Навигарӣ

  • Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Октябр, 2023 - 08:08

    Ҳамватанони азиз!

    Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки рамзи муқаддасу ҷовидонаи ҳастии миллат, муҳимтарин нишонаи давлатдории миллии тоҷикон ва асоситарин омили ваҳдату сарҷамъии мардуми Тоҷикистон мебошад, самимона табрик мегӯям.

    Забони мо дар зарфи таъриху тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик роҳи пуршебу фарозеро тай намуда, сарнавишти пурҳаводис ва ҷаҳони маънавии тоҷиконро бо тамоми обу ранг ва дурахшу ҷилои худ инъикос кардааст ва барои худшиносиву худогоҳии миллии халқи тоҷик нақши барҷаста бозидааст.

    Бо забони тоҷикӣ, ки аз ҷумлаи қадимтарин ва гуворотарину зеботарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад, таърихи бостонӣ ва фарҳангу тамаддуни камназири миллате иншо гардидааст, ки ба ҷаҳониён аз ҳикмати зиндагӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ сабақҳои мондагору омӯзанда додааст ва ин рисолати хешро то имрӯз идома дода истодааст.

    Далели бостонӣ будани миллати тоҷик ва забони тоҷикиро ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни ориёӣ донишмандону олимони баландпояи ҷаҳонӣ дар осори зиёди илмии худ эътироф ва тасдиқ кардаанд.

    Забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ, бо вуҷуди монеаву мушкилоти зиёди дар масири рушд ва ҳатто мавҷудияти он эҷодшуда ҳамнафасу ҳамқадами миллати тоҷик ва илҳомбахши фаъолияти илмиву адабӣ, фарҳангиву маънавӣ ва сиёсиву иҷтимоии тоҷикон будааст.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Баҳои миёна: 5 (2 овоз)
  • КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ «ЗАБОН ВА ИСТИҚЛОЛ»

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 4 Октябр, 2023 - 14:14

    Рӯзи 4-уми октябри соли 2023 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Забон ва Истиқлол” бо иштироки Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Оқилзода Нурулло, аъзои мушовараи Кумита, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи воситаҳои ахбори омма, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажуҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, Шурои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита, намояндагони мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, шаҳри Нораки вилояти Хатлон, шаҳри Турсунзода, ноҳияи Спитамен, муҳаққиқону донишмандон, намояндагони ВАО ва доираи васеи меҳмонон баргузор гардид.
    Конференсияро муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Сахидод Раҳматуллозода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозиринро бо таҷлили Рӯзи забони давлатӣ табрик намуд.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Баҳои миёна: 5 (2 овоз)
  • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Сентябр, 2023 - 12:19
    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    4
    Баҳои миёна: 4 (2 овоз)
  • Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Сентябр, 2023 - 12:16
    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Сентябр, 2023 - 12:06
    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи зиддикоррупсионии дохилиидоравии Кумита

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Сентябр, 2023 - 12:01
    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Барномаи зиддикоррупсионии дохилиидоравии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Сентябр, 2023 - 11:53
    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Нақшаи чорабиниҳои Кумита оид ба амалисозии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои соли 2023

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Сентябр, 2023 - 11:45
    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Ҳоло баҳо надорад
  • Иқтибос аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Сентябр, 2023 - 11:39

    Моддаи 22. Мамониат барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда

    1. Шахс дар чунин мавридҳо наметавонад ба мансабҳои давлатӣ ё мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда таъин ё интихоб шавад:

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • НИШОНИИ КУМИТА

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Сентябр, 2023 - 11:39

    Барномаҳои рушд

    Ҷумҳурии Тоҷикистон
    Шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод, 25

    Шуъбаи умумӣ:
    +992 (37) 227-59-38
    +992 (37) 227-78-29
    Почтаи эл: info@kumitaizabon.tj

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Pages