КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ЗАБОН ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛ: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Октябр, 2025 - 15:55

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Забон дар масири Истиқлол: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Сахидод Раҳматуллозода изҳор дошт, ки бо ин забон ҳазорон олимону донишмандон ва мутафаккирони миллатамон тарбият ёфта, дар поянда нигоҳ доштани он низ нақши таърихӣ гузоштаанд. Албатта, ин забоне аст, ки андешаҳои башардӯстонаи рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори некро таблиғ намуда, бо он садҳо асари панду ахлоқии сатҳи ҷаҳонӣ офарида шудаанд, ки аз онҳо тавассути тарҷума ҷаҳониён баҳраманд мегарданд.
Иброз гардид, ки забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб шуда, дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ба муқаддасоти миллӣ дохил шудааст. Дар моддаи дуюми Конститутсияи ҷумҳурӣ омадааст, ки «забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст, ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон истифода кунанд».
Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарангис Шарифзода афзуд, имрӯз ҳам забони тоҷикӣ аз ҷиҳати ғановат ва сермаъноии калимаҳо байни забонҳои хурду бузурги дунё мақоми аввалро доро мебошад, ки далели он луғатномаи Деҳхудо (18 ҷилд) ва 6 ҷилд Луғати тафсирии ӯ мебошад. Сарчашмаҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки бо забони тоҷикӣ мардумони беш аз 29 давлати ҷаҳон гуфтугӯ мекунанд, забони тоҷикӣ аз ҷиҳати калимасозӣ ва ибораороӣ дар сархати забонҳои дунё аст ва имкон дорад дар ин радиф беш аз 225 миллион калима ва вожа бисозад.
Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён иброз дошт, ки забони тоҷикӣ таърихи чандҳазорсола дошта, дар атрофи забонҳои дигар озмоишҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст. «Забони тоҷикӣ забони баландҳиммате аст, ки Саъдию Ҳофизи бузург, Синою Хайём, Бедилу Низомӣ бо он ҳарф мегуфтанд. Ин забоне аст, ки Айниву Лоҳутӣ, Миршакару Турсунзода, Бозору Лоиқ номдораш гардонидаанд ва мо имрӯз аз ҳастии бузургаш меболем», -гуфт ӯ.
Дар идома аз ҷониби олимону забоншиносони мамлакат 45 маърӯзаи илмӣ доир ба рушд ва ҷанбаҳои забони тоҷикӣ манзур карда шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад