Сешанбе, Ноябр 25, 2025

ПАРЧАМ – РАМЗИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 25 Ноябр, 2025 - 17:50

 “Мо бо Парчами давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор менамоем ва он барои ҳар як фарди ватандӯсту ватанпараст муқаддас аст. Дуруст аст, ки рӯзи 24-уми ноябр – Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шавад”.
 Парчам яке аз муҳимтарин муқаддасоти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мавқеъ ва нақшаи хоссаи худро дар давлатдорӣ, гузаронидани чорабиниҳои расмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа дорад. Баробари соҳибихтиёрии худро эълон кардан ва шуруъ намудан ба тайёр кардани лоиҳаи Конститутсия, инчунин, кори аз нав тартиб додани рамзҳои нави давлатии Тоҷикистон сар шуд. Азбаски рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба вазъи нави ҳуқуқию сиёсии ҷумҳурӣ аз ҷиҳати моҳияту мазмун ва шакли худ мувофиқат намекарданд, Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми июни соли 1991 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул кард. Ба зудӣ комиссияи махсус барои тайёр намудани Парчами давлатӣ ташкил карда шуд. Барои таҳия ва тасвири Парчам озмуни ҷумҳуриявӣ эълон гардид. Хушбахтона, Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ чанд қонуни муфиди заруриро ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима ва қабул кард. Зеро, рамзҳои давлатӣ ифодагари истиқлолияти кишвари мо, иттиҳоди вайроннашавандаи мардум, дӯстиву бародарии намояндагони ҳамаи халқу миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошанд.
Парчами давлатӣ дар Қасри Арбоб 24-уми ноябри соли 1992 қабул шуда аз матои росткунҷаи серахи рангдор сурх, сафед, сабз иборат аст. Ранги аввал, ранги сурх – шуои офтоб, рамзи равшанӣ ва сурхрӯист. Ин ранг маънои анъанавӣ дорад. Парчами Коваи оҳангар аз чарми сурх буд. Рахи дуюм ранги сафед – рамзи тозагӣ ва покӣ, роҳи сафеди зиндагист. Ранги сафед маънои онро низ дорад, ки пахтаи сафеди мо чун шири сафеди модар ҷонбахш аст. Ранги сафед рамзи осоиштагиву сулҳи имрӯзу ояндаи дурахшони мост. Ранги сабз – рамзи табиати сабзу ҳамешабаҳори мо ва чун рамзи сарзамини кишоварзӣ, ҳамчунин шукуфоии кишвар аст.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад. Ба дидани Парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан боло мегирад. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби шаҳрвандон нисбат ба Парчами давлатӣ садоқату эҳтиром ба ҷо оварда мешавад, барои беэҳтиромӣ, мутобиқи Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо муқаррар карда шудааст. 
Тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба андозааш бо риояи дақиқи ҳаҷму ранги асл тибқи Низомнома «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми декабри соли 1999 тасдиқ шудааст, инъикос ёфта буд. 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)