СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ
Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуд.
Дар мизи мудаввар раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Сахидод Раҳматуллозода, муовини раиси Кумита Файзиддин Баротзода, директори Маркази миллии тарҷума, Ҳамрохон Дӯстзода ва кормандони Кумита ва зерсохторҳои он иштирок намуданд.
Сардори шуъбаи ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсуси Кумита Эраҷ Сафарзода дар мавзуи «Аҳамияти ташаббуси байналмилалии Пешвои миллат ҷиҳати эълони соли 2027 «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» баромад намуд.
Таъкид карда шуд, ки 12 декабри соли 2025 дар Иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид қатънома таҳти унвони «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027», ки бо ибтикор ва пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардида буд, бо иттифоқи оро қабул шуд.
Иброз гардид, ки шахси дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ, бодониш ва бошуур дар ҷомеа ҷойгоҳи хешро пайдо намуда, ҳаргиз ба амалҳои ғайриқонунӣ даст намезанад ва фирефтаи тарғиботи ифротгаронаи душманони миллат ва давлат нахоҳад шуд.
Бинобар ин, омӯзиши қонунҳо ва тарғибу ташвиқи онҳо бояд ҳанӯз дар синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз ёфта, дар коллеҷу донишгоҳҳо идома дода шавад.
Гиромӣ доштани сулҳу ваҳдат вазифаи асосии ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад. Махсусан ҷавонон бояд пайваста пайи аз худ кардани илму дониш шуда, дар рушди Тоҷикистон саҳм гузоранд.
Категория:
- Ахбори рӯз [2]







