Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Интишори сомонаи «Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» (http://www.kumitaizabon.tj)

Асосӣ > ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САХИДОД РАҲМАТУЛЛОЗОДА БАХШИДА БА СОЛИ НАВИ 2026

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САХИДОД РАҲМАТУЛЛОЗОДА БАХШИДА БА СОЛИ НАВИ 2026

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 31 Декабр, 2025 - 08:08
[1]

Ҳамдиёрони азиз!
Фарорасии Соли нави мелодиро ба кулли ҳамватанон муборакбод гуфта, саломатӣ, саодати рӯзгор, сарбаландӣ ва хонаободию хушрӯзгориро таманно дорам.
Соли 2025 дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо бо хатҳои заррин сабт хоҳад шуд. Зеро, дар ин соли мардуми шарафманди кишвар дар заминаи татбиқи сиёсати созандаю ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардида, бо ба истифодадиҳии садҳо иншоотҳои хурду бузург ҷашни сисолагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо руҳияи баланди ифтихор аз ватандорию соҳибистиқлолӣ таҷлил намуданд.
Дар арафаи соли нави мелодӣ ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ироа гардидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун дастури корӣ барои расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ маҳсуб гардида, эълон шудани соли 2026 бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон гардид, ки ба пешрафту тараққиёти иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани некуаҳволии мардуми мамлакат заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Боиси шукргузорист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ватани азизу маҳбуби мо роҳи пуршебу фароз ва басо пурифтихореро тай намуда, сокинони сарбаланду меҳнатқарин, ватандӯсту ободкори кишвар бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои маҳбуби миллат ба комёбиҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ ноил гардида, ҷиҳати афзудани нуфузу эътибори Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ корҳои бузурге амалӣ шуда истодаанд.
Бо истифода аз фурсат, барои дастгириву ғамхориҳои пайваста ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои ҳамкориҳои мутақобилан судманду мусоидати ҳамаҷониба ба вазорату кумитаҳои давлатӣ, кумитаю хадамот, агентию идораҳо, ташкилоту муассисаҳои дохиливу хориҷӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо сидқан изҳори сипосу миннатдорӣ менамоем.
Итминони комил дорем, ки сокинони шарафманди мамлакат дар партави ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии дурандешонаи Пешвои муаззами миллат дар соли 2026 Тоҷикистони соҳибистиқлолро боз ҳам ободу зебо намуда, ба дастоварду комёбиҳои бештар мушарраф хоҳанд гардид.
Бо чунин таманниёти нек бори дигар, фарорасии Соли нави 2026-ро ба ҳамаи ҳамдиёрони азиз таҳният гуфта, дастоварду музаффарият, дастархони пур аз нозу неъмат ва саломатию хотирҷамъӣ таманно дорам.
Бигзор, Соли нав соли дастоварду музаффариятҳо, соли рушду шукуфоии кишвари азизамон ва амалӣ гардидани орзуҳои созандаву бунёдкоронаи ҳар як сокини Ватани маҳбубамон бошад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (6 овоз)

Категория:

  • Ахбори рӯз [2]

Манбаъ::http://www.kumitaizabon.tj/tg/content/payomi-tabrikii-raisi-kumitai-zabon-va-istilokhoti-nazdi-khukumati-chumkhurii-tochikiston-0?mini=2026-02&page=366

Пайвандҳо
[1] http://www.kumitaizabon.tj/sites/default/files/field/image/RaisiKumitaiZabon_0_0_0.png [2] http://www.kumitaizabon.tj/tg/category/%D0%B0%D1%85%D0%B1%D0%BE%D1%80%D0%B8-%D1%80%D3%AF%D0%B7