикос ёфта, аҳли башар тоҷиконро ҳамчун миллати фарҳангиву тамаддунсоз мешиносанду эҳтиром менамоянд.

Воқеан, Наврӯз бо ойину анъанаҳои деринаи маънавии он ҷашни моҳиятан ва аслан фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.

Боиси ифтихору қаноатмандист, ки Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи ғаниву рангинаш ҳамчун рамзи рӯзи нав, оғози соли нав ва иқдому ташаббусҳои нав ба беҳтарин василаи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми мо табдил ёфтааст.

Аз ин лиҳоз, мо Наврӯзро дар баробари ҷашни истиқлол азизу гиромӣ медорем ва ин ду ҷашнро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва тантанаву самимияти беандоза таҷлил менамоем.

Наврӯз тарғибгари арзишҳои таҳаммулгароӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба гуногуншаклии фарҳангӣ ва сулҳу созиш мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, ин ҷашни бостониро хурду бузурги мардум, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ, бо шодиву нишот ва дастҷамъона таҷлил мекунанд.

Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки ҳамин хусусияту арзишҳои Наврӯз ҳангоми қабули пешниҳоди Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни он доир ба мақоми байналмилалӣ додан ба ин ойини бостонӣ нақши ҳалкунанда бозиданд.

Эҳёи Наврӯз ва ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтани он, ки боиси боз ҳам боло рафтани нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ гардид, моро водор месозад, ки суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва иҷтимоиву фарҳангии онро минбаъд низ инкишоф диҳем ва онҳоро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем.

Зеро мо – тоҷикон, дар ҳақиқат, миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанг ва соҳибтамаддун буда, ба арзишҳои ҷовидонаи инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ва зебоипарастиву созандагӣ ҳамчун асоси маънавиёти миллиамон ҳамеша арҷ мегузорем.

Мехоҳам бо қаноатмандӣ хотирнишон намоям, ки мардуми заҳматпешаву созандаи мо дар баробари эҳё намудани суннатҳои наврӯзӣ дар давраи омодагӣ ба ин ҷашн ба тозаву озода кардани хонаву кошона ва маҳалли зисти худ, боз ҳам ободу зебо гардонидани гулгашту хиёбонҳо ва бунёди боғҳои нав таваҷҷуҳи махсус медиҳанд.

Воқеан, бо фарорасии баҳор ва омадани Наврӯз на танҳо табиат зинда мешавад, балки дар қалби инсонҳо низ меҳри заҳмату талош ба хотири ободиву беҳтар намудани шароити зиндагӣ даҳчанд мегардад.

Қадамҳои зиндагибахши Наврӯз баъди фасли сармо ҳамчун рамзи пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва рӯшноӣ бар торикӣ рӯҳи инсонҳоро болида ва қалби онҳоро саршор аз фараҳу шодӣ ва умеду орзу мегардонад.

Наврӯз, инчунин, ҷашни кишоварзон аст ва онро аз ҳама бештар аҳли киштукор, яъне рӯзирасонҳои мардум интизорӣ мекашанд.

Бовар дорам, ки кишоварзони асили мо имсол низ ба хотири фаровонии дастурхони мардум корҳои баҳориро вусъати бештар мебахшанд ва ҳар рӯзи мусоиди баҳорро самаранок истифода карда, барои ба даст овардани ҳосили фаровон замина мегузоранд.

Хусусан, дар шароите, ки бар асари буҳронҳои иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вобаста ба он – камобиву хушксолии паёпай, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ раванди камчин шудани маводи ғизоӣ ва болоравии нархҳо идома дорад, мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, аз обу замин самаранок истифода бурда, истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем, фаровонии бозори истеъмолӣ ва рӯзгори осудаи аҳолии кишварамонро таъмин намоем.

Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки имсолу соли оянда вазъи ҷаҳон дар масъалаи таъминот бо озуқаворӣ боз ҳам мураккабу вазнин мегардад.

Бинобар ин, мо бояд ҳар як ваҷаб заминро самараноку оқилона истифода бурда, кишти такрориро васеъ ба роҳ монем, аз заминҳои обӣ ҳатман ду – се ҳосил рӯёнем, фикри аҳли оила, фарзандон ва ҷомеаи худро кунем.

Соли гузашта кишоварзони мо содиқона заҳмат кашиданд ва дар кишвар захираи кофии маводи ғизоӣ фароҳам оварда шуд.

Дар натиҷа мардуми мо фасли тирамоҳ ва махсусан, зимистони сардро ба осонӣ ва бе мушкиливу муҳтоҷӣ гузарониданд.

Ҳамчунин, хотиррасон месозам, ки бо дарназардошти шароити вазнини ҷаҳони муосир мо бояд сарфаю сариштакор бошем ва ҳаргиз ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву зоҳирпарастӣ роҳ надиҳем.

Мардуми мо аз қадимулайём хони наврӯзиро бо меваю шириниҳои дастӣ ва таомҳои аз гиёҳу алафҳои баҳорӣ омодашуда меоростанд.

Мо бояд ин анъанаи хуби аҷдодиро идома диҳем.

Дигар ин ки ба тарзи либоспӯшии миллии худ, ки мисли баҳор бисёр зебо мебошад ва эҳё кардану рушд додани ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла таомҳои миллӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир намоем.

Инчунин, ба таълиму тарбияи фарзандонамон ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар барои онҳо бо масъулияти баланд муносибат кунем.

Ҳамватанони гиромӣ!

Чунонки медонед, то имрӯз якчанд ташаббусҳои инсондӯстонаи Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти глобалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, дар миқёси сайёра амалӣ шуда истодаанд.

Мояи ифтихору сарфарозии мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалии имсола рӯзҳои 22 – 24-уми марти соли 2023 дар заминаи татбиқи ташаббуси Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018 – 2028 дар шаҳри Ню-Йорк бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид доир мегардад.

Қобили зикри махсус аст, ки ин рӯйдод эътирофи саҳми арзишманди Тоҷикистон дар ҳалли муҳимтарин мушкилоти глобалӣ мебошад.

Ҳамчунин, бо қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани ташаббуси панҷуми Тоҷикистон оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва муқаррар гардидани 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» далели возеҳи робитаи амалҳои башардӯстонаи мо бо ҷашни пайванди инсон ва табиат, яъне Наврӯзи байналмилалӣ, ҳифзи захираҳои об ва муҳити зист буда, албатта, боиси сарфарозиву қаноатмандии шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад.

Итминон дорам, ки Наврӯзи имсола бо қадамҳои мубораки худ ба мардуми куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафу мақсадҳои дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ гузошташуда фатҳу кушоишҳои нав хоҳад овард.

Ҳамватанони азиз!

Яке аз рамзҳои Наврӯз оростани хони идона ва ба намоиш гузоштани навъҳои гуногуни таомҳои миллӣ, ба бар намудани либосҳои миллии идона ва пешкаш кардани дастранҷи ҳунармандони чирадаст ба ҳисоб меравад, ки инъикосгари фарҳанги ғании рӯзгордорӣ, либоспӯшӣ ва ҳунармандии тоҷикон мебошанд.

Зарур аст, ки ҳангоми баргузории чунин чорабиниҳо ба мазмуну муҳтаво ва сатҳу сифати онҳо, инчунин, ғановату зебоии фарҳанги асили аҷдодӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Дар робита ба ин, хотиррасон менамоям, ки мардуми мо табиатан тозагиву озодагиро дӯст медоранд.

Ойинҳои наврӯзӣ низ тозагии ботину зоҳири инсонро тарғиб мекунанд.

Аз ин лиҳоз, мо бояд дар айёми наврӯзӣ ва чорабиниҳои ҷашнӣ хонаву кошона ва деҳаву маҳалли зисти худро тозаву озода нигоҳ дошта, ҳамчунин, қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятиро ҷиддӣ риоя намоем.

Бо эътимоди комил иброз медорам, ки мо – мардуми Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмилалиро бо шукронаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҷлил менамоем ва кору фаъолияти созандаи худро ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ вусъат мебахшем.

Мо бо заҳмати аҳлона ба тамоми ҳадафҳои неки худ мерасем, Ватани маҳбубамон – Тоҷикистонро дар ояндаи наздик ба як мулки ободу пешрафта табдил дода, нуфузу обрӯи онро дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.

Бори дигар фарорасии Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалиро ба тамоми мардуми кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони тоҷик тандурустӣ, саодати рӯзгор, иқболи нек ва файзу баракат орзу менамоям.

Соли нави аҷдодӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
1
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)

Категория:

Саҳми Пешвои миллат дар тақвияти мақоми забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 11 Март, 2023 - 13:09

Дар санаи 11.03.2023 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат дар тақвияти мақоми забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ», Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, 35-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва 70-солагии Корманди шоистаи Тоҷикистон Шокириён Туғрал Сироҷзода баргузор гардид.
Дар кори конференсия донишмандони зиёде аз дохил ва беруни ҷумҳурӣ иштирок карданд. Аз ҷумла, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ, профессор Сахидод Раҳматуллозода аз номи раиси Кумитаи забон ва истилоҳот профессор О. Муҳаммадҷонзода ҳозиринро шодбош гуфта, дар кори конференсия муваффақият таманно намуда, дар мавзуи “Забони миллӣ, манфиати миллӣ ва ваҳдати миллӣ - арзишҳои муҳимми Истиқлоли давлатӣ” суханронӣ карда, роҷеъ ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мустаҳкам намудани пояҳои маънавиёт ва арзишҳои миллӣ, махсусан, забони тоҷикӣ гузориш дод.
Дар конференсия масъулини ҳукумати вилояти Суғд, олимони ДДҲБС , мутахассисон ва ҳайати профессорону дотсентони кафедраҳои забони тоҷикии донишгоҳҳои ҷумҳуриамон (А. Ҳасанзода, А. Мамадназаров, О. Қосимов, М. Олимҷонов, М. Хоҷаева, А. Файзуллоев, Н. Ғиёсов, А. Абдуқодиров, Ю. Кенҷаев, С. Кенҷаев, М. Кенҷазода, С. Узбеков, А. Одинаев, Д. Саломова, ), ҳайати адибони ҳавзаи Суғд (шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Аҳмадҷони Раҳматзод), олимони Донишгоҳи давлатии Фарғона (н.и.ф. Фарҳод Исомиддинов, Масъуди Мирзо ва Ҷумъаи Ҷамол) ва дигарон иштирок карда, доир ба саҳми меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар равнақу ривоҷи забони давлатӣ суханронӣ карданд.
Ҳамчунин, бо таваҷҷуҳ ба ин ки устод Шокириён Туғралхон 70-сола шуда, ба ҳайси яке аз мубаллиғони забони давлатӣ дар пиёда сохтани ҳадафҳои неки Сарвари давлат доир ба забон асару мақолаҳои зиёде навишта, дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои забони тоҷикӣ” ва “Барномаи рушди забони тоҷикӣ барои солҳои 2020-2030” саҳми назаррас дорад, маърузаҳо шуда, эшонро ба ин рӯзи фархунда табрик карданд.
Мақолаҳое, ки ба конференсия пешниҳод шудаанд, дар шакли китоби алоҳида бо номи “Забон дорӣ, ҷаҳон дорӣ”, Хуҷанд: “Ношир” дар ҳаҷми 641 саҳифа чоп шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 3.7 (3 овоз)

Категория:

Рушд ва таҳкими забони давлатӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 10 Март, 2023 - 13:04

Нишасти 207-уми маҳфили  илмиву адабии “Ганҷи сухан”
     Рӯзи 10-уми марти соли 2023 дар ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҷлиси 207-уми маҳфили  илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо сарварии адабиётшинос Саидумрон Саидов баргузор гардид, ки он дар партави  муаррифии осори яке аз забоншиносони мумтоз Шокириён Туғралхон ба масъалаи “Рушд ва таҳкими забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида шуд. Дар кори маҳфил муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ, профессор Сахидод Раҳматуллозода иштирок ва дар мавзуи “Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ташаккули забони давлатӣ” суханронӣ кард. Зимнан, доир ба осори Шокириён Туғралхон ёдовар шуда, саҳми ӯро дар муаррифии дастовардҳои марбут ба забон ва интишори осори мондагори илмии муаррификунандаи забони тоҷикӣ муҳим дониста, чанде аз китобҳои ӯро мавриди баррасии илмӣ қарор дода, эшонро ба 70-умин солгарди ҳаёташон табрик намуд.
     Ҳамчунин, дар кори маҳфил муовини ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба масъалаҳои илм ва иноватсия, доктори илмҳои педагогика, профессор Хайрулло Сабурӣ, адибони ҳавзаи Суғд (шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Аҳмадҷони Раҳматзод), олимони шинохтаи ҷумҳурӣ А.Ҳасанзода, А.Мамадназаров, О. Қосимов,  М. Олимҷонов, М. Хоҷаева, А.Файзуллоев, Н. Ғиёсов, А. Абдуқодиров, С. Кенҷаев, М. Кенҷазода, А. Одинаев, олимони Донишгоҳи давлатии Фарғона (н.и.ф. Фарҳод Исомаддинов, Масъуди Мирзо ва Ҷумъаи Ҷамол) ва ғ. иштирок карда, роҷеъ ба масъалаҳои муҳимми марбут ба рушду нумуи забони тоҷикӣ ва нақши Пешвои миллат дар он суханрониҳо карданд.
     Суханварон аз дастовардҳои олимони соҳа, махсусан, Шокирзода Туғралхон, ки ба синни мубораки 70 расида, тамоми умри бобаракати худро сарфи хома кардаанд, ёдовар шуда, дар ташаккули бахши истилоҳнигорӣ, сарфу наҳви тоҷикӣ, имло ва аломатҳои китобат ва ғайраҳо саҳми калон гузоштани ӯро баён карданд.
Дар охири маҳфил хотири иштирокдоронро ансамбли “Навои ҷавонӣ ” бо роҳбарии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейнҷон Юсупов бо сурудҳои дилнишинашон шод карданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Категория:

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи модар

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 8 Март, 2023 - 08:09

Модарону бонувон ва хоҳарони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни мубораку фархундаи Рӯзи модар, ки ҳар сол дар рӯзҳои нахустини фасли зебои баҳор таҷлил мегардад, сидқан шодбош мегӯям.

Ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтии оилавӣ ва рӯзгори ободу босаодат орзу менамоям.

Ба оғози баҳор ва давраи омодагӣ ба Наврӯз рост омадани Рӯзи модар рамзи ҳамоиши ду неруи бузурги зиндагиофар аст.

Зеро агар Наврӯз оғози эҳёи табиат бошад, зан – модар офарандаи ҳаёти инсонӣ мебошад.

Ба ибораи дигар, зиндагии аҳли башар аз домони поки модар ва шири сафеду ҷонбахши ӯ сарчашма мегирад.

Тамоми бузургони оламро, ки хизматҳои барҷастаи таърихӣ анҷом додаанд ва инсоният бо ному корномаи онҳо ифтихор мекунад, модар ба дунё овардааст ва дар оғӯши пурмеҳри худ парваридааст.

Бо самимияту дӯстдорӣ ва муҳаббату қадршиносӣ ҷашн гирифтани Рӯзи модар дар кишвари мо нишонаи эътибору эҳтироми давлату Ҳукумат ва мардуми мамлакат ба модар ва қадру манзалати шоистаи ӯ мебошад.

Модар мураббии нахустини инсон, субҳи гулафшони баҳор, хуршеди ишқу муҳаббат, паёмовари сулҳу сахо ва дарёи бепоёни меҳр аст.

Маҳз ба ҳамин хотир, модарро дар адабиёти ҷаҳонӣ «фариштаи меҳр» ва «мавҷуди муқаддас» номидаанд.

Мехоҳам бо ифтихор хотирнишон намоям, ки кӯшишу талоши модари тоҷик ба хотири рушди маънавиёти оила ва ҷомеа, ташкили оилаи солим, тарбия кардану ба камол расонидани фарзандони солиму солеҳ, соҳибмаърифату соҳибкасб ва созандаву ободгар воқеан қобили ситоишу қадрдонист.

Далели бебаҳс аст, ки симои занони соҳибмаърифат, ҷасуру далер ва адолатпарвари тоҷик аз паси садсолаҳо дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихи халқамон ба мардуми мо тавону неру мебахшад.

Занону бонувон ва хоҳарону духтарони мо имрӯз бо рафтору гуфтори нек, андешаи солим, нангу номус ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми басо арзишманд доранд.

Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти нақши муассири занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати худ қарор додааст.

Мо ҳамеша ба масъалаи беҳбудии вазъи занону бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, ташаббусҳои созандаашонро пайваста дастгирӣ менамоем ва барои амалӣ гардидани иқдомҳои неку наҷиби онҳо заминаву имкониятҳои мусоид фароҳам меоварем.

Аз ҷумла ба хотири ҳимояи ҳуқуқи занон ҳоло тамоми заминаву имкониятҳои муосири қонунӣ фароҳам оварда шудаанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки амалисозии онҳо боиси бамаротиб беҳтар шудани вазъи иҷтимоии занону духтарон гардид.

Илова бар ин, тибқи супоришҳои дар паёмҳои қаблии Роҳбари давлат гузошташуда танҳо дар ду соли охир ду ҳуҷҷати муҳим – Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030 ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030 қабул карда шуд.

Фароҳам овардани замина ва шароити зарурӣ барои инкишоф ва истифодаи ҳарчи бештари қобилияти занону бонувон дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани рушди устувори ҷомеа ҳадафи асосии ҳуҷҷатҳои зикршуда мебошад.

Ҳамчунин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар он то ба 30 фоиз расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва ба 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат пешбинӣ гардидааст, андешидани тадбирҳои зарурӣ идома дорад.

Имрӯз занону бонувони тоҷик ҳамчун аъзои Ҳукумат ва вакили парламент, инчунин, дар мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ масъулияти идоракуниро бошарафона иҷро мекунанд.

Онҳо дар баробари ин ки сиёсатмадор, омӯзгору табиб, муҳандис, энергетик ва варзишгаранд, ҳамчун олиму ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор, хоҷагидору соҳибкор ва муҳофизи Ватан фаъолият доранд.

Ҳоло 25 фоизи хизматчиёни давлатии кишвар, аз ҷумла, 20 фоизи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон мебошанд.

Занону бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, хизматрасонии иттилоотӣ, бонкдорӣ ва дигар бахшҳо аксариятро ташкил медиҳанд.

Дар бунёди иншооти муҳимми аср – неругоҳи барқи обии «Роғун» 900 нафар занон баробари мардон заҳмат кашида истодаанд.

Ҳамчунин, 25 фоизи соҳибкорони инфиродӣ ва 23 фоизи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ занону бонувон мебошанд.

Занону бонувони тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ собит намуданд, ки дар эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ ва соҳаи кишоварзӣ таҷрибаву маҳорат ва малакаву қобилияти баланд доранд.

Мо хуб дарк мекунем, ки модари озоду солим ва донишманду эҷодгар сарчашмаи хонаи обод, ҷомеаи солим, манбаи рушди илм, омили ташаккули хиради халқи эҷодгар ва кафили сулҳу суботи устувори мамлакат мебошад.

Соҳиби саводу маърифат ва илму дониш будани занону бонувон асоси оилаи солим ва албатта, омили муҳимтарини пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Яъне ҳар чӣ қадар, ки духтарон ва занону бонувон босаводу соҳибмаърифат бошанд, оилаҳо солиму мустаҳкам, фарзандон таълиму тарбиядида ва ҷомеа пешрафта мегардад.

Дини мо, ҳидоятҳои хирадмандонаи бузургони мо ва табиати ҳуқуқии давлатамон моро вазифадор кардаанд, ки барои саводнокии духтарону бонувон дар баробари мардон чораҷӯиҳо намоем.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо барои таҳсили духтарон ва афзоиши шумораи мутахассисони маълумоти олидор аз ҳисоби онҳо, хусусан, духтарони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон тамоми шароити заруриро муҳайё кардаем.

То имрӯз садҳо ҳазор нафар духтарон, аз ҷумла даҳҳо ҳазор тибқи квотаи президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро хатм намуда, ҳоло дар соҳаҳои гуногун бо азму талош ва ташаббусҳои созанда фаъолият карда истодаанд.

Натиҷаи чунин дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумат аст, ки ҳоло танҳо дар соҳаи маориф ва илми мамлакат ҳазорон нафар занону духтарон муваффақона кору фаъолият доранд.

Донишомӯзии духтарон муҳимтарин манбаи рушди давлат ва неруи бузурги пешрафти ҷомеа мебошад.

Раванди баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ як нуктаи бисёр муҳимро собит менамояд, ки дар натиҷаи муносибати ҷиддии модарону бонувони мо дар масъалаи китобхонии фарзандон, хусусан, аз байни духтарон истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд ва мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем.

Мо ифтихор дорем, ки духтарони тоҷик дар мусобиқаву озмунҳои байналмилалӣ ғолиб омада, парчами давлати тоҷиконро баланд мебардоранд.

Модарону бонувон як масъалаи муҳимро бояд дар хотир дошта бошанд, ки мо дар асри пешрафти бесобиқаи илму техника ва технологияҳо зиндагӣ дорем.

Агар мо хоҳем, ки фарзандонамон дар ҳаёти ояндаи худ азияту муҳтоҷӣ накашанд, бояд ба онҳо барои омӯхтани илму дониш, махсусан, илмҳои риёзиву дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ шароит фароҳам созем.

Ман дар суханрониҳои худ борҳо хотирнишон кардаам ва ҳоло мехоҳам бори дигар бо ифтихор иброз дорам, ки модарону бонувон ва духтарони тоҷик дар мушкилтарин рӯзҳои таърихи давлату миллат ва дар сангинтарин лаҳзаҳои ҳаёти мардуми кишвар бо сабру таҳаммул, хираду тамкин ва ватандӯстиву садоқат такягоҳи боэътимоди давлат ва ҷомеа будани худро борҳо исбот намудаанд.

Модарону бонувон дар ҷомеаи мо, дар ҳақиқат, неруи бузурги созанда, тарбиякунанда ва пешбаранда мебошанд.

Мо ба ҳунару истеъдод, кӯшишу ғайрат, қобилияти ташкилотчигӣ ва маҳорату кордонии модарону бонувони азизамон таҳсин хонда, бо эътимоди комил иброз медорем, ки онҳо дар оянда низ дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат, пешрафти давлат, ободии Ватан ва осудагии ҷомеа нақши шоистаи худро мегузоранд.

Бовар дорам, ки занону бонувони мо барои пешгирӣ кардани паҳншавии хурофот, андешаҳои ифротӣ ва расму ойинҳои фарҳангии бегона фаъолона саҳм мегузоранд.

Дар ин рӯзи саид ба модарону бонувони азизи кишвар муроҷиат карда, мехоҳам хотиррасон намоям, ки амонати вазнини инсонсозӣ, яъне ташаккули инсони солеҳу солим маҳз ба дӯши шумо гузошта шудааст.

Бинобар ин, кӯшиш намоед, ки ин рисолати зиндагисозро бо масъулияти баланд дар назди имрӯзу ояндаи ҷомеа ва давлат ба иҷро расонед.

Дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳони муосир муносибати бисёр ҷиддӣ зоҳир кардан ба тарбияи фарзандон, аз роҳи бад, махсусан, ҷинояткорӣ ва пайвастан ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ баргардонидани наврасону ҷавонон, пеш аз ҳама, вазифаи модарону занон мебошад.

Ҳамчунин, мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим, хушксолӣ ва камобии паёпай, ки инсониятро бо душвориҳои ҷиддии таъминоти маҳсулот, аз ҷумла маводи ғизоӣ рӯ ба рӯ кардааст, модарону бонувони арҷмандро ҳушдор медиҳад, ки ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ, худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву намоишкорӣ ва риояи ҳатмии талаботи қонуни танзим эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Бовар дорам, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ модарону бонувони тоҷик барои ҳифзи забон ва таъриху фарҳанги миллӣ, расму ойинҳо ва либосу анъанаҳои халқамон, ки таҳти фишори омезиши фарҳангӣ қарор гирифтааст, беш аз пеш саъю талош хоҳанд кард.

Дар робита ба ин, бо ифтихору қаноатмандӣ ёдовар мешавам, ки занону модарони мо ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бештар мерасанд ва ин неъмати бебаҳои бадастовардаи давлату миллатро мисли гавҳараки чашм ҳифз мекунанд.

Мо вазифадорем, ки модарону бонувонро ҳамчун чароғи хонадон ва нигоҳдорандаи гармии ҳар як хонаву кошона дӯст дорем, ба қадри муҳаббату бедорхобӣ ва заҳмату талошҳои онҳо расем, эҳтиромашонро ба ҷо оварем ва кӯшиш намоем, ки модарону бонувон ва хоҳарону духтарони мо ҳамеша саломат, хушбахт ва саодатманд бошанд.

Бори дигар тамоми занону модарони азиз ва бонувону хоҳарони арҷманди кишварро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи модар табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо тандурустиву хушбахтӣ, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

Рӯзи модар муборак бошад, модарону хоҳарони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
-502.365
Баҳои миёна: -502.4 (973 овоз)

Категория:

ГУЗОРИШИ МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА «РӮЗИ МОДАР» ТАҲТИ УНВОНИ «МОДАР –САРЧАШМАИ ҲАЁТ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 7 Март, 2023 - 13:29

Рӯзи 7-уми марти соли 2023 дар толори китобхонаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи модар таҳти унвони «Модар – сарчашмаи ҳаёт» доир гардид. Мизи мудаввар бо роҳбарии бевоситаи раиси Кумита Олимҷон Муҳаммадҷонзода ва кормандони Кумита баргузор гардид.
Дар оғози мизи мудаввар раиси Кумита Олимљон Муҳаммадҷонзода занону бонувони Кумитаро ба Рӯзи модар ва дар симои онҳо тамоми бонувон ва модарони азизро ба ҷашни фархундаашон табрику таҳният гуфт. Аз ҷумла, зикр намуд, ки Зан – Модар сарчашмаи меҳру вафо олиҳаи ҳусн, чароғи зиндагӣ, мазҳари ҳусну зебоии олам, зеботарин фариштаи офаридаи илоҳист. Ҳамчунин, таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба Зан – Модар махсус таъкид намуд ва чунончи дар мавриди Модар фармудаанд: «Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон мебошад».
Ҳамчунин, дар кори мизи мудаввар муовини раиси Кумита Раҳматуллозода Сахидод, сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита Зулфрониён Раҳим, сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита Сафаров Эраҷ суханронӣ намуда, занону модарони Кумита ва дар симои онҳо тамоми модаронро ба Рӯзи модар табрик гуфтанд. Дар фарҷоми кори мизи мудаввар аз тарафи Зулфрониён Раҳим қироати шеър дар васфи Зан –Модар шунида шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Категория:

Суханронӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 23 Феврал, 2023 - 17:58

Муҳтарам генералҳо, афсарон ва сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз аз таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, сӣ сол сипарӣ мегардад.

Ба ин муносибат тамоми хизматчиёни ҳарбӣ ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро, ки тайи се даҳсола ҳимояи истиқлолу озодии кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан, суботу оромӣ ва амнияти давлату ҷомеаро ҳамчун сипари боэътимод таъмин карда, дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми басо арзишманд гузошта истодаанд, самимона табрик менамоям.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф – ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа ба дӯши онҳо гузошта шуданд.

Дар ин лаҳзаҳои идона мо метавонем бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор намоем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраҳои бисёр ҳассоси таърихи давлат ва халқи тоҷик аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ ҷавонмардонаву сарбаландона баромаданд ва ба эътимоду эҳтироми мардуми Тоҷикистон сазовор гардиданд.

Бинобар ин, ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат барои хизмати содиқона ба давлат ва халқи Тоҷикистон сипосу миннатдорӣ баён менамоям.

Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи ташкили Артиши миллиро аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлол дар маркази диққати худ қарор дода буд.

Зарурати ташкили Артиши миллӣ ҳанӯз 9-уми сентябри соли 1991 дар Қарори Шӯрои Олии кишвар «Дар бораи Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид гардида буд.

Вале вазъи ниҳоят ҳассосу душвор, мушкилиҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ имкон надоданд, ки Тоҷикистон Артиши миллии худро таъсис диҳад.

Масъалаи ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷараёни баргузории Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ба миён гузошта шуд ва 18-уми декабри соли 1992 фармони Раёсати Шӯрои Олӣ дар бораи таъсис додани Артиши миллӣ ба имзо расид.

Вақти қабули қарор дар хусуси таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ мо на Вазорати мудофиа доштем, на иншооти инфрасохторӣ, на заминаи зарурии моддиву техникӣ ва на мутахассису кадрҳои касбӣ.

Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявӣ аз нахустин рӯзҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ доир ба ташкили инфрасохтор ва таъсиси қисму воҳидҳои низомӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид.

Дар навбати аввал, 23-юми июни соли 1993 Қӯшунҳои хушкигард, ки асоси Қувваҳои Мусаллаҳро ташкил медиҳанд ва нерӯи сершумортарину пешбарандаи амалиёти ҷангӣ ба ҳисоб мераванд, таъсис дода шуданд ва аз рӯзҳои аввал барои мубориза бар зидди гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъи ҳарбиву сиёсии мамлакат сафарбар гардиданд.

Дар ин раванд, яъне замоне, ки дар кишвар ҳанӯз ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, мо ташкили қисму воҳидҳои ҳарбӣ, муҳайё намудани заминаҳои моддиву техникӣ, омода кардани афсарону сарбозони далеру шуҷоъ, дорои маҳорати баланди касбӣ ва донишу малакаи заруриро вусъат бахшидем.

Дар он давра, саъю талоши Ҳукумати мамлакат, ҳамчунин, ба фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва омода намудани мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос равона карда шуд.

Бо ин мақсад як қатор қонунҳои нав, аз ҷумла «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мудофиа» ва «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» қабул гардиданд ва ҳадафу вазифаҳои сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ дар самти ташкили мудофиа ва ҳимояи кишвар муайян карда шуданд.

Дар марҳалаҳои минбаъда мо дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои зудамал, ҷузъу томҳои таъиноти махсус, муассисаҳои таҳсилоти низомӣ ва қисмҳои ҳарбӣ оид ба таъминоти ҷузъу томҳоро таъсис додем.

Яъне Қувваҳои Мусаллаҳи мо аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ дар муборизаҳои шадид ва набардҳои сангини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ иштирок карда, ташаккул ва обутоб ёфтанд.

Афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ қарзи ватандорӣ ва рисолати ватандӯстонаи худро иҷро карда, дар ҷодаи барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъият дар кишвар саҳми басо арзишманд ва таърихӣ гузоштанд.

Дар робита ба ин, мехоҳам махсус зикр намоям, ки ба шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ – фарзандони бонангу номуси Ватан дар кишвар ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, заминаҳои устувори сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ фароҳам оварда шуданд.

Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар давраҳои минбаъда низ борҳо аз имтиҳони садоқат, маҳорат ва ҷасорату мардонагӣ сарбаландона гузаштанд.

Дар даврони муқовиматҳои мусаллаҳона ва мубориза бар зидди хоинону душманони миллати тоҷик ҳазорон нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ қаҳрамонона ҳалок гардиданд.

Давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.

Маҳз ба ҳамин хотир, ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ба ҷавонони кишвар, инчунин, ба хизматчиёни ҳарбӣ доим таъкид менамоям, ки зираку ҳушёр бошед ва ҳаргиз фаромӯш насозед, ки фазои орому осудаи имрӯзаи мамлакат бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст.

Ҳозирини арҷманд!

Тарбияву ҷобаҷогузории кадрҳои соҳибихтисоси дорои маҳорати баланди касбӣ шарти асосии тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар мебошад.

Дар робита ба ин масъала, мехоҳам як нуктаи муҳимро бори дигар хотирнишон созам, ки ҳангоми таъсис додани Артиши миллӣ мо шумораи зарурии афсарону мутахассисони касбӣ надоштем.

Бинобар ин, яке аз аввалин воҳидҳои ҳарбие, ки дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ таъсис додем, муассисаи таълимии Коллеҷи ҳарбӣ буд, ки имрӯз ҳамчун Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа фаъолият карда истодааст.

Дар зарфи сӣ сол муассисаҳои олии ҳарбии мамлакат ва давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонро 5300 нафар, аз ҷумла академияҳои ҳарбии хориҷи кишварро 650 нафар ҷавонони мо хатм карда, ҳоло аз байни онҳо садҳо нафар хизматчиёни ҳарбии дорои рутбаи олии ҳарбӣ дар вазифаҳои роҳбариву фармондеҳии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолият доранд.

Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар боз 1500 нафар ҷавонони мо таҳсил карда истодаанд.

Дар маҷмӯъ, дар замони соҳибистиқлолӣ барои бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани Артиши миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар дохил ва хориҷи мамлакат беш аз 28 ҳазор мутахассис тайёр карда шуд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз зиёда аз 80 фоизи афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи мо афсарони касбӣ, яъне хатмкардагони донишкадаҳо ва академияҳои ҳарбӣ мебошанд.

Тайи солҳои истиқлоли давлатӣ ҳазорҳо нафар афсарону прапоршикҳо ва сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои шуҷоату ҷасорат ва хизмати содиқона бо мукофотҳои давлатӣ ва садҳо нафар бо рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Ҳифзи марзу буми кишвар аз таҳдиду хатарҳои замони нав, хусусан, дар ҷаҳони пурҳаводиси муосир таъмин намудани амнияти давлату миллат ва суботу оромии ҷомеа танҳо бо доштани Қувваҳои Мусаллаҳи муташаккилу тавоно ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту техникаи пешрафтаи ҳарбӣ ва муҳимтар аз ҳама, хизматчиёни ҳарбии ватандӯсту ватанпараст, далеру ҷасур ва содиқ ба давлат ва халқи Тоҷикистон имконпазир мебошад.

Вазъи бисёр мураккабу ноороми ҳарбиву сиёсӣ, ки имрӯз минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифтааст, инчунин, торафт вусъат пайдо кардани миқёси хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тақозо менамоянд, ки барои пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии кишвар ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои ҳарбӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Вазъи зикршуда, инчунин, аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ маҳорату малакаи муосири касбӣ, ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан, давлат ва миллат, ифтихори ватандорӣ, ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориро талаб мекунад.

Аз ин лиҳоз, роҳбарон ва ҳайати фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳро зарур аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои тарбиявӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҳарбӣ, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, ҳисси миллӣ ва инсондӯстиву рафоқат тарбия кардани ҳайати шахсӣ эътибори боз ҳам бештар диҳанд.

Зеро дар замони пурҳаводиси имрӯза танҳо кадрҳое метавонанд амнияти давлат ва суботи ҷомеаро таъмин намоянд, ки дорои донишҳои муосири ҳарбӣ ва сатҳи баланди касбият буда, технологияҳои навтаринро аз худ кардаанд ва Ватани худро сидқан дӯст медоранд.

Аз ин рӯ, бори дигар таъкид менамоям, ки дар сатҳи талаботи замона ба роҳ мондани омодагии касбӣ ва тарбияи ҳайати шахсӣ вазифаи асосии ҳайати фармондеҳӣ ба ҳисоб меравад ва аз ҳар як роҳбару афсар масъулияти баланд ва донишу малакаи заруриро тақозо менамояд.

Такроран хотирнишон менамоям, ки роҳбарону афсарон бояд ба сарбозон мисли фарзанди худ муносибат намоянд ва нисбат ба онҳо ғамхор бошанд.

Шахсан ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзандони худ дӯст медорам ва ҳамеша кӯшиш мекунам, ки ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ ва дар навбати аввал, барои сарбозон шароити беҳтарини хизмат ва зиндагӣ муҳайё карда шавад.

Вобаста ба ин, мехоҳам масъалаи тарбияи ҳарбиву ватандӯстӣ ва даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро махсус хотиррасон намоям.

Тавре ки аз таҳлилҳо бармеояд, солҳои охир дар баъзе вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт, шаҳрҳои Душанбе ва Исфара маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин (ҳатто дар муддати ду – се рӯз) ҷамъбаст карда мешавад.

Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад.

Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, ҳар як ҷавонмард бояд қарзи худро дар назди Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон иҷро намояд.

Дар баробари ин, таъкид месозам, ки асоси омодабошии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳро риояи ҳатмӣ ва бечунучарои қонун ва ойинномаҳои ҳарбӣ, тартибу интизом ва тарбияи дурусти ҳарбиву ватандӯстӣ дар байни ҳайати шахсӣ ташкил медиҳад.

Илова бар ин, таҳаввулоту ҳодисаҳои солҳои охири ҷаҳон моро ҳушдор медиҳанд, ки ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ва таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат минбаъд низ тадбирҳои зарурӣ андешем.

Ин амри заруриро ҳимояи истиқлолу озодӣ ва дахлнопазирии ҳудуди кишвар, таъмини амнияти давлат ва халқи тоҷик талаб менамояд.

Бо дарназардошти ин зарурат, дар Паёми навбатии Роҳбари давлат махсус таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомӣ Консепсияи мудофиаи миллиро таҳия ва пешниҳод намоянд.

Ҳуҷҷати мазкур самтҳои асосии сиёсати мудофиавии мамлакатро муайян карда, дар баробари дигар чорабиниҳо, инчунин, тақвияти иқтидору имкониятҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии онҳоро ҷиҳати мутобиқ намудан ба хусусияти таҳдиду хатарҳо ва вазъияти зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир дар бар мегирад.

Ҳозирини гиромӣ!

Чунонки зикр гардид, Артиши миллии сӣ сол қабл амалан дар ҷойи холӣ таъсисдодаи мо имрӯз ба як сохтори муназзам ва неруманду боэътимод табдил ёфтааст.

Тайи се даҳсолаи гузашта аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 10 қисми ҳарбӣ бо тамоми инфрасохтори зарурӣ, 24 комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ва зиёда аз 100 иншооти хизматрасонии нав сохта, ба истифода супорида шуд.

Дар ин давра, умуман, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат ва зиндагӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат беш аз 2600 иншооту биноҳои нав бунёд карда, ба истифода супорида шуданд.

Ҳукумати мамлакат дастгирии молиявию иҷтимоии хизматчиёни ҳарбиро дар оянда низ идома дода, ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити хизмат ва зиндагии ҳайати шахсӣ, баланд бардоштани сатҳи таъминоти иҷтимоӣ, пурзӯр намудани иқтидори мудофиавӣ, азнавсозии иқтидори техникӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Бовар дорам, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат минбаъд низ рисолати муқаддас ва қарзи ҷавонмардии худ – ҳифзи амнияти давлату ҷомеа, зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистонро бо интизоми намунавӣ, донишу малакаи муосир, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, иродаи мустаҳкам, садоқат ба Ватан, давлат, халқи мамлакат ва касби бошарафи хеш сарбаландона иҷро менамояд.

Ман ба далериву шуҷоат, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва бо онҳо ифтихор мекунам.

Бо эътимоди комил иброз медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии хеш минбаъд низ содиқ мемонанд, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷавонмардона иҷро мекунанд ва ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, амният ва суботу оромии ҷомеаро бо ҳушёриву зиракӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ таъмин мекунанд.

Бори дигар тамоми ҳайати шахсии Артиши миллӣ, дигар сохторҳои низомии мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори сиюмин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломативу сарбаландӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани маҳбубамон рӯҳи шикастнопазир ва иродаи қавӣ орзу менамоям.

Ҷашн муборак бошад, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӣ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНҲОИ МОДАРӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ЗАБОН МОДАРӢ САРЧАШМАИ ХУДШИНОСӢ ВА МАЪНАВИЁТИ МИЛЛӢ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 20 Феврал, 2023 - 11:55

Равандҳои муосири забоншиносӣ ва ҷойгоҳи забонҳои миллӣ
Бояд зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, ҳамасола 5 октябр ба ифтихори қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ - Рӯзи забон таҷлил карда мешавад.
Ҳадафи асосии ин ҷашн низ мусоидат намудан ба рушду нумӯи забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Ҳамасола 21 феврал мувофиқи қарори Сессияи 30-уми Конференсияи Генералии ЮНЕСКО (аз 17 ноябри соли 1999) Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар тамоми дунё ҷашн гирифта мешавад.
Мақсаду мароми ин ҷашн, пеш аз ҳама:
- таваҷҷуҳи оламиёнро ба гуногунрангии забонҳо ва рушду инкишофи онҳо ҷалб намудан;
- дар заминаи таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмию муколама ба наздикшавию ҳамкории мутакобилаи миллатҳои гуногун мусоидат кардан;
- ва ҳамзамон, тарғибу ташвики гуногунрангии байнифарҳангӣ ва байнизабониро ба роҳ мондан;
- ба падидаҳои дузабонӣ (билингвизм) ва бисёрзабонӣ (полилингвизм) эҳтиром гузоштан;
- ба рушду нумӯи забонҳои ақаллиятҳои миллӣ мусоидат намудан;
- таҳқиқу омӯзиш ва ҳифзу интишори забонҳои хурду реза (ақаллиятҳои забонӣ)-ро ҳамаҷониба дастгирӣ намудан ва ғ. ба шумор меравад.
     Дар идораю муассисаҳои кишвар низ ҳар сол дар ин рӯзи муборак бо иштироки намояндагони гуногуни ақаллиятҳои миллӣ ва ақаллиятҳои забонӣ  дар арафаи ин ҷашн мулоқотҳои сатҳи гуногун  доир мегардад.
Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоишҳо тақвияти робитаҳо дар ҳифз, густариш ва гиромидошти забони модарӣ мебошад.
Албатта, барои ҳар як фард донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш буда, инсонро ба рисолати азалӣ мепайвандад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва бузургиву неруи воқеии он таъкид менамоянд, ки: “Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.”
     Забони модарӣ инъикоскунандаи фарҳангу маърифати ҳар як миллат маҳсуб гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари забони давлатӣ барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқиятҳои сокини кишвар низ тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидаанд.
     Ҳифзи гуногунзабонӣ ва ҳимояву рушди тамоми забонҳои дунё гуногунрангии фарҳангу тамаддуни мардумони оламро дар сайёра тақозо мекунад, зеро ин ҳама ғановати тамаддуни оламиён аст.
Эҳтиром ба забони модарии худ, фарҳанг ва тамаддуни хеш эҳтиром ба тамаддуни дигар инсонҳоро нишон дода, решаи дӯстии инсонҳоро ба вуҷуд меоварад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ забони модарии мо мақоми давлатӣ касб намуда, барои фароҳам омадани таъмину таҳияи як қатор заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намуд.
Имрӯз ин забон забони расмии нишастҳо ва коргузории вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо мебошад.
     Ҳамзамон, ҳифзу густариши забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва яғонобӣ низ аз ҷониби давлат ва ҳукумати кишвар аз мадди назар дур намондааст.
Таҳлилиҳо нишон медиҳанд, ки имрӯзҳо дар мамлакат 11 забон дар маърази хатар қарор дорад ва масъала моро водор месозад, ки барои ҳимоя ва густариши ин забонҳо иқдомҳои заруриро саривақт амалӣ  намоем.
Ҳарчанд ки дар баъзе ҷанбаҳои ин масъала як қатор корҳои судманд анҷом дода шуда бошад, ҳам вале он ҳанӯз ҳам,  ба андешаи мо, қаноатбахш нестанд.
Моро зарур аст, ки аз ҳисоби намояндагони ин забонҳо мутахассисони заруриро омода карда, барои ҳифзи ин ганҷинаи бебаҳои миллат тадбирҳои саривақтиро бештар анҷом диҳем.
Қобили зикр аст, ки имрӯз дар кишвари азизи мо дар баробари тоҷикон намояндагони дигар кишварҳо аз ҷумла, русҳо, ӯзбекон, қирғизон, қазоқон, туркманҳо, бошқирдҳо ва ғайраҳо зиндагӣ мекунанд. Мутобиқи маълумоти Ҷамъияти "Дӯстии халқҳо" то ба имрӯз 16 ташкилоту муассиса ва ҷамъияту марказҳои ақаллиятҳои миллии сокини Тоҷикистон амал мекунад.
Албатта аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ақаллиятҳои сокини кишвар заминаҳои муҳимми ҳуқуқӣ шароит фароҳам оварда шудааст.
     Дар бахши такмили барномаҳои таълимии забони давлатӣ барои ақаллиятҳои миллӣ, таъсиси марказҳои омӯзиши забони давлатӣ дар маҳалҳои зисти ақаллиятҳои миллии сокини ҷумҳурӣ, ҳамчунин, омода кардани муаллимони фанни забони давлатӣ барои мактабҳои ғайритоҷикӣ аз ҳисоби намояндагони ин забонҳо то ба имрӯз аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои судманди зиёде амалӣ шуда истодааст.
Мавриди зикр аст, ки ҳукумати кишвар дар баробари забони давлатӣ барои таълиму омӯзиши забонҳои ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаааст ва ҳамзамон, бобати ҳифзи асолати забон ва фарҳанги онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
     Имрӯз дар ҷумҳурӣ ба забони ақаллиятҳои миллӣ барномаҳои радио ва телевизион фаъол буда, ба бештари ин забонҳо рӯзномаву маҷаллаҳо нашр мешаванд, яъне мо ба ҳамаи забонҳо ва фарҳангҳои кишварамон арҷ мегузорем.
Дар кишвар барои қавму миллатҳои дигари Тоҷикистон имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд, то ки ба забони модариашон таҳсил кунанд, расму оин ва анъанаҳои миллии худро давом диҳанд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мо – Эмомалӣ Раҳмон мо соҳибзабононро пайваста баҳри посдории асолати забону фарҳангамон даъват намуда. дар суханрониҳои худ хирадмандона зикр намудаанд: «Дӯст доштан ва қадр кардани забони модарӣ ҳаргиз маънои бо он маҳдуд шудан ва аз омӯхтани забонҳои хориҷӣ даст кашидани шаҳрвандони моро надорад».
Мувофиқи маълумоти коршиносон дар ҷаҳон ҳоло наздики ҳафт ҳазор забон мавҷуд аст, ки 90 дар сади онҳо эҳтимолияти дар ояндаи наздик аз байн рафтанро доранд.
Коршиносон бар он ақидаанд, ки ҳамасола ба таври ноайён аз харитаи забонҳои ҷаҳон 10 – 12 забон аз байн меравад, яъне забонҳои бузург забонҳои хурдро ба коми худ фурӯ мебаранд.
«Агар ба назар гирем, ки забонҳо нафақат арзи ҳастӣ мекунанд, балки аз байн ҳам мераванд, - мегӯяд Котиби генералии созмони байналмилалии фархангии ЮНЕСКО – пас мо вазифадорем, ки барои муҳофизат ва нигоҳдории ин ҳама сарвати бебаҳои фарҳангӣ ҳар кореро, ки аз дастамон меояд ба иҷро расонем».
     Феълан, дар мамлакат аҳолии манотиқи гуногунро ном бурдан мумкин аст, ки ин вазъи дузабонӣ билингвизм ва  полилингвизм – мултилингвизм - биёрзабониро ҳифз намудаанд.
Ба вижа дар навоҳии минтақахои мазкур мардум аксарият тоҷикзабон мебошанд ва дар баробари забони модарӣ забонхои қирғизӣ, туркманӣ, узбекӣ ва русиро низ медонанд ва бидуни мушкилӣ бо ҳам суҳбат мекунанд.
Дар кишвар дар баробари забони миллӣ, ки мақоми давлатиро соҳиб аст, омӯхтани забони русӣ чун забони муоширати байни миллатхо то андозае густариш ёфт ва ин василае гашт бобати огоҳӣ пайдо намудан аз ҳаводиси ҷаҳон, адабиёти илмию бадеии ҷаҳонӣ ва ин ба шаҳрвандон бобати воридшавӣ ба фазои иттиллоотии чахонӣ шароити хубе омода месозад.
Дар баробари забони русӣ забонхои англисӣ, олмонӣ, арабӣ, чинӣ ва ғ. доираи истифода ва густариши васее пайдо намуда истодаанд.
     Қобили қайд аст, ки имрӯзҳо масъалаи забон ба ҳайси яке аз рукнҳои муҳими сиёсати дохилии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Давлат безабон вуҷуд дошта наметавонад ва забон шиносномаи давлат, яке аз муқаддасоти асосии он ба шумор меравад. Таваҷҷуҳи давлат нисбат ба забон беш аз ҳарвақта афзун мешавад, зеро забон нишонаи муҳимтарини Истиқлолият, Ваҳдат ва соҳибфарҳангиву соҳибдавлатист.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (6 овоз)

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӣ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНҲОИ МОДАРӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ЗАБОН МОДАРӢ САРЧАШМАИ ХУДШИНОСӢ ВА МАЪНАВИЁТИ МИЛЛӢ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 13 Феврал, 2023 - 08:00

ЗАБОНИ МОДАРӢ ХИШТИ НАХУСТИНИ ПОЙДЕВОРИ МИЛЛАТ ВА ЯКЕ АЗ РУКНҲОИ АСОСИИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ МЕБОШАД.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли эҳтиром Шуморо барои иштирок дар конференсияи илмию амалӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии забонҳои модарӣ таҳти унвони «Забон модарӣ сарчашмаи худшиносӣ ва маънавиёти миллӣ», ки дар толори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» 16-уми феврали 2023, соати 10:00 баргузор мегардад, даъват менамояд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 3.7 (3 овоз)

Фишурдаи нишасти матбуотӣ дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 9 Феврал, 2023 - 12:33

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ», «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ба роҳ мондааст.
Мутобиқи Низомномаи Кумита яке аз самтҳои асосии фаъолият санҷиш ва омӯзиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад. Дар ин замина, Кумита тибқи Нақшаи санҷишӣ ҷиҳати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” доир ба назорати муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар фаъолияти вазорату идораҳо, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият барои соли 2022, ки бо Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ тасдиқ шудааст, фаъолияти 12 субъекти хоҷагидорро мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷаи он ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ошкоршуда санад тартиб ва ба мақомоти дахлдор ирсол намуд.
Ҳамзамон, бо мақсади назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ», «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ва тибқи Нақшаи кории Кумита барои соли 2022 гурӯҳҳои кории Кумита фаъолияти шуъбаи маориф, бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Леваканту Кӯлоб, КВ “Пойгоҳи вагонҳои боркаши шаҳри Левакант ва ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб», шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Мурғоб, Ванҷ ва Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Панҷ ва Фархори вилояти Хатлон, ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод ва Раштро мавриди назорат ва таҳлил қарор доданд.
Ҳангоми санҷиш гурӯҳҳои корӣ бо масъулони муассисаҳои мазкур корҳои таблиғотию ташвиқотӣ гузаронида, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва риояи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ»-ро шарҳу эзоҳ дод.
Ҳамчунин, мутахассисони Кумита дар ин давра дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, Прокуратураи ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рафти амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030»-ро дар фаъолияти як қатор Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳои ҳудуди ноҳияҳои мазкур, ки дар умум 43 ададро ташкил медиҳад, санҷида, санади ислоҳи камбудиҳо таҳия карда, барои чораҷӯйӣ ба Прокуратураи ноҳияҳои Ёвон, Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонӣ пешниҳод намуд.
Бояд зикр намуд, ки дар соли 2022 аз ҷониби мақомоти судӣ барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи моддаи 89-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 78 адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шуда, ба андозаи 68 023 сомонӣ ҷарима таъин гардид ва аз ин маблағ 62 254 сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст.
Кумита соли 2022 дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» забони матни ангораҳо ва навиштаҷоту овезаҳои рекламавии ташкилоту муассисаҳои рекламаистеҳсолкунанда ва соҳибкорони инфиродиро ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мутобиқ намуд, ки дар маҷмуъ 394 мавод мебошад.
Дар соли 2022 Кумита ба 148 адад санади меъёрии ҳуқуқӣ ва 16 маводи судӣ хулосаи экспертизаи забоншиносӣ ва танзими ҳамгунсозии истилоҳот пешниҳод намуд.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» дар назди Кумита Комиссияи номгузорӣ барои номҳои тозаэҷод амал мекунад. Кумита дар соли 2022 ба 1334 муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзанд хулоса дод, ки аз ин ба 785 нафар хулосаи рад, ба 467 муроҷиаткунанда хулосаи тавсиявӣ, ба 74 муроҷиаткунандаи ақаллияти миллӣ ва 8 муроҷиаткунанда барои ивази ному насаб хулоса пешниҳод намуд.
Дар соли 2022 Кумита аз лиҳози экспертизаи забоншиносӣ ва танзими истилоҳот дар робита ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба 28 номгузории муассисаи таълимию марказҳои омӯзишӣ, ҶДММ ва дигар ташкилоту муассисаҳо хулоса пешниҳод намуд.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2022 аз ҷониби коршиносони шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита 36 596 истилоҳ (7 фарҳангнома ва 5 китоби таълимӣ) баррасӣ ва мувофиқа гардидааст.
Дар соли 2022 Кумита ба 25 номи маҳалли аҳолинишин ва объектҳои ҷуғрофии ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва 4849 номи объектҳои ҷуғрофӣ, инчунин, ба 826 номи ивазшавандаи ҳудуди вилояти Хатлон тавзеҳнома навишта, ба мақомоти дахлдор барои корбарӣ ва таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.
Кумита бо мақсади иҷрои банди 46-и «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ва Нақшаи кории Кумита барои соли 2022 рӯзи 18-уми феврали соли 2022 бахшида ба «Рӯзи байналмилалии забони модарӣ» дар ҳамкорӣ бо Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Сиёсати давлатии забон ва рушди забони модарӣ», 23-юми июни соли 2022 бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзуи «Забон ҳамчун омили ваҳдати миллӣ», 4-уми октябри соли 2022 бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Забон ва Истиқлол», 14-уми ноябри соли 2022 бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «30 соли Иҷлосияи таърихӣ ва сиёсати забони давлатӣ» конференсияҳои илмию амалиро бо иштироки муҳаққиқону донишмандон, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажуҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор намуд.
Инчунин, мутахассисони Кумита бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 47-и “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак ва ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Носири Хусрав, Ёвон ва Данғараи вилояти Хатлон семинарҳои сайёри методию машваратӣ баргузор намуданд.
Дар соли 2022 мутахассисони Кумита дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, мудофиа, энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо, корҳои дохилӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои давлатии амнияти миллӣ, идораи замин ва геодезӣ, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила, меъморӣ ва сохтмон, кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, рушди сайёҳӣ, агентиҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, захираҳои моддӣ, назорати маориф ва илм, хизмати давлатӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Хадамоти нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷҳо, муассисаҳои таълимӣ (дар умум, 91 муассиса) оид ба шарҳу тавзеҳи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» семинарҳои сайёр ва машғулияти идоравӣ гузарониданд.
Яке аз самтҳои фаъолияти муассири Кумита ташвиқу тарғиби сиёсати давлатии забон ба шумор меравад ва соли 2022 роҳбарият ва кормандони Кумита дар 140 барномаи таҳлилии телевизионӣ ва радиоӣ иштирок ва суханронӣ намуда, зиёда аз 60 мақолаи илмию оммавӣ дар ин робита ба нашр расониданд.
Бояд зикр намуд, ки дар Кумита маҷаллаи илмӣ-оммавии «Забон ва Истилоҳот» нашр мегардад, ки дар он мақолаҳои илмию оммавӣ доир ба сиёсати давлатии забон, назарияи забон ва истилоҳшиносӣ ҷамъоварӣ шудаанд.
Ҳамзамон, дар соли 2022 ҷавобан ба мақолаи раиси Раёсати ташкилоти ҷамъиятии «Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» – Мурод Ёров таҳти унвони «Мо арзишҳои миллиамонро бояд ҳифз намоем!» вокуниши кормандони Кумита дар маҷаллаи «Мероси ниёгон» (№24 -2022) ба нашр расид.
Қайд менамоем, ки дар Кумита почтаи электронӣ: info@kumitaizabon.tj фаъол мебошад, ки дар умум 52 миллиону 816 ҳазор ва соли ҷорӣ 8 миллиону 460 ҳазор аз он истифода намудааст.
Дар соли 2022 ба Кумита 3057 муроҷиати шаҳрвандон, аз ҷумла, муроҷиати хаттӣ 736 адад, электронӣ 690 адад, ҳуқуқӣ 14 адад, тариқи низоми гузаргоҳӣ 289 адад, шифоҳӣ 1328 адад ворид гардидааст, ки масъулон ба онҳо дар муҳлати муқарраршуда ҷавобҳои мушаххас доданд.
Кумита дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ тамоми неруи худро баҳри назорат ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» равона намуда, бо дарки амиқи сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои миллат оид ба рушди забони давлатӣ чораҳои муассир меандешад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (8 овоз)

ДАЪВАТНОМА

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 7 Феврал, 2023 - 08:00

     Муҳтарам намояндагони ВАО ва ҳамкасбони гиромӣ!
     Аз ҳамкориҳои судманди Шумо ҷиҳати дастгирӣ ва тарғиби самти забони давлатӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ намуда, ҳамзамон, иттилоъ медиҳем, ки тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2022 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми марти соли 2005, №АП-1677 дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» (ш. Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25) нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 9-уми феврали соли 2023, соати 09:00 баргузор мегардад.
     Вобаста ба ин, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати инъикоси нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамудед.

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 3.7 (3 овоз)

Мизи мудаввар дар мавзуи «Паём – раҳнамои имрӯзу фардои миллат»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 6 Феврал, 2023 - 15:15

6-уми феврали соли 2023, соати 10:00 тибқи Нақшаи чорабиниҳои дохилӣ оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 23-юми декабри соли 2022 баён гардид, дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Паём – раҳнамои имрӯзу фардои миллат» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита, муовини раис, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва кормандони Кумита фаъолона иштирок намуданд.
Дар оғоз раиси Кумита тамоми иштирокдоронро ба мизи мудаввар хайрамақдам гуфта, оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ақида намуд.
Баъдан дар идомаи мизи мудаввар Сафаров Эраҷ – сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита маърузаи худро қироат намуд.
Дар охир суҳбати озод сурат гирифта, кормандони Кумита ҷиҳати амалӣ намудани бандҳои нақшаи мазкур фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намуданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 29 Январ, 2023 - 08:00

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори фарорасии ҷашни бостонии Сада самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар саломативу хушбахтӣ ва барори кор орзу менамоям.

Сада, ки аз давраҳои бостонӣ ҷашни зимистонии аҷдоди мо шуморида мешуд, дар қатори Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мақому манзалати шоиста дорад.

Бо вуҷуди ҳикмату фалсафаи қадимаву амиқи худ, Сада бар асари омилҳои гуногун тайи асрҳои зиёд камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, танҳо ба шарофати истиқлоли давлатӣ эҳё ва мақоми ҷашни миллии расмиро соҳиб гардид.

Имрӯз ҷашни Сада чун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллии мо табдил ёфтааст.

Рамзу маъниҳои Сада хеле зиёданд, аммо моҳияти асосии ҷашни Сада аз пирӯзии гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ иборат мебошад.

Зеро нур ва гармӣ сабаби идома пайдо кардани рӯзгор, ҳастии мавҷудот ва ҳифзи зиндагист.

Воқеан оташ дар тасаввуроти асотирии мардумони ориёӣ порае аз фурӯғу гармии хуршед дар рӯйи замин ба ҳисоб меравад.

Дар асоси сарчашмаҳои асотирӣ ва адабӣ шоҳ Ҳушанги пешдодӣ на танҳо рози оташафрӯзиро дарёфтааст, балки ҷашни гиромидошти онро бо номи Сада бунёд ниҳодааст.

Басо рамзист, ки оташ расо панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб қабл аз эътидоли баҳорӣ ва фарорасии соли нав кашф шуда, номи он низ бо ҷашни Наврӯз иртибот мегирад.

Дар ин бора яке аз адибони маъруфи асри XI Манучеҳрӣ мегӯяд:

В-инак биёмадаст ба панҷоҳ рӯз пеш
Ҷашни Сада – талояи Наврӯзи навбаҳор.

Тибқи асотиру ривоят кашфи оташ ва вобаста ба он истеҳсоли оҳан ва таъсиси ҷашни Сада боиси ба вуҷуд омадани бисёр касбу ҳунарҳои мардумӣ ва асбобу олоти корӣ гардидааст, ки то имрӯз идома ёфта, дар фаъолияти ҳаррӯзаи кишоварзон истифода мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ҷашни Сада асоси қавии табиӣ ва иҷтимоӣ дорад. Дар шабу рӯзи ҷашни Сада, ки ба охири моҳи январ рост меояд, дар табиат гардиш ба сӯйи фасли баҳор рӯй медиҳад ва сардиҳои шадид паси сар мешаванд. Яъне Сада аз сипарӣ шудани сармо, поёни чиллаи зимистон ва наздик шудани Наврӯз мужда мерасонад. Бинобар ин, Сада аҳли заҳматро водор месозад, ки аз фароғати зимистона берун омада, омодагиро ба мавсими нави кишоварзӣ ва боғдорӣ оғоз намоянд.

Деҳқонон дар минтақаҳои нисбатан гарм ба тоза кардани ҷӯйбору каналҳо ва боғдорон ба ниҳолшинониву ба тартиб даровардани дарахтон шурӯъ мекунанд, асбобу олоти деҳқонӣ ва техникаи кишоварзиро ба мавсими киштукор омода месозанд.

Аз даврони пешин то имрӯз ниёгони мо дар рӯзи ҷашни Сада намоиш ва фурӯши ниҳолҳо ва гулу буттаҳои ороишӣ, инчунин, бозори афзору олоти корӣ ва тухмиҳоро ташкил мекарданд.

Мо бояд расму ривоҷи гузаштагони худро идома бахшем, такмил диҳем ва бо дарназардошти вазъияту талаботи замони муосир васеъ истифода намоем.

Зеро чунонки ҳамватанони азизамон мушоҳида мекунанд, бинобар сабабу омилҳои гуногун таъминоти аҳолии сайёра бо маводи ғизоӣ сол ба сол мураккабу мушкил гардида, дар баробари афзоиши талабот раванди болоравии мунтазами нархҳо, пеш аз ҳама, нархи озуқаворӣ идома ва ҳатто шиддат гирифта истодааст.

Дар чунин шароит мо бояд ба мавсими киштукори баҳорӣ ҳамаҷониба омодагӣ бинем, бештар заҳмат кашем, истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем ва кӯшиш намоем, ки мардумамон аз болоравии нархҳо ва камчинии маҳсулот азияту танқисӣ накашанд.

Соли гузашта кишоварзони мамлакат софдилона заҳмат кашида, ҳосили хуб ба даст оварданд, ки фаровонии имрӯзаи бозори истеъмолии дохилӣ самараи заҳмати онҳост.

Ҳарчанд ки ҳоло маҳсулот фаровону нархҳо муътадиланд, ҳамватанони азизи мо бояд сарфаю сариштакор бошанд ва талаботи қонуни танзимро ба таври ҳатмӣ риоя намоянд.

Ҳамчунин, зарур аст, ки ҳар як оила ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ зоҳир намояд.

Мо вазифадорем, ки барои илму дониш омӯхтан ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намудани наврасону ҷавонон шароит муҳайё намоем.

Дар ин ҷода зарур аст, ки арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати бостонии тоҷик, унсурҳои созандаву ободгарона, ғояҳои муттаҳидкунанда, ватандӯстона ва инсонпарваронаи ойину ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Садаро васеъ истифода барем.

Бори дигар мардуми сарбаланду заҳматкаши кишварамон, махсусан, кишоварзони мамлакатро ба ифтихори ҷашни бостонии Сада самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони мамлакат тандурустӣ, бахту саодат ва файзу баракати рӯзгор орзу менамоям.

Ҷашни Сада муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Манбаъ: http://president.tj/node/30016

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 4.4 (7 овоз)

Категория:

ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Январ, 2023 - 11:55

Рӯзи 5-уми январи соли 2023, соати 10:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумита бо иштироки Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Пайшанбезода Муҳиддин, аъзои Ҳайати мушовараи Кумита, муовини раиси Кумита, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва кормандони Кумита доир гардид, ки дар он ҳисоботи ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 шунида шуд.
Дар ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумита баъд аз шунидани гузориш роҷеъ ба фаъолияти Кумита дар соли 2022 Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Пайшанбезода Муҳиддин, аъзои Ҳайати мушовараи Кумита М. Абдураҳмонова, С. Раҳматуллозода ва Ш. Мансурӣ суханронӣ намуда, фаъолияти Кумитаро дар соли 2022 қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 4.9 (8 овоз)

Категория:

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2023

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 31 Декабр, 2022 - 08:00

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2023 самимона табрик мегӯям.

Ба хонадони ҳар яки шумо бахту иқболи нек, рӯзгори осуда ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Соли 2022 барои Тоҷикистони мо боз як соли хотирмону таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Бо вуҷуди таъсири манфии буҳрони иқтисодиву молиявӣ ва дар шароити бисёр мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир дар соле, ки сипарӣ гардида истодааст, рушди устувори иқтисоди миллӣ ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат ба андозаи 8 фоиз таъмин гардид, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин мебошад.

Дар ин давра дар доираи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар зиёда аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 43 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Инчунин, бори аввал дар таърихи Тоҷикистон истеҳсоли неруи барқ беш аз 21 миллиард киловат – соатро ташкил дод.

Бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолӣ кишоварзони мамлакат аз имкониятҳои мавҷуда, бахусус, обу замин самаранок истифода карда, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзоиш доданд ва ҳаҷми онро ба зиёда аз 48 миллиард сомонӣ расониданд.

Ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани вазъи роҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар доираи 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ корҳои таҷдиду сохтмони инфрасохтори нақлиётӣ бомаром идома ёфтанд.

Ҳукумати мамлакат дар давоми соли 2022 тамоми саъю талоши худро барои фароҳам овардани шароити зиндагии шоистаи сокинони кишвар равона сохта, бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ – илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, ҷавонону занон ва дастгирии табақаҳои ниёзманду осебпазири ҷомеа як силсила тадбирҳоро амалӣ намуд.

Бунёд кардану ба истифода супоридани садҳо иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш ба ҳалли бисёр масъалаву мушкилоти аҳолии мамлакат мусоидат намуданд.

Мехоҳам бо қаноатмандиву ифтихор иброз намоям, ки бо заҳмати софдилонаи мардуми шарифи Тоҷикистон, соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша дар соле, ки сипарӣ шуда истодааст, 3100 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд карда шуданд, ки боиси боз ҳам ободу зебо гардидани шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти мамлакат, инчунин, бо ҷойи корӣ таъмин шудани 190 ҳазор ҳамватанонамон ва болоравии сатҳу сифати зиндагии онҳо гардиданд.

Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки соли 2022 дар ҷодаи тақвияти пояҳои истиқлоли давлатӣ, муаррифии шоистаи кишвар ва таҳкими нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ соли махсусан назаррас буд.

Дар ин давра аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон дастгирӣ ёфтани иқдому ташаббусҳои Тоҷикистон на танҳо барои мо, балки барои ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аҳаммияти хос пайдо карданд.

Илова ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ, дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси навбатии мо оид ба «Соли байналмилалии пиряхҳо» эълон намудани соли 2025 якдилона дастгирӣ ёфт.

Дар асоси қатъномаи қабулгардида, инчунин, пешниҳодҳои Тоҷикистон доир ба эълон намудани 21-уми март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», дар назди Созмони Милали Муттаҳид таъсис додани Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ва вобаста ба ин мавзӯъ дар соли 2025 дар шаҳри Душанбе гузаронидани конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд.

Ин рӯйдоди муҳимму таърихӣ, бешубҳа, гувоҳи эътирофи нақши арзишманд ва мақоми шоистаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар байни кишварҳои ҷаҳон мебошад.

Ҳамватанони азиз!

Соли сипаришудаистода мо – мардуми Тоҷикистон 30 – солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олиро, ки наҷотбахши истиқлоли давлатӣ мебошад, ботантана таҷлил намудем.

Аҳаммият ва нақши таърихии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ дар суханронии Роҳбари давлат муфассал баён гардид.

Ҳоло бори дигар таъкид менамоям, ки ин рӯйдоди бузурги таърихӣ нуқтаи оғози барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва ноил гардидан ба дастовардҳои имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад.

Воқеан, тамоми дастовардҳое, ки то имрӯз давлат ва мардуми тоҷик ба онҳо муяссар гардидаанд, самараи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ мебошанд.

Дар ин лаҳзаҳои идона, мехоҳам бо ифтихору самимият изҳор намоям, ки расидан ба чунин рӯзҳои орому осуда натиҷаи азму талошҳои содиқонаи мардуми тоҷик ва пуштибонии онҳо аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад.

Итминони комил дорам, ки мардуми ватандӯсти мо дар соли нави 2023 иқдомоти созандаву ободгаронаи худро барои пешрафти давлат, ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳар як хонадони мамлакат боз ҳам тақвияту густариш мебахшанд.

Ҷаҳони ноорому буҳронии имрӯза ҳар фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпараст, ҳимматбаланду саховатпеша ва кулли мардуми кишварро водор месозад, ки тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушду тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ва ободии Ватани маҳбубамон сафарбар созанд.

Бовар дорам, ки ҳамаи мо дар ҳамбастагӣ минбаъд низ дар ҷодаи таъмин намудани зиндагии босаодати халқамон ва дастовардҳои нав қадамҳои устувор мегузорем.

Бори дигар хурду бузурги мардуми сарбаланду қавииродаи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии Соли нави мелодии 2023 самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тандурустиву хушбахтӣ, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон пешрафту ободии боз ҳам бештар орзу менамоям.

Соли нави мелодии 2023 муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Категория:

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 23 Декабр, 2022 - 12:30

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!

Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд.

Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.

Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад.

Аз ҷумла, дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид.

Бахусус, соли 2022 таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ вусъат гирифта, занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот канда шуданд, истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфт ва нархҳо, махсусан, нархи маводи ғизоӣ ба таври бесобиқа боло рафтанд.

Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.

Аз ҷумла соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд.

Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид.

Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт.

Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд.

Дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат намуд.

Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 то 14,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардид.

Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард.

Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳамзамон бо ин, ба маълумоти вакилони муҳтарам ва ҳамватанони азиз расонида мешавад, ки дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд.

Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд.

Бо вуҷуди ин, корҳои то имрӯз дар ин самт амалигардида ҳоло ҳам басанда нестанд.

Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Соли 1991 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод.

Инчунин, агар то соли 1991, яъне дар 70 соли замони гузашта дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошад, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар 25 соли охир 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳо ба 79 ҳазор расидааст.

Ҳамчунин, дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2022-юм 4,3 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Дар баробари ин, то охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад ва ба ин мақсад 285 миллион сомонӣ равона мегардад.

Тавре ки борҳо зикр намудам, ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад.

Дар робита ба ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии кишварро нигоҳ дошта, соли 2023 суръати рушди иқтисодиро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намояд.

Дар ин замина, соли 2023 даромади умумии пулии аҳолӣ 15 фоиз афзоиш ёфта, ба 100 миллиард сомонӣ баробар мегардад.

Бо ин мақсад, такроран таъкид менамоям, ки бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шавад.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади татбиқи ҳадафу афзалиятҳои рушд бояд раванди банақшагирии стратегиро дар ҳамаи сатҳҳои идоракунии давлатӣ пурра ҷорӣ карда, барои иҷрои нишондиҳандаҳои дар ҳуҷҷатҳои барномавӣ пешбинишуда тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.

Барои нигоҳ доштани рушди босуботи иқтисодӣ, таъмин намудани устувории молияи давлат, афзоиши даромад ва баланд бардоштани самаранокии буҷет заминаи зарурии қонунгузорӣ фароҳам оварда шуда, корҳо дар самти мукаммал гардонидани низоми миллии молия ва андоз идома доранд.

Дар натиҷаи тадбирҳои амалишуда ҳаҷми буҷети давлатӣ ҳамасола афзоиш ёфта, дар соли 2022 қисми даромади он ба 33 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2018-ум 38 фоиз зиёд мебошад.

Вазорати молияро зарур аст, ки тибқи принсипҳои банақшагирии стратегӣ ва низоми байналмилалии баҳисобгирии молиявӣ минбаъд низ доир ба масъалаҳои интизоми молиявӣ, тақсимоти самараноки захираҳо, шаффофияту тобеият ва таҳияи босифати буҷети давлатӣ, инчунин, рақамикунонии соҳа чораҳои амалӣ андешад.

Кумитаи андоз вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо мақомоти марбута ҷиҳати беҳтар гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, мукаммалсозии маъмурикунонии андоз ва дар ин замина бартараф намудани таъсири омили инсонӣ ба раванди андозсупорӣ, инчунин, истифодаи ҳатмии дастгоҳи назоративу хазинавии дар реҷаи вақти воқеӣ амалкунанда ва низоми хазинаҳои маҷозӣ ҳангоми анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ тадбирҳои иловагиро амалӣ гардонад.

Дар самти сиёсати пулию қарзӣ нигоҳ доштани устувории қурби пули миллӣ, баланд бардоштани қобилияти пардохти низоми бонкӣ, дар сатҳи пешбинишуда нигоҳ доштани таваррум, инчунин, таъмин намудани фаъолияти самараноки низоми пардохтҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим боқӣ мемонанд.

Дар соли 2022 қурби пули миллӣ муътадил нигоҳ дошта шуда, сатҳи таваррум 4,2 фоизро ташкил намуд.

Вале хавфҳои эҳтимолӣ водор месозанд, ки дар ин ҷода тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

Дар охири соли 2022 бақияи умумии пасандозҳои аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар бонкҳои кишвар 13 миллиард сомониро ташкил дод.

Ҳарчанд ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли 2021-ум қариб 28 фоиз зиёд мебошад, вале ҳанӯз ба талабот дар самти рушди фаъолияти низоми бонкӣ ҷавобгӯ нест.

Ҳаҷми қарзҳои дар соли 2022 аз ҷониби низоми бонкии кишвар ба аҳолӣ ва соҳибкорон додашуда 14,1 миллиард сомониро ташкил кард, ки дар муқоиса бо соли 2018-ум 85 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамчунин, дар панҷ соли охир шумораи қарзгирандагон аз 564 ҳазори соли 2018 то ба 2 миллиону 336 ҳазор дар соли 2022 расида, 4,1 баробар афзоиш ёфтааст, ки фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ ва соҳибкоронро нишон медиҳад.

Дар ин давра ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 55 миллиард сомониро ташкил кард, ки 36 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд.

Лекин ин нишондиҳандаҳо барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мо, аз ҷумла саноатикунонии босуръат ҳоло ҳам нокифоя мебошанд.

Таъкид менамоям, ки масъалаи таъмини саривақтии талаботи иқтисодиёт ба маблағгузорӣ, хусусан, қарздиҳӣ бояд ҳамеша дар меҳвари фаъолияти низоми молия ва бонкҳои кишвар қарор дода шавад.

Зеро ҳар қадар, ки аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор қарзҳои дастрас зиёд пешниҳод карда шаванд, суръати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ ҳамон қадар баланд мегардад.

Аз ин рӯ, Бонки миллӣ якҷо бо Вазорати молия, «Амонатбонк» ва «Саноатсодиротбонк» вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати ҳавасмандгардонии пасандозгузорон ва паст намудани фоизи қарзҳои ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, махсусан, ба соҳибкории истеҳсолӣ пешниҳодшаванда, инчунин, бо фоизи дастрас афзоиш додани пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ чораҷӯӣ намояд.

Бо мақсади мусоидат ба рушди бахши молиявӣ зарур аст, ки аз 1-уми июли соли 2023 пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шавад.

Вобаста ба ин, аз ҷониби Вазорати молия ва Бонки миллӣ ҷиҳати таъсис додани махзани ягонаи маълумот доир ба суратҳисоби ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, тавсеаи инфрасохтори пардохти ғайринақдӣ ва ташкили равзанаи ягонаи пардохти тамоми хизматрасониҳои давлатӣ бояд тадбирҳои зарурии фаврӣ ва қатъӣ андешида шаванд.

Ба Бонки миллӣ зарур аст, ки якҷо бо Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади тавсеаи фарогирии молиявӣ дар кишвар барои рушди шабакаи хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, таъмин намудани гуногуншаклии хизматрасониҳои молиявӣ, ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии онҳо чораҷӯӣ намояд.

Вакилони муҳтарам!

Дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шуданд.

То имрӯз ба онҳо беш аз 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шуда, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст.

Дар соли 2022 маблағи имтиёзҳои андозиву гумрукии истифодагардида зиёда аз 12 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла аз ҳисоби паст ва бекор кардани меъёрҳои 5 намуди андоз зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ ҳамчун дастгирӣ дар ихтиёри субъектҳои соҳибкорӣ боқӣ мемонад.

Дар натиҷа соли 2022 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба 339 ҳазор расид, ки нисбат ба соли 2018 беш аз 76 ҳазор зиёд мебошад.

Қобили зикр аст, ки соҳибкорони мамлакат, дар навбати худ, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав саҳми назаррас гузошта истодаанд ва бовар дорам, ки чунин иқдомоти созанда аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст вусъати боз ҳам бештар пайдо мекунанд.

Танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби соҳибкорони мамлакат ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ қариб 18 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.

Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, махсусан, сармоягузории мустақим, таъмин намудани иҷрои кафолату имтиёзҳо ва чораҳои дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии соҳибкорон, инчунин, рушди инфрасохтори сармоягузориву соҳибкорӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд.

Дар ин самт, пешниҳод менамоям, ки бо мақсади идома додани ислоҳоти соҳа ва танзими муносибатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ қонунгузории соҳа такмил дода шуда, муносибатҳои зикршуда дар доираи як санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим ва шумораи онҳо то 60 фоиз ихтисор карда шавад.

Ҳамчунин, роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ташаббусҳои созандаи соҳибкорону сармоягузоронро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд ва доир ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба фаъолияти онҳо ва бартараф кардани мушкилоту монеаҳои ҷойдошта тадбирҳои бетаъхир андешанд.

Зикр бояд кард, ки тайи бист соли охир ба кишвар беш аз 152 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 60 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шудааст.

Аз маблағи зикршудаи сармояи мустақим зиёда аз 36 миллиард сомонии он танҳо барои рушди соҳаи саноат ҷалб гардидааст.

Дар панҷ соли охир ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ беш аз 15 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шудааст, вале ин нишондиҳанда ҳанӯз ба талаботи рушди иқтисодиёт ҷавобгӯй нест.

То соли 2025 дар кишвар татбиқи беш аз 200 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ пешбинӣ гардида, танҳо ба бахши воқеӣ ва инфрасохтор зиёда аз 82 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ карда мешавад.

Таъкид менамоям, ки дар шароити таҳаввулоти босуръату пешгӯинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, рақобатҳои шадид барои дастрасӣ ба захираҳо ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим бояд дар кишвар тамоми воситаҳои муосири фаъолгардонии сармоягузорӣ ба таври васеъ истифода бурда шаванд.

Аз ин лиҳоз, механизми маблағгузории фондҳои махсус дар самти татбиқи «лоиҳаҳои сабз», хусусан, барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла «энергияи сабз» бояд васеъ ҷорӣ карда шавад.

Вобаста ба ин, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар сохторҳои дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати ҷалби «маблағгузории сабз» барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноат ва инфрасохтори кишвар, хусусан, лоиҳаҳои дорои аҳаммияти экологӣ ва озуқаворӣ чораҷӯӣ намоянд.

Тадбирҳои дар самти рушди саноат ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа андешидашуда имкон фароҳам оварданд, ки дар панҷ соли охир афзоиши номгӯйи маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ ба зиёда аз 40 фоиз расонида шавад.

Дар ин давра 1382 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 15 ҳазор ҷойи кории нав сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.

Умуман, агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, соли 2022-юм 2800 корхонаи саноатӣ бо 85 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият карда истодаанд.

Танҳо соли 2022-юм беш аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карданд ва барои то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 мусоидат намуданд.

Вале ин нишондиҳандаҳо, бо дарназардошти захираву имкониятҳои кишвар, аз ҷумла ашёи хоми ватанӣ, иқтидорҳои истеҳсолӣ, захираҳои меҳнатӣ, «энергияи сабз» ва талаботи афзоянда ба маҳсулоти саноатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, ҷиҳати ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мо – саноатикунонии босуръат ҳанӯз нокифоя мебошанд.

Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки нишондиҳандаҳои содироти мамлакат ҳоло ҳам дар сатҳи паст қарор доранд.

Бинобар ин, Вазорати саноат ва технологияҳои навро зарур аст, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳои марбута, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорону сармоягузорон корро ҷиҳати таъсиси корхонаҳои саноатӣ бо технологияҳои муосир, муҳайё намудани ҷойҳои кории нав ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда вусъат бахшад.

Дар ин раванд, ба таъсиси маҷмааҳои саноатӣ, паркҳои технологӣ, таҳия ва татбиқ намудани лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои инноватсионӣ, истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқӣ ва ҷалби боз ҳам бештари сармояи мустақим бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Аз ҷумла дар се соли минбаъда барои бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ бояд ҷиҳати таъсис додани 30 парки технологӣ ва минтақаи саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Ҳамчунин, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати бунёди корхонаҳои саноати коркард, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе аз оғози соли 2023 марҳала ба марҳала сохта, ба истифода додани 4 корхонаи то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ коркард кардани металлҳои қиматбаҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.

Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ба масъалаи истихроҷу коркарди металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда, аз ҷумла сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо аҳаммияти хосса дода, барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани онҳоро таҳия ва амалӣ созад.

Дар баробари ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав бояд дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади истифодаи пурраи имкониятҳои кишвар дар самти рушди саноати сабук стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷиро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Дар ин самт, Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор аст, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҷиҳати дар се соли минбаъда бунёд кардану ба кор андохтани маҷмааҳои коркарди ниҳоии нахи пахта дар 5 шаҳру ноҳия, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб чораҳои саривақтӣ андешад.

Ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии давлатӣ ва хусусиро, ки аз кор бозмондаанд ё нопурра фаъолият мекунанд, таъмин созанд.

Вазорату идораҳои зикршуда дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон дар соли 2023 корхонаҳои равғанбарории шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Конибодомро тавассути муҷаҳҳазгардонӣ бо технологияҳои муосир бо иқтидори истеҳсолии солҳои қаблии онҳо барқарор намоянд.

Ҳоло талаботи бозори истеъмолии мамлакат аз ҳисоби равғани истеҳсоли ватанӣ ҳамагӣ 22 фоиз таъмин гардида истодааст.

Дар сурати ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои зикргардида талаботи аҳолии мамлакат бо равғани истеҳсоли худӣ беш аз 70 фоиз таъмин мегардад.

Гарчанде саноати дорусозӣ солҳои охир тадриҷан рушд ёфта, ҳоло дар кишвар истеҳсоли 540 намуди доруворӣ ба роҳ монда шудааст ва ҳаҷми маҳсулоти соҳа соли 2022 нисбат ба соли 2021-ум се баробар афзоиш ёфтааст, вале имкониятҳои истифоданашуда дар ин самт ҳанӯз хеле зиёданд.

Дар зарфи ду соли охир ба кишвар ба маблағи қариб 84 миллион доллар доруворӣ ворид шудааст.

Бо мақсади рушди минбаъдаи саноати дорусозӣ ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зарур аст, ки якҷо бо дигар сохтору мақомот ва бо ҷалби сармояи мустақим таъсис додан ва ба кор андохтани корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш ва аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ ва боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дорувориро таъмин намоянд.

Хотирнишон менамоям, ки дастрасӣ ба манзил яке аз самтҳои муҳимми ҳаёти иҷтимоӣ буда, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то имрӯз дар ин самт корҳои зиёд ба анҷом расонида шудаанд.

Аз соли 2000-ум то соли 2022-юм ҳаҷми солонаи ба истифода супоридани манзил аз 245 ҳазор метри мураббаъ ба зиёда аз 1,5 миллион метри мураббаъ расидааст.

Бо мақсади беҳтар кардани шароити зиндагии мардуми кишвар танҳо дар 10 соли охир 7,2 ҳазор гектар заминҳои наздиҳавлигӣ барои бунёди беш аз 14 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба аҳолии мамлакат ҷудо гардидааст.

Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1 миллиону 450 ҳазор оила замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзил ҷудо карда дода шудааст.

Бо ин мақсад 139 ҳазор гектар замин ҷудо гардида, беш аз 9 миллион нафар шаҳрвандони мо имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд.

Хотирнишон месозам, ки дар 70 соли то замони истиқлол ба аҳолӣ ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин дода шуда буд.

Ҳоло, ки корҳои ободониву созандагӣ, сохтмони биноҳои таъиноти гуногун, аз ҷумла биноҳои истиқоматии баландошёна ва иншооти иҷтимоӣ торафт вусъат гирифта истодаанд, талабот ба масолеҳи сохтмон, аз ҷумла сангҳои ороишӣ зиёд гардида, як қисми онҳо то ҳанӯз аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад.

Дар солҳои 2021 – 2022 ба кишвар ба маблағи қариб 10 миллион доллари амрикоӣ сангҳои ороишӣ ворид гардида, танҳо хароҷоти интиқоли онҳо беш аз 2 миллион долларро ташкил додааст.

Дар Тоҷикистон захираи сангҳои бинокорӣ, аз ҷумла мармару хоро фаровон аст, ки дар дохил ва хориҷи кишвар ба онҳо талабот зиёд мебошад.

Бо дарназардошти имкониятҳои зикршуда, пурра ба роҳ мондани истихроҷ ва коркарди онҳо, аз ҷумла сангҳои ороишӣ метавонад яке аз манбаъҳои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, зиёд намудани содироти маҳсулот ва дар маҷмӯъ, таъминкунандаи рушди иқтисоди кишвар гардад.

Аз ин лиҳоз, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Агентии содирот вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо Саридораи геология ва корхонаҳои соҳа дар ояндаи наздик истихроҷ намудан ва то маҳсулоти ниҳоии сохтмон коркард кардани сангҳои ороишӣ ва содироти онҳоро ба хориҷи кишвар ба роҳ монанд.

Инчунин, бо мақсади афзоиш додани истеҳсол ва содироти маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Ёвон бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла гаҷсанг корхонаи бузурги истеҳсоли масолеҳи сохтмон сохта, соли 2023 ба кор андохта шавад.

Бо дарназардошти афзоиш ёфтани аҳолӣ, инчунин, зиёд шудани талабот ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва манзилҳои истиқоматӣ бори дигар таъкид менамоям, ки роҳбарону мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти марбута ҳангоми бунёди иншооту биноҳо ба риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Дар ин самт, зарур аст, ки истифодаи васеи унсурҳои меъмории милливу замонавӣ, технологияҳои муосир ва масолеҳи сифатноки сохтмон таъмин карда шавад.

Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои захираҳои бузурги истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза мебошад.

Чунонки борҳо таъкид кардаам, ҳоло 98 фоизи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад ва аз рӯйи ин нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» кишвари мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.

Аз рӯйи кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ низ Тоҷикистон дар яке аз ҷойҳои баландтарин қарор дорад.

Дар сурати истифодаи нерӯи барқи «тоза»-и дар кишвар истеҳсолшаванда дар воситаҳои нақлиёти барқӣ метавон талаботи мамлакатро аз маҳсулоти нафтӣ коҳиш дода, ба ин васила ба ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат мусоидат намуд.

Дар робита ба ин, ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав ва нақлиёт супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дар дохили кишвар ба роҳ мондани истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Инчунин, ҷиҳати таблиғу муаррифӣ кардани бартарии экологии маҳсулоти саноатии бо истифода аз «энергияи сабз» истеҳсолгардидаи кишвар зарур аст, ки корхонаҳои ватанӣ барои гирифтани сертификати «истеҳсоли сабз» аз мақомоти махсусгардонидашудаи байналмилалӣ чораҷӯӣ намоянд.

Бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар идомаи корҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ баанҷомрасида ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳа ба маблағи 17 миллиард сомонӣ идома дорад.

Аз ҷумла имсол таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Сарбанд» бо тавоноии 270 мегаватт ба маблағи 1 миллиарду 360 миллион сомонӣ пурра ба охир расида, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» ба маблағи 7 миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ, инчунин, сохтмони неругоҳи барқи обии «Себзор» ба маблағи 612 миллион сомонӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва неругоҳҳои бодиву офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи умумии 170 миллион сомонӣ бомаром идома дорад.

Бояд гуфт, ки баъди 50 соли фаъолият агрегати якуми неругоҳи «Норак» пас аз таҷдид бо харҷи беш аз 800 миллион сомонӣ бо тавоноии 375 мегаватт моҳи октябри соли 2022 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бо пурра ба анҷом расидани корҳои таҷдиду азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоту технологияҳои муосир ба нерӯгоҳи «Норак» умри дубора бахшида шуда, иқтидори кории он иловатан 775 мегаватт зиёд мегардад.

Инчунин, корҳои сохтмон дар неругоҳи барқи обии «Роғун» бомаром пеш рафта истодаанд.

Бо ин мақсад дар соли 2022-юм 3,2 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки солҳои охир талафоти техникии барқ ба вазъи молиявии ширкату корхонаҳои соҳа таъсири манфӣ расонида истодааст.

Барои таъмиру таҷдиди шабакаҳои барқии кишвар дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 10,7 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст.

Вале талафоти барқ то ба ҳол нигаронкунанда буда, дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 20,4 фоизро ташкил додааст.

Аз ин лиҳоз, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Ҷамъияти саҳҳомии «Ширкати тақсимоти барқ»-ро зарур аст, ки татбиқи босифату саривақтии лоиҳаҳои кам намудани талафоти неруи барқро ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ ва насби беш аз 800 ҳазор ҳисобкунаки барқиро дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд таъмин намоянд.

Вазорати энергетика ва захираҳои об, ҳамчунин, вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо ширкату корхонаҳои соҳа барои таъсис додани низоми ягона ва мутамаркази биллингӣ, насби ҳисобкунакҳои зеҳнӣ ва ба ин васила то охири соли 2025 то сатҳи 9 фоиз паст намудани талафот ва ҷамъоварии пурраи маблағи барқи истифодашуда, инчунин, истифодаи самараноки захираҳои мавҷудаи соҳа чораҳои фаврӣ андешад.

Дар баробари ин, таъкид менамоям, ки мардуми шарифи кишвар бояд маданияти истифодаи нерӯи барқ, яъне сарфакориро риоя кунанд ва тавассути истифодаи таҷҳизоти каммасраф ва паст кардани талафот самаранокии истифодаи онро таъмин намоянд.

Ҳамзамон бо ин, бо дарназардошти имконияту захираҳои «энергияи сабз» дар кишвар, вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Академияи миллии илмҳо бо таъсиси гурӯҳи кории байниидоравӣ масъалаи имконият ва дурнамои рушди энергетикаи водородӣ, яъне нерӯи гидрогениро ҳамаҷониба омӯхта, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоди мушаххас манзур намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар 5 соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд карда шуданд.

Ҳоло дар соҳа боз 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Дар се соли оянда 6 лоиҳа ба маблағи 7,4 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, 317 километр роҳи байналмилалии мошингард, 32 пул, 5 нақб бо дарозии 11,2 километр ва 7 долон ба истифода дода мешавад.

Корҳои дар соҳа анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар зарфи чор соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо дар байни 138 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50-умро устувор нигоҳ дорад.

Ҷиҳати идомаи корҳои таҷдиду азнавсозии роҳҳо ва тақвияти имкониятҳои транзитии кишвар дар соли 2022 татбиқи 3 лоиҳаи сармоягузорӣ, аз ҷумла таҷдиди як қисми роҳи мошингарди Данғара – Бохтар (29 километр) ва роҳи мошингарди Душанбе – Кулма дар қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон (93 километр) оғоз гардид.

Ҳамзамон бо ин, татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод (76 километр) бомаром идома дорад.

Соли 2022 корҳои лоиҳакашӣ оид ба таҷдиду бунёди роҳҳои мошингарди Хуҷанд – Конибодом ва Рӯшон – Хоруғ – деҳаи Варшез оғоз шуданд.

Илова бар ин, соли 2023 татбиқи 5 лоиҳаи дигар, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингарди Гулистон – Кӯлоб (32,5 километр), Данғара – Гулистон (49,2 километр), Гулистон – Фархор (40 километр), Бохтар – Левакант – Данғара (40 километр), 4 қитъаи роҳ дар вилояти Суғд (52 километр) ва сохтмони пулҳо дар болои дарёҳои Ғунд, Шорфдарё ва долонҳо дар минтақаи Барсем (4,6 километр) дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон оғоз мегардад.

Дар ин ҷода, ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат зарур аст, ки бо истифода аз имконияту ташаббусҳои созандаи соҳибкорону шахсони саховатманд корҳоро дар самти бунёду азнавсозии роҳҳои дохиливу байни деҳаҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо фаъол гардонанд.

Ҳамчунин, барои вусъатбахшии корҳои бунёдкориву созандагӣ, ободу зебогардонии ҳамаи гӯшаву канори мамлакат ва дар навбати аввал, таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи деҳоти кишвар ба ифтихори 35 – солагии истиқлоли давлатӣ гузаронидани озмунҳои шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи беҳтарин ба роҳ монда шавад.

Ҳамчунин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки барои тавсеаи имкониятҳои транзитии кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таъмин намудани рақобатнокии онҳо ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми «Фазои кушод» чораҷӯӣ намояд.

Рушди соҳаи алоқа, бахусус, таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, таъмин намудани амнияти иттилоотӣ, ҷалби сармоя ва ташкили паркҳои технологиву инноватсионӣ зарур мебошад.

Ҳоло дар кишвар шумораи муштариёни интернет ба 4,5 миллион расидааст, ки ба 100 нафар аҳолӣ 45 муштарӣ рост меояд.

Вале таъкид менамоям, ки суръат ва арзиши интернет ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Аз ин лиҳоз, Хадамоти алоқа вазифадор аст, ки якҷо бо ширкатҳои дар соҳа фаъолияткунанда барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдаст тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.

Ҳамчунин, ҷиҳати фароҳам овардани заминаи муосири ҳуқуқӣ барои ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти пешравию таҳаввулоти дар ин соҳа дар миқёси ҷаҳон бавуҷудомада сохтору мақомоти марбута вазифадор карда мешаванд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»-ро дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза, бахусус, ба танқисии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани чоряки кишварҳои дунё моро водор месозад, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳадафи стратегиамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешем.

Солҳои охир, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, пайи ҳам омадани хушксолӣ ва маҳдудсозии содироти озуқаворӣ аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, маҳз бо заҳмати шабонарӯзии кишоварзони мамлакат амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шуд.

Аз ҷумла соли 2022 истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1 миллиону 600 ҳазор тонна, картошка ба 1 миллион ва меваю сабзавот ба 3 миллиону 200 ҳазор тонна расонида шуд.

Дар натиҷа тайи панҷ соли охир суръати рушди солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз нигоҳ дошта шуда, 1,4 баробар афзоиш ёфт.

Истеҳсоли гӯшти паранда дар ин давра 8 баробар зиёд шуда, ҳаҷми воридоти он 11 баробар кам гардид.

Дар панҷ соли охир ҳолати мелиоративии 50 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида, 13 ҳазор гектар замини нав аз худ ва 23 ҳазор гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба гардиш ворид карда шуд.

Дар доираи супоришҳои додашуда таҷрибаи кишоварзони мамлакат вобаста ба маданияти заминдорӣ, бахусус, дар кишти такрорӣ ва гирифтани ҳосили иловагӣ беҳтар гардида, майдони кишти заминҳои такрорӣ дар панҷ соли охир аз 90 ҳазор гектар ба 213 ҳазор гектар расид.

Бо вуҷуди ин, имкониятҳо дар самти самаранок истифода бурдани обу замин, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва ҳосилнокии зироатҳо то ҳол пурра истифода нашудаанд ва чунин вазъ аз роҳбарону масъулин андешидани тадбирҳои иловагиро талаб менамояд.

Тибқи маълумот 85 фоизи заминҳои корами кишвар обёрӣ карда мешаванд ва беш аз 90 фоизи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ аз ин ҳисоб таъмин мегардад.

Дар баробари ин, истифодаи зиёда аз 40 фоизи заминҳои обёришаванда аз кори пойгоҳҳои обкашӣ вобаста мебошад.

Аз ин лиҳоз, роҳбарону мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ҷиҳати зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва таҷдиду барқарорсозии иншооти обёрӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Бо ин мақсад, зарур аст, ки лоиҳаи барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои давраи миёнамуҳлат таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

Саридораи геология ва Академияи илмҳои кишоварзӣ захираҳои мавҷудаи канданиҳои фоиданокро ҳамаҷониба таҳлил карда, доир ба имкониятҳои азхудкунии онҳо барои истеҳсоли нуриҳои маъданӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур созанд.

Инчунин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорон ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои истеҳсоли нуриҳои минералӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.

Вакилони муҳтарам!

Солҳои охир таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати кишвар ба соҳаи сайёҳӣ имкон дод, ки дар баробари афзун гардидани шумораи сайёҳон ширкатҳои сайёҳии ватанӣ низ зиёд гарданд.

Дар панҷ соли охир ба кишвари мо беш аз 3,9 миллион нафар, аз ҷумла соли 2022-юм 1 миллион нафар сайёҳон ворид гардидаанд.

Дар ин давра барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба онҳо беш аз 600 ва танҳо соли 2022-юм 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст.

Хотирнишон менамоям, ки Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2022 ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводид ҷорӣ намуд ва зарур аст, ки ин раванд ба таври самаранок амалӣ карда шавад.

Инчунин, бо ин мақсад барои шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ пешниҳоди раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби соддакардашуда ҷорӣ гардидаст.

Барои таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ зарур аст, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ корро ҷиҳати зиёд кардани номгӯйи хизматрасониҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар соҳа, роҳандозии васеи сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ густариш бахшад.

Дар ин раванд, бояд ба масъалаҳои самаранок ва бо сифати баланд татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузории соҳа, идома додани бунёди инфрасохтори сайёҳии ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй, баланд бардоштани мавқеи байналмилалии кишвар, ташаккули бренди миллии фарогири имкониятҳои сайёҳӣ ва муаррифии он дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин, таъмини иқтидори кадрии соҳа диққати ҷиддӣ дода шавад.

Бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба ҳисоб рафта, барои татбиқи он қабули барномаҳои соҳавию минтақавӣ зарур аст.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро зарур аст, ки барномаҳои миёнамуҳлати рушди шуғлро омода ва амалӣ намояд.

Бо мақсади соҳибкасб намудани шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ лоиҳаи барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёнаро аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ таҳия ва амалӣ намояд.

Вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, ҳамчунин, вазифадор карда мешаванд, ки дар асоси таҳлили ҳамаҷониба ҷиҳати самаранок гардонидани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва касбомӯзии калонсолон оид ба гузаронидани ислоҳот дар низоми идоракунии ин муассисаҳо хулосаҳои худро дар муҳлати ду моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Дар ин ҷода таъсис додани ҷойҳои корӣ ва фарогирии пурраи аҳолӣ бо шуғл вазифаи аввалиндараҷаи тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, ҳар як роҳбари сохтору мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон ба шумор меравад.

Вобаста ба ин, супоришеро, ки қаблан дода шуда буд, бори дигар таъкид менамоям.

Ҳукумати мамлакат то соли 2026 бо истифода аз тамоми имкониятҳо дар бобати ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ чораҷӯӣ намояд.

Дар ин самт зарур аст, ки ба беҳтар гардонидани сифати таҳсилоту касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ба омӯзиши ихтисосу ҳунарҳои барои бозори меҳнат зарурӣ фаро гирифтани аҳолӣ, хусусан, ҷавонон ва занону бонувон тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Ҳоло бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблағҳо чораҷӯӣ намояд.

Илова бар ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод менамоям:

– аз 1-уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;

– аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд;

Ҳамчунин пешниҳод менамоям, ки аз 1-уми июли соли 2023:

– андозаи нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шавад;

– нафақаҳои суғуртавие, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин ва пардохт мегарданд, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на кам аз 16 фоиз индексатсия, яъне зиёд карда шаванд;

Дигар нафақаҳои амалкунанда ба андозаи 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ зиёд карда шаванд.

Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.

Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.

Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад.

Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем.

Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.

Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад.

Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад.

Зимнан, бояд гуфт, ки дар сӣ соли охир шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷӯёни ин зинаҳои таҳсилот сеюним баробар, мактабҳои олӣ чор баробар ва донишҷӯён зиёда аз се баробар афзудааст.

Соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.

Бо истифода аз имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодааст, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд.

Вазъи имрӯзаи илми кишвар тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд.

Дар ин самт, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо тавассути роҳандозии барномаҳои таълими касбу ҳунарҳои муосир ва васеъ ҷорӣ намудани омӯзиши амалии донишҷӯён бо роҳи пайванди илм ва истеҳсолот ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин, иқтисоди рақамӣ тадбирҳои судмандро амалӣ созанд.

Ҳамзамон бо ин, вобаста ба таъсиси донишгоҳҳои муштарак бо давлатҳои пешрафтаи дунё оид ба омӯзиши илмҳои муҳандисиву технологӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.

Ҳозирини арҷманд!

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат аз 5 миллион нафар дар соли 1991 то ба 10 миллион нафар дар моҳи июли соли 2022 афзоиш ёфтааст, яъне ду баробар зиёд гардидааст.

Барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он бунёди муассисаҳои нав, азнавсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо зарур мебошад.

Бо ин мақсад, танҳо дар ду соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба муассисаҳои тандурустии кишвар ба маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ беш аз 200 номгӯй таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир дастрас карда шудаанд.

Бо вуҷуди он ки дар самти пешгирӣ кардан ва табобати беморон дастоварду пешравиҳои муайян ба назар мерасанд, вале ҳанӯз масъалаҳои тарбияи кадрҳо, хусусан, дар коллеҷҳои тиббии чи давлатӣ ва чи хусусӣ, аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳо бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ ва сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳбудӣ металабанд.

Вобаста ба ин, бори дигар хотиррасон менамоям, ки рушди саноати дорусозӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд.

Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд.

Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд.

Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд.

Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад.

Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст.

Рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар иқтисодиёти кишвар мебошанд.

Дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд.

Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд.

 

Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем.

Мо, ҳамчунин, ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад.

Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад.

Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.

Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад.

Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст.

Мо имсол «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027»-ро қабул намудем.

Дар ин замина, зарур аст, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиш якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати қабули барномаҳои маҳаллии кор бо ҷавонон тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

Ҳозирини гиромӣ!

Рушди устувор ва босуръати мамлакат, махсусан, амалӣ намудани стратегияҳо, барномаҳои дарозмуддат ва миёнамуҳлати кишвар тақозо менамояд, ки заминаҳои ҳуқуқии онҳо сари вақт ва босифат таъмин карда шаванд.

Ин вазифа аз мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, пеш аз ҳама, аз парламенти кишвар талаб менамояд, ки фаъолияти худро ҳамаҷониба тақвият бахшад.

Вазифаҳои дар назди мо қарордошта тақозо менамоянд, ки фаъолияти Маҷлиси Олӣ ҷиҳати қабули қонунҳои саривақтии мукаммал ва босифат боз ҳам тақвият бахшида шавад.

Ин масъала дар навбати худ ҳамкории доимии парламентро бо дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, аз ҷумла бо субъектҳои дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва татбиқи ҳуқуқ талаб менамояд.

Бо дарназардошти рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҳкими кафолатҳои судии субъектҳои ин муносибатҳо зарур аст, ки фаъолияти мақомоти судӣ пайваста таҳкиму такмил дода шавад.

Бинобар ин, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро зарур аст, ки оид ба бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии судяҳо тадбирҳои муассир андешанд.

Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.

Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.

Дар робита ба ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад.

Аз ин рӯ, ба Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо масъалаи таъсиси маркази зикршударо омӯхта, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.

 

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад.

Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир моро водор менамояд, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани омодабошии ҳарбӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои зарурии иловагиро амалӣ намоем.

Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар Консепсияи мудофиаи миллиро таҳия ва пешниҳод намоянд.

Вакилони муҳтарам!

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд.

Ин ҳолат боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмӯъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Дар чунин шароит Тоҷикистон ба хотири таъмин намудани манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои анъанавии худ сиёсати хориҷии мутавозин ва санҷидаро идома медиҳад.

Дар ин замина, давлати мо азм дорад, ки дар асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и хориҷии худ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманду созандаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тавсеа бахшида, рушд диҳад.

Соли 2022 Тоҷикистон сисолагии барқарор намудани робитаҳои дипломатиашро бо аксари давлатҳои ҷаҳон таҷлил намуд.

Идомаи робитаҳои фаъол ва рушду таҳкими маҷмӯи муносибатҳо бо шарикони стратегӣ, анъанавӣ ва боэътимод самти муҳимми сиёсати хориҷии моро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, мо саъю талошро ҷиҳати таъмин намудани рушди устувор ва тақвияти рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, эътимод ва дӯстии пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ идома медиҳем.

Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамчун узви фаъол идома хоҳад дод.

Дар ин раванд, ҳамкории мо бо сохторҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд дар сатҳи баланд қарор дошта, минбаъд низ густариш дода мешавад.

Тоҷикистон дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводди мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он саҳми босазо хоҳад дошт.

Мо ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ бо роҳи муколама ҳастем ва аз тақвияти нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар ин раванд пуштибонӣ мекунем.

Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст.

14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард.

Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.

Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд.

Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад.

Бо истифода аз фурсат, ба тамоми кишварҳо, сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ барои дастгирӣ аз ин ташаббуси Тоҷикистон миннатдорӣ изҳор менамоям.

Бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати қабули ин қарори муҳимму таърихии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид самимона табрик мегӯям.

Ҳамватанони азиз!

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Пешрафту дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои охир ва мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти ҷомеа ва давлат ин ҷо баён шуданд ва вазифаҳо барои бартараф намудани онҳо низ муайян гардиданд.

Таъкид менамоям, ки танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои олиамон наздик мерасонанд.

Бовар дорам, ки мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна амалҳои нек ва бартараф намудани тамоми мушкилот мебароянд, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд ва барои зиндагии аз имрӯза беҳтар шароит фароҳам меоваранд.

Ҳар яки мо – роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ дар ин ҷода масъулият дорем ва вазифадорем, ки ба халқи азизи Тоҷикистон софдилонаву содиқона хизмат кунем.

Яъне мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем ва барномаҳои созандаву нақшаҳои бунёдкоронаи барои рушди давлат ва ободии Ватан тарҳрезикардаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем.

Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.

Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.

Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад.

Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем.

Ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, ба ҳар кадоми шумо – вакилони халқ ва ҳозирини гиромӣ саодати рӯзгор, муваффақият ва барори кор орзумандам!

Ҳамеша сарбаланду комёб бошед, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 4.6 (11 овоз)

Категория:

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 24 Ноябр, 2022 - 09:31

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як санаи муҳимми таърихӣ – сиюмин солгарди қабули Парчами давлатиро бо ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва дар фазои орому осудаи кишвар таҷлил менамоянд. Ба ин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.

Чанд рӯз пеш мо – мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз санаҳои муҳим ва тақдирсози таърихи миллат – 30-юмин солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олиро, ки Парчами давлатӣ маҳз дар ҷараёни баргузории он 24-уми ноябри соли 1992 қабул гардид, ботантана таҷлил намудем.

Соли 1994 Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд, ки дар он парчами кишварамон дар баробари дигар рамзҳои давлатӣ ҳамчун нишонаи ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллии тоҷикон дарҷ гардид.

Сӣ сол мешавад, ки ин рамзи муқаддаси миллии мо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат парафшонӣ мекунад ва барои дастоварду пирӯзиҳои фарзандони арзандаи миллат дар кишварҳои гуногуни олам баробари садо додани Суруди миллӣ афрохта мешавад.

Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддастарин рамзи давлатдории мо бо се ранги худ баёнгари ҳувият, таърих ва моҳияти давлати тоҷикон ва далели возеҳи соҳибватаниву соҳибистиқлолии мо мебошад.

Қабули Парчами давлатӣ дар давраи ниҳоят ҳассоси таърихи давлати тозаистиқлоламон ба мардуми мо тавону қувваи тоза бахшид ва онҳоро муттаҳид сохт, ки таҳти парафшонии маҳз ҳамин парчами давлатӣ сохти конститутсиониро барқарор ва сулҳу оромиро дар кишвар таъмин намоянд.

Парчами давлатӣ рамзест, ки қудрати муттаҳидкунанда дорад ва дар қалби ҳар як шаҳрванд ғурури миллӣ ва эҳсоси гарми ватандориро бедор мекунад.

Бинобар ин, ҳифзи Парчам ва арҷгузорӣ ба он нишонаи ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад.

Мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки мардуми Тоҷикистон, хусусан, наврасону ҷавонон аз рӯзи қабули Парчами миллӣ ҳамеша ба он эҳтиром мегузоранд, онро аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ ва нишони зиндагии осудаву ороми хеш медонанд.

Воқеан, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарасти мамлакат ба ҳисоб рафта, ҳар сол бо камоли ифтихору эҳтиром нисбат ба ин рамзи давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад.

Қабули Парчами миллӣ ба мо имкон дод, ки ба мазмуну моҳияти ҳаёти давлат ва ҷомеаи худ бо диди нав назар андозем, ба таърихи гузаштаи халқамон бо чашми ибрат нигоҳ кунем ва ба сӯйи ояндаи дурахшону ободи давлату халқи Тоҷикистон бо эътимоди қавӣ қадам гузорем.

Ҷашн гирифтани Рӯзи парчами давлатӣ арҷгузорӣ ба хизматҳои фидокоронаи фарзандони бузурги халқамон Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ, Шераку Деваштич, Спитамену Муқаннаъ, Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаамон мебошад, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик барои ҳифзи ному нанг ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ҷоннисориҳо карда, забон, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми куҳанбунёдамонро то замони мо расонидаанд.

Аз ин рӯ, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо, хусусан, наврасону ҷавонони кишвар ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз он дар зеҳну шуури ҳар як фард ҳанӯз аз синни хурдсолӣ тарбия карда шавад.

Дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси замони муосир ва равандҳои босуръати ҷаҳонишавӣ масъалаҳои ҳифзи истиқлолу озодӣ, суботу оромӣ, муқаддасоту арзишҳо, суннату анъанаҳо ва расму ойинҳои миллӣ барои мо аҳаммияти рӯзафзун пайдо карда истодаанд.

Аз ин рӯ, мо – мардуми Тоҷикистон – вазифадорем, ки дар зери Парчами давлати худ боз ҳам бештар муттаҳид бошем, барои ҳимояи марзу буми Ватани азизамон, пойдории давлату давлатдории навинамон саъю талош намоем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои милливу давлатии худро ҳифз кунем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату сарҷамъиро таҳким бахшем ва ҷойгоҳу обрӯи Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.

Бигзор, Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ифтихору сарбаландӣ, нангу номус ва сарҷамъии миллат дар фазои осудаву ороми кишварамон то абад парафшон ва илҳомбахши раванди созандагиву рушди Ватани азизамон – Тоҷикистон бошад.

Бори дигар Рӯзи Парчами давлатиро ба мардуми шарифи Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як фарди Ватан бахту иқбол ва ба давлати соҳибистиқлолу озодамон амнияту осоиш ва рушди устувор орзу менамоям.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ «ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН – МУҚАДДАСОТИ МИЛЛАТ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 23 Ноябр, 2022 - 13:37
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Суханронӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 16 Ноябр, 2022 - 17:45

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз аз оғози баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз санаҳои дар ҳаёти халқи тоҷик ва давлати тоҷикон воқеан таърихӣ мебошад, сӣ сол сипарӣ гардид.

Тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ин рӯйдоди бузург, ки нуқтаи оғози барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва ноил гардидан ба дастовардҳои имрӯзаи мо мебошад, сидқан ва самимона табрик мегӯям.  

Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки ҳарчанд истиқлоли Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 эълон гардид, ҳодисаҳои баъди он баамаломада нагузоштанд, ки мардуми мо ба бунёди давлати соҳибихтиёри худ оғоз намоянд.

Кишвари соҳибистиқлоли мо бар асари бесарусомонӣ ва кашмакашҳои дохилӣ беш аз як сол рамзҳои давлатдории худ, аз ҷумла Парчами давлатӣ надошт.

Яъне мо на Конститутсия, на Суруди миллӣ ва на Парчаму Нишони давлати соҳибистиқлоламонро доштем.

Бинобар ин, ман ҳамеша таъкид менамоям, ки раванди давлатсозии мо маҳз аз ҳамин иҷлосия оғоз гардид ва аз ин лиҳоз, 30-солагии ин рӯйдоди тақдирсоз барои мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни дар ҳақиқат бузург ва таърихӣ ба ҳисоб меравад.  

Дар оғози давраи ба истиқлол расидани Тоҷикистон, ки дар натиҷаи фурӯпошии давлати абарқудрати вақт сурат гирифт, кишвари мо гирифтори буҳрони шадиди сиёсиву гуманитарӣ ва ҳодисаҳои фоҷеабор гардид.

Ноумедиву парешонӣ ҷомеаи моро ба дараҷае фаро гирифта буд, ки бисёриҳо ба зинда мондан ва раҳоӣ ёфтан аз ин вартаи ҳалокатбор бовар надоштанд.

Маҳз бо дарназардошти вазъияти зикршуда, ман борҳо таъкид кардаам, ки рӯйдоди сӣ сол пеш дар ҳамин толор бавуҷудомада қадами нахустин ба хотири аз парокандагӣ наҷот додани миллати тоҷик ва аз хатари азбайнравӣ ҳифз кардани давлати тозаистиқлоли тоҷикон буд.

Зеро пас аз расидан ба истиқлолу озодӣ миллати тоҷик ба ҷойи он, ки баъди ҳазор соли бедавлатӣ ба эъмори як давлати муосири миллии худ оғоз намояд, ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.

Давраи аввали соҳибистиқлолӣ ба замоне рост омад, ки қувваҳои исломгарои радикалӣ ҷунбишҳои навзуҳури демократиро таҳти нуфузи худ қарор дода буданд.

Ин қувваҳо манфиатҳои гурӯҳӣ ва ҳизбии худро аз манфиатҳои миллӣ боло гузошта, дар асл ба василаи амалигардонии ҳадафи ниҳонии ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом, яъне бо дастгириву маблағгузории хоҷагони хориҷӣ дар Тоҷикистон барпо кардани давлати исломӣ табдил ёфта буданд.

Дар робита ба ин, як нуктаи муҳимми дигарро низ хотиррасон бояд кард, ки роҳбарони аввали кишвар, мақомоти он ва сарварону кормандони сохторҳои ҳизби ҳокими вақт натавонистанд вазъи баамаломадаро дуруст дарк карда, сари вақт тадбирҳои пешгирикунанда андешанд ва аз неруҳои солими ҷомеа истифода баранд.

Гузашта аз ин, баъзе аз онҳо мавқеи бетарафу тамошобинро гирифтанд ё ба табаддулотгарон пайвастанд.

Дар чунин шароит эътимоди мардум ба Ҳукумат амалан аз байн рафта, кишвар дар вазъи ниҳоят вазнин бе роҳбару роҳнамо монда буд.

Шикаст хӯрдани мухолифини исломгаро дар интихоботи президентии соли 1991 ва аз ҷониби онҳо эътироф нагардидани натиҷаҳои интихобот вазъиятро боз ҳам тезутунд гардонид.

Ин ҳолат боис гардид, ки мухолифин бо дастгирии молиявӣ ва роҳнамоии хоҷагони хориҷии худ ба майдоннишиниҳои ғайриқонунии бардавом оғоз намоянд.

Чунин амали онҳо бо саркардагии ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом ба эътирози аксари аҳолии мамлакат рӯ ба рӯ гардид.

Дар натиҷа дар шаҳри Душанбе мардуми мухолифи якдигар дар ду майдон ҷамъ омаданд.

Аз ҷониби Президенти кишвар зери таҳдиду фишори мухолифин таъсис додани Ҳукумати муросои миллӣ, ки он аз ҷониби аксари минтақаҳои кишвар эътироф нагардид, вазъиятро ба эътидол оварда натавонист.

Зеро роҳбарони гурӯҳҳои террористии зикршуда ва пайравони онҳо амалҳои тундравонаи худро бо мақсади ғасби пурраи ҳокимият рӯз ба рӯз вусъат медоданд.

Дар натиҷа доираи ҷанги шаҳрвандӣ торафт васеъ гардида, ноҳияҳои марказӣ ва ҷануби мамлакатро фаро гирифт ва собиқ вилояти Кӯлоб ба муҳосираи иқтисодӣ афтод.

Дар натиҷаи муҳосираи иқтисодӣ даҳҳо ҳазор шаҳрвандони мо гирифтори бемориҳои гуногуни вазнин, аз ҷумла гелиотроп гардида, ҳазорҳо нафари онҳо ба ҳалокат расиданд.

Ҳамин тавр, тобистону тирамоҳи соли 1992 оташи ҷанги шаҳрвандӣ рӯз ба рӯз аланга гирифта, фаъолияти мақомоти давлатӣ, махсусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пурра фалаҷ ва дар мамлакат беҳокимиятиву беқонунӣ ҳукмфармо гардид.

Чунин вазъият талаб мекард, ки барои гирифтани пеши роҳи хунрезӣ, барқарор кардани сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун дар ҷомеа ва сулҳу оромӣ дар мамлакат иҷлосияи Шӯрои Олӣ даъват карда шавад, зеро хатари аз байн рафтани давлати тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеияти даҳшатноки рӯз табдил ёфта буд.

Аммо дар он рӯзҳо даъват ва таъмин намудани амнияти намояндагони мардумӣ ва фаъолияти озодонаву бефишори онҳо дар пойтахти мамлакат ғайриимкон буд.

Чунки ҳодисаҳои гаравгон гирифтани вакилон ва аъзои Ҳукумат, таҳқиру зӯроварӣ нисбат ба онҳо, инчунин, ҳолатҳои дахолат ба кори иҷлосия зуд – зуд ба вуқӯъ меомаданд.

Бинобар ин, Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ даъват гардид, ки ин иқдом дар он рӯзҳо нишонаи ҷасорати бузурги вакилони халқ ба ҳисоб мерафт.

Иҷлосия бо рӯзномаи иборат аз 23 масъала ба кори худ идома бахшид.

Интихоби раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати нави Раёсати Шӯрои Олӣ, Ҳукумати нав, тасдиқи рамзҳои давлатӣ, баргардонидани гурезаҳо ва ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятиву сиёсӣ дар мамлакат аз ҷумлаи масъалаҳои пешниҳодшуда буданд, ки барои қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ, ба ҷойҳои зисташон баргардонидани гурезаҳо ва ба даст овардани сулҳу оромӣ хеле муҳим ба шумор мерафтанд.

Вобаста ба ин, ёдовар бояд шуд, ки ҳангоми ба вазифа пешбарӣ кардани номзадҳо бисёре аз онҳо аз ишғоли мансабҳои пешниҳодшуда даст кашиданд ва нахостанд ба пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, ки аз лиҳози амниятӣ бисёр ноором буд, баргарданд.

Баъди интихоб шудан ба вазифаи Сарвари давлат ман бо қатъият изҳор намудам, ки ҷонибдори бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҳастам.  

Инчунин, барқарор кардани сулҳу осоиш дар ҳар як хонадон, ба Ватан баргардонидани тамоми гурезаҳо ва қатъи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро вазифаи аввалиндараҷаи худ эълон кардам.  

Вакилони иҷлосия низ ин ташаббусҳои Сарвари давлатро якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

Дар робита ба ин, мехоҳам махсус хотиррасон намоям, ки вакилони халқ, бо дарназардошти вазъи ҳассоси кишвар ва ормону хостаҳои мардум, инчунин, ба хотири ҳифзи якпорчагии Ватан ва сарҷамъии миллат, дар раванди иҷлосия ба таври бесобиқа фаъол ва муттаҳид буданд.

Бо дарки амиқи масъулияти ба зиммаи ман гузошташуда дар назди халқи Тоҷикистон савганд ёд кардам, ки «агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме, ки як гурезаи тоҷик дар хориҷа умр ба сар мебарад, ман худро ором ҳис карда наметавонам».  

Ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ ва расидан ба сулҳ яке аз масъалаҳои асосии иҷлосия буд.

Бо ин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Тоҷикистон эълон намудани 26-уми ноябри соли 1992» қабул шуд ва раванди барқарорсозии сулҳ дар мамлакат оғоз гардид.

Яъне қадами нахустин дар роҳи барқарорсозии сулҳ дар ҳамин иҷлосия гузошта шуд ва тавре ки ҳамватанони мо хуб дар хотир доранд, баъди музокироти бисёр мушкили беш аз чилмоҳа 27-уми июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба анҷом расид.

Дигар санади муҳим – Қонун «Дар бораи гурезаҳо» имкон фароҳам овард, ки шахсони хонаву маҳалли зист ва ҷойи кори худро тарккарда ба ҷойҳои зисти доимии худ баргарданд ва кори пештараашонро идома диҳанд.

Яке аз дастовардҳои муҳимтарине, ки Ҳукумати навинтихобшуда ба он ноил гардид, дар муддати начандон тӯлонӣ аз Давлати Исломии Афғонистон ва дигар кишварҳо ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ, яъне ҳамватанонамон буд, ки аз тарси ҷон хонаву маҳалли зисти худро тарк карда буданд.

Баъдан, бо кумаку дастгирӣ ва саъю талоши мардуми шарифи кишвар мо ба раванди барқарорсозии баъдиҷангӣ оғоз кардем ва дар як муддати кӯтоҳ садҳо ҳазор манзили истиқомативу муассисаҳои иҷтимоии сӯхтаву харобшуда, пулҳо ва дигар иншооти инфрасохтории валангоргардидаро таъмиру барқарор намудем.

Қабули Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати мустақили Тоҷикистон, нишонаи соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ифтихори мардуми кишвар дигар иқдоми муҳимми иҷлосияи таърихӣ буд.

Зеро тавре ки болотар гуфта шуд, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон беш аз як сол рамзҳои инъикоскунандаи соҳибихтиёрии худро надошт.

Бинобар ин, рӯзи қабули Парчами давлатӣ, яъне 24-уми ноябрро мо ҷашни умумимиллӣ эълон кардем, ки ҳар сол аз ҷониби мардуми Тоҷикистон бо ифтихори бузург таҷлил мегардад.

Зимнан, ёдовар мешавам, ки баъди чанд рӯз ин рӯйдоди муҳимми миллии мо низ сисола мешавад.

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ дар зарфи чанд рӯзи баргузории он, ки барои мардуми мо воқеан рӯзҳои сарнавиштсоз буданд, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ва баҳсу мухолифатҳои шадид қарорҳое қабул кард, ки ҷавобгӯи талабу хостаҳои мардум ва баёнгари иродаи матини фарзандони ватандӯсти халқи Тоҷикистон буданд.

Ба шарофати санадҳои қабулшуда ва амалӣ гардидани онҳо фоҷеаи умумимиллӣ, ки қариб буд орзуи ҳазорсолаи мардуми моро барои истиқлолу озодӣ ва эҳёи давлатдории миллӣ аз байн бурда, боиси аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва парокандашавии миллати тоҷик гардад, пешгирӣ карда шуд.  

Имрӯз бо итминон изҳор менамоям, ки мо – вакилони мардумӣ – он рӯзҳо масъулияти таърихӣ, қарзи фарзандӣ, вазифаи ҷавонмардӣ ва рисолати имонии худро нисбат ба сарнавишти кишвари тозаистиқлоламон, халқи Тоҷикистон ва наслҳои имрӯзаву ояндаи мардумамон иҷро кардем.  

Бо гузашти сӣ сол аз қабули ин ҳуҷҷатҳо бо қаноатмандиву ифтихор метавонем гӯем, ки ин ягона роҳи оқилона ва дурусте буд, ки мо – вакилони халқ – онро ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдату ягонагӣ ва пешрафту тараққиёти ояндаи Ватанамон интихоб намудем.  

Баъди ба анҷом расидани иҷлосия вазифаи муҳимтарину аввалиндараҷаи Сарвари давлат, Шӯрои Олӣ, Шӯрои вазирон ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ амалӣ намудани қонуну қарорҳои қабулкардаи он буд.

Бо кӯшишҳои пайваста ва бо дастгирии халқи шарафмандамон ба мо муяссар гардид, ки вазифаҳои асоситарину мураккаби дар наздамон қарордоштаро давра ба давра ҳаллу фасл намоем.

Баъди баргузории иҷлосия – 12-уми декабри соли 1992 – ман ҳамчун кафили соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлати Тоҷикистон ба халқи азизам муроҷиат намудам, ки ҳадафи он ҳамчун барномаи стратегӣ ба эътидол овардани вазъи мураккаби сиёсии кишвар ва муҳайё кардани шароит барои рушди бонизоми соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат буд.

Дар муроҷиатнома масъалаҳои муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ инъикос ёфтанд, аз ҷумла ҳарчи зудтар дар мамлакат барқарор намудани шохаҳои ҳокимият ва мақомоти идоракунии фалаҷгардида, баргардонидани гурезаҳо, ба роҳ мондани фаъолияти муътадили мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар тамоми қаламрави кишвар, таъсиси Артиши миллӣ, пурзӯр гардонидани ҳимояи сарҳади давлатӣ, барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва дигар масъалаҳои муҳимме, ки дар мустаҳкам намудани соҳибистиқлолии давлатамон нақши муассир бозиданд.  

Ҷиҳати амалӣ намудани қарорҳои иҷлосияи таърихӣ ва муроҷиатномаи Сарвари давлат ба мардуми кишвар зарурати ҳарчи зудтар қабул намудани Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба миён омад.

Чунки давлати мустақили мо беш аз ду сол дар доираи Конститутсияи соли 1978, ки меъёрҳои он ба давраи соҳибистиқлолӣ мувофиқу созгор набуданд, фаъолият кард.

Шадидан зарур буд, ки мо истиқлолу озодии давлати худро дар сатҳи Конститутсия – қонуни асосии мамлакат ба расмият дарорем, мақсаду мароми эълонкардаамон ва роҳи асосии пешгирифтаамон, яъне эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, асосҳои сиёсати хориҷӣ ва сохтори давлатдориро дар он дарҷ намоем.

Бинобар ин, баъд аз Иҷлосияи 16-ум бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби олимону мутахассисони варзида гурӯҳи корӣ созмон дода шуд.

Гурӯҳи корӣ конститутсияи дигар давлатҳои пешрафтаро омӯхта, бо дарназардошти хусусиятҳои кишвар лоиҳаи қонуни асосиро омода кард ва он ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид.

Халқи Тоҷикистон лоиҳаро муҳокима карда, ба он зиёда аз ҳаштуним ҳазор пешниҳод ирсол намуд.

Дар натиҷа, Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол 6-уми ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсӣ ва бо ҷонибдории аксари мардуми Тоҷикистон қабул гардид.

Дар асоси Конститутсия дар мамлакат ислоҳоти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ гузаронида шуда, таҳкурсии мустаҳками низоми сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ гузошта шуд.

Тибқи ин асосҳо дар кишвар низоми муосири ҳуқуқӣ, парламенти думаҷлиса, сохтори мукаммали судӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ созмон дода шуданд ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин гардид, ки ин ҳама ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, волоияти қонун, ободкориву созандагӣ ва пешрафту тараққиёти мамлакат мусоидат намуд.

Дар Конститутсияи нав бори нахуст арзишҳои давлати демократӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ инъикос гардиданд.

Қабули Конститутсия имконият фароҳам овард, ки барои рушди давлати тоҷикон заминаи мукаммалу устувори ҳуқуқӣ гузошта, фаъолияти мураттаби низоми мақомоти давлатӣ таъмин карда шавад.

Қобили зикри махсус аст, ки қабули Конститутсия дастоварди бузурги мо дар роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад.  

 

Ҳозирини арҷманд!

Чунонки дар ёд доред, бо сабабу омилҳои дар боло зикршуда қариб даҳ соли аввали таърихи давраи соҳибистиқлолӣ сарфи кашмакашу низоъҳо ва мухолифатҳои мусаллаҳона гардид ва мо ба масъалаҳои таъмин намудани рушди муназзами иқтисоди миллӣ ва корҳои ободониву созандагӣ амалан аз оғози солҳои 2000-ум машғул шудем.

Дар натиҷа тайи бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум ба 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва қисми даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.

Соли 2022 маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 114 миллиард сомонӣ расида, даромади буҷети давлатӣ ба 33 миллиард сомонӣ баробар мешавад.

Дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи гуногуни истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб 4 баробар зиёд гардид.

Соли 1990 дар кишвар ҳамагӣ 313 ҳазор тонна ангишт ва 500 ҳазор тонна семент истеҳсол шуда буд. Соли 2021 истеҳсоли ангишт ба 2 миллиону 300 ҳазор ва семент ба 4 миллиону 500 ҳазор тонна расонида шуд.

Мо солҳои 2022 – 2026-ро солҳои рушди саноат эълон намудем, зеро саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шаванд.

Дар зарфи беш аз се даҳсолаи охир дар кишвар бо заҳмати софдилонаи мутахассисону коргарони ватанӣ зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои иловагии энергетикӣ бунёд гардида, системаи ягонаи энергетикии мамлакат таъсис дода шуд.

Дар ин давра, ба мо муяссар гардид, ки беш аз 2400 километр роҳҳои замонавӣ бунёд карда, Тоҷикистони сепорчаро ба як қаламрави воҳид ва кишвари транзитӣ табдил диҳем.

Ҳамчунин, дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, ҳуқуқи истифодаи замин ба деҳқон дода шуд, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба ин, хотиррасон менамоям. ки дар оғози замони соҳибистиқлолӣ ба мардуми мо бо сабабҳои маълум хатари гуруснагӣ таҳдид мекард.

Бинобар ин, бо ду фармони Президенти мамлакат ба мардум 75 ҳазор гектар замин тақсим карда дода шуд, ки дар он рӯзҳои вазнин ба пешгирӣ кардани хатари гуруснагӣ ва нисбатан беҳтар гардидани таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоӣ, пеш аз ҳама, нон мусоидат намуд.

Илова бар ин, ба зиёда аз 1 миллиону 400 ҳазор оила 138 ҳазор гектар замин ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзили истиқоматӣ тақсим карда дода шуд.

Мувофиқи омори расмӣ дар кишвари мо як оила аз 6,2 нафар иборат аст.

Яъне аз рӯи ин ҳисоб қариб 9 миллион нафар ё як Тоҷикистони дигар бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин шудааст.

Ҳол он ки дар 70 соли сохти гузашта бо ин мақсад ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин ҷудо гардида буд.

Барои истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ дар кишвар зиёда аз 25 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки дар онҳо даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, бисёр мушкилоту масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бартараф карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки бо дарназардошти аҳаммияти бузурги соҳаҳои маориф ва тандурустӣ қисми зиёди иншооти бунёдгардида барои беҳтар гардонидани шароити соҳаҳои зикршуда равона гардидаанд.

Аз шумораи умумии иншооти ба ифтихори 30-солагии истиқлоли давлатӣ бунёдгардида беш аз 3 ҳазор иншоот ба соҳаи тандурустӣ ва зиёда аз 4000 иншоот ба соҳаи маориф рост меояд.

Зимнан, бояд гуфт, ки дар сӣ соли охир шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, мактабҳои олӣ чор баробар ва донишҷӯён зиёда аз се баробар афзудааст.

Имрӯзҳо барои истиқболи арзандаи 35-солагии истиқлоли давлатӣ раванди ободонии Ватан бомаром идома дорад ва то рӯзи ин ҷашни бузург боз даҳҳо ҳазор иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву хизматрасонӣ ба истифода дода, садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.

Бо эътимоди комил иброз медорам, ки мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла соҳибкорони бонангу номус, вакилони мардумӣ ва хизматчиёни давлатӣ тамоми саъю талоши ватандӯстонаи худро минбаъд низ ба хотири амалӣ намудани нақшаву барномаҳои қабулшуда, ободониву созандагии Ватани маҳбубамон ва истиқболи арзандаи ин ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ сафарбар менамоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Сиёсати сулҳ ва «дарҳои кушода», ки ҷавҳари сиёсати хориҷии мо мебошад, маҳз дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ эълон гардид ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пуштибонӣ ёфт.

Дар иҷлосия мо эълон намудем, ки Тоҷикистон ҷонибдори ба роҳ мондани муносибатҳои судманд бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон дар асоси принсипу меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ буда, таъмин намудани ҳаёти орому осоишта ва арзандаи ҳар шахсро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад.

Имрӯз Тоҷикистон бо 180 давлати хориҷӣ муносибатҳои дипломатӣ дошта, узви комилҳуқуқ ва фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ва тамоми ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.

Дар шароити ниҳоят пурпечутобу мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ, махсусан, масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ саҳми арзишманд гузошта истодааст.

Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон доир ба ҳалли мушкилоти об дар сайёра, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун «Раванди оби Душанбе» пазируфта шудааст, кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳайси пешво муаррифӣ менамоянд.

Ҳамзамон бо ин, масъалаи тағйирёбии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони муосир мавриди таваҷҷуҳи хоси кишвари мо қарор гирифтааст.

Тайи чанд даҳсолаи охир, дар ҳоле ки Тоҷикистон кишвари саноатӣ нест, бар асари тағйирёбии иқлим тақрибан сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои ҳудуди он, ки яке аз сарчашмаҳои асосии ташаккулёбии захираҳои оби Осиёи Марказӣ мебошанд, аз байн рафтааст.

Ҳоло дар ин замина, Тоҷикистон якҷо бо шарикони байналмилалии худ бо мақсади эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо саъю талош карда истодааст.

Ҳамватанони азиз!

Ба шарофати Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро қатъ намудем, давлатро аз нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳо бахшидем, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро барқарор кардем, асосҳои сохти давлатдории муосир – давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро гузоштем ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намудем.  

Дар шароити бисёр мураккаби ҷаҳон ва минтақа, шиддат ёфтани бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо, яроқнокшавии бошитоб, оғози давраи нави «ҷанги сард» ва бар асари ин омилҳо осебпазир гардидани истиқлолу озодӣ ва тамомияти арзии давлатҳои миллӣ масъалаҳои таҳким бахшидани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он арзиш ва аҳаммияти рӯзафзун пайдо карда истодаанд.

Дар зарфи 30 соли гузашта мардуми шарифи Тоҷикистон, вакилони халқ, аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарону кормандони сохтору мақомоти давлатӣ, умуман хизматчиёни давлатӣ ва албатта, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои ҳимояи истиқлолу озодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди давлат ва ободии Ватан содиқона хизмат карданд, ки ба ҳамаи онҳо сипосу миннатдории самимӣ баён менамоям.  

Дар баробари ин, бори дигар изҳор медорам, ки қаҳрамони сулҳ, созандагӣ, ободӣ ва пешрафти Ватан танҳо халқи бузургу сарбаланди Тоҷикистон мебошад.  

Агар тайи сӣ сол хурду бузурги мардуми Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи моро дастгирӣ намекарданд, мо ба сулҳу оромӣ ва пешрафту тараққиёт, яъне ба ин рӯзҳои нек намерасидем.

Ман дар назди ин халқи қаҳрамону матинирода сидқан сари таъзим фуруд меорам.  

Дар ин рӯзи таърихӣ дар баробари зикри комёбиҳо, мо аз онҳое, ки барои расидан ба ин санаи муборак ҷоннисорӣ кардаанд, дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани сулҳу оромӣ дар кишвар ва таҳкиму тақвияти пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии мо саҳми арзишманд гузоштаанд, ба некӣ ёд мекунем ва хотираи қурбониёни истиқлолу озодиро гиромӣ медорем.  

Вазъи кунунии ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ҳатто як лаҳза ҳам аз масъалаи ҳифзи соҳибихтиёрӣ, таъмини амнияти давлату миллат, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ғофил набошем.

Дар робита ба ин, ҳар як фарди бонангу номуси миллатро бори дигар даъват менамоям, ки бо дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худ дар назди халқу Ватан минбаъд дар рушду тараққиёти бомароми давлати соҳибистиқлоламон ва раванди созандагии сарзамини муқаддасу биҳиштосоямон боз ҳам бештар ҳиссагузор бошад.

Мо то имрӯз бисёр мушкилоти ҷомеа ва давлатамон, аз ҷумла бемории хатарноки КОВИД – 19-ро бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва бо кумаку дастгирии ҳамдигар аз сар гузаронидем.

Бо эътимоди комил изҳор медорам, ки мо ба ҳалли дигар мушкилоту масъалаҳои ҳаётамон ҳатман ноил мегардем, зеро миллати муттаҳиду сарҷамъ ба рафъи ҳама гуна мушкилот қодир аст.

Такроран таъкид менамоям, ки мо бояд ба таълиму тарбияи фарзандонамон, яъне соҳибони ояндаи давлат ва миллат эътибори аввалиндараҷа диҳем, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, заҳматдӯстӣ, эҳтироми падару модар, калонсолон ва одобу ахлоқи ҳамидаи миллӣ тарбия кунем.

Мо барои таъмин намудани ободии ояндаи Ватанамон бояд истеъдодҳои ҷавонро дастгирӣ намоем ва аз байни онҳо олимону донишмандон, муҳандисону меъморон, табибону омӯзгорон, ихтироъкорону навоварон, лоиҳакашону бинокорон ва дигар кадрҳоеро тарбия кунем, ки фардои дурахшону осудаи давлату миллатро таъмин карда тавонанд.

Мо бо ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар ва бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва бовар дорем, ки онҳо ҳамчун насли ояндасоз роҳи пешгирифтаи моро ба таври сазовор идома медиҳанд, давлату миллати худро соҳибӣ мекунанд ва обрӯи тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардоранд.  

Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта дошта бошем ва фарзандону набераҳоямон дар Ватани боз ҳам ободу тараққикарда зиндагӣ кунанд, имрӯз бояд ба рушди илму маориф ва неруи зеҳнӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем, ҳамаи саъю талош ва захираву имкониятҳоямонро ба ин самти муҳимтарину ояндасоз сафарбар намоем.

Дар ин раванд, бояд доим дар хотир дошта бошем, ки бо хурофоту ифротгароӣ давлати мутамаддину пешрафта бунёд карда намешавад, зеро хурофоту ифротгароӣ ба инсоният фақат тафриқаандозиву бадбахтӣ меоварад.

Бунёди қасри зебои Арбоб, ки мо ҳоло дар он қарор дорем, маҳсули заҳмати созандаи ҳунармандони халқамон мебошад, ки беш аз 70 сол инҷониб хизмат карда истодааст.

Яъне самараи илму дониш ва касбу ҳунар фақат ободиву пешрафт ва натиҷаи ҷаҳолату бесаводӣ танҳо харобиву ақибмондагист.

Дар дунё кишварҳое ҳастанд, ки бо аҳолии кам ва ҳудуди хеле маҳдуд, вале бо истифодаи илму дониш ва техникаву технологияҳои пешрафта ба сатҳи аз лиҳози иқтисодӣ бисёр баланди тараққиёт расидаанд.

Масалан, Белгия, Сингапур, Япония, Люксембург ва якчанд кишвари дигар.

Дар даврае, ки бемории КОВИД – 19 пайдо шуд, илоҷи он, яъне роҳи табобату пешгирии онро танҳо кишварҳои аз лиҳози неруи зеҳнӣ ва илмиву технологӣ тараққикарда ёфтанд ва бо ваксинаи ихтироъкардаи онҳо ҷони миллионҳо нафар одамон аз дасти аҷал раҳо ёфт.

Фоҷиае, ки солҳои навадуми асри гузашта ба сари миллати тоҷик омад, бояд ба ҳамаи мо ва наслҳои ояндаи миллатамон сабақи ҳушёриву зиракии сиёсӣ бошад.

Аз ин лиҳоз, мо набояд ба паҳншавии ақидаҳои хурофотпарастона ва расму ойинҳои милливу мазҳабии бегонаву ифротӣ роҳ диҳем.

Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки миллати дорои таърихи беш аз шашҳазорсолаи тамаддунсозу фарҳангӣ ва шаҳрсозу шаҳрдору шаҳрнишин набояд аз масири рушду тараққиёт қафо монад ва ба хурофоту ҷаҳолати асримиёнагӣ роҳ диҳад.

Баръакс, чунин миллати бостонӣ бо мероси бузурги илмиву маънавӣ ва суннату анъанаҳои қадимӣ, ки фарзандони фарзонаи он ба тамаддуни башарӣ хизматҳои бузургу барҷаста кардаанд, бояд талош намояд, ки дар сафи пеши корвони рушду тараққиёт қарор дошта бошад.  

Дар ин рӯзи муборак орзу дорам, ки дар Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу осоиш ва ваҳдату ягонагӣ пойдору ҷовидон бошад, ҳар як фарди ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номуси миллати озоду соҳибихтиёри мо бо заҳмати содиқонаву софдилона аркони давлату давлатдории мустақиламонро устувор гардонида, барои ояндаи ободу осудаи сарзамини куҳанбунёдамон саъю талоши бештар намояд.  

Дар амалӣ гардидани ин ниятҳои нек ва нақшаҳои созанда ба ҳар як фарди Ватан барори кор орзу намуда, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва шумо – ҳозирини гиромиро бори дигар ба ифтихори сиюмин солгарди рӯйдоди бузургу тақдирсоз – Иҷлосияи шонздаҳуми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрик мегӯям ва ба ҳар хонадони кишвари азизамон ободиву осоиш, рӯзгори бофайзу баракат ва ба кишвари маҳбубамон суботу оромӣ ва пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.  

Бигзор, миллати сарбаланди тоҷик то абад сарҷамъу муттаҳид, давлати соҳибихтиёри тоҷикон ҳамеша поянда ва Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон сарсабзу хуррам ва ободу пешрафта бошад!  

Саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!

Манбаъ: http://president.tj/node/29697

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

30 соли Иҷлосияи таърихӣ ва сиёсати давлатии забон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 14 Ноябр, 2022 - 14:11

Санаи 14-уми ноябри соли 2022 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони “30 соли Иҷлосияи таърихӣ ва сиёсати давлатии забон” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ., сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илми фалсафа Маҳмадҷонова Муҳиба, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатии Осиё ва Аврупои АМИТ номзади илми ҳуқуқшиносӣ Раҳмонзода Азимҷон, ходими калони илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ номзади илми таърих, дотсент Мирзоев Ҷурабек, кормандони Муассисаи Давлатии “Тоҷикфилм”, намояндагони ВАО аз ҷумла, муовини директори Академияи ВАО Каримзода Ҳақназар, рӯзноманигори рӯзномаи “Омӯзгор” Ҳотами Ҳомид ва кормандони Кумита баргузор гардид.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Олимҷон Муҳаммадҷонзода дар оғози чорабинӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро бо таҷлили 30- солагии Иҷлосияи таърихӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд. Аз ҷумла, иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иҷлоияи XVI Шурои Олиро заминаи асосии ба даст овардани Истиқлол ва сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ намудаанд.
Сипас, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илми филология, профессор Раҳматуллозода Сахидод суханронӣ намуда, доир ба нақши Иҷлосияи таърихии XVI ва рушди минбаъда дар самти сиёсати давлатии забон ибрози андеша намуданд.
Ҳамчунин, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар дар суханронии худ таъкид намуд, ки Иҷлосия рӯйдоди таърихӣ ва тақдирсози миллати тоҷик маҳсуб ёфта, барои Тоҷикистони тозатаъсис роҳбари оқилу одил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мо тақдим кард.
Ҳамзамон, дар конференсия сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илми фалсафа Маҳмадҷонова Муҳиба, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатии Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илми ҳуқуқшиносӣ Раҳмонзода Азимҷон ва ходими калони илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ, номзади илми таърих, дотсент Мирзоев Ҷурабек доир ба дигар паҳлуҳои муҳимии Рӯзи Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар намуданд.
Дар фарҷоми конференсия аз тарафи раиси Кумита Муҳаммадҷонзода О. ба аҳли кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, директори Академияи ВАО Саъдӣ Маҳдӣ ва рӯзноманигори рӯзномаи “Омӯзгор” Ҳотами Ҳомид маҷаллаю китобҳои тозанашри Кумита ва ифтихорномаю сипоснома дар фазои тантанавӣ тақдим гардид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (4 овоз)

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 6 Ноябр, 2022 - 13:29

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар сол 6-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, самимона табрик мегӯям.

Баъди расидан ба истиқлоли давлатӣ ба мо зарур буд, ки Конститутсия, яъне қонуни асосии давлати соҳибихтиёри худро таҳия ва қабул намоем.

Пеш аз ҳама, лозим буд, ки давлати соҳибистиқлоли мо дар сатҳи қонуни асосӣ эълон ва расмӣ гардонида, мақсаду мароми мардуми он - бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ дар ин санади тақдирсоз дарҷ карда шавад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо қабули ин санади раҳнамо бо майлу иродаи худ маҳз чунин сохти давлатиро интихоб намуданд.

Имрӯз бо ифтихор изҳор медорем, ки Тоҷикистон бо эълони созмон додани чунин ҷомеа ва давлат ба низоми муносибатҳои байналмилалӣ ворид гардид ва дар ин роҳ ҳамчун қисми ҷудоинопазири ҷаҳони муосир ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи мутамаддини башарӣ бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.

Дар Конститутсия принсипу меъёрҳои бунёдии ҷомеа ва давлат муқаррар шудаанд, ки онҳо асоси сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсати хориҷии давлатро ташкил медиҳанд.

Дар асоси меъёрҳои Конститутсия ба мо муяссар гардид, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори сиёсӣ ва иқтисодии кишварамонро таъмин намуда, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам оварем.

Ин санади муқаддас, яъне Конститутсия воқеан ҳам ифодагари иродаи халқи Тоҷикистон аст, зеро халқ дар муҳокимаи он бо пешниҳоду дархостҳои судманд фаъолона ширкат кард ва онро бо аксарияти мутлақи раъйи худ қабул намуд.

Воқеан, яке аз меъёрҳои асосии Конститусияи мо таъмин намудани иштироки васеи шаҳрвандони кишвар дар идораи корҳои давлативу ҷамъиятӣ мебошад.

 Вобаста ба ин, мехоҳам хотирнишон намоям, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститусия мавқеи асосиро ишғол менамоянд. Ин масъала дар 34 моддаи он ё аз се як ҳиссаи Конститутсия дарҷ гардидааст.

Арзиши олӣ эътироф шудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун меҳвари асосии Конститутсияи кишвар ифодагари мазмуну моҳияти ҷомеаи демократӣ ва асоси фаъолияти сохторҳои давлатӣ ба шумор меравад.

Дар замоне, ки Тоҷикистон дар ҳолати буҳрони бисёр шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор дошт, қабули чунин як санад бо тарзу усул ва мазмуну моҳияти ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир, дар баробари дигар омилҳо, барои аз вартаи нобасомониҳо берун кашидани кишвар нақши ҳалкунанда бозид.

Конститутсияи мо, ҳамчунин, ифодагари манфиатҳои олии миллат ва давлат, низоми устувори давлатдорӣ, ҳимояи истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ, тамомияти арзӣ, волоияти қонун ва фаъолияти бонизоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад.

Аз ин рӯ, Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз, роҳнамо ва шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон аст. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар онро бояд азизу муқаддас шуморад ва ба он ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ арҷ гузорад.

Дар ин раванд, зарур аст, ки ҳисси эҳтирому гиромидошт нисбат ба рамзҳо ва муқаддасоти миллӣ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва албатта, Конститутсия дар зеҳну шуури наслҳои наврас ҳанӯз аз хурдсолӣ тарбия карда шавад.

Бовар дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ гардидани меъёрҳо ва арзишҳои Конститутсия минбаъд низ саҳми арзишманду ватандӯстонаи худро мегузоранд.

Вазъи ноустувор ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза моро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, истиқлолу озодии кишвару миллатро ҳифз намоем, волоияти Конститутсия ва қонунҳои давлати худро таъмин кунем, саъю талоши худро ба хотири боз ҳам устувору мустаҳкам гардонидани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ равона созем, Ватанамонро обод ва давлатамонро неруманду пешрафта гардонем.

Бори дигар хурду бузурги мардуми кишварро ба ифтихори ҷашни муқаддасу таърихӣ – Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳистиқлол табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мамлакат тансиҳативу осоиш ва рӯзгори босаодат орзу менамоям.

Доим саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!

Манбаъ: http://president.tj/node/29523

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

Конститутсия – рамзи олии истиқлоли кишвар

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 4 Ноябр, 2022 - 10:48

Рӯзи 3-юми ноябри соли 2022 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Конститутсия – рамзи олии истиқлоли кишвар” бо иштироки судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми ҳукукшиносӣ, дотсент Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо бо шукуҳу шаҳомат доир гардид.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илми филология, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода дар оғози чорабинӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро бо таҷлили 28-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд. Аз ҷумла, иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санади тақдирсозро ҳамчун ҳуҷҷати равшангари роҳи ҳаёти мардум арзёбӣ намудаанд, ки низоми давлатдориро муайян ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад.
Сипас, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳукукшиносӣ, дотсент Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо суханронӣ намуда, доир ба таърихи ташаккул ва мазмуну моҳияти Конститутсия ва нақши он дар ташкили низоми мақомоти давлатӣ ва рушди идоракунии давлатӣ, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд ва мақому манзалати забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуд.
Ҳамзамон, дар рафти кори мизи мудаввар муовини раиси Кумита доктори илми филология, профессор Раҳматуллозода С. ва кормандони Кумита баромад намуда, нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рушду ташаккули давлату ҷомеаи миллӣ ва соҳибистиқлоли мо муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар аз тарафи раиси Кумита Муҳаммадҷонзода О. ба Ҷамшедзода Ҷ. Н. маҷаллаю китобҳои тозанашри Кумита дар фазои тантанавӣ ҳамчун туҳфаҳои хотирмон тақдим гардиданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

Паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Меҳргон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 15 Октябр, 2022 - 08:00

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо бо фарорасии ҷашни Меҳргон - яке аз куҳантарин ойинҳои мардуми куҳанбунёди тоҷик, ки айёми ҷамъоварии маҳсули заҳмати кишоварзон, айёми фаровонӣ ва шодиву нишот мебошад, самимона табрик мегӯям.

Меҳргон дар таърихи тамаддуни мардумони ориёитабор пас аз Наврӯз дуюмин ҷашни бузург аст, ки бо табиат ва кишоварзиву боғдорӣ иртиботи мустақим дорад ва инъикоскунандаи решаҳои амиқи иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ мебошад.

Яъне Меҳргон ҷашнест, ки бар асоси қонунҳои табиат, баробаршавии шабу рӯз дар фасли тирамоҳ ва ҷамъоварии ҳосилоти кишоварзиву боғдорӣ ташаккул ёфтааст.

Дар ин рӯз ниёгони мо бо шукргузорӣ аз ҳосили бадастомада орзуи фаровониву пурборӣ ва ваҳдату ягонагиро мекарданд.

Ба ибораи дигар, Меҳргон таҷассумгари арзишҳои неки инсонӣ, файзу баракати рӯзгор ва ҳаёти орому осудаи мардум мебошад.

Қобили зикр аст, ки ҷашну ойинҳои миллии аз ниёгони некноми мо бамеросмонда оммаҳои мардумро ба сулҳу субот ва оромиву осоиш даъват мекунанд, ҳамаро, сарфи назар аз тафовутҳои миллӣ, диниву мазҳабӣ ва мақому мартабаи иҷтимоӣ гирди дастархони пурнозу неъмати идона ҷамъ оварда, ба ин васила дӯстиву рафоқати байни инсонҳоро таҳким мебахшанд.

Доир ба анъанаву суннатҳои неки ин ҷашни бостонӣ дар осори донишмандони гузаштаи мо, аз ҷумла Абурайҳони Берунӣ маълумоти фаровон оварда шудааст.

Дар асари машҳури ӯ «Осор – ул – боқия» дар бораи паҳлуҳои гуногуни баргузории ҷашни Меҳргон ва ривоятҳои марбут ба он нақлҳои ҷолиб мавҷуданд, ки тибқи яке аз онҳо ёқут дар Наврӯзи дилафрӯз ва забарҷад дар Меҳргони заррин офарида шудааст.

Аз ин лиҳоз, ин ду айём чун ёқуту забарҷад ҷило медиҳанд.

Меҳргонро шоирони бузурги мо ҳам ба сифати ҷашни мардумӣ ва ҳам ойини хусравонӣ тавсиф кардаанд.

Масалан, падари шеъри Аҷам устод Рӯдакӣ ҳанӯз дар замони Сомониён гуфтааст:

Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.

Дар асрҳои минбаъда арзишҳои наҷибу судманди Меҳргон дар байни мардум бештар чун иди ҳосилот маъмул гардид, вале таҳти таъсири омилҳои гуногун анъанаи таҷлили он чун ҷашни махсуси миллӣ аз байн рафта буд.

Танҳо ба шарофати истиқлоли давлатӣ мо имкон пайдо намудем, ки Меҳргонро бо тамоми расму одатҳои неки он аз нав зинда гардонем.

Таҷлили расмии Меҳргон ва дигар ҷашнҳои миллӣ гувоҳи равшани он аст, ки миллати куҳанбунёди мо рӯ ба омӯзишу эҳёи арзишҳои гузаштаи фарҳангии худ овардааст ва ҳифзу гиромидошти онҳоро вазифаи бошарафи хеш медонад.

Чунонки зикр гардид, Меҳргон чун дигар ойинҳои мавсимии мо – тоҷикон, қабл аз ҳама, ҷашни кишоварзон мебошад.

Дар робита ба ин, хотирнишон бояд кард, ки бо сабаби вазъи ноороми сайёра, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, таҳримҳои иқтисодиву молиявӣ ва омилҳои дигар дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон болоравии босуръату бесобиқаи нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ мушоҳида мегардад.

Дар чунин шароити вазнин, ки инсоният дар 80 – 100 соли таърихи худ ба он рӯ ба рӯ омадааст, мо бояд беш аз ҳар вақти дигар кор кунем, заҳмат кашем, ҳарчи бештар маҳсулоти озуқаворӣ истеҳсол ва захира намоем.

Ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, яъне истифодаи самараноки обу замин, технологияҳои инноватсионӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва бо ҳамин роҳ зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ вазифаи муҳимтарину аввалиндараҷаи мо дар вазъияти кунунӣ мебошад.

Бинобар ин, роҳбарону мутахассисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳар як кишоварз ва ҳар як оиларо зарур аст, ки ба масъалаи истифодаи самараноку оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, гирифтани се – чор ҳосил ва захираи маҳсулоти озуқа бисёр ҷиддӣ муносибат намоянд.

Корро дар ин самт тавре ба роҳ бояд монд, ки мардумамон дар фасли зимистон ба камбудиву танқисӣ рӯ ба рӯ нашаванд ва муҳтоҷӣ накашанд.

Воқеан, барои фасли зимистон захира кардани маводи зарурии ғизоӣ яке аз анъанаҳои неки Меҳргон мебошад.

Бовар дорам, ки кишоварзони мамлакат ва кулли мардуми кишвар бо заҳмати дастҷамъонаи худ ба хотири ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ беш аз пеш саъю талош мекунанд.

Бори дигар тамоми мардуми кишварро ба ифтихори ҷашни бостонии Меҳргон самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди кишвар хонаи обод, дастурхони фаровон, файзу баракат ва саодати рӯзгор орзумандам.

Ҷашни Меҳргон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 4.8 (5 овоз)

Категория:

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ «ЗАБОН ВА ИСТИҚЛОЛ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 4 Октябр, 2022 - 15:12

     Рӯзи 4-уми октябри соли 2022 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Забон ва истиқлол” бо иштироки муҳаққиқону донишмандон, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажуҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, Шурои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита, намояндагони ВАО ва доираи васеи меҳмонон   баргузор гардид.
     Конференсияро раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Олимҷон Муҳаммадҷонзода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозиринро бо таҷлили Рӯзи забони давлатӣ табрик намуд.        
     Ҳамзамон, дар суханронии худ иброз дошт, ки замони навини эҳёи Тоҷикистони азиз бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад, зеро ин абармарди дунёи сиёсат пайваста дар барои мустаҳкам гардидани рукни давлату бедории миллат саъйу талош менамоянд.
     Чӣ хеле ки ба ҳамагон маълум аст дар 31 соли даврони Истиқлоли давлатӣ мо шоҳиди дигаргуниҳои бузург ва бесобиқа дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон, ба хусус, забони давлатӣ мебошем.     
     Имрӯз забони давлатӣ дар кишвари мо ҳамчун омили ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳо эътироф  гардидааст.
      Маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз забони тоҷикӣ мавриди ғамхориву пуштибонии ҳаматарафаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст.
        Воқеан, Пешвои миллат, чун вориси бонангу баномус оид ба рушди забони давлатӣ пайгирона талош меварзад ва ҳамеша таъкид мекунад, ки худшиносӣ, ифтихори ватандорӣ аз муҳаббат ба забони модарӣ шуруъ мешавад.
        Сипас, дар қисми ифтитоҳии барномаи конференсия президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон доктори илми филология, профессор, Саломиён Муҳаммаддовуд, ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода доктори илми филология, профессор Гулназарзода Жило, узфи вобастаи АМИТ, доктори илми филология, профессор, Сайфиддин Назарзода, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доктори илми филологӣ, профессор, Ҳомидов Дилмурод, устоди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, номзади илми филология, дотсент Мирбобоев Азиз суханронӣ намуда, аз дастоварду ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмондар самти рушди забони давлатӣ ёдовар шуданд.
     Конференсия аз ду бахш иборат буд, ки дар барнома 54 нафар бо маърузаҳои худ аз донишгоҳу донишкадаҳо, идораву муассисаҳо ва марказҳои илмии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ширкат доштанд. Маводи иштирокдорони конференсия бошад дар маҷмуа таҳти унвони “Пешвои миллат ва сиёсати давлатии забон” тоза аз чоп баромад, ки барои дар сатҳи сазовор таҷлил намудани Рӯзи забони давлатӣ мусоидат кард.
     Дар охири кори конференсия ба устодону кормандоне, ки бо Кумита ҳамкориҳои судманд доштанду доранд дар самти пешбурд ва тадбиқи сиёсати давлатии забон саҳми арзанда доранд ва аз  тарафи раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода, ифтихорнома ва сипоснома дар фазои тантанавӣ тақдим гардид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 4.9 (48 овоз)

ЭҲДО БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. АЗАМАТУ ҶАЛОЛИ ОЛИ СОМОН ВА ДАВЛАТИ СОМОНИЁН МАҲЗ АЗ БАРАКАТИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ БУД

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Октябр, 2022 - 19:47

ДУШАНБЕ, 03.10.2022.  АМИТ «Ховар».
     Азамату ҷалоле, ки Оли Сомон ва давлати Сомониён дошт, маҳз аз баракати забони дарии тоҷикӣ буд, ки илму фарҳанг ва давлату давлатдории тоҷикон ва симои маънавии халқи тоҷикро ба хиттаи ёдгориҳои арзишманди тамаддун ворид намуда, онро бо тамоми шоистагиаш муаррифӣ кард. Ин забон аз қадимулайём ба худ нишонаҳои забони классикӣ дошта, дар ҷаҳон ба таври густарда вусъат пайдо кардаву асрҳо ба ҳайси забони фарҳангу адаб, савдову тиҷорат ва муоширату гуфтушуниди дипломатии Осиёи Марказӣ истифода мешуд.
     Ин матлабро Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода дар арафаи ҷашни Рўзи забони давлатӣ,  ки ҳамасола дар кишвар 5 октябр таҷлил мегардад, дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт.
     «Сарчашмаҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки бо забони тоҷикии форсӣ мардумони беш аз 29 кишвари ҷаҳон гуфтугӯ мекунанд, забони тоҷикӣ аз ҷиҳати калимасозӣ ва ибораороӣ дар сархати забонҳои дунёст ва имкон дорад, ки дар ин радиф беш аз 225 миллион калима ва вожа бисозад. Ин ҳама аз тавонмандӣ, шаҳомат ва бузургиву нодирии забони ноби тоҷикӣ шаҳодат медиҳад»,-мегўяд олими забоншинос.
     Ба андешаи ӯ, имрӯз ҳам забони тоҷикӣ аз ҷиҳати ғановат ва сермаъноии калимаҳо миёни забонҳои хурду бузурги дунё мақоми аввалро доро мебошад, ки далели он луғатномаи Деҳхудо (18 ҷилд) ва 6 ҷилд Луғати тафсирии ӯ мебошад.
«Агар бузургони пешин, устодон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров адабиёту таърихи пурфарозу оламгири тоҷиконро ҳамчун мероси аслии миллат рўнамоӣ карда бошанд, дар пайомади эшон, абармарди арсаи сиёсат, илм ва фарҳангу иқтисоди мустақил ва худогоҳи воқеии миллии тоҷикон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забони тоҷикӣ арҷгузории беназир намуда, ҷойгоҳи онро дар арсаи байналмилалӣ миёни зиёда аз 200 кишвари олам   сайёра баланд бардоштанд. Ва чуноне ки имрӯз ҳамагон шоҳиди ҳоланд, забони тоҷикӣ дар симову ҳузури муборак ва лаҳни гуворои Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар минбарҳои  дигари бонуфузи сиёсиву фарҳангӣ садо медиҳад», -иброз дошт  ҳамсуҳбати мо.
     Олимҷон Муҳаммадҷонзода хотиррасон шуд, ки забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб ёфта, дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ба муқаддасоти миллӣ дохил шудааст. Дар моддаи дуюми Конститутсияи ҷумҳурӣ омадааст, ки забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст, ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон истифода кунанд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: манбаъҳои боз ва бойгонии АМИТ «Ховар»
Манбаъ:
https://khovar.tj/2022/10/5e-do-ba-ruzi-zaboni-davlat-azamatu-aloli-oli-somon-va-davlati-somoniyon-ma-z-az-barakati-zaboni-to-ik-bud/

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 4.2 (5 овоз)

Забон воситаи муҳимтарини тарбияи миллист

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Октябр, 2022 - 19:43

     Ҷаҳони пуртазод ва суръатнок дигаргуншавандаи муосир ба равандҳои иҷтимоиву сиёсӣ, вазъи дохиливу хориҷии кишварҳо ва муносибатҳои байналмилалӣ таъсир расондааст. Чунин тағйирпазирии динамикии ҳолати ҷаҳон кишварҳои тозаистиқлол, аз қабили Тоҷикис­тонро пайваста ба мустаҳкам кардани мақому мартабаашон такон дода, онҳоро барои таҳлилу таҳқиқи пайваста ва ҷустану истифода кардани роҳу усулҳои таҳким бахшидани ваҳдату ягонагии ҷомеаҳояшон водор месозад. Яке аз чунин арзишҳои бо ҳам пайванд, ки нақши боризе дар ин раванд дорад, забони миллӣ, манфиати миллӣ ва ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.
     Забон қисми ҷудонопазири таркибии ҳама гуна фарҳанги миллӣ буда, ошноии пурра бо он ҳатман, на танҳо омӯзиши таърихи моддӣ, таърих, ҷуғрофиё, иқтисодиёт ва ғайра, балки кӯшиши дарки тарзи тафаккури миллат, бо чашмони соҳибони фарҳанги мазкур дидани оламро дар назар дорад. Маҳз, забон муттаҳидкунандаи асосии нишонаҳои миллат мебошад, зеро ягон ғояву мароми умумӣ, арзиши фарҳангӣ ва иқтисоди умумӣ бидуни фаҳмиши ягонаи рамзҳои калимавии дар муошират истифодашаванда имконнопазир буда, он ҳамчун воситаи интиқоли муқаррароти фарҳангӣ хидмат менамояд. Мутафаккирони бузурги тоҷик забонро оинаи рӯҳу равони халқ донистаанд. Бинобар ин, ҳар як давлате, ки аз оянда андеша менамояд, пеш аз ҳама, дар масъалаи забон мутамарказ мешавад.
    Забони тоҷикӣ ҳамчун моликияти гаронарзиши халқ дар якчанд шакли зоҳиршавӣ вуҷуд дорад. Забони миллии мо шиносномаи миллат ва нишонагари ҷои сукунати он мебошад. Он мафҳуми иҷтимоӣ-таърихиест, ки забони муоширати миллатро дар ду шакл — шифоҳӣ ва хаттӣ ифода менамояд. Аз ҷиҳати сохтори дохилӣ забони миллӣ меросбари забони халқ мебошад.
    Забон, ҳамзамон бо миллат пайдо шуда, натиҷаи эҷоди он воситаи тафаккури вижаи миллӣ мебошад. Асосгузори назарияи забоншиносӣ В. Гумболд дуруст мефармояд, ки «забон нафас, рӯҳи миллат аст». Ҳамин хусусияти забонро дар назар дошта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва рос­тини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад». Забони миллӣ шаклест, ки дар худ арзишҳои маънавиро ҳифз карда, онҳоро аз насл ба насл интиқол медиҳад ва онҳоро халқ дар таърих ба вуҷуд овардааст. Миллате, ки забони модариашро ҳифз намекунад, ба он арҷ намегузорад, оянда надорад, зеро он маҳз ҳамон ченаки абадиву устуворест, ки бе он ягон дастоварди илмӣ ва маърифативу иттилоотӣ ғайриимкон аст.
     Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қавӣ ва соҳибхати дунё ба шумор рафта, ҳанӯз дар асри Х мақоми давлатӣ гирифтааст. Ин падидаи таърихӣ бо давлатдории Сомониён марбут буда, маҳз дар ҳамон замон сатҳи баланди худшиносии амирони Сомонӣ, хусусан, Исмоили Сомонӣ шароит фароҳам овард, ки забони тоҷикӣ мақому мартабаи олиро соҳиб гардад. Дар он давраи таърихӣ садҳо осори манзуму мансур иншо шуда, эътибори забони тоҷикиро боло бурданд ва онро тӯли беш аз ҳазор сол забони дипломатия ва дорои нуфузи забони расмӣ намуданд. Дар тамоми АвруОсиё бо ин забон муколамаву мукотиба сурат гирифта, дар кишвару манотиқи гуногуни ин қаламрав мактабҳои бузурги илмиву адабӣ ва фарҳангӣ ба забони тоҷикӣ густариш пайдо карданд.
     Дар даврони шӯравӣ забони тоҷикӣ ва истифода аз он, ҳамчунин, тадбирҳои мудирияти он дар сатҳи давлатӣ зарурати эъмор ва татбиқи сиёсати забонро ба вуҷуд овард, ки дар ҳошияи он чорабиниҳо чандин маротиба табдили расмулхат, таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои фарогири омӯзиши забони тоҷикӣ вобаста ба саводнок гардондани мардум, тарҳрезӣ ва ба роҳ мондани барномаҳои илмии омӯзиши забони тоҷикӣ, филологияи тоҷик сурат гирифта, саҳифаҳои таърихи миллатро дар давраи нав ва навтарин рангин намуданд.
Вақте ки оид ба мафҳуми истиқлолият меандешем, беихтиёр сайри таърихие пеши рӯи мо меояд, ки барои дарки аҳамияти ин падидаи сиёсӣ барои миллатҳо кумак менамояд.
Зимнан, Истиқлолияти давлатӣ мардуми кишварро мутмаин сохт, ки фақат миллате, ки он барои рушду такомули илму маориф ва фарҳанг ғамхорӣ зоҳир мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст.
Аз ин рӯ, мо нахустин дастоварди замони Истиқлолияти давлатиро ҳамчун омили асосии ҳамбастагии миллат ва халқиятҳо эътироф шудани забони тоҷикӣ мешиносем, ки тавассути он мо забони тоҷикиро олитарин муқаддасоти миллӣ медонем.
     Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санади муҳим ва саҳифаи нав дар рушди забони давлатӣ мебошад. Қонуни мазкур комилан бо Конститутсияи кишвар созгор буда, ба таъмини озодиҳои асосии инсон марбут аст, ки дастгирии на танҳо забони миллати асосии кишвар, балки рушду такомул ва амали забонҳои миллатҳои дигари сокинони кишварро кафолат медиҳад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои густариши амали забони тоҷикӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшида, онро аз муҳити хонавода берун баровард ва ба таври воқеиву иҷтимоӣ мавриди истифодаи умум қарор дод.
Забон ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллист ва аз ин рӯ, бояд аз он пуштибонӣ намуд ва барои покизагии он талош варзид. Чунин мавқеъро, пеш аз ҳама, Пешвои миллат содиқонаву пайгирона пеш гирифтаанд, ки мардуми кишварро дар роҳи ватандӯстиву ифтихори миллӣ илҳом мебахшад.
     Мавқеи устувори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати сарпарастӣ аз забони давлатӣ ва роҳнамоӣ дар рушду густариши он, пеш аз ҳама, дар таълифоташон возеҳу равшан ифода ёфтаанд. Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат» (иборат аз 2 ҷилд) таҳлили бунёдии масъалаҳои марбут ба забон, таърих ва фарҳанги тоҷик, ҳастӣ ва ҳувияти миллати тоҷик мебошад. Он сухани наву тозае дар забоншиносии тоҷик, татбиқи сиёсати забон ва рушду устувории ҳувияти миллӣ ба шумор рафта, ҷавобан ба гузориши масоили муб­рами таърихи забон, ҷанбаҳои печидаи сиё­сати забонӣ дар даврони истиқлолият ва барои муайян намудани ояндаи инкишофу тараққии забон ва фарҳанги миллии тоҷик бахшида шудааст.
    Мустаҳкам кардани мавқеи забони давлатӣ барои татбиқи чораҳои эҳёи пайванди наслу аслҳои фарҳангӣ, дар шакли омӯзиши хатҳои таърихиро муҳайё карда, инчунин дар мавриди омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва забони русӣ захираву имкониятҳои беназирро дастрас намуд. Ин аст, ки сатҳи босаводии мардуми кишвар ҳоло на танҳо бо донистани хуби забони давлатӣ, балки бо донистани забонҳои хориҷӣ, расмулхатҳои гуногун, тавони мавриди истифодаи васеъ қарор додани ин донишҳо дар фаъолияти иҷтимоӣ ва илмӣ муайян мегардад.
     Вазифаи дигари муҳими мақоми давлатиро соҳиб гардидани забони тоҷикӣ — ба таври назаррас тавсеа додани фазои амали забони адабӣ мебошад, ки имрӯз на танҳо дар муҳити адабӣ-фарҳангӣ, балки дар фазои иттилоотии байналмилалӣ хеле густариш ёфтааст. Истифодаи забони адабии тоҷикӣ нишонаи маданияти хуби гуфтор ва навиштор, нишонаи омодагии мутахассисони соҳаҳои гуногун ва маҳоратҳои сарвариву сиёсии аъзои ҷомеа мебошад. Симои зиёӣ, мутахассис, фарди ватандӯсту фарҳангӣ, маърифатпарвари кишварро имрӯз, маҳз салиқаи забондонӣ ва маҳорату санъати сухани ӯ равшан менамояд, ки куллан тоҷикони муосирро дигаргун кардааст. Далели ин гуна тағйироти куллии сифатӣ дар сиёсати забони кишвар иштироки фаъол, пур аз ифтихори ватандориву фарҳангсолории мардуми Тоҷикистон дар озмунҳои фарҳангии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат» ва амсоли он мебошад, ки дар он намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа ва синну соли гуногун қувваозмоӣ карданд.
     Дар маҷмӯъ, метавон хулоса кард, ки забон падидаи асосии фарҳанг, механизми асосии ваҳдати миллӣ, абзори бавуҷуд­оварандаву ташаккулдиҳандаи миллат аст, ки онро ба мақоми сохтори иҷтимоӣ мерасонад. Инчунин, он танҳо воситаи муошират набуда, унсури бунёдии худшиносии миллӣ, маҳаки маънавиёти халқ, воситаи муҳимтарини тарбияти миллист.
 

Олимҷон МУҲАММАДҶОНЗОДА,
раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илми филология,
профессор

Манбаъ: https://sadoimardum.tj/maorif/zabon-vositai-mu-imtarini-tarbiyai-millist/

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 4.2 (5 овоз)

Категория:

Суханронӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 27 Сентябр, 2022 - 09:38

Омӯзгорони муҳтарам ва донишҷӯёни азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи шуморо ба муносибати ифтитоҳи биноҳои нави таълимии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода самимона табрик мегӯям.

Чун мулоқоти мо дар Донишкадаи давлатии забонҳо доир мегардад, дар ибтидо зарур мешуморам, ки баъзе андешаҳои худро доир ба мақому манзалати забони давлатӣ, яъне забони тоҷикӣ ва вазъи иҷрои Қонуни забон ба таври мухтасар баён намоям.

Забони ширину шевои тоҷикӣ муҳимтарин унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки дар даврони истиқлол ва дар марҳалаи бунёди давлатдории миллӣ рисолати миллатсозиву давлатсозии худро бо рангу ҷилои тоза идома бахшида истодааст.

Маҳз ҳамин забони ноби модарӣ халқи моро дар тӯли зиёда аз панҷуним ҳазор сол бар зидди тамоми бадбахтиҳову тохтутози аҷнабиён муттаҳиду сарҷамъ нигоҳ доштааст ва ба миллати тоҷик умри ҷовидонӣ бахшидааст.

Забони мо, яъне забони шоиронаву зебои тоҷикӣ бузургтарин ва гаронбаҳотарин дороиву сарвати мо, ифтихори мо ва рӯйи сурху сари баланди мо – тоҷикон – яке аз миллатҳои қадимтарини дунё мебошад.

Сездаҳ сол пеш, яъне 5-уми октябри соли 2009 бо дарназардошти воқеияти замони соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» қабул карда шуд.

Ин санаи муҳим Рӯзи забони давлатӣ эълон гардид ва ҳар сол аз ҷониби соҳибзабонон, яъне мардуми шарифи Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи ҳамватанони азиз ва шумо – ҳозирини муҳтарамро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки то таҷлили он рӯзҳои башумор мондаанд, самимона табрик мегӯям.

Қобили зикр аст, ки масъалаи забони давлатӣ ва тақвияту таҳкими мақоми он дар таърихи давлатдории навини мо ҳамеша яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, имрӯз низ пайваста дар маркази диққати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Яъне забони давлатӣ дар Тоҷикистон зери ҳимояву пуштибонии мустақими давлат қарор дошта, барои рушду пешрафти он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар ҳамаи шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.

Дар ин раванд, давра ба давра барномаҳои рушди забони давлатӣ таҳия, тасвиб ва амалӣ карда мешаванд.

Аз ҷумла Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030, ки 29-уми ноябри соли 2020 қабул гардид, дурнамои рушди забони моро барои даҳ соли оянда дар бар гирифта, ба татбиқи муваффақонаи қонуни забон равона шудааст.

Ба сифати омили ҳастӣ ва бақои миллат нигоҳ доштани асолат ва ҳувияти забони тоҷикӣ ҳадафу вазифаи барномаи мазкур дар замони муосир мебошад.

Дар робита ба ин, хотиррасон менамоям, ки ғамхориву пуштибонии доимӣ нисбат ба забони давлатӣ вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси миллат, яъне соҳибони забон мебошад.

Зеро рушди пайваста ва ҳамаҷонибаи он дар мақоми забони миллӣ ва забони давлатӣ муҳимтарин нишонаи пойдории давлатдории миллӣ ва истиқлоли давлативу сиёсии мо дар рӯзгори пурошӯби имрӯзаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Як нуктаи дигари муҳимро хотиррасон менамоям, ки забони тоҷикӣ дар раванди ташаккулу таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутоберо тай намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахти таърих гузаштааст ва имрӯз, ки мо дар масири бунёду таҳкими давлатдории миллӣ пеш меравем, рисолати худро ба сифати василаи ваҳдатсоз ва муттаҳидкунандаи мардуми Тоҷикистон муваффақона идома дода истодааст.

Боиси ифтихор ва фараҳмандии зиёди мо – ворисони ин забон ва мероси бузурги бо он навишташуда аст, ки ин забон то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаву барҷастаи миллати тоҷик – аз Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ ва устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то Бобоҷон Ғафурову устод Садриддин Айнӣ ба ҳамон шакли асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини вожаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи дилнишину зебо боқӣ мондааст.

Воқеан, ҳамин забон аст, ки миллати тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо таъриху фарҳанги камназири худро тавассути он навишта ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.

Дигар ин, ки забон ҳамчун падидаи иҷтимоӣ, дар ҳақиқат, ойинаи рӯзгор, расму ойин, суннату анъана ва донишу фарҳанги гузаштагон барои наслҳои имрӯза мебошад.

Маҳз ба ҳамин далел забон дар раванди барпо кардани давлати миллӣ ҳамчун унсури аввалия ва рукни бунёдии давлатдорӣ нақши ниҳоят муҳим ва сарнавиштсоз дорад.

Аз ин рӯ, беэътиборӣ ё беэҳтиромӣ нисбат ба забон қотеътарин далели надоштан ё гум кардани ҳисси миллӣ мебошад.

Бинобар ин, яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеаи Тоҷикистон – аз хурд то бузург, равшанфикрону донишмандон, инчунин, дастгоҳи давлативу ҳукуматӣ ҳифз кардани забони бостонии зебову шево ва ширину шоиронаи тоҷикӣ, тозаву ноб ва поку беолоиш ба наслҳои оянда расонидани он аст.

Мо бояд шукрона кунем, ки истиқлоли давлатӣ барои ҷилову дурахши дигарбораи яке аз муқаддасоти миллии мо – забони тоҷикӣ, рушду такомул ва истифодаи он дар ҳамаи соҳаҳо заминаи созгор ва имкониятҳои фаровон муҳайё намуд.

Забони тоҷикӣ дар мақоми расмиву давлатии худ имрӯз на танҳо дар коргузорӣ, илм ва муоширати дохилӣ, балки дар робитаҳои байналмилалии мо низ васеъ истифода мегардад.

Устодон ва шогирдони муҳтарам!

Ҳукумати мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ ба хотири таъмин намудани шароити мусоиди таълиму тарбия ва зиндагии шоистаи наврасону ҷавонон – насли ояндасози миллат ва Ватани азизамон – Тоҷикистон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида, ин равандро бомаром идома дода истодааст.

Бунёд кардану ба истифода додани биноҳои нави таълимии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо 1500 ҷойи нишаст барои омода намудани мутахассисони донандаи забонҳои хориҷӣ далели возеҳи дастгирии Ҳукумати мамлакат мебошад.

Иншооти навбунёди имрӯза имконият медиҳад, ки шумораи донишҷӯёни донишкада ба 7000 нафар расонида шавад.

Ҳоло дар донишкада бо 11 забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, чинӣ, куриёӣ, ҷопонӣ, ҳиндӣ, арабӣ ва форсӣ) аз рӯйи 41 ихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мутахассис тайёр карда мешавад.

Дар донишкада зиёда аз 500 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба, аз ҷумла шаҳрвандони 21 кишвари хориҷӣ фаъолият менамоянд, ки 80 нафари онҳо дорои унвони илмӣ мебошанд.

Аз давраи таъсисёбии донишкада, яъне аз соли 1979 то имрӯз 14 200 нафар мутахассис омода карда шудааст, 77 фоизи онҳоро мутахассисони равияи омӯзгорӣ ташкил медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки ҳоло хатмкардагони донишкада дар ҳама гӯшаву канори мамлакат ва берун аз он, аз ҷумла дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, инчунин, дар сафоратҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ муваффақона фаъолият карда истодаанд.

Ҳамзамон бо ин, донишкада бо 52 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ва ташкилоту муассисаҳои минтақавию байналмилалӣ робитаҳои ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки ба пешрафти ҳамаҷонибаи фаъолияти он мусоидат менамояд.

Дар ин давра 2700 нафар шаҳрвандони 19 кишвари дуру наздики хориҷӣ ҳамчун донишҷӯву аспирант, инчунин, дар курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзии донишкада таҳсил кардаанд.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тақвияти пояи моддиву техникии донишкада, ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани шароити таҳсил ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар донишкада марказҳои омӯзиши забони англисӣ, чинӣ, ҳиндӣ ва куриёӣ таъсис дода шудаанд, ки ҳоло пурсамар фаъолият доранд.

Илова бар ин, соли 2021 дар заминаи факултаи забони англисӣ маркази тестии забони англисӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки дар байни дигар муассисаҳои таълимӣ ягона мебошад.

Ҳамчунин, дар донишкада курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ ба роҳ монда шудаанд, ки дар онҳо шаҳрвандони мо ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҷалб мегарданд.

Бо дарназардошти шароити муҳайёгардида ва бо мақсади рушду инкишофи боз ҳам бештари фаъолияти илмиву таълимии муассиса дар самти омода намудани мутахассисони баландпояи донандаи якчанд забони хориҷӣ пешниҳод мегардад, ки номи донишкада ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода табдил дода шавад.

Ба Вазорати маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳо дастур дода мешавад, ки дар муддати 3 моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро доир ба ин масъала таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Мо барои забономӯзии наврасону ҷавонон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро фароҳам созем ва корро тавре ба роҳ монем, ки ба кишварҳои хориҷӣ барои забономӯзӣ рафтани шаҳрвандонамон ҳарчи камтар гардад.

Бо ин мақсад бояд аз тамоми имкониятҳо, аз ҷумла китобхонаҳо, ки барои тадрису омӯзонидани забонҳо заминаи бисёр мусоид мебошанд, васеъ ва самаранок истифода карда шавад.

Ҷиҳати ҳалли ин масъала Вазорати маориф ва илм, Донишкадаи давлатии забонҳо ва факултаҳои забономӯзии ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд барномаҳои забономӯзиро таҳия ва амалӣ намоянд.

Ҳозирини муҳтарам!

Ман борҳо таъкид карда будам ва ҳоло бори дигар хотиррасон менамоям, ки дар шароити муосир ноил гардидан ба дастовардҳои илму техника ва технологияҳои нав ва баробар бо ҷомеаи пешрафтаи башар қадам гузоштан бидуни аз худ кардану хуб донистани забонҳои хориҷӣ бисёр мушкил ва ҳатто ғайриимкон мебошад.

Бо мақсади тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ ва рушди тафаккури техникии мардум ва қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, инчунин, дастрасӣ ба техникаву технологияҳои муосир мо солҳои 2020 – 2040- ро «Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон намудем.

Омӯзиши муваффақонаи ин фанҳо низ танҳо дар сурате имконпазир мегардад, ки агар наврасону ҷавонони мо забонҳои хориҷӣ, алалхусус, забонҳоеро, ки бо онҳо адабиёти илмӣ нашр мешавад, хуб донанд.

Ман борҳо гуфтаам ва ҳоло бори дигар таъкид менамоям, ки ҳар як шахс ва дар навбати аввал, ҷавонон бояд ғайр аз забони давлатӣ ду забони хориҷиро дар сатҳи забони модарӣ донанд, зеро ин тақозои замони муосир мебошад.

Илова бар ин, ҳар як донишҷӯ, сарфи назар аз ихтисоси интихобкардаи худ, бояд забонҳои хориҷиро омӯзад ва донад.

Замоне мерасад, ки ҳангоми интихоб кардан ва ба вазифа таъин намудани кадрҳо, яъне аъзои Ҳукумат, роҳбарону кормандони сохтору мақомоти назди Президент ва Ҳукумати мамлакат ва вакилони мардумӣ, хулоса, ҳамаи хизматчиёни давлатӣ, донистани забонҳои хориҷӣ аз ҷумлаи талаботи асосӣ мегардад.

Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки омӯзиши забон, таърих, фарҳанг ва ҷуғрофияи Тоҷикистон дар муассисаҳои ҳамаи шаклҳои таҳсилот, ки таълимашон ба забони ақаллиятҳои миллӣ мебошад, васеъ ба роҳ монда шавад.

Ҳамчунин, бо мақсади фароҳам овардани дастрасии мардум ба адабиёти ҷаҳон, бахусус, адабиёти илмӣ, инчунин, бо забонҳои хориҷӣ тавассути асарҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва бадеии олимону эҷодкорони кишвар муаррифӣ кардани таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик зарурати таъсиси маркази алоҳидаи тарҷума ва баргардони асари илмиву бадеӣ ба миён омадааст.

Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки масъалаи таъсиси Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати Тоҷикистонро баррасӣ карда, дар муҳлати се моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро таҳия ва тасдиқ намояд.

Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ масъалаи таълими забонҳои хориҷиро таҳти таваҷҷуҳи хосса қарор дода, ҷиҳати такмили омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои чанд марҳала барномаҳои давлатӣ қабул намуд.

Ҳоло татбиқи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030, ки иҷрои он аз моҳи январи соли 2021 шуруъ гардидааст, идома дорад.

Имрӯз дар муассисаҳои таълимии кишвар 22 439 омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла 21 130 нафар дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 506 нафар дар зинаи миёнаи касбӣ ва 803 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фаъолият доранд.

Соли ҷорӣ факултаҳои забонҳои хориҷии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро қариб 2 900 нафар хатм намудаанд, ки 550 нафари онҳо дастпарварони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мебошанд.

Ҳоло дар факултаҳои забонҳои хориҷии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 10 200 нафар донишҷӯён таҳсил доранд.

Роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳоро зарур аст, ки дар самти ба талабот ва стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани сифати таълим ва сатҳи дониши донишҷӯён тадбирҳои доимӣ ва муассир андешанд.

Зарурат ва аҳаммияти донистани якчанд забон имрӯз қишрҳои гуногуни ҷомеа, махсусан, наврасону ҷавонон ва кормандони сохтору мақомоти давлатиро вазифадор месозад, ки бо дарназардошти талаботи замони муосир барои рушди шахсият ва дастрасии ҳар як фард ба иттилооти ҷаҳонӣ ҳатман ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ машғул бошанд.

Имрӯз донистани забони хориҷӣ барои кормандони тамоми сохтору мақомот, аз ҷумла соҳибкорон шарт ва зарур аст.

Ҳоло Тоҷикистон ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода» бо тамоми ҷаҳон ҳамкорӣ дорад.

Кормандони гузаргоҳҳои сарҳадӣ, яъне гумрукчиён, сарҳадбонон ва муассисаҳои хизматрасонӣ вазифадоранд, ки забони хориҷиро донанд.

Ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва шароиту имкониятҳои муҳайёкардаи Ҳукумати мамлакат имрӯз сафи наврасону ҷавононе, ки барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ кӯшиш мекунанд, торафт афзуда истодааст.

Ҷавонони мо амиқ дарк кардаанд, ки донистани забонҳои хориҷӣ муҳимтарин шарти омӯхтани илму донишҳои замонавӣ, техникаву технологияҳои пешрафта ва робита бо ҷаҳони беруна мебошад.

Вобаста ба ин, ман борҳо таъкид кардаам, ки омӯхтани забонҳои хориҷӣ бояд дар заминаи забони адабии тоҷикӣ, яъне бар асоси донистани меъёрҳои забони давлатӣ ва риояи хусусиятҳои он сурат гирад.

Чунин шеваи омӯзиш ба арҷ гузоштан ба забони давлатӣ, боз ҳам беҳтар аз худ кардани он, инчунин, дар арсаи байналмилалӣ мақоми шоиста пайдо намудани кишварамон ва ба роҳ мондани робитаҳои гуногунҷанбаи он бо мамолики гуногуни ҷаҳон мусоидат менамояд.

Дӯстони азиз!

Равандҳои ҷаҳони муосир ҳар як кишварро водор месозанд, ки ба хотири таъмин намудани рушди босуботи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии худ ба соҳаҳои илму маориф ва омода кардани кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Бо дарки ин воқеият, Ҳукумати Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии таҳсилот ва ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд ва корҳо дар ин самт идома ёфта истодаанд.

Ман ҳанӯз 1-уми сентябри соли 2019 зимни ифтитоҳи бинои Академияи идоракуни давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дастур дода будам, ки донишгоҳу донишкадаҳоро аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида, имкониятҳо ва мавқеи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистонро дар минтақа ва ҷаҳон ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Бо ин мақсад, муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки дар ҷараёни таълим истифодаи технологияи итилоотиву коммуникатсиониро васеъ ба роҳ монанд, таҷрибаи байналмилалиро омӯзанд ва нақшаву барномаҳои таълимиро ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилот ва бозори дохиливу хориҷии меҳнат мутобиқ гардонанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди идома доштани ислоҳоти низоми таҳсилоти олӣ сатҳу сифати таълим ва дараҷаи азхудкунии дониш аз ҷониби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба такмил ниёз дорад.

Дар ин росто зарур аст, ки дар раванди таълим ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқу риёзӣ ва забонҳои ҳориҷӣ диққати боз ҳам бештар дода шавад.

Вақти он расидааст, ки таҳияи фарҳангу луғатҳои соҳавӣ вусъат дода шуда, милликунонии забони технологияҳои навин ва умуман, тамоми соҳаҳо таъмин ва иқтидори забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои илм тақвият бахшида шавад.

Донишмандони тоҷик гузоштани асосҳои забони илмии тоҷикиро ҳанӯз дар замони давлатдории Сомониён дар сатҳи баланд анҷом дода буданд, ки хизмати таърихии онҳо дар ин самт аз ҷониби олимони маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Бузургтарин донишмандони ҷаҳоншумули мо – Абуалӣ ибни Сино бо таълифи «Донишномаи Алоӣ» ва Абурайҳони Берунӣ бо таълифи «Китоб–ут–тафҳим» бунёдгузорони забони илми тоҷикӣ ба шумор мераванд, ки анъанаи оғозкардаи онҳо дар асрҳои минбаъда аз тарафи донишмандони маъруф, аз ҷумла Насируддини Тӯсӣ, Умари Хайём ва дигарон то ба Аҳмади Донишу устод Айнӣ идома пайдо кард.

Дар замони муосир қудрату тавоноии ҳар як забон дар баёни матлаби илмӣ зоҳир мегардад ва бақову мондагории забон ба доираи истифодаву корбурди он дар илм вобаста мебошад.

Бинобар ин, олимони моро зарур аст, ки барои ҳамқадами замон гардонидани забони тоҷикӣ ва ба пояи баланди забони илм расонидани он кӯшиш намоянд.

Бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи илмии кишвар ба фаъолият оғоз намудани Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани таълифи рисолаҳои илмӣ бо забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои илм иқдоми саривақтӣ мебошад.

Вале таъкид менамоям, ки дар ин раванд, на ба миқдор, балки бештар ба сифати рисолаҳои илмии анҷомёфта таваҷҷуҳ зоҳир гардад.

Рисолаҳои донишмандон ва муҳаққиқону унвонҷӯён бояд дар сатҳи баланди илмии ҷавобгӯй ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ таълиф шаванд, то ки дар пешрафту ғановати забони илмии тоҷикӣ саҳми сазовор гузоранд.

Бинобар ин, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи забон ва истилоҳотро зарур аст, ки ба забони рисолаҳои илмии дифоъшаванда ва истилоҳоти илмӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Вобаста ба ин, хотиррасон менамоям, ки ҳоло дар масъалаи истилоҳнигорӣ ба забони тоҷикӣ як силсила мушкилот пеш омадааст.

Дар замони муосир, ки давраи рушди босуръати илму фан ва техникаву технологияҳои навтарин аст, бояд ба такмили истилоҳот бо забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Олимону муҳаққиқон ва мутахассисони тамоми соҳаҳои илмро зарур аст, ки барои ифодаи мафҳумҳои навтарини илму техника аз ҳамаи имкониятҳои забони тоҷикӣ бодиққат ва боэҳтиёт истифода баранд.

Ҳамчунин, онҳо бояд тавассути эҳёи қолабҳои суннатии истилоҳнигорӣ бо истифода аз захираи луғавии забони тоҷикӣ дороиву ғановати забонро аз ҳисоби истилоҳсозӣ ва иқтибосгирии бамаврид таъмин намоянд.

Ба андешаи муҳаққиқон, номҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ далели ғановат ва таърихи зиндаи ҳар як забон, аз ҷумла забони модарии мо ба шумор мераванд.

Илова бар ин, дар номҳои таърихӣ ва ҷуғрофии Тоҷикистон раванди таҳаввули забони модарии мо дар ҳамаи марҳалаҳои таърихии рушди он ба мушоҳида мерасад.

Бо ибтикори мо дар харитаи сиёсии олам дигарбора арзи ҳастӣ кардани номҳои қадиму асилу ҷуғрофии Бохтар, Суғд ва садҳо номи дигар, ки гузаштаи пурифтихори моро ба имрӯз ва имрӯзро ба фардо пайванд медиҳанд, барои эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва баланд бардоштани сатҳи худогоҳиву худшиносии мардуми мо аз аҳаммияти хосса бархурдоранд.

Ба андешаи мо, барои рушди минбаъдаи забони давлатӣ, дар навбати аввал, бояд тадбирҳои зерин амалӣ карда шаванд:

Якум. Риояи покизагии забон.

Яъне зарур аст, ки мо асолат ва покизагии забони худро нигоҳ дорем ва аз истифодаи безарурати калимаҳо аз забонҳои дигар худдорӣ кунем.

Дар баробари омӯхтани забонҳои хориҷӣ, ба омӯзиши забони адабии тоҷикӣ таваҷҷуҳи боз ҳам бештар зоҳир намоем.

Забони адабии тоҷикиро хуб донем ва омӯзиши забонҳои хориҷиро дар заминаи забони модарӣ ва бо истифодаи васеи имкониятҳои он ба роҳ монем.

Дуюм. Фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳот, Академияи миллии илмҳо ва дигар вазорату идораҳо дар самти ба вуҷуд овардани захираи рақамии забони тоҷикӣ бештар тақвият дода шавад, зеро ин омил ба мондагории забони тоҷикӣ дар замони ҷаҳонишавӣ мусоидат менамояд.

Хотирнишон менамоям, ки чунин иқдом дар аксари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон натиҷаҳои хуб дода истодааст.

Зарур дониста мешавад, ки ба хотири дастрасии ҳарчи бештари алоқамандон нусхаҳои электронии фарҳангҳои муътамад, аз қабили «Луғати фурс» «Бурҳони қотеъ» «Ғиёс–ул–луғот», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Фарҳанги Рашидӣ», «Баҳори Аҷам», «Фарҳанги Онандроҷ», «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Луғатнома»-и Деҳхудо ва дигар фарҳангу истилоҳномаҳои соҳавӣ бо алифбои имрӯзаи тоҷикӣ ба шабакаҳои иҷтимоиву иттилоърасонӣ ворид карда шаванд.

Сеюм. Яке аз масъалаҳое, ки то имрӯз аз мадди назар дур мондааст, омӯхтани ҷанбаҳои назариявии забони бостонии тоҷикӣ ва омода кардани мутахассисону муҳаққиқони забонҳои авастоӣ, суғдӣ ва бохтарӣ мебошад, ки сарчашмаи забони ширину шевои мо ба ҳисоб мераванд.

Академияи миллии илмҳо ва дигар ниҳодҳои илмиву таълимӣ бояд сари ин масъала ҷиддӣ андеша намоянд.

Илова бар ин, тарғиби забони тоҷикӣ, тавассути расонаҳои ҷаҳонии интернетӣ нашр кардани осори оламшумули назму наср ба ин забон аз муҳимтарин омилҳои густариши забони тоҷикӣ дар давраи ҷаҳонишавӣ маҳсуб мешавад.

Дар ин раванд, арзиши маънавию маърифатии забонро баланд бардоштан ва забони адабии гуфтугӯиро тақвият додан низ бисёр муҳим ва зарур мебошад.

Аз ин лиҳоз, ҳоло зарурати таҳияи луғати мукаммали забони тоҷикӣ бо фарогирии калимаҳои умумиистеъмолии рӯзмарра, яъне китоби рӯйимизии ҳар як тоҷик ва алоқамандони омӯзиши ин забон пеш омадааст.

Барои иҷрои корҳои зикршуда мо бояд шахсонеро, ки қобилият, маҳорат ва таҷрибаи таҳияи фарҳангномаҳоро доранд, дастгирӣ кунем ва сафи онҳоро зиёд гардонем.

Ҳамчунин, мехоҳам таъкид намоям, ки омӯзонидани забонҳои хориҷӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар баробари ин, омӯзиш ва таълими забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимашон бо забони ақаллиятҳои миллӣ ва забонҳои русиву англисӣ такмил дода шавад.

Дар муассисаҳои типи нав, яъне литсею гимназияҳое, ки таълимашон ба забонҳои хориҷӣ мебошад, низ омӯзиши забони давлатӣ, таърихи миллат ва ҷуғрофиёи кишвар ҳатмист, зеро ноогоҳӣ аз таърих ва фарҳанги миллии худ ба ташаккули шуури миллии кӯдакону наврасон таъсири манфӣ мерасонад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки барномаҳои чунин муассисаҳои таълимӣ бояд ба фарҳангу тамаддун, таърих ва забону адабиёти мо мутобиқ гардонида шаванд, то ин ки фардо дастпарварони онҳо фарҳангу адабиёти моро бо забонҳои гуногуни дунё муаррифӣ намуда, дастовардҳои олами башарро ба забони давлатиамон баргардон карда тавонанд.

Дар раванди забономӯзӣ наврасону ҷавонони мо бояд дар хотир дошта бошанд, ки донистани забони модарӣ ва дар заминаи он аз худ кардани донишҳои замонавӣ аз рӯҳияи баланди ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори баланди миллии онҳо гувоҳӣ медиҳад.

Забони модариро дар сатҳи аъло донистан, онро дӯст доштан, бо ин забони ширину шево дурусту равону зебо сухан гуфтан ва асари адабӣ эҷод кардан камоли эътиқоду эҳтиром ба Ватан – Модар ва далели ҳисси баланди миллӣ мебошад.

Аммо ин суханҳо чунин маънӣ надоранд, ки ҷавонони мо танҳо бо забони модарии худ қаноат намоянд ё дар доираи он маҳдуд монанд.

Баръакс, мо дар ин ақида устувор будем ва ҳастем, ки ҷавонон дар асоси хуб донистани забони модарӣ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ талош намоянд.

Илму дониш ва техникаву технологияҳоро тавассути забонҳои хориҷӣ низ омӯхта, аз худ карда, дар оянда барои пешбурди соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии кишварамон самаранок истифода баранд.

Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ бо бунёду таъсиси ҳазорҳо муассисаи нави таълимӣ зина ба зина чунин муҳит ё фазоро ба вуҷуд овард, ки ҳоло дар онҳо даҳҳо ва садҳо ҳазор шогирдони забономӯз таълим мегиранд.

Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз дар байни ҷавонони мо на танҳо донандагони ду забон, балки се – чор ва ҳатто то панҷ забон торафт зиёд шуда, онҳо дар озмунҳои гуногуни байналмилалӣ донишу малакаи хуб нишон медиҳанд.

Бо мақсади густариши бештари ин раванд, зарур дониста мешавад, ки ҳамасола баргузор намудани олимпиадаи фаннии забонҳои хориҷӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва ҳавасмандгардонии ғолибони онҳо ба роҳ монда шавад.

Тибқи таҳлилҳо аз шумораи умумии зиёда аз 40 ҳазор нафар донишҷӯёне, ки ҳоло дар хориҷи кишвар таҳсил доранд, қариб 1200 нафарашон ба забономӯзӣ машғуланд.

Дар робита ба ин, мехоҳам ёдовар шавам, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз талабот ба кадрҳои забондон дар сатҳу зинаҳои гуногуни хизмати давлатӣ ҳамеша зиёд мебошад.

Зеро раванди рушду густариши муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ бо давлатҳои ҷаҳон, робитаҳои иқтисодӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеаи башарӣ, тарҷумаи осори арзишманди фарҳанги инсонӣ ва таъсиси корхонаву ширкатҳои муштарак дар мамлакат ба ҳазорҳо нафар ҷавонони забондон ниёз дорад.

Дар ин самт, мо то имрӯз тавассути Барномаи Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон» садҳо нафар ҷавонони боистеъдодро, ки ду ва зиёда забонҳои хориҷиро дар сатҳи баланд медонанд, барои таҳсил ба муассисаҳои илмиву таълимии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон фиристодем.

Танҳо соли ҷорӣ қариб 100 нафар чунин ҷавонон сазовори стипендияи мазкур гардиданд.

Ҳозирини арҷманд!

Мо ворид гардидани низоми маорифи мамлакатро ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ амри зарур ва муҳим шуморида, бо дарназардоштаи дастоварду навгониҳои илму маорифи ҷаҳонӣ ба тақвияти раванди таълиму тарбия, фарогирии илму дониш ва соҳибкасб гардидани ҷавонон эътибори ҷиддӣ медиҳем.

Вале дар ҷараёни таълиму тарбия ба эътибор гирифтани мероси бузурги гузаштагон, арзишҳои милливу фарҳангӣ ва таърихии миллати тоҷикро аз рукнҳои асосии ин раванд мешуморем.

Зеро миллати тоҷик дорои арзишҳо ва расму ойинҳои ғановатманду рангоранг, анъана ва собиқаи бузурги таърихӣ буда, дар рушди илму маориф, таълиму тарбия ва фарҳангу маънавиёти умумибашарӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Бинобар ин, зарур аст, ки дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо мақсади ба камол расонидани наслҳои ояндасози ватандӯсту ватанпараст ба омӯзонидани арзишҳои таърихиву фарҳангии халқамон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардад.

Яъне афкори таълимии олимону адибони гузаштаву имрӯзаи тоҷик, ки ғояи асосии онҳо таълиму тарбияи инсони комил мебошад, бояд бо дастовардҳои таҳсилоти ҷаҳонӣ ва бо дарназардошти манфиатҳои милливу фарҳангӣ, расму ойин ва анъанаҳои миллии мардуми тоҷик такмил дода шаванд.

Таъкид менамоям, ки танҳо тавассути муваффақонаву ҳадафманд омезиш додани арзишҳои милливу фарҳангӣ бо дастовардҳои таҳсилоти ҷаҳонӣ метавон афроди босаводу донишмандро тарбия намуд.

Танҳо чунин афрод метавонанд ояндаи ободи кишвари худ ва мондагории миллати хешро дар саҳифаҳои таърихи башар ҳифз ва таъмин намояд.

Ҳозирини гиромӣ!

Омӯзгорони муҳтарам ва донишҷӯёни азиз!

Бо дарназардошти он ки рушди соҳаи илму маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад, Ҳукумати мамлакат дар баробари таъмин намудани тараққиёти иқтисодии кишвар ҷиҳати ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардонидани маорифи миллӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Ман қариб дар ҳамаи суханрониҳо ва мулоқоту вохӯриҳои худ хотирнишон менамоям, ки илму маориф асоси устувори пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат буда, ҷомеа танҳо бо роҳи таъмин намудани рушди ин соҳаҳо ба ҳадафҳои созандаи худ ноил мегардад.

Имрӯз мо ба донишу хирад ҳамчун манбаи худогоҳиву бедорӣ ва ташаббусҳои созанда арҷ гузошта, бори дигар ёдовар мешавем, ки наврасону ҷавонони мо, яъне наслҳои ояндасоз ободиву сарсабзии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлолро танҳо тавассути омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар таъмин карда метавонанд.

Аз ин рӯ, такроран таъкид менамоям, ки мо бояд ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, дар рӯҳияи эҳтиром ба забон, фарҳанг, расму ойин ва дигар арзишҳои миллӣ, муқаддасоти давлати соҳибистиқлол ва ахлоқи ҳамида тарбия кардани насли наврас беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳ зоҳир намоем, дар ҳамаи зинаҳои таълим усулҳои пешқадамро ҷорӣ созем ва талаботро нисбат ба таълими донишҳои назариявӣ ва амаливу таҷрибавӣ тақвият бахшем.

Бори дигар ҳамаи шумо – ҳозирини муҳтарамро ба муносибати ифтитоҳи биноҳои нави таълимии Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, инчунин, Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳастии миллат ва бақои давлати мо мебошад, самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломатӣ, саодати рӯзгор ва комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.

Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (8 овоз)

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 31-солагии истиқлоли давлатӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 8 Сентябр, 2022 - 11:19

Ҳамватанони азиз!

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон – рӯйдоди таърихие, ки дар ҳаёти миллати куҳанбунёди тоҷик гардиши кулливу сарнавиштсозро ба вуҷуд овард ва мардуми мо ба шарофати ин падидаи зиндагисоз тақдири ояндаи давлату миллати худро ба дасти хеш гирифтанд, 31-сола шуд.

Ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузург тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро сидқан табрик мегӯям.

Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери парчами миллии худ муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд ва кишвари маҳбубамонро ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонанд.

Маҳз дар натиҷаи заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат пойдевори давлати навини тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуд, кишвари мо дар арсаи ҷаҳон эътироф гардид ва муҳимтар аз ҳама, барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои буҳронӣ ва равандҳои гуногуни байналмилалӣ, рушди бомароми иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат таъмин гардид.

Дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, саноату кишоварзӣ ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа ислоҳоту навсозиҳо амалӣ гардиданд ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам густаришу тавсеа пайдо карданд.

Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздик гардонид ва сиёсати «дарҳои кушода» боиси болоравии бесобиқаи нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар байни ҷомеаи байналмилалӣ гардид.

Маҳз татбиқи чунин сиёсати дурбинона ба фарогиру мустаҳкам гардидани робитаҳои Тоҷикистон бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, бахусус, бо кишварҳои минтақа мусоидат намуд.

Дар ин давра Ҳукумати мамлакат ҳамаи саъю талоши худро ба хотири фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои ҳар як сокини кишвар равона сохта, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ҷиҳати ҳалли масъалаву мушкилоти соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, ҷавонону занон, дастгирии гурӯҳҳои ниёзманду осебпазири ҷомеа, ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба таҳсилоти босифат, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия кардани онҳо бисёр тадбирҳоро амалӣ гардонид.

Дар натиҷа, мо дар зарфи беш аз се даҳсола ба дастовардҳое ноил гардидем, ки рушди минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад.

Аз вартаи нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон, аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллати тоҷик, таъмин намудани сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра мебошад.

Зеро омолу орзуи таърихии миллати тоҷик ва ҳадафу ормонҳои имрӯзу фардои он танҳо дар шароити сулҳу оромӣ, Ватани озод ва давлати соҳибихтиёр амалӣ шуда метавонанд.

Бинобар ин, бо ифтихор иброз медорам, ки ҳифзи давлатдории миллӣ дастоварди бузургтарину муқаддастарин дар таърихи навини миллати тоҷик ва сулҳу оромӣ неъмати арзишмандтарин дар ҳаёти халқамон мебошад.

Баъди барқарорсозии сулҳу субот мо тамоми кӯшиши худро ба ташкили сохтори мукаммали идоракунӣ, ҳукумати босалоҳият, парламенти касбӣ, артиши миллӣ, ниҳодҳои низомиву амниятӣ ва дигар рукнҳои зарурии давлатдорӣ тибқи меъёрҳои муосир равона сохтем.

Дар ин раванд, бахтномаи миллат – Конститутсия ва рамзҳои давлати соҳибистиқлол – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, ки мояи ифтихори мардуми мо мебошанд, қабул карда шуданд.

Имрӯз Тоҷикистон бо 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломативу дӯстона дорад ва узви комилҳуқуқи 57 созмони байналмилаливу минтақавӣ мебошад.

Нақши давлати мо, махсусан, дар созмонҳои бонуфуз барои ҳалли масъалаҳои мубрами дорои аҳаммияти ҷаҳониву минтақавӣ, аз қабили таъмини амнияту субот ва беҳдошти экологиву иқлим муассир ва созанда арзёбӣ мегардад.

Мо аз он қаноатмандем, ки аксари давлатҳо мавқеъ ва ташаббусҳои Тоҷикистонро дар масъалаҳои обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ҳамчун кишвари пешсаф эътироф намуда, дар ин масири созанда бо мо ҳамкорӣ мекунанд.

Дастовардҳои зикршуда, бешубҳа, самараи истиқлол ва соҳибихтиёрии кишвари мо дар зарфи 31 сол буда, заминаи асосӣ барои тағйири симои давлат ва болоравии нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ гардиданд.

Мардуми шарафманди мо, ки роҳи беш аз се даҳсолаи пур аз монеаву мушкилот, вале пурифтихори таърихиро сарбаландона тай кардаанд, хуб медонанд, ки аз давраи бисёр вазнини хомӯш кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарор сохтани рукнҳои давлатдорӣ ва сохторҳои фалаҷшудаву аз фаъолият бозмондаи давлатӣ то расидан ба мақому ҷойгоҳи имрӯзаи давлати тоҷикон чӣ заҳмати бузургеро талаб менамуд.

Дигар қадами тақдирсоз дар бунёди давлати муосири тоҷикон интихоби дурусти шакл ва сохти давлатдорӣ буд.

Дар асоси воқеияти таърихиву сиёсии гузаштаву муосир ва бо дарназардошти манфиатҳои имрӯзу ояндаи милливу давлатӣ халқи Тоҷикистон бо майлу иродаи худ ва бо изҳори раъйи озодона роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро интихоб намуд, ки он ҳамчун ифодаи раъйи қатъии мардуми кишвар дар моддаи якуми Конститутсияи мо барои ҳамеша муқаррар гардидааст.

Ҳоло Тоҷикистон дар ҷодаи бунёди низоми давлатдории интихобкардаи худ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Таҷрибаи ҳосилшуда ва таҳаввулоте, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир мегузарад, бори дигар собит месозад, ки шакл ва сохти давлатдории мо интихоби дурусту дурбинона буда, худи ҳамин ғоя ба яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи ҷомеа табдил ёфтааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо бунёди роҳу пулҳо ва нақбҳо, неругоҳҳои барқи обӣ ва садҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ зербинои муосири коммуникатсионӣ ва энергетикиву саноатии кишварро гузошта, низоми ягонаи энергетикии кишварро ба вуҷуд овард ва Тоҷикистони сепорчаро ба як қаламрави воҳид ва кишвари транзитӣ мубаддал гардонид.

Дар лаҳзаҳои пурифтихори ҷашни мубораки истиқлоли давлатӣ ба ёд овардани роҳи пуршарафи тайкардаи халқамон, зикри дастовардҳои бунёдии давлат ва мардуми Тоҷикистон ба он хотир аст, ки мо бояд минбаъд низ муттаҳиду сарҷамъ бошем ва ҳифзи боэътимоди дастовардҳои то имрӯз ноилшудаамонро таъмин намоем.

Зеро шиддатёбии бархӯрди манфиатҳои геополитикӣ дар дунёи имрӯза, вазъи нобасомони иқтисоди ҷаҳонӣ, норасоии шадиди озуқаворӣ, баланд гардидани нархи маҳсулоти ғизоӣ дар сартосари сайёра, инчунин, яроқнокшавии бошитоб ва оғози дигарбораи «ҷанги сард», мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ моро водор менамояд, ки дар татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ, пеш аз ҳама, ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва иҷрои нақшаву вазифаҳои дар наздамон қарордошта ҳарчи бештар ва фаъолона саҳм гузорем.

Дар вазъияти печидаву ноороми ҷаҳони муосир ҳар як шаҳрванди огоҳи Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки аз баракати истиқлолу соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мо ба чӣ неъмати бузурге муяссар шудаем.

Яъне ҳар як фарди бонангу номуси Ватанро зарур аст, ки бо дарки амиқи қадру манзалат ва аҳаммияти истиқлолу озодӣ ва бо заҳмати софдилонаву саъю талоши ватандӯстона ҷиҳати ободии сарзамини аҷдодиамон, таҳкими иқтидори иқтисодии давлати соҳибихтиёрамон ва парафшонии ҷовидонаи парчами миллӣ саъю талош намояд.

Бисёр муҳим аст, ки мо қадру қимати Ватани азизи худ – Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоламонро донем ва фаромӯш насозем, ки танҳо бо доштани давлати мустақил дар ҷомеаи башарӣ мавқеи сазовор дошта метавонем.

Дар баробари дастовардҳои бузургу тақдирсоз, мо ҳанӯз масъалаву мушкилоти ҳалталаб низ дорем, ки ҳамаи онҳоро худамон, бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва заҳмати созандаву содиқона ва бо шукронаи сулҳу оромӣ, Ватани озод ва давлати соҳибистиқлоламон ҳаллу фасл менамоем.

Ба ҳамватанони азизам муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки мо бояд Ватани худ – Тоҷикистони биҳиштосоро баробари ҷони худ дӯст дорем, зеро ҳар як ваҷаб замини муқаддасу зархез ва чашмасору обшорони мусаффои он манбаи ризқу рӯзӣ ва хайру баракати хонадони мо, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи он пушту паноҳ ва мояи сарбаландии мо ва номи неки ин Ватан рамзи сарфарозӣ ва рӯйи сурхи мо мебошанд.

Мо – фарзандони Тоҷикистон ҳама якҷо бо заҳмати аҳлонаи худ ин Ватан ва ин сарзамини аҷдодиро обод месозем, давлати соҳибихтиёрамонро пешрафта мегардонем ва ҷойгоҳу обрӯи онро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд мебардорем.

Бори дигар ҳамаи мардуми сарбаланду қавииродаи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори 31-умин солгарди истиқлоли давлатӣ самимона табрик мегӯям.

Ба хонадони кулли сокинони мамлакат хушбахтӣ, рӯзгори босаодат, иқболи баланд, файзу баракат ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллии ҷовидона ва пешрафту ободии боз ҳам бештар орзу менамоям.

Ҷашни истиқлолу озодӣ ва соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (8 овоз)

Категория:

Барномаи браузери интернетии «Рӯбоҳи ҷилодор» (Firefox)-ро бо забони тоҷикӣ биозмоед!

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 8 Сентябр, 2022 - 11:18
Барномаи браузери интернетии «Рӯбоҳи ҷилодор» (Firefox)-ро бо забони тоҷикӣ биозмоед!

Муҳтарам дӯстдорон ва посдорони забони тоҷикӣ!
     Ба маълумоти шумо мерасонем, ки дар нимсолаи дуюми соли 2022 баъзе барномаҳое, ки мо аз он ҳамарӯза истифода мебарем бо забони тоҷикӣ дастрас хоҳад шуд. Бавижа, бо ташаббуси аъзои маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забон»-и Кумита браузери интернетии «Рӯбоҳи ҷилодор» (Firefox) ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда истодааст ва гунаи санҷишии барнома барои пешнамоиш ва истифодаи озмоишӣ дастрас аст. Гунаи санҷишии барномаи браузери «Рӯбоҳи ҷилодор» (Firefox)-ро бо номи «Шабонарӯз» (Nightly) боргирӣ намуда, дар компютер ё телефони мобилии худ озмоед.
Пайвандҳои расмӣ барои боргирӣ кардани барнома:
•    http://archive.mozilla.org/pub/firefox/nightly/latest-mozilla-central-l10n/Firefox%20Installer.tg.exe (Windows)
•    http://archive.mozilla.org/pub/firefox/nightly/latest-mozilla-central-l10n/firefox-105.0a1.tg.linux-i686.tar.bz2 (Linux)
•    http://archive.mozilla.org/pub/firefox/nightly/latest-mozilla-central-l10n/firefox-105.0a1.tg.mac.pkg (Mac)
Ё гунаи лозимиро барои низоми амалкунандаи худ аз сервери зерин интихоб намоед: http://archive.mozilla.org/pub/firefox/nightly/latest-mozilla-central-l10n/
Файли насбкунанда бояд васеъшавии «.tg.»-ро дар бар гирад.

Диққат: браузери интернети «Шабонарӯз» (Nightly) гунаи озмоишӣ мебошад ва метавонад ҳар шабонарӯз бо тарҷумаҳои тоҷикии нав ё беҳтаршуда навсозӣ карда шавад. Инчунин браузери озмоишии «Шабонарӯз» (Nightly) метавонад ноустувор кор кунад.

     Пеш аз нашр кардани гунаҳои расмии чунин барномаҳо, шумо метавонед онҳоро ройгон ба даст оварда, озмоед ва фикру андешаҳои худро ба аъзои маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забон»-и Кумита ё ин ки дар портали тарҷумонон (https://pontoon.mozilla.org/tg/firefox/) пешниҳод намоед. Пас аз ҷило кардани тарҷумаҳои тоҷикӣ барномаи браузери интренетӣ дар гунаи расмии «Рӯбоҳи ҷилодор» (Firefox) бо забони тоҷикӣ барои истифода дастрас мешавад.
     Барномаҳои компютерӣ аз забонҳо ва аломатҳо иборат буда, дар забонҳои барномасозии гуногун навишта шудаанд. Ҳамаи он чизе, ки мо дар монитори компютерӣ ё экрани мобилӣ мебинем, комилан аз матн иборатанд.
     Бе забон ва матн мавҷудияти компютер ё дастгоҳи мобилӣ имконнопазир буда, истифодабарии он низ ғайриимкон аст.
     Бе забон ва матн ҳаёти мо, зиндагии ҳозира ва ояндаи мо холӣ ва бемазмун аст.
     Дар сатҳи баланд донистани забони давлатӣ, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як соҳибватан маҳсуб ёфта месазад, баҳри рушд ва ҳифзи он саҳм дошта бошем.
     Ба ҳамин мақсад, забони тоҷикӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки берун аз кишварамон дар кишварҳои хориҷи дуру наздик, дар асоси Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва меъёрҳои адабии он низ бояд истифода шавад ва стандартҳои миллии тоҷикӣ ҳангоми истеҳсоли технологияҳои навин ва молу маҳсулоте, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд ё ин ки дар кишварамон истеъмол ва истифода мешаванд, новобаста аз кишвари истеҳолкунанда бояд татбиқ карда шаванд.
     Риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва татбиқи меъёрҳои он метавонад мушкилоти зиёди забонро ҳал намояд.
     Вале бе истифодаи технологияҳо ва барномаҳои компютерӣ ва мобилӣ иҷро кардани ин масъала номумкин, бенатиҷа ва хеле душвор мебошад.
     Имрӯз компютер ва дастгоҳи мобилӣ як қисми ҷудонашавандаи ҳаёт ва кору амалиёти ҳаррӯзаи мо буда, таҳияи барномаҳои он барои забони давлатӣ ва барномаҳои махсуси компютерӣ ва мобилӣ барои санҷиши имлои забони тоҷикӣ дар замони имрӯза барои осонтар намудани кор хеле заруранд.
     Барои осонсозии риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ технологияҳо ва барномаҳои компютерӣ бояд ба стандартҳои миллӣ ва талаботи забони тоҷикӣ ҷавобгӯ бошанд. Ҳатто истифодаи аломатҳои китобатӣ мувофиқи стандартҳои миллии тоҷикӣ корбаст шаванд. Ҳар як аломат ё ҳарфе, ки мо дар матнҳои тоҷикӣ ба воситаи компютер ё дастгоҳи мобилӣ чоп мекунем, маънои худро дорад.
     Барои ҳал кардани масъалаҳои техникии компютерӣ Кумитаи забои ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо мақсади рушду густариши минбаъдаи забони давлатӣ як барномаи мукаммалу навтарини санҷиши имлои забони тоҷикӣ ва браузери интернети навтарин бо забони тоҷикӣ барои дастгоҳҳои компютерӣ ва мобилӣ таҳия намуда, ба манзури корбарони соҳибзабон гардонад. Чунин икдом, аллакай, дар Кумитаи забои ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст.
     Бо браузери чандзабона ва тарҷумашуда ба забони тоҷикӣ ҳар гуна кор дар Интернет самараноктар ва осонтар аст, зеро ки корбарон метавонанд аз забони модарии худ истифода баранд, вазифаҳои барномаро бо забони тоҷикӣ хонанд ва кори худро ҳангоми кор бо браузер айнан иҷро намоянд.
     Мувофиқи омори Ташкилоти ҷамъиятии «Mozilla» имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 150 (як саду панҷоҳ) ҳазор корбари барномаи браузери интернетии «Рӯбоҳи ҷилодор» (Firefox) ба қайд гирифта шудаанд ва ба ин шумора ҳамарӯза зиёда аз 500 нафар корбари нав илова мешавад.
     Вале, новобаста аз ин, 86% (дарсад) корбари браузери интернетии «Рӯбоҳи ҷилодор» (Firefox) аз забони русӣ, 12% (дарсад) аз забони англисӣ ва 2% (дарсад) аз забонҳои дигар барои корбарӣ аз интерфейси барномаи браузери интернетии «Рӯбоҳи ҷилодор» (Firefox)  истифода мебаранд.

     Умедворем, ки омори истифодабарии он барномаҳое, ки мо ҳар рӯз истифода мебарем ба шумораи корбарони Барнома бо забони тоҷикӣ зиёдтар шавад.
Барномаи браузери интернетии «Рӯбоҳи ҷилодор» (Firefox)-ро бо забони тоҷикӣ биозмоед.
Ҷило аз ин ҷо оғоз меёбад!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (26 овоз)

Мизи мудаввар дар мавзуи «Истиқлол ва рушди забони давлатӣ» бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 8 Сентябр, 2022 - 11:17

Рӯзи 8-уми сентябри соли 2022 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи «Истиқлол ва рушди забони давлатӣ» таҳти раёсати муовини раиси Кумита Раҳматуллозода С. Р. баргузор гардид.
Муовини раиси Кумита Раҳматуллозода С. Р. чорабинии мазкурро оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати ҷашни бузург ва муқаддаси 31- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумита табрику муборакбодӣ намуда, қайд карданд, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф, забон ва фарҳанг диққати махсус зоҳир менамояд, ки аз ҳадафҳои пайгирона ва дурбинонаи сарвари давлат шаҳодат медиҳад.
Лозим ба таъкид аст, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо шарофати меҳнати содиқонаи мардуми кишвар ба давраи сифатан нави рушди иҷтимоию фарҳангии худ ворид гардида, дар таҳкими минбаъдаи рукнҳои давлатдорӣ, раванди созандагию бунёдкорӣ ва тарбияи насли солиму ояндасоз қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Дар рафти мизи мудаввар омӯзгори факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Мансурӣ Шодмон дар мавзуи “Такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба забони давлатӣ дар 31 соли Истиқлоли давлатӣ” ва сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита Солеҳов Назриддин дар мавзуи “Заминаҳои устувори Истиқлол ва рушди забони давлатӣ” маъруза намуданд.
Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита Сафаров Э. ва мудири бахши умумӣ ва кор бо кадрҳои Кумита Абдуллоев Ш. суханронӣ намуданд.
Чорабинии мазкурро С. Раҳматуллозода ҷамъбаст намуда, бори дигар аз дастовардҳои даврони Истиқлол дар соҳаҳои гуногун ёдовар шуда, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро дар пешравии кори забон бузург ва беҳамто арзёбӣ намуда, барои ҳама сарбаландию сарфарозӣ таманно кард.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (6 овоз)

Номаи иттилоотӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 6 Сентябр, 2022 - 13:55

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 46-и Нақшаи амалисозии «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» аз 28 ноябри соли 2020, №647, Нақшаи кории Кумита дар нимсолаи дуюми соли 2022 рӯзи 4-уми октябри соли 2022 конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Забон ва Истиқлол» баргузор менамояд.
Дар конференсияи мазкур олимон, муҳаққиқони соҳа ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва намояндагони мақомот ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ хоҳанд шуд:
*    рушди забони тоҷикӣ дар тамоми қишри ҷомеа;
*    вазъи таълими забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар;
*    масоили таблиғоти иттилоотӣ, ВАО (матбуот) бо забони тоҷикӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ;
*    таҳқиқи осори хаттии қадимаи тоҷикон дар пажуҳишгоҳҳои илмии кишвар ва хориҷ аз он;
*    нақши забони тоҷикӣ ва дастрасии мероси классикони адабиёти тоҷикӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Интернет);
*    тарҷумаи осори адибони тоҷик дар  кишварҳои Осиёи Марказӣ;
*    робитаи забонию фарҳангӣ бо тоҷикони хориҷи кишвар;
*    вазъи корбурд ва таблиғи эълону реклама, навиштаҷот бо забони давлатӣ;
*    номгузорӣ ва интихоби ном – муаррификунандаи тамаддуну ҳастии миллат;
*    истилоҳ ва истилоҳшиносӣ дар замони муосир;
*    таҳқиқи шеваҳо ҳамчун омили сарчашмаи такмили  таркиби луғавии забони адабӣ;
*    масъалаҳои танзими ҳуқуқӣ ва ҷанбаҳои ҳуқуқии сиёсати давлатии забон;
*    забон ва технологияҳои муосири иттилоотӣ.
Мақолаҳои иштирокдорони конференсия, ки ба талаботи пешниҳоднамуда мувофиқат мекунад, бо тавсияи ҳайати таҳририя  дар маҷмуаи илмии «Забон ва истилоҳот»-и Кумита нашр карда мешаванд.

Иштирокдорон метавонанд маводи худро то 28-уми сентябри соли 2022 ба нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25 ё ин ки ба нишонии почтаи электронии (solehzodanazriddin1993@mail.ru) ё почтаи электронии Кумита (info@kumitaizabon.tj) ва факси Кумитаи мазкур (+992 227-78-29) ирсол намоянд.  
Қарори Комиссияи тадорукот оид ба ворид намудани маърузаҳо ба барномаи Конференсия рӯзи 1-уми октябри соли 2022 тавассути почтаи электронии даъватшавандагон эълон карда мешавад.
Забони кории конференсия: тоҷикӣ.
Талабот ба таҳияи мақолаҳо:
Маърузаҳо дар шакли электронӣ ва хаттӣ дар ҳаҷми аз 7 то 10 саҳифаи чопи компиютерӣ андозаи А4 пазируфта мешаванд.
Дар ҳар як мақолаи илмии пешниҳодгардида бояд маълумоти зерин ҷой дошта бошад:
Маълумот дар бораи муаллиф/ муаллифон
- насаб, ном ва номи падари муаллиф/ муаллифон;
- номи пурраи мақомот – вазифа, рутба, унвони илмӣ, агар хориҷӣ бошад –  шаҳр, давлат;
- почтаи электронии муаллиф/муаллифон (телефон барои тамоси муҳаррирон).
Калидвожаҳо
Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешаванд. Калидвожаҳо ё ибораҳо аз якдигар бо аломати вергул (,)  ҷудо карда мешаванд.
Аннотатсия
Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.
Ороиши матн
Ҳошияҳои саҳифа: 3 см - аз чап; 1 см - аз рост; 2 см - аз боло ва 2 см - аз поён.
Намуди ҳуруф: Times New Roman TJ анд.14;
Фосилаи камтарини миёни сатрҳо - аз 1.5.
Сархат: 1.25.
Талабот ба матн ва истинодҳои дохили матн: «навъи китобӣ»; бидуни  саҳифагузорӣ; бе кӯчонидани калима аз сатр ба сатр; истиноди библиографӣ ба сарчашма дар дохили матн, бо ишораи рақамҳо дар дохили қавси кунҷӣ: «[1]» ишора карда мешавад. Агар саҳифа дошта бошад: «[1, 12]». Такрори истинод бо ишораи рақами истиноди қаблӣ ва рақами саҳифаи нав меояд.
Барномаи таҳрирӣ: бастаи барномаҳои Microsoft Office - Word 2003 ё Word 2007.
Номи мақола: дар маркази сатр; бе фосила; бо ҳарфҳои калон.
Матн: баробаркунӣ – «аз рӯйи паҳно».
Ҳаҷми мақола: на камтар аз 8 саҳифа (барои мақолаи илмӣ)

Телефонҳо барои тамос: 227 59 28; (992) 918-67-82-75; (992) 552-72-09-90

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (10 овоз)

Категория:

Модули нави сомона «Тақвим»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Сентябр, 2022 - 12:55

Муҳтарам корбарон ва меҳмонони сомонаи Кумита!

Акнун шумо метавонед аз модули нави сомона «Тақвим» истифода баред. Ба воситаи модули «Тақвим» ёфтани мақолаи лозимӣ аз рӯи сана осон шудааст. Дар блоки «Тақвим» санаи маводдорро интихоб намоед!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (6 овоз)

Категория:

Машғулияти идоравӣ ҷиҳати омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 24 Август, 2022 - 11:22

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 59-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ҷиҳати ташкил намудани семинар ва курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ ва «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми августи соли 2022, соати 14:00 бо иштироки васеи кормандон машғулияти идоравӣ баргузор намуд.
Машғулияти идоравиро тибқи тартиб муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда оғоз намуда, суханро ба сардори шуъбаи танзими истилоҳот Зулфониён Раҳим дод. Номбурда вобаста ба риояи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» суханронӣ намуда, тарзи дурусти истифодаи калимаҳоро ба аҳли кормандон бо овардани мисолҳо фаҳмонид. Сипас дар идомаи машғулияти идоравӣ сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Буриева Шаҳноза суханронӣ намуда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба сиёсати давлатӣ оид ба забонро шарҳ дод.
Дар рафти машғулияти идоравӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи кор бо занон ва оила саволҳо вобаста ба тарзи дурусти калимаҳо ҳангоми коргузорӣ, имлои овозҳои садоноку ҳамсадо, калимаҳои мушаддад, иқтибосӣ, аз сатр ба сатр гузаронидани калимаҳо ва ғайра пешниҳод гардид, ки кормандон ба ҳамаи саволҳо аз ҷониби мутахассисони Кумита бо овардани мисолҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Машғулияти идоравӣ ҷиҳати омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Август, 2022 - 13:07

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 59-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ҷиҳати ташкил намудани семинар ва курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ ва «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият дар Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 19-уми августи соли 2022, соати 8:00 бо иштироки зиёда аз 120 нафар кормандон машғулияти идоравӣ баргузор намуд.
Машғулияти идоравиро тибқи тартиб муовини сардори раёсати кадрҳои Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмуъминзода Абдулманон ҳусни оғоз намуда, суханро ба сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Буриева Шаҳноза дод. Номбурда вобаста ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба сиёсати давлатӣ оид ба забон суханронӣ намуда, муҳтавои санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкурро ба аҳли кормандон шарҳ дод.
Дар рафти семинар аз ҷониби кормандони Агентӣ саволҳо вобаста ба тарзи дурусти калимаҳо ҳангоми коргузорӣ, имлои овозҳои садоноку ҳамсадо, калимаҳои мушаддад, иқтибосӣ, аз сатр ба сатр гузаронидани калимаҳо, имлои номи муассисаю корхонаҳо, мансабу вазифа ва рутбаҳо ва ғайра пешниҳод гардид, ки мутахассиси Кумита ба ҳамаи саволҳои кормандон бо овардани мисолҳо ҷавобҳои мушаххас дод.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (4 овоз)

Машғулияти идоравӣ ҷиҳати омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 16 Август, 2022 - 13:06

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 59-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ҷиҳати ташкил намудани семинар ва курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ ва «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият дар Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 16-уми августи соли 2022, соати 9:30 бо иштироки васеи кормандон машғулияти идоравӣ баргузор намуд.
Машғулияти идоравиро тибқи тартиб муовини сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Олимов Сироҷиддин оғоз намуда, суханро ба сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Буриева Шаҳноза дод. Номбурда вобаста ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба сиёсати давлатӣ оид ба забон суханронӣ намуда, муҳтавои санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкурро ба аҳли кормандон шарҳ дод.
Дар рафти семинар аз ҷониби кормандони Раёсат саволҳо вобаста ба тарзи дурусти калимаҳо ҳангоми коргузорӣ, имлои овозҳои садоноку ҳамсадо, калимаҳои мушаддад, иқтибосӣ, аз сатр ба сатр гузаронидани калимаҳо ва ғайра пешниҳод гардид, ки кормандон ба ҳамаи саволҳо аз ҷониби мутахассиси Кумита бо овардани мисолҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

Баргузор намудани семинарҳои сайёр дар ноҳияҳои Панҷу Фархори вилояти Хатлон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 4 Август, 2022 - 12:25

Гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рафти амалишавии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ»-ро дар фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Панҷу Фархори вилояти Хатлон ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди он аз 24-ум то 29-уми июли соли 2022 мавриди санҷиш қарор дод.
Инчунин, гурӯҳи кории Кумита дар ҳайати мудири бахши экспертизаи забоншиносӣ – Давлатшоева М. ва сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ – Буриева Ш. аз санҷиш натиҷагирӣ намуда, бобати муҳтавои банди 47-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» доир кардани семинарҳои сайёр оид ба тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва миёни ақаллиятҳои миллӣ ва банди 39-и Нақшаи чорабиниҳо бобати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ бо фаъолони вилояти Хатлон 24-уми феврали соли 2022 баён доштанд, семинари омӯзишӣ баргузор намуданд.
Дар рафти семинари мазкур аз ҷониби гурӯҳи кории Кумита риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба забони давлатӣ ба кормандони муассисаҳои зикршуда корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, барои фаъолияти минбаъда тавсияҳо дода шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (8 овоз)

Боздиди гурӯҳи кории Кумита аз мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба вазъи амалишавии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти сиёсати давлатии забон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Август, 2022 - 16:36

Бо мақсади санҷиши амалкарди муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ҷиҳати иҷрои Нақшаи кории Кумита барои нимсолаи дуюми соли 2022 аз 5-уми июли соли 2022, №2 тибқи фармоиши раиси Кумита аз 15 июли соли 2022, №76 гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовини раиси Кумита Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло (роҳбари гурӯҳ) ва сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Сафаров Эраҷ Гулаҳмадович аз мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Мурғоби Вилоят, шуъбаҳои маориф, бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои мазкур аз 17-уми то 26-уми июли соли 2022 ҳолати риояи муқаррароти санадҳои болозикрро дар шаҳру ноҳияҳои зикргардида мавриди санҷиш қарор доданд.
Ҳангоми санҷиш аз ҷониби гурӯҳи корӣ корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва риояи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ба масъулон фаҳмонида шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби гурӯҳи корӣ ҷиҳати иҷрои Қонуни мазкур ба масъулон дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуда, баъзе камбудиҳо саривақт бартараф карда шуданд.
Илова бар ин, гурӯҳи корӣ дар фарҷоми санҷиш бо иштироки доираи васеи кормандони шуъбаю бахшҳои дахлдори мақомотҳои мазкур семинар-машварат баргузор намуд, ки дар он доир ба масъалаҳои риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва риояи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар раванди коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ, муошират ва мукотибот, риояи номгузорӣ тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ ва «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», инчунин, ҷиҳати эҳтирому арҷгузорӣ ва баланд бардоштани савияи дониши забони давлатӣ байни занону духтарони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бартараф намудани норасоию камбудиҳо дар самти ҳуҷҷатнигорӣ ва коргузории мақомот, идора ва муассисаҳо ва ба меъёрҳои забони давлатӣ мутобиқ намудани навиштаҷоти шиору овезаҳо дар хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои мазкур маслиҳату машваратҳои судманд дода шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби гурӯҳи кории Кумита ба масъулони мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Мурғоби Вилоят маводҳои методии ёрирасон аз қабили китобҳои «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», «Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар умум 315 нусха китобҳои зикргардида ва дигар маводҳои зарурӣ дар шакли чопӣ ва электронӣ ҳамчун туҳфа аз номи Кумита ройгон дастрас карда шуданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
-79955
Баҳои миёна: -79955 (6 овоз)

Олимҷон Муҳаммадҷонзода: Дар Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон барномаи «Ислоҳнигорӣ» пешниҳод мегардад

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Август, 2022 - 13:55

ДУШАНБЕ, 01.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи компютерии «Ислоҳнигорӣ» таҳия намудааст, ки дар арафаи Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон пешкаши сокинони мамлакат гардонида мешавад, иттилоъ дод Раиси Кумита Олимҷон Муҳаммадҷонзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод.

Зикр шуд, ки тӯли шаш моҳ аст гурӯҳи корӣ Фарҳанги имлои забони тоҷикиро омода намуда истодааст ва барномаи мазкур дар заминаи он таҳия шудааст.

«Дар системаи компютерии имрӯза чанд ҳарфи тоҷикии мо нест. Вақте мо ба забони русӣ ё англисӣ ягон матнро ҳуруфчинӣ мекунем, агар ғалат бошад, шакли дурусташ пешниҳод мегардад, баъди таҳияи ин барнома камбудии ҷойдошта бартараф мешавад»,-гуфт ӯ.

Ба зикри Раиси Кумита, барнома дар шакли аввал ҳудуди 72 ҳазор калимаро дар бар гирифта, марҳила ба марҳила калимаҳои он зиёд карда мешаванд.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ инчунин зикр шуд, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2022 «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба ҳолати 1 январи соли 2023 мавқуф гузошта шуд.

«Аз ин рӯ Кумита то ҷорӣ гардидани фармони мазкур дар ҳамкорӣ бо МД «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» забони матну ангораҳо ва навиштаҷоту овезаҳои рекламавии 98 ташкилоту муассисаҳои рекламаистеҳсолкунанда ва соҳибкорони инфиродиро ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ намудааст»,- иброз дошт Олимҷон Муҳаммадҷонзода.

Дар шаш моҳи соли 2022 аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот ягон ташкилоту муассиса ҷарима нагардида, танҳо ислоҳ ва мутобиқ карда шуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
https://khovar.tj/2022/08/olim-on-mu-ammad-onzoda-dar-r-zi-zaboni-davlatii-to-ikiston-barnomai-islo-nigor-peshni-od-megardad/
АКС: АМИТ «Ховар»

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (4 овоз)

Фишурдаи нишасти матбуотӣ дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Август, 2022 - 10:00
Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 4 (4 овоз)

Китоб ёри беҳамто

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 13 Июл, 2022 - 14:54

Рӯзи 7-уми июли соли 2022 дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот ва маросими ҳадяи китобҳои нашрнамудаи Фарҳангистони забон ва адаби Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҲҶТ баргузор гардид. Намояндагони Кумитаро Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни мулоқот тарафҳо ҷиҳати амалишавии Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар бахши забон ва истилоҳот, ки аз 10-уми сентябри соли 2014 ба имзо расидааст, изҳори ақида намуда, тасмим гирифтанд, ки минбаъд ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти забон ва истилоҳот миёни ин ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг, ки таъриху тамаддуни муштарак доранд, густариш диҳанд.
Ҳамзамон, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби оқои Муҳаммадтақӣ Собирӣ китобҳои ба тозагӣ интишоргардида ва тозанашри нашрияҳои Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки Кумита расман дархост намуда буд, муаррифӣ намуданд.
Қобили зикр аст, ки Сафорат бо ҳамкории Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон 500 адад китобу фарҳангномаҳо ва дастурҳо, аз ҷумла, фарҳангномаҳои тахассусӣ, усул ва завобити вожагузинӣ, дастурҳо оид ба забоншиносӣ, забонҳои ва гӯйишҳои эронӣ, Фарҳанги вожаҳои мусавваб, ҳазорвожаҳои тахассусӣ, фарҳангномаҳои тафсирии форсӣ, решашинохтӣ, англисӣ ба форсӣ, узбекӣ ба форсӣ, донишномаҳо ва дигар китобу луғатномаҳоро ба Кумита ҳадя намуд, ки ин дар ҳамгунсозии вожаву истилоҳоти ду кишвари ҳамзабон таъсири мусбат мерасонад.
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон ва намояндагони Кумита ин иқдом ва ҳиммати Сафорат ва раванди ҳамкорӣ дар ин самтро дар таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаи кишвари Эрон ва Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карданд, ки чунин ташаббуси нек аз дӯстиву рафоқат ва ҳамкориҳои муштараки ин ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дар бахши рушди забон ва истилоҳоти забонӣ буда, муносибату ҳамкориҳои минбаъдаро таҳким мебахшанд, ки ин ҳама тавассути як забони ваҳдатсаро амалӣ карда мешавад, то мо дар якҷоягӣ адабиёту фарҳанги муштараки хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонем.

Масъули навбатдори ВАО Р. Зулфониён

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (5 овоз)

Категория:

Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Июл, 2022 - 16:33

Рӯзи 5-уми июли соли 2022, соати 10:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумита бо иштироки Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Пайшанбезода Муҳиддин, аъзои Ҳайати мушовараи Кумита, муовини раиси Кумита, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва кормандони Кумита доир гардид, ки дар он ҳисоботи ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2022 шунида шуда, Нақшаи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2022 тасдиқ карда шуд.
Дар ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумита баъд аз шунидани гузориш роҷеъ ба фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2022-и Кумита ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Пайшанбезода Муҳиддин, аъзои Ҳайати мушовараи Кумита Назарзода С., Абдураҳмонова М. Раҳматуллозода С., ва Мансурӣ Ш. суханронӣ намуда, фаъолияти Кумитаро дар нимсолаи аввали соли 2022 қаноатбахш арзёбӣ намуда, Нақшаи кории шашмоҳаи дуюми Кумитаро мувофиқи мақсад шумориданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (11 овоз)

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӢ БА ИФТИХОРИ 25-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ЗАБОН ҲАМЧУН ОМИЛИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 23 Июн, 2022 - 13:10
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (11 овоз)

Категория:

Семинари сайёр дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён ва Носири Хусрави вилояти Хатлон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 18 Июн, 2022 - 10:52

Бо мақсади иҷрои банди 39-и Нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо фаъолони вилояти Хатлон 24-уми феврали соли 2022 баён доштанд, гурӯҳи кории Кумита дар ҳайати раиси Кумита Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон, муовини раиси Кумита Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло, сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Сафаров Эраҷ Гулаҳмадович ва мудири бахши умумӣ ва кор бо кадрҳо Абдуллоев Шариф Раҳматуллоевич дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён ва Носири Хусрави вилояти Хатлон аз 10 то 17 июни соли 2022 семинарҳои сайёрро доир намуданд.
Дар семинарҳои мазкур кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, раёсати молия, нозироти андоз, шуъбаи маориф, идораи замин, идораи барқ, бахши кор бо занон ва оила, бахши фарҳанг, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрави вилояти Хатлон, дар маҷмуъ зиёда аз 500 нафар иштирок намуданд.
Дар рафти семинар моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” ва аҳамияти “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
Инчунин, дар рафти семинар ҷиҳати эҳтирому арҷгузорӣ ва баланд бардоштани савияи дониши забони давлатӣ байни занону духтарони шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён ва Носири Хусравӣ вилояти Хатлон, бартараф намудани норасоию камбудиҳо дар самти ҳуҷҷатнигорӣ ва коргузории мақомот, идора ва муассисаҳо ва ба меъёрҳои забони давлатӣ мутобиқ намудани навиштаҷоти шиору овезаҳо дар хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои мазкур маслиҳату машваратҳои судманд дода шуд.
Дар анҷоми семинарҳои сайёр дар шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён ва Носири Хусрави вилояти Хатлон аз тарафи раиси Кумита ва муовини раиси Кумита ба масъулини шаҳру ноҳияҳои мазкур “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” ва маводҳои зарурӣ дар шакли электронӣ ва хаттӣ тақдим карда шуданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

Баргузор намудани семинарҳои сайёр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 13 Июн, 2022 - 22:47

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 47-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ҷиҳати доир кардани семинарҳои сайёр оид ба ташвиқу тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва миёни ақаллиятҳои миллӣ ва банди 39-и нақшаи чорабиниҳо бобати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ бо фаъолони вилояти Хатлон 24-уми феврали соли 2022 баён доштанд, нақшаи чорабиниҳои дохилӣ таҳия намуд.
Тибқи нақшаи мазкур гурӯҳи кории Кумита тасмим гирифтааст, ки аз 13-ум то 25-уми июни соли 2022 дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Носири Хусрав, Дӯстии вилояти Хатлон бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳои ҳудуди он семинарҳои сайёр баргузор намояд. Дар рафти семинарҳои сайёр аз ҷониби гурӯҳи кории Кумита амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба сиёсати давлатӣ оид ба забон ба аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (4 овоз)

Машғулияти идоравӣ ҷиҳати омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар Хадамоти иҷрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 13 Июн, 2022 - 17:00

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таблиғ ва омӯзиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти иҷрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-уми июни соли 2022, соати 15:00 бо иштироки муовинони сардори Хадамоти иҷрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Ю.С. ва Холиқзода А.Ғ. ва аҳли кормандони Хадамот (ҳамагӣ 120 нафар) ҷиҳати омӯзиш ва риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба соҳа машғулияти идоравӣ баргузор намуд, ки дар он сардори шуъбаи танзими истилоҳот – Зулфониён Р. ва сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита – Буриева Ш. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғоз муовини якуми сардори Хадамоти иҷрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Ю.С. машғулияти идоравиро ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро барои ташриф оварданашон хайрамақдам намуд. Баъдан барои шарҳ додани «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» суханро ба сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита – Зулфониён Р. дод.
Зулфониён Р. дар идомаи суханрониаш вобаста ба истифодаи садонокҳо ва ҳамсадоҳо, тарзи навишти калимаҳо, ки бештар дар шакли ғалати «мавзӯъ, мӯҳлат, оиди, нисбати, хатоӣ, иҷроиш ва ғайра» корбурд мешаванд, маълумот дода, риояи онро дар шакли дуруст ҳангоми коргузорӣ ҳатмӣ шуморид.
Сипас, суханронии сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита – Буриева Ш. идомабахши чорабинии мазкур гардида, ҷиҳати амалишавии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», банди 48-и «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ андешаронӣ намуд.
Дар анҷоми машғулияти идоравӣ аз ҷониби иштирокдорон саволҳо пешниҳод шуданд, ки мутахассисони Кумита ба онҳо ҷавобҳои қонеъкунанда доданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 4 (4 овоз)

Семинари омӯзишӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Июн, 2022 - 11:52

Дар асоси мактуби Муассисаи давлатии “Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ аз 31.05.2022, №151 роҳбарияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи номбурда рӯзи 03.06.2022 семинари омӯзишии “Сиёсати давлатии забон ва масъалаҳои марбут ба он” ва “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ”-ро баргузор намуд.
Дар кори семинар роҳбарият ва беш аз 40 нафар кормандони муассисаи болозикр иштирок карданд. Дар назди ҳозирин раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Муҳаммадҷонзода О. О. ва муовини раиси Кумита Раҳматуллозода С. Р. роҷеъ ба сиёсати давлатии забон ва “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268) суханронӣ намуданд.
Баъд аз маърузаҳо аз тарафи кормандони муассисаи мазкур саволҳои зиёде дода шуд, ки ба онҳо маърузаҷиён ҷавобҳои мушаххас доданд.
Дар анҷоми кори семинар аз ҷониби Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор О.Муҳаммадҷонзода ба директори муассисаи мазкур китобҳои тозанашри Кумитаро оид ба номгузорӣ, номи ашхос ва “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” тақдим гардид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (4 овоз)

Категория:

Мизи мудаввар оид ба муҳтавои филми «Шикасти фитна»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Июн, 2022 - 17:53

1-уми июни соли 2022, соати 14:00 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар вобаста ба муҳтавои филми «Шикасти фитна» баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Дар оғоз раиси Кумита тамоми иштирокдоронро оид ба мазмуну муҳтавои филми «Шикасти фитна» маълумот дода, аз ҷумла баён намуд, ки филми мазкур тавассути шабакаҳои телевизиони кишвар намоиш дода шуд ва ҳамагон аз муҳтавои ин филм огоҳӣ доранд.
Гарчанде ҳамагон аз таърихи хиёнаткориҳои ташкилоти террористию экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом огоҳ ҳастанд, бо тамошои филми мазкур бори дигар нафрати ҳар як фарди бонангу баномус нисбат ба ин ташкилоти тундгарою ифротӣ зиёд мегардад. Дарвоқеъ, аз оғози филм мушоҳида мегардад, ки таҳиягарони он нахуст мардуми шарифи кишварро ба шукргузориву расидан ба қадри тинҷиву осудагӣ ва истиқлоли миллӣ даъват мекунанд, ки амри саривақтӣ ва муҳим маҳсуб меёбад.
Бояд ҳар як насли солиму бофарҳанги ҷомеа, хусусан, ҷавонон фирефтаи доми хоинони ватанбезор ва хоҷагони хориҷӣ нашуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, худ ва дигаронро дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, инсондӯстӣ, бомаърифативу бомаданиятӣ тарбия намуда, мунтазам барои созандагиву бунёдкорӣ ва осудагии миллат кӯшиш намоянд.
Дар баробари ин, ҷавононро мебояд кӯшишу талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадрдонӣ намуда, ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам пайравӣ намоянд ва барои боз ҳам ободу зебо ва ҳифз намудани кишвари азизамон пайваста талош намоянд.
Баъдан, муовини раиси Кумита, сардори шуъбаи танзими истилоҳот ва мудири бахши экспертизаи забоншиносӣ фикру мулоҳизаҳои худро вобаста ба филми мазкур баён намуданд. Дар охир суҳбати озод сурат гирифта, саволҳои марбут ба филми мазкур баррасӣ шуданд.
Мизи мудавварро раиси Кумита доктори илми филология – Муҳаммадҷонзода Олимҷон ҷамъбаст карда, кормандонро барои ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллӣ, аз ҷумла сулҳу салоҳ, тинҷиву оромӣ ва Истиқлоли миллӣ даъват намуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 2.7 (3 овоз)

Категория:

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 23 Май, 2022 - 08:00

Ҷавонони азиз!

Бисту сеюми майи ҳар сол дар кишвари мо Рӯзи ҷавонон ҳамчун яке аз санаҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

Бинобар ин, ҳамаи шумо – ҷавонони ватандӯсту хештаншиноси замони истиқлолро самимона табрик гуфта, бароятон комёбиву сарбаландӣ ва ба Ватани маҳбубамон, ки кишвари ҷавонӣ ва ҷавонон аст, сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.

Имрӯз ҷавонони мо такягоҳи воқеӣ, умед ва ифтихори ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Зеро нақши онҳо дар рушди соҳаҳои сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар басо назаррасу арзишманд мебошад.

Тавре ки борҳо гуфтаам, дар замони муосир танҳо кишварҳое ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеа муваффақ мегарданд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи зарурӣ дода, имкониятҳои фаровони зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳоро ба самти дурусту созанда сафарбар менамоянд.

Ба ҳамин хотир, Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз ба ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи давлат ва насли ояндасоз аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда истодааст.

Таърихи даврони соҳибистиқлолӣ возеҳ нишон медиҳад, ки ин нерӯи созанда сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакатро ҳамеша ҷонибдорӣ менамояд ва дар раванди татбиқи он саҳми арзанда мегузорад, яъне дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолона дорад.

Ҷавонони мо ҳамчун ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ мебошанд.

Мо ифтихор дорем, ки ҷавонони мо ҳамқадами замони муосир мебошанд, талаботи асри навинро хуб дарк мекунанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар ва хориҷ аз он илму дониш меомӯзанд, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои навтаринро аз худ менамоянд, ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ машғуланд ва саъю талош доранд, ки ба ин васила дар раванди ободонии Ватан ва пешрафти давлат саҳми назаррас гузоранд.

Ҳамчунин, ҷавонони кишвар ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, дар шароити торафт вусъат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва таъсири манфии унсурҳои фарҳангиву тамаддунии бегона манфиату арзишҳои миллиро ҳимоя мекунанд ва дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳои бар зидди давлату миллати худ равонашуда омода мебошанд.

Ҷавонони далеру ғаюри мо имрӯзҳо дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ содиқона хизмат карда, қарзи фарзандӣ ва рисолати миллии хешро содиқона иҷро мекунанд ва ҳамчун сипари боэътимоди давлатдории миллии тоҷикон дар ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва ҳимояи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ нақши бузург доранд.

Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти саҳм ва нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва давлат барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо то ба имрӯз аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодааст.

Аз ҷумла тавассути барномаҳои давлатӣ маблағгузорӣ кардани фаъолияти соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон, таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, стипендияҳои Президенти Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва тадриҷан зиёд намудани маблағи стипендия ва шумораи он, стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон», квотаҳои президентӣ барои ҷавондухтарону ҷавонписарони ноҳияҳои дурдаст, таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти мамлакат, ҷавонгардонии сиёсати кадрӣ ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, азнавсозӣ ва ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳанг, сохта ва ба истифода супоридани марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳо, сохтмони ҳазорҳо муассисаи таълимӣ – мактабу донишгоҳҳо, инчунин, китобхонаҳои сатҳи байналмилалӣ, иншооти варзиши ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва ба ҳамин роҳ фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва кору зиндагӣ барои ҷавонон ва тадбирҳои дигар амалӣ карда шудаанд.

Ҳукумати мамлакат барои боз ҳам таҳким бахшидани мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ва ҳаллу фасли масъалаҳои онҳо бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда минбаъд низ талош хоҳад кард.

Яъне бо афзоиш ёфтани имкониятҳои иқтисодии кишвар мо минбаъд низ раванди дастгирии ҷавононро идома медиҳем ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтар барои кору зиндагии онҳо мунтазам чораҷӯӣ мекунем.

Дар баробари ин, ҳоло дар назди ҷомеаи мо, ки қисми асосии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, масъалаҳое вуҷуд доранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ, ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин, торафт вусъат гирифтани миқёси таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, радикализми динӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ аз ҷавонони мо пеш аз ҳама зиракии сиёсӣ, дониши амиқ, забондонӣ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ ва худшиносиву худогоҳиро тақозо намуда, масъулияти ҳимояи марзу буми кишвар, ҳифзи амнияти давлату миллат ва самимона дӯст доштани Ватанро талаб менамояд.

Инчунин, ҷавонони мо бояд ба масъалаҳои омӯхтани таърихи пурғановати миллати тоҷик, осори гаронбаҳои гузаштагони халқамон, пос доштани забони давлатӣ, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ ва арзишҳои милливу фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва густариши эҳсоси худогоҳиву худшиносӣ эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоянд ва дар ин самтҳо ташаббускор бошанд.

Ватанро сидқан ва самимона дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва эҳтироми падару модарро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҳар кадоми шумо – ҷавонон бояд ин арзишҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳед.

Бовар дорам, ки шумо – ҷавонони ватандӯсту ватанпарасти кишвар аз уҳдаи иҷрои ҳама вазифаҳои дар наздатон гузошташуда сарбаландона мебароед ва минбаъд низ дар ҷодаи ободонии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва пешрафта гардонидани давлати тоҷикон содиқона хизмат мекунед.

Бори дигар ҳамаи шумо – давомдиҳандагони таъриху фарҳанги қадимаи миллати куҳанбунёди тоҷикро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тандурустӣ, хушбахтӣ ва дар саъю талошатон ба хотири пешрафти Ватани азизамон иродаи қавӣ ва барору комёбиҳо орзу менамоям.

Рӯзи ҷавонон муборак, созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол!

Манбаъ: http://president.tj/node/28351

Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 3.7 (3 овоз)

Категория:

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Май, 2022 - 08:00

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр самимона табрик мегӯям.

Ба ҳар як хонадони кишвар, пеш аз ҳама, тандурустӣ, иқболи нек, рӯзгори босаодат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу субот ва осоишу ободии рӯзафзун орзу менамоям.

Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар моҳи мубораки Рамазон, дар баробари адои фаризаҳои динӣ, ба хотири ободии Ватан ва осудагии рӯзгори ҳар як хонадони мамлакат софдилона заҳмат кашиданд ва суннатҳои неки миллиамон – дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва беморону шахсони бесаробонро вусъат бахшиданд.

Воқеан, ҳикмат ва фазилати моҳи Рамазон ва иди саиди Фитр тарбияи инсони солеҳу хайрхоҳ ва ғамхору савобҷӯй мебошад.

Имсол мо иди суннатии мардуми мусулмон – иди саиди Фитрро дар даврае истиқбол мегирем, ки дунёи муосир дар шароити бисёр буҳрониву муташанниҷ ва ҷомеаи башарӣ дар яке аз вазнинтарин солҳои таърихи худ қарор дорад.

Ҳоло бар асари мухолифату низоъҳои сиёсиву низомӣ ва таҳримҳои иқтисодиву молиявӣ, ки аз талошу кӯшишҳои аз нав тақсим кардани ҷаҳон сарчашма мегиранд, вазъи сайёра ба андозаи бесобиқа мураккаб гардидааст.

Чунин вазъи нобасомон боиси буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ гардида, зиндагии сокинони бисёр минтақаву кишварҳои оламро сахту сангин гардонида истодааст.

Бар замми ин, мушкилоти глобалӣ – тағйирёбии иқлими сайёра ва оқибатҳои он – камобӣ, хушксолӣ ва офатҳои табиӣ, инчунин, идома пайдо кардани пандемияи КОВИД – 19 боиси камчинии маводи ғизоӣ ва болоравии нархи ҳама гуна молу маҳсулот ва хизматрасониҳо гардидааст.

Дар чунин шароит мо бояд шукронаи истиқлолу озодии Ватанамонро ба ҷо оварем, ба қадри неъмати бузурги бо қимати гарон ва заҳмати зиёд бадастовардаамон – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расем ва онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Барои пешгирӣ кардани таъсири манфии вазъияти баамаломада ва омилҳои зикршуда ба зиндагиву рӯзгори халқамон ва таъмин намудани рушди устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллиамон мо бояд нисбат ба ҳар вақти дигар бештар заҳмат кашем, истифодаи самараноку оқилонаи имкониятҳои фаровони табиии кишварамон – замин ва обро таъмин кунем ва ҳарчи зиёдтар маҳсулоти ғизоӣ истеҳсол намоем.

Ҳамчунин, мо бояд манфиатҳои милливу давлатии худро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузошта, тамоми саъю кӯшиши хешро барои ободии Тоҷикистони биҳиштосоямон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон равона кунем.

Дини мубини ислом, ки саршор аз аҳкому андешаҳои панду ахлоқист, ҳар як мусулмонро ба анҷом додани амалҳои неку савоб ҳидоят менамояд.

Шукргузорӣ аз неъмати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва суботу амният низ, махсусан, дар шароити мураккабу хатарзои имрӯза аз ҷумлаи амалҳои неку писандида мебошад.

Худованди мутаол дар сураи «Иброҳим» ояти ҳафти Қуръони маҷид мефармояд: «Парвардигори шумо хабардор сохт, ки агар шукр кунед, ба шумо зиёда диҳам ва агар носипосӣ кунед, ҳароина азоби ман сахт аст».

Вобаста ба ин, мехоҳам хотирнишон намоям, ки шукр кардан, танҳо бо забон намешавад, балки бо рафтору амали оқилона, саъю талоши ватандӯстона ва бо андешаву ташаббуси созанда, эҷодкорона ва ободгаронаи ҳар яки мо собит мегардад.

Ба ин маънӣ дар як ҳадиси Пайғамбари ислом низ омадааст, ки дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон аст.

Бинобар ин, ҳар як фарди огоҳ ва бонангу номуси ҷомеа, ки фардои Ватан, давлат ва миллат барояш азиз аст, аз ҷумла аҳли маориф, зиёиён, фаъолон, падару модарон, хизматчиёни давлатӣ, инчунин, ходимони динро зарур аст, ки наврасону ҷавонони кишвар, яъне насли ояндасозро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтиром ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, ки истиқлолу озодӣ ва гиромӣ доштани таърих, забон ва фарҳанги миллӣ аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо мебошанд, тарбия намоянд.

Бори дигар таъкид мекунам, ки ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат тарбия кардан ва ба камол расонидани насли соҳибмаърифат, содиқ ба Ватан, миллат ва давлати худ, босаводу донишманд, созандаву эҷодкор ва инсонпарвару заҳматдӯст мебошад.

Зеро дар оянда танҳо шахсони босаводу таҳсилкарда, мутахассисони дорои сатҳи баланди касбият ва ихтироъкору навовар метавонанд кишварро соҳибӣ карда, Ватанро обод ва давлатро пешрафта гардонанд.

Хотирнишон менамоям, ки дар шароити пурҳаводису пурмоҷарои ҷаҳони муосир аҳли ҷомеаи мо ва махсусан ҷавонон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, ба ҳар гуна андешаву ақидаҳои носолиму ифротӣ дода нашаванд, бо ҳисси баланди миллӣ ва садоқат ба Ватан барои ҳифзи арзишҳои миллӣ саъю талош намоянд.

Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки дар оянда Ватанамонро ба ҷуз онҳо, яъне фарзандони замони истиқлол каси дигар обод намекунад.

Ҳамчунин, мо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро дар пояи одобу ахлоқи ҳамидаи миллӣ ва пеш аз ҳама, иззату икроми падару модар ва калонсолон ба воя расонем.

Ҳамватанони азиз!

Дар арафа ва рӯзи иди саиди Фитр анҷом додани амалҳои хайру савоб, аз қабили дастгирии моддиву маънавии ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва пиронсолону муҳтоҷон аз ҷумлаи корҳое мебошад, ки дар ҷомеаи мо ба анъанаи нек табдил ёфтааст.

Тибқи таълимоти ислом додани садақа бозкунандаи дарҳои савоб ва афзояндаи баракати умр мебошад.

Дар ояти 60 сураи «Тавба»-и Қуръони маҷид омадааст, ки садақа аслан барои фақирон ва мискинон пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон бо ин, як масъаларо хотиррасон менамоям, ки мо бояд дар ин рӯзи муборак бо дарназардошти душвориву мушкилоти дар миқёси ҷаҳон бавуҷудомада сарфаю сариштакориро фаромӯш накунем, ба худнамоиву исрофкорӣ роҳ надиҳем ва барои дастгирии ятимону маъюбон, ниёзмандону камбизоатҳо ва анҷом додани дигар амалҳои хайр кӯшиш намоем.

Ҳамватанони азизи мо дар соли ниҳоят душвору вазнини таърихи башар, ки таъмини аҳолии бисёр кишварҳои олам бо маводи ғизоӣ ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтааст, ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ дар рӯзи иди саиди Фитр ва рӯзҳои дигар муносибати ҷиддӣ дошта бошанд.

Дар баробари анҷом додани фаризаҳои динӣ мо бояд ҳамдигарро дастгирӣ кунем, ба якдигар меҳрубону ғамхор бошем, Ватани худро боз ҳам ободу зебо гардонем ва барои зиндагии шоистаи халқамон шароити мусоид фароҳам оварем.

Бовар дорам, ки ҳамватанони азизи мо минбаъд низ дар амалӣ гардидани иқдомоту ташаббусҳои созандаву ободгарона фаъолона ширкат менамоянд ва дар ободии Ватани маҳбубамон ҳиссаи арзишманди худро мегузоранд.

Бори дигар тамоми мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати иди саиди Фитр самимона табрик гуфта, ба ҳар як сокини мамлакат саломатӣ, ризқу рӯзии фаровон ва хонаи обод орзу менамоям.

Иди саиди Фитр муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Менбаъ: http://president.tj/node/28288

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Категория:

Pages

Subscribe to Ахбори рӯз