Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Интишори сомонаи «Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» (http://www.kumitaizabon.tj)

Асосӣ > ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУНАТОМЕЗ

ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУНАТОМЕЗ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 13 Феврал, 2026 - 12:57
[1]

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез (12 феврал) дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Таҳдиди экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Сахидод Раҳматуллозода, муовини раиси Кумита Файзиддин Баротзода, директори Маркази миллии тарҷума, Ҳамрохон Дӯстзода, профессори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети №6-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Сафарзода Ҳаёт Сайдамир ва кормандони Кумита ва зерсохторҳои он иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш доир ба хатар ва падидаҳои номатлуби замони муосир, аз қабили терроризм ва экстремизм иброз дошта шуд, ки бояд ҳар фарди худшинос ва худогоҳи Ватани азизамон бар зидди ин падидаҳои номатлуб мубориза барад ва бо ин роҳ дар таъмини сулҳу оромии  мамлакат саҳм гузорад.
Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, мулоқот бо роҳбарони давлатҳо, зиёиён, ҷавонону занон пайваста дар бораи торафт реша давонидани терроризм ва ифротгароӣ хушдор дода, онҳоро ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар сокини сайёра маҳкум менамоянд: «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар сокини сайёра аст».
Ҳамзамон аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, дар пайравӣ ба сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пештара бештар дар рушд ва пешрафти Тоҷикистон саҳм гузоранд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

  • Ахбори рӯз [2]
  • [3]
  • [4]
  • [5]
  • [6]
  • [7]

Манбаъ::http://www.kumitaizabon.tj/tg/content/khamoish-bahshida-ba-ruzi-baynalmilalii-peshgirii-ekstremizmi-hushunatomez?page=2

Пайвандҳо
[1] http://www.kumitaizabon.tj/sites/default/files/field/image/633543817_122190659222462396_2776125071302736074_n.jpg [2] http://www.kumitaizabon.tj/tg/category/%D0%B0%D1%85%D0%B1%D0%BE%D1%80%D0%B8-%D1%80%D3%AF%D0%B7 [3] http://www.kumitaizabon.tj/sites/default/files/gallery/631535025_122190659306462396_6553957774693035682_n.jpg [4] http://www.kumitaizabon.tj/sites/default/files/gallery/632298760_122190659354462396_2769734707199246422_n.jpg [5] http://www.kumitaizabon.tj/sites/default/files/gallery/633543817_122190659222462396_2776125071302736074_n.jpg [6] http://www.kumitaizabon.tj/sites/default/files/gallery/633990024_122190659180462396_293910882118576746_n.jpg [7] http://www.kumitaizabon.tj/sites/default/files/gallery/635095106_122190659264462396_3173717255963087872_n.jpg