Забони вахонӣ
Дар ҳудуди ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон, дар қисмати чапи водии Вахони Афғонистон, дар манотиқи Чатрор ва Хунзои Покистон ва, ҳамчунин, дар Сариқули Чин ривоҷ дорад [Пахалина 1975; Грюнберг, Стеблин-Каменский 1978; Стеблин-Каменский 1999]. Ин забон ҳам дар водии Вахон ва ҳам дар манотиқи дигар гӯишҳои сершумор дорад.
Забони вахонӣ (xikwor zik) аз забонҳои эронии ҷануби шарқиест, ки аз рӯи хусусиятҳои фонетикӣ ва луғавию грамматикии худ дар байни соири забонҳои помирӣ мавқеи хоссаро ишғол мекунад (5). Густараи истеъмоли ин забон нисбат ба тамоми забонҳои эронии шарқӣ васеътар аст ва он дар байни забонҳои эронӣ ягона забоне мебошад, ки дар тамоми ҳавзаҳои этнолингвистии Ҳиндукуши Шарқӣ мавриди корбурд қарор дорад (1). Аз ин рӯ, шаклҳои диалектологии гуфтори вахонӣ низ зиёд аст ва танҳо дар қаламрави Бадахшони Тоҷикистон се лаҳҷаи ин забон – шарқӣ (болоӣ), марказӣ (миёна) ва ғарбӣ (поёнӣ) корбурд дорад. Муҳаққиқон тамоми анвои диалектологии корбурди забони вахониро дар тафовут аз дигар забонҳои помирӣ лаҳҷа гуфтаанд, зеро дар фарқият аз, масалан, намояндагони забонҳои гурӯҳи шуғнӣ-рӯшонӣ, ки ҳар кадоме номи забони худро ба маҳалли корбурдии он мансуб медонанд ва номи умумие барои он забонҳо вуҷуд надорад, вахонизабонони тамоми ҳавзаҳои минтақаи Ҳиндукуши Шарқӣ забонашонро вахонӣ (вахӣ) меноманд ва номи локалӣ (маҳаллӣ)-и дигаре барои лаҳҷаҳои он вуҷуд надорад. Водии Вахонро, ки дар он вахониён зиндагӣ мекунанд, дарёи Панҷ ду қисмат кардааст, ки соҳили рости он дар қаламрави Тоҷикистон ва соҳили чапи он дар ҳудуди Афғонистон ҷойгир аст. Аз он мавқеияте, ки водии Вахон дар Эрони бостон (2) ва дар масири Роҳи Абрешим ишғол мекард (аз ин водӣ як шохаи муҳимми ин шоҳроҳ мегузашт, ки дар таърих бо номи «Роҳи бузурги буддоӣ» маъруф аст), дар бораи ин сарзамин ва сокинони он дар сарчашмаҳои таърихии чинӣ, юнонӣ, арабӣ ва форсӣ-тоҷикӣ маълумоти фаровоне овардашудааст. Афсона, ривоёту нақлҳо, чистону зарбулмасалҳо, таронаҳо, суруди алла ва «Булбулик» аз маъруфтарин жанрҳои фолклорие мебошанд, ки ба забони вахонӣ эҷод шудаанд (6).
1. Дар шарқшиносии аврупоӣ дар бораи ин забон бори аввал А. Бёрнс
иттилоъ дода буд. Ниг.: BurnesA. Reise nach und in Bokhara, 1835.
2. Дар бораи қидмати таърихи ин мардум ва сарзаминашон, ҳамчунин
пайдоиши топоними «Вахон» ва этноними «вахӣ» ниг.: . وهرود و ارنگ
. پژوهش ژوزف مارکوارت. – ترجمه با اضافات از منشی زاده. – تهران، 1378
5. Тавсифи умумии ин забон дар осори илмии зайл муфассалан оварда
шудааст: Shaw R. On the Ghalchah Languages (Wakhi and Sarikoli) //
Yournal of the Asiatic Society of Bengal. -1876. v. 45; Tomaschek W. Die
Pamir-Dialekte // Centralasiatische Studien, 2. – Wien, 1880; W. Geiger W.
Die Pamir-Dialekte // Grundriss der iraniscen Philologie/ Bd. 1, Abt. 2. –
Strassburg, 1898-1901; Пахалина Т.Н. Ваханский язык. – М., 1975;
Грюнберг А.Л., Стеблин-Каменский И.М. Языки Восточного
Гиндукуша. Ваханский язык. – М.,1976.
6. Бархе аз осори фолклории вахонӣ дар китобҳои зерин ҷо дода шудаанд: Климчицкий С.И. Ваханские тексты // Труды ТБ АН СССР,
т. 3, Лингвистика. – М.Л., 1936, с. 75-124; Пахалина Т.Н. Ваханский язык. – М., 1975; Грюнберг А.Л., Стеблин-Каменский И.М. Языки Восточного Гиндукуша. Ваханский язык. – М.,1976; Вух диёр ганҷ (Ганҷи Вахонзамин) (мураттибон Матробов С., Мирбобоев А.) – Душанбе, 2016; Хиквор нақлиш завер (Ҳикояҳо барои хурдсолон ба забони вахонӣ: Таҳияи Сайфиддин Шайдоев) – Душанбе, 2016. 48 саҳ.; С.Матробиён. Асоб.Ҳисоб. – Душанбе, 2016; Матробов С., Соҳибназарбекова Р. Чистониш. – Душанбе, 2016 ва ғ.
Бардошт аз «Муқаддимаи филологияи Эрон»-и А.Мирбобоев