Барои бақайдгирии ҳисоби шахси воқеӣ ва/ё ҳуқуқӣ дар сомонаи расмии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ному насаб, номи падар ва рақами телефони худро ба нишонии электронии kumitaizabon@mail.ru ирсол намоед.
Баъд аз бақайдгирӣ ва ворид шудан ба сомонаи Кумитаи забон ба шумо имкониятҳои зерин дастрас мешаванд:
- Тамос - низоми паёмнависӣ ба Кумитаи забон
- Тақвими меҳмонон - барои таъйин намудани вохӯриҳо ва чорабиниҳо бо роҳбарият ва кормандони Кумитаи забон
- Аризаи электронӣ - барои пешниҳод намудани аризаҳо ба Кумита дар реҷаи онлайн
- Мағозаи электронӣ - барои ба даст овардани фарҳангҳо ва феҳристҳо тариқи Интернет
- Рӯзномаи "Ганҷи забон" - нашри электронии рӯзномаи "Ганҷи забон"
Вход
Карта
Контакты



Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.


