«Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ»
«Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» бар асоси «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268 тасдиқ шудааст, таҳия гардид. Мутобиқи банди 2-и ин қарор «2. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дигар ҷиҳати амалисозии қарори мазкур чораҳои дахлдор андешида, фарҳанги имло, дастурҳои методӣ, таълимӣ, асарҳои бадеӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бо риояи талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ ба нашр расонанд».
Агар ба таърихи таҳияи фарҳанги имло назар кунем, маълум мешавад, ки феҳристи беш аз 2 ҳазор калима бори нахуст соли 1941 чун замима ба «Қоидаҳои асосии орфографияи забони тоҷикӣ» ва, баъдан, соли 1944 луғати имло муштамил бар 8 ҳaзop вожа якҷо бо «Қоидаҳои асосии имло» ва соли 1959 мутобиқ ба Қоидахои имлои соли 1953 «Луғати орфографӣ» нашр гардид, ки он дорои 16 ҳазор вожа буд.
Бо гузашти зиёда аз бист сол бо эҳтимоми Я. М. Калонтаров «Луғати имлои забони адабии тоҷик» соли 1974 бо фарогирӣ бар 40 ҳазор калима таҳия шуда, аз тарафи Кумитаи истилоҳоти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасию тасдиқ гардида, аз чоп баромад. Ҳамчунин, соли 1991 аз ҷониби А. Маниёзов ва А. Мирзоев дар асоси «Қоидаҳои асосии имлои забони адабии тоҷик» (аз соли 1972) «Луғати имло» (дорои 30 ҳазор вожа) чоп шуда, дастраси омма гардид.
Бори охир “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” соли 2013 тавассути чопхонаи “Шарқи озод” бо кӯшиши зиндаёд Д. Саймиддинов ба нашр расид. Ин фарҳанг дар асоси “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, №458 тасдиқ шудааст, таҳия гардида, дар он меъёрҳои таърихӣ пайгирӣ шудааст.
Инак, аз нашри Фарҳанги имлои мазкур дувоздаҳ сол гузашт. Дар ин давра бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2021, таҳти №268 “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” ба тасвиб расид, ки тағйироту иловаҳои он ба таври умум чунинанд:
1. Ба истиснои ҳарфҳои Йй (йот), Кк (ка), Ъъ (сакта), Аа, Ии (и), Оо (о), Уу (у), Е (йэ), э, ю, я номи дигар ҳарфҳо тағйир ёфт.
2. Аксари мисолҳое, ки дар “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” буданд, таҷдиди назар шуда, ба анъанаю суннат ва арзишҳои миллиамон мувофиқ кунонида шуданд.
3. Имлои садонокҳо мувофиқи хатти таърихии забон ва тибқи анъанаю суннатҳои сеҳазорсолаи фонологии миллиамон танзим гардида, ҳар кадом дар мавқеи худ гузошта шудааст.
4. Имлои ҳамсадоҳо низ пурра ба танзим дароварда шуда, мутобиқати онҳо ба савтиёти мавҷудаи забони тоҷикӣ ва талаботи давраи Истиқлол мувофиқ кунонида шуд.
5. Имлои ҳиссаҳои нутқ дар доираи талаботи нави давраи Истиқлол танзим гардида, тарзи навишти дурусти воҳидҳои луғавӣ, қолибҳои калимасозӣ ва сохтани ибораҳо муайян гардид.
6. Зимни танзими “Қоидаҳо” хусусиятҳои фарқкунандаи ҳиссаҳои нутқ ва тарзи дурустнависии онҳо дар матн, комилан, ба назар гирифта шуд.
7. Дар имлои ҳиссаҳои нутқ тарзи дурусти истифодаи аломатҳои китобат, унсурҳои ёрирасон ва артиклҳои иқтибосӣ пурра ба танзим дароварда шуд.
8. Қоидаҳои навишти калимаҳои ташдиддор ва аз сатр ба сатр гузаронидани ҳиҷои вожагон муназзам шуд.
9. Қоидаҳои имло ба хусусият ва арзишҳои миллии марбут ба номгузории маҳалҳо, кӯчаю хиёбонҳо, маконҳои ҷуғрофӣ, лавҳаҳо, навиштаҷоти кӯчаю хиёбонҳо, шиору овеза, реклама, борчасп, сатри равони телевизионӣ, сулолаҳои таърихӣ, исми хоси таркиби қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, муқаддасоти динӣ аҳаммияти махсус дода, онҳоро пурра танзим намудааст.
10. Зимни муайян сохтани имлои дурусти ҳиссаҳои нутқ ҷойгоҳи категорияҳои мавҷудаи калимаҳо ба назар гирифта, тарзи саҳеҳи истифодаи онҳо нишон дода шудааст.
11. Эзоҳот ва истисноҳое, ки дар Қоидаҳои пешин буд, кам карда шуданд.
Пас аз қабули Қоидаҳои имлои соли 2021 зарурати нашри фарҳанги имлои нав, ки ҷавобгӯй ба забони меъёр бошад, пеш омад. Ин аст, ки дар заминаи “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” (Душанбе, 2013) ва дигар луғатномаҳои тахассусию соҳавӣ лоиҳаи “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” дар таҳрири нав таҳия шуд. Баъд аз таҳия лоиҳаи Фарҳанг ба марказҳои илмии ҷумҳурӣ, махсусан, ба Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ, Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови АМИТ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, ДДОТ ба номи С.Айнӣ ва дигар марказҳои илмӣ фиристода шуда, фикру андешаҳои донишмандон ба назар гирифта шуд.
Лоиҳаи Фарҳанг соли 2024 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ мавриди баррасии васеи донишмандон қарор гирифт, ки дар ин баррасиҳо ҳар як калима аз назари донишмандон гузаронида шуд. Баррасии ниҳоии лоиҳаи Фарҳанг моҳи феврали соли 2025 дар Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АМИТ сурат гирифта, хулосаи ниҳоӣ барои ислоҳи камбудию норасоиҳо ва чопи он дода шуд. Дар маҷмуъ дар баррасии лоиҳаи Фарҳанг донишмандоне чун С. Раҳматуллозода, М. Саломиён, Ф. Х. Шарифзода, Ж. Гулназарзода, С. Назарзода, С. Мирзозода, Р. Ваҳҳобзода, М. Ҳотам, Д. Хоҷаев, Н. Офаридаев, М. Ҳ. Султон, Т. Шокирзода, А. Ҳасанзода, Ш. Кабиров, Т. Ваҳҳобов, О. Қосимов, Д. Ҳомидов, Р. Шодиев, М. Олимҷонов, Ҳ. Дӯстзода, Ф. Баротзода, О. Муҳаммадҷонзода, Б. Бобоназар, М. Абдураҳмонова, С. Анварӣ, А. Мирбобоев, С. Собирҷонов, Б. Тӯраев, Сулаймонов И., С. Каримов, Р. Зулфониён, А. Тоирзода, С. Фарҳодова, Э. Сафарзода, М. Давлатшоева ва дигарон иштирок карданд. Ҳарчанд, зимни мубоҳисаҳо нуқтаи назарҳо якранг набуданд, вале падидаҳои забоние, ки ба навишти калимаҳо марбутанд, дар натиҷаи баҳсҳои тулонӣ ва дарёфти афзалияти оро қабул шуданд.
Ҳамин тавр, Фарҳанг бар пояи риояи меъёрҳои таърихӣ ва илмии овошиносии забони тоҷикӣ дар асоси «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2021, таҳти №268) таҳия шудааст. Дар ин қарор калимаҳое, ки бо “ӯ”-и устувори дароз омадаанд, дар “Фарҳанги имло” дар ҳамон шакл нигоҳ дошта шудаанд.
«Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» пас аз пешгуфтор ҳамчун раҳнамо замима гардидааст.
Фарҳанг барои оммаи васеи мардум ва ҳаводорони забони тоҷикӣ пешниҳод мешавад.
С. Раҳматуллозода,
доктори илми филология,
узви вобастаи АМИТ
Категория:
- Ахбори рӯз [2]
