Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ғалаба
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон, собиқадорони меҳнат, тамоми шахсоне, ки дар он давраи вазнин дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд ва кулли мардуми Тоҷикистонро ба ифтихори ғалаба бар фашизми гитлерӣ самимона табрик мегӯям.
Ба хонадони ҳар як сокини кишвар сулҳу оромӣ ва зиндагии босаодат орзу менамоям.
Як ҳақиқати ба ҳамагон маълум вобаста ба он ҷанги пурфоҷиа ин аст, ки пирӯзӣ бар фашизм маҳз дар натиҷаи муборизаи далерона ва қаҳрамониву ҷоннисориҳои фарзандони ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ таъмин карда шуд.
Танҳо аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар ба майдони муҳориба даъват ва сафарбар карда шуданд.
Ин шумора дар он давра зиёда аз 50 фоизи аҳолии қобили меҳнати ҷумҳурии моро ташкил мекард.
Аз 300 ҳазор нафар беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳо ҳалок гардида, даҳҳо ҳазори дигар беному нишон шуданд ва аксари онҳое, ки аз ҷанг баргаштанд, маъюб буданд.
Дар шаҳру деҳоти ҷумҳурии мо садҳо ҳазор нафар кӯдакони ҷанговарони дар муҳорибаҳо ҳалокшуда ятим монданд.
Илова ба фиристодагони Тоҷикистон, ки дар майдони ҷанг ба хотири шикаст додани фашистон ва ҳимояи истиқлолу озодии халқҳо далерона меҷангиданд, калонсолон ва наврасону кӯдакон дар ақибгоҳ бо машаққати зиёд ва бо азоби гуруснагӣ шабу рӯз заҳмат мекашиданд.
Онҳо дар таъмини ҷанговарон бо озуқаворӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ саҳми бузург гузоштанд.