«Сиёсати давлатӣ оид ба забон дар давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
6-уми сентябри соли 2021 соати 10:30 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Сиёсати давлатӣ оид ба забон дар давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита, муовин, узви Ҳайати мушовараи Кумита, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва кормандони Кумита иштирок намуда, бо суханронӣ ва маърузаҳо баромад намуданд.
Раиси Кумита бо ифтитоҳи мизи мудаввар дар арафаи ҷашни бузург ва муқаддаси миллиамон – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мардуми сарбаланди кишварро бо камоли ифтихору сарфарозӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳама саломатию умри дароз, сарбаландию муваффақият ва дастовардҳои нав ба навро таманно намуд.
Аз ҷумла, ӯ таъкид намуд, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати меҳнати содиқонаи мардуми кишвар ба давраи сифатан нави рушди иҷтимоиву фарҳангии худ ворид гардида, дар таҳкими минбаъдаи рукнҳои давлатдорӣ, раванди созандагиву бунёдкорӣ ва тарбияи насли солиму ояндасоз қадамҳои устувор гузошта истодааст.