АМИТ «Ховар»

Конститутсия – рамзи олии истиқлоли кишвар

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 4 Ноябр, 2022 - 10:48

Рӯзи 3-юми ноябри соли 2022 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Конститутсия – рамзи олии истиқлоли кишвар” бо иштироки судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми ҳукукшиносӣ, дотсент Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо бо шукуҳу шаҳомат доир гардид.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илми филология, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода дар оғози чорабинӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро бо таҷлили 28-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд. Аз ҷумла, иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санади тақдирсозро ҳамчун ҳуҷҷати равшангари роҳи ҳаёти мардум арзёбӣ намудаанд, ки низоми давлатдориро муайян ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад.
Сипас, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳукукшиносӣ, дотсент Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо суханронӣ намуда, доир ба таърихи ташаккул ва мазмуну моҳияти Конститутсия ва нақши он дар ташкили низоми мақомоти давлатӣ ва рушди идоракунии давлатӣ, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд ва мақому манзалати забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуд.
Ҳамзамон, дар рафти кори мизи мудаввар муовини раиси Кумита доктори илми филология, профессор Раҳматуллозода С. ва кормандони Кумита баромад намуда, нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рушду ташаккули давлату ҷомеаи миллӣ ва соҳибистиқлоли мо муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар аз тарафи раиси Кумита Муҳаммадҷонзода О. ба Ҷамшедзода Ҷ. Н. маҷаллаю китобҳои тозанашри Кумита дар фазои тантанавӣ ҳамчун туҳфаҳои хотирмон тақдим гардиданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

ЭҲДО БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. АЗАМАТУ ҶАЛОЛИ ОЛИ СОМОН ВА ДАВЛАТИ СОМОНИЁН МАҲЗ АЗ БАРАКАТИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ БУД

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Октябр, 2022 - 19:47

ДУШАНБЕ, 03.10.2022.  АМИТ «Ховар».
     Азамату ҷалоле, ки Оли Сомон ва давлати Сомониён дошт, маҳз аз баракати забони дарии тоҷикӣ буд, ки илму фарҳанг ва давлату давлатдории тоҷикон ва симои маънавии халқи тоҷикро ба хиттаи ёдгориҳои арзишманди тамаддун ворид намуда, онро бо тамоми шоистагиаш муаррифӣ кард. Ин забон аз қадимулайём ба худ нишонаҳои забони классикӣ дошта, дар ҷаҳон ба таври густарда вусъат пайдо кардаву асрҳо ба ҳайси забони фарҳангу адаб, савдову тиҷорат ва муоширату гуфтушуниди дипломатии Осиёи Марказӣ истифода мешуд.
     Ин матлабро Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода дар арафаи ҷашни Рўзи забони давлатӣ,  ки ҳамасола дар кишвар 5 октябр таҷлил мегардад, дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт.
     «Сарчашмаҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки бо забони тоҷикии форсӣ мардумони беш аз 29 кишвари ҷаҳон гуфтугӯ мекунанд, забони тоҷикӣ аз ҷиҳати калимасозӣ ва ибораороӣ дар сархати забонҳои дунёст ва имкон дорад, ки дар ин радиф беш аз 225 миллион калима ва вожа бисозад. Ин ҳама аз тавонмандӣ, шаҳомат ва бузургиву нодирии забони ноби тоҷикӣ шаҳодат медиҳад»,-мегўяд олими забоншинос.
     Ба андешаи ӯ, имрӯз ҳам забони тоҷикӣ аз ҷиҳати ғановат ва сермаъноии калимаҳо миёни забонҳои хурду бузурги дунё мақоми аввалро доро мебошад, ки далели он луғатномаи Деҳхудо (18 ҷилд) ва 6 ҷилд Луғати тафсирии ӯ мебошад.
«Агар бузургони пешин, устодон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров адабиёту таърихи пурфарозу оламгири тоҷиконро ҳамчун мероси аслии миллат рўнамоӣ карда бошанд, дар пайомади эшон, абармарди арсаи сиёсат, илм ва фарҳангу иқтисоди мустақил ва худогоҳи воқеии миллии тоҷикон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забони тоҷикӣ арҷгузории беназир намуда, ҷойгоҳи онро дар арсаи байналмилалӣ миёни зиёда аз 200 кишвари олам   сайёра баланд бардоштанд. Ва чуноне ки имрӯз ҳамагон шоҳиди ҳоланд, забони тоҷикӣ дар симову ҳузури муборак ва лаҳни гуворои Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар минбарҳои  дигари бонуфузи сиёсиву фарҳангӣ садо медиҳад», -иброз дошт  ҳамсуҳбати мо.
     Олимҷон Муҳаммадҷонзода хотиррасон шуд, ки забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб ёфта, дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ба муқаддасоти миллӣ дохил шудааст. Дар моддаи дуюми Конститутсияи ҷумҳурӣ омадааст, ки забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст, ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон истифода кунанд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: манбаъҳои боз ва бойгонии АМИТ «Ховар»
Манбаъ:
https://khovar.tj/2022/10/5e-do-ba-ruzi-zaboni-davlat-azamatu-aloli-oli-somon-va-davlati-somoniyon-ma-z-az-barakati-zaboni-to-ik-bud/

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 4.2 (5 овоз)

Олимҷон Муҳаммадҷонзода: Дар Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон барномаи «Ислоҳнигорӣ» пешниҳод мегардад

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Август, 2022 - 13:55

ДУШАНБЕ, 01.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи компютерии «Ислоҳнигорӣ» таҳия намудааст, ки дар арафаи Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон пешкаши сокинони мамлакат гардонида мешавад, иттилоъ дод Раиси Кумита Олимҷон Муҳаммадҷонзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод.

Зикр шуд, ки тӯли шаш моҳ аст гурӯҳи корӣ Фарҳанги имлои забони тоҷикиро омода намуда истодааст ва барномаи мазкур дар заминаи он таҳия шудааст.

«Дар системаи компютерии имрӯза чанд ҳарфи тоҷикии мо нест. Вақте мо ба забони русӣ ё англисӣ ягон матнро ҳуруфчинӣ мекунем, агар ғалат бошад, шакли дурусташ пешниҳод мегардад, баъди таҳияи ин барнома камбудии ҷойдошта бартараф мешавад»,-гуфт ӯ.

Ба зикри Раиси Кумита, барнома дар шакли аввал ҳудуди 72 ҳазор калимаро дар бар гирифта, марҳила ба марҳила калимаҳои он зиёд карда мешаванд.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ инчунин зикр шуд, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2022 «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба ҳолати 1 январи соли 2023 мавқуф гузошта шуд.

«Аз ин рӯ Кумита то ҷорӣ гардидани фармони мазкур дар ҳамкорӣ бо МД «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» забони матну ангораҳо ва навиштаҷоту овезаҳои рекламавии 98 ташкилоту муассисаҳои рекламаистеҳсолкунанда ва соҳибкорони инфиродиро ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ намудааст»,- иброз дошт Олимҷон Муҳаммадҷонзода.

Дар шаш моҳи соли 2022 аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот ягон ташкилоту муассиса ҷарима нагардида, танҳо ислоҳ ва мутобиқ карда шуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
https://khovar.tj/2022/08/olim-on-mu-ammad-onzoda-dar-r-zi-zaboni-davlatii-to-ikiston-barnomai-islo-nigor-peshni-od-megardad/
АКС: АМИТ «Ховар»

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (4 овоз)

«Ба қадри сулҳу оромии Тоҷикистон бирасем!»,- бардошт аз конференсия дар Кумитаи забон ва истилоҳот

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Июн, 2022 - 10:22

ДУШАНБЕ, 26.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Забон ҳамчун омили ваҳдати миллӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар кумитаи мазкур.

Дар кори конференсия намояндагони вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар сохторҳои марбута иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода зикр намуд, ки замони навини эҳёи Тоҷикистон бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад, зеро ин абармарди дунёи сиёсат пайваста дар бораи мустаҳкам гардидани аркони давлату бедории миллат саъйу талош менамоянд.

-Бисту панҷ сол пеш, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муттаҳид намудани неруҳои сиёсӣ ва таъмин кардани ризоияти ҷомеа тавонистанд, ки истиқлоли давлатии мамлакатамонро ҳифз кунанд ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистонро таъмин намоянд, — илова кард номбурда.

Олимҷон Муҳаммадҷонзода иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид бар он мекунанд, ки Ватани худро самимона дӯст дорем ва ба қадри сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагии он бирасем. Сарвари кишварамон ба ҳар як шаҳрванди мамлакат таъкид кардаанд, ки: «Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст.

«Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем. Воқеан, ин бояд вазифаи ифтихории ҳар яки мо бошад ва ҳамеша ҷидду ҷаҳд намоем, ки барои ободии Ватан, шукуфоии имрӯзу фардои он, баҳри ҳифзи муқаддасоти миллат ҳиссагузор бошем», — гуфт Олимҷон Муҳаммадҷонзода.

Дар конференсия таъкид гардид, ки бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин санади сарнавиштсоз, арзиши сулҳу субот ва моҳияти ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бебаҳо, беш аз пеш, дарк ва қадр менамоем, барои пойдору устувор мондани он ҳамеша саъйу талош меварзем ва ҳар сол Рӯзи Ваҳдати миллиро бо ифтихору сарфарозӣ ва шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем.

«Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад. Дар шароити кунунӣ ваҳдати миллӣ дар заминаи таъмини оромӣ ва рушди ҷомеа ҳамчун омили муҳим аҳамияти нав пайдо карда, моҳияти иҷтимоиву сиёсии он кушода шуда, дар радифи истиқлоли давлатӣ, таъмини якпорчагӣ ва ҳифзи Ватани азиз, ягонагии забону фарҳанг, сулҳу субот ва ҳифзи иҷтимоии ҳар як аъзои ҷомеа густариш ёфта истодааст, ки арзиши муҳим мебошанд. Бигзор ваҳдати миллии халқи тоҷик ҳамеша пойдору устувор ва ҷовидона бошад!», — изҳор доштан баромадкунандагон.

Инчунин дар конференсия иштирокдорон дар мавзуъҳои «Нақши забони миллӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ», «Фалсафаи ваҳдат ва адабиёти миллии тоҷик», «Забони миллӣ-арзиши муҳими Истиқлоли давлатӣ», «Ваҳдати миллӣ ва рушди забони давлатӣ» ва ғайра маърузаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Дар анҷом, филми мустанади истеҳсоли Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо номи «Ваҳдати миллӣ» ба ҳозирин намоиш дода шуд, ки он дар чорабинӣ муассиру хотирмон боқӣ мондаву таърихи ваҳдати моро инъикос менамояд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»
https://khovar.tj/2022/06/ba-adri-sul-u-oromii-to-ikiston-birasem-bardosht-az-konferensiya-dar-kumitai-zabon-va-istilo-ot/

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (4 овоз)

Категория:

Рӯзи байналмилалии забони модарӣ. Забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи ҷомеаи ориёӣ дар ҷаҳон аст.

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 21 Феврал, 2022 - 15:37

ДУШАНБЕ, 21.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.

Ҳамасола 21 феврал мувофиқи қарори иҷлосияи 30-юми  Конференсияи генералии ЮНЕСКО дар тамоми дунё Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки фарҳангҳо ба ҳам омехтаанд, шинохти ин фарҳангҳо, донистани осори фарҳангу тамаддуни ин халқҳо ва забони онҳо бисёр муҳим аст. Дар робита ба ин Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Олимҷон МУҲАММАДҶОНЗОДА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин ибрози андеша намуд:

Забон ва адабиёти тоҷикӣ дар байни забонҳои зиндаи ҷаҳон яке аз бойтарин ва ғанитарин  ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки донишмандон ва муҳаққиқони хориҷӣ адабиёти тоҷикиро яке аз бузургтарин адабиёти башарият номидаанд.

Забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи ҷомеаи ориёӣ дар ҷаҳон аст. Таърихи ин забон ҳадди ақалл аз ҳазорсолаи пеш аз милод сарчашма мегирад ва аввалин навиштаҷоте, ки бо забони  тоҷикии бостон ба даст омадаанд, ба асри VI пеш аз милод рост меоянд.

Аз он вақт инҷониб забони тоҷикӣ ҳамчун меросбари забони порсии қадим ва фарҳанги ориёӣ ҳамеша ҳаракати динамикии худро идома дода, аз рӯйдодҳои мухталиф бехатар мегузарад.

Забони тоҷикӣ яке аз камтарин ва нодиртарин забонҳои ҷомеаи ҷаҳонист, ки дар тӯли беш аз ҳазор сол дар ҳоли рушду инкишоф ва таҳаввулу тағйирот аст. Ин аст, ки масалан, имрӯз, ҳазору сад сол пас аз вафоти Рӯдакӣ аксари мардуми тоҷикзабону форсидон метавонанд ашъори ӯро хонанд ва дарк кунанд.

Аммо, дар ин маврид  аксари забонҳоеро медонем, ки ба дараҷае ба тағйирот ва таҳаввулот дучор шудаанд, ки ба ҷуз аз мутахассисон, дигар гӯяндагон ва ё меросбарони онҳо матнҳои қадимиро хонда ва дарк карда наметавонанд ва ё соҳибзабонони он матнҳои дусад ва сад соли пешин иншошудаи адабиёташонро тавассути тарҷума мехонанд ва ё умуман намефаҳманд.

Боигарии адабиёти дарии тоҷикӣ аз ҷиҳати миқдор ҳам хеле назаррас ва маълум аст, ба монанди «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ шаст ҳазор байт, шумораи умумии ашъори Аттор беш аз сад ҳазор байт, «Маснавии маънавӣ» ва лирикаи Ҷалолуддини Балхӣ беш аз шаст ҳазор байтро ташкил медиҳанд.

Ин ҳаҷми бузурги адабиёт ба шоирони муосир низ дахл дорад ва донистани он кофист, ки аз ҳазор шоире, ки номҳо ва нишонаҳояшон дар давраи Сафавӣ боқӣ мондааст, танҳо девони Соиби Табрезӣ беш аз саду бист ҳазор байт дорад. Бойигарии забон ва адабиёти тоҷикӣ аз ҷиҳати сифат низ хеле назаррас аст. Имрӯзҳо осори Фирдавсӣ, Хайём, Саъдӣ, Балхӣ ва Ҳофиз шуҳрати ҷаҳонӣ доранд ва ба адабиёти бисёр кишварҳо таъсир расонидаанд.

Бисёре аз мафҳумҳо дар мероси гаронбаҳои забон ва адабиёти дарии тоҷикӣ имрӯз ҳамчун принсипҳо ва арзишҳои пазируфтаи инсонӣ ба ҳисоб мераванд, аз ҷумла Ҷалолуддини Балхӣ дар «Маснавии маънавӣ» инсониятро ба таҳаммулпазирӣ, сулҳ, муҳаббат ва дӯстӣ даъват менамояд. Ва ё Саъдӣ дар асарҳои худ таваҷҷуҳи бештар ба ахлоқ ва арзишҳои маънавӣ дорад ва новобаста аз мансубият ба кадом қавму миллат, нажод ва ранг, инсонҳоро узвҳои як пайкар мешуморад. «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ, ки онро «бузургтарин ҳамосаи маънавии башарият» унвон мекунанд, дар ҷаҳон маъруфу машҳур аст.

Таъсири амиқи ирфонӣ ва ахлоқии ин асари гаронбаҳо инсонияти моддии имрӯзаро ба муҳаббат ва арзишҳои аслии инсонӣ даъват мекунад ва он  солҳои тӯлонӣ яке аз пурфурӯштарин китобҳо дар ИМА ба шумор меравад.

Зиёда аз ин, осори Балхиро ҷаҳон торафт бештару беҳтар истиқбол мекунад. Тавре олими маъруфи  англис  Рейнолд Николсон навиштааст, «мардуми Ғарб тадриҷан бо қудрату тавоноии нобиғаи Машриқзамин ошноӣ пайдо мекунанд ва ӯ метавонад манбаи илҳом ва шодмонӣ бошад, ки дар адабиёт ягон шоире дар ҷаҳон дар ин маврид аз ӯ пеш гузашта натавонистааст».

Ба андешаи муҳаққиқон, осори Умари Хайём пас аз асарҳои Александр Пушкин дар Русия серхонандатарин китоб ба шумор меравад.

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар ин маврид ба чанд нуктаи ҷолиб ишора карда мегӯяд, ки «ман Хайёмро ҳар саҳар пеш аз оғози рӯзи корӣ мехонам ва ба мансабдорон ва роҳбарони масъул маслиҳат медиҳам, ки ҳар гоҳе ки ба мушкилие дучор оянд, ба ашъори Хайём муроҷиат кунанд, зеро муаррифии масъалаҳои муҳими ҳаёт ва марг аз ҷониби ин мутафаккир ба одамон умеди зиндагӣ ва рӯҳбаландӣ мебахшад».

Чунин андешаҳоро доир ба осори Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва дигар шоирони дараҷаи аввали адабиёти тоҷикӣ низ овардан мумкин аст.

Аз ин рӯ, ин даллеҳо бояд ҳамчун имконоти эҳтимолии забон ва адабиёти тоҷикӣ дар рушди фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ истифода шаванд.

Матнҳои бадеии ба адабиёти классикӣ ва муосири тоҷикӣ дастрас  хеле гуногунанд. Ба тарзе, ки онҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ метавонанд ба манфиатҳо ва завқҳои мухталиф дар саросари ҷаҳон посух диҳанд.

Дар таърихи адабиёти тоҷикӣ метавон ҳам намунаҳои барҷастаи осори эпикӣ ва ҳам намунаҳои тозаи адабиёти лирикӣ ва таълимиро пайдо кард, ки барои муаррифии ҷанбаҳои ахлоқию башардӯстии фарҳанги тоҷикӣ ба тамаддуни ҷаҳонӣ зарур бошанд.

Дар раванди ҷаҳонишавӣ азбаски мо бо миллатҳои мухталиф,  ҷуғрофия, таърих ва фарҳангҳои гуногунранг сарукор дорем, мо бояд осори адабии худро дар мавридҳои зарурӣ хуб истифода кунем.

Тавре ки ширкатҳои бузурги истеҳсолӣ барои миллатҳои гуногуни ҷаҳон маҳсулоти гуногун пешниҳод мекунанд, мо низ бояд дар кишварҳои гуногун ба ҷанбаҳое таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем, ки тибқи фарҳанги он кишвар бештар ҷазб карда шаванд ва онҳоро бештар истиқбол гиранду пазируфта шаванд.

Аз ин рӯ, дар ин росто нақши коршиносони фарҳангӣ дар муайян кардани завқи адабии мардум дар кишварҳои мухталиф хеле муҳим арзёбӣ мешавад.

Дар соҳаи мубодилаи байналмилалӣ ва махсусан мубодилаи фарҳангӣ воситаҳои иртиботӣ нақши муҳим ва бориз  доранд. Дар ҳоле ки имрӯз ҳатто барои роҳандозии муваффақонаи маҳсулоти моддӣ, мо бояд муоширати дуруст дошта бошем, надонистани забонҳои байналмилалӣ метавонад сустии назаррасе дар муаррифӣ кардани иқтидори фарҳанг дар раванди ҷаҳонишавӣ бошад.

Омори ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки имрӯзҳо на камтар аз чоряки аҳолии ҷаҳон метавонанд бо забони англисӣ озодона ҳарф зананд. Ва ин таносуб дар мавриди зиёиён ва шахсиятҳои фарҳангӣ табиатан баландтар аст.

Аммо бо вуҷуди талошҳо дар кишвар ҳанӯз ҳам мушоҳида мешавад, ки аксарияти хатмкунандагони ихтисосҳои забоншиносӣ ва тарҷумонӣ дониши кофии забони хориҷиро надоранд.

Аз ин лиҳоз, агар хоҳем, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ҷои сазовори фарҳанг ва мақоми сазовори тамаддуни худро дошта бошем, бояд барои омӯхтани забонҳои байналмилалӣ кӯшиши зиёдтаре ба харҷ диҳем.

Гарчанде ки дар самти азхудкунии интернет ва технологияҳои иттилоотӣ-иртиботӣ мушкилот камтар ба назар мерасад, ин масъала ба баъзе мутахассисон, шоирон ва нависандагони калонсол иртибот мегирад.

Чунин ба назар мерасад, ки ин мушкилоти иртиботӣ боис шудааст, ки осори шоирону нависандагони кишвари мо дар ҷаҳон ба таври бояду шояд муаррифӣ нашавад.

Илова ба ин, надоштани сатҳи хуби азхудкунии компютер ва Интернет бинобар мубодилаи фаврии иттилоотӣ ва истеҳсолоти илм дар саросари ҷаҳон мо дар ин масъала каме қафо мемонем. Зеро  назарияҳои нави лингвистӣ ва адабию фарҳангӣ дар саросари ҷаҳон ҳамарӯза муаррифӣ мешаванд ва аз ҷониби мутахассисони тамоми ҷаҳон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор мегиранд.

Ҳамрадиф бо ин мушкилот надонистани забонҳои муоширати байналмилалӣ, аз қабили англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва камбудӣ дар истифодаи воситаҳои рақамӣ ду ҷанбаи гуногуни як масъалаи забон ва адабиёти тоҷикӣ ва  шохиси  ҳувияти фарҳангии мо дар ҷаҳон ба шумор мераванд.

Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), саводомӯзӣ барои саводнокии асри 21  силсилаи таҳсилотро дар бар мегирад, ки барои расидан ба ҳадафҳои худ, инкишоф додани дониш ва иқтидори худ ва иштирок дар он мусоидат мекунад.

Аҳамияти ин масъала аз он иборат аст, ки ЮНЕСКО мафҳумҳое, аз қабили саводнокии компютерӣ, саводнокии расонаӣ, саводнокии технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботиро дар мадди аввал гузоштааст.

Дар ин замина, мо бояд бобати ҳалли масоили мазкур тавассути таҳқиқ, омӯзиш ва тарҷумаи осори фарҳангӣ ва ҳамзамон, ҳалли мушкилоти мавҷудаи ин соҳа тадбирҳои муассир андешем. Зеро дар раванди ҷаҳонишавӣ ба ин восита мо метавонем на танҳо аз таъриху фарҳанги мардумони дигар кишварҳо баҳравар шавем, балки тариқи тарҷума фарҳанги миллӣ  ва адабиёти тоҷикиро ба  ҷаҳониён ва доираи фарохи хонандагон пешниҳод намоем.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

МАНБАЪ

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Дар Душанбе дар мавзӯи «Муаррифӣ ва шарҳи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» машварат доир шуд

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Ноябр, 2021 - 17:35
Дар Душанбе дар мавзӯи «Муаррифӣ ва шарҳи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» машварат доир шуд

ДУШАНБЕ, 3.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», ки 4 октябри соли 2011 рӯи чоп омада буд, як идда камбудию норасоиҳо ҷой доштанд, ки он мушкилиҳои зиёдеро пеш меовард ва мақсади асосии таҳияи қоидаи имлои нав бартараф кардани ҳамин камбудиву норасоиҳост. Бо мақсади мукаммалтар шудани ин санади миллӣ ба он «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» низ ҳамроҳ карда шуд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумиҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода имрӯз зимни баргузории машварат дар мавзӯи «Муаррифӣ ва шарҳи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» иброз намуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ба зикри Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, бинобар мақоми забони давлатӣ ва дурнамои рушду густариши он дар ҷомеа матни имлои забони тоҷикӣ аз нигоҳи интиқодӣ мавриди таҳриру такмили ҷиддӣ қарор гирифт.

Забоншиносони тоҷик иброз доштанд, ки дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» масъалаҳои марбут ба номи ҳарфҳо, имлои овозҳои садоноку ҳамсадоҳо, калимаҳои содаю мураккаб ва таркибҳо, калимаҳои мушаддад, иқтибосӣ, аз сатр ба сатр гузаронидани ҳиҷои калима, имлои ҳиссаи нутқ, махсусан навишти ихтисораҳо, ҳарфҳои калону хурд, тарзи имлои артикли «ал», якҷоя, ҷудо ва бо нимтире навиштани калимаҳо, тарзи дурусти навишти морфемаҳои насабсоз, имлои номи муассисаю корхонаҳо, номи ҷуғрофӣ, асару китобҳо, маҷаллаҳо, мансабу вазифа ва рутбаҳо, имлои нумеративҳо, бандакҳо, пешванду пасвандҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, имло ва тарзи навишти онҳо мушаххас нишон дода шудаанд.

Зимни баргузории машварат зикр намуданд, ки барои ба танзим даровардани калимаҳои иқтибосие, ки овозҳои «ц», «щ» ва «ы» доранд, «Қоидаи имлои забони тоҷикӣ» ҳарфҳои ивазкунандаи онҳоро мушаххас кардааст. Масъалан, дар калимаҳои иқтибосӣ ба ҷойи ҳари ц ҳарфҳои с ва т дар мавридҳои зерин навишта мешаванд:

-дар аввали калима (пеш аз садонок) с навишта мешавад: семент-цемент, сирк-цирк ва ғайра;

-дар байни ду садонок ҳарфҳои тс навишта мешаванд: дотсент – доцент, милитсия – милиция, конститутсия – конституция ва ғайра;

-баъд аз садонок ва пеш аз ҳамсадо ҳарфҳои тс ва пас аз ҳамсадо с навишта мешаванд: Липетск – Липецк, Донетск — Донецк ва ғайра;

-дар охири калима баъд аз садонок тс ва пас аз ҳамсадо с навишта мешавад: платс – плац, кварс – кварц ва ғайра;

Дар ҷараёни ҳамоиш таъкид гардид, ки бобати амалисозии дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» аз ҷониби гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ дар ҳайати олимони варзидаи забоншиносон таҳия ва нашр гардида, имрӯз дастраси тамоми қишрҳои ҷомеа мешавад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

НАМОЯНДАИ КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТ МЕҲМОНИ ТЕЛЕВИЗИОНИ «ШАҲНАВОЗ» ГАРДИД - СУҲБАТ АТРОФИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 28 Октябр, 2021 - 11:15

 

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 тасдиқ гардид, ки дар баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ нақши муҳим хоҳад дошт

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 8 Январ, 2021 - 15:55
Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 тасдиқ гардид, ки дар баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ нақши муҳим хоҳад дошт

ДУШАНБЕ, 08.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябри соли 2020 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 тасдиқ гардид. Оид ба ҳадаф, вазифа ва усулҳои татбиқи барномаи нави рушди забони давлатӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» Моҳинави НАВРӮЗ бо  Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Олимҷон МУҲАММАДҶОНЗОДА суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: — Ҳадафи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 аз чӣ иборат аст?

Олимҷон Муҳаммадҷонзода: — Қабул ва тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 бори дигар аз таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ далолат мекунад. Зеро забони тоҷикӣ дар марҳилаи нави муносибатҳои иҷтимоӣ дар мақоми забони давлатӣ дар таҳкими давлату давлатдории миллӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад.

Даврони  истиқлол барои рушду ташаккули фарогири забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ имконоти мусоид фароҳам оварда, он  рушду нумуи худро касб кард. Маҳз дар ҳамин давраи таърихи давлатдории навини тоҷикон забони миллӣ ҳамчун неру ва омили муҳими иттиҳоди миллату халқҳои сокини ҷумҳурӣ пазируфта ва шинохта шудааст.

Роҳбарият ва Ҳукумати Тоҷикистон барои ин шароиту имконияти мусоид ва муҳити мувофиқи сиёсиву иҷтимоӣ фароҳам оварданд, ки дурнамои густариши забони тоҷикӣ муайян ва тарҳрезӣ гардад.

Дуруст аст, ки Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2012-2016 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июни соли 2012 тасдиқ шуда буд, ки дар он 6 самти афзалиятноки пешбурди забони давлатӣ тарҳрезӣ шуда, ҷиҳати татбиқи он аз тамоми имконият истифода шуда, корҳои назаррасе анҷом ёфтаанд. Бо вуҷуди ин, масъалаи рушди забон яке аз масоили мубрам дар ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад.

Ҷаҳонишавии ҷомеаи имрӯза мушкилоти забонро кам намекунад, баръакс, моро водор месозад, ки ба масъалаи забон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоем ва ҳамчун рукни давлатдорӣ барои мустаҳкам будани пояҳои он муташаккилона кор кунем. Бо дарки муҳим будани масъалаҳои марбут ба забон Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки он барои пешбурди кори забон дар даҳ соли оянда заминаи боэътимод мегузорад. Ин Барнома ҷомеаи Тоҷикистон ва тамоми сохторҳои давлатию ғайридавлатиро водор менамояд, ки ба масъалаи забон аҳамияти хос зоҳир намоянд.

Барномаи мазкур  ҳадаф, вазифа, самтҳои асосӣ, усулҳои татбиқ ва  натиҷаҳои ниҳоии амалисозии сиёсати давлатиро  оид ба забон муайян намуда, муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро татбиқ намуда, ба ташаккули забони илм, рушди истилоҳоти тахассусӣ, таҳияи дастурҳо, эҳёи номҳои миллӣ,  маҳалҳои аҳолинишин ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ мусоидат менамояд.

Дар баробари ин, Барнома ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатӣ оид ба забон равона шуда, барои рушду густариш ва баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ нақши муҳим дошта, бобати инкишофи муносибатҳои ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, сиёсиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам меорад.

Дар Барнома сиёсати давлатӣ оид ба забони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои байналмилалии баробарии забонҳо муайян гардида, дар ташаккули худшиносӣ, худогоҳии шаҳрвандон, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва рушди  ҷаҳонбинии сиёсиву фарҳангии аҳли ҷомеа аҳаммияти махсус медиҳад.

Ба ҳайси ҳуҷҷати расмии давлатӣ Барнома роҳҳои асосии ҳалли масъалаҳои муҳими забониро муайян сохтаву дурнамои самти татбиқи забони давлатӣ маҳсуб ёфта, ҷиҳати таъмини маводи илмию таълимӣ ва лексикографӣ ва дар ин замина таҳия ва нашри фарҳангномаҳо, муҳовараҳо ва дастурҳои таълимиро зарур мешуморад, ки бо бознигарӣ манзури ҷомеа карда шаванд.

АМИТ «Ховар»: — Барномаи нави рушди забони давлатӣ, ки даҳ солро дар бар мегирад, аз чанд марҳила ва самтҳо иборат аст?

Олимҷон Муҳаммадҷонзода: — Барномаи нави рушди забони давлатӣ дар ду марҳила ва шаш самт роҳандозӣ мегардад.

Марҳилаи аввал солҳои 2020-2025-ро дар бар мегирад. Дар ин давра барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузории соҳавӣ лоиҳаҳо таҳия мегарданд. Марҳалаи дуюм солҳои 2026-2030-ро дар бар гирифта, аз роҳҳои амалисозии масъалаҳои таҳқиқотии омӯзиши назорат ва ташкилӣ иборат мебошад.

Дар барнома таъмини рушди забони давлатӣ аз рӯи якчанд самт, аз ҷумла андешидани тадбирҳо барои таъмини заминаи меъёриву ҳуқуқӣ, таҳқиқи масъалаҳои назариявӣ ва амалияи забони давлатӣ,  таҳия ва нашри фарҳангномаҳо ва дастурамалҳо, омӯзиш, назорат, таҳлил ва амалӣ сохтани сиёсати давлатии забон, ҳифзи забонҳои миллатҳо ва халқиятҳои ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, он забонҳое, ки дар мамлакат мавриди истифода қарор доранд, муайян мегарданд.

АМИТ «Ховар»: — Дар барномаи нав барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои яғнобӣ ва бадахшонӣ, ки хазинаи махсусе барои омӯзиши таърихи забонҳо дониста мешаванд, чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

Олимҷон Муҳаммадҷонзода: — Боби аввали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳз ба ҳифзи забони давлатӣ, яъне забони тоҷикӣ ва забонҳои дигар, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамоянд, нигаронида шудааст. Ҷомеаи Тоҷикистон сермиллату гуногунхалқият аст. Ҳар миллату халқияти Тоҷикистон забони модарӣ ё забони аҷдодии худро дорад ва ба ҳамаи ин халқияту миллатҳо ҳуқуқи озодона истифода бурдан аз забони модариашон дода шудааст. Миллатҳое, ки дар қаламрави  ҷумҳурӣ гурӯҳи этникии муайян доранд, зери мафҳуми ақаллияти миллӣ шинохта мешаванд. Ба он забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва ғ. дохил мешаванд.   Ғайр аз ақаллияти миллӣ ақаллияти забонӣ мавҷуданд, ки қисми 2 моддаи 4 боби аввали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  маҳз ба ҳимоя ва инкишофи онҳо бахшида шудааст.  Ба забонҳои ақаллияти забонӣ  забонҳои бадахшонӣ ва яғнобӣ дохил мешаванд, ки дар таърихи миллати тоҷик нақши муайян доранд.

Арҷ гузоштан ва эҳтиром намудани мероси фарҳангиву маънавии миллатро Пешвои миллат  вазифаи муқаддаси ҳар соҳибзабони баору номус шуморида,  онро дар ҳама суханрониҳо ва Паёмҳои табрикотии хеш иброз медоранд.  Далели гуфтаҳои боло ин суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ мебошанд: «Имрӯзҳо Тоҷикистон аз ҷиҳати боигарии забонӣ музейи зиндаи таърихӣ аст. Чанде аз забонҳои қадим, ки шомили гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ мебошанд, дар Бадахшон ва соҳилҳои болоии дарёи Зарафшон маҳфуз нигоҳ дошта шудаанд. Ин забонҳо хазинаи махсусе барои омӯзиши таърихи забонҳо дониста мешаванд, ки ҳифзу баррасии илмии онҳо бояд муҳайё карда шавад… Тағйироте, ки дар асоси талаботи давраи нави таърихи миллати мо ба вуқӯъ мепайванданд, забонҳои помириро ба тағйироти сифатӣ дучор хоҳанд намуд, вале мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, то ин забонҳоро ба сифати бойигарии маънавии миллӣ нигаҳ дошта бошем». Инро ба назар гирифта як бахши муҳими ин Барнома ба ҳифзи забонҳои яғнобӣ ва бадахшонӣ бахшида шудааст.

Барнома масъалаи омӯзиши дигар забонҳоро ҳам дар назар дорад ва дар баробари донистани забони давлатӣ, аз бар кардани на камтар аз ду забони дигар асоси сиёсати давлат дар бораи забонро ташкил медиҳад, ки ба ин кор санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда имконият медиҳанд ва дар татбиқи санад ва дастуру супоришҳои марбут ба ин масоил мусоидат мекунанд. Дар маҷмӯъ, Барномаи мазкур дар тӯли даҳ соли оянда нақшаю чорабиниҳои зиёдеро пешбинӣ менамояд, ки барои рушди забони тоҷикӣ мусоидат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки 4 октябри соли 2020 Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба  Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати устувор намудани пояҳои забони давлатӣ аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳо ва Вазорати маориф ва илм «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.  Президенти мамлакат  зикр карданд, ки дар баробари ин, мо бояд ба таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот, ки яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи рушди забони давлатӣ ба шумор меравад, эътибори ҷиддӣ диҳем.

Инчунин Пешвои миллат бо таваҷҷуҳ ба масоили истилоҳсозӣ зикр карданд, ки барои тавсеаи доираи  калимасозии мавзӯӣ, аз қабили истилоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра аз имкониятҳои забони модарӣ ҳамаҷониба истифода гардида, бо мақсади ҳифзи асолати забон ҳангоми истифодаи истилоҳот бояд ҳам зарфияти унсурҳои пойдори забони давлатӣ ва ҳам иқтибосгирии оқилонаву санҷида ба таври мутавозин дар мадди назар бошад.

Дар ин росто, Сарвари давлат таъкид карданд, ки «мо бояд аз иқтибосҳои бемавқеъ худдорӣ карда, истилоҳоти иқтибосиро ба табиати забон, сохтори сарфию наҳвӣ ва низоми овозии он мутобиқ гардонем».

Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат сеюмин барномаест, ки аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот таҳия ва пешниҳод мешавад. Ӯмед дорем, ки ҳадафу муҳтавои барнома ва амалисозии давра ба давраи нақшаи он натиҷаҳои хуб ба бор хоҳанд овард.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Истиқлолияти Тоҷикистон ва Пешвои миллат

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Январ, 2021 - 15:47
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН ВА ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Муаррифии бахши нави АМИТ «Ховар» ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 07.09.2020 /АМИТ «Ховар»/.
 
Дар арафаи 29-солагӣ ва ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Агентии миллии  иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» бахши наверо зери унвони «Истиқлолияти Тоҷикистон ва Пешвои миллат» ифтитоҳ мекунад.
Дар зер бахши навро муаррифӣ менамоем.
Мегӯянд, ки таърихе ҷаззобтар аз худи таърих вуҷуд надорад.
Аммо таърихро шахсиятҳои барҷаста меофаранд, ки бо андеша, сухан ва аъмоли худ ба зиндагии як халқ ва ё кишвари том таъсири бузург мегузоранд.
Онҳо бо зиндагии шоистаи худ ба дигар инсонҳои рӯи Замин намунаи ибрат нишон медиҳанд.
Аз онҳо чизҳои зиёдеро метавон омӯхт, ба онҳо метавон баробар шуд.
Онҳо бо пиндору гуфтор ва рафтори худ собит месозанд, ки агар кас завқу хоҳиш дошта бошад, дар назди худ ҳадафи мушаххас бигузорад ва ҷиҳати расидан ба он саъй ва кӯшиш намояд, роҳи ҳаллу фасли ҳар гуна мушкилот ва иҷрои вазоифи мухталиф, ҳатто бениҳоят мураккаб ва миқёсан бузургро хоҳад дарёфт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин шахсияти миқёси ҷаҳонӣ дар таърихи миллати тоҷик мебошанд. Сарвари давлат ибораи зеринро дӯст медоранд ва ҳар гоҳ дар мавридҳои мувофиқ онро ба забон меоваранд: «Дар дунё кори намешуданӣ нест, агар завқу хоҳиш бошад».
 
БЕШТАР ДАР ФОРМАТИ PDF ё WORD ё СОМОНАИ АМИТ «ХОВАР» ХОНЕД.
(ЗАМИМА ШУДААСТ)
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

БА ШАРОФАТИ СУХАНРОНИҲОИ ФАСЕҲУ ГУВОРОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДОМАНАИ КОРБУРДИ СИЁСИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ФАРОХ ГАРДИД. Андешаҳои Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот доир ба арҷгузории Президент ба азамат ва шукӯҳи забони тоҷик

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 16 Ноябр, 2020 - 11:11
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот
ДУШАНБЕ, 15.11.2020. /АМИТ «Ховар»/.

Маҳз ба шарофати суханрониҳои фасеҳу гуворои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон доманаи корбурди сиёсии забони тоҷикӣ фарох гардида, зарфияти он дар ифодаи муҳимтарин матлабҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ ба кор даромаданд. Устоди зиндаёд академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ба забондонӣ, суханронӣ, ақлу заковат ва наттоқонаву воизона ҳарф задан, бо фасоҳату балоғати том сухан кардану лутф намудани Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ихлос ва эҳтироми бепоён арҷгузорӣ намуда, дар яке аз навиштаҳояшон таъкид карда буданд, ки «Ҷаноби Олӣ – Президенти мамлакат бевосита дар бораи забони модарӣ ва азиз доштани он суханҳое гуфтанд, ки банда дар ин умри худ, дар ин умри дарозу тӯлониам аз ҳеҷ як сарвари Тоҷикистон нашунидаам. Агар Сарвари кишвар нисбат ба забон ва фарҳанг бо чунин ҳақшиносӣ сиёсат пеш бигирад, шак нест, ки аз ҳалли душвортарин масъалаҳои рушди ҷомеаи навини тоҷикон умед метавон кард».


Ин матлабро Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Олимҷон МУҲАММАДҶОНЗОДА дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иброз намуд. Матни пурраи андешаҳои забоншиноси тоҷикро дар зер пешкаши хонандагон мегардонем.

-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Модар – Ватан ва азамати забони модарии тоҷикӣ ҳамчун ба Модар –сарчашмаи ҳамешазиндаи ҳаёт аҷргузорӣ карданд ва мақому мартабаи онро дар арсаи байналмилалӣ дар байни зиёда аз 200 кишвари олам ва минҷумла, сайёра баланд бардоштанд. Чуноне ки имрӯз ҳамагон шоҳиди ҳоланд, забони тоҷикӣ дар симову ҳузури муборак ва лаҳни гуворои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар минбарҳои сатҳи сиёсиву фарҳангии башарӣ садо медиҳад.

Бебаҳотарин ва нодиртарин забони бостонии давлатдорӣ ва адабиёти бадеӣ, илму ҳикмати азалӣ дар таърихи олами башарӣ забони тоҷикӣ маҳсуб меёбад. Он азамату ҷалоле, ки Оли Сомон ва давлати Сомониён дошт, маҳз, аз баракати забони дарии тоҷикӣ буд, ки илму фарҳанг ва давлату давлатдории тоҷикон ва симои маънавии халқи тоҷикро бо тамоми шоистагиаш ба олами асримиёнагӣ муаррифӣ кард.

Шиносномае, ки халқу миллат ва фарҳангу тамаддуни онро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад, маҳз забони ӯст. Ин забон аз қадимулайём дар ҷаҳон густариши васеъ дошта, забони фарҳангу адаб, савдову тиҷорат ва муоширату гуфтушуниди дипломатии Осиёи Марказӣ буд. Забони тоҷикии дарӣ чун шиносномаи Сомониёни тоҷикзабон дар арсаи сиёсат, давлату давлатдорӣ, фарҳанг ва маънавиёти тоҷикон дар таърихи башарият азамату шукӯҳи давлатдорӣ ва фарҳанги беназири тоҷиконро ба олами башар муаррифӣ кард.

Забони тоҷикии дарӣ ба ҳайси забони расмии давлати абарқудрати Сомониён ҳамчун забони байналмилалии ҷаҳони асримиёнагӣ зиёда аз ҳазор сол Шарқи маънавиманишро бо Ғарби моддигаро мепайваст ва асрҳо чун забони кории  Роҳи Абрешим хизмат намуда, рисолати забони муоширати байналмилалиро ба ҷо меовард, ки дар ҷаҳони муосир забонҳои англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, немисӣ, испанӣ ва  арабӣ ба дӯш доранд.

Муддате мадид сангарҳои сунъии сиёсии онзамона садди пешравӣ ва азамату партавафшонии хуршеди оламгири забони тоҷикӣ гашта, чун абри тираву тор болои ин забони куҳанбунёди соҳибрисолатро гирифта буданд. Ин забон ҳамеша қудрати ҳифз ва нигаҳдории истиқлол ва ҳувияти худро дошт. Хушбахтона, бо тулӯи хуршеди Истиқлол ва истиқрори давлати мустақили Тоҷикистон забони тоҷикӣ ҷавҳари маънавии худро таҷдид ва эҳё намуд ва бо ноил гардидан ба мақоми забони давлатӣ, ба иборае нафаси тоза кашид.

Сардафтари адабиёти миллии муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ, ки аҳамияти мақом ва мартабаи забони миллиро дар ташаккули давлати миллӣ хеле хуб дарк мекард, бо шуҷоати том дар оғози даврони Шӯравӣ адабиёти оламшумули тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард ва китоби безаволи «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро нашр намуда, овози тоҷикро ба гӯши оламиён расонид.

Муддате баъд фарзанди барӯманд ва фарзонаи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон»-ро дар ду ҷилд таълиф намуда, таърихи чандинҳазорсолаи тоҷиконро чун миллати куҳанбунёд ва бумии Осиёи Миёна ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

—Вақте масъалаи вуҷуд ва бақои минбаъдаи миллатро таърих дар охири асри ХХ мубрам гардонид, вориси алломагону фарзонагон Исмоили сонӣ ва сиёсатмадори нотакрори арсаи ҷаҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози асри нав, яъне дар ибтидои ҷаҳони муосир зербинои давлати тоҷиконро асос гузошта, сулҳу ваҳдати миллӣ ва сарҷамъиву амният ва суботи мамлакатро таъмин бахшид. Ин буд, ки миллати пошхӯрда сарҷамъу муттаҳид, давлати мустақили Тоҷикистони муосир бунёд гардида, аз кишвари ақибмондаи дастнигари кумакҳои башарӣ ба ҷумҳурии пешрафтаи аграрӣ ва саноатӣ мубаддал шуд.

Мояи фараҳмандӣ ва сарбаландиву хушнудии тамоми тоҷикон ин аст, ки имрӯзҳо Тоҷикистони моро тамаддунҳои пешрафтаи муосири олами башарӣ, ба ҳайси як ҷумҳурии ҷавону соҳибистиқлол ва мутамаддини дорои неъмати бебаҳои сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, якпорчагӣ ва соҳибқудрат дар пешравиҳои нав ба нави сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ ва ахлоқиву маънавӣ мешиносанд. Бо ин ҳама заҳматҳои зиёде дар риштаи сиёсат ва эъмори иқтисодиёту иҷтимоиёт ва рушди илму фарҳанг ва болоравии сатҳи маънавии ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯшишҳои пайгирона дар давлату фарҳанг, миллату маънавият сохтанҳо, аз аввалин рӯзи амалашон ба ҳайси як Пешвои воқеии миллат, таълифоту пажӯҳиши зиёди илмиро баҳри бедории тафаккури худшиносии миллӣ ва худогоҳиву меҳанпарастии азалии мардуми азизи худ ва арҷгузории забони модарии хеш, забони давлату давлатдории тоҷикон, онро дар арсаи ҷаҳон ба оламиён ба таври сазовор шиносониданҳоро анҷом дода, дасти муборак ба эҷоди асарҳои илмии бунёдӣ дар риштаи таърих, сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, ахлоқу маърифат, ҳуқуқ, танзими расму оин ва суннатҳои миллӣ, эҳёи фарҳангу ҳунари мардумӣ, дину мазҳаб, фарҳангу адаб ва забони модарии тоҷикӣ доранд.

Фикру зикри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои осоиштагиву амнияти ҷомеа, беҳдошти вазъи моддиву маишии мардум, худогоҳиву хуштаншиносӣ, ҳаммарзи Модар – Ватан аст ва таъмини мардум бо ҷойҳои нави корӣ ва рушду такомули илму фарҳанг дар мамлакат ба шумор меравад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми хеш, ки дар вохӯриашон бо зиёиёни мамлакат дар оғози соли 2020 иқдоми таҳсинафзоеро пеш гирифта, супориш доданд, ки ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби захираи эҳтиётии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар хонадони тоҷику тоҷикистонӣ  китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров тақдим карда шавад.

То ба имрӯз бо қалами мубораку тафаккури камназири абармарди оламшумули муосири мо, тоҷикон – Пешвои миллати тоҷик, Қаҳрамони миллат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як идда асарҳои мондагору пурарзиш ва пурқимате ба табъ расидаанд, ки ин амал бори дигар шаҳодати шахсияти нодиру нотакрор, дилогоҳу мутафаккир ва ҳакиму донишманд будани Пешвои муаззами миллат, далели собити азму иродаи қавӣ дар ҳифзи номус, ҳувият ва худогоҳии миллии мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони дунё, заҳматҳои холисонаи ӯ ҳам бо сухан, ҳам бо қалам ва ҳам бо тафаккуру шуҷоат баҳри бедории андешаи хештаншиносии миллӣ мебошанд.

Асарҳои мондагору безавол, арзишманду бунёдии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», китоби якум (Аз Ориён то Сомониён); «Тоҷикон дар оинаи таърих», китоби дуюм (аз Ориён то Сомониён); «Тоҷикон дар оинаи таърих», китоби сеюм (аз Ориён то Сомониён); «Тоҷикон дар оинаи таърих», китоби чорум (аз Ориён то Сомониён); китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ»; «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»; «Чеҳраҳои мондагор»; асари бунёдии илмии «Забони миллат — ҳастии миллат» (китоби якум); «Забони миллат — ҳастии миллат» (китоби дувум) боз даҳҳо асару мақолаҳои дигар дар бораи дину ахлоқ, маънавиёт ва сиёсату иқтисодиёт ба хазинаи тиллоии фарҳангу миллати тоҷик ворид гардида, ба дили хонандаи имрӯза, аз олиму сиёсатмадор то деҳқону коргар роҳ ёфта, рисолати роҳнамои миллат ба роҳи фардои дурахшон буданро касб кардаанд.

Гузашта аз ин, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар тӯли зиёда аз 29 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон мардуми мамлакат бесаброна пазироӣ менамояд, самтдиҳандаи сиёсат, амнияту субот, иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму фарҳанг ва ҳаёти ҳаррӯзаи  миллат мебошанд ва як навъ оинаи тамомнамоеанд, барои шинохти аслу пайванди хеш, хештаншиносӣ ва дарки масъулияту ватандӯстӣ ва ҷойгоҳу мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳо ва тамаддунҳои олами муосир.

Асари бағоят мондагору муҳим ва бунёдии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, китоби дуюми «Забони миллат – ҳастии миллат», ки ба ифтихори 30-солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500-солагии Саразми бостонӣ ба табъ расида, ҳамчун армуғони идона дар арафаи Рӯзи  забони давлатӣ ба миллати тоҷик пешкаш гардид, баёнгари таърихи пуршараф ва ҳашамати нотакрор, мақом ва манзалати бузургии илмию фарҳангии забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва нишонаи асосии миллат будани он буда, инқилоби фикриест, ки дар соҳа ворид намудааст.

Ба масъалаи забон рӯй овардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бесабаб нест. Ва чуноне ки худи муаллифи асари арзишманду бунёдии илмӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора намудаанд: «Бақои тоҷик забони тоҷик аст, яъне забони ноби тоҷикӣ. Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳифозаи худ нигоҳ медорад. Фарҳанги беназиру оламшумули тоҷикон ва адабиёти пурғановати зиёда аз ҳазорсолаи тоҷикон, ки қалбҳои аҳли назар ва фаҳму фаросати ҷаҳонро тасхир кардааст, маҳз бо ҳамин забон, яъне забони тоҷикӣ навишта ва эҷод шудаанд».

Мояи ифтихору сарбаландии мо тоҷикони асри ХХI аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз шахсан, пуштибону ҳомии забони тоҷикӣ мебошанд. Ва забонро ба ҳайси рукни асосии бинои ҳастии миллат ва устувориву будубоши давлат ҳамчун муқаддасоти миллат арҷ мегузоранд, ки ин, пеш аз ҳама, барои мо равшанфикрону аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ мояи  ифтихор ва сарбаландию пайравист.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки шахсияти эшон ба ҳайси сиёсатмадори воқеии донову оқил, мушфиқу меҳрубон ва мутафаккири арсаи илмиву сиёсӣ ва шахсияти шинохташудаи байналмилалӣ дар тамоми олами муосир эътироф ва шинохта шудааст, нисбат ба забони модарии хеш — забони тоҷикӣ муҳаббати беандоза доштанашон ҳам дар байни ҷомеаи мамлакат ва берун аз он, дар тамоми ҳавзаҳои тоҷикнишини олам ва форсизабонони ҷаҳон эътироф шудааст. Таълифи асари калонҳаҷми дуҷилдаи беназири «Забони миллат – ҳастии миллат» ҳам натиҷаи муҳаббатҳои беандозаи Президенти мамлакат нисбат ба забони модарӣ мебошад.

Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз бо кӯшишҳои пайдарпайи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии забони тоҷикӣ ба куллӣ дигар шуд. Бо дарки муҳимтарин ва умдатарин масъала, яъне хусусияти муттаҳидгардонӣ ва ваҳдатофарии забон Роҳбару садри аъзами давлат онро ҳамчун рукни устувору побарҷои давлатдории навини тоҷикон эътироф  намудаанд, ки он аз азамату ҷалол ва иқтидору нерую тавоноии забони тоҷикӣ сарчашма мегирад. Пешвои миллат дар таълифоти илмию таҳқиқотиашон, бахусус, дар асари дуҷилдаи эшон «Забони миллат – ҳастии миллат» муҳимтарин масъалаҳои миллат ва забонро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд ва иртиботи бевоситаи ин ду рукни муҳими миллатсоз ва давлатсозро пайваста таъкид месозанд.

Ҳамзамон Пешвои муаззами миллат дар асари мазкур дар баробари  баррасии масоили марбут ба забоншиносӣ доир ба вазъи сиёсию иҷтимоӣ, давлатдории сулолаҳои гуногуни асрҳои мухталиф  аз замони Ҳахоманишиён то Ғазнавиён (китоби якум) ва аз суқути Ғазнавиён то давлатдориҳои гуногуни  ибтидои асри ХХ (китоби дуюм) маълумоти амиқи  таърихӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, дар он нуктаҳо ва саҳифаҳои номакшуфи таърихи халқи тоҷикро баён намудаанд.

Ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби мазкур перомуни ҳаёт ва эҷодиёти адибони барҷастаи миллати тоҷик аз замонҳои қадим то ибтидои асри ХХ маълумоти муҳимми илмиро рӯйи кор овардаанд, ки он ба таҳлилҳои илман асоснок, бо диди нави академӣ ва усулҳои нави таҳқиқ аз дигар асарҳо фарқ мекунад. Китоби мазкур саҳифаҳои наверо доир ба ҳаёт ва фаъолияти адибони давраҳои гуногуни таърихи адабиётамон бозгӯ намуда,  намунаи барҷастаи таҳлилҳои адабиётшиносӣ дар замони муосир ба шумор меравад. Ин китоб барои таърихнигорон, адабиётшиносон, забоншиносон, сиёсатшиносону ҷомеашиносон манбаи муҳимми илмӣ  ва барои аҳли илму маорифи кишвар воситаи беҳтарини таълимию тарбиявӣ  ба ҳисоб меравад.

Мусаллам аст, ки пас аз хомӯшӣ ва сукуту таҳаммули тӯлонии зиёда аз ҳазор сол хуршеди азамат ва ҷалолу шукӯҳи забони тоҷикӣ, дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ, ки дар аҳди Оли Сомон партавафшон буду нурҳои зиёбахши он аз Мағриб то ба Машриқ, аз Ироқу Аҷам то ба Чин ва аз Мовароунаҳру Хуросон то ба Ҳинд равшангари маърифат ба шумор мерафт, боз бо фазилати қудуми мубораки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёдгузори давлати навин, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол тулӯи тоза кард. Бигзор ин тулӯи хуршеди забон тулӯи беғурубу ҷовидона бошад ва ҳумои толеи ин миллату забон, дар каронаи фазои сиёсии ҷаҳон дар парвози бегазанд ва пуравҷ бошад.

Маҳз бо пайгириҳо ва кӯшишҳову ибтикори бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 таҳия ва қабул гардид, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, соли 2008 — соли забони тоҷикӣ эълон гардид ва ҳамасола рӯзи 5 — уми октябр таҷлил намудани Рӯзи забони давлатӣ (тоҷикӣ) ба расмият даромад, ки ҳамаи ин тадбирҳо, дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурии тозаистиқлоли мо барои рушду нумӯъ ва ривоҷу равнақи ҳаматарафаи забони тоҷикӣ фазои басо муносиби сиёсиву маъмурӣ ва фарҳангию маънавӣ ва маърифатиро фароҳам сохт.

Мояи ифтихору пайравии ҳамаи мо — тоҷикону тоҷикистониён ва тамоми тоҷикони ҷаҳон аст, ки Роҳбари давлат ва Пешвои миллат, азизи тоҷикон имрӯз, шахсан, пуштибону ҳомии забони модарии мову шумо, яъне забоне,  ки бо он «Авасто» нахуст навишта шуда, бо он «Бӯи ҷӯи Мулиён»-у кулли осори Одамушшуаро Рӯдакӣ навишта шуд, бо он «Шоҳнома»-и Фирдавсиву «Хамса»-и Низомӣ ва «Ҳафт Авранг»-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва «Маснавии Маънавӣ»-и «Девони Шамс» — и Мавлонои Балхӣ навишта шуд, бо он осори Ибни Сино ва осори Саъдиву Ҳофиз ва зиёда аз ҳазору чаҳорсад адибу мутафаккири шаҳири тоҷик навишта шуд, ки ҳомии забони тоҷикӣ ҳастанд.

Забони адабии тоҷикӣ маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва ғамхориву пуштибонии бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз муҳити хонавода ва муҳовараю муоширати маҳдуд берун омад. Имрӯз садои забони дарии тоҷикӣ дар тамоми ақсои олам танинандоз аст ва ба ҳайси як забони давлатӣ қудрату тавоноии худро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодию сиёсӣ, илмиву маърифатӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба ҷилва овард.

Забони модарӣ сарчашмаи ифтихори миллат ва пояи устувори давлатдорист. Забони модариро ҳамеша  азизу  гиромӣ ва пос доштан як рукни имон ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди соҳибдил ва бонангу номус аст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Таҳкими сулҳу суббот – омили ҳастии миллат вобаста ба филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 17 Июл, 2020 - 11:55
Таҳкими сулҳу суббот – омили ҳастии миллат вобаста ба филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»

     Имрӯз 17-уми июли соли 2020, соати 09:00 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Таҳкими сулҳу суббот – омили ҳастии миллат» вобаста ба филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Дар оғоз раиси Кумита тамоми иштирокдоронро ба мизи мудаввар хайра мақдам намуда, оид ба мазмуну муҳтавои филми ҳуҷҷати «Хиёнат»  маълумот дода, аз ҷумла баён намуданд, ки филми мустанади «Хиёнат», ки тавассути шабакаҳои телевизиони кишвар намоиш дода шуд, дар асоси далелҳои радношаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода карда шудааст ва ҳамагон аз муҳтавои ин филм огоҳ гаштанд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-ум, ки миллати моро ба вартаи нобудӣ мекашид, сабаби андӯҳи гарони мардуми кишвар гардид. Дар давоми панҷ соли ин ҷанги таҳмилӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар ҳамватанони мо қурбон шуданд, тахминан 2 миллион шаҳрвандон бе хонаву дар монданд, ҳазорҳо оила бепарастор монда, фарзандон ятим шуданд. Баъзе минтақаҳои кишвар дар бунбасти иқтисодӣ монданд ва мардум азоби гуруснагӣ мекашиданд, аксари мардуми кишвар аз рӯи ноилоҷӣ гуреза ё муҳоҷир шуданд.
     Маҳз талошу заҳматҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хомӯш кардани оташи ҷанги бародаркуш буд, ки мардуми кишвар ба рӯзҳои нек, зиндагии осуда, созандагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ расид. Албатта, хомӯш кардани ҷанги бародаркуш кори саҳлу осон набуд, вале шахсони ватандӯст, бонангу номус ва сарсупурдагони ватан ба хотири осудагии миллат кӯшиданд ва дар натиҷа ба он ноил гардиданд.
Пас аз намоиши филми мазкур тамошобинро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи доми хоинони ватанбезор нашаванд ва ба ҳимояи давлату миллат, ободу зебо ва бунёд намудани ватани худ ҷаҳду талош намояд.
Баъдан муовини раиси Кумита дар мавзӯи «Воизон, к-ин ҷилва бар меҳробу минбар мекунанд…» ва сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита доир ба мавзӯи «Шукргузори ин даврони биҳиштӣ бошем» маърӯзаҳо пешниҳод намуданд. Дар охир суҳбати озод сурат гирифта, саволҳои муҳим баррасӣ шуданд.
     Мизи мудавварро раиси Кумита доктори илмҳои филологӣ – Муҳаммадҷонзода Олимҷон ҷамъбаст карда, ба ҳамаи ҳозирин ва дар маҷмӯъ Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу салоҳ орзу кард.
Шунидани суруди миллӣ анҷомбахши мизи мудаввар гардид.


Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Барои риоя намудани чораҳои ҳимояи инфиродӣ ва пешгирӣ кардани паҳншавии бемории «COVID-19» аризаҳои электрониро пешниҳод намоед!

Ношир: Ибрагимов Викто... Санаи интишор: 22 Май, 2020 - 14:33
АРИЗАҲОИ ЭЛЕКТРОНИРО ПЕШНИҲОД НАМОЕД!
АРИЗАҲОИ ЭЛЕКТРОНИРО ПЕШНИҲОД НАМОЕД!

Муҳтарам падару модарон, соҳибкорон ва мудиру роҳбарони ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият,

Барои риоя намудани чораҳои ҳимояи инфиродӣ ва пешгирӣ кардани паҳншавии бемории «COVID-19» шумо метавонед аз хизматрасониҳои ҳукуматии электронӣ марбут ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баред ва ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои номгузории фарзандон бо номҳои тозаэҷод, номгузорӣ/тағйири номи ташкилоту муассисаҳо ва навишти дурусти номҳо ба таври электронӣ муроҷиат намоед.

Умедворем, ки хизматрасониҳои электронии мо ба шумо барои риоя намудани чораҳои ҳимояи инфиродӣ ва пешгирӣ кардани паҳншавии бемории «COVID-19» мусоидат мекунанд:


Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

ҚОИДАҲОИ ИМЛО: МУШКИЛОТ, ТАҲЛИЛ ВА ПЕШНИҲОДОТ. АМИТ «Ховар» андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Саодатшо Матробиёнро манзур намуда, ҳамзамон онҳоро қобили баррасӣ ва таҳлили ҷиддӣ мешуморад

Ношир: Ибрагимов Викто... Санаи интишор: 18 Май, 2020 - 15:55
С. МАТРОБИЁН, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Таъсири манфии ихтилофи баъзе бандҳои қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки муайянкунандаи шакли хаттии забон мебошанд, ба мушоҳида мерасад ва ин мушкилот то имрӯз ҳаллу фасл нашудааст. Барои ҳалли ин ва дигар мушкилот бояд сараввал камбудиву духӯрагиҳои ҷиддие, ки дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба назар мерасанд, ислоҳ карда шаванд. Зеро вазъи номуайяни қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои он боиси баҳсу мунозираҳои нолозим шуда, ба сатҳи саводнокии мардум, махсусан, насли наврасу ҷавон таъсири манфӣ расонида истодааст»

(Иқтибос аз Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, 4.10.2019) .
ДУШАНБЕ, 18.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Воқеан, камбудиҳо, духӯрагиҳо ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро наметавон нодида гирифт. Бисёр масъалаҳои дар мавриди аввал осонфаҳм (албатта, барои мутахассисон) ба қоидаҳои имло ворид нашудаанд, ки он сабаби ба вуҷуд омадани мушкилот дар миёни аҳли ҷомеа гардидааст. Аз ин рӯ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, намояндагони аҳли эҷод,  маориф, илм, адаб ва фарҳанги мамлакатро барои коркард намудани як лоиҳаи мукаммали қоидаҳои имло муваззаф намуданд ва барои ислоҳи мушкилоти ҷойдошта ба Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи нависандагон ва сохторҳои марбутаи Дастгоҳи иҷроияи Президент дастур фармуданд. Яъне, танҳо ҳамин қувваи бузурги илмӣ дар якҷоягӣ метавонад беҳтарин Қоидаҳои имлоро таҳия намояд.

Имрӯз мо андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатшо МАТРОБИЁНро манзури хонандагон намуда, ҳамзамон онҳоро қобили баррасӣ ва таҳлили ҷиддӣ аз ҷониби донишмандони соҳаи забон, адибон ва рӯзноманигрон мешуморем.

Баъзе мулоҳизоту пешниҳодотеро, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ ҳанӯз соли 2017 анҷом ёфта буд (муаллифи ин сатрҳо низ узви гурӯҳи корӣ буд),  ба назар гирифта ва  чанд мушкилоти дигари Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро таҳлил намуда, инак баъзе пешниҳодоти худро манзур менамоям.
Мушкилоти 1.: Мушкилоти нахустини Қоидаҳои имло аз банди аввали он  «Алифбо ва тартиби номи ҳарфҳо» оғоз меёбад. Ба ҳамин масъала, агар як назари таърихӣ намоем, дар ҳар як мавриди қабулу тасдиқи алифбои забони тоҷикӣ (1941, 1954, 1972, 1998, 2011) номи ҳарфҳо иваз шудаанд. Аз ҷумла, дар алифбои нави забони тоҷикӣ, ки 21.05.1940 тасдиқ шуда буд, номи ҳарфҳо дар шакли «а, бэ, вэ, гэ, дэ, е, ё, жэ, зэ, и, й (и-и кӯтоҳ), ка, эл, эм, эн, о, пэ, эр, эс, тэ, у, эф, ха, цэ, че, ша, ъ (аломати сакта), ь (аломати ҷудоӣ), э, ю, я, ғэ, ӣ (ӣ-и дароз), қа, ӯ, ҳа, ҷе» қабул шудааст. Баъдан, соли 1955 ба алифбои забони тоҷикӣ  ду ҳарфи нави забони русӣ – ҳарфҳои ы ва щ бо номҳои эры ва ща илова гардида, бо Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон тасдиқ мешавад. Сипас, соли 1998 «Имлои забони тоҷикӣ» бори чорум тасдиқ шуда, дар он миқдори ҳарфҳо кам гардида, номи ҳарфҳо ва тартиби онҳо шакли зерро мегирад: а, бе, ве, ге, ғе, де, йе, йо, же, зе, и, ӣ, йи, ке, қе, ле, ме, не, о, пе, ре, се, те, у, ӯ, фе, хе, че, ҷе, ше, ъе, э, йу, йа». Бори охир соли 2011 Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ қабул шуда, номи ҳарфҳо боз тағйир меёбанд: «а, бэ, вэ, гэ, ғэ, дэ, йэ, йо, жэ, зэ, и, и-и дароз, йот, ка, қэ, эл, эм, эн, о, пэ, эр, эс, тэ, у, у-и дароз, эф, ха, ҳэ, чэ, ҷе, ша, сакта, э, йю, йа».
Таҳлил: Гурӯҳи забоншиносоне, ки дар таҳияи лоиҳаи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ (2011) иштирок намудаанд, бо далели кириллиасос будани алифбои забони тоҷикӣ номи ҳарфҳоро дар шакли аслаш  (яъне дар ҳамон асле, ки аз забони русӣ қабул шудааст) пешниҳод менамояд ва бо ин амал онҳо бо ақидаи таҳиягарони лоиҳаҳои солҳои 1940 ва 1955 муфовиқ буданд. Аммо дар мавриди номи ҳарфҳои е, ё, ӣ, й, ӯ, ю, я андешаҳо мухолифат мекунанад. Хусусан, ҳарфҳои Ее ва Йй, ки дар қоидаҳои солҳои 1940 ва 1955 Ее (е) ва Йй (и-и кӯтоҳ) ном доштаанд, дар қоидаҳои 1998 ва 2011 онҳо номҳои Ее (йе) 1998 ва Ее (йэ) 2011 ва Йй (йи) 1998 ва Йй (йот) 2011-ро мегиранд. Ҳамин ҳолат нисбати номи ҳарфҳои ӣӣ (и-и заданок)1940, 1955, 1972, ӣӣ 1998, ӣӣ (и-и дароз) 2011 ва ӯӯ (ӯ)1940, 1955, 1972, 1998 ва ӯӯ (у-и дароз) 2011 низ ба назар мерасад. Дар баробари дигар ҳарфҳо ин ҷо савол ба миён меояд, ки номи ҳарфи Йй чаро дар Қоидаҳои имлои соли 2011 йот шудааст, дар ҳоле, ки он ҳарфи тоҷикӣ буда, чун дигар ҳарфҳо бояд номи он дар шакли талаффузи тоҷикӣ Йй (йе) бошад. Зикр бояд кард, ки ҳарфи Йй ҳатто дар алифбои забони русӣ номи йот надорад. Ин ном таърихан аз забони юнонӣ ба хатти кириллиасос ворид шуда, ки дар вақти табаддулот дар алифбои русии давраи Пётри 1 номи ин ҳарф дигар  гаштааст.
Дар ин ҷо баҳс миёни ҳарфҳои Ее ва Ээ ба амал меояд. Ҳарфи Ее дар забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз ҳарфҳои йотбарсар (й+э) дар асоси алифбои забони русӣ қабул шудааст.  Савол: Оё ягон калимаи забони тоҷикӣ мавҷуд ҳаст, ки бо йэ талаффуз шавад? Ҳаст, аммо танҳо як мавриди истифодаи он мавҷуд аст:1) танҳо байни садонокҳо дар охири калима (он ҳам дар ҳолати артикл қабул кардан) йэ талаффуз шуда, е (ҳамчун йотбарсар) навишта мешавад: хонае [хонайэ], бачае [бачайэ], доруе [доруйэ], оҳуе [оҳуйэ], садое, [садойэ], наво [навое], моҳие [моҳийэ], шолие[шолийэ], дӯстие  [дӯстийэ]. Дар дигар маврид ин ҳарф ҳамеша э талаффуз мешавад. Дар забони тоҷикӣ ҳамчун калимаи аслӣ калимае мавҷуд нест, ки он бо Ее оғоз шуда бошад. Яъне дигар марид калимаҳое, ки дар таркиби худ ҳарфи Ее доранд дар забони тоҷикӣ ҳамеша чун э талаффуз мешаванд, ҳатто калимаҳои иқтибосӣ низ, масъалан: объект [талаффузи тоҷикӣ: обэкт], Елена [талаффузи тоҷикӣ: Элена] на [йэлена] ё калимаҳои арабии монанди бадоеъ, вақоеъ, саноеъ, моеъ ва ғ. низ бадойэ, вақойэ, санойэ, мойэ талаффуз мешаванд. Ба ҳамин хотир дар банди 7 (в)-и Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣқоидаи зерро илова намудаанд: дар байн ва анҷоми калима ба ҷойи ҳарфи эҳарфи е навишта мешавад: меҳр, се, шанбе, се ва ғ.
Аз ин ҷо бар меояд, ки барои ифодаи овози э дар забони тоҷикӣ ду ҳарф: ҳарфҳои э ва е истифода мешаванд, ки дар чунин шакл он қобили қабул аст ва метавонанд як ном дошта бошанд.
Ҳамин гуна баҳс доир ба номи ҳарфи Ӯӯ (у-и дароз) низ мавҷуд аст. Чунон ки дар боло  зикр  кардем, дар қоидаҳои имлои солҳои 1940, 1955, 1972 ва 1998 ин ҳарф дар алифбо бо номи ӯ сабт шудааст. Вале дар  Қоидаҳои имлои соли 2011 он номи  у-и дароз-ро гирифтааст.  У-и дароз ном ниҳодан ба фонемае, ки хусусияти фонологиаш тамоман дигар буда, аз назари фонетикӣ ҷойи тавлид ва махраҷи худро дорад, ғалати академӣ аст. Ба ҳеҷ ваҷҳ ин ҳарф наметавонад номи у-и дароз дошта бошад, зеро дар ин ҳолат бояд ҷуфти он у-и кутоҳро низ зикр кардан зарур мешавад. Дар ҳоле ки чунин хусусиятро, яъне дарозию кӯтоҳии садонокҳоро дар забони тоҷикӣ грамматикаи академии забони тоҷикӣ рад менамояд. Шояд таҳиягарони қоидаҳои имлои 2011 методикаи таълимро ба назар гирифта, барои ҳарфи Ӯӯ у-и дароз  ном ниҳодаанд, вале ин хилофи меъёрҳои грамматикии забони тоҷикӣ мебошад.
Дар мавриди номгузорӣ шудани ҳарфи Ӣӣ (и-и дароз) низ ҳамин масъалаи мавҷудияти дарозиву кӯтоҳии садонокҳои тоҷикӣ пеш меоянд. Дарозиву кӯтоҳии овозҳои садонок дар ҳолате тасдиқ мешаванд, агар онҳо фонемаҳои ҷуфти калимасоз бошанд. Ҳарчанд дар хатти арабиасоси тоҷикӣ қисме аз калимаҳо бо йо-и мақсура навишта шаванд ҳам, монанди пир, шир, сир ва ғ.,  ин маънои дарозии садоноки и-ро надорад.  Бо ин суханҳо мо мавҷудияти дарозию кӯтоҳии садонокҳои таърихии забони тоҷикиро рад карданӣ нестем. Албатта, аз назари таърихӣ дар марҳилаи аввали инкишофи забони тоҷикӣ 6 садонок ва 4 дифтонг мавҷуд буд, ки аз онҳо 3 садоноки дароз (ā, ī, ū,) ва 3 садоноки кӯтоҳ (a, i, u) ва дар марҳилаи дуюми инкишоф 5 садоноки дароз (ā, ī, ū, ō, ē) ва 3 садоноки кӯтоҳ (a, i, u) ва 2 дифтонг  вуҷуд доштанд. Аммо дар давраи нави инкишофи забони тоҷикӣ дар натиҷаи таҳаввулот садонокҳо ҷуфтҳои худро аз даст доданд. Аз ин рӯ, имрӯз мо наметавонем номи ҳарфҳоро у-и дароз ва  ё и-и дароз номем, ки боз таъкид мекунам: ин ғалатӣ маҳзи илмист. Дар қоидаҳои имлои солҳои 1940, 1956, 1972, 1998 шартан и-и заданок номгузорӣ шудани он мантиқан дурусттар аст, яъне ба истиснои бандакҳои феълӣ ва хабарии шахси дуюми танҳо дар дигар ҳолатҳо он ҳамеша заданок талаффуз мешавад.
Доир ба ҳарфи Ъъ таъкид бояд кард, ки дар Қоидаҳои имлои соли 2011 аз назари қоидаҳои фонетикии забони тоҷикӣ дуруст, яъне сакта номгузорӣ шудааст. Шахсоне ҳастанд, ки онро мехоҳанд ъе номгузорӣ намоянд, ки ғалат аст, зеро ъе талаффузи он буда, дар чунин шакл мо онро танҳо дар мавриди овонависӣ (транскрипсия) метавонем навишт, вале номи ҳарф сакта будан дурусттар аст. Бо чунин ном он метавонад ифодакунандаи ҳарфи айн ва аломати ҳамзаи калимаҳои иқтибосии забони арабӣ ва аломати сактаи калимаҳои иқтибосии забони русӣ бошад.
Иддае аз забоншиносон ҳарфҳои йотбарсарро дар алифбои забони тоҷикӣ ҳарфҳои зиёдатӣ меноманд ва зикр нашудани онҳоро дар алифбо дурусттар медонанд. Ин ақида ҷолиби таваҷҷуҳ аст, аммо чун шурӯъ аз соли 1940 хатти кириллиасосро мо қабул кардем, то ин ҷониб онҳо истифода мешаванд ва имрӯз калимаҳоро бе онҳо навиштан ғайри муқаррарӣ менамояд, мисли Йаҳйо (Яҳё), дарйо (дарё), Йосуман (Ёсуман), Йунон (Юнон),  Аз ин рӯ, зикр шудани ин ҳарфҳо дар алифбои кириллиасос ва истифода гардидани он дар навишт аз назари илмӣ ягон мухолифате надоранд.
Пешниҳод: Бо дарназардошти таҳлили боло фикр мекунам, номи ҳарфҳо дар алифбои забони тоҷикӣ дар шакли зер навишта шаванд:
Мушкилоти 2. Дар банди 2-и Қоидаҳои имлотарзи навишти ҳарфҳои а, о, у дода шудааст, ки маъмулан дар оғоз байн ва анҷоми калима навишта мешаванд. Ин қоидаи фаҳмост ва касе дар мавриди навишти ин ҳарфҳо ғалат нахоҳад кард. Вале ғалатнависиро мо дар дигар мавриди навишти ин ҳарфҳо мебинем.
Таҳлил: Яъне,ҳангоми истифодаи пасвандҳои -а, -гӣ (-вӣ), -ӣ садонокҳои а ва о чӣ гуна навишта мешаванд? Масалан, барои омма нофаҳмост, ки навишти калимаи хатоӣ дуруст аст ё хатогӣ, ҳамин гуна, доноӣё — доногӣ, дороӣё — дорогӣ,ошноӣ ё ошногӣ ва ғ.  Ҳамчунин, калимаҳои иқтибосӣ, ки хусусан аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ иқтибос мешаванд, аксарияти калимаҳо  о хонда шуда, анавишта мешаванд (хусусияти забони русӣ): Москва, Новосибирск, компютер, конститутсия ва ғ.  Вале забони тоҷикӣ чунин хусусиятро надорад. Дар ин маврид қоида зарур аст. Забоншиносон бояд аз ин роҳи гурез наҷӯянд ва онро нодида нагиранд, нодида гирифтан ин маънои онро дорад, ки пас аз чанд сол боз масъалаи тағйири Қоидҳои имло ба миён меояд.
Пешниҳод: Барои ҳарфи у банди алоҳида таъсис дода шавад ва банди 2 дар шакли зер навишта шавад:
    Ҳарфҳои а, о дар мавридҳои зер навишта мешаванд:
— дар оғоз, байн ва анҷоми калима: абр, баҳор, замон, хона, дара; об, овоз, бол, бод, доро, тавоно ва ғ.
— дар калимаҳои иқтибосӣ дар ин маврид навишти забони асл ба назар гирифта мешавад: Россия, Москва, Новосибирск, компютер, конститутсия ва ғ.
— агар калима бо садоноки а (ёйотбарсари я) анҷом ёбад, ҳангоми калимасозӣ пасванди -гӣ (-вӣ),  навишта мешавад: хонагӣ, кӯчагӣ, бачагӣ, рафтагӣ, оворагӣ, бечорагӣ, нокорагӣ, дилбастагӣ, бандагӣ, хастагӣ, даниягӣ, индонезиягӣ, соягӣ, ҳамсоягӣ,  алоҳидагӣ,дусолагӣ, дуҳуҷрагӣ, барномавӣ, садамавӣ, мафкуравӣ, оммавӣ, операвӣ ва ғ.
— агар калима бо садоноки о (ёйотбарсари ё) анҷом ёбад, ҳангоми калимасозӣ пасванди -ӣ навишта мешавад: хатоӣ, доноӣ, дороӣ,ошноӣ, тавоноӣ, дилрабоӣ, овоӣ, пӯёӣ, ёбоӣ, бобоӣ, устоӣ  ва ғ.
Мушкилоти 3.  Дар қоидаҳои имлои соли 1998 дар навишти имлои ҳарфи у ва ӯ бо далелҳои илмӣ тағийрот ворид карда шуда, қоидаҳое, ки нисбати ҳарфи ӯ буданд, ботил шуданд. Вале, мутаассифона, навишти дурусти ҳарфҳои у ва ӯ на дар қоидаҳои имлои соли 1988 ва на соли 2011 дода шуданд. Дар қоидаҳои имлои соли 2011 нисбати ҳарфи ӯ чунин қоида дода шудааст: 5) Ҳарфи ӯ (у-и дароз) дар байн ва анҷоми калима навишта мешавад: рӯз, гӯш, зӯр, дӯст, бӯ(й), рӯ(й), мӯ(й) ва ғ.Ҳарфи ӯ маъмулан пеш аз ҳарфи й навишта мешавад. Эзоҳ. Ҳарфи ӯ дар оғози калима дар иқтибосҳои туркӣ навишта мешавад: ӯгай, ӯрда, ӯғур, ӯмоч ва ғ.
Таҳлил: Аз банди мазкур маълум мегардад, ки доир ба навишти ҳарфи ӯ баъд аз ҳарфҳои ъ (сакта) ва ҳ, ки дар имлои соли 1972 роиҷ буд, чизе гуфта нашудааст. Чӣ гуна навиштани он барои мардум номаълум боқӣ мемонад, ки ин боиси бесарусомониҳо дар навишти ҳарфҳои у ва ӯ гардидааст. Вақте ки дар имло қоидаҳо ба  таври возеҳ нишон дода намешаванд, духӯрагиҳо ба миён меоянд. Дар Қоидаҳои имлои соли 1972 барои навишти дурусти ҳарфи у дар охири калима банди алоҳида бо мисолҳои зер дода шуда буд: бону, ду, зону, каду, моку, олу, тарозу, ҷоду ва ғ. Барои навишти ҳарфи ӯ дар аввал, байн ва охири калима як банд бо овардани мисолҳо дода шуда буд ва барои ӯ дар охири калима мисолҳои зер навишта шуда буданд: бӯ (й), гулӯ, мӯ (й), рӯ (й), шӯ (й), ҷӯ (й) ва ғ.  Аз мисолҳои додашуда маълум аст, ки танҳо калимаи гулӯ дар ин қатор бегона аст.   Ҳамин ғалат дар имлои соли 2011 гӯё ислоҳ шудааст, аммо аз мисол овардани калимаи гулу бо кадом сабабе худдорӣ шудааст. Ҳамзамон, дар имлои ӯ  банди қисман ғалати «Ҳарфи ӯ маъмулан пеш аз ҳарфи й навишта мешавад» оварда шудааст. Тибқи меъёрҳои фонетикии забони тоҷикӣ дар забони тоҷикӣҳеҷ як калимае нест, ки бо овози ӯ анҷом ёбад. Он ҳатман дар охир овози йқабул мекунад ва инҳо танҳо 9 калимаи решагианд: бӯй, гӯй, кӯй, мӯй, рӯй, сӯй, хӯй, ҷӯй, шӯй, ки аз инҳо дар забони тоҷикӣқариб 300 калима сохта шудааст. Азбаски овози й дар охири калима ним овозро ифода мекунад, бинобар ин калимаҳои болозикр дар шакли   бӯ, гӯ, кӯ, мӯ, рӯ, сӯ, хӯ, ҷӯ, шӯ низ талафуз мешаванд. Калимаҳои абру, бону, гулу, ду, зону, каду, моку, неру, олу, ору, оҳу, тарозу, ҷодува ғайра, ки таърихан дигар хусусият доранд, дар охир овози ӯ қабул карда наметавонанд. Масалан, калимаҳои абру ва обрӯ(й), агар ба баромади таърихашон назар намоем, бо ҳамин хусусиятҳояшон фарқ мекунанд.
Пешниҳод:Барои ҳарфҳои у ва ӯ бандҳои алоҳида бо қоидаҳои зер ихтисос шаванд:
    Ҳарфи у дар мавридҳои зер навишта мешавад:
— дар оғоз ва байни калима: умед, усто,уд, уқоб, бузург, суруд, буз, хун, дуд, дуруд ва ғ.
— дар анҷоми калима: абру,аду,бозу,бону, гесу, гулу,дору,зону,неру, неку, паҳлу, олу, орзу, оҳу  ва ғ.;
— дар ҳиҷои аввали калимаҳои иқтибосии арабӣ пеш аз ҳарфҳои ҳ ва ъ: муҳтарам, муҳлат, шуъба, шуъла, муъмин, суҳбат, уҳда ва ғ.;
— дар калимаҳои иқтибосии арабӣ, ки бар вазни тафаъъул  меоянд: таваҷҷуҳ, таҷаммуъ, таматтуъ, тарашшуҳ, тазарруъ, таваққуъ, табарруъ  ва ғ.
— дар ҳиҷои аввали калимаҳои аслан тоҷикӣ пеш аз ҳарфи ҳ: Суҳроб,  нуҳ, куҳна//куҳан, гуҳар, муҳр, муҳра.
Истисно: ҳиҷои аввали калимаҳои тоҷикии кӯҳ, кӯҳон, кӯҳл, сӯҳон ва арабии Нӯҳ, рӯҳ, рӯъё валӯълӯъ бо ҳарфи ӯ навишта мешаванд.
    Ҳарфи ӯ дар мавридҳои зер навишта мешавад:
— дар байни калимаҳои аслии тоҷикии навъи рӯз, гӯш, гӯшт, дӯш, дӯст, зӯр, кӯр, кӯза, мӯза, рӯза,  сӯзан, шӯрбо, Наврӯз ва ғ.;
— дар калимаҳои тоҷикӣ пеш аз ҳарфи ҳ:кӯҳ, кӯҳон, кӯҳл, сӯҳон, пажӯҳиш, сутӯҳ, андӯҳ, анбӯҳ, гурӯҳ, шукӯҳ.
— дар ҳиҷоҳои дуюми навъи зери калимаҳои арабӣ пеш аз ҳарфҳои ҳ ва ъ: макрӯҳ, маҷрӯҳ, мавзӯъ, мамнӯъ, маснӯъ, вузӯъ, вуқӯъ, тулӯъ, руҷӯъ, шурӯъ, рукӯъ, лӯълӯъ  ва ғ.;
— дар калимаҳои бӯй, гӯй, кӯй, мӯй, рӯй, сӯй, хӯй, ҷӯй, шӯй ва калимаҳои аз ҳамин решаҳо сохташуда пеш аз ҳарфи й: бӯйгирфта,гӯйбозӣ, гӯйиш, мӯйдароз, рӯйбардор, ҷӯйборва ғ.
Эзоҳ:
— калимаҳои бӯй, гӯй, кӯй, мӯй, рӯй, сӯй, хӯй, ҷӯй, шӯй дар охир ду тарзи навишт доранд: бӯй/бӯ, гӯй/гӯ, кӯй/кӯ, мӯй/мӯ, рӯй/рӯ, сӯй/сӯ, хӯй/хӯ, ҷӯй/ҷӯ, шӯй/шӯ;
— ҳангоми бандаки изофӣ қабул намудан танҳо бо як тарз навишта мешаванд: донишҷӯ – донишҷӯйи фаъол, гуфтугӯ – гуфтугӯйи ошкоро, хӯ – хӯйи нек ва ғ.
— калимаҳои бӯй ва рӯй дар байн низ ду тарзи навишт доранд: бӯйгир – бӯгир, рӯйбанд–рӯбанд;  рӯйпӯш – рӯпӯш ва ғ.
Мушкилоти 4. Дар банди 4 (зербандҳои г ва ғ) исмҳои хос ва ҷинси иқтибосие, ки бо ҳарфи и ба охир мерасанд, дар асоси забони асл навишта шудаанд: Леонардо да Винчи, Ганди, Ибарури, такси ва ғ.
Таҳлил: Дар қоидаҳои имлои пеш ин гуна калимаҳо боҳарфи ӣ навишта мешуданд. Ба фикри ин ҷониб ин маврид дурусттар буд. Зеро дар забони тоҷикӣ танҳо бандаки изофӣ ва баъзе аз ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқ дар охир бо ҳарфи и навишта мешаванд: кишвари ман; монанди, мисли, кошки, барои, ки, баъди, азбаски, агарчи ва ғ. Агар ҳамин қоидаро риоя намуда, калимаҳое, ки иқтибос мешаванд, низ бо ҳарфи ӣ навишта шаванд, аз як тараф, ҳам барои омма ин осон аст ва ҳам барои сохтани барномаи компютерии санҷиши имлои забони тоҷикӣ. Аз тарафи дигар, агар мо тамоми калимаҳои иқтибосиро тибқи меъёрҳои забони асл қабул кунем, пас меъёрҳои забони мо куҷо мераванд? Далели дигар, исмҳои хос ва ҷинс, ки аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ иқтибос шудаанд, бо ҳарфи ӣнавишта мешаванд, дар ҳоле ки онҳо низ дар забони асл талаффузи дигар доранд. Чун дар хатти арабиасоси тоҷикӣ бо йо-и мақсура навишта мешуданд, дар хатти кириллиасоси забони тоҷикӣ низ бо ҳарфи ӣ навишта шудаанд: Алӣ, Валӣ, Лайлӣ (Лайло) ва ғ. Ҳамчунин, исмҳои Винчӣ, Гандӣ,  Ибарурӣ ва ғ. низ дар хатти арабиасос бо йо-и мақсура навишта мешаванд. Пас, чаро онҳо дар хатти кириллиасоси забони тоҷикӣ   бо ҳарфи ӣ навишта нашаванд? Ин ҷо кадом меъёри дигар аст?
Пешниҳод:  Исмҳои хос ва ҷинси иқтибосшуда, ки бо ҳарфи и анҷом меёбанд, дар забони тоҷикӣ тибқи қоидаи маъмул (яъне чун дигар исмҳои хос ва ҷинси тоҷикӣ) бо ҳарфи ӣ навишта мешаванд: Леонардо да Винчӣ, Индира Гандӣ, Паганинӣ, Ибарурӣ, Сочӣ, Урумчӣ, Тбилисӣ, Батумӣ, Миссисипӣ; таксӣ, туфлӣ ва ғ.
Мушкилоти 4. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикстон аз 3-юми сентябри соли 1998, №355 аз алифбои забони тоҷикӣ 4 ҳарфи русӣ (ц, щ, ы, ь) хориҷ карда шуданд. Аммо дар қоидаҳои имло танҳо муодили ҳарфи ц дар забони тоҷикӣ овада шуда, се ҳарфи дигар тамоман ба назар гирифта нашуданд ва ҳамин ҳолат дар қоидаҳои имлои соли 2011 низ такрор мешавад.
Таҳлил: Қоидаҳои имло, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, санади меъёрист, вале мутаассифона дар ин санад доир ба муодили ҳарфҳои щ, ы, ь чизе гуфта нашудааст. Мусаллам аст, ки ин ҳарфҳо тӯли солҳои зиёд дар алифбои тоҷикӣ истифода мешуданд ва бо онҳо дар баробари мероси хаттии адабию илмие, ки навишта шудаанд,  ҳуҷҷатҳои зиёди расмию коргузорӣ низ сабт шудаанд. Мураттибони қоидаҳои имло ҳуҷҷатгузории расмиро сарфи назар намудаанд. Зеро дар ҳуҷҷатгузории расмӣ чунин ҳарфҳо мавҷуданд, аммо бо кадом ҳарфҳо онҳоро бояд иваз кард? Дар ин сурат барои ивази онҳо ягон санади меъёрию ҳуқуқӣ мавҷуд нест. Зикр бояд кард, ки бо ин мушкилот бештар кормандони бахшҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва нуқтаҳои шиносномадиҳӣ мувоҷҷеҳ мешаванд, зеро онҳо бе ягон далели ҳуқуқӣ ҳаққи иваз намудани ягон ҳарфро аз ҳуҷҷатҳои расмӣ надоранд.Ғайр аз ин калимаҳои зиёде имрӯз ҳам аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ иқтибос мешаванд, ки дар таркиби худ ҳарфҳои зеринро доранд, аз он ҷумла номҳои ашхос ва ҷойномҳо. Пас,  ин гуна калимаҳоро мо аз назари қоида дар забони тоҷкӣ чӣ гуна нависем? Бинобар ин, барои ин қоида зарур аст.
Пешниҳод:Аз ин рӯ, фикр мекунам, ки агар дар Қоидаҳои имло банди 11 тағйир ва банди нави 12 ба таври зер илова карда шавад, ба фоидаи кор хоҳад буд:
    Дар калимаҳои иқтибосии русӣ ба ҷойи ҳарфи ц ҳарфҳои с ва тс дар мавридҳои зер навишта мешаванд:
— дар аввали калима пеш аз садонок с навишта мешавад: цемент – семент, цирк – сирк, Циолковский – Сиолковский ва ғ.;
— дар дохили калима пас аз ҳамсадо ва пеш аз садонок с навишта мешавад: концерт  – консерт, Елцин — Елсин ва ғ.;
— дар байни ду садонок ҳарфҳои тс навишта мешаванд: доцент – дотсент, милиция  – милитсия, фармацевт – фарматсевт, конституция  – конститутсия;
— баъд аз садонок ва пеш аз ҳамсадо ҳарфҳои тс навишта мешаванд: боцман – ботсман,  Лукницкий – Лукнитский,Липецк – Липетск,  Донецк — Донетск  ва ғ.;
— дар охири калима баъд аз садонок тс навишта мешавад: плац – платс, Лившиц – Лившитс ва ғ.

    Ҳарфҳои кириллиасоси щ ва ы дар алифбои забони тоҷикӣ дар ҳама маврид мутаносибан бо ҳарфҳои ш ва и навишта шуда, аломати ҷудоӣ (ь) ҳангоми иқтибос навишта намешавад: Щербаков – Шербаков, Салтыков-Щедрин – Салтиков-Шедрин;Чынгыз-оғлы – Чингиз-оғлӣ, Ильич – Илич; Гоголь – Гогол, Суздаль – Суздал, июнь – июн, альбом – албом, рояль – роял, Харьков – Харков, Вильнюс — Вилнюс ва ғ.

Охирсухан: Дар ҳар як банди Қоидаҳои имло, воқеан, ҳамин гуна камбудиҳо ва духӯрагиҳо зиёданд ва мо танҳо 4 мушкилоти аввалро, ки бисёр муҳим буданд, манзур намудем. Камбудиҳои дигарро танҳо гурӯҳи корӣ метавонад дар рафти кор ислоҳ намоянд.
Мо бояд дар таҳияи Қоидаҳои имло аз муҳаққиқони пеш сабақ гирем ва кӯшиш намоем, ки ғалати ночизи онҳоро ислоҳ намоем, на ин ки дурусти онҳоро ғалат ҳисоб намуда, худамон ба ғалатҳои нобахшиданӣ роҳ диҳем. «Қоидаҳои асосии имлои забони адабии тоҷик», ки соли 1972 тасдиқ шудааст, бо истиснои баъзе ғалатҳо беҳтарин Қоидаи имло мебошад. Зеро дар ин Қоидаҳо ба хурдтарин ҷузъёти имло диққат дода шудааст ва ҳар кас ба саволи худ дар ин имло ҷавоб ёфта метавонист.  Ин Қоидаҳо аз 67 банд ва зиёда аз 150 зербанд иборат буд, вале Қоидаҳои имлои соли 2011 дорои 54 банд ва тахминан 100 зербанд аст. Бисёр мавридҳое ҳастанд, ки омма ба одитарин саволи худ дар имлои амалкунанда ҷавоб ёфта наметавонад. Аз ин рӯ, гурӯҳи корӣ бояд тамоми мақолаҳое, ки дар тӯли чандин сол доир ба имлои забони тоҷикӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳои расмӣ (ҳам нисбат ба қоидаҳои имлои соли 1972  ва ҳам солҳои 1998, 2011)  нашр шудаанд, мариди таҳлил ва баррасӣ қарор диҳад. Омӯзиши ғалатҳо – роҳ ба сӯйи муваффақиятҳо ва комёбиҳост.  Ғалатро наомӯхта, чизи нав эҷод кардан ғайриимкон аст.
 
Саодатшо МАТРОБИЁН,
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Таблиғот оид ба пешгирии коронавирус (COVID-2019)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Май, 2020 - 17:51
COVID-2019 Тоҷикистон

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои барқияи ҳукуматӣ аз 1-уми майи соли 2020, №24/10-19 оид ба чораҳои зиддиэпидемикӣ доир ба пешгирии бемории сироятии нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули хона ба хона дар маҳаллаи Бадахшон-1 ва Бадахшон-2 аз 2-юм то 6-уми майи соли 2020 гурӯҳҳои кории Кумита таъсис дода шуд, ки ҷиҳати пешгирии бемории сирояти нави коронавирус (COVID-19) аз усули хона ба хона истифода намуда, бо аҳолии маҳаллаи Бадахшон-1 ва Бадахшон-2 суҳбату вохӯриҳо доир намуда, корњои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд ва моҳияти супориши мазкурро ба саҳми онҳо расониданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

«Баъзе мушкилоти забони давлатӣ дар китобҳои дарсӣ» — дар ин мавзӯъ бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ машварат доир мегардад

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 21 Феврал, 2020 - 14:26
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор  Олимҷон Муҳаммадҷонзода

ДУШАНБЕ, 20.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. «Баъзе мушкилоти забони давлатӣ дар китобҳои дарсӣ» — таҳти чунин унвон пагоҳ, 21 феврал, соати 10:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат доир мегардад. Кумитаи забон ва истилоҳоти ҷумҳурӣ  аз ташкилкунанагони асосии он ба шумор меравад.

Тавре Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор  Олимҷон Муҳаммадҷонзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ иброз намуд, машварат ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, ки ҳамасола 21 феврал дар ҷаҳон таҷлил мегардад, бахшида мешавад.

«Забон сарчашма, калиди ҳамаи маънавиёт ва сарвати маънавии инсон ба шумор меравад, ки он барои камолот ва ташаккули инсонҳо дар рӯҳияи инсонпарварӣ хидмат мекунад. Эҳтиром ба забони модарии худ, фарҳанг ва тамаддуни хеш эҳтиром ба тамаддуни дигар инсонҳоро нишон дода, байни онҳо решаи дӯстӣ ба вуҷуд меорад», — зикр кард Олимҷон Муҳаммадҷонзода.

Бино ба маълумоти номбурда, ташкил кардани машварат дар мавзӯи баъзе мушкилоти забони давлатӣ дар китобҳои дарсӣ бесабаб нест, зеро ин яке аз  масъалаҳои мубрам мебошад. Ба ҳамин хотир машварат бо ҷалби намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, донишгоҳу донишкадаҳо, Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ доир мегардад. Дар он як зумра масъалаҳои вобаста ба забони барномаҳои китобҳои дарсӣ, мушкилот ва рушди забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ, беҳгардонии забони китобҳои дарсӣ ва ғайра мавриди  баррасӣ қарор дода мешаванд.

Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамасола Рӯзи  байналмилалии забони модариро дар муассисаҳои илмӣ ва олии мамлакат, инчунин дар мактабҳои миёна   бо баргузор намудани конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва семинарҳо таҷлил мекунад.

Рӯзи  байналмилалии забони модарӣ бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон дар иҷлосияи 30-юми конфронси генералии ЮНЕСКО, ки 17 ноябри соли 1999 баргузор гардида буд, эълон шуд.

Иқдоми ЮНЕСКО дар масъалаи қабули Рӯзи байналмилалии забони модарӣ-ин даъват кардани давлатҳои рӯйи олам ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳимояи ҳамаи забонҳо мебошад, ки дар замони ҷаҳонишавӣ зери таҳдиди нобудшавӣ қарор доранд.

Ба ақидаи забоншиносон, дар шароити тезутунди ҷаҳонишавӣ ҳифзи забони модарӣ ҳамчун унсури таркибии фарҳанги миллӣ аз мушкилотест, ки сари он бояд меросбарони забон амиқ андеша намоянд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар баробари рушд ва вусъати бештар пайдо намудани доираи нуфузи забони давлатӣ, ҷиҳати инкишофи забон ва фарҳанги ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон тадбирҳои зиёд амалӣ менамояд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар бораи забон қабул шудаанд, ҳифзи забони давлатӣ ва дигар забонҳои ҳудуди ҷумҳуриро таъмин менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳои хеш масъалаи поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ ва баланд бардоштани мақоми онро дар ҷомеа ба миён мегузоранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари забони давлатӣ барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқиятҳои сокини мамлакат тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидаанд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Декабр, 2019 - 13:02
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад.
Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд.
Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд.
Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт.
Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд.
Тайи солҳои зикршуда даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо кард.
Бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар соли 2019 беш аз 9,5 миллиард сомониро ташкил карда, дар ҳафт соли охир 45 фоиз зиёд гардид.
Сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт.
Ҳамзамон бо ин, тибқи таҳлилҳо дар замони соҳибистиқлолӣ нишондиҳандаи умумии фавт қариб ду баробар, аз ҷумла фавти кӯдакони синни то панҷсола 3,2 баробар кам шудааст.
Дар ин давра аҳолии Тоҷикистон аз панҷуним миллион қариб ба 9,5 миллион нафар расида, беш аз 70 фоиз афзудааст.
Саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли 2013-ум 54 фоиз буд ва ин нишондиҳанда соли 2019 ба 70 фоиз расонида шуд.
Яъне нишондиҳандаҳои дар соли 2013 пешбининамудаи барномаи номзад ба Президенти кишвар барои 7 сол, дар маҷмӯъ, иҷро гардиданд.
Ҳукумати кишвар вазифадор карда мешавад, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад.
Шиддат гирифтани рақобати тиҷоратӣ миёни кишварҳо моро вазифадор месозад, ки дар самти пешгӯии хавфҳо ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ, инчунин, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ тадбирҳои зарурӣ андешем.
Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки соли 2020 ҷиҳати ба 87,4 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо суръати афзоиши он дар сатҳи 7,8 фоиз ва дар ҳаҷми 26 миллиард сомонӣ таъмин кардани қисми даромади буҷет чораҳои зарурӣ андешад.
Ҳукуматро, ҳамчунин, зарур аст, ки дар 7 соли оянда суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар як сол 7-8 фоиз, афзоиши ҳаҷми онро беш аз 1,8 баробар ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,7 баробар таъмин намуда, ҷиҳати ба 45 фоиз расонидани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва то 18 фоиз паст намудани сатҳи камбизоатӣ нақшаҳои тасдиқгардидаро босифат амалӣ намояд.
Ҳоло мо дар давраи анҷомёбии марҳалаи аввали “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва оғози марҳалаи дуюми он қарор дорем.
Вобаста ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки то охири соли 2020 барномаи миёнамуҳлати рушдро барои солҳои 2021-2025 қабул намояд.
Ҳукумати мамлакат, инчунин, вазифадор карда мешавад, ки бо мақсади ҳарчи зудтар ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ки дар Паёми соли гузашта таъкид гардида буд, консепсияи иқтисодиёти рақамӣ ва дар асоси он барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамиро қабул ва амалӣ созад.
Мақомоти давлатӣ дар шароити иқтисоди бозаргонӣ ва рақамигардонии фаъолияти идоракуниву истеҳсолот бояд сиёсати ягонаи иқтисодиро танҳо бо истифодаи механизм ва шаклу усулҳои муосир ба танзим дароранд.
Дар мулоқоте, ки ман бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо доштам, ҷиҳати таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав супориши қатъӣ додам.
Масъулонро зарур аст, ки ҳангоми таҳияи он ҳавасмандсозии истеҳсолкунандагони ватанӣ, боз ҳам соддаву оммафаҳм гардонидани маъмурикунонии андоз ва беҳтар кардани фазои сармоягузориро пешбинӣ намоянд.
Мо бояд ба рушди бахши хусусӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда, заминаи ягонаи ҳуқуқиро барои ҳамаи иштирокчиёни фаъолияти иқтисодӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, муҳайё созем.
Ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар се соли охир дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шуданд.
Танҳо солҳои 2016-2018 маблағи умумии имтиёзҳои ҷоришуда беш аз 15 миллиард сомониро ташкил намуд, ки ин саҳми Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву истеҳсолӣ мебошад.
Илова бар ин, дар заминаи ислоҳоти татбиқнамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир шумораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор шаш баробар кам шудааст.
Агар соли 2016 шумораи чунин санҷишҳо қариб 300 ҳазорро ташкил дода бошад, соли ҷорӣ ҳамагӣ 48 ҳазорро ташкил кардааст.
Ҳадафи мо аз такмили қонунгузорӣ, ки ба дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ, махсусан, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ равона гардидааст, ҷорӣ намудани низоми дақиқи андозбандӣ, содда гардонидани расмиёти иҷозатдиҳиву иҷозатномадиҳӣ ва кам кардани шумораи онҳо, ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ва роҳандозии чораҳои ҳавасмандгардонӣ мебошад.
Ба Ҳукумат ва парламенти кишвар зарур аст, ки ҳангоми баррасӣ ва такмили қонунгузорӣ, махсусан, зимни таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав ба ин масъалаҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Ҳукумати Тоҷикистон ба сармоягузории соҳаҳои иқтисодиёт ҳамчун воситаи асосии саноатикунонии босуръат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақим тадбирҳои мушаххасро амалӣ карда истодааст.
Дар солҳои 2013-2019 ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар 57,3 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки қариб 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад.
Тибқи санадҳои қабулшуда ҷалби сармояи хусусӣ бояд афзоиш ёфта, соли 2020 ҳиссаи он нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 10 фоиз расонида шавад.
Солҳои 2013-2019 барои амалисозии афзалиятҳои дар барномаҳо муайяншуда 80 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ гардида, ба иқтисодиёти мамлакат зиёда аз 13,2 миллиард сомонӣ сармояи давлатӣ равона карда шудааст.
Ҳоло дар кишвар 66 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо 32,4 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Дар соли 2020 татбиқи боз 23 лоиҳаи нави давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 3,8 миллиард сомонӣ оғоз меёбад.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳо ва роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки бо истифода аз захираву имкониятҳои иқтисодии кишвар фаъолияти худро ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва истифодаи воситаҳои дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон ҷоннок намоянд.
Инчунин, ҳамкориро бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ бо мақсади ҷалби сармояи мустақим барои ташкили корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, бахусус, дар соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ тақвият бахшанд.
Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ бонк таъсис диҳад.
Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки барои фаъолияти самарабахши қарздиҳии ин бонк ҷудо кардани маблағ аз буҷети давлат ҳамасола зиёд карда шавад.
Сиёсати давлат дар соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ дар ояндаи наздик бояд ба се самти асосӣ - ҳавасмандгардонии содирот, таъмин намудани гуногуншаклии истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва соддагардонии расмиёти савдо равона гардад.
Дар робита ба ин, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти гумрук, Агентии содирот, Палатаи савдо ва саноатро зарур аст, ки корҳоро ҷиҳати татбиқи равзанаи ягонаи амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ суръат бахшида, дар масъалаи шомил шудан ба низоми умумии бархурдорӣ аз имтиёзҳо ва “долонҳои сабз” тадбирҳои амалиро ба роҳ монанд.
Ҳарчанд ки дар сохтори содирот молу маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои кишвар зиёда аз 450 номгӯйро ташкил дода, ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 18,9 фоизи соли 2013 ба 27,4 фоиз дар соли 2019 расидааст, вале ин ҳоло ҳам қонеъкунанда нест. Яъне суръати афзоиш ҳанӯз паст мебошад.
Дар ин давра ҳаҷми содироти семент, риштаи пахтагӣ, маъдану консентратҳо, қолинҳо ва баъзе намудҳои дигар афзоиш ёфта, содироти алюминийи аввалия, нахи пахта, меваю сабзавот ва консерва бо сабабҳои гуногун коҳиш ёфта истодааст.
Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки дар солҳои минбаъда тамоми захираҳоро ба баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, зиёд намудани ҳиссаи маҳсулоти ниҳоии саноатӣ дар ҳаҷми содирот ва аз байн бардоштани монеаҳои маъмурии мавҷуда равона созад.
Яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар пешбурди содирот муаррифӣ нагардидани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва иштироки нокифоя дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ мебошад ва аз масъулон, аз ҷумла Палатаи савдо ва саноат тақозо менамояд, ки дар ин самт корро ҷоннок намоянд.
Бо ин мақсад ва ҷиҳати дастрасӣ ба маълумот оид ба номгӯи маҳсулоти содиротӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунанда зарур аст, ки портали савдои Тоҷикистон такмил дода шуда, корхонаҳои саноатӣ барои муаррифии маҳсулот ва пайдо намудани шарикони хориҷӣ сомонаҳои интернетии худро таъсис диҳанд.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав бояд бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ ва бо мақсади муаррифии маҳсулоти ватанӣ маълумоти дахлдорро бо зикри номи корхона, номгӯи маҳсулоти содиротӣ ва дигар иттилооти зарурӣ мунтазам ба нашр расонад.
Имрӯз дар берун аз кишвар имконияти пайдо кардани маълумоти кофӣ доир ба корхонаҳои саноатӣ ва маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон маҳдуд аст.
Сомонаҳои интернетии корхонаҳо роҳи аз ҳама самараноки муаррифии маҳсулоти саноатӣ ба ҳисоб мераванд. Роҳи дигари пешниҳоди маҳсулот барои фурӯш иштирок дар намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳои хориҷӣ мебошад. Яъне аз ҳамаи воситаҳо бояд васеъ истифода карда шавад.
Дар робита ба ин, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Агентии содирот ва Палатаи савдо ва саноат вазифадор карда мешаванд, ки барномаи рушди содиротро барои солҳои 2021-2025 таҳия ва ба баррасии Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.
Илова бар ин, бояд гуфт, ки масъалаи дастрасии соҳибкорон, махсусан, молистеҳсолкунандагон ба захираҳои молиявии дарозмуҳлат ва нисбатан арзон то ҳанӯз ҳамчун масъалаи ҳалталаб боқӣ мемонад.
Низоми бонкӣ бояд ба рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, фаъолнокии бахши хусусӣ ва гардиши савдои хориҷӣ мусоидат намояд ва сарчашмаи асосии дастгирии молиявии ҳадафҳои давлат бошад.
Бинобар ин, Бонки миллӣ вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати муайян намудани сабабҳои кам ҷалб гардидани сармояи дохиливу хориҷӣ барои ташкили бонкҳои нав ва камшавии сармояи оинномавии бонкҳои амалкунанда чораҳои зарурӣ андешида, сиёсати пуливу қарзиро ба рушди устувори иқтисоди миллӣ ва афзоиши содирот равона намояд.
Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон - “Амонатбонк” бояд ҷиҳати ба таври назаррас зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт, алалхусус, бахшҳои истеҳсолӣ ва паст кардани фоизи он чораҳои таъхирнопазир андешад.
Бонки миллӣ вазифадор аст, ки якҷо бо мақомоти дахлдори давлатӣ барои дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда нигоҳ доштани сатҳи таваррум тадбирҳои мушаххасро амалӣ гардонад.
Инчунин, бо мақсади таъсиси намояндагии бонкҳои алоҳидаи кишварҳои шарик ҷиҳати таъмини шароити беҳтар барои фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ бо сармояи шарикон чораҷӯӣ намояд.
Вакилони муҳтарам!
Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар 7 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 3 баробар (аз 10 миллиард сомонӣ ба 27,5 миллиард сомонӣ) ва ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 5,1 банди фоизӣ (аз 12,6 ба 17,7 фоиз) зиёд гардидааст.
Вале нишондиҳандаҳои соҳа ҷиҳати иҷрои босифати барномаҳои қабулгардида ҳанӯз нокифоя буда, корҳо дар самти баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, татбиқи сиёсати мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ қонеъкунанда нестанд.
Аз ин лиҳоз, роҳбарони вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди маҳал ва Агентии содирот бояд якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба интихоби минтақаҳо тибқи занҷираи “ашёи хом - истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ - дарёфти бозори фурӯш” тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии содирот якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати баланд бардоштани малакаи соҳибкорон дар самти омода намудани нақшаҳои пешбурди фаъолият мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Бо мақсади таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар асоси ашёи хоми ватанӣ ва пешниҳоди онҳо ба сармоягузорон бояд дар назди Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷинвест” - и Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо ҷалби мутахассисони дохиливу хориҷӣ воҳиди алоҳидаи қарордодӣ таъсис дода шавад.
Бо талошҳои Ҳукумати мамлакат дар панҷ соли охир бо ширкатҳои сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ 14 созишномаи сармоягузорӣ ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим ба маблағи беш аз 14 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шудааст, ки бо татбиқи онҳо 20 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд карда мешавад.
Ҳоло дар соҳаи энергетика 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16,1 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Дар доираи ин лоиҳаҳо мо ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор андохтем.
Соли 2019 таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи 5,5 миллиард сомонӣ оғоз гардида, татбиқи чунин лоиҳа дар нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ идома дорад.
Таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” аввали соли 2021 ба анҷом расида, дар натиҷа иқтидори он қариб 45 мегаватт зиёд карда мешавад.
Имрӯз корҳо барои оғози бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон босуръат идома доранд.
Бо ин мақсад, Ҳукумат беш аз 470 миллион сомонӣ сармояи давлатиро равона менамояд ва мо ният дорем, ки ин иншооти муҳимро соли 2022 ба истифода супорем.
Амалишавии лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика имкон дод, ки ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар 7 соли охир, яъне солҳои 2013-2019 - ум 1,3 баробар (аз 16 миллиард ба зиёда аз 20 миллиард киловатт - соат) афзоиш ёбад.
Дар робита ба ин масъала, Ҳукумати мамлакатро вазифадор месозам, ки ба истифодаи самаранок ва сарфакоронаи нерӯи барқ тавассути баҳрабардорӣ аз технологияҳои каммасраф, бунёди иқтидорҳо ва шабакаҳои нави барқ, таҷдиду барқарорсозии шабакаҳои мавҷуда, ҷорӣ намудани низоми муосири назорату баҳисобгирӣ ва коҳиш додани талафоти нерӯи барқ тадбирҳои зарурӣ андешад.
Бунёди инфрасохтори нақлиёт барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва осон намудани содироти маҳсулоти ватанӣ ниҳоят муҳим мебошад.
Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 8,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Соли 2020 лоиҳаҳои таҷдид ва бунёди қитъаи Обигарм-Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат-Қарамиқ (яъне Лахш) ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ, Қалъаихумб - Ванҷ бо арзиши лоиҳавии 2,2 миллиард сомонӣ, Ҳулбук - Темурмалик ба маблағи 200 миллион сомонӣ ва сохтмони пули ҳафтуми дарёи Панҷ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афгонистон дар мавзеи Кокул бо 18 километр роҳи мошингард ба маблағи 70 миллион сомонӣ ва дигар лоиҳаҳо оғоз меёбанд.
Ҳоло таҷдиду сохтмони роҳҳои мошингарди Душанбе - Бохтар, Ҳуҷанд - Исфара, Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин, Шкев - Қалъаихумб, Кӯлоб - Муъминобод ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ идома дошта, роҳҳои зикршуда то ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд.
Вазорати нақлиёт вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати дарёфти маблағҳои сармоягузорӣ барои бунёди долонҳои зидди тарма дар қитъаҳои осебпазири роҳи мошингарди Душанбе - Чаноқ ва беҳтарсозии имкониятҳои нақби “Истиқлол” тадбирҳои зарурӣ андешад.
Ҳамчунин, Вазорати нақлиёт корҳоро дар самти таҳияи лоиҳаҳои таҷдиду азнавсозии роҳи мошингарди Хуҷанд - Конибодом, Бохтар - Данғара - Кӯлоб, Бохтар - Носири Хусрав ва роҳҳои дигар ҷоннок намояд.
Бояд гуфт, ки танҳо дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шуданд.
Чунин корҳо, ки гувоҳи фаъолнокии баланди мардуми кишвар ба хотири ояндаи неки Ватани маҳбубамон ба ҳисоб мераванд, ҳоло бомаром идома доранд.
Масалан, Бобоҷонов Муҳиб - сокини 80-солаи ноҳияи Рашт якҷо бо фарзандонаш соли гузашта 42 километр ва имсол 16 километр роҳро азнавсозӣ карда, толори варзиш, пул, чоҳҳои обкашӣ ва чор хонаи истиқоматӣ барои маъюбон ва оилаҳои камбизоат сохта, ҳоло ба масофаи 10 километр хатти оби нӯшокӣ кашида истодааст ва мақсад дорад, ки дар шаҳри Душанбе як корхонаи бузурги нассоҷӣ бунёд намояд.
Аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдухалил Ғуломов дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сохтмони мактаб барои 2400 ҷойи нишаст дар як баст ба маблағи беш аз 35 миллион сомонӣ оғоз шудааст.
Аз ҷониби ҳамин соҳибкор як сол қабл дар деҳаи Шаҳристони ноҳияи Рӯдакӣ бинои замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 хонанда бо харҷи 21 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Ҳамчунин, аз ҷониби ин соҳибкор дар шаҳри Кӯлоб бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба маблағи 35 миллион сомонӣ барои 2500 ҷойи нишаст бунёд шуда истодааст, ки соли 2021, яъне дар арафаи таҷлили 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад.
Дар ду-се сол барои 6200 толибилм ҷойи таҳсилу шароити сатҳи баланд муҳайё кардани як соҳибкор лоиқи таҳсину офарин аст.
Дар ин самт роҳбарони ширкатҳои истеҳсолӣ низ фаъол мебошанд.
Аз ҷониби Ширкати “Чунгтсай Моҳир семент” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сохтмони мактаб барои 2400 ҷойи нишаст ба маблағи 45 миллион сомонӣ оғоз карда шуда, дар арафаи таҷлили 30-солагии истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Ширкати “Чунгтсай Моҳир семент” соли 2016 дар деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон мактаби таҳсилоти умумиро барои 640 хонанда ба маблағи 13 миллион сомонӣ сохта, ба истифода додааст. Ин ширкат, дар маҷмӯъ, қариб 1000 ҷойи кории доимӣ муҳайё кардааст.
Ин гуна иқдому ташаббусҳо, ки имрӯзҳо аз ҷониби садҳо нафар соҳибкорону шахсони ҳимматбаланд амалӣ шуда истодаанд, ҳамеша қобили таҳсину дастгирӣ мебошанд. Воқеан, вазифаи муқаддаси ҳар яки мост, ки ба хотири пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азизамон ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои сокинони кишвар саъю талош намоем.
Вобаста ба нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳо рушди соҳаи сохтмон бараъло ба назар мерасад.
Сохтмон яке аз соҳаҳои муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.
Бо мақсади беҳтар намудани пешбурди фаъолият дар соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ ва сохтмон санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа такмил дода шудаанд.
Танҳо дар давоми ҳафт соли охир ба маблағи беш аз 37 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта, қариб 8 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар ба истифода дода шудаанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти афзоиши шумораи аҳолии мамлакат ва бо мақсади ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардуми кишвар 135 ҳазор гектар замин барои бунёди манзили истиқоматӣ тақсим карда, дода шуд.
Доир ба ин масъала таъкид менамоям, ки ҳангоми бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти гуногун бояд санъати меъморӣ риоя гардида, барои боз ҳам беҳтару зебо гардидани симои шаҳру деҳот кӯшиш ба харҷ дода шавад.
Дар робита ба ин, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти марбутаро зарур аст, ки дар вақти таҳияи нақшаҳои шаҳраку деҳот, банақшагирии бунёди иншооти иҷтимоиву сайёҳӣ ва иншооти дигар риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, истифодаи васеи суннату унсурҳои меъмории миллӣ ва сифати масолеҳи сохтмонро таъмин намоянд.
Ҳамчунин, масъулонро зарур аст, ки барои таъмини рушди соҳаи сохтмон ҷиҳати ба стандартҳои муосир мутобиқ гардонидани сифати иншооти сохташаванда ва омода намудани кадрҳои сатҳи баланди соҳаи меъморӣ дар дохил ва хориҷи кишвар тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Бо истифода аз фурсат, ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланд барои корҳои ободонии то имрӯз амаликардаашон бори дигар изҳори сипосу миннатдорӣ менамоям.
Ба ҳамаи сокинони мамлакат муроҷиат мекунам, ки то ҷашни муқаддасу бузурги 30 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин кӯшиш намояд.
Мо бояд ин ҷашни мубораки миллиамонро дар шароити аз имрӯза беҳтар ва бо дастовезҳои арзандаи миллати некномамон истиқбол намоем.
Ҳамватанони азиз!
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо дастгирии ташаббуси чаҳоруми мамлакати мо дар кишварҳое, ки норасоии об дар онҳо зиёд аст, як силсила барномаҳоро амалӣ карда истодааст.
Дар ин росто, мо низ ҳамчун пешоҳанги ин амал дар Тоҷикистон дар доираи “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025” доир ба таъмин кардани аҳолии кишвар бо оби босифати ошомиданӣ як силсила корҳоро анҷом додем.
Дар самти таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ ва обёрии заминҳои кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 52 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми 7,8 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
То имрӯз дар 23 шаҳру ноҳияи кишвар, аз ҷумла дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ доир ба обтаъминкунӣ дар ҳаҷми 1,5 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, 9 лоиҳаи дигар ба маблағи боз 1,5 миллиард сомонӣ идома дорад.
Дар натиҷа дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияҳои Панҷу Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мушкилоти таъмини аҳолӣ бо оби босифати нӯшокӣ асосан ҳал гардидааст.
Аммо сифати иҷрои корҳо дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва таъминоти сокинони чандин шаҳру ноҳияи кишвар бо оби ошомиданӣ ҳанӯз моро қонеъ карда наметавонад.
Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон кишвари сероб мебошад, дар шароити имрӯза ва бо дарназардошти манфиатҳои наслҳои оянда мо бояд роҳҳои истифодаи самараноку сарфакорона ва муносибати эҳтиёткорона бо захираҳои обро васеъ ҷорӣ намоем.
Дар шароите, ки пайомадҳои тағйирёбии иқлим аксари мамолики дунёро ба ташвиш овардаанд, олимони моро зарур аст, ки ба ин масъалаи глобалӣ бештар аҳаммият диҳанд.
Ба Академияи илмҳо зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо олимони кишварҳои дигар дар самти пайомадҳои тағйирёбии иқлим таҳқиқоту омӯзиш гузаронида, дастовардҳои кишварро дар ин самт ҳамаҷониба муаррифӣ намояд.
Ба ҷаҳониён шарҳ додани аҳаммияти ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, пеш аз ҳама, вазифаи олимони кишвар мебошад.
Дар Тоҷикистон истеҳсоли 98 фоизи нерӯи барқ ба соҳаи гидроэнергетика рост меояд.
Бинобар ин, кишвари мо аз ҳисоби нишондиҳандаи партови газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон ҷойи 135 - умро ишғол менамояд, ки ин мақоми хеле баланд ва саҳми арзишманди Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ мебошад.
Ин чунин маънӣ дорад, ки ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ дар Тоҷикистон ба ҳар як нафари аҳолӣ дар миқёси минтақа камтарин буда, саҳми муносиби мо дар беҳдошти вазъи экологии минтақа ва сайёра мебошад.
Дар нигоҳ доштани сатҳи пасттарини партовҳои зараровар ба мо истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, асосан гидроэнергетика мусоидати ҷиддӣ менамояд.
Хотирнишон месозам, ки истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус, захираҳои об яке аз сарчашмаҳои асосии тавлиди “энергияи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз” ба ҳисоб меравад.
Бо пурра ба кор даромадани нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” Тоҷикистон дар миқёси олам ба қатори се кишвари аввали тавлидкунандаи “энергияи сабз” шомил мегардад.
Дар ҳудуди Тоҷикистон 13 ҳазор пиряхҳои хурду бузург, аз ҷумла дарозтарин ва бузургтарин пиряхи дар хушкӣ ҷойгиршудаи дунё бо номи Федченко, ки дарозии он 76 километрро ташкил медиҳад, мавҷуд буда, масоҳати умумии онҳо 6 фоизи ҳудуди кишварро дар бар мегирад.
Дар чил соли охир аз таъсири гармшавии иқлим беш аз ҳазор пирях об шуда, пурра аз байн рафтааст.
Ҳолати кунунии пиряхҳо тақозо менамояд, ки якҷо бо сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла дар самти ташкил намудани экспедитсияҳои омӯзиши вазъи онҳо тадбирҳо андешида шаванд.
Дар солҳои минбаъда пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзӣ низ меафзояд.
Сол ба сол афзоиш ёфтани масоҳати заминҳои бекор, биёбоншавӣ ва камобиву хушксолӣ боиси торафт паст шудани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мегардад.
Моро зарур аст, ки маданияти баланди заминдориро риоя намуда, ҷиҳати истифодаи самараноку сарфакоронаи об барои обёрии заминҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи захираҳои об тадбирҳои доимӣ андешем.
То имрӯз дар самти азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва рушди соҳаи кишоварзӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми қариб 2 миллиард сомонӣ татбиқ гардидааст ва ҳоло чунин лоиҳаҳо ба маблағи 665 миллион сомонӣ идома доранд.
Бо вуҷуди ин, ҳар сол майдони беш аз 40 ҳазор гектар замин дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор мегирад.
Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки дар самти пешгирӣ кардани аз гардиши кишоварзӣ баромадан ва шӯршавии заминҳо тадбирҳои доимӣ андешанд.
Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ ҷиҳати зиёд кардани майдони кишти зироатҳо, ташкили гармхонаву сардхонаҳо ва беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватании аз лиҳози экологӣ тоза, коркарди маҳсулоти соҳа ва афзоиш додани ҳаҷми содирот чораҳои қатъӣ андешанд.
Аз як қитъаи замин гирифтани на як-ду, балки се-чор ҳосил, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи тухмипарварӣ низ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимми фаъолияти олимон ва кишоварзон дар ин самт ба ҳисоб меравад.
Ҳамватанони арҷманд!
Рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати мо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд.
Аллакай, дар зарфи соли якуми эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар деҳоти мамлакат як қатор пешравиҳо ба назар расида, рушди сайёҳӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ идома ёфта истодааст.
Бо вуҷуди ин, мо бояд суръати ободонӣ ва бунёдкориро боз ҳам вусъат бахшем, мушкилоти чойдоштаро бартараф созем ва барои рушди деҳот, сайёҳӣ ва тақвияти омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем.
То имрӯз дар кишвар зиёда аз 200 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, 15 лоиҳаи инфрасохтори сайёҳӣ аз имтиёзҳои пешбинишуда бархурдор гардидааст.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз як миллион нафар сайёҳон аз мавзеъҳои нодири кишвари мо дидан кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 20 фоиз зиёд мебошад.
Зарур аст, ки дар соли 2020 ва солҳои минбаъда шароити инфрасохтори сайёҳӣ дар ҳамаи мавзеъҳои сайёҳӣ беҳтар карда, сатҳу сифати хизматрасонӣ боз ҳам баланд бардошта шавад.
Бо мақсади рақобатпазир гардонидани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ моро зарур аст, ки мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияҳои муосирро омода кунем, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳаро мутобиқ ба талаботи бозори сайёҳӣ ба воя расонем.
Рушди сайёҳӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос дар ин самт ба пешрафти иқтисоди миллии кишвар такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳонро ба мамлакат зиёд менамояд ва барои таъсиси ҷойҳои корӣ имкони бештар фароҳам меорад.
Ба хотири муҳайё кардани шароити муосири таълимӣ барои тарбияи кадрҳо пешниҳод менамоям, ки дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода шавад.
Бовар дорам, ки ба хотири рушди ин соҳаи муҳим тамоми сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилоту созмонҳои ғайриҳукуматӣ якҷо фаъолият намуда, ҷиҳати муаррифии арзандаи Тоҷикистони азиз талоши бештар мекунанд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони хориҷие, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз як миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамоянд, пешниҳод мешавад, ки ба онҳо аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар раводиди бисёркаратаи панҷсола дода шавад.
Дар доираи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ", ҳамчунин, бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон, пешниҳод мегардад, ки ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷие, ки ҳуқуқи бо тартиби содда гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, раводиди навъи сайёҳии бисёркарата дода, муҳлати он то 60 рӯз дароз карда шавад.
Илова бар ин, бо мақсади соддагардонии рафтуомади ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, раводиди бисёркаратаи сесола дода шавад.
Вазорати корҳои хориҷӣ ҷиҳати татбиқи пешниҳодҳои зикргардида лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созад.
Ҳамчунин, Кумитаи рушди сайёҳиро зарур аст, ки бо мақсади тарғиби бештари омилҳои таърихиву фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ, истироҳативу табобатӣ ва экологии Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои дар ин соҳа пешрафта пешниҳодҳои мушаххас манзур намояд.
Дӯстони азиз!
Мо то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонидем.
Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.
Соли ҷорӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд.
Аз ин шумора 32 муассиса бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандони саховатпешаи кишвар ба маблағи беш аз 122 миллион сомонӣ бунёд шуда, ҳиссаи онҳо дар сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар бахшҳо рӯз ба рӯз афзуда истодааст.
Соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.
То ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад.
Илова бар ин, ҳоло бо саъю кӯшиши соҳибкорон зиёда аз 400 муассисаи фарҳангӣ, 105 беморхонаву дармонгоҳ, 257 маркази саломатӣ ва 467 бунгоҳи тиббӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ шуда истодааст.
Ман аз номи худ ва Ҳукумати Тоҷикистон ба кулли мардуми кишвар, аз ҷумла ба ҳамаи соҳибкорони ватаниву бурунмарзиамон ва дигар шахсони ҳимматбаланд, ки дар амалӣ шудани Амри Роҳбари давлат дар бунёду таҷдиди роҳу пулҳо ва иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои маориф ва фарҳангу тандурустӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, хатҳои обрасонӣ ва дигар корҳои хайр саҳми ватандӯстона гузошта истодаанд, миннатдории самимӣ изҳор менамоям.
Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд.
Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд.
Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, вазифадор карда мешаванд, ки нақшаи чорабиниҳоро доир ба ин масъала дар муҳлати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Инчунин, пешниҳод менамоям, ки ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор намуда, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд.
Мардуми мамлакат барои иҷрои ниёзҳои динии худ дар як муддати кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ зиёда аз 5 ҳазор масҷид бунёд карданд.
Акнун вақти он расидааст, ки маъракаи бунёди мактабҳо ва боғчаву кӯдакистонҳоро вусъат бахшида, дар ин кори хайр ҳама якҷо саъю талош кунем ва саҳми худро барои ояндаи давлату миллат гузорем, яъне ғами фарзандонамонро хӯрем.
Ислоҳи ин мушкилоти ҷомеа, ки давлат ба он афзалият медиҳад, вазифаи ҳар як сокини бонангу номус ва боиродаву ватандӯст ба ҳисоб меравад ва бовар дорам, ки ин кори хайру савоб аз ҷониби аҳли ҷомеа дастгирӣ меёбад.
Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем.
Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем.
Мо омӯзиш ва аз худ кардани забонҳоро на барои худнамоӣ, балки бо мақсади маърифатнок гардонидани ҷомеа густариш медиҳем.
Аз ин рӯ, ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд.
Чунки тибқи таҳлилҳо вақтҳои охир дур шудан аз китобхонӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар байни хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони онҳо мебошад.
Доир ба ин масъала ман дар Рӯзи дониш Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони муассисаҳои таълимиро вазифадор намудам, ки муносибати хонандагонро ба хондани китоб ва аз ёд кардани порчаҳои назму наср ҷиддӣ назорат кунанд ва барои боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва сухандону сухангӯ шудани насли ояндаи кишвар тадбирҳои ҷиддӣ ва судмандро ба роҳ монанд.
Роҳбарону масъулони соҳаро зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон бо ин, ба тарбияи насли наврас диққати бештар дода, барои амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд.
Вобаста ба ин, ҳар сол озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” – ро баргузор намуда, ба он доираи ҳарчи васеътари ҷомеа ҷалб ва ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон аз мактаб сар карда, то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ карда шавад.
Яъне Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки минбаъд ҳар сол озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” – ро аз рӯи се самт: якум- миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; дуюм - таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм - дар байни калонсолон васеъ ба роҳ монанд.
Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад.
Вобаста ба ин, ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот супориш дода мешавад, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Дар солҳои 2014-2019 аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм қариб 6 миллион нусха ва аз ҳисоби Вазорати фарҳанг беш аз 2 миллион нусха китобҳои бадеӣ ба нашр расидаанд. Вале як қисми онҳо ба гардиш ворид нагардида, то ҳол дар анборҳо нигоҳдорӣ мешаванд.
Дар баробари ин, бо дастури мо аз соли 2007 то соли 2019 - ум 38 ҷилди китоби “Ахтарони адаб” 190 ҳазор нусха чоп шудааст, аммо қисми зиёди он ба фурӯш нарафта, дар анборҳои нашриёт боқӣ мондааст.
Умуман, дар анборҳои нашриётҳо беш аз 2 миллион нусха китобҳо ба фурӯш нарафта, бе гардиш мондаанд.
Аз ин рӯ, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд.
Олимону донишмандони моро зарур аст, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.
Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад.
Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем.
Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” – ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд.
Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи илмҳо вазифадор карда мешаванд, ки китоби мазкурро ба забонҳои байналмилалӣ тарҷума ва чоп карда, нусхаи электронии онро тавассути шабакаҳои иттилоотӣ паҳн созанд.
Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард.
Фикр мекунам, ки дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем.
Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ бо дарназардошти завқи наслҳои имрӯза аз муҳимтарин вазифаҳои мо дар замони муосир ба ҳисоб меравад.
Бо пешниҳоди мо чанд рӯз пеш Конфронси генералии ЮНЕСКО доир ба баргузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ қарор қабул кард.
Ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад.
Яъне мо бояд фарҳангӣ будани миллати худро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем.
Ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори муассисаҳои фарҳанг мо бояд ба таҷдиди инфрасохтор, таҳкими пояҳои моддиву техникӣ ва тарбияи кадрҳои соҳа, мусоидат ба раванди ташаккули эҷодиёти халқ, истифодаи самарабахши нерӯи фарҳангӣ ва маънавии миллат таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунем.
Дар робита ба ин, пешниҳод менамоям, ки таҳти сарпарастии Президенти мамлакат озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ҳар сол баргузор карда шавад.
Ҳамчунин, сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Мо ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, тайи як сол садҳо иншооти тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаҳои замонавӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббиро бунёд ва мавриди истифода қарор додем.
Бо ин роҳ инфрасохтори ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ, махсусан, дар деҳоти кишвар ва сифати хизматрасониҳо ба куллӣ тағйир ёфта истодааст. Соли 2019 дар мамлакат 154 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд.
Танҳо дар ду соли охир 320 номгӯй таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва технологияҳои навтарин барои истеҳсоли доруворӣ дар ҳаҷми 950 миллион сомонӣ ворид гардида, барои муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо 150 воситаи нақлиёти санитариву махсусгардонидашуда харидорӣ карда шудааст.
Буҷети соҳаи тандурустӣ дар ҳафт соли охир аз 716 миллион сомонӣ ба 1 миллиарду 740 миллион сомонӣ расидааст, ки ин нисбат ба соли 2013-ум 2,4 баробар зиёд мебошад.
Дар соли 2020 маблағгузории давлатии соҳа қариб 2 миллиард сомонӣ ё худ бо афзоиши қариб 6 фоиз назар ба соли 2019 пешбинӣ шудааст.
Ҳарчанд ки дар натиҷаи таъмин кардани муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо бо таҷҳизоти муосир як қисми мушкилоти соҳа рафъ гардидааст, аммо сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва савияи касбии кормандони миёна ҳоло ҳам ба беҳбудӣ ниёз дорад.
Вобаста ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки фаъолияти муассисаҳои тиббиро зери назорати қатъӣ қарор дода, сатҳу сифати хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар ба роҳ монад ва давра ба давра курсҳои бозомӯзиро дар миёни ҳамаи зинаҳои кадрии соҳа ташкил намояд.
Барои ҳар як давлат солимии аҳли ҷомеа зарур мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд халқамонро солим нигоҳ дорем ва барои тандурустии он тамоми шароитро фароҳам оварем.
Соли 2020 дар кишварамон барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад. Ин чорабинӣ дар марҳалаи нави рушди иқтисодиву иҷтимоии Точикистон барои муайян намудани нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатии равандҳои демографӣ равона карда шудааст, ки дар ҷараёни банақшагирӣ ва амалӣ гардонидани сиёсати давлат дар ин самт муҳим мебошад.
Тибқи ояндабинии ниҳоди марбутаи Созмони Милали Муттаҳид аҳолии кураи замин соли 2050 то 9,7 миллиард нафар афзоиш меёбад. Мувофиқи ҳамин дурнамо аҳолии кишвари мо соли 2050 ба 17 миллион нафар мерасад.
Агентии омор, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки якҷо бо Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва дигар сохторҳои марбута бо истифода аз технологияҳои муосир ҷиҳати омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии зикршуда тадбирҳои зарурӣ андешанд ва маблағҳои ба ин мақсад ҷудошударо самаранок истифода намоянд.
Ҳамватанони азиз!
Мо ба масъалаи таъсиси ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ҳунарҳои мардумӣ ва шуғли хонагӣ диққати зарурӣ медиҳем.
Ҳоло дар кишвар дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи 97 ихтисос, дар марказҳои таълими калонсолон аз рӯйи 57 ихтисос ва дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи 166 ихтисос, дар маҷмӯъ, аз рӯйи 454 ихтисос кадрҳои коргарӣ омода карда мешаванд.
Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар муддати панҷ соли оянда шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, ҷиҳати саросар соҳибкасб кардани аҳолӣ тадбирҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд.
Дар баробари ин, барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2020-2025 таҳия намуда, ҷиҳати иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ҳамчунин, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро зарур аст, ки сифати таҳсилот ва касбомӯзиро дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар созад ва ихтисосу ҳунарҳоеро, ки барои кишвар заруранд, таъсис дода, ҷиҳати ба шуғл таъмин шудани сокинони мамлакат, бахусус, занону духтарон тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ соли ҷорӣ шумораи шаҳрвандони мо, ки берун аз кишвар фаъолияти меҳнатӣ доранд, қариб 60 фоиз кам шудааст, ки ин натиҷаи рушди иқтисодиёт ва ташкили ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар мебошад.
Шумораи аз ҳама зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ 1 миллиону 100 ҳазор нафар ба соли 2010 рост меояд. Соли ҷорӣ ин рақам 486 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Вале ин нишондиҳанда ҳоло ҳам қонеъкунанда нест.
Роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти марказиву маҳаллӣ, корхонаву муассисаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилоту муассисаҳои давлативу ғайриҳукуматӣ, соҳибкорону тоҷирон ва умуман, ҳар як фарди ватандӯсту бонангу номусро зарур аст, ки барои ташкил кардани ҷойҳои корӣ дар кишвар талош намоянд.
Бо ин мақсад, мо бояд то ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ фаъолияти худро боз ҳам беҳтар карда, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо барои сокинони кишвар ҳар сол на кам аз 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳем ва бо ҳамин роҳ шиддати муҳоҷирати меҳнатиро паст намоем.
Бо мақсади рушди низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва таъмини устувории низоми молиявии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа як силсила корҳо ба анҷом расонида шудаанд.
Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки соли 2013-ум 1 миллиарду 683 миллион сомониро ташкил карда буд, соли 2020 дар ҳаҷми 3,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2013 қариб ду баробар зиёд мебошад.
Ҳоло дар мамлакат 700 ҳазор нафар нафақахӯрон, аз ҷумла 148 ҳазор маъюбон, 5277 нафар ятимони кулл ва 74 ҳазор ятимон зери сарпарастии давлат қарор доранд.
Соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлат муассисаҳои пиронсолон ва маъюбон беш аз 36 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудаанд, ки ба ҳар як нафар 22 ҳазору 600 сомонӣ рост меояд.
Ҳаҷми маблағгузорӣ ба чунин муассисаҳо дар давоми 10 соли охир 3,2 баробар афзоиш ёфтааст. Илова бар ин, танҳо соли 2019 ҳаҷми кумакпулиҳо аз ҳисоби буҷети давлат барои шаҳрвандони имконияташон маҳдуд беш аз 102 миллион сомониро ташкил намуд.
Имрӯз дар кишвар расонидани кумак ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷманд ба ҳукми анъана даромадааст.
Халқи сарбаланди тоҷик дар ҳама давру замон ба табақаҳои ниёзманд дасти ёрӣ дароз карда, саховату ҳимматбаландии ибратомӯз нишон додааст.
Ҳукумати кишвар минбаъд низ ба ин гурӯҳи иҷтимоӣ, аз ҷумла ятимону маъюбон, шахсони бемору барҷомонда ва оилаҳои камбизоат кумак мерасонад ва бовар дорам, ки соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша баробари сохторҳои давлатӣ дар амалҳои хайру савоб боз ҳам фаъолона саҳм хоҳанд гузошт.
Бо мақсади танзими раванди таъини нафақаи маъюбӣ ва пешгирӣ кардани пардохти нафақаҳои маъюбии беасос ҳоло дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд лоиҳаи “Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ” амалӣ шуда истодааст, ки тибқи он махзани ягонаи иттилоотӣ ва тартиби муосири баҳисобгирии шахсони маъюб таҳия гардида, то 6 моҳи минбаъда маълумоти дахлдор ба шабакаи ягонаи электронӣ гузаронида мешавад.
Ин тадбир имкон фарҳам меорад, ки маблағҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудошаванда самараноку суроғавӣ истифода гардида, шахсони воқеан маъюб аз онҳо бархурдор бошанд.
Ҳукумати Тоҷикистон вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеаро ҳамеша дар маркази диққати худ қарор дода, вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар барои беҳтар намудани шароити онҳо пайваста чораҷӯӣ менамояд.
Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар дастгирии молиявии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаҳои камбизоат афзалият дорад ва ин бартарият дар солҳои минбаъда низ боқӣ мемонад.
Дар ҳамин асос ва бо мақсади дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18 - сола, инчунин, дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ дошта, ба онҳо дар асоси Қонун “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” нафақаи иҷтимоӣ таъин шудааст, пешниҳод менамоям, ки аз 1 сентябри соли 2020 нафақаи онҳо 50 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он ба нафақаи нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” муқаррар гардидааст, баробар карда шавад.
Тадбири мазкур имкон медиҳад, ки вазъи иҷтимоии қариб 30 ҳазор нафар нафақагир беҳтар гардад.
Инчунин, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии нафақагирони кишвар пешниҳод менамоям, ки аз 1 сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15 фоиз зиёд карда шаванд.
Дар баробари ин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда шавад.
Ҳозирини арҷманд!
Занону духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъол дошта, дар аксари соҳаҳо, бахусус, дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд.
Ҳоло шумораи занон дар соҳаҳои маориф беш аз 70 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фоиз, фарҳанг 51 фоиз ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 23,3 фоизро ташкил медиҳанд.
Дар соҳаи кишоварзӣ низ саҳми занону духтарон бисёр арзишманд мебошад.
Мо минбаъд низ ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президент доир ба баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, занону бонувони лаёқатмандро ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ ҷалб мекунем.
Бовар дорам, ки дар интихоботи дарпешистодаи Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ шумораи бонувон бештар мешавад ва онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъолона ширкат хоҳанд кард.
Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Мо минбаъд низ дастгирии занону духтаронро густариш бахшида, ташаббусҳои созандаи онҳоро дастгирӣ менамоем.
Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад.
Насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад.
Мо иштироки фаъолонаи ҷавонони мамлакатро дар сохтмони нерӯгоҳу корхонаҳои азими кишвар, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва корҳои бунёдкориву созандагӣ баръало мушоҳида менамоем.
Сафи ҷавонон дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла саноату сохтмон, маорифу тандурустӣ ва кишоварзӣ низ торафт афзоиш ёфта истодааст.
Саҳми ҷавонон, дар ҳифзи Модар - Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд.
Имрӯзҳо беш аз 257 ҳазор нафар ҷавонон, ки 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Барои таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва ҳифзи минбаъдаи манфиатҳои ҷавонон сохтору мақомоти марбутаро вазифадор месозам, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030”- ро дар таҳрири нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.
Дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад.
Варзиш ба фаъолияти ҷавонон алоқамандии мустақим дорад.
Имрӯз дар кишвар 10 ҳазор иншооти варзиш фаъолият дошта, тайи солҳои 2011-2018 қариб 2200 иншооти соҳаи варзиш бунёд ва 1059 иншоот таъмиру таҷдид гардидааст.
Дар соли 2019-ум 358 иншооти варзиш, аз ҷумла зиёда аз 200 иншоот дар пойтахти кишвар сохта шудааст.
Мо бояд дар оянда низ ба оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа диҳем ва барои тандурустии аҳли ҷомеа шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварем.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро зарур аст, ки якҷо бо Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзиш навъҳои мухталифи варзишро васеъ ҷорӣ карда, ҷиҳати баргузор намудани мусобиқаҳо мунтазам чораҷӯӣ кунад.
Ҳамзамон бо ин, Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар давоми даҳ соли оянда дар ҳар як деҳа ва маҳалҳои аҳолиашон аз 100 хоҷагӣ зиёд як муассисаи томактабӣ, як толор ва як майдони варзиш бунёд карда, ба оммавӣ шудани варзиш ва солимгардонии аҳолӣ мусоидат намоянд.
Ҳамватанони азиз !
Мувофиқи меъёрҳои Конститутсия халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад ва онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ менамояд.
Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳимми давлат мебошад.
Мо хуб медонем, ки нооромиву бесарусомониҳо, ба гурӯҳҳои муқобил ҷудо шудани шаҳрвандони кишвар ва ихтилофоти шадид дар ҷомеа аз интихоботи президентии соли 1991 оғоз шуд ва оқибат боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид.
Интихобот ҳамчун маъракаи муҳимми сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ рӯзи 1 марти соли 2020 таъин шуд.
Интихоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо ҳуқуқи истисноии интихобкунандагон мебошад.
Ҳеҷ як ҳизбу созмон ё шахси мансабдор ҳақ надорад, ки ин ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро вайрон карда, иродаи худро ба интихобкунандагон зӯран ё бо роҳҳои дигар таҳмил намояд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон корро бояд тавре ташкил намояд, ки шаҳрвандон дар ин маъракаи сиёсӣ бо масъулияти баланд иштирок кунанд.
Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи дарпешистода мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки дар доираи талаботи қонун ба комиссияҳои интихоботӣ шароити мусоиди корӣ муҳайё созанд.
Таъкид менамоям, ки дахолат ба фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ манъ аст ва сохтору мақомоти марбута дар ин ҷараён бояд танҳо вазифаҳои тибқи қонун ба зиммаашон гузошташударо иҷро кунанд.
Мувофиқи талаботи қонунҳои амалкунанда ҳизбҳои сиёсӣ, ки масъул ва субъекти асосии пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилӣ мебошанд, инчунин, шаҳрвандони алоҳидаи худпешбаришуда, ки барои соҳиб шудан ба мандати вакилӣ талош мекунанд, вазифадоранд, ки фаъолияти худро танҳо дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳо амалӣ намоянд.
Ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва шаҳрвандонро даъват менамоям, ки дар доираи қонунҳои амалкунанда талош кунанд, то ки ин чорабинӣ ба таҳкими боз ҳам бештари ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши демократия дар кишвари соҳибистиқлоламон мусоидат намояд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва комиссияҳои интихоботӣ дар маҳалҳо уҳдадоранд, ки шахсияти номзадҳои пешбаришударо ҳаматарафа санҷида, мутобиқати онҳоро ба талаботи қонунгузорӣ ба таври ҷиддӣ баррасӣ кунанд.
Ба мақомоти намояндагӣ, аз ҷумла ба парламенти кишвар бояд шахсони донишманду соҳибмаърифат, ботаҷрибаву обрӯманд ва ватандӯсту поквиҷдон пешниҳод ва интихоб шаванд.
Ба шумо - шаҳрвандони азизи мамлакат муроҷиат мекунам, ки ҳангоми баргузории интихоботи навбатӣ, аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ сар карда, то вакилони ҷамоатҳо бо дарки баланди масъулият намояндагони арзандаи худро барои ояндаи давлату миллат интихоб намоед.
Вакилони муҳтарам!
Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст.
Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад.
Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд.
Чунонки шумо хабар доред, чанде аз аъзои яке аз гурӯҳҳои созмони террористии ба ном давлати исломӣ ба дидбонгоҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳуҷум карда, даст ба қатли сарҳадбонон заданд.
Аз ин лиҳоз, сохтору мақомоти марбутаро зарур аст, ки дар роҳи ташвиқу тарғиби тундгароии динӣ садди устувор гузошта, ҷавононро ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят кунанд ва онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.
Шарти муҳимми ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм ва экстремизм фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти онҳо дар ин самт мебошад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», ки соли 1999, яъне 20 сол пеш қабул шуда буд, вобаста ба талаботи замон ба такмил ниёз дорад.
Ба вазоратҳои адлия ва корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералӣ супориш дода мешавад, ки лоиҳаи қонуни зикршударо дар таҳрири нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.
Мусаллам аст, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории фаъолияти созмонҳои экстремистиву террористӣ мебошад.
Ҳарчанд ки дар натиҷаи чораҳои андешидашуда солҳои охир қочоқи маводи мухаддир ба кишвар то андозае коҳиш ёфтааст, афзоиши воридоти дигар намудҳои маводи нашъаовар, ки ба саломатии инсон зарари бештар дорад, ба назар мерасад.
Аз ин рӯ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумрук вазифадор карда мешаванд, ки доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷиноятӣ чораҷӯӣ намуда, корро ҷиҳати пешгирии воридоти маводи нашъаовари сунъӣ боз ҳам тақвият бахшанд.
Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад.
Дар кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои дахлдори ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам оварда шудаанд.
Бо вуҷуди ин, таҳлили муроҷиатҳои шаҳрвандон нишон медиҳад, ки фаъолияти баъзе мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо дар ин самт ҳанӯз ҳам ба талабот ҷавобгӯй нест.
Бинобар ин, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳотро зарур аст, ки ба масъалаи интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, тарбияи онҳо дар рӯҳияи поквиҷдонӣ ва муносибати боэҳтиром ба шаҳрвандон эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Вазъи сиёсии тағйирёбандаи сайёра ва минтақа омодабошии ҳарбӣ ва тайёрии доимии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳро тақозо менамояд.
Хизматчиёни ҳарбиро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳанд ва донишу малакаи касбии худро пайваста баланд бардошта, барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд.
Ҳамчунин, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифадор карда мешаванд, ки риояи интизоми ҳарбӣ, низоми тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо, идоракунии ҷузъу томҳои ҳарбӣ, огоҳсозӣ ва робитаи байниҳамдигариро доир ба вазъи фаврӣ пайваста такмил дода, ба масъалаи ҳифзи амнияти инфрасохтори низомӣ бисёр ҷиддӣ муносибат намоянд.
Ҳозирини арҷманд!
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардида, эътибор пайдо кардааст.
Ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода», ки ҷавҳари равобити байналмилалии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, мо тавонистем бо аксари давлатҳои дунё муносибатҳои нек ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаро дар соҳаҳои мухталиф ба роҳ монда, тақвият бахшем.
Мо минбаъд низ ин сиёсатро, бо дарназардошти воқеиятҳои нави байналмилалӣ, идома дода, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳамкориҳоямонро бо шарикони стратегӣ ва минтақавию байналмилалӣ ба сатҳи сифатан нав барорем.
Рушду тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмину таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз рукнҳои бунёдии сиёсати хориҷии давлати моро ташкил медиҳад.
Мусаллам аст, ки амнияту суботи минтақаи мо, қабл аз ҳама, бо вазъи Афғонистон вобастагӣ дорад ва идомаи минбаъдаи муноқишаву низоъ дар Афғонистон метавонад ҳам барои ин кишвар ва ҳам барои минтақа оқибатҳои манфии дарозмуддатро ба бор орад.
Авзои ноороми ин кишвари дӯсту ҳамсоя тайи чил соли охир исбот месозад, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва фақат воситаву фишангҳои сиёсиву дипломатӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ метавонанд калиди ҳалли масоили печидаи он бошанд.
Тоҷикистон кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати дарёфти роҳҳои сулҳомези ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад.
Мо чунин мешуморем, ки тақдири Афғонистон ва роҳи ояндаи онро бояд худи мардуми ин кишвар ҳаллу фасл ва муайян созанд.
Ба ин манзур, мо аз ҳама гуна иқдомоти созандаи роҳандозӣ намудани раванди музокироти сулҳ дар Афғонистон истиқбол менамоем ва умед дорем, ки талошҳои ҷонибҳои алоқаманд дар ин ҷода натиҷаҳои мусбат ба бор хоҳанд овард.
Зимнан, мо боз ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуда, даъват ба амал меорем, ки доир ба масъалаи истиқрори сулҳу оромӣ дар сарзамини азиятдидаи Афғонистон бо масъулияти том мавқеъгирӣ намояд.
Ҷониби Тоҷикистон минбаъд низ саҳми амалии худро дар ин самт хоҳад гузошт.
Мо робитаҳои муассиру самарабахш ва созандаи худро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, шарикони рушд ва ниҳодҳои бонуфузи молиявие, ки бо онҳо тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои судманд дорем, идома хоҳем дод.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯз шаҳри Душанбе ба маркази баррасии масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ табдил ёфтааст.
Дар ин росто, танҳо соли ҷорӣ дар пойтахти кишвар як қатор чорабиниҳои муҳимми байналмилалӣ, аз ҷумла Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он доир гардиданд.
Тоҷикистон соли 2019 раёсати як қатор созмонҳои минтақавӣ ва ниҳодҳои онҳо, аз ҷумла Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Форуми ҳамкории амниятии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро ба уҳда дошт.
Соли оянда раёсати Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии наҷоти баҳри Арал, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Раванди Истамбул оид ба Афғонистон оғоз мешавад.
Гузашта аз ин, боиси қаноатмандист, ки чорабиниҳои байналмилалии ҷониби мо доир ба захираҳои об миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти унвони “Раванди Душанбе дар соҳаи об” эътибор пайдо кардааст.
Дар ин радиф, мо тасмим гирифтем, ки соли оянда ҷиҳати идомаи раванди мазкур ва татбиқи ташаббуси чоруми глобалии Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028 дар пойтахти кишварамон Конфронси байналмилалии сатҳи баландро баргузор намоем.
Дар ин росто, Вазорати корҳои хориҷӣ бояд якҷо бо дигар вазорату идораҳои кишвар татбиқи амалии Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистонро пайгирона идома дода, ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои матлуб тадбирҳои пайваста ва зарурӣ андешад.
Мо минбаъд низ ба мақсади тавсеаи бештари робитаву ҳамкориҳо бо тамоми кишварҳои шарик доир ба ҳаллу фасли масъалаҳои мубрам ва расидан ба ҳадафҳои мутақобилан судманд, инчунин, таъмини манфиатҳои Тоҷикистон ва мардуми он дар арсаи байналмилалӣ талош хоҳем кард.
Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам вакилони халқ!
Ҳадаф аз стратегияву барномаҳои қабулшуда, ки ҷараёни татбиқи онҳо дар паёми имрӯза таҳлилу баррасӣ гардид, инчунин, мақсади ниҳоии қонунҳои қабулкардаи парламент, фармону амрҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат аз он иборат аст, ки пешрафти давлат, ободии Ватан ва муҳимтар аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон таъмин карда шавад.
Ман андешаҳои худро доир ба тақвият бахшидани корҳо дар ин самт баён доштам ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ, яъне вакилони парламент, роҳбарони вазорату идораҳо, сохтору мақомоти давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва тамоми шаҳрвандони мамлакатро даъват менамоям, ки дар роҳи пешрафти Ватани азизамон боз ҳам сарҷамъу муттаҳид бошем, то ин ки мо ҳама якҷо кишвари азизу муқаддасамонро ба як сарзамини обод ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳем.
Мардуми мо дар тӯли таърихи начандон тӯлонии даврони соҳибистиқлолӣ аз уҳдаи иҷрои бисёр корҳои ҷиддиву сарнавиштсоз бо сарбаландӣ баромаданд ва эътимод дорам, ки ба хотири таҳкими пояҳои давлати миллии худ минбаъд низ содиқона ва софдилона заҳмат мекашанд.
Бовар дорам, ки то ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ мо боз корҳои зиёди бунёдгаронаро амалӣ мекунем, тамоми захираву имкониятҳоро барои бунёди корхонаҳои хурду бузург сафарбар менамоем, барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ муҳайё месозем ва сатҳи некӯаҳволии халқамонро боз ҳам беҳтар мегардонем.
Ман ба қудрати созандаву офарандаи мардуми сарбаланди тоҷик эътимод дорам ва як нуктаро дилпурона изҳор менамоям: мо ҳамаи иқтидору имкониятҳоро дорем, ки раванди ободкориву созандагиро беш аз пеш густариш бахшем, барои расидан ба ҳадафҳои миллиамон кӯшишу ғайрати бештар намоем, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ камбудиҳои мавҷударо бартараф кунем, рушди устувору босуботи кишвари азизамонро таъмин созем ва рӯзгори ҳар як хонадони Тоҷикистонро аз имрӯза беҳтар гардонем.
Дар ин раванд қарзи имонӣ ва вазифаи виҷдониву инсонии ҳар яки мост, ки истиқлолу озодии давлати тоҷиконро чун неъмати муқаддаси ҳаётамон ва мисли гавҳари бебаҳои зиндагиамон гиромӣ дорем ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошем.
Эътимоди комил дорам, ки мардуми бонангу номуси мо ин нуктаро хуб дарк мекунанд.
Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд.
Дар ин роҳи пуршараф ба тамоми сокинони кишвар ва ба ҳамаи шумо - вакилони халқ ва ҳозирини гиромӣ барору комёбӣ орзу менамоям.
Ҳамеша сарбаланду комёб бошед, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Декабр, 2019 - 13:00

26 декабри соли 2019 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Дар толор аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, як гуруҳ собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва вакилони як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, доираи тоҷирону соҳибкорон ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум иштирок намуданд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат таъкид доштанд, ки соли 2019 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд.

Таъкид гардид, ки татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишварро вазифадор карданд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад.

Ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар се соли охир дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шуданд.

Аз ин ру, Ҳукумат ва парламенти кишвар зарур аст, ки ҳангоми баррасӣ ва такмили қонунгузорӣ, махсусан, зимни таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав ба ин масъалаҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи энергетика таъкид шуд, ки амалишавии лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика имкон дод, ки ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар 7 соли охир, яъне солҳои 2013-2019 - ум 1,3 баробар (аз 16 миллиард ба зиёда аз 20 миллиард киловатт - соат) афзоиш ёбад.

Дар робита ба ин масъала, Ҳукумати мамлакат вазифадор гардид, ки ба истифодаи самаранок ва сарфакоронаи нерӯи барқ тавассути баҳрабардорӣ аз технологияҳои каммасраф, бунёди иқтидорҳо ва шабакаҳои нави барқ, таҷдиду барқарорсозии шабакаҳои мавҷуда, ҷорӣ намудани низоми муосири назорату баҳисобгирӣ ва коҳиш додани талафоти нерӯи барқ тадбирҳои зарурӣ андешад.

Бунёди инфрасохтори нақлиёт барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва осон намудани содироти маҳсулоти ватанӣ ниҳоят муҳим мебошад.

Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 8,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Сохтмон яке аз соҳаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.

Танҳо дар давоми ҳафт соли охир ба маблағи беш аз 37 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта, қариб 8 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар ба истифода дода шудаанд.

Истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус, захираҳои об яке аз сарчашмаҳои асосии тавлиди “энергияи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз” ба ҳисоб меравад.

Бо пурра ба кор даромадани нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” Тоҷикистон дар миқёси олам ба қатори се кишвари аввали тавлидкунандаи “энергияи сабз” шомил мегардад.

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо дастгирии ташаббуси чаҳоруми мамлакати мо дар кишварҳое, ки норасоии об дар онҳо зиёд аст, як силсила барномаҳоро амалӣ карда истодааст.

Дар ин росто, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун пешоҳанги ин амал дар Тоҷикистон дар доираи “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025” доир ба таъмин кардани аҳолии кишвар бо оби босифати ошомиданӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 52 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми 7,8 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Дар натиҷа дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияҳои Панҷу Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мушкилоти таъмини аҳолӣ бо оби босифати нӯшокӣ асосан ҳал гардидааст.

Рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати мо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.

Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.

Соли ҷорӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд.

Аз ин шумора 32 муассиса бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандони саховатпешаи кишвар ба маблағи беш аз 122 миллион сомонӣ бунёд шуда, ҳиссаи онҳо дар сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар бахшҳо рӯз ба рӯз афзуда истодааст.

Соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

То ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад.

Президенти мамлакат роҳбарону кормандони соҳаи маорифро вазифадор карданд, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Вобаста ба ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд.

Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем.

“Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем” - изҳор доштанд Пешвои миллат.

Таъкид шуд, ки аз ин рӯ, ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” - ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таъсиси ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ҳунарҳои мардумӣ ва шуғли хонагӣ диққати зарурӣ медиҳад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбутаи давлатӣ барои таҳия ва татбиқи ҳадафҳо дар самти ҳунаромӯзии шаҳрдвандон дастури махсус доданд.

Аз ҷумла, Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки дар муддати панҷ соли оянда шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, ҷиҳати саросар соҳибкасб кардани аҳолӣ тадбирҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд.

Дар баробари ин, барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2020-2025 таҳия намуда, ҷиҳати иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳукумати Тоҷикистон вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеаро ҳамеша дар маркази диққати худ қарор дода, вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар барои беҳтар намудани шароити онҳо пайваста чораҷӯӣ менамояд.

Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар дастгирии молиявии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаҳои камбизоат афзалият дорад ва ин бартарият дар солҳои минбаъда низ боқӣ мемонад.

Дар ҳамин асос ва бо мақсади дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18 - сола, инчунин, дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ дошта, ба онҳо дар асоси Қонун “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” нафақаи иҷтимоӣ таъин шудааст, Сарвари давлат пешниҳод карданд, ки аз 1 сентябри соли 2020 нафақаи онҳо 50 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он ба нафақаи нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” муқаррар гардидааст, баробар карда шавад.

Тадбири мазкур имкон медиҳад, ки вазъи иҷтимоии қариб 30 ҳазор нафар нафақагир беҳтар гардад.

Инчунин, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии нафақагирони кишвар пешниҳод гардид, ки аз 1 сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15 фоиз зиёд карда шаванд.

Дар баробари ин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда шавад.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон - Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Саодатшо Матробиён: «Имло бояд миллӣ ва моли забони адабӣ бошад»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 21 Ноябр, 2019 - 11:24
ДУШАНБЕ, 21.11.2019 /АМИТ «Ховар»/.

Дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» камбудиҳо, духӯрагиҳо ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои он ба назар мерасанд. Бо назардошти ин, тавре хабар дода будем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанги мамлакат 4 октябри соли 2019 ба мақомоти дахлдор супориш доданд, ки то моҳи январи соли 2020 лоиҳаи нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро бо ислоҳи камбудиву мушкилоти ҷойдошта таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намоянд. Барои иҷрои ин супориш Гурӯҳи махсуси корӣ таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ба фаъолият пардохтааст.

Имло дар илми забоншиносӣ, дар рушду такомули худи забон ва умуман дар ҳаёти истифодабарандагони он чӣ аҳамият дорад? Вобаста ба ин мавзуъ муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саодатшо МАТРОБИЁН дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ чунин изҳори назар намуд.


Имло танзимкунандаи шакли хаттии забони адабӣ буда, меъёри асосии муайянкунандаи навишти калимаҳо ва талаффузи калимаҳо маҳсуб меёбад ва чун муҳофизи забон хизмат мекунад. Агар ғалате дар хат пайдо шавад, он бо мурури замон ба гуфтор таъсири худро расонида, ба инкишофи минбаъдаи забон халал бунёд хоҳад кард. Аз ин рӯ, меъёрҳое, ки барои имло тарҳрезӣ мешаванд, чун гил ва сангрезаҳое ҳастанд, ки хиштҳои бунёди забонро мустаҳкам нигоҳ медоранд.

Бунёди қоидаҳои имлоро се меъёри асосӣ: морфологӣ, фонетикӣ ва таърихӣ (анъанавӣ) ташкил медиҳанд. Ғайр аз ин меъёрҳо, баъзан аз меъёрҳои фонематикӣ ва дифференсиалӣ (фарқкунанда) низ истифода мешавад.

Меъёри морфологӣ якнавохт навиштани вожаҳо ва ҳиссаҳои нутқро талаб мекунад ва ҳамзамон қоидаҳои навишти вожаҳои решагӣ, пешвандҳо, пасвандҳо ва бандакҳоро танзим мекунад, ҷудо, якҷоя ё бо нимтире навиштани калимаҳоро муайян мекунад. Имлои мукаммал ҳамон имлое маҳсуб меёбад, ки бар пояи меъёрҳои морфологӣ асос ёфтааст.

Меъёри фонетикӣ мувофиқати овозро бо шакли графикии калима муайян мекунад, ки меъёри бисёр мушкили қоидаҳои имло буда, он на барои ҳар забон истифода мешавад. Агар танҳо аз рӯйи меъёри фонетикӣ амал кунем, якнавохтӣ дар навишт ғайриимкон мегардад.

Меъёри таърихӣ (анъанавӣ) навишти қадимиро асос гирифта, талаб мекунад, ки чӣ гуна дар гузашта вожаҳо навишта мешуданд, имрӯз низ бояд ҳамон тавр навишта шаванд (ин меъёр дар имлои забони англисӣ фаровон истифода мешавад).

Меъёри фонематикӣ, ки ҷиҳати баргардони овозҳои мушаххасро дар фонемаҳо талаб дорад, душвортарин меъёр маҳсуб меёбад. Зеро дар аксари забонҳо, аз ҷумла дар забони тоҷикӣ таркиби фонематикии калимаҳо ҳанӯз омӯхта нашудааст. Соҳаи фонология дар забоншиносии тоҷик як соҳаи ҳанӯз наомӯхтае мебошад, ки таҳқиқоти ҷиддиро тақозо дорад. Меъёри дифференсиалӣ (фарқкунанда) доираи хеле маҳдуди истифода шудани калимаҳоро дар навишт, хусусан, тарзи навишти омонимҳо ва омофонҳоро муайян мекунад.

«Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.10.2011 тасдиқ шудааст, дар асоси меъёрҳои фонетикӣ, морфологӣ ва таърихӣ таҳия шуда, асолати забони тоҷикиро таъмин менамояд. Қоидаҳои имлои мазкур дар асоси меъёрҳои муқарраршудаи илмӣ мушкилоти навиштро дар корбурди забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ ва густариши он дар умури сиёсию иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва бахшҳои дигари фаъолияти ҳаррӯзаи мамлакат хеле осон гардонид.

Ёдовар бояд шуд, ки дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» (соли 2011) тағйиру иловаҳои зиёд ворид гардида буд, аз ҷумла, дар бахши алифбо ҳарфҳо мутобиқ ба меъёри алифбои кириллӣ номгузорӣ шуда, тартиб ва меъёри садонокҳо ва ҳамсадоҳо бар асоси равиши илмӣ ва таърихӣ таҳия гардидаанд. Имлои ҳиссаҳои нутқ пурра бознигарӣ шуда, мақоми муайяни худро касб намудаанд. Аммо мурури вақт нишон дод, ки ҳанӯз ҳам дар қоидаҳои муназзами имлои амалкунанда баъзе ҷузъиёти меъёрҳои муқарраршуда сарфи назар шуда, ҳатто дар баъзе маврид ҳолатҳои духӯра будани қоидаҳо ба назар мерасанд.

Ҳамин камбудиҳо, духӯрагиҳо ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро ба назар гирифта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 4.10.2019 бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанги мамлакат баён доштанд, ба мақомоти дахлдор супориш доданд, ки то моҳи январи соли 2020 лоиҳаи нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро таҳия намуда, бо ислоҳи камбудиву мушкилоти ҷойдошта ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намоянд.

Ёдовар бояд шуд, ки лоиҳаи нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» аз ҷониби гурӯҳи корӣ, ки аз ҳисоби мутахассисони забоншиноси Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва Кумитаи забон таъсис дода шудааст, таҳия гардида, барои мукаммал намудани он фикру андешаҳои дигар мутахассисони забондон ва кафедраҳои тахассусиро интизоранд.

Як масъалаи бисёр мураккаб, ки тайи чанд сол роҳи дурусти истифодаи худро наёфтааст, ин мавриди навишти ҳарфҳои «у» ва «ӯ» мебошад. Дар иртибот ба имлои ҳарфҳои мазкур зикр бояд кард, ки дар бандҳои 2 ва 5-и Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ тарзи истифодаи онҳо оварда шудаанд, аммо, мутаассифона, ба таври дақиқ меъёрҳои навишти онҳо дода нашудаанд. Аз ҷумла, дар банди 2 қайд мешавад, ки «ҳарфҳои а, о, у дар оғоз, байн ва анҷоми калима навишта мешаванд» ва дар ҳамин банд эзоҳе бо матни зер навишта шудааст: «Дар анҷоми калимаҳои решагии зерин бо риояи меъёри таърихӣ у навишта мешавад». Аз назари фонетикӣ ин ду овози алоҳидае мебошанд, ки ҷойи ҷудогонаи тавлиди худро дар дастгоҳи нутқ доранд. Ҳар ду овоз хоси забони тоҷикӣ буда, дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ пайдо шудаанд. Овози у дар марҳилаи аввали ташаккули забонамон дар шакли у-и кӯтоҳ (уштур, буз, хушк ва ғ.) ва у-и дароз (дуд, дур, хун ва ғ.) мавҷуд буд.

Овози ӯ (ин фонемаи алоҳида буда, у-и дароз нест!) дар марҳилаи баъдӣ аз дифтонги āu (rāuča – рӯз; rāuta – рӯд, dāuxš – дӯшидан ва ғ.) ба вуҷуд омадааст. Вожаҳое, ки дар охири худ овози у доранд, аз «-ук»-и паҳлавӣ (ориёии миёна) бар асоси таҳаввулоти таърихӣ шакл гирифтаанд (бонук – бону, зонук – зону, тарозук – тарозу, паҳлук – паҳлу ва ғ.). Доир ба ин масъала ҳатто дар байни мутахассисони таърихи забони тоҷикӣ ақидаи ягона мавҷуд нест. Бояд гуфт, ки инҳо масъалаҳои илмӣ буда, дар имло аз назари меъёри таърихӣ ба назар гирифта шудаанд. Вале барои омма фаҳмидани чунин шаклҳо душвор аст. Чунонки Фердинанд де Соссюр гуфтааст: «Барои гӯяндагони забон танҳо як пешомад мавҷуд аст – ин истифодаи имрӯзаи забон, онҳо аз таърихи он чизе намедонанд ва дар бораи ояндаи он чизе фикр намекунанд». Аз ин рӯ, қоидаҳои имло, ки барои хосу ом аст, бояд сода ва фаҳмо бошанд. Ин нуктаро Пешвои муаззами миллат низ дар суханронии худ зикр намудаанд.

Иддае аз забоншиносон бар он ақидаанд, ки калимаҳои иқтибосии арабӣ, чӣ гунае ки дар хатти арабиасос навишта мешаванд, дар хатти имрӯзаи тоҷикӣ низ бояд ҳамон тавр навишта шаванд. Яъне меъёрҳои навишт ва талаффузи забони арабиро бар забони тоҷикӣ мехоҳанд бор кунанд. Воқеан, барои мардум фарқ кардани калимаҳое, ки дар хатти арабиасос чӣ тавр навишта мешаванд, кори саҳл нест. Ҳатто мутахассисон дар ин масъала оҷизӣ мекашанд. Масалан, фарқи вожаҳои арабӣ, ки дар охири ҳиҷо бо «вов» ва «айн» навишта мешаванд, мисли вуқӯъ, валӯъ, вулӯъ, мавзӯъ, мадфӯъ, мазрӯъ, мақтӯъ, марфӯъ, марҷӯъ, масмӯъ, мамнӯъ, маснӯъ, матбӯъ, маҷмӯъ, рукӯъ, руҷӯъ, сутӯъ, тулӯъ, шурӯъ ва ғ. аз вожаҳое, ки бе «вов» бо «айн» навишта мешаванд, мисли табарруъ, таваққуъ, тавозуъ, тазарруъ, таматтуъ, танозуъ, тасаннуъ, таҷаммуъ, ташайюъ ё калимаҳое, ки бо «вов» ва «ҳо» дар охири ҳиҷо мисли андӯҳ, бистӯҳ, вузӯҳ, гурӯҳ, курӯҳ, макрӯҳ, мамдӯҳ, мамсӯҳ, манкӯҳа, мафтӯҳ, маҷрӯҳ, машрӯҳ, сутӯҳ, шукӯҳ, шикӯҳ, вуҷӯҳ, сабӯҳ, сунӯҳ ва бе «вов» ва «ҳо» таваҷҷуҳ ва сунуҳ (ба маънои «зани писар») ва ғайраро танҳо, агар мутахассисон бо фаҳмидани қолабҳои онҳо (дар хатти арабӣ бо номҳои «вов»-и маъруф ва «вов»-и маҷҳул) дарк нанамоянд, барои мардуми ғайримутахассис ин мушкилоти якумра мебошад.

Аз ин рӯ, хуб мешавад, ки ин гуна калимаҳоро дар як қолаби ягона ё бо ҳарфи «ӯ» ё бо ҳарфи «у» нависем. Мушкилоти дигар дар фарқи калимаҳои арабӣ аз тоҷикӣ мебошад. Мисли: гуҳар, куҳан, куҳна, нуҳ, уҳу-уҳу, Суҳроб; ё кӯҳ, кӯҳон, кӯҳл, сӯҳон, ӯҳ(?). Дар ин калимаҳо такя бар маъёри таърихӣ мешавад, ки ин ҳам танҳо барои мутахассис фаҳмо аст.

Муҳим он бояд бошад, ки калимаҳои иқтибосиро ба табиати забони миллӣ мувофиқ намоем, на ин ки забонамонро тобеи навишту талаффузи калимаҳои иқтибосӣ созем. Қонуни табиати забон низ ҳаминро талаб мекунад. Аз як таҳлили оморие, ки гузаронидем, миқдори калимаҳое, ки бо ҳамнишинии ҳарфҳои «вов»-ҳои маъруфу маҷҳул ва «айн»-у «ҳо» анҷом меёбанд, тахминан чунин мебошад:


Зикр бояд кард, ки калимаҳо дар асоси «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» бо ислоҳи ғалатҳо шумурда шуда, танҳо решаи калимаҳо ба назар гирифта шудаанд. Ҷадвали овардашуда, баръало нишон медиҳад, ки кадом намуди калимаҳо афзалият доранд. Ҳамчунин мавриди ёдоварист, ки бо «вов»-и маъруф навишта шудани калимаҳо дар хатти арабиасос ин маънои онро надорад, ки ин гуна калимаҳо ҳатман бояд дар хатти имрӯзаи тоҷикӣ бо ҳарфи «ӯ» навишта шаванд: суруд, дуруд, хун, дуд, суд, мубад, дур, ду, ту, фартут, фармудан, фарсуда ва ғ. Ҳамаи мисолҳои овардашуда асоси илмии худро доранд, аммо ҳам хусусияти хатти арабиасос ва қоидаҳои навишти калимаҳои иқтибосӣ ва ҳам меъёри таърихии забони тоҷикиро дар як қоидаи имло ғунҷонидан моро ба сӯйи духӯрагиҳо ва пайдо шудани мушкилиҳо дар имло мебарад. Аз ин рӯ, меъёри ягона бояд танҳо хусусияти миллии забонро ифода кунад.

Масъалаи дигаре, ки бисёр баҳсталаб аст, ин бо ҳарфи калон навиштани исмҳо мебошад. Аз ҷумла, дар зербанди 2-юми банди 20-уми «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» оварда шудааст: «Номи мақомоти олии давлатӣ, мансабҳои олӣ ва рамзҳои давлатӣ» бо ҳарфи калон навишта мешавад. Дар ин банд ду ифодаи нофаҳмо барои мардум аст- яке, мақомоти олӣ кадомҳоянд?, дувум, мансабҳои олӣ кадомҳоянд? Тибқи қонунгузории Тоҷикистон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст. Дар Феҳристи тасдиқшуда мафҳуми «мансабҳои олӣ» вуҷуд надорад. Дар он мансабҳои давлатӣ ба ду гурӯҳ ҷудо шудаанд: 1) мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ ва 2) мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ, ки дар навбати худ ба а) мансабҳои сиёсии хизмати давлатӣ ва б) мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ ҷудо мешаванд. Кадоме аз онҳо бо ҳарфи калон навишта мешаванд, бояд дар қоидаҳои имло аниқ муайян бошанд.

Ҳамчунин баҳси навишти калимаҳои иқтибосӣ, хусусан аз забони русӣ, ки бо «а» талаффуз мешаванд ва бо «о» навишта мешаванд, мушкилиро дар имло ба бор овардааст. Чунончи, компютер – кампютер; конференсия – канференсия; дотсент – датсент; Москва – Масква; Новосибирск – Навасибирск ва ғ. Доир ба навишти ин гуна калимаҳо дар имло қоидае вуҷуд надорад.

Ҳамин тавр, ғалатҳои дигари ҷузъие низ дар имло ба назар мерасанд, ки онҳо, албатта, аз назари гурӯҳи корӣ дур нахоҳанд монд. Имрӯз ҳамаи мардум таҳияи як имлои мукаммалу устувор ва фаҳмою осонро интизоранд, то дар навишт ба иштибоҳ набараду назарҳои гуногун ба вуҷуд наоварад. Имло бояд миллӣ ва моли забони адабӣ бошад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 3.5 (2 овоз)

ҚОИДАҲОИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Ноябр, 2019 - 11:00
Номаи иттилоотӣ ба мутахассисони забони тоҷикӣ


Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2019 зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг оид ба ислоҳи камбудиву мушкилоти «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» баён доштанд, дар назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» таъсис дода шудааст.

Барои иштирок намудан дар баҳсҳои гурӯҳи корӣ ва пешниҳоди андеша ҷиҳати комил намудани «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар сомонаи Кумита (www.kumitaizabon.tj) саҳифаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» кушода шудааст. Шумо метавонед фикру андеша ва дархости худро ба гурӯҳи корӣ тавассути сомонаи мазкур доир ба имлои забони тоҷикӣ ирсол намоед.

 

Гурӯҳи корӣ

Телефонҳо барои тамос: 227-59-25; 227-78-29
Почтаи электроннӣ: kumitaizabon@mail.ru
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Конференсияи байналмилалӣ «Вазъи забони тоҷикӣ дар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ» - 2019

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 6 Октябр, 2019 - 10:50
Конференсияи байналмилалӣ «Вазъи забони тоҷикӣ дар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ»

ДУШАНБЕ, 05.10.2019 /АМИТ «Ховар»/.
«Вазъи забони тоҷикӣ дар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ»-таҳти чунин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалӣ доир гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Гавҳар Шарофзода оғоз намуд.
Сипас  мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои  рушди иҷтимоӣ ва робита  бо ҷомеа, доктори илмҳои филологӣ, профессор Масрур Абдуллозода, намояндагони Академияи илмҳо, Вазорати маориф ва илм дар суханронии хеш аз мақоми арзанда ва таълимдиҳандагӣ доштани адабиёти ғании забони тоҷикӣ ёдовар шуда,  ин ҳамоиши байналмилалиро барои таҳими робитаҳои муштараки сиёсати забони кишварҳои дӯсту бародар дар ҳалли масъалаҳои забонӣ ва робитаҳои дӯстиву бародарӣ фоли нек арзёбӣ карданд.
Зикр гардид, ки ҷавҳари асосӣ ва ҳадафи пур аз ҳикмати ин забонро танҳо дар донистани ин забон мебояд фаҳмид, ки гӯяндагони ин забон-тоҷикон ба ҷуз Тоҷикистон, боз дар бародаркишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистону Ҳинд ва Покистону Эрон аз қадимулайём зиндагӣ мекунанд.
Забони тоҷикӣ дар мақоми забони илму адаб таърихи тӯлонӣ дорад, ки инро осори гузаштагони мо бо он ҳама шӯҳрату маъруфияти ҷаҳонӣ собит месозад. Забони тоҷикӣ дар аҳди Сомониён ва чанд асри дигар дар баробари забони арабӣ, ки ҳамчун забони илм пазируфта шуда буд, тавоноии худро дар риштаҳои гуногуни илми ҳамон замон-дар соҳаи илмҳои тиб, дорушиносӣ, ҳандаса, ситорашиносӣ, химия, табиатшиносӣ, ҷуғрофия, фалсафа ва ғайра дар мисоли шоҳкориҳои Ибни Сино, Закариёи Розӣ, Берунӣ, Хоразмӣ, Форобӣ, Имом Тирмизӣ, Ҷурҷонӣ ва чеҳраҳои дигари илму адаб ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.
То имрӯз номи Чоч, Самарқанду Бухоро, Урганҷ, Хива, Марв, Фарғона, Чуст, Ғузор, Шаҳрисабз, Тирмиз, Насаф, Риштон барин садҳо дигар номвожаҳои ҷуғрофӣ арзи вуҷуд доранд, ки сарзамини ниёгони мо бо забони тоҷикӣ ва ҳама шаҳомату зебоии ин забон дар гузашта қарор дошту то кунун дорад. Бо забони ашъори безаволи бузургони адабиёти тоҷик ҳанӯз муаммоҳое нуҳуфтаанд, ки онро танҳо донандагони хуби ин забон дарк кардаву хулоса мебароранд, ки мояи он офариниши ҷаҳони ободу осоишта аст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Вазъи забони давлатӣ дар фаъолияти ВАО-и кишвар»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 20 Июн, 2019 - 17:55
Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Вазъи забони давлатӣ дар фаъолияти ВАО-и кишвар»

Воситаҳои ахбори омма дар баробари шоирону нависандагону забоншиносон, тарғибкунанда ва муаррификунандаи забони давлатии ҳар кишвар мебошанд. Дар Тоҷикистони мо низ забони воситаҳои ахбори омма забони давлатӣ, яъне, тоҷикист. Беғалат ва равшану возеҳ пахш ва чопи матолиби воситаҳои ахбор метавонад, ба инкишоф ва зебогии забон боис гардад ва сокинони кишварро ба дурусту бехато ҳарф задан тарғиб кунад. Аммо, чуноне имрӯз мушоҳида мешавад, на дар ҳамаи расонаҳои кишвар риояи қоидаҳои имлои забон ва содабёнӣ риоя мегардад. Сабаби ин риоя нагардиданҳо агар дар аксар маврид ноогоҳӣ аз қоидаҳои имлову оммавияти ВАО бошад, боз ҳаст ҳолатҳое, ки рӯзноманигорон қасдан ба ин ё он қоида чашм мепӯшанд.
Сиёсати давлатӣ дар бораи забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси меъёрҳои байналмилалии баробарии забонҳо, новобаста аз мақоми ҳуқуқии онҳо ва шумораи мардуме, ки ба ин забонҳо гуфтугӯ мекунанд, амалӣ карда мешавад.
Барои ба ин ҳадафҳо расидан Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 20-уми июни соли ҷорӣ дар толори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» бо иштироки  олимону донишмандони намояндагони Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳои давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, ҷамъиятҳо, Анҷумани Тоҷикон ва Форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», намояндагони ВАО ва дигарон Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Вазъи забони давлатӣ дар фаъолияти ВАО-и кишвар»  бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор кард.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Гавҳар Шарофзода оғоз намуд.
Дар Конференсия 7 маърӯзаи илмӣ аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забоншиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, дар мавзӯъҳои «Қоидаҳои имло танзимкунандаи шакли хаттии забони адабӣ»- муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филология Матробиён Саодатшо, «Матбуот оинаи забон» – узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдулло Рӯдакии АИ ҶТ)–доктори илмҳои филология Сайфиддин Назарзода, «Баъзе ғалатбандӣ дар забони матбуот»–доктори илмҳои филология, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Баҳриддин Камолидинов, «Вазъи забони матбуоти маҳаллӣ» – доктори илмҳои филология, устоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Моёншо Назаршоев Назрӣ Офаридаев, «Устод Айнӣ ва забони зинда»  устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Кабиров Шаҳбоз, «Баъзе масъалаҳои матбуоти имрӯз» Сардабири маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ»-номзади илмҳои филология Ваҳҳобзода Рустам, «Меъёрҳои адабӣ ва забони расонаҳои хабарӣ»–доктори илмҳои филология, профессор, мудири кафедраи забони тоҷикии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино  Қосимов Олимҷон маърӯза намуданд.
Бояд қайд кард, ки муҳимтарин унсури таъинкунандаи як миллат забон аст ва он инчунин, муҳимтарин унсури вуҷуди як давлати миллӣ низ ҳаст. Забони тоҷикӣ ҷавҳари миллати моро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, воситаҳои ахбори омма ва умуман, аҳли ҷомеаро месозад, баҳри пешбурди сиёсати давлат оид ба забони давлатӣ ҳамчун забони миллӣ хизматҳои арзанда кард.
Дар интиҳо, пас аз баррасии фикру мулоҳизаҳо аз ҷониби ҳайати иштирокдорони Конференсия, бо дарназардошти рисолату мақоми таърихии забон, аҳамияти он дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ, рушду равнақ ва густариш додани меъёри забони адабӣ, риояи дурусти қоидаҳои имло дар коргузорӣ ва эҷоди аҳли илму адаб, ВАО ва баҳри рушду густариши он дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон, алалхусус, амалӣ намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба кормандони ВАО: рӯзноманигорони матбуот ва шабакаҳои телевизиониву радиоӣ Тавсияномаи он қабул гардид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 7 Март, 2019 - 18:00
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Модарону бонувон ва духтарони азиз!


Дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, яъне айёми нуру сафо ва гармиву бедории табиат - ҷашни фархундаи Рӯзи модар фаро мерасад. Ҳамаи шумо, модарони меҳрубон ва бонувони арҷмандро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш ёд медиҳад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад.

Яъне дар замири фарзанд тарбия кардани эҳсоси садоқату самимият, некиву накӯкорӣ, хайру саховат ва ташаккули маънавии наслҳо натиҷаи заҳмати шабонарӯзии модарони мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубон мебошад.


 


Модар шахсест, ки шабу рӯз ба хотири роҳату осоиши тифлаш заҳмат мекашад ва намегузорад, ки фарзанди ӯ ранҷу озоре бинад.

Вай ҳамеша дар талош аст, ки фарзандаш солиму бардам ба камол расад, соҳиби одобу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар гардад ва дар оянда ба ҷомеа хизмати шоиста намояд.

Яъне дар шуури насли наврас ташаккул додани эҳсоси муҳаббат ба донишу маърифат, одобу ахлоқ, нангу номус ва ватандӯстиву заҳматкашӣ, қабл аз ҳама, хизмати модар мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, ҳар як фард модарро мисли ҷони худ ва ҳамчун зиннату сафои зиндагӣ дӯст медорад, а-зиз мешуморад ва ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меорад.

Модар, дар ҳақиқат, сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба шумор меравад.

Мехоҳам бо ифтихор изҳор намоям, ки модарону занон ва бонувони кишвари азизи мо бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми бузург доранд.

Онҳо имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлати соҳибистиқлоламон саъю талош мекунанд.

Нақши занону модарон дар пойдориву устувории оила ва фароҳам овардани фазои орому солим дар хонавода бисёр муҳим мебошад.

 Бовар дорам, ки бонувону занони арҷманди мо минбаъд низ ин рисолати муқаддаси худро бо сабру таҳаммули хоси модарони тоҷик иҷро карда, барои тарбияи дурусти фарзандон, ба ҳаёти мустақилона омода кардани онҳо, ҳифзи гармиву баракати хонавода ва мустаҳкам гардидани он ва баланд бардоштани мақоми оила дар ҳаёти давлат ва ҷомеа саъю кӯшиш мекунанд.

Миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд доир ба одоби оиладорӣ, муносибатҳои хонаводагӣ ва таълиму тарбияи фарзанд суннату меъёрҳое эҷод кардааст, ки онҳо маҳз тавассути занону модарони арҷманди мо барои наслҳои имрӯзу фардо низ чун мактаби беҳтарини зиндагӣ хизмат мекунанд.

Ба ин маънӣ, занону модарони мо нигоҳдорандаву давомдиҳандаи беҳтарин анъанаҳо ва ойинҳои асилу деринаи халқамон, хусусан, дар тарбия кардану ба камол расонидани фарзандони баодобу соҳибмаърифат ва ватандӯсту далер мебошанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бонувони тоҷик бо ташаббусҳои худ собит намуданд, ки метавонанд дар ҷодаи соҳибкорӣ низ муваффақ бошанд. Саҳми занону бонувони соҳибкор илова ба соҳаҳои саноату кишоварзӣ дар эҳё намудану тараққӣ додани ҳунарҳои мардумӣ ва бо ҳамин роҳ муҳайё кардани ҷойҳои корӣ барои бонувони хонашин басо арзишманду назаррас мебошад.

Яке аз ҳадафҳои асосии Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардани соли 2018 ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми эълон намудани солҳои 2019–2021 маҳз ба шуғл фаро гирифтани шумораи ҳарчи бештари занону духтарон мебошад.

Бо амалӣ гардонидани чунин иқдомот Ҳукумати мамлакат мавқеи занонро дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таҳким бахшида, барои истифодаи нерӯи бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор фароҳам месозад.

Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон қабул гардидани «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ҷиҳати таҳияву татбиқи як силсила санадҳои муҳимми марбут ба беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии занону бонувон заминаи воқеӣ гузошт.

Дар асоси санадҳои зикршуда як силсила иқдомоти муҳим дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, аз ҳисоби духтарон омода кардани кадрҳои замони нав ва боз ҳам беҳтар гардонидани сиҳатии модару кӯдак амалӣ гардонида шуданд.

Яке аз ғамхориҳои давлату Ҳукумат барои духтарони деҳоту ноҳияҳои дурдаст муқаррар намудани квотаи президентӣ мебошад, ки тавассути он то имрӯз ҳазорон нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм карда, ҳоло дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат муваффақона кору фаъолият доранд.

Дар робита ба ин, мехоҳам таъкид намоям, ки падару модарон набояд пеши роҳи таҳсили фарзандонро гиранд, баръакс, кӯшиш намоянд, ки онҳо таҳсил карда, соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шаванд ва дар зиндагӣ ба мушкилот дучор нагарданд.

Шумо хуб медонед, ки агар бонуи хонадон босавод бошад, метавонад фарзандони худро тарбияи дуруст диҳад, онҳоро солиму бардам ва ҳамчун шахсиятҳои соҳибмаърифат ба камол расонад, яъне оилаи намунавӣ барпо намояд.

Ҳукумати мамлакат амалӣ гардидани тадбирҳоеро, ки дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ пешбинӣ шудаанд, ҳамаҷониба таъмин намуда, чунин сиёсатро дар оянда низ идома хоҳад дод.

Зимнан, хотирнишон месозам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози фоизи намояндагии занону бонувон дар мақомоти шохаҳои гуногуни ҳокимият дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад.

Итминон дорам, ки занону бонувони соҳибмаърифат ва бонангу номуси тоҷик ба шукронаи озодиву соҳибихтиёрии давлатамон ва фазои орому осудаи кишварамон бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёкардаи Ҳукумати мамлакат барои пешрафти Ватани маҳбубамон содиқона ва боз ҳам бештар заҳмат мекашанд, ба хотири тарбияи наслҳои ояндасози миллат саъю талоши бештар мекунанд, дар чаҳорчӯбаи қонунҳои миллиамон - “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” амал карда, ҷиҳати беҳтар шудани некӯаҳволӣ ва шароити зиндагии хонаводаҳои худ саҳми модаронаашонро мегузоранд.

Модарону бонувони муҳтарам!

Моҳи март бо ҷашни шумо оғоз гардида, бо яке аз ҷашнҳои бостонии мо - Наврӯз, яъне соли нави аҷдодиамон идома меёбад. Ин айём беҳтарин рӯзҳое мебошанд, ки шумо хурсандӣ кунед, либосҳои зебои миллии чакан ва атласу адрасро ба бар карда, онҳоро таблиғ ва оммавӣ гардонед, ба тозагиву ободии хонаву кошона бештар машғул шавед ва ҳунари кадбонуҳои миллати қадимаву фарҳангиамонро боз ҳам густариш бахшед.

Мо - мардон вазифадорем, ки ҳамеша ба қадри ранҷҳои кашидаи модарон, заҳмату хизматҳои занону духтарони худ ва умеду интизориҳои онҳо расем. Мо набояд фаромӯш кунем, ки аз пайғамбарон сар карда, тамоми нобиғаву алломаҳои башар аз домони поки модар ба дунё омадаанд ва дар оғӯши гарми ӯ бузург шудаанд.

Мо дар асри бисту якум – замони пешрафти илму техника ва дастовардҳои бесобиқаи ақли инсонӣ зиндагӣ дорем. Аз ин лиҳоз, бояд аз эҳсосоти хушунатомез ва тафаккури ақибмондаи хурофотӣ озод бошем, шаъну шараф ва ҳайсияти занону духтаронро эҳтиёт ва эҳтиром кунем, ба онҳо, яъне бонувону духтарон бо назари нек ва бо иззату ҳурмат муносибат намоем.

Мо бояд доим дар ёд дошта бошем, ки парваридаи модари боиффату соҳибмаърифати тоҷик ва намояндаи яке аз миллатҳои куҳанбунёду тамаддунсози дунё мебошем.

Бо истифода аз фурсат, хотирнишон менамоям, ки нигоҳубину парастории модару падар дар пиронсолӣ низ қарзи фарзандӣ ва вазифаи ҷавонмардии мо мебошад. Зеро савоби парастории волидайн ва баракати дуои онҳо дар дини мубини ислом бо ҳаҷҷи акбар баробар дониста шудааст.

Бо ибрози беҳтарин ниятҳои нек ҳамаи шумо, модарону бонувони арҷманд ва хоҳарону фарзандони азизро бори дигар ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи модар табрик мегӯям ва ба ҳар яки шумо тани сиҳат, иқболи баланд, дар хонадонатон осоишу оромӣ ва хушбахтиву файзу баракат орзу менамоям.

Ҷашн муборак бошад, модарони меҳрубон, бонувони гиромӣ, хоҳарони арҷманд ва фарзандони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

«Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ва масъалаи номгузорӣ матраҳ гардид

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 29 Июн, 2018 - 21:12
«Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ва масъалаи номгузорӣ матраҳ гардид

     Танзими  номгузории шаҳрвандон  дар заминаи меъёрҳои  таърихии номгузории  тоҷикӣ ба фарзандон, ки яке аз арзишҳои   маънавии миллии мо  маҳсуб ёфта,  аз гузаштаи дури  таърихи забонамон сарчашма мегирад, амалӣ мешавад. Он ҳамеша мавриди  таваҷҷуҳи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  дорад. Ин нуктаро раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода  имрӯз зимни баргузории  конфронс дар мавзӯи «Ташвиқу тарғиби дурусти «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» баён дошт.
     Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ медиҳад, дар конфронс кормандони Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти шиносномадиҳӣ иштирок намуда, масъалаҳои риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳангоми бақайдгирӣ ва номгузорӣ ба кӯдакон, таҳлили сабти ному насаб дар бахшҳои САҲШ-и шаҳру ноҳияҳои мамлакатро баррасӣ намуданд.
     Сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвбону Фарҳодова дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт, ки ҳадафи баргузории конфронси имрӯза- ин дуруст пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои асосии тасдиқкунандаи номи шаҳрвандон мебошад.
     Мутобиқи моддаи 20 –и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба шахс илова намудани тахаллусҳои «Мулло», «Халифа», «Тура», «Хоҷа» «Валӣ», «Охун» ва тахаллусҳои ба инҳо монанд, ки боиси тафриқаандозӣ миёни мардум мегарданд, манъ мебошад.
     «Вожаҳое, ки ифодакунандаи ранг, меваҷоту сабзавот, ашёи рӯзгор ҳайвонот, ба истиснои «Шер», ки дар номгузории тоҷикон ифодакунандаи далерию мардонагӣ аст ва ба ин монанд номҳо ғалат буда, аз Феҳристи номҳои миллии  тоҷикӣ баргирифта шудаанд. Ҳамчунин ҳангоми бақайдгирии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ном бояд дар шакли пурра ва дуруст навишта шавад»,-афзуд Сарвбону Фарҳодова.
     Ҳамчунин зикр карда шуд, ки «Феҳристи номҳои миллии  тоҷикӣ» эҳёгари арзишҳои  маънавӣ, сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги  миллӣ  тавассути  забони миллӣ, инчунин номгузории  суннатии тоҷикӣ мебошад.

     Феҳристи  номҳои миллии тоҷикӣ  аз ду қисмат иборат буда,  бо рақамгузорӣ пайгирӣ мешавад. Дар қисмати аввали он номҳои  духтарона ва дар қисмати дуюм номҳои писарона  оварда шудаанд. Инчунин бо мақсади  дуруст навиштани  номҳои миллӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ  тарзи навишти номҳои духтаронаю писарона бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷой дода, ба феҳрист замима шудааст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Мушкилоти истилоҳнигорӣ роҳи ҳалли худро меёбад

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Июн, 2018 - 14:04
Кумитаи забон ва истилоҳот

     Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дастуру супоришҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба забони илм табдил додани забони давлатии Тоҷикистон ва бо роҳи танзими дурусти истилоҳнигорӣ минбаъд ҳам рушду густариш додани забони адабии тоҷикӣ рӯзи 25-уми июни соли 2018 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита баргузор гардид.
     Дар ҷаласа беш аз 100 нафар олимони забоншиноси тоҷик, - аъзои бахшҳои тахассусии Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита, мутахассисону намояндагони вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, намояндагони ВАО ва кормандони Кумита ширкат варзиданд, ки масъалаҳои  вобаста ба  вазъи  истилоҳнигорӣ дар фаъолияти Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита мавриди  баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуда, бо мақсади минбаъд ҳам рушду густариш додани ҳамкории самараноки Шӯро бо вазорату идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ниҳодҳои илмию таҳқиқотии кишвар бо дарназардошти таклифу пешниҳодоти иштирокдорон қарори ҷаласаи Шӯро  қабул карда шуд, ки он ба  пешбурди сармараноки фаъолияти Шӯро, низоми дурусти истилоҳнигорӣ   ва танзими он равона гардидааст.
     Қобили зикр аст, ки дар забони тоҷикӣ истилоҳсозӣ ва истилоҳшиносӣ имрӯз наметавонад бо пажӯҳишҳои густурда ва амиқи назарии худ ифтихор кунад. Мушкил он аст, ки то ҳол  заминаи рушду инкишофи ин ришта ба қадри лозим фароҳам нашудааст. Зеро то имрӯз таркиби луѓавии забони адабии  ҳозираи тоҷик ба дараҷаи кофӣ тадқиқ нашуда, оид ба ин масъалаҳо ягон асари ҷудогонаи ҳадафрасе ба вуҷуд наомадааст. Аз ин боис, на танҳо масоили назарӣ, балки даҳҳо  мавзӯъҳои мубрами дигари истилоҳсозӣ ва истилоҳшиносии забони тоҷикӣ дар интизори муҳаққиқони хеш мебошанд.
     Дар иртибот ба ин масъалаҳо, яке аз пешниҳоди муфиди аъзои Шӯро дар ҷаласа, ин масъалаи дар назди Кумита таъсис додани “Маркази тарҷумонӣ” ва “Пажӯҳишгоҳи иистилоҳшиносӣ ва фарҳангнигорӣ” буд, ки он  якдилона қабул гардид. Зеро маҳз, тавассути ин иқдом, ки дар пешбурди сиёсати давлатии забон муҳим арзёбӣ мегардад, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳоти соҳавии забони тоҷикӣ дар мақоми давлатӣ ва  инкишоф додани забони миллӣ яке аз вазифаҳои мубрамест, ки бояд аз ҷониби ниҳоду марказҳои илмӣ-таҳқикотии кишвар рушд ёбад ва бо истифода аз имконоти захираи вожаҳо ва равишҳои суннатии забон ва таҷрибаи ҳамзабонон, ки дар ин самт таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд, забони  давлатии мо рушду густариш дода шавад ва он аз ҳама гуна олоишу  савтиёти  бегона  раҳо ёбад.

     Боиси тазаккур аст, ки қарори  ҷаласаи навбатии Шӯро  бо ҳадафи  татбиқи  банизоми ҳамгунсозии истилоҳот дар забони адабии тоҷикӣ барои корбурд ба тамоми вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо ва  пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ  ирсол карда мешавад.


Масъули Хадамоти ВАО                                                Р. Зулфониён

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Кумитаи забон ва истилоҳот фаъолияти «Ҳамсадо», «Суғдсинамо» ва «Суҳайл синамо»-ро мавриди санҷиш қарор медиҳад

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 29 Июл, 2017 - 12:30

Соли 2017 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалии «Ҳамсадо», «Суғдсинамо»-и ба номи Комил Ёрматов, «Тоҷик диёр», «Санои синема», «Истиқлол», «Нурангез», «Адам», «Суҳайл синамо», «Амирӣ-медиа», «Фаридун», «Муҳаммад», «Суғдивидео», «Абдулло-медиа» ва «Дарвозфилм» дар соли 2017 мавриди санҷиш қарор медиҳад.
Дар ин бора Гавҳар Шарофзода, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Гавҳар Шарофзода ҳамчунин зикр кард, ки дар ин давра аз ҷониби мақомоти судӣ барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо моддаи 89 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 59 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда шуда, ба андозаи 45 660 сомонӣ ҷарима таъйин гардид. Аз ин маблағҳо 37 060 сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст.
Илова бар ин, забони рӯзномаҳои даврӣ ва риояи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» низ аз ҷониби кормандони Кумита мавриди омӯзиш қарор дода шуда, аз натиҷаи он ба мақомоти дахлдор хулоса пешниҳод хоҳад шуд.

 

ДУШАНБЕ, 30.01.2017 /АМИТ «Ховар»/.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Кумитаи забон 50 истилоҳу иборавожаҳои варзишии соҳаи футболро ба тоҷикӣ гардонидааст

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 28 Июл, 2017 - 12:30
Кумитаи забон 50 истилоҳу иборавожаҳои варзишии соҳаи футболро ба тоҷикӣ гардонидааст

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли равон 50 истилоҳу иборавожаҳои варзишии соҳаи футболро ба тоҷикӣ гардонидааст.

Тавре раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод зикр намуд, «Кумита дар рушду густариш ва истилоҳоти соҳаи варзиш бо Муассисаи давлатии Телевизиони «Варзиш» хамкории доимӣ ба роҳ монда, тибқи муроҷиати роҳбарияти Муассисаи мазкур аз моҳи январи соли равон то ин давра 50 истилоҳу иборавожаҳои варзишии соҳаи футболро ба тоҷикӣ гардонидаву пешниҳод намудааст».
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра барои 135 номи маҳалҳои аҳолинишин хулосаи Кумита пешниҳод гардидааст. Аз ин теъдод Кумита бо назардошти масъалаи такрори номҳо ва номгузорӣ бо номи ашхос, ҳамчунин ҳангоми интихоби номи маҳалҳои аҳолинишин аз хусусиятҳои таърихӣ ва ҷуғрофии ин ё он мавзеъ сарфи назар кардан тағйири 50 номи маҳалҳои аҳолинишин ва ҷамоати деҳотро рад намуд. Инчунин 17 номи ҷуғрофӣ барои омӯзиш ва баррасӣ ба гурӯҳи кории номҳои ҷуғрофӣ пешниҳод карда шуд.

ДУШАНБЕ, 01.08.2017 /АМИТ «Ховар»/.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Номҳои Асмоа ва Облоқул рад карда шуданд. «Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ» ба нашр мерасад

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 27 Июл, 2017 - 12:30

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли равон «Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ»-ро ба нашр мерасонад. Ин нуктаро имрӯз Раиси Кумита Гавҳар Шарофзода зимни нишасти матбуотӣ дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» баён дошт.

 

Ба гуфтаи Гавҳар Шарофзода, дар назди Кумита гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки ҳайати он ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон барои номгузории фарзандон ва дар «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» мавҷуд набудани номи интихобнамудаи онҳо хулоса пешниҳод менамояд. «Дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби гурӯҳи кории Кумита ба 26 адад муроҷиати шаҳрвандон барои номгузории фарзандонашон хулоса пешниҳод гардид, ки ба ду муроҷиати он хулосаи рад дода шуд. Илова бар ин, дар ин муддат аз ҷониби кормандони Кумита ба 7 нафар муроҷиаткунанда оид ба дуруст навиштани ному насаби тоҷикӣ хулоса пешниҳод гардид»,- изҳор дошт Гавҳар Шарофзода.
Иттилоъ дода шуд, ки барои гузоштани номҳои Асмоа ва Облоқул хулосаи рад дода шуд. Ин номҳо бинобар сабаби маънои мушаххасро баён надоштан аз ҷониби гурӯҳи корӣ рад карда шуданд.

 

ДУШАНБЕ, 31.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Халқро тақлидашон барбод дод…

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Июл, 2017 - 12:30

Фарҳанги миллӣ чун забони миллӣ, таърихи миллӣ ва муқаддасоти миллӣ муаррифгари гузаштаву имрўзаи одамон дар рӯйи олам аст. Аз ҷумла, бо касе рў ба рў истода, соатҳо ба ҳам назар афканиву хомўш бошӣ, ҳатман туро ба миллатҳои гуногун, ки чеҳрааш ба ҳам монанд аст, шабоҳат медиҳанд.

 

Чун ба забон биёиву суҳбат биороӣ, боз ҳам аз тарзи сухан гуфтану дурр суфтани шумо шунавандаи зирак зуд баҳо дода метавонад, ки ин лаҳни шевои тоҷикӣ буда, гўяндаи он аз рўи гуфтор, рафтор, тарзи пӯшидани либос миллати барӯманду безаволеро муаррифӣ менамояд, ки забону фарҳанги ин миллат ҳанўз дар асрҳои 9-10 ҷаҳонӣ шудаву марзҳоро убур кардаву ҷаҳониёнро ошиқи шайдои адабиёту фарҳанги худ гардонидааст.
Таърих гувоҳ аст, ки ҳарчанд пои аспи Искандар, арабу муғул ба хотири ғорат кардан ба сарзамини биҳиштосои мо гузошта шуда бошад ҳам, аз ин забон ва фарҳанг, аз ҷумла фарҳанги миллии замони суғдиву бохтарӣ ин ғоратгарон идораи давлатро пеш мебурданд. Ҳамзамон тарзи коркарди карбос, атласу кимхоҳро аз худ карда, пӯшидани либоси миллии мардуми таҳҷоиро пеша карда буданд. Чунончи дар тўю маъракаҳо ба домод ва арўс бештар атласу кимхоҳ мепўшониданд, ки ин гувоҳи гуфтаҳои болост.
Дуруст аст, ки мо дар асри 21 умр ба сар бурдаву бо замона ҳамқадам ҳастем, лек ин ҳолат ҳам моро водор месозад, ки дар пойгаҳи дари ҷаҳонишавӣ бо забон, фарҳанги миллӣ ва урфу одатҳои миллӣ ҷаҳонӣ шавем, зеро ин гирдоби беохире, ки миллату қавмҳои зиёдро ба коми нестӣ мебарад, забону фарҳанг ва урфу одатҳои созанда шаҳодатдиҳандаи онанд, ки ин муқаддасот аз мардуми давлатдор, китобдор, шаҳрдоре ҳаст, ки бо забони нобу муҳаббатофаринаш оламро ҷон бахшидаву бо фарҳанги оламгираш гаҳвораи тамаддуни дунёро таккон дода ва бо урфу одатҳои неку созандааш сулҳу ваҳдатро шиори ҳамешагии ин миллат кардааст.
Аммо сад афсўс, ки ҳама он тохтутозҳо, ғоратгариҳову хунрезиҳои лашкарони бегона ба ин сарзамини офтобиву биҳиштӣ таъсири манфии фарҳанг ва урфу одати хешро гоҳе иҷборан ва гоҳе ғайриихтиёр бо фарҳанги волои мо омехта карда, иҷрои онро вазифаи муҳими ҳар ватандор мешумориданд. Ин буд, ки имрўз, мутаассифона, дар раставу хиёбонҳо, корхонаву идораҳо ва бозорҳо занону мардоне ба чашм мерасанд, ки таблиғгари либосу фарҳанги ғайримиллӣ ва бегона мебошанд. Аз ҷумла, иддае аз ҷавонписарон бешармона бо либосҳои нимбараҳна, ронинҳо (шортҳо) дар бар ва пойафзори резинӣ (сланс) дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гурўҳ-гурўҳ нишаста, бо забони қабеҳи ба модару миллати мо бегона оромии ҷомеаро халалдор менамоянд. Ё ин ки қисми ками ҷавондухтарон худнамоӣ карда, бехабар аз фарҳанги бою рангини пўшидани либоси ниёгон, дар либоси нимбараҳна ва ё либосҳои ноаёне, ки дар дохили он зан ё мард буданаш маълум нест, ҳамзамон бо пӯшидани либосҳои сиёҳу торик ва ниқобдор, шиму болопўшҳои мардонаи танг, ки тамоми узви баданашон намоён аст, ба ҷойҳои ҷамъиятӣ ворид шуда, таъсири манфии худро ба фарҳанги безаволу оламгири мо мегузоранд. Ҳатто меҳмонони Тоҷикистони азизамон эҳсос карда наметавонанд, ки дар сарзамини бузургони адабиёту фарҳанги оламгир қарор доранд. Фарҳанги либоспӯшии мо дар гузашта ҳанўз меъёри худро дошт ва имрўз ҳам бояд дошта бошад.
Поягузори назми классикии тоҷику форс, устоди сухан Фирдавсии бузург дар замоне, ки чунин тохтутозҳо ва нооромиҳо вуҷуд дошт, дар аҳди Султон Маҳмуди хунхор таблиғгари фарҳангу забони миллии хеш гашта, эҳтироми ин муқаддасотро то ба сурайё бурд. Бо забони нобу гуворои тоҷикӣ асари безаволи худро эҷод намуда, ҳар қаҳрамони он бо забони модарӣ бо ифтихор ва худшиносии воло сухан мегўяд. Ҳамзамон қаҳрамонҳои ин асар новобаста аз мақому мартабаи доштаашон дар либоси миллӣ қарор дошта, муаррифгари давлату миллати хешанд. Дар майдонҳои бузурги набард ин миллат ва давлатро аз Парчам ва сару либоси доштаашон мешинохтанд. Аз ҷумла Рустам, Сӯҳроб, Шоҳқубод, Рӯдоба, Таҳмина, Гурдофарид, Манижа, Фарангис ва амсоли инҳо муаррифгари давлату миллати хеш дар замони худ буда, имрўз ҳам мардум аз онҳо ифтихор доранд. Имрўз ҳам агар сухан дар бораи Рӯдобаву Таҳмина, Гурдофариду Фарангис ва Манижа биравад, хонандаи арҷманд пеши назар фарзандҳои фарзонаи аҳди Сомонро бо сарулибоси доштаашон ва мардонагиашон дар майдони набард барои ҳимояи марзу бумашон меоранд ва мешиносанд, ки ин қаҳрамонҳо муаррифгари кадом давлат ва миллатанд.
Дар ҳолати ҷаҳонишавӣ қарор доштани мо ва парастиши фарҳанги бегона, мутаасифона, ин шаҳомат, бузургӣ ва забону фарҳанги ҷаҳонии моро метавонад ба осонӣ аз байн бубарад.
Тақлидҳо ба либоси бегона ва бегонапарастӣ як ҷуъзи рахнашавӣ ба забон, фарҳанг ва урфу одатҳои миллиамон буда, он метавонад дар солҳои пасин оқибатҳои нохуш, аз ҷумла аз байн рафтани миллату фарҳангро ба миён биоварад.
Истилоҳи маъмули «худкуши бегонапараст» низ шояд дар ҳамин давраҳои пурталотум ба миён омадааст, ки то имрўз пирони кордида онро дар ҳолатҳои зарурӣ вирди забон меоранд.
Агар дар давоми 70 соли Шўравӣ мо тавонистем беҳтарин рисолатҳои миллӣ, ба монанди эҳтиром ба бузургон, шинохти чор пир ва чор тадбир, оддитарин салом, арҷ гузоштан ба забонро аз даст дода бошем, пас дар давраи тохтутози Искандару арабу муғул омехташавии фарҳангҳо ба назар мерасиданд ва фарзандони фарзонаи миллат, аз ҷумла модарон тавонистанд забонро бо ҳама шаҳомат ва покизагӣ аз нестшавӣ эмин нигоҳ доранд ва ин забон таи ҳазорсолаҳои дигар барои миллати тоҷик хизматҳои арзандаи хешро ба анҷом расонидааст.
Ҳамзамон, мо метавонем ин гуна афкорро нисбат ба либоси миллӣ иброз дорем, ки он ҳам муаррифгари миллату фаҳанг буда, метавонад моро то безаволӣ бубарад. Куртаҳои зебо ва сариҳо ё рўмолҳои хурду бузурге, ки бо ҳикмат дар сар баста мешаванд, аз модарону момоёни мо то имрўз беҳтарин либосҳои миллӣ дар минтақа шинохта шуда, ҳар зан- сайёҳе, ки ба Ватани мо қадам ранҷа бикунад, ҳатман дар либоси тоҷикӣ худро ҷой дода, аз он ифтихор ҳам мекунад, ки либоси модари тоҷик, модареро, ки Имоми Аъзам, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Хайём, Ҳофизу Саъдӣ, Носири Хусраву Камоли Хуҷандиро ба дунё овардаву тарбия намудааст, дар бар дорад.
Инсонҳо дар олам ба хотири ҷовидон мондан ва таъсири хубе бар дигарон расонидан аз муқаддасоти миллиашон бештар ба забон, фарҳанг, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва урфу одатҳои созандаашон арҷгузоранд, зеро тақлид мисли бемории табобатнашавандае аст, ки бузургтарин миллатро аз байн мебарад, чаманистонро ба хорзор мубаддал месозад, дар хонаҳо чуғзҳо макон мегиранд.
Аз ин рў, шоири шинохтаву ҷаҳонии мо тоҷикон фармуда аст:
Халқро тақлидашон барбод дод,
Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод!

 

ДУШАНБЕ, 17.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
1
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)

Кумитаи забон ва истилоҳот ба санҷиш баромад

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 25 Июл, 2017 - 12:30

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз имрӯз, 13 феврал то 1 марти соли равон бо мақсади татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар як қатор корхонаву муассисаҳои пойтахт, ки ба истеҳсоли маводи аудиовизуалӣ машғул мебошанд, санҷиш мегузаронад.

 

Тавре ки Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, санҷиш дар асоси банди 27-и моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва банди 9-и Низомномаи Кумита сурат гирифта, тӯли як ҳафта гурӯҳи кории Кумита фаъолияти Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ, КВД кино ва видеои «Тоҷиккино», ҶДММ «Тоҷикдиёр», «Саносинема», «Нурангез», «Адам», «Дарвозфилм», «Суҳайлсинамо», «Ҳамсадо», студияи «Амирӣ-медиа», студияи аудиовизуалии «Истиқлол» ва Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи техникии Тоҷикистон» ва дигар студияҳои хурдро мавриди санҷиш қарор медиҳад.
Ба иттилои Гавҳар Шарофзода, ҳамзамон чунин санҷишҳо дар 17 бозори шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд.

 

ДУШАНБЕ, 13.02.2017 /АМИТ «Ховар»/.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Гавҳар Шарофзода аз номҳои бегона ва ғайримиллӣ изҳори нигаронӣ кард

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 24 Июл, 2017 - 12:30

Санҷиш ва омӯзиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин нуктаро Гавҳар Шарофзода, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.

 

«Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар номгузории маҳалҳо ва кӯчаю хиёбонҳо, бо вуҷуди тағйири номҳои бегона ва ғайримиллӣ, мутаассифона, бархе аз камбудиҳо низ ба назар мерасанд. Ин ба такрори номҳои ашхос дар як ҷой ва ё дар чандин маҳалҳои дигар иртибот дорад. Аз ин рӯ зарур аст, ки Комиссияи номгузории назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои пешгирии ин раванд тадбирҳои мушаххас андешад»,-иброз дошт Гавҳар Шарофзода.

 

ДУШАНБЕ, 30.01.2017 /АМИТ «Ховар»/.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
1
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофзода: «ВАО дар тарғиби забони давлатӣ нақши назаррас доранд»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 23 Июл, 2017 - 12:30

«Мо бояд забони давлатиамонро мисли оинаи поку пурҷило нигоҳ дорем ва онро аз ҳар гуна олоишу омехтагиҳои нозаруру ғайриматлуб ҳифз намоем».

 

Эмомалӣ Раҳмон

 

Воситаҳои ахбори омма дар тарғиби забони давлатӣ нақши назаррас доранд. Мутаассифона, вақтҳои охир дар баъзе аз нигоштаҳои матбуоти даврӣ ва барномаҳои радиову телевизионҳои ҷумҳурӣ риоя нагардидани меъёри забони адабӣ масъулин, коршиносон ва олимони соҳаро ба ташвиш овардааст.
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъаларо баррасӣ намуда, вазъи иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар рӯзномаҳои даврӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дод. Кумита бо мақсади рафъи камбудиҳои ҷойдошта баргузории ҳамоишро бо иштироки васеи намояндагони матбуот тарҳрезӣ намуд ва бо мақсади ҷалби бештари рӯзноманигорон ба ин маъракаи машваратию омӯзишӣ эълони баргузории ин мизи мудавварро як моҳ пеш аз баргузории он тавассути сатри равон дар ҳамаи шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ таъмин намуд. Ҳамчунин ба ҳамаи нашрияҳо мактуби расмӣ ва даъватномаҳоро барои иштироки намояндагони онҳо пешакӣ ирсол намуда буд. Вобаста ба натиҷаи таҳлилу омӯзишҳои мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳот олимони соҳаи забоншиносӣ маърӯзаҳои илмӣ-оммавӣ омода карда буданд. Дар назар дошта шуда буд, ки аз ҳар як нашрияи даврӣ бо нишон додани хатогиҳои маъмулӣ намунаҳо оварда мешаванд.
Баргузории ҳамоиш нимаи аввали рӯзи 20 июни соли равон дар толори Академияи ВАО ба нақша гирифта шуда буд. Боиси таассуф аст, ки бо сабаби ба ҳамоиш наомадани намояндагони матбуоти даврӣ баргузории он бо иштироки васеи рӯзноманигорон ба вақти дигар гузошта шуд.
Барои иштирок дар мизи мудаввар намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, Вазорати маориф ва илм, Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон, устодони Донишгоҳи миллӣ, олимони соҳаи забоншиносӣ Баҳриддин Камолиддинов, Шаҳбоз Кабиров, Рустам Ваҳҳобзода, намояндагони Академияи ВАО бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво ва таҳлили амиқи рӯзномаҳо ҳузур доштанд.
Сармуҳаррирон, муҳаррирон, котибони масъул ва ходимони адабии матбуоти даврии кишвар, ки мизи мудаввар маҳз барои онҳо ва беҳтар намудани вазъи риояи муқаррароти «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар рӯзномаҳои даврӣ нигаронида шуда буд, бо сабабҳои номаълум ба ҳамоиш ҳозир нашуданд.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофзода дар ин маврид дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт: «Ҳамчун як рӯзноманигор маро наомадани намояндагони матбуоти даврӣ ба ин ҳамоиши барояшон бисёр муҳим, ки дар он масъалаи нигоҳ доштани асолат ва риояи меъёрҳои забони адабӣ баррасӣ мегардид, дар таассуф гузошт. Рисолати аввалини ҳар рӯзноманигор, пеш аз ҳама, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад. Ҳамин забон буд, ки моро ҳамчун миллат дар фарози таърих нигоҳ дошт. Пас ин амали онҳоро чӣ гуна бояд маънидод кард?!
Новобаста ба ин ҷамъомадагон мавзӯи мавриди назарро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба рафъи камбудиҳои ошкоршуда ибрози андеша намуданд.
Аз ҷумла муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатшо Матробиён изҳор намуд: «Дар асоси банди 6-и моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад. Мутаассифона, ходимони адабӣ, муҳаррирон ва сармуҳаррирони матбуоти даврӣ талаботи қонуни мазкурро пурра риоя намекунанд».
«Мо мехостем ба сармуҳаррирони нашрияҳои даврӣ иттилоъ диҳем, ки дар саҳифаҳои матбуот калимаҳои арабии ба омма номафҳум зиёд гардидаанд, ки он боиси мушкил ва норозигии хонандагони рӯзномаю маҷаллаҳо гардидааст », — афзуд С. Матробиён.
Дар ҷамъомад Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофзода ба ҳозирин аз ҳамаи нашрияҳои даврӣ саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳоеро, ки аз ҷониби коршиносони Кумита хатоҳои имлоиву мантиқиашон ислоҳ гардида буд, нишон дод. Дар онҳо муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» риоя нагардида буданд ва онҳо ба хеҷ ваҷҳ набояд дар ин шакл пешниҳоди хонандагон мегардиданд.
Гавҳар Шарофзода ҳамчунин зикр кард: «Мақсади баргузор намудани мизи мудаввар ба ҳамкорӣ даъват намудани рӯзноманигорон бо Кумита ва ислоҳи вазъи мавҷуда мебошад. Зеро таблиғгари забон ва фарҳанг, пеш аз ҳама, намояндагони матбуот мебошанд ва истифодаи нодурусти калима ё ислоҳот дар саҳифаҳои матбуот оқибатҳои ногувор дошта метавонанд».
Профессори Донишгоҳи миллӣ Баҳриддин Камолиддинов дар ин маврид зикр кард: «Вақтҳои охир дар баъзе рӯзномаҳо меъёри забони адабӣ риоя намешавад. Як сабаби риоя нашудани меъёрҳои забони адабиро аз тақлидкории баъзе журналистон медонам, ки фаҳмида-нафаҳмида калимаҳову истилоҳоти аз ҳамзабонони ҳамсоя шунидаи худро дар забони рӯзномаҳо ҷорӣ кардан мехоҳанд. Ин кор дуруст нест, зеро забони адабии тоҷикӣ ба забони ҳазорсолаи классикӣ наздик аст. Забони тоҷикии мо дар фасоҳату шевоӣ беназир аст. Мо бояд ин забонро қадр кунем, асолати онро ҳифз намоем. Намояндагони матбуоти даврӣ то имрӯз дар ин амали наҷиб нақши босазо доштанд ва умедворем, ки насли нави матбуоти тоҷик низ идомадиҳандаи он аст».
Дар фарҷоми ҷамъомад иштирокдорони он вобаста ба мавзӯи матраҳшуда якчанд дархосту таклифҳои муфидро пешниҳод намуданд. Аз ҷумла пешниҳод гардид, ки забони рӯзномаҳои даврие, ки ба меъёри забони адабӣ ҷавобгӯ нест, дар доираи талаботи қонун фаъолияташон боздошта шуда, омӯзиши забони давлатӣ ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ барои кормандони матбуоти даврӣ мунтаззам ба роҳ монда шаванд. Ҳамчунин пешниҳод шуд, ки дар рекламаҳои рӯзномаҳою маҷаллаҳо тарғиб ва ташвиқи забони давлатӣ мунтазам ба роҳ монда шавад.

ДУШАНБЕ, 22.06.2017 /АМИТ «Ховар»/.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 4 (1 овоз)

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот: «Ҳазорвожаи пизишкии Фарҳангистон» нашр мегардад»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 22 Июл, 2017 - 12:30
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот: «Ҳазорвожаи пизишкии Фарҳангистон» нашр мегардад»

Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон китоби «Ҳазорвожаи пизишкии Фарҳангистон» қисмҳои 1 ва 2 бо тафсирҳои иловагии истилоҳот ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия ва мунташир гардад.
Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки китоби мазкур аз ҷониби мутахассисони Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр мегардад ва дастовезест ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба иттилои Гавҳар Шарофзода, дар таҳияи китоби «Ҳазорвожаи пизишкии Фарҳангистон» аъзои Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони варзида ҷалб гардидаанд.
Таҳия ва нашри чунин китобҳо дар оянда дар соҳаҳои дигари тахассусӣ низ дар нақшаи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Душанбе, 01.08.2016. /АМИТ «Ховар»/.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Санг бар об задам оҳ,оҳ,оҳ… бигуфт

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 21 Июл, 2017 - 12:30
Санг бар об задам оҳ,оҳ,оҳ… бигуфт

Маҷмаи Умумии СММ якдилона қатъномаеро, ки ба барномаи сеюми байналмилалии «Об барои рушди устувор» оғоз мебахшад, қабул намуд. Ин барнома аз соли 2018 то 2028 идома меёбад. Қатъномаро 177 давлати аъзои СММ ҷонибдорӣ кардаанд.

Ин хабар дар қатори он хабарҳои некест, ки тоҷику тоҷикистониёнро хушҳол гардонид. Ин мулк ва ин сарзаминро бори дигар ба ҷаҳониён ҳамчун як кишвари обод, озод ва сулҳофару ободкор дар ҷаҳон муаррифӣ кард. Ҳар қадами устувор ва ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хирадмандӣ ва фарзонагии ин Сарвари оқилу доно буда, ҷаҳониёнро аз гузаштаи дури таърихӣ ва фарҳанги пурғановати ин миллати барӯманд ҳушдор медиҳад.

Ҳанӯз ниёгони хирадманд, оқилу доно ва некназари мо ба об ҳамчун ба яке аз неъматҳои осмонӣ саҷда мекарданд, арҷ мегузоштанд ва эҳсоси шукргузориро ба ҷо меоварданд. Ниёгони баруманди тоҷик, ки дар гузашта онҳоро Суғдиён ё Ориёиҳо меномиданд, аз ҷомеаи афсонавӣ ва бедори хеш даъват бар он доштанд, ки табиат бо об ва инсон бо дуо поянда ва некному безавол буда метавонад. Яке аз ҳидоятҳои хурду бузурги миллати некноми мо «об неъмати илоҳист», «дар об туф кардан гуноҳ аст» буд, ки он ҳанӯз дар ҳазораи аввал эҳтиромро нисбат ба об-ин неъмати бебаҳо муайян мекард. Яъне ба софу зулол ва муқаддасу покиза нигоҳ доштани ҳар чашмаву рӯдхона, ҷӯйбору чоҳҳое, ки мардум барои зиндагии тозаву озодаашон аз инҳо истифода мекарданд, даъват менамуданд. Аз ин рӯ об низ яке аз неъматҳои бебаҳои инсонист, ки инсон, замину осмон, наботот ва ҳамаи ҳастиро ба ҳам мепайвандад, нумӯъ мебахшад, табиатро зинда нигоҳ медорад, ё дар ҳолати беэҳтиромӣ бар ӯ замину замонро ба коми худ мебарад, хашм пеш меорад, ғазаб мекунад.

Дар тӯли зиёда аз 6000-соле, ки миллати баруманду бофарҳанг ва арҷманди тоҷик пушти сар кардааст, тохтутозҳои зиёди душманон ин миллату ин ватани биҳиштиро тавонистанд, пора- пора намуда, қисме аз хоки муқаддаси мардуми сарбаландро бо хунрезиҳои зиёд аз худ бикунанд, вале натавонистанд аз вуҷуди онҳо ифтихори милливу ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳиро дур бисозанд.

Ҳар хонаводаи тоҷик имрӯз бо фарзандон, аҳли байт ва хешу ақрабои худ аз тарбияи неки хонаводагии ниёгон ёд карда, ба фарзандон бо ифтихори волои ватандорӣ арҷгузорӣ ба забон, таърих ва фарҳанги неки ниёгонро меомӯзанд. Арҷ гузоштан ба об низ аз суннати неки хонаводагӣ буда, он мисли занҷираҳо моро бо гузаштаи дури таърихӣ мепайвандад.

Даъватҳо ва ривоятҳои зиёдеро нисбат ба эҳтироми об ин миллати сарбаланд ба фарзандон мерос гузоштааст.

Аз ҷумла, ҳангоми хушксолӣ омадан мардум дар заминҳои кишт ё майдонҳои назди ҳавлиҳои худ ҷамъ омада, ба осмон муроҷиат мекарданд ва муноҷоткунон месароиданд:

Ашагулони ростина,
Як бор биҷумбон остина.
Гандуми сабз хушк шудаст,
Бар мо бирезун боруна.

Ё худ ҳангоми гусели меҳмонҳо аз хона, ё фарзандон ба роҳи дур ба хотири барори кор ва саломат расидан то манзил аз пушти онҳо об мепошанд, зеро об рамзи покӣ ва рӯшноист. Ҳангоми ҷашни Наврӯзи оламафрӯз низ бо муҳаббат ва эҳсоси шодмонӣ пиру ҷавон ба ҳам об мепошанд ва Наврӯзро шодбош мегӯянд, ки ин ҳам эҳтиром нисбат ба об чун яке аз мӯъҷизаҳои нотакрори табиат аст.

Офаридгор осмону заминро офарид ва ба ҳар мавҷуди рӯи олам ҷон ба амонат супорида, дар вуҷуди он кинаву адоват, меҳру муҳаббат, садоқату вафо, эҳсоси некиву бадиро ҷой дод. Зинда мондани табиат, ки зиннати замину замон аст, ба об пайвастагии хосе дошта, барои пойдории осмони софу ҳавои беғубор, замини гул-гулшукуфону боғҳои ҳамешасабз асос мегузорад.

Модари бузургворам ҳангоми тарбияи хонаводагӣ ба мо фарзандон аз муқаддасоти ба мерос мондаи ниёгон ривоят мекарданду мегуфтанд, ки фарзандони гиромӣ, дӯст доштани Ватан аз гӯшаи эмондорист, арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги ниёгон фарз аст, ифтихор аз миллати хеш дар шараёнҳои хуни ҳар фард ҷо дорад ва он ҳам фарзу ҳам қарз мебошад.

Дар хотир доштан ва риоя кардани урфу одатҳои неки ниёгон вазифаи ҳар кадоми мост.

Аз ҷумла, барои эҳтиром гузоштан ба об ҳангоми онро нӯшидан ҳатман бояд нишаста бинӯшем ва баъдан шукрона бигӯем. Обро аввал хурди хона бояд бинӯшад. Исрофкорӣ ҳаром аст, аз ҷумла исрофи об. Ҳангоми аз чашма оҳувор об нӯшидан бояд баъди шодоб шудан аз чашма чанд қадам дур рафта, баъд хасу хоку хошокеро, ки аз замин ба либосҳои мо часпидааст, биафшонем, зеро дар болои чашмае, ки аз он об нӯшидем, хасу хошок афшонидан, беэҳтиромӣ нисбат ба об-сарчашмаи ҳаёт ба ҳисоб меравад. Об ҳам эҳсос дораду некиро аз бадӣ фарқ мекунад, эҳтиромро аз беэҳтиромӣ дарк менамояд, танҳо об забон надораду халос, иброз медоштанд модарам. Об нафас мекашад, об зиндагиро дӯст медорад ва покизагиро мепарастад. Аз ин рӯ нопокиҳоро бо амри ёри осмониамон танҳо об шуста, аз хонаву дару девори мо тоза мекунад.

Ҳангоме, ки донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе гаштам, ҳар тобистон ба мо иҷозат медоданд, ки дар ҷое кор бикунему то оғози соли нави таҳсил тавонем бо маблағи пайдокарда аз кори тобистонаамон китобу дафтар ва дигар маводи зарурӣ бихарем. Ман низ мисли ҳамсабақҳоям тобистон ба лагери тобистонаи донишгоҳӣ- «Ҳамсафар», ки он дар дараи хушманзари Ромит ҷойгир буд, мерафтам. Танҳо ҳамфикр ва ғамгусорам дар лаҳзаҳои фориғ аз кор соҳили дарё буду навои обшорон. Ҳар шохоб ва мавҷи дарё гӯё ба гӯшам таронаи зебоеро месароид, ки гоҳ бо мавҷи дарё суҳбат мекардаму гоҳе бо шохобчаҳои он рози дил мегуфтам.

Рӯзе дар соҳили дарёи Кофарниҳон нишаста, ёди хонаи бачагӣ, ҳавлии падариам, ёди падару модар, хоҳару бародар ва хотираҳои дигар мекардаму он маро ором намегузошт, сангчаҳоро ба об ҳавола дода, ҳиқ-ҳиқ гиря мекардам, ором намешудам, шояд ғазаб буд ё аз беақлӣ санги калонтареро гирифта, намедонам барои чӣ, ба оби дарё партофтаму аз садои болошудаи об дар ҳайрату лол мондам. Об гўё «о ҳ ҳ ҳ ҳ» гуфт, ки садояш вуҷудамро ларзонд, дилам ба дард омад. Ў гӯё аз ман қаҳр карда бошад, бо як садои гӯшхарош аз канорам мерафт, дигар бо ман ҳамфикр ва ғамгусор набуд. Ҳамон оҳе, ки аз қаъри дарё ба гӯшам расида буд, маро ором намегузошт. Ба ҷои хоб баргаштам. Мисли ҳама ҳамсолону ҳамсабақҳоям ман низ кам- кам шеър мегуфтам. Он садои об гӯё аз домонам кӯдаквор дошта, маломатам мекард, ки ман чӣ гуноҳ кардам ба сарам санги маломат задӣ? Бе ибо навиштам:

Санг бар об задам, оҳҳҳ бигуфт,
Духтари соддаи бедарду алам.
Ман ки шодоб кунам мулки туро,
Мезанӣ санги маломат ба сарам?
Духтари соддаи бедарду алам…

Аз байн солҳо гузаштаанд, соҳили баҳрҳову дарёҳои зиёдеро дидам, аммо дигар ҳаргиз ҳатто сангчаеро ба хотири ба сари об задан ба даст нагирифтам. Ман худро гунаҳкор меҳисобам пеши он оби софу зулоле, ки ташнагии ману азизони маро мешиканад, заминҳои ташналабро шодоб мегардонаду нозу неъмати дастурхони хонаводагии моро ранг мебахшад. Ман узр мепурсам ва кош он рӯдхонаву сарчашмаҳо, чашмаву дарёҳо, баҳрҳову шохобҳо маро бишунаванд ва бо иҷозати пири об гуноҳи маро бубахшанд. Шояд об-мӯъҷиза низ домони маро сар диҳад, зеро мудом гумон дорам, ки он дӯсти домангири ман, ки Об ном дорад, аз ман хеле малол гаштааст. Охир пайванди аввалу охири мо дар рӯи олам об асту халос. Чун чашм ба олами ҳастӣ кушодем, бо шукргузорӣ моро бо об мешӯянду пок мекунанд ва чун ҷон дар лаб дорем, ба мо то лаҳзаҳои охир об мечаконанду баъд боз бо ин мӯъҷизаи осмонӣ мешӯянду ба он ҷое мегузорандамон, ки аз он ҷо сабзидаем. Пас чаро ман аз Об-мӯъҷизаи заминиву осмонӣ узр напурсам, ки маро ин қадар меҳрубон аст? Ҳоқонии Шервонӣ беҳуда нафармудааст:

Зи ҷўе, ки хӯрдӣ аз ӯ оби пок,
Нашояд фикандан бар ӯ сангу хок…

Гавҳар ШАРОФЗОДА,
доктори илми филологӣ

ДУШАНБЕ, 03.03.2017 /АМИТ «Ховар»/.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гавҳар Шарофзода: «Кас аз дасту забони худ маёзор…»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Июл, 2017 - 12:30

3 февралро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо забони ғайримеъёрӣ ба хотири тоза нигоҳ доштани забон аз калимаҳои қабеҳ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳли ҷомеа ҷашн мегиранд. Забони ҳар як халқ, аз ҷумла миллати тоҷик баёнгари нияту ормон, орзую омол, ақида ва мақсаду мароми фарзандони он ба ҳисоб меравад. Эҳтиром, ҳифз ва тоза нигоҳ доштани забони модарии мо вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст.

Дар робита ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», тоза нигоҳ доштани забони модарӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода ҳамсуҳбат шуд.

«Ховар»: Бигӯед, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ ҳамчун пешбарандаи сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои назорат ва пешгирии истифодаи забони ғайримеъёрӣ чӣ тадбирҳо андешидааст ва меандешад?

Гавҳар Шарофзода: Забони ягонаи миллӣ ба ҷомеа шароити мусоидро баҳри амалӣ гардидани муошират дар самтҳои гуногуни фаъолият муҳайё месозад. Забон пайвандгари иртиботи фарҳангиву адабӣ байни манотиқи гуногуни дунё маҳсуб мешавад. Танҳо забони адабӣ, ки ҳамчун воситаи муоширати як ҷомеаи мустақили забонӣ мебошад, мардумро дар таркиби як воҳиди маъмурӣ, як кишвар муттаҳид месозад. Чунончи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват бар он доранд, ки: «Ифтихори миллӣ аз донистани забони адабӣ оғоз мегардад, барои ҳамин дақиқ омӯхтани забон бояд аз хонавода шурўъ шавад, баъдан дар муассисаҳои томактабӣ, мактаб, донишгоҳҳо, корхонаҳо вусъат ёбад». Бинобар ин, барои ҳамаи соҳибзабонон зарур аст, ки забони адабӣ ва меъёрҳои онро донанд ва онро аз забони ғайримеъёрӣ ё ғайриадабӣ муҳофизат намоянд. Албатта, Кумитаи забон он ваколатҳоеро, ки дар салоҳияти худ дорад, баҳри ҳифзи забони адабӣ истифода мекунад. Аз ҷумла, фаъолияти комиссияҳои забонро, ки дар тамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо амал мекунанд, ҷиҳати пайваста баргузор шудани курсҳо барои омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», ки яке аз қисматҳои асосии меъёри забони адабӣ мебошад, назорат мебарад.

«Ховар»: Дар бисёр ҳолатҳо кӯдакон зимни бозӣ ҷангу хархаша карда, якдигарро ҳақорат мекунанд. Ба андешаи Шумо кӯдакон дашномро аз кӣ ва дар куҷо ёд мегиранд?

  • Шарофзода: Оила яке аз омилҳои асосие мебошад, ки он барои фарзандон метавонад таъсири манфӣ ё мусбати худро гузорад. Яъне, муносибат, эҳтиром, фарҳанги воло доштан, ба суннатҳои неки ниёгон арҷ гузоштан, забонро аз бадгӯйӣҳифз намудан, яке аз омилҳои муҳим дар ҳифзи арзишҳои инсонӣ буда, саргаҳи он оила ё хонавода ба ҳисоб меравад. Фарзандон назораткунанда ва пешбарандаи ҳама он ахлоқ ва одобе мебошанд, ки падару модар дар идора кардани хонавода аз он корбаст менамоянд. Аз ин рӯ, дашном, ҳақорат, суханҳои қабеҳро чун бузургони хонавода ба забон меоранд, фарзандон онро пайгирӣ мекунанд ва таъсири он ба муҳити беруна, ба фарзандони дигар хонаводаҳо низ мерасад. Гузаштагони арҷманд ва барӯманди мо мактаби хеле бузургеро бо номи тарбияи хонавода дар рӯзгор роҳандозӣ карда буданд ва мудом даъват аз эҳтиёт ва эҳтироми арзишҳои суннатии неки ниёгонро доштанд, аз ҷумла назди фарзанд бо эҳтиром сухан гуфтан, забонро аз алфози бад нигоҳ доштан, зеро хотираи фарзанд нақше дар сангро мемонад ва он хотира дар давоми умри ба сар бурдаи фарзандонамон рўшанибахши ҳаёти осоишта ё саргардоне аст, ки мо, падару модар ва наздикон ба фарзанд ба мерос гузоштаем. Аз ин рӯ, хонавода поягузори лаҳни шево ё дағали фарзандон мебошад.

«Ховар»: Имрӯз на танҳо ҷавонон, наврасону калонсолон, ҳатто баъзе роҳбарони сатҳи поён низ дашномро истифода мекунанд. Дар сурате ки забони роҳбарон бояд барои тарғиби забони адабӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани он намуна бошад. Оё чунин тарзи муносибати дағал бо зердастон ва истифодаи алфози қабеҳ метавонад ба шаъни роҳбарон зебанда бошад?

Гавҳар Шарофзода: Мо тоҷикон фарҳанги ғанӣ ва хеле қадима дорем, ки ҳанӯз бузургони ин миллати барӯманду арҷманд дар худ як мактаби бузурге бо номи идора кардани равонии хешро ҳангоми баҳсҳои илмиву оммавӣ, хашм пеш наовардан ва забонро аз гуфтори баду қабеҳ нигоҳ доштан ба аҳли ҷомеа меомӯзониданд. Аз ҷумла, бузурге фармудааст:

Магӯ нохуш, ки посух нохуш ояд,
Ба кӯҳ овози хуш гӯ, то хуш ояд.
Ё худ:
Гар модари хеш ту дӯст дорӣ,
Дашном мадеҳ ба модари ман.

Ҳар як фард дар рӯи олам муаррификунандаи хеш дар ҳама ҷабҳаҳо, аз ҷумла кору кирдор, рафтору гуфтори худ буда метавонад. Шахсе, ки аз ширинии алфози модар огоҳ нест, дилсӯз, меҳрубон ва худшинос буда наметавонад. Инсонҳо дар олам аз муносибат бо наздикон, зердастон, азизон, фарзандон, хешу таборон ба ҳам азиз мегарданд ё бегона. Ба қавле:

Ба лутфу марҳамат дилҳо нигаҳ дор,
Кас аз дасту забони худ маёзор.

«Ховар»: Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки истифодаи каломи қабеҳ хашму ғазабро паст мекунад ва аз баъзе филмҳои амрикоиву русӣ мисол меоранд, ки дар онҳо низ ҳақорат истифода мешавад. Аммо аксаран бо ишора ба суннатҳои миллӣ истифодаи ҳарфи бадро камоли бемаданиятӣ мехонанд. Пешгирии вуруди чунин филмҳои ба фарҳанги мо бегона метавонад садди роҳи тарғиби забони ғайримеъёрӣ гардад?

Гавҳар Шарофзода: Истифодаи калимаи қабеҳ хашму ғазабро паст намекунад, зеро аз нигоҳи равоншиносӣ низ инсон баъд аз пош додани қаҳру ғазаб дер боз ақли худро идора карда наметавонад. Ҳатто ин ҳолат инсонро ба гумроҳӣ мебарад. Дар тафсири яке аз ҳадисҳо Саҳеҳи Бухорӣ фармудааст:

«Шахси ғазаболуд ҳамавақт мағлуб аст».Ҳақ бар ҷониби ин мутафаккири бузург мебошад.

Пешгирии тарғиби забони ғайримеъёрӣ дар забони филмҳое, ки тарҷума шуда, ба бинандагон пешниҳод мегарданд, мумкин аст, зеро тарҷумони оқил метавонад ин ҳолатро бо як маҳорати хуби тарҷумонӣ дар доираи меъёри забони адабӣ ва фарҳанги миллии худ бо ишора ё гуфтор ва суннати неки миллӣ пахш намояд, на бо тарҷумаи таҳтуллафзӣ ва қабеҳ асаби бинандаро хароб гардонида, онро ба чунин кирдори ғайриинсонӣ ё истифодаи лафзи қабеҳ даъват намояд.

«Ховар»: Ба андешаи бархе аз ҷомеашиносон кишваре, ки ҷанг ё буҳрони сиёсиро аз сар мегузаронад, дар он чунин падидаҳои манфӣ, яъне ҷои меҳру шафқат ва эҳтиром бераҳмиву беэҳтиромӣ ва ҷои сухани нарм сухани дурушт ё ҳақорат пайдо мешаванд. Вале дар марҳилаҳои баъдӣ бояд ҷомеа аз паси ислоҳи он биравад. Имрӯз дар баъзе аз кишварҳо истифодаи алфози қабеҳ ва дашном дар маконҳои ҷамъиятӣ қонунан манъ мешавад. Оё дар Тоҷикистон низ барои ба воситаи қонун манъ кардани забони ғайримеъёрӣ фурсат нарасидааст?

Гавҳар Шарофзода: Ман ба андешаи бархе аз ҷомеашиносон, ки гӯё кишваре, ки ҷангро пушти сар кардааст, мардумаш ҷои меҳру шафқат бераҳмиву беэҳтиромӣ ва ба ҷои сухани нарм сухани дуруштро ливо мекарда бошанд, розӣ шуда наметавонам.

Сарчашмаҳои зиёди таърихӣ гувоҳанд, ки кишварҳои ҷангзада бо ҳам бо муҳаббат ва эҳтиром муносибат дошта, садоқату вафоро шиори доимии худ гардонидаанд. Аз ҷумла, магар дар тамаддуни миллати мо сарзамини бузурги аҷдодиамон кам кашмакашу ғорат, хунрезиву таҳқирро пушти сар кардааст? Албатта не! Барои мисол ҳуҷуми Искандар, Чингиз, арабҳо ин ватани биҳиштосоро зери суми аспҳои ваҳшии худ қарор дода, мардуми сарбаланду мағруру ифтихормандро кам сар буридаву ба асорат бурдаанд? Боз ҳам миллати тоҷик тоҷ бар сар, сарфароз, фозилу хирадманд мондааст.

Имрӯзҳо фарзанди фарзона ва номбардори таърихи гузаштаву имрӯзаи тоҷик боз ҳам мардуми оламро ба сулҳу субот, садоқату вафо, муҳаббату эҳтиром ба ҳам аз минбарҳои баланд даъват менамояд. Ман гумон дорам, ки миллати барӯманду сарбаландро ҳеҷ зарурате нест, ки дар доираи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ истифодаи забони ғайримеъёриро манъ созем, зеро ба ин талабот фарзандҳои ин сарзамин ниёз надоранд. Агар бошанд, ками дар кам ба назар мерасад, он ҳам бо таъсири фарзонагии ҷомеа ва мардуми хирадманд забони худро аз истифодаи алфози қабеҳ нигоҳ медоранд.

Хулоса, ба табиати хушгуфториву нармгуфтории забонҳо ҳеҷ як рӯйдоди сиёсӣ ва ҷангу низоъ монеа шуда наметавонад ва фарҳанги гуфтори забони тоҷикӣ низ аз чунин камбудиҳо орӣ мебошад.

«Ховар»: Шумо дар нишасти матбуотӣ изҳор доштед, ки забони тарҷумаи студияҳои ғайридавлатиро, ки ба назари Шумо ба меъёрҳои забони тоҷикӣ мувофиқ нестанд, месанҷед. Студияҳоеро, ки номбар кардед, студияҳои навтаъсиси ғайридавлатӣ буданд. Оё забони тарҷумаи филмҳои киностудияи «Тоҷикфилм» ва ё ТВ «Сафина» пурра ба ин талабот ҷавобгӯ ҳастанд?

Гавҳар Шарофзода: Дар иртибот ба ин масъала дар Кумита ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ин соҳа бо даъвати намояндагони студияҳои хусусӣ ва давлатӣ ҷамъомад баргузор гардида буд. Ва бартараф намудани камбидиҳои забони тарҷумаи филмҳои тамоми шабакаҳои тарҷумакунанда мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Албатта, ҳанӯз бисёр истилоҳот дар филмҳои ТВ «Сафина» ва киностудияи «Тоҷикфилм» нодуруст садо медиҳанд, вале дар қиёс бо студияҳои хусусӣ он хеле беҳтар буда, то ҳадде ба талаботи забони адабӣҷавобгӯ мебошанд. Ҳамзамон Кумита тасмим гирифтааст, ки забони тарҷумаи филмҳои студияҳои ғайридавлатӣ ва давлатиро дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор дар соли 2017 аз нигоҳи экспертизаи забоншиносӣ ва истилоҳнигорӣ бисанҷанд.

«Ховар»: Дар маводи ВАО, ки мардум бештар дар забон ва ҳусни баён ба онҳо такя мекунанд, қоидаҳои забони давлатӣ риоя намешаванд. Масалан, шакли ҷамъбандӣ (менависанд ва мегӯянд: «Дар Сурия ҳазорҳо нафар одамони бегуноҳ кушта шуд»; «Ҳазорҳо шаҳру деҳот харобу биёб гардид»; «мақомотҳо»; «навоҳиҳо»; «ахборот»; «ахборотҳо»), номи расмии вазорату идораҳо («масалан, ба ҷои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр менависанд “шаҳрдорӣ») риоя намешавад. Баъзе нашрияҳо дар як ҷумла чанд калимаю ибораи тоҷикӣ ва русию англисиро якбора ҷой мекунанд… Вобаста ба ин ҳолатҳо Кумита чӣ тадбирҳо меандешад?

Гавҳар Шарофзода: Вобаста ба забони рӯзномаву маҷаллаҳо кормандони Кумита вазифадор гардидаанд ва мунтазам забони ин нашрияҳоро мавриди ташхиси забоншиносӣ қарор медиҳанд. Айни замон, шумораҳои якмоҳаи забони рӯзномаҳои даврӣ ва хусусии кишвар, ки аз нигоҳи риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ мавриди экспертиза қарор дода шудаанд, барои корбарӣ ба Вазорати фарҳанги ҶТ ирсол хоҳанд гардид.

«Ховар»: Назари Шумо ба номҳои ширкатҳои маъруфи ҷаҳон, аз қабили Ашан, Coca-Cola, Mercedes, KFC, зеро дар тамоми дунё ин ширкатҳо бо ҳамон ном ва тарзи навишту ҳуруфи навишт бренд доранд. Агар сухан дар бораи номи идораю муассисаҳо ва ширкатҳои ватанӣ меравад, пас номи ТАЛКО низ тоҷикӣ не, балки русист (Таджикская алюминиевая компания). Интихоби ин ном барои шӯҳрат ёфтан ё рекламаи маҳсулоти ин корхона дуруст аст, он дар пайравӣ ба корхонаҳои машҳури «Дубал», «Русал», «Суал» ва ғайра номгузорӣ шудааст. Баъзеҳо чунин ақида доранд, ки дар номгузорӣ бояд шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ озод бошанд. Шумо чӣ назар доред?

Гавҳар Шарофзода: Аз саволи пешниҳодшуда маълум мегардад, ки масъалаҳои тамғаҳои молӣ ва мушкилоти номгузории ташкилоту муассисаҳо мавриди баҳси баъзеҳо гаштааст.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки масъулини ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар сатҳи зарурӣ намедонанд ё масъулини мақомоти дахлдор фаъолияти худро дар доираи қонунгузории мазкур ба роҳ намондаанд.

Оид ба тамғаҳои молӣ ва ҳамчун номгузорӣ истифода бурдани тамғаҳои молии хориҷӣ (Ашан, Coca-Cola, Mercedes, KFC) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд менамоем, ки тартиби истифодабарии тамғаҳои мазкур дар асоси санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» аз ҷониби мақоми ваколатдор, МД «Маркази миллии патенту иттилоот» дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳамон забоне, ки тамғаи молӣ ба қайд гирифта шудааст, ба низом дароварда мешавад.

Тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорони инфиродӣ вазифадоранд талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя намоянд.

Мутаассифона, дар рафти санҷиши гурӯҳҳои кории Кумита доир ба татбиқи моддаҳои 13, 18 ва 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе доир ба номгузории нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ, маводи реклама ва тамғаҳои молӣ маълум мегардад, ки бештари масъулини ин муассисаҳо аз мақомоти дахлдор иҷозатнома надоранд ва қонунгузориро сарфи назар карда, тамғаҳои молии хориҷиро ғайриқонунӣ дар муассисаҳои худ истифода мебаранд, ки ин амал ҳамаи шаҳрвандонро ба нофаҳмиҳо мебарад.

Ҳамчунин оид ба тамғаҳои молии ватанӣқайд менамоям, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» ва моддаҳои 18 ва 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба забони давлатӣ сурат мегирад. Инчунин тибқи қисми 3-и моддаи 18-и Қонуни мазкур номи ташкилотҳои хориҷӣ ва муштарак ба забонҳои дигар низ ба роҳ монда мешавад.

Хуб мешуд, ки соҳибкорони муҳтарами мо минбаъд тамғаҳои молии худро бо Кумита мувофиқа намуда, бо тамғаҳои молии худ муаррифгари забону фарҳанги миллӣ дар бозори ҷаҳонӣ бошанд.

Аз ин рӯ, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли ин мушкилот дар соли 2017 санҷиши Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот», тамғаҳои молии ташкилоту муассисаҳои хориҷӣ ва ватаниро дар номгузории нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ, маводи реклама ба нақша гирифтааст.

«Ховар»: Чанде пеш дар интернет хабаре дар бораи як тоҷики бурунмарзӣ, (душаҳрвандии Россияву Тоҷикистон) ки ба писараш номи «Путин»-ро гузоштааст, нашр гардид. Ин боиси вокуниши бисёре аз ҳамватанони мо, бахусус шахсони тақводор гардид. Назари Шумо чист?

Гавҳар Шарофзода: Агар ҳаммиллати мо шаҳрванди хориҷӣ бошад, пас мо ба ин дахолат карда наметавонем. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пос доштани суннати номгузории миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои маънавӣ «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» қабул шудааст, ки тибқи он номгузорӣ ба роҳ монда мешавад. Дар асоси Феҳристи мазкур дар суннати номгузории миллии тоҷикӣ насаб (фамилияи пурра) ҳаргиз ном шуда наметавонад.

«Ховар»: Дар Кумита барои таҳия ва қабули қоидаҳои имло, баррасию натиҷагирӣ ва хулосабарорӣ аз ҳисоби академикҳо ва профессорони номвари забоншинос Шӯрои махсус амал мекунад, вале ин корҳоро мутахассисони Кумита ба ҷо меоранд. Сабабаш дар чист?

Гавҳар Шарофзода: Дар иртибот ба масъалаи баррасии лоиҳаи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ин гуфтаҳо асос надоранд, зеро барои таҳияи Қоидаҳои имло гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст ва ин кор танҳо дар ҳамкории онҳо амалӣ шуда истодааст. Мутахассисони Кумита дар ҳамгунсозии афкору ақидаҳо ва пешниҳодҳои олимон барои нусхаи ниҳоии лоиҳаи мазкур хидмат мекунанд. Дар ҳолатҳои зарурӣ Кумита назари худро ба гурӯҳи корӣ пешниҳод мекунад ва ҷонибдорӣ шудан ё нашудани он бар дӯши гурӯҳи корӣ мебошад. Дар интиҳои ҷамъбасти Қоидаҳои имло имзои ҳайати гурӯҳи корӣҳатмӣ буда, бе имзои онҳо Кумита лоиҳаи мазкурро барои тасдиқ ба Ҳукумат пешниҳод карда наметавонад.

«Ховар»: Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук саҳифаи тоҷикие бо номи «ДУРУСТ БИНАВИСЕМ» ташкил карда шудааст. Нафарони зиёд оид ба тарзи навишти дурусти калимаю ибораҳо ва маънию мафҳуми онҳо савол медиҳанд ва донишмандони шинохта, аз қабили шоир ва олим, сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» Рустами Ваҳҳобиён ба суолҳояшон посух мегӯянд. Шумо бо ин саҳифа шинос ҳастед ва ҷавобҳои онҳо Шуморо қонеъ мегардонад?

Гавҳар Шарофзода: Мо бо ин саҳифа ошно ҳастем ва бояд зикр намуд, ки ин амал ба фоидаи кор аст ва ба рушду густариши забони тоҷикӣ кумак мерасонад. Алалхусус, саҳифаи донишманди маъруфи тоҷик Рустами Ваҳҳоб («Дуруст бинависем») қобили дастгирӣ буда, зиёд гардидани чунин саҳифаҳо салоҳи кор хохад буд. Ҳамзамон қобили зикр аст, ки саҳифаи «Дуруст бинависем»-и Рустами Ваҳҳоб мунтазам дар ҳар шумораи нашрияи махсуси Кумита – рӯзномаи «Ганҷи забон» низ нашр мешавад.

«Ховар»: Ташаккур барои суҳбат.

ДУШАНБЕ, 3.02.2017 /АМИТ «Ховар»/.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
Subscribe to АМИТ «Ховар»