Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Интишори сомонаи «Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» (http://www.kumitaizabon.tj)

Асосӣ > МАҶЛИСИ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД ОИД БА РУШДИ ИҶТИМОӢ-ИҚТИСОДИИ НОҲИЯ ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2026

МАҶЛИСИ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД ОИД БА РУШДИ ИҶТИМОӢ-ИҚТИСОДИИ НОҲИЯ ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2026

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 13 Январ, 2026 - 07:49
[1]

Имрӯз дар толори Қасри фарҳанги ноҳия Маҷлиси фаъолони ноҳияи Тоҷикобод оид ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳия дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сахидод Раҳматуллозода, муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос Раиси ноҳияи Тоҷикобод, роҳбарон ва сохторҳои мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳия, раисон ва масъулини дастгоҳҳои ҷамоатҳо, рохбарони ташкилоту корхонаҳо, роҳбарони сохторҳои кишоварзӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони деҳаҳо, имом-хатибони масҷидҳо, фаъолон, собиқадорони меҳнат баргузор гардид.
Вобаста ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод дар соли 2025 муовини якуми раиси ноҳия Ҳасани Давлатхуҷа ҳисобот дод.
Дар рафти маҷлис натиҷаҳои фаъолияти ноҳия дар соли 2025 баррасӣ гардида, фаъолияти як қатор соҳаҳо бо ҳисоботи роҳбарони ташкилоту идораҳо натиҷагирӣ ва ҷиҳати дар соли 2026 ноил гардидан ба дастовардҳои дилхоҳ вазифадор гардиданд.
Ҳамзамон Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сахидод Раҳматуллозода барои ноил гардидан ба як қатор дастовардҳо ба роҳбарияти ноҳия ва масъулин изҳори сипос намуда, натиҷаҳои фаъолияти ноҳияро дар соли 2025 қаноатбахш арзёби кард.
Раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос оид ба масъалаҳои ҳалталаби сол ва вазифаҳо барои соли 2026 суханрони намуда, ба масъулин бобати саривақт ва сифатнок бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва ноил гардидани дастоварҳои хизматӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии ноҳич супоришҳои мушаххас доданд.
Вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, барои иҷро пешниҳод карда шуданд.
Дар фарҷом Раиси ноҳияи Тоҷикобод муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос бо медали сарисинагии 30-солагии таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Сипосномаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор фаъолон бо Сипоснома ва Ифтихорномаҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардиданд.
Ҳамчунин ғолиби ҷойи сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсиломи миёнаи умумии рақами 11- ноҳия Сидиқова Рухшона ва устоди Ӯ Ваҳҳобниё Суҳроб барои ноил гардидани дастоварди беназир дар минтақа бо сипоснома ва туҳфаҳои пулӣ қадршиносӣ гардиданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Категория:

  • Ахбори рӯз [2]
  • [3]
  • [4]
  • [5]
  • [6]
  • [7]
  • [8]
  • [9]
  • [10]
  • [11]

Манбаъ::http://www.kumitaizabon.tj/tg/content/machlisi-faoloni-nokhiyai-tochikobod-oid-ba-rushdi-ichtimoi-iktisodii-nokhiya-dar-soli-2025?mini=2026-01

Пайвандҳо
[1] http://www.kumitaizabon.tj/sites/default/files/field/image/615443618_122187486398462396_6051811246110823713_n.jpg [2] http://www.kumitaizabon.tj/tg/category/%D0%B0%D1%85%D0%B1%D0%BE%D1%80%D0%B8-%D1%80%D3%AF%D0%B7 [3] http://www.kumitaizabon.tj/sites/default/files/gallery/615169724_122187486308462396_8637189743476127836_n.jpg [4] http://www.kumitaizabon.tj/sites/default/files/gallery/615203731_122187486530462396_127277774395265853_n.jpg [5] http://www.kumitaizabon.tj/sites/default/files/gallery/615358262_122187486266462396_5008336347391225757_n.jpg [6] http://www.kumitaizabon.tj/sites/default/files/gallery/615433551_122187486614462396_5088258653001128531_n.jpg [7] http://www.kumitaizabon.tj/sites/default/files/gallery/615443618_122187486398462396_6051811246110823713_n.jpg [8] http://www.kumitaizabon.tj/sites/default/files/gallery/615460124_122187486482462396_4606655743573047132_n.jpg [9] http://www.kumitaizabon.tj/sites/default/files/gallery/615781019_122187486440462396_3909705098317695443_n.jpg [10] http://www.kumitaizabon.tj/sites/default/files/gallery/615812498_122187486356462396_2876929136371160958_n.jpg [11] http://www.kumitaizabon.tj/sites/default/files/gallery/615885386_122187486572462396_4567204584455468613_n.jpg