Забони тоҷикӣ

30 соли Иҷлосияи таърихӣ ва сиёсати давлатии забон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 14 Ноябр, 2022 - 14:11

Санаи 14-уми ноябри соли 2022 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони “30 соли Иҷлосияи таърихӣ ва сиёсати давлатии забон” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ., сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илми фалсафа Маҳмадҷонова Муҳиба, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатии Осиё ва Аврупои АМИТ номзади илми ҳуқуқшиносӣ Раҳмонзода Азимҷон, ходими калони илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ номзади илми таърих, дотсент Мирзоев Ҷурабек, кормандони Муассисаи Давлатии “Тоҷикфилм”, намояндагони ВАО аз ҷумла, муовини директори Академияи ВАО Каримзода Ҳақназар, рӯзноманигори рӯзномаи “Омӯзгор” Ҳотами Ҳомид ва кормандони Кумита баргузор гардид.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Олимҷон Муҳаммадҷонзода дар оғози чорабинӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро бо таҷлили 30- солагии Иҷлосияи таърихӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд. Аз ҷумла, иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иҷлоияи XVI Шурои Олиро заминаи асосии ба даст овардани Истиқлол ва сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ намудаанд.
Сипас, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илми филология, профессор Раҳматуллозода Сахидод суханронӣ намуда, доир ба нақши Иҷлосияи таърихии XVI ва рушди минбаъда дар самти сиёсати давлатии забон ибрози андеша намуданд.
Ҳамчунин, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар дар суханронии худ таъкид намуд, ки Иҷлосия рӯйдоди таърихӣ ва тақдирсози миллати тоҷик маҳсуб ёфта, барои Тоҷикистони тозатаъсис роҳбари оқилу одил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мо тақдим кард.
Ҳамзамон, дар конференсия сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илми фалсафа Маҳмадҷонова Муҳиба, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатии Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илми ҳуқуқшиносӣ Раҳмонзода Азимҷон ва ходими калони илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ, номзади илми таърих, дотсент Мирзоев Ҷурабек доир ба дигар паҳлуҳои муҳимии Рӯзи Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар намуданд.
Дар фарҷоми конференсия аз тарафи раиси Кумита Муҳаммадҷонзода О. ба аҳли кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, директори Академияи ВАО Саъдӣ Маҳдӣ ва рӯзноманигори рӯзномаи “Омӯзгор” Ҳотами Ҳомид маҷаллаю китобҳои тозанашри Кумита ва ифтихорномаю сипоснома дар фазои тантанавӣ тақдим гардид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (4 овоз)

Суханронӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 27 Сентябр, 2022 - 09:38

Омӯзгорони муҳтарам ва донишҷӯёни азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи шуморо ба муносибати ифтитоҳи биноҳои нави таълимии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода самимона табрик мегӯям.

Чун мулоқоти мо дар Донишкадаи давлатии забонҳо доир мегардад, дар ибтидо зарур мешуморам, ки баъзе андешаҳои худро доир ба мақому манзалати забони давлатӣ, яъне забони тоҷикӣ ва вазъи иҷрои Қонуни забон ба таври мухтасар баён намоям.

Забони ширину шевои тоҷикӣ муҳимтарин унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки дар даврони истиқлол ва дар марҳалаи бунёди давлатдории миллӣ рисолати миллатсозиву давлатсозии худро бо рангу ҷилои тоза идома бахшида истодааст.

Маҳз ҳамин забони ноби модарӣ халқи моро дар тӯли зиёда аз панҷуним ҳазор сол бар зидди тамоми бадбахтиҳову тохтутози аҷнабиён муттаҳиду сарҷамъ нигоҳ доштааст ва ба миллати тоҷик умри ҷовидонӣ бахшидааст.

Забони мо, яъне забони шоиронаву зебои тоҷикӣ бузургтарин ва гаронбаҳотарин дороиву сарвати мо, ифтихори мо ва рӯйи сурху сари баланди мо – тоҷикон – яке аз миллатҳои қадимтарини дунё мебошад.

Сездаҳ сол пеш, яъне 5-уми октябри соли 2009 бо дарназардошти воқеияти замони соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» қабул карда шуд.

Ин санаи муҳим Рӯзи забони давлатӣ эълон гардид ва ҳар сол аз ҷониби соҳибзабонон, яъне мардуми шарифи Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи ҳамватанони азиз ва шумо – ҳозирини муҳтарамро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки то таҷлили он рӯзҳои башумор мондаанд, самимона табрик мегӯям.

Қобили зикр аст, ки масъалаи забони давлатӣ ва тақвияту таҳкими мақоми он дар таърихи давлатдории навини мо ҳамеша яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, имрӯз низ пайваста дар маркази диққати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Яъне забони давлатӣ дар Тоҷикистон зери ҳимояву пуштибонии мустақими давлат қарор дошта, барои рушду пешрафти он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар ҳамаи шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.

Дар ин раванд, давра ба давра барномаҳои рушди забони давлатӣ таҳия, тасвиб ва амалӣ карда мешаванд.

Аз ҷумла Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030, ки 29-уми ноябри соли 2020 қабул гардид, дурнамои рушди забони моро барои даҳ соли оянда дар бар гирифта, ба татбиқи муваффақонаи қонуни забон равона шудааст.

Ба сифати омили ҳастӣ ва бақои миллат нигоҳ доштани асолат ва ҳувияти забони тоҷикӣ ҳадафу вазифаи барномаи мазкур дар замони муосир мебошад.

Дар робита ба ин, хотиррасон менамоям, ки ғамхориву пуштибонии доимӣ нисбат ба забони давлатӣ вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси миллат, яъне соҳибони забон мебошад.

Зеро рушди пайваста ва ҳамаҷонибаи он дар мақоми забони миллӣ ва забони давлатӣ муҳимтарин нишонаи пойдории давлатдории миллӣ ва истиқлоли давлативу сиёсии мо дар рӯзгори пурошӯби имрӯзаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Як нуктаи дигари муҳимро хотиррасон менамоям, ки забони тоҷикӣ дар раванди ташаккулу таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутоберо тай намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахти таърих гузаштааст ва имрӯз, ки мо дар масири бунёду таҳкими давлатдории миллӣ пеш меравем, рисолати худро ба сифати василаи ваҳдатсоз ва муттаҳидкунандаи мардуми Тоҷикистон муваффақона идома дода истодааст.

Боиси ифтихор ва фараҳмандии зиёди мо – ворисони ин забон ва мероси бузурги бо он навишташуда аст, ки ин забон то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаву барҷастаи миллати тоҷик – аз Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ ва устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то Бобоҷон Ғафурову устод Садриддин Айнӣ ба ҳамон шакли асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини вожаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи дилнишину зебо боқӣ мондааст.

Воқеан, ҳамин забон аст, ки миллати тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо таъриху фарҳанги камназири худро тавассути он навишта ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.

Дигар ин, ки забон ҳамчун падидаи иҷтимоӣ, дар ҳақиқат, ойинаи рӯзгор, расму ойин, суннату анъана ва донишу фарҳанги гузаштагон барои наслҳои имрӯза мебошад.

Маҳз ба ҳамин далел забон дар раванди барпо кардани давлати миллӣ ҳамчун унсури аввалия ва рукни бунёдии давлатдорӣ нақши ниҳоят муҳим ва сарнавиштсоз дорад.

Аз ин рӯ, беэътиборӣ ё беэҳтиромӣ нисбат ба забон қотеътарин далели надоштан ё гум кардани ҳисси миллӣ мебошад.

Бинобар ин, яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеаи Тоҷикистон – аз хурд то бузург, равшанфикрону донишмандон, инчунин, дастгоҳи давлативу ҳукуматӣ ҳифз кардани забони бостонии зебову шево ва ширину шоиронаи тоҷикӣ, тозаву ноб ва поку беолоиш ба наслҳои оянда расонидани он аст.

Мо бояд шукрона кунем, ки истиқлоли давлатӣ барои ҷилову дурахши дигарбораи яке аз муқаддасоти миллии мо – забони тоҷикӣ, рушду такомул ва истифодаи он дар ҳамаи соҳаҳо заминаи созгор ва имкониятҳои фаровон муҳайё намуд.

Забони тоҷикӣ дар мақоми расмиву давлатии худ имрӯз на танҳо дар коргузорӣ, илм ва муоширати дохилӣ, балки дар робитаҳои байналмилалии мо низ васеъ истифода мегардад.

Устодон ва шогирдони муҳтарам!

Ҳукумати мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ ба хотири таъмин намудани шароити мусоиди таълиму тарбия ва зиндагии шоистаи наврасону ҷавонон – насли ояндасози миллат ва Ватани азизамон – Тоҷикистон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида, ин равандро бомаром идома дода истодааст.

Бунёд кардану ба истифода додани биноҳои нави таълимии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо 1500 ҷойи нишаст барои омода намудани мутахассисони донандаи забонҳои хориҷӣ далели возеҳи дастгирии Ҳукумати мамлакат мебошад.

Иншооти навбунёди имрӯза имконият медиҳад, ки шумораи донишҷӯёни донишкада ба 7000 нафар расонида шавад.

Ҳоло дар донишкада бо 11 забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, чинӣ, куриёӣ, ҷопонӣ, ҳиндӣ, арабӣ ва форсӣ) аз рӯйи 41 ихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мутахассис тайёр карда мешавад.

Дар донишкада зиёда аз 500 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба, аз ҷумла шаҳрвандони 21 кишвари хориҷӣ фаъолият менамоянд, ки 80 нафари онҳо дорои унвони илмӣ мебошанд.

Аз давраи таъсисёбии донишкада, яъне аз соли 1979 то имрӯз 14 200 нафар мутахассис омода карда шудааст, 77 фоизи онҳоро мутахассисони равияи омӯзгорӣ ташкил медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки ҳоло хатмкардагони донишкада дар ҳама гӯшаву канори мамлакат ва берун аз он, аз ҷумла дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, инчунин, дар сафоратҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ муваффақона фаъолият карда истодаанд.

Ҳамзамон бо ин, донишкада бо 52 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ва ташкилоту муассисаҳои минтақавию байналмилалӣ робитаҳои ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки ба пешрафти ҳамаҷонибаи фаъолияти он мусоидат менамояд.

Дар ин давра 2700 нафар шаҳрвандони 19 кишвари дуру наздики хориҷӣ ҳамчун донишҷӯву аспирант, инчунин, дар курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзии донишкада таҳсил кардаанд.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тақвияти пояи моддиву техникии донишкада, ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани шароити таҳсил ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар донишкада марказҳои омӯзиши забони англисӣ, чинӣ, ҳиндӣ ва куриёӣ таъсис дода шудаанд, ки ҳоло пурсамар фаъолият доранд.

Илова бар ин, соли 2021 дар заминаи факултаи забони англисӣ маркази тестии забони англисӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки дар байни дигар муассисаҳои таълимӣ ягона мебошад.

Ҳамчунин, дар донишкада курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ ба роҳ монда шудаанд, ки дар онҳо шаҳрвандони мо ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҷалб мегарданд.

Бо дарназардошти шароити муҳайёгардида ва бо мақсади рушду инкишофи боз ҳам бештари фаъолияти илмиву таълимии муассиса дар самти омода намудани мутахассисони баландпояи донандаи якчанд забони хориҷӣ пешниҳод мегардад, ки номи донишкада ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода табдил дода шавад.

Ба Вазорати маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳо дастур дода мешавад, ки дар муддати 3 моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро доир ба ин масъала таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Мо барои забономӯзии наврасону ҷавонон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро фароҳам созем ва корро тавре ба роҳ монем, ки ба кишварҳои хориҷӣ барои забономӯзӣ рафтани шаҳрвандонамон ҳарчи камтар гардад.

Бо ин мақсад бояд аз тамоми имкониятҳо, аз ҷумла китобхонаҳо, ки барои тадрису омӯзонидани забонҳо заминаи бисёр мусоид мебошанд, васеъ ва самаранок истифода карда шавад.

Ҷиҳати ҳалли ин масъала Вазорати маориф ва илм, Донишкадаи давлатии забонҳо ва факултаҳои забономӯзии ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд барномаҳои забономӯзиро таҳия ва амалӣ намоянд.

Ҳозирини муҳтарам!

Ман борҳо таъкид карда будам ва ҳоло бори дигар хотиррасон менамоям, ки дар шароити муосир ноил гардидан ба дастовардҳои илму техника ва технологияҳои нав ва баробар бо ҷомеаи пешрафтаи башар қадам гузоштан бидуни аз худ кардану хуб донистани забонҳои хориҷӣ бисёр мушкил ва ҳатто ғайриимкон мебошад.

Бо мақсади тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ ва рушди тафаккури техникии мардум ва қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, инчунин, дастрасӣ ба техникаву технологияҳои муосир мо солҳои 2020 – 2040- ро «Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон намудем.

Омӯзиши муваффақонаи ин фанҳо низ танҳо дар сурате имконпазир мегардад, ки агар наврасону ҷавонони мо забонҳои хориҷӣ, алалхусус, забонҳоеро, ки бо онҳо адабиёти илмӣ нашр мешавад, хуб донанд.

Ман борҳо гуфтаам ва ҳоло бори дигар таъкид менамоям, ки ҳар як шахс ва дар навбати аввал, ҷавонон бояд ғайр аз забони давлатӣ ду забони хориҷиро дар сатҳи забони модарӣ донанд, зеро ин тақозои замони муосир мебошад.

Илова бар ин, ҳар як донишҷӯ, сарфи назар аз ихтисоси интихобкардаи худ, бояд забонҳои хориҷиро омӯзад ва донад.

Замоне мерасад, ки ҳангоми интихоб кардан ва ба вазифа таъин намудани кадрҳо, яъне аъзои Ҳукумат, роҳбарону кормандони сохтору мақомоти назди Президент ва Ҳукумати мамлакат ва вакилони мардумӣ, хулоса, ҳамаи хизматчиёни давлатӣ, донистани забонҳои хориҷӣ аз ҷумлаи талаботи асосӣ мегардад.

Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки омӯзиши забон, таърих, фарҳанг ва ҷуғрофияи Тоҷикистон дар муассисаҳои ҳамаи шаклҳои таҳсилот, ки таълимашон ба забони ақаллиятҳои миллӣ мебошад, васеъ ба роҳ монда шавад.

Ҳамчунин, бо мақсади фароҳам овардани дастрасии мардум ба адабиёти ҷаҳон, бахусус, адабиёти илмӣ, инчунин, бо забонҳои хориҷӣ тавассути асарҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва бадеии олимону эҷодкорони кишвар муаррифӣ кардани таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик зарурати таъсиси маркази алоҳидаи тарҷума ва баргардони асари илмиву бадеӣ ба миён омадааст.

Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки масъалаи таъсиси Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати Тоҷикистонро баррасӣ карда, дар муҳлати се моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро таҳия ва тасдиқ намояд.

Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ масъалаи таълими забонҳои хориҷиро таҳти таваҷҷуҳи хосса қарор дода, ҷиҳати такмили омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои чанд марҳала барномаҳои давлатӣ қабул намуд.

Ҳоло татбиқи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030, ки иҷрои он аз моҳи январи соли 2021 шуруъ гардидааст, идома дорад.

Имрӯз дар муассисаҳои таълимии кишвар 22 439 омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла 21 130 нафар дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 506 нафар дар зинаи миёнаи касбӣ ва 803 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фаъолият доранд.

Соли ҷорӣ факултаҳои забонҳои хориҷии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро қариб 2 900 нафар хатм намудаанд, ки 550 нафари онҳо дастпарварони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мебошанд.

Ҳоло дар факултаҳои забонҳои хориҷии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 10 200 нафар донишҷӯён таҳсил доранд.

Роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳоро зарур аст, ки дар самти ба талабот ва стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани сифати таълим ва сатҳи дониши донишҷӯён тадбирҳои доимӣ ва муассир андешанд.

Зарурат ва аҳаммияти донистани якчанд забон имрӯз қишрҳои гуногуни ҷомеа, махсусан, наврасону ҷавонон ва кормандони сохтору мақомоти давлатиро вазифадор месозад, ки бо дарназардошти талаботи замони муосир барои рушди шахсият ва дастрасии ҳар як фард ба иттилооти ҷаҳонӣ ҳатман ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ машғул бошанд.

Имрӯз донистани забони хориҷӣ барои кормандони тамоми сохтору мақомот, аз ҷумла соҳибкорон шарт ва зарур аст.

Ҳоло Тоҷикистон ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода» бо тамоми ҷаҳон ҳамкорӣ дорад.

Кормандони гузаргоҳҳои сарҳадӣ, яъне гумрукчиён, сарҳадбонон ва муассисаҳои хизматрасонӣ вазифадоранд, ки забони хориҷиро донанд.

Ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва шароиту имкониятҳои муҳайёкардаи Ҳукумати мамлакат имрӯз сафи наврасону ҷавононе, ки барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ кӯшиш мекунанд, торафт афзуда истодааст.

Ҷавонони мо амиқ дарк кардаанд, ки донистани забонҳои хориҷӣ муҳимтарин шарти омӯхтани илму донишҳои замонавӣ, техникаву технологияҳои пешрафта ва робита бо ҷаҳони беруна мебошад.

Вобаста ба ин, ман борҳо таъкид кардаам, ки омӯхтани забонҳои хориҷӣ бояд дар заминаи забони адабии тоҷикӣ, яъне бар асоси донистани меъёрҳои забони давлатӣ ва риояи хусусиятҳои он сурат гирад.

Чунин шеваи омӯзиш ба арҷ гузоштан ба забони давлатӣ, боз ҳам беҳтар аз худ кардани он, инчунин, дар арсаи байналмилалӣ мақоми шоиста пайдо намудани кишварамон ва ба роҳ мондани робитаҳои гуногунҷанбаи он бо мамолики гуногуни ҷаҳон мусоидат менамояд.

Дӯстони азиз!

Равандҳои ҷаҳони муосир ҳар як кишварро водор месозанд, ки ба хотири таъмин намудани рушди босуботи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии худ ба соҳаҳои илму маориф ва омода кардани кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Бо дарки ин воқеият, Ҳукумати Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии таҳсилот ва ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд ва корҳо дар ин самт идома ёфта истодаанд.

Ман ҳанӯз 1-уми сентябри соли 2019 зимни ифтитоҳи бинои Академияи идоракуни давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дастур дода будам, ки донишгоҳу донишкадаҳоро аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида, имкониятҳо ва мавқеи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистонро дар минтақа ва ҷаҳон ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Бо ин мақсад, муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки дар ҷараёни таълим истифодаи технологияи итилоотиву коммуникатсиониро васеъ ба роҳ монанд, таҷрибаи байналмилалиро омӯзанд ва нақшаву барномаҳои таълимиро ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилот ва бозори дохиливу хориҷии меҳнат мутобиқ гардонанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди идома доштани ислоҳоти низоми таҳсилоти олӣ сатҳу сифати таълим ва дараҷаи азхудкунии дониш аз ҷониби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба такмил ниёз дорад.

Дар ин росто зарур аст, ки дар раванди таълим ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқу риёзӣ ва забонҳои ҳориҷӣ диққати боз ҳам бештар дода шавад.

Вақти он расидааст, ки таҳияи фарҳангу луғатҳои соҳавӣ вусъат дода шуда, милликунонии забони технологияҳои навин ва умуман, тамоми соҳаҳо таъмин ва иқтидори забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои илм тақвият бахшида шавад.

Донишмандони тоҷик гузоштани асосҳои забони илмии тоҷикиро ҳанӯз дар замони давлатдории Сомониён дар сатҳи баланд анҷом дода буданд, ки хизмати таърихии онҳо дар ин самт аз ҷониби олимони маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Бузургтарин донишмандони ҷаҳоншумули мо – Абуалӣ ибни Сино бо таълифи «Донишномаи Алоӣ» ва Абурайҳони Берунӣ бо таълифи «Китоб–ут–тафҳим» бунёдгузорони забони илми тоҷикӣ ба шумор мераванд, ки анъанаи оғозкардаи онҳо дар асрҳои минбаъда аз тарафи донишмандони маъруф, аз ҷумла Насируддини Тӯсӣ, Умари Хайём ва дигарон то ба Аҳмади Донишу устод Айнӣ идома пайдо кард.

Дар замони муосир қудрату тавоноии ҳар як забон дар баёни матлаби илмӣ зоҳир мегардад ва бақову мондагории забон ба доираи истифодаву корбурди он дар илм вобаста мебошад.

Бинобар ин, олимони моро зарур аст, ки барои ҳамқадами замон гардонидани забони тоҷикӣ ва ба пояи баланди забони илм расонидани он кӯшиш намоянд.

Бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи илмии кишвар ба фаъолият оғоз намудани Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани таълифи рисолаҳои илмӣ бо забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои илм иқдоми саривақтӣ мебошад.

Вале таъкид менамоям, ки дар ин раванд, на ба миқдор, балки бештар ба сифати рисолаҳои илмии анҷомёфта таваҷҷуҳ зоҳир гардад.

Рисолаҳои донишмандон ва муҳаққиқону унвонҷӯён бояд дар сатҳи баланди илмии ҷавобгӯй ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ таълиф шаванд, то ки дар пешрафту ғановати забони илмии тоҷикӣ саҳми сазовор гузоранд.

Бинобар ин, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи забон ва истилоҳотро зарур аст, ки ба забони рисолаҳои илмии дифоъшаванда ва истилоҳоти илмӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Вобаста ба ин, хотиррасон менамоям, ки ҳоло дар масъалаи истилоҳнигорӣ ба забони тоҷикӣ як силсила мушкилот пеш омадааст.

Дар замони муосир, ки давраи рушди босуръати илму фан ва техникаву технологияҳои навтарин аст, бояд ба такмили истилоҳот бо забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Олимону муҳаққиқон ва мутахассисони тамоми соҳаҳои илмро зарур аст, ки барои ифодаи мафҳумҳои навтарини илму техника аз ҳамаи имкониятҳои забони тоҷикӣ бодиққат ва боэҳтиёт истифода баранд.

Ҳамчунин, онҳо бояд тавассути эҳёи қолабҳои суннатии истилоҳнигорӣ бо истифода аз захираи луғавии забони тоҷикӣ дороиву ғановати забонро аз ҳисоби истилоҳсозӣ ва иқтибосгирии бамаврид таъмин намоянд.

Ба андешаи муҳаққиқон, номҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ далели ғановат ва таърихи зиндаи ҳар як забон, аз ҷумла забони модарии мо ба шумор мераванд.

Илова бар ин, дар номҳои таърихӣ ва ҷуғрофии Тоҷикистон раванди таҳаввули забони модарии мо дар ҳамаи марҳалаҳои таърихии рушди он ба мушоҳида мерасад.

Бо ибтикори мо дар харитаи сиёсии олам дигарбора арзи ҳастӣ кардани номҳои қадиму асилу ҷуғрофии Бохтар, Суғд ва садҳо номи дигар, ки гузаштаи пурифтихори моро ба имрӯз ва имрӯзро ба фардо пайванд медиҳанд, барои эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва баланд бардоштани сатҳи худогоҳиву худшиносии мардуми мо аз аҳаммияти хосса бархурдоранд.

Ба андешаи мо, барои рушди минбаъдаи забони давлатӣ, дар навбати аввал, бояд тадбирҳои зерин амалӣ карда шаванд:

Якум. Риояи покизагии забон.

Яъне зарур аст, ки мо асолат ва покизагии забони худро нигоҳ дорем ва аз истифодаи безарурати калимаҳо аз забонҳои дигар худдорӣ кунем.

Дар баробари омӯхтани забонҳои хориҷӣ, ба омӯзиши забони адабии тоҷикӣ таваҷҷуҳи боз ҳам бештар зоҳир намоем.

Забони адабии тоҷикиро хуб донем ва омӯзиши забонҳои хориҷиро дар заминаи забони модарӣ ва бо истифодаи васеи имкониятҳои он ба роҳ монем.

Дуюм. Фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳот, Академияи миллии илмҳо ва дигар вазорату идораҳо дар самти ба вуҷуд овардани захираи рақамии забони тоҷикӣ бештар тақвият дода шавад, зеро ин омил ба мондагории забони тоҷикӣ дар замони ҷаҳонишавӣ мусоидат менамояд.

Хотирнишон менамоям, ки чунин иқдом дар аксари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон натиҷаҳои хуб дода истодааст.

Зарур дониста мешавад, ки ба хотири дастрасии ҳарчи бештари алоқамандон нусхаҳои электронии фарҳангҳои муътамад, аз қабили «Луғати фурс» «Бурҳони қотеъ» «Ғиёс–ул–луғот», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Фарҳанги Рашидӣ», «Баҳори Аҷам», «Фарҳанги Онандроҷ», «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Луғатнома»-и Деҳхудо ва дигар фарҳангу истилоҳномаҳои соҳавӣ бо алифбои имрӯзаи тоҷикӣ ба шабакаҳои иҷтимоиву иттилоърасонӣ ворид карда шаванд.

Сеюм. Яке аз масъалаҳое, ки то имрӯз аз мадди назар дур мондааст, омӯхтани ҷанбаҳои назариявии забони бостонии тоҷикӣ ва омода кардани мутахассисону муҳаққиқони забонҳои авастоӣ, суғдӣ ва бохтарӣ мебошад, ки сарчашмаи забони ширину шевои мо ба ҳисоб мераванд.

Академияи миллии илмҳо ва дигар ниҳодҳои илмиву таълимӣ бояд сари ин масъала ҷиддӣ андеша намоянд.

Илова бар ин, тарғиби забони тоҷикӣ, тавассути расонаҳои ҷаҳонии интернетӣ нашр кардани осори оламшумули назму наср ба ин забон аз муҳимтарин омилҳои густариши забони тоҷикӣ дар давраи ҷаҳонишавӣ маҳсуб мешавад.

Дар ин раванд, арзиши маънавию маърифатии забонро баланд бардоштан ва забони адабии гуфтугӯиро тақвият додан низ бисёр муҳим ва зарур мебошад.

Аз ин лиҳоз, ҳоло зарурати таҳияи луғати мукаммали забони тоҷикӣ бо фарогирии калимаҳои умумиистеъмолии рӯзмарра, яъне китоби рӯйимизии ҳар як тоҷик ва алоқамандони омӯзиши ин забон пеш омадааст.

Барои иҷрои корҳои зикршуда мо бояд шахсонеро, ки қобилият, маҳорат ва таҷрибаи таҳияи фарҳангномаҳоро доранд, дастгирӣ кунем ва сафи онҳоро зиёд гардонем.

Ҳамчунин, мехоҳам таъкид намоям, ки омӯзонидани забонҳои хориҷӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар баробари ин, омӯзиш ва таълими забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимашон бо забони ақаллиятҳои миллӣ ва забонҳои русиву англисӣ такмил дода шавад.

Дар муассисаҳои типи нав, яъне литсею гимназияҳое, ки таълимашон ба забонҳои хориҷӣ мебошад, низ омӯзиши забони давлатӣ, таърихи миллат ва ҷуғрофиёи кишвар ҳатмист, зеро ноогоҳӣ аз таърих ва фарҳанги миллии худ ба ташаккули шуури миллии кӯдакону наврасон таъсири манфӣ мерасонад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки барномаҳои чунин муассисаҳои таълимӣ бояд ба фарҳангу тамаддун, таърих ва забону адабиёти мо мутобиқ гардонида шаванд, то ин ки фардо дастпарварони онҳо фарҳангу адабиёти моро бо забонҳои гуногуни дунё муаррифӣ намуда, дастовардҳои олами башарро ба забони давлатиамон баргардон карда тавонанд.

Дар раванди забономӯзӣ наврасону ҷавонони мо бояд дар хотир дошта бошанд, ки донистани забони модарӣ ва дар заминаи он аз худ кардани донишҳои замонавӣ аз рӯҳияи баланди ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори баланди миллии онҳо гувоҳӣ медиҳад.

Забони модариро дар сатҳи аъло донистан, онро дӯст доштан, бо ин забони ширину шево дурусту равону зебо сухан гуфтан ва асари адабӣ эҷод кардан камоли эътиқоду эҳтиром ба Ватан – Модар ва далели ҳисси баланди миллӣ мебошад.

Аммо ин суханҳо чунин маънӣ надоранд, ки ҷавонони мо танҳо бо забони модарии худ қаноат намоянд ё дар доираи он маҳдуд монанд.

Баръакс, мо дар ин ақида устувор будем ва ҳастем, ки ҷавонон дар асоси хуб донистани забони модарӣ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ талош намоянд.

Илму дониш ва техникаву технологияҳоро тавассути забонҳои хориҷӣ низ омӯхта, аз худ карда, дар оянда барои пешбурди соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии кишварамон самаранок истифода баранд.

Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ бо бунёду таъсиси ҳазорҳо муассисаи нави таълимӣ зина ба зина чунин муҳит ё фазоро ба вуҷуд овард, ки ҳоло дар онҳо даҳҳо ва садҳо ҳазор шогирдони забономӯз таълим мегиранд.

Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз дар байни ҷавонони мо на танҳо донандагони ду забон, балки се – чор ва ҳатто то панҷ забон торафт зиёд шуда, онҳо дар озмунҳои гуногуни байналмилалӣ донишу малакаи хуб нишон медиҳанд.

Бо мақсади густариши бештари ин раванд, зарур дониста мешавад, ки ҳамасола баргузор намудани олимпиадаи фаннии забонҳои хориҷӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва ҳавасмандгардонии ғолибони онҳо ба роҳ монда шавад.

Тибқи таҳлилҳо аз шумораи умумии зиёда аз 40 ҳазор нафар донишҷӯёне, ки ҳоло дар хориҷи кишвар таҳсил доранд, қариб 1200 нафарашон ба забономӯзӣ машғуланд.

Дар робита ба ин, мехоҳам ёдовар шавам, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз талабот ба кадрҳои забондон дар сатҳу зинаҳои гуногуни хизмати давлатӣ ҳамеша зиёд мебошад.

Зеро раванди рушду густариши муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ бо давлатҳои ҷаҳон, робитаҳои иқтисодӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеаи башарӣ, тарҷумаи осори арзишманди фарҳанги инсонӣ ва таъсиси корхонаву ширкатҳои муштарак дар мамлакат ба ҳазорҳо нафар ҷавонони забондон ниёз дорад.

Дар ин самт, мо то имрӯз тавассути Барномаи Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон» садҳо нафар ҷавонони боистеъдодро, ки ду ва зиёда забонҳои хориҷиро дар сатҳи баланд медонанд, барои таҳсил ба муассисаҳои илмиву таълимии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон фиристодем.

Танҳо соли ҷорӣ қариб 100 нафар чунин ҷавонон сазовори стипендияи мазкур гардиданд.

Ҳозирини арҷманд!

Мо ворид гардидани низоми маорифи мамлакатро ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ амри зарур ва муҳим шуморида, бо дарназардоштаи дастоварду навгониҳои илму маорифи ҷаҳонӣ ба тақвияти раванди таълиму тарбия, фарогирии илму дониш ва соҳибкасб гардидани ҷавонон эътибори ҷиддӣ медиҳем.

Вале дар ҷараёни таълиму тарбия ба эътибор гирифтани мероси бузурги гузаштагон, арзишҳои милливу фарҳангӣ ва таърихии миллати тоҷикро аз рукнҳои асосии ин раванд мешуморем.

Зеро миллати тоҷик дорои арзишҳо ва расму ойинҳои ғановатманду рангоранг, анъана ва собиқаи бузурги таърихӣ буда, дар рушди илму маориф, таълиму тарбия ва фарҳангу маънавиёти умумибашарӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Бинобар ин, зарур аст, ки дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо мақсади ба камол расонидани наслҳои ояндасози ватандӯсту ватанпараст ба омӯзонидани арзишҳои таърихиву фарҳангии халқамон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардад.

Яъне афкори таълимии олимону адибони гузаштаву имрӯзаи тоҷик, ки ғояи асосии онҳо таълиму тарбияи инсони комил мебошад, бояд бо дастовардҳои таҳсилоти ҷаҳонӣ ва бо дарназардошти манфиатҳои милливу фарҳангӣ, расму ойин ва анъанаҳои миллии мардуми тоҷик такмил дода шаванд.

Таъкид менамоям, ки танҳо тавассути муваффақонаву ҳадафманд омезиш додани арзишҳои милливу фарҳангӣ бо дастовардҳои таҳсилоти ҷаҳонӣ метавон афроди босаводу донишмандро тарбия намуд.

Танҳо чунин афрод метавонанд ояндаи ободи кишвари худ ва мондагории миллати хешро дар саҳифаҳои таърихи башар ҳифз ва таъмин намояд.

Ҳозирини гиромӣ!

Омӯзгорони муҳтарам ва донишҷӯёни азиз!

Бо дарназардошти он ки рушди соҳаи илму маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад, Ҳукумати мамлакат дар баробари таъмин намудани тараққиёти иқтисодии кишвар ҷиҳати ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардонидани маорифи миллӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Ман қариб дар ҳамаи суханрониҳо ва мулоқоту вохӯриҳои худ хотирнишон менамоям, ки илму маориф асоси устувори пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат буда, ҷомеа танҳо бо роҳи таъмин намудани рушди ин соҳаҳо ба ҳадафҳои созандаи худ ноил мегардад.

Имрӯз мо ба донишу хирад ҳамчун манбаи худогоҳиву бедорӣ ва ташаббусҳои созанда арҷ гузошта, бори дигар ёдовар мешавем, ки наврасону ҷавонони мо, яъне наслҳои ояндасоз ободиву сарсабзии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлолро танҳо тавассути омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар таъмин карда метавонанд.

Аз ин рӯ, такроран таъкид менамоям, ки мо бояд ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, дар рӯҳияи эҳтиром ба забон, фарҳанг, расму ойин ва дигар арзишҳои миллӣ, муқаддасоти давлати соҳибистиқлол ва ахлоқи ҳамида тарбия кардани насли наврас беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳ зоҳир намоем, дар ҳамаи зинаҳои таълим усулҳои пешқадамро ҷорӣ созем ва талаботро нисбат ба таълими донишҳои назариявӣ ва амаливу таҷрибавӣ тақвият бахшем.

Бори дигар ҳамаи шумо – ҳозирини муҳтарамро ба муносибати ифтитоҳи биноҳои нави таълимии Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, инчунин, Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳастии миллат ва бақои давлати мо мебошад, самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломатӣ, саодати рӯзгор ва комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.

Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (8 овоз)

Барномаи браузери интернетии «Рӯбоҳи ҷилодор» (Firefox)-ро бо забони тоҷикӣ биозмоед!

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 8 Сентябр, 2022 - 11:18
Барномаи браузери интернетии «Рӯбоҳи ҷилодор» (Firefox)-ро бо забони тоҷикӣ биозмоед!

Муҳтарам дӯстдорон ва посдорони забони тоҷикӣ!
     Ба маълумоти шумо мерасонем, ки дар нимсолаи дуюми соли 2022 баъзе барномаҳое, ки мо аз он ҳамарӯза истифода мебарем бо забони тоҷикӣ дастрас хоҳад шуд. Бавижа, бо ташаббуси аъзои маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забон»-и Кумита браузери интернетии «Рӯбоҳи ҷилодор» (Firefox) ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда истодааст ва гунаи санҷишии барнома барои пешнамоиш ва истифодаи озмоишӣ дастрас аст. Гунаи санҷишии барномаи браузери «Рӯбоҳи ҷилодор» (Firefox)-ро бо номи «Шабонарӯз» (Nightly) боргирӣ намуда, дар компютер ё телефони мобилии худ озмоед.
Пайвандҳои расмӣ барои боргирӣ кардани барнома:
•    http://archive.mozilla.org/pub/firefox/nightly/latest-mozilla-central-l10n/Firefox%20Installer.tg.exe (Windows)
•    http://archive.mozilla.org/pub/firefox/nightly/latest-mozilla-central-l10n/firefox-105.0a1.tg.linux-i686.tar.bz2 (Linux)
•    http://archive.mozilla.org/pub/firefox/nightly/latest-mozilla-central-l10n/firefox-105.0a1.tg.mac.pkg (Mac)
Ё гунаи лозимиро барои низоми амалкунандаи худ аз сервери зерин интихоб намоед: http://archive.mozilla.org/pub/firefox/nightly/latest-mozilla-central-l10n/
Файли насбкунанда бояд васеъшавии «.tg.»-ро дар бар гирад.

Диққат: браузери интернети «Шабонарӯз» (Nightly) гунаи озмоишӣ мебошад ва метавонад ҳар шабонарӯз бо тарҷумаҳои тоҷикии нав ё беҳтаршуда навсозӣ карда шавад. Инчунин браузери озмоишии «Шабонарӯз» (Nightly) метавонад ноустувор кор кунад.

     Пеш аз нашр кардани гунаҳои расмии чунин барномаҳо, шумо метавонед онҳоро ройгон ба даст оварда, озмоед ва фикру андешаҳои худро ба аъзои маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забон»-и Кумита ё ин ки дар портали тарҷумонон (https://pontoon.mozilla.org/tg/firefox/) пешниҳод намоед. Пас аз ҷило кардани тарҷумаҳои тоҷикӣ барномаи браузери интренетӣ дар гунаи расмии «Рӯбоҳи ҷилодор» (Firefox) бо забони тоҷикӣ барои истифода дастрас мешавад.
     Барномаҳои компютерӣ аз забонҳо ва аломатҳо иборат буда, дар забонҳои барномасозии гуногун навишта шудаанд. Ҳамаи он чизе, ки мо дар монитори компютерӣ ё экрани мобилӣ мебинем, комилан аз матн иборатанд.
     Бе забон ва матн мавҷудияти компютер ё дастгоҳи мобилӣ имконнопазир буда, истифодабарии он низ ғайриимкон аст.
     Бе забон ва матн ҳаёти мо, зиндагии ҳозира ва ояндаи мо холӣ ва бемазмун аст.
     Дар сатҳи баланд донистани забони давлатӣ, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як соҳибватан маҳсуб ёфта месазад, баҳри рушд ва ҳифзи он саҳм дошта бошем.
     Ба ҳамин мақсад, забони тоҷикӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки берун аз кишварамон дар кишварҳои хориҷи дуру наздик, дар асоси Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва меъёрҳои адабии он низ бояд истифода шавад ва стандартҳои миллии тоҷикӣ ҳангоми истеҳсоли технологияҳои навин ва молу маҳсулоте, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд ё ин ки дар кишварамон истеъмол ва истифода мешаванд, новобаста аз кишвари истеҳолкунанда бояд татбиқ карда шаванд.
     Риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва татбиқи меъёрҳои он метавонад мушкилоти зиёди забонро ҳал намояд.
     Вале бе истифодаи технологияҳо ва барномаҳои компютерӣ ва мобилӣ иҷро кардани ин масъала номумкин, бенатиҷа ва хеле душвор мебошад.
     Имрӯз компютер ва дастгоҳи мобилӣ як қисми ҷудонашавандаи ҳаёт ва кору амалиёти ҳаррӯзаи мо буда, таҳияи барномаҳои он барои забони давлатӣ ва барномаҳои махсуси компютерӣ ва мобилӣ барои санҷиши имлои забони тоҷикӣ дар замони имрӯза барои осонтар намудани кор хеле заруранд.
     Барои осонсозии риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ технологияҳо ва барномаҳои компютерӣ бояд ба стандартҳои миллӣ ва талаботи забони тоҷикӣ ҷавобгӯ бошанд. Ҳатто истифодаи аломатҳои китобатӣ мувофиқи стандартҳои миллии тоҷикӣ корбаст шаванд. Ҳар як аломат ё ҳарфе, ки мо дар матнҳои тоҷикӣ ба воситаи компютер ё дастгоҳи мобилӣ чоп мекунем, маънои худро дорад.
     Барои ҳал кардани масъалаҳои техникии компютерӣ Кумитаи забои ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо мақсади рушду густариши минбаъдаи забони давлатӣ як барномаи мукаммалу навтарини санҷиши имлои забони тоҷикӣ ва браузери интернети навтарин бо забони тоҷикӣ барои дастгоҳҳои компютерӣ ва мобилӣ таҳия намуда, ба манзури корбарони соҳибзабон гардонад. Чунин икдом, аллакай, дар Кумитаи забои ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст.
     Бо браузери чандзабона ва тарҷумашуда ба забони тоҷикӣ ҳар гуна кор дар Интернет самараноктар ва осонтар аст, зеро ки корбарон метавонанд аз забони модарии худ истифода баранд, вазифаҳои барномаро бо забони тоҷикӣ хонанд ва кори худро ҳангоми кор бо браузер айнан иҷро намоянд.
     Мувофиқи омори Ташкилоти ҷамъиятии «Mozilla» имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 150 (як саду панҷоҳ) ҳазор корбари барномаи браузери интернетии «Рӯбоҳи ҷилодор» (Firefox) ба қайд гирифта шудаанд ва ба ин шумора ҳамарӯза зиёда аз 500 нафар корбари нав илова мешавад.
     Вале, новобаста аз ин, 86% (дарсад) корбари браузери интернетии «Рӯбоҳи ҷилодор» (Firefox) аз забони русӣ, 12% (дарсад) аз забони англисӣ ва 2% (дарсад) аз забонҳои дигар барои корбарӣ аз интерфейси барномаи браузери интернетии «Рӯбоҳи ҷилодор» (Firefox)  истифода мебаранд.

     Умедворем, ки омори истифодабарии он барномаҳое, ки мо ҳар рӯз истифода мебарем ба шумораи корбарони Барнома бо забони тоҷикӣ зиёдтар шавад.
Барномаи браузери интернетии «Рӯбоҳи ҷилодор» (Firefox)-ро бо забони тоҷикӣ биозмоед.
Ҷило аз ин ҷо оғоз меёбад!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (26 овоз)

Баргузор намудани семинарҳои сайёр дар ноҳияҳои Панҷу Фархори вилояти Хатлон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 4 Август, 2022 - 12:25

Гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рафти амалишавии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ»-ро дар фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Панҷу Фархори вилояти Хатлон ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди он аз 24-ум то 29-уми июли соли 2022 мавриди санҷиш қарор дод.
Инчунин, гурӯҳи кории Кумита дар ҳайати мудири бахши экспертизаи забоншиносӣ – Давлатшоева М. ва сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ – Буриева Ш. аз санҷиш натиҷагирӣ намуда, бобати муҳтавои банди 47-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» доир кардани семинарҳои сайёр оид ба тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва миёни ақаллиятҳои миллӣ ва банди 39-и Нақшаи чорабиниҳо бобати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ бо фаъолони вилояти Хатлон 24-уми феврали соли 2022 баён доштанд, семинари омӯзишӣ баргузор намуданд.
Дар рафти семинари мазкур аз ҷониби гурӯҳи кории Кумита риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба забони давлатӣ ба кормандони муассисаҳои зикршуда корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, барои фаъолияти минбаъда тавсияҳо дода шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (8 овоз)

Семинари машваратӣ таҳти унвони «Муаррифӣ ва шарҳи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Ноябр, 2021 - 16:35
Семинар машваратӣ таҳти унвони «Муаррифӣ ва шарҳи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ»

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои қисми 4-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268 «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар толори Академияи ВАО-и Тоҷикистон таҳти унвони «Муаррифӣ ва шарҳи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» бо иштироки олимону забоншиносон ва намояндагони вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо ва васоити ахбори омма баргузор намуд.
Дар семинари мазкур олимону донишмандон оид ба шарҳу тафсири Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ суханронӣ намуда, ба саволҳои шунавандагон посухҳои мушаххас доданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Садонокҳои забони тоҷикӣ ва имлои онҳо (сайри таърихӣ)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 30 Октябр, 2021 - 18:55

Муаллиф: Назарзода С.
Низоми садонокҳои забони тоҷикӣ аз нуқтаи назари сайри таърихӣ аз садонокҳои забонхои авестоӣ, форсии бостон, форсии миёна, бохтарӣ, суғдӣ, портӣ сарчашма гирифта, дар дарозои таърих ба таҳаввулу тағйироти ҷиддие дучор гардидааст. Бинобар ин вақте сари масъалаи имлои садонокҳои забони тоҷикӣ сухан меравад, ҳадди ақал ба таври сатҳӣ аз сайри таърихии садонокҳои забони мо бояд кас огоҳ бошад, то дар ин мавзуъ огоҳона суҳбат намояд. Ин нукта барои он таъкид гардид, ки чи басо касоне ҳастанд, ки имрӯз сари ин масъала ақидаҳои зидду нақиз баён менамоянд ва хонандагонро дар бархе ҳолатҳо ба роҳгумӣ мебаранд.
Низоми садонокҳои забони тоҷикӣ ба шаш садоноки ҷуфт такя мекунад. Ин шаш садоноки ҷуфт аз давраи бостон то имрӯз меҳвари низоми садонокҳои забонро ташкил намуда, садонокҳои мураккабу дароз (дифтонгҳо, трифтонгҳо ва ҳатто овозҳои аз чор овози одӣ иборат (авестоии raočan – рӯз, равшан) садонокҳои наздик ба яке аз садонокҳои ҷуфт (дар калимаи raočan-и авестоӣ таркиби «aoča» ба ӯ-и устувор) иртибот мегирад. Аз ин нуқтаи назар ба ғайр аз се ҷуфти садонокҳои дарозу кутоҳ (дар забонҳои авестоӣ ва форсии бостон) ва ноустувору устувор (дар забони форсии миёна ва нав) садонокҳои мураккабу дароз қаринаҳо ё гунаҳои садонокҳои ҷуфт ҳисоб мешаванд. Дар забони тоҷикӣ ҳам шаш садоноки ҷуфт (а –о, у-ӯ, и-ӣ) асоси низоми овоии забонро ташкил дода, ду садоноки дарози тоҷикӣ (ӯ ва ӣ) қаринаҳои у-и устувор ва и-и устувор мебошанд. Акнун дар бораи истилоҳҳои «дарозу кутоҳ» ва «устувору ноустувор» равшанӣ меандозем. Истилоҳҳои «дароз» ва «кутоҳ» барои садонокҳо дар забонҳои авестоиву форсии бостон, ҳарду ҳам дар осори таърихӣ бо номи «забони ориёӣ» маъруфанд, барои низоми садонокҳо аз он сабаб истифода мегарданд, ки дар ин давра дарозӣ ва кутоҳии овозҳои садонок хусусияти маънисозӣ доштанд, яъне бо дароз ё кутоҳ талаффуз шудани онҳо маънои вожаҳо тағйир меёфтанд. Минбаъд дар давраи охири рушди забони форсии миёна маъносозӣ аз рӯи дарозӣ ва кутоҳии садонокҳо аз байн рафт. Барои ҳамин донишмандони эроншинос садонокҳои забони тоҷикӣ-форсиро ба устувор (о, ӣ, ӯ) ва ноустувор ( а, и, у) ҷудо карданд. Сайри мухтасар ба таърихи ташаккули садонокҳо дар забонҳои бостонӣ ва миёнаи эронӣ аз дарозиву кутоҳӣ ба устувориву ноустуворӣ гузаштани овозҳои садонокро нишон медиҳад.
Яке аз хусусиятҳои хоси овозҳои забонҳои бостонии эронӣ ба таври мушаххас фарқ кардани садонокҳо аз лиҳози дарозии овоз мебошад. Тартиби онҳо дар забонҳои эронии бостон ва миёнаи эронӣ, ки забони тоҷикӣ ҷойгузини онҳо шудааст, дида мебароем. Дар забони авестоӣ садонокҳо: 14 – садонок: ā, a, ē, e, ə, ə, o, ō, ā, a, i, ī, u, ū; i, ī, u, ū, a, ā, e, o, ō, , ã,
Садонокҳои мураккаб (дифтонгҳо) дар ин забон шашто мебошанд: aē, ao, ōi, əu, āi, au
Ҳамсадоҳо: k, g, x, ũ, c, j, t, d, δ, t, p, b, f, w, j, п, ŋ, m, y, v, s, z, š, ž, h, h, r, .
Тавре ки мебинем, барои ифодаи 14 садоноки хоси забони авестоӣ аз рӯйи хати диндабира 16 аломат гузоштаанд ва садонокҳои ин забон аз ҳафт ҷуфти кутоҳ ва дароз иборат аст. Муҳақкиқон садонокҳои забони авестоиро аввал аз 9 то 14 овоз ва дар солҳои охир шаш садонок ҳисоб кардаанд (a, ā, i, ī, u, ū ) [12, 143; 4, 1].
Забони форсии бостон дар таркиби худ се ҷуфти садонокҳои одӣ (i - ī, - a - ā, u - ū) ва чор садоноки мураккаб (ai, aī, au, aū) дорад[3, 187; 9, 47-48]. Имрӯз муҳаққиқон аз рӯйи натиҷаҳои таҳқиқотҳои охир пешниҳод намудаанд, ки садонокҳои мураккаби ai ва au дар давраи инкишофи форсии бостон (то сангнавиштаҳои Дориюши Кабир) ба як овози садонок дар шакли ai ē ва auō табдил ёфта буданд [5, 29-30; 20, 21], вале ин тағйирот дар хат ва алифбои форсии бостон ворид нашудааст. Дар забони форсии бостон 22 ҳамсадо вуҷуд дошта, хати он аз чап ба рост навишта мешуд. Садонокҳои забони портӣ то ҳанӯз ба таври мушаххас муайян нашудааст, вале муҳаққиқон тахмин мекунанд, ки садонокҳои забони портӣ ба монанди садонокҳои форсии миёна аз ҳашт овози сода a, ā, i, ī, u, ū, o, ē (кутоҳу дарози a – ā, i – ī, u – ū) иборат буданд.
Забони форсии миёна дорои ҳашт садоноки сода a, ā, i, ī, u, ū, ō, ē ва ду садоноки мураккаб ai, ва au мебошад. Ҳамсадоҳои забони портӣ ва забони форсии миёна ҳамгун буда, аз 22 ҳамсадо (p, t, k, b, d, g, č, ĵ, f, s, š, x, h, ν, ү, z, ž, m, n, l, r, y) иборатанд.
Забони бохтарӣ дорои 25 ҳарф ва аломатҳои ишорат буда, хати он дар асоси хати юнонӣ тартиб ёфтааст. Он 6-7 садонок ва 20 ҳамсадо дорад.
Садонокҳои забони суғдӣ дар аввал аз 11 овоз (6 садоноки кутоҳ – a, i, e, u, o, ә ва 5 садоноки дароз ā, ī, ē, ū, ō ) иборат буда, инчунин чор садоноки мураккаб (ai, au, āi, āu) доштааст. Ҳамсадоҳо аз 19 овоз иборат аст. (k(g), x, , č(j), š, ž, t(d) ∂, δ, s, z, п, p(b), f, β, m, w, y, r) [13, 347-373].
Баъдан садонокҳои суғдӣ аз овозҳои a, ā, i, u, ō, ē, ə яъне ҳафт овоз иборат шуда, ки садонокҳои кутоҳи он a, i, u хеле ноустувор аст ва махсусан дар байни калима он қадар ҳис карда намешавад. Садонокҳои мураккаб ё дифтонгҳо аз ai, au иборат мебошанд [11, 168-178].
Агар ба сохтори садонокҳои мураккаби забонҳои эронӣ назар афканем, мушоҳида мешавад, ки тамоми садонокҳои мураккаб бо овозҳои кутоҳ оғоз шудаанд (дар забони форсии қадим ai, aī, au, aū). Бад-он маъне, ки овозҳои ба ном «йотбарсарҳо», ки бо нимсадои «й» гуё дар забони тоҷикӣ шуруъ ва бо ҳарфҳои алоҳидаи «е, ё, ю, я» ишора мешаванд, барои низоми садонокҳои забони тоҷикӣ бегона буда, онҳо бо тақлид ба алифбои забони русӣ ба забони мо ворид шуда, ҳеҷ лузуме надоранд.
Инкишофи минбаъдаи садонокҳо дар забони форсии миёна ва портӣ нишон медиҳанд, ки ду садоноки мураккаб ai ва au мутаносибан ба садонокҳои дарози ē ва ō табдил ёфтаанд, дар забони форсии миёна шумораи садонокҳо ба ҳашт садонок (i, ī, ē, a, ā, u, ū, о, ) мерасад.
Мо ин садонокҳоро дар осори шоирону нависандагони давраи классикии адабиёти форсу тоҷик (асрҳои IX-XX) мебинем. Ин муқобилгузории садонокҳо ба садонокҳои устувору ноустувор дар алифбои арабиасоси тоҷикӣ ҳам инъикос ёфт. Овозҳои садонокҳои устувори ī ва ē бо ҳарфи ی - йо ва ū, ō бо ҳарфи (و) вов навишта мешуданд. Садонокҳои ноустувори i бо касра (ﹻ), u – бо замма (ﹹ) ва а – бо фатҳа (ﹷ) ишора мешуданд, ки баъзан нишон дода намешуданд. Дар алифбои арабиасоси мо барои ду садоноки устувори дароз ē ва ō, ки дар навишт гоҳҳо навишта мешаванд ва талаффузи онҳо ба талаффузи у-и устувор ва и-и устувор табдил шуда буд, истилоҳҳои «йо-и маҷҳул» ва «вов-и маҷҳул» истифода мешавад. Яъне агар ī йо-и маъруф бошад ва навишт бо талаффуз мувофиқат кунад, пас ē - йо-и маҷҳул ва ū - вови маъруф бошад пас ō вови маҷҳул мебошад. Агар ин истилоҳҳои забоншиносӣ ва овонавишти онро бо алифбои имрӯза баргардонем, ӯ-и дароз дар калимаҳои гӯш, рӯз, бӯй ва ғайра вови маҷҳул ва у-и дарози калимаҳои дуд (форсии миёна dūt ), дур (форсии миёна dur) хун (форсии миёна xӣn) вови маъруф мебошанд. Ин овозҳо дар забони форсии имрӯз бо вов навишта шуда, ҳамчун у-и дароз ифода мешаванд, вале дар забони тоҷикӣ онҳо бархе бо ӯ-и дароз ва бархе дигар бо у-и кутоҳ навишта мешавад, ки ҳоло сарчашмаи баҳси доманадори донишмандон гардидааст. Айнан ҳамин усул дар навишти йо-и маҷҳул ва йо-и маъруф дар забони тоҷикӣ ва форсӣ мушоҳида мешавад. Агар йо-и маҷҳул дар забони тоҷикӣ ба садоноки алоҳидаи ē табдил ёфта бошад, он дар забони форсӣ бо овози ī якҷо шуда, бо йо (ی) навишта мешавад. Масалан калимаҳои шер ва шир дар забони форсӣ як хел (شیر) навишта мешавад, вале маъноҳои гуногунро ифода мекунанд. Бояд гуфт, ки дар ҳар ду маврид хусусиятҳои хоси забони тоҷикӣ дар форсии миёна дида мешавад, вале дар форсии имрӯз шояд зери таъсири омилҳои забонҳои бегона тағйир карда бошад. Дар вазни арӯз i (и-и ноустувор), ки бо касра (ﹻ) ифода мешавад ва ī (и-и дароз) маҷҳул, ки бо йо (ی) ифода мешавад, бо ҳамдигар дар шеър ҳамвазн нестанд, вале бархе аз шоирони мо ба иллати дигаргунии нодурусти солҳои 40-уми садаи ХХ дар имлои забон масалан калимаи дилро (دل) бо Нил (نیل) қофия мебанданд, ки дар вазни арӯз хатои маҳз ҳисоб мешавад.
Дар забони тоҷикии давраи классикӣ мисли забони форсии миёна ҳанӯз ҳам ҳашт садонок (се ҷуфти кутоҳи дарози i-ī, a-ā, u-ū ва ду садоноки дарози аз садонокҳои мураккаби ai>ē ва au>ō пайдошуда) вуҷуд дорад, вале дар зери таъсири тағйироти сифатӣ дар ҳоли тағйир ёфтан аст.
Албатта, фонемаи ӯ ё ба таври дигар у-и дарози устувор дар забони тоҷикӣ таҳқиқи ҷиддӣ мехоҳад, зеро ки шакли талаффузи он ба вови маҷҳули классикӣ шартан муқоиса мегардад. Тарзи талаффузи он дар забони форсии миёна ва форсии дарӣ ё тоҷикии аҳди классикӣ ба таври мушаххас маълум нест ва он аз рӯи анъана ва суннати дароз талаффуз кардани он баррасӣ мегардад [14, 20]. Ин масъаларо метавон ба таври муфассал дар намунаҳои мувофиқати таърихии ин овоз аз форсии бостон то забони тоҷикӣ баррасӣ намуд.
Вови маҷҳул дар забони классикии форсии тоҷикӣ аз ҳисоби ба садоноки дарози ū табдил ёфтани садоноки мураккаби aū ва ба воситаи дароз талаффуз кардани баъзе аз таркибҳои овозӣ пайдо шудааст, ки мушаххасан дар мисолҳои зерин дида мешавад:
1. Дар калимаҳои монанди рӯз, гӯш, бӯӣ, рӯд, рӯй, дар асоси табдил ёфтани садоноки мураккаби забонҳои авестоӣ ва форсии қадим au ба садоноки дарози ū пайдо шудаанд:
рӯз < форсии миёна ва портии rōz (форсии миёнаи давраи аввал roč форсии бостон raučah ба маънои рӯз, авестоии raočan – равшан < эронии қадим* raučah). Калимаи авестоии raočan имрӯз дар забони тоҷикӣ дар шакли равшан ва рӯшан вуҷуд дорад ва ин мисол исбот мекунад, ки имрӯз ҳам кутоҳшавии садонокҳои мураккаб (ав-и тоҷикӣ ва оӯ-форсӣ) дар забони мо идома дорад. Равған ва рӯған ҳам шоҳиди ин гуфтаҳост.
гӯш < форсии миёна – gōš < форсии бостон gauša, авестоии gaoša< эронии қадим* gauša;
бӯй < форсии миёнаи bōy < авестоии baoδa < эронии қадим* bauda;
рӯд < форсии миёнаи rōd < форсии бостон rautah < эронии қадим* rautah;
рӯй < форсии миёнаи rōy < авестоии raoδa < эронии қадим rauda ба маънои намуди беруна.
2. Бо роҳи ба садоноки дарози ū табдил ёфтани таркибҳои овозӣ:
а) аз эронии қадими* aua: ӯ ба маънои шахси сеюми вай < форсии миёнаи ōy < форсии бостон avahya аз ҷонишини ишоратии ava – он, вай < эронии қадим* ava:
фурӯ ба маънои поин < форсии миёна frād < форсии бостон frauatа – ба пеш, ба поин;
зӯр ба маънои тавоноӣ, қудрат < форсии миёна zōr < форсии миёнаи давраи аввал zavar, портии zāvar < авестоии zāvar;
пӯст < форсии миёна pōst < форсии қадим* pavasta;
ту < форсии миёна tō < авестоии tava < эронии қадим* tava ба маънои «аз ту» (тавре мебинем дар калимаи «ту» овози у-и дарози устувор аксаран бо у-и ноустувор табдил ёфтааст);
б) аз таркиби овозии форсии бостон agu* >avu* ōu > ō;
мӯбад < форсии миёна mōubad (давраи аввал - mōupat) < форсии бостон magupati – рӯҳонии зардуштӣ;
в) аз таркиби овозии va > ō;
вожаи ду < форсии миёнаи dō < авестоии dva, форсии бостон duva [14, 42-43]. Дар калимаҳои «ду» ва «нуҳ» ҳам овози у-и дарози устувор ба овози ноустувори «у» табдил ёфта, ба талаффузи у-и ноустувор дар вожаи «ту» ҳаммонандӣ пайдо кардаанд.
Ин таркибҳои овозии авестоӣ ва форсии бостон дар забони тоҷикии имрӯз бояд овози ӯ-ро диҳанд, ки тавре аз имлои имрӯз бармеояд, на ҳамаи ин овозҳо бо ӯ ишора мешавад. Ҳол он ки дар забони мо бе доштани меъёри таърихӣ як силсила қоидаҳо (аз қабили пеш аз овози (h) ҳ дар калимаҳои кӯҳна, куҳан ва пеш аз овозҳои h ва айн (аломати сакта) дар калимаҳои арабӣ талаффуз кардани ӯ пайдо шудаанд, ки имрӯз онҳоро ҳамчун хусусиятҳои хоси забони тоҷикӣ қаламдод мекунанд. Ҳол он ки хусусияти хоси ин овозҳоро, яъне ба ӯ-и дароз табдил ёфтани у-и кутоҳ дар лаҳҷаҳои шимолии Тоҷикистон, аз ҷумла дар лаҳҷаҳои «самарқандӣ-бухороӣ, ленинободӣ-конибодомӣ, аштӣ, чустӣ, косонсоӣ, уротепаӣ, шаҳристонӣ» дар намунаҳои уҳда, мӯҳтоҷ, мӯмин (арабии муъмин) ҳанӯз дар соли 1964 муҳаққиқи рус Расторгуева В.С. қайд карда чунин гуфта буд: «Гузариши u (у-и кӯтоҳ) ба ů (ӯ-и дароз) дар зери таъсири ҳамсадои гулӯӣ танҳо дар лаҳҷаҳои шимолӣ (ҷое, ки садоноки ū (ӯ-и дароз) дорад) ва махсусан дар лаҳҷаҳои самарқандиву бухороӣ, ленинободиву конибодомӣ, аштӣ, чустӣ, косонсоӣ, уротепагӣ, шаҳристонӣ дида мешавад» [15, 29]. Яъне ин падида дар аксарияти дигари лаҳҷаҳои минтақаҳои тоҷикнишини тоҷикони Осиёи Марказӣ ва лаҳҷаҳои марказӣ, ҷанубӣ ва ҷануби шарқии Тоҷикистон аз тарафи муҳаққиқон маълум карда нашудааст ва онро ҳамчун меъёр ба забони адабӣ дохил кардан ба назар дуруст намерасад. Агар меъёрҳои забони адабиро ба баъзе минтақаҳои тоҷикнишини Узбекистону Тоҷикистон маҳдуд накарда, онро ба тамоми сарзамини тоҷикон мансуб донем, нодурустии ин меъёр боз ҳам равшантар ва бармалотар аён мегардад. Расторгуева В.С. таъсири забонҳои туркӣ ва махсусан забони узбекиро дар пайдо шудани овози ӯ дар калимаҳои арабӣ ва тоҷикӣ дар намунаи лаҳҷаҳои Чирчиқи боло, Риштон ва атрофи он зикр намуда чунин мегӯяд: «Ин фонема (овози ӯ дар назар аст) хати инкишофи ō-и маҷҳули куҳанро идома намедиҳад. Он дар ин ҷо аз забони ӯзбекӣ иқтибос шудааст ва фақат дар калимаҳои иқтибосии ӯзбекӣ дида мешавад» (мисолҳо ҳам оварда мешавад).
Баъдан ӯ дар ҳамин ҷо зикр мекунад, ки «ō-и маҷҳул дар ин ҷо ба монанди лаҳҷаҳои марказӣ ба овози ū табдил ёфтааст: rūz, rūy, mūy ва ғ.» [15, 41; 19, 10-11] (яъне ба у-и дарози калимаҳои дур, пур, гур ва ғ.).
Бояд гуфт, ки масъалаи садонокҳои забони тоҷикӣ дар даврони шӯравӣ борҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст ва то ин дам шумораи садонокҳои забони тоҷикиро пажӯҳишгарон гоҳ дар асоси шумораи садонокҳо дар забони классикии форсӣ-тоҷикӣ 8 садонок, гоҳ ҳафт садонок ва асосан шаш садонок ҳисоб кардаанд. Дар ибтидои асри ХХ, солҳои 1927-1928 дар давраи омодагӣ барои гузариш ба алифбои лотинӣ баҳс сари садонокҳои дарозу кутоҳи ū – u ва i – ī хеле доманадор буд ва ин баҳсҳо аввал бо қабул кардани ҳашт садонок i, ī, e, a, o, ů, ū, u анҷом ёфт. Дар натиҷа китобҳои аввалини дарсӣ барои забони тоҷикӣ, ки солҳои 1929-1930 чоп шуданд, бо овардани ҳашт садонок дар забони тоҷикӣ нашр гардидаанд [18; 16, 11-12]. Абдурауфи Фитрат дар китоби худ бо номи «Қоидаҳои забони тоҷик (сарф ва наҳв)», ки соли 1930 ба чоп расидааст, чунин менависад: «Босадоҳои (садонокҳои - С.Н.) забони тоҷик 8 адад буда, ба се ҷуфт ва 2 тоқа тақсим мешаванд. 6 босадои ҷуфт-ҷуфт:
Кӯтоҳ у, и, а
Дароз ӯ, ӣ, о
Ду бо садои тоқа: е, ӯ» [2, 40-41]. Вале баъдан Комиссия оид ба омодагӣ ба анҷумани илмӣ-забоншиносии Тоҷикистон садонокҳои забони тоҷикиро 6-то муқаррар намуд ва овозҳои i - ī ва u - ū-ро на аз рӯйи дарозӣ, балки дар асоси устуворӣ муайян намуд [8].
Масъалаи у-ҳо (у,у, ӯ) ҳангоми таҳияи алифбои лотинӣ дар чанд конференсияву ҳамоишҳои забоншиносӣ матраҳ гардида дар Анҷумани забоншиносони соли 1930 (моҳи август) дар ин бора банди алоҳидаи қарорҳои Анҷуман қабул гардид, ки он чунин аст:
«2. Анҷуман тамоман масъалаҳои мубоҳисадори алифбои нави тоҷикро ҳаматарафа музокира карда, ба ин қарор меояд, ки дар қисми муҳимми шеваҳои тоҷикӣ овози (у) вов-и маҷҳул мавҷуд нест ва ин вов бо (у) вови маъруф мувофиқ мебошад, барои ҳамин дар аснои таълим хондан ва навиштан душвориҳо ба миён меояд. Барои аз миён бардоштани ин душвориҳо минбаъд овозҳои (у) ва (ӯ) бо як шакл (ӯ) нишон дода шавад ва ин шаклро бо хосиятҳои шеваҳо мувофиқ карда кор фармудан мумкин хоҳад шуд. Ин ҳол дар шеваҳое, ки ин се овоз (яъне у, ӯ,ý) фарқ доранд, дуруст хондан ва навиштанро осонтар карда, дар шеваҳое, ки фақат дутои ин овозҳо ҳаст, душвории мавҷударо аз миён мебардоранд» [10, 173].
Минбаъд дар асоси ин қарор алифбои лотинӣ баъд аз баҳсу мунозираҳо қабул гардид, ки он аз 32 (31 ҳарф ва як апостроф) иборат буда, нисбатан ба шумораи овозҳои забон мутобиқат мекард.
Дар соли 1940 барои забони мо алифбои кириллии русиасос мувофиқ карда шуд, ки он дар оғоз аз 37 аломат ва аз соли 1954 аз 39 аломат иборат шуд. Он иштибоҳҳое, ки минбаъд мавриди баҳси доманадори донишмандон то ба ҳол қарор гирифтааст, аз ҳамин алифбо ва имлои забони тоҷикӣ, ки дар асоси он бо номи «Қоидаҳои асосии орфографияи забони тоҷикӣ» (1940) қабул гардид, сар зад. Дар ин алифбо барои садонокҳои у ва и ҳарфҳои У,у, Ӯ,ӯ, И,и, Ӣ,ӣ (и-и заданок), Э,э, Е,е қабул гардид. Инчунин барои йотбарсари Е,е-русӣ қоидаи махсус сохта шуда, он барои талаффузи овози э, ки аслан кутоҳшудаи и аст, мувофиқ гардонида шуд. Агар ба ин шумораи аломатҳо ҳарфҳои А,а ва О,о-ро барои ифодаи ду садоноки ҷуфти аввал, ки камтар мавриди баҳс қарор гирифтаанд, илова намоем, пас барои садонокҳои забони тоҷикӣ дар алифбои русиасоси мо 8 аломати ҳарфӣ ҷудо шудааст, вале барои ду садоноки ноустувор аломат ҷудо нагардид. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар забони тоҷикӣ 30 овоз (24 ҳамсадо, 6 садонок) вуҷуд дорад. Тамоми низоми овозии забон то вазни аруз дар мувозинати овозии садоноки ҷуфт барқарор гардидааст.
Овозҳои ӯ-и устувори дароз (у) ва и-и устувори дароз (й, э) қаринаҳои у-и устувор ва и-и устувор ҳисоб мешаванд. Бинобар ин, аломатгузорӣ ё интихоби ҳарф ҳам аз рӯи ҳамин меъёр бояд сурат мегирифт. Принсипи асосӣ дар интихоби алифбои русиасос низ «ифодаи ҳар як овоз (фонема) ба як ҳарфи мустақилу алоҳида буд» [10, 102].
Барои ӯ (у-и устувори дароз) аломати махсус ҷудо карда аксари калимаҳои арабӣ ва туркиро, ки бо у-и устувор бояд навишта мешуданд, ки аслан бояд фақат калимаҳои решагӣ ва худии забон (бӯй, рӯй, мӯбад, гӯш, …)дарбар мегирифт, бо ин аломат ифода шуданд. Асли дарҳам барҳамӣ ва хатокорӣ дар имлои овози ӯ аз ҳамин ҷо сар мезанад.
Дар солҳои 1937-1940 дар давраи гузариш ба алифбои кириллӣ масъалаи садонокҳои забони тоҷикӣ аз нав мавриди баррасӣ қарор гирифт. Боз фарқ кардани i – ī ва ū – u масъалаи асосӣ гардид. Соли 1940 китоби Лутфулло Бузургзода «Фонетикаи забони адабии тоҷикӣ» бо ҳуруфи лотинӣ чоп шуд, ки дар он масъалаи дарозӣ ва кутоҳии садонокҳои i - ī ва ū – u аз нав тасдиқ гардида, барои забони тоҷикии меъёр ҳашт садонок муқаррар гардид. Аз ҷумла, ӯ дар бораи овози i: - ī менависад: «i: Ин овоз аз ҷиҳати ҷой ва усули ташаккул аз «i» фарқ надорад, яъне овози қатори пешин ғайрилабӣ ва танги болоӣ буда, аммо аз «i» андак кашидатар (дарозтар) талаффуз карда мешавад: i:d, bi:пo, si:r (sī:ri kosa), si:r, zi:n, zi:пa, xi:ra, pi:v, di:па, di:ruz//di:rūz, ki:па, si:. Ин овоз дар як қисм шеваҳо монанди забони адабӣ фонемаи мустақил ба шумор равад ҳам, дар як қисм шеваҳо (Самарқанд, Ленинобод) аз «i» фарқ карда намешавад» [6, 39; 16, 11-12]. Л. Бузургзода дар бораи u:(ū) ҳам чунин ақидаро пешниҳод мекунад ва барои намуна мисолҳои du:r, hu:š, šu:š, пu:r, du:d-ро меорад [7, 21; 16, 12]. Тавре ки аз ин намунаҳо мебинем, ва худи муаллиф ҳам қайд мекунад, ин дарозиву кутоҳӣ агар дар забони адабӣ ва баъзе аз шеваҳо фонемаи мустақил бошад ҳам, вале дар лаҳҷаҳои Самарқанду Ленинобод аз овози «i» фарқ надорад. Бинобар ин дар имлои забон ҳам минбаъд дар назар гирифта нашудаанд.
Вале баъд аз як соли нашри ин китоб китоби дигаре бо номи «Грамматикаи забони тоҷикӣ» нашр мешавад, ки дар он ҳафт садонок (a, e, u, ӣ, o, y, ӯ) барои забони адабии мо муқаррар шудааст.
Забони тоҷикӣ алорағми гуногунӣ ва мавҷуд будани шумораи зиёди лаҳҷаву шеваҳои мухталиф, ки дар гуногунии талаффузи садонокҳо бештар акс ёфтаанд, умумияти байни ин гӯишу лаҳҷаҳоро дар худ инъикос намудааст. Ин гӯишу лаҳҷаҳо аз лиҳози овозҳо дар зинаҳои мухталифи тағйирёбии сифатӣ ва миқдорӣ нисбат ба овозҳои забони адабӣ қарор дошта, ҳангоми таҳлилу баррасиҳои илмӣ умумияти таърихии овозҳои забонҳои эрониро ба таври возеҳ ошкор менамояд. Тавре ки аз сайри таърихии овозҳои забони тоҷикӣ аз авестоиву форсии бостон то забони форсии миёнаву бохтариву суғдӣ дидем, ин забонҳо ба ҷуз аз тағйиротҳои умумӣ, ки дар зинаҳои таҳаввулу такомул ва дар марҳилаҳои рушди таърихӣ ва хусусиятҳои хоси забонҳои шарқӣ ва ғарбии эронӣ дида мешаванд, умумияти равиши таърихии умумиэронӣ доранд.
Масъалаи талаффузи садонокҳои таърихии u, ū, ō (у ва ӯ-и дароз ва ӯ-и маҷҳул)-ро дар лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ, Расторгуева В.С. ба панҷ навъ ё панҷ намуд ҷудо кардааст [15, 23-29]. Дар лаҳҷаҳои навъи аввал ва навъи дувум, ки ба гурӯҳи аввал Бухоро, Айнӣ, Чуст, Консой, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Шаҳристон, Панҷакент ва ба гурӯҳи дувум лаҳҷаҳои ш.Самарқанд, болооби Варзоб, Бойсун, лаҳҷаҳои кӯҳистони Ҳисору Қаратоғ дохил мешаванд, овози садоноки маҷҳули «ō» боқӣ монда, аз лиҳози устуворӣ дар муқобили «ū» ва «u» (дар гурӯҳи аввал) ва «u» (дар гурӯҳи дувум) қарор дорад [15, 23-27; 16, 27-29].
Дар лаҳҷаҳои гурӯҳи сеюм, (лаҳҷаҳои Мастчоҳ, Фалғар, Шайдон, болоби дарёи Чирчик), чорум (лаҳҷаҳои Кӯлоб, Ғорон (Бадахшон), Хумдара, Вахёи боло, Чилдара, Қаротегин, қисмати ҳамвории водии Ҳисор, бахше аз Варзоб) ва гурӯҳи панҷум (лаҳҷаи Дарвоз) хусусиятҳои умумӣ дар талаффузи ин садонокҳо дида мешавад:
1. Дар ҳар се навъ ё гурӯҳ садоноки таърихии ō (ӯ-и дароз) дар калимаҳои гӯш, бӯй, рӯз ба овози дарози ū-ӯ табдил ёфтааст.
2. Овози садоноки дарози ӯ дар калимаҳои хун, дуд, дур, низ бо ō (ӯ-и дароз) якҷо шудааст. Фақат дар лаҳҷаҳои типи сеюм ба ū (у-и дароз) табдил ёфтани (у-и кӯтоҳ) дар баъзе ҳолатҳо дида мешавад.
Дар лаҳҷаҳои типи чорум ва панҷум u (у-и кутоҳ) боз ҳам кутоҳтар шуда, ба ъ табдил ёфтааст, ки аз ҳамаи садонокҳои забони тоҷикӣ имрӯз кутоҳтарин садонок дар забони тоҷикӣ мебошад. Фақат дар лаҳҷаҳои гурӯҳи панҷум (Дарвоз) ҳар ду ҳолат, ҳам кутоҳшавии u (у-и кутоҳ) ба ъ ва ҳам нигоҳ доштани хусусияти ō (ӯ-и дароз) дар калимаҳои монанди рӯз, гӯш, дида мешавад [15, 23-27; 16, 27-29]. Қонунмандиҳои инкишофи дохилии лаҳҷаҳои забони тоҷикии қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон) аз лиҳози овошиносии садонокҳои одӣ шумораи ин садонокҳоро аз 6 садонок то ҳашт садонок нишон медиҳад. Садонокҳои лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ ба таври умум аз лиҳози таҳаввули таърихӣ ҳадди ақал ду роҳи инкишофи худро тай кардаанд.
Аввал аз лиҳози дарозии талаффуз садонокҳои ҳамгун ба ҳам омада, якҷоя мешаванд, ки дар намунаи якҷояшавии садонокҳои ҳамгуни ō, ӣ, u ва i, ī, e бо равишҳои мухталиф дида мешаванд. Дувум, садонокҳо аз лиҳози хусусиятҳои сифатӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ин тағйирот дар лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ ба тариқи зерин мушоҳида мешавад. (Инъикоси ин таҳаввул аз лиҳози минтақавӣ аз шимол ба ҷануб яъне аз лаҳҷаҳои шимолӣ ба самти лаҳҷаҳои ҷанубӣ мебошад):
1. Овозҳои садоноки навъи шимолӣ дар се марҳила дараҷаи инкишоф ва таҳаввули садонокҳоро ба самти якҷояшавӣ ё ҳамроҳшавӣ нишон медиҳад.
а) Марҳилаи аввал дар лаҳчаҳои гурӯҳи якум (Бухоро, Панҷакент, Уротеппа, Шаҳристон, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Консой, ҷануби Ашт дар намунаи гузаштан аз садонокҳои дарозу кутоҳ ба садонокҳои устувору ноустувор (баъзе ҳолатҳои муқобилгузории дарозу кутоҳ) дида мешавад. Ин лаҳҷаҳо дорои ҳашт садонок i, (ī), е, a, о, u, (ū), ů, мебошанд;
б) марҳилаи дувум якҷояшавӣ ва баҳамоии u ва ū (у-и дарози калимаҳои дур, нур…) бо нигоҳ доштани муқобилгузории i ī дар ҳолати ноустуворӣ ва устуворӣ (i ва ī дар намунаи калимаҳои дил-пир, китоб- ширин ва ғ.). Дар ин лаҳҷаҳо (танҳо лаҳҷаи Самарқанд ва атрофи он) ҳафт садонок (i, (ī), е, a, о, u, ů,) дида мешавад;
в) марҳилаи савум баҳамоии садонокҳои i ва ī (ӣ, и) дар намунаи калимаҳои пир, дил, шир, ва ғ. ва вуҷуд доштани шаш садонок (i , е, a, о, ů, u) дар лаҳҷаҳои кӯҳистони Ҳисор, Бойсун, Дарбанд, Варзоби боло. Бояд гуфт, ки ин лаҳҷаҳо бештар зери таъсири лаҳҷаҳои ҷанубӣ (кулобӣ ва қаротегинӣ) қарор дошта, дар онҳо баҳамоии ū ва ů (дар намунаи калимаҳои рӯ > ру, бӯ > бу, сӯ >су) дида мешавад.
2. Лаҳҷаҳои марказӣ (болооби Зарафшон, Мастчоҳ, Фалғар, Сух) бо хусусияти ҳафт садонокӣ (i, ī, a, о, е, ū, u), лаҳҷаҳои ҷанубӣ (Кӯлобу Вахш, Бадахшон, Рашт, қисмате аз ноҳияи Дарвоз ва Варзобу Ҳисор бахше аз минтақаҳои ҷудогонаи вилояти Фарғонаву Андиҷон) бо хусусияти шаашсадонокӣ (i, е, a, о, ъ, ū, ) ва лаҳҷаҳои ҷанубу шарқӣ (Дарвоз, асосан Дарвози боло) бо доштани даҳ садонок, (i, е, a, о, ū, u, ъ, ü) ва дорои хусусиятҳои ҳам шимолӣ ва хам ҷанубӣ дорои аломатҳои зерин мебошад.
а) Хусусияти умумии тағйироти сифатии садонокҳо бо гузаштани садонокҳои таърихии кӯтоҳи u (у) ва дарози ū (у) ба ů (ӯ) дар лаҳҷаҳои марказӣ;
б) гузариши садоноки таърихии ū ба ü дар лаҳҷаҳои ҷануби шарқӣ;
в) маҳдуд шудани дарозии садоноки маҷҳули ō (ӯ) ва гузаштани он ба ū (у) дар лаҳҷаҳои марказӣ;
г) гузаштани u (у-и кутоҳ) ба ъ, яъне боз ҳам кутоҳшавии у-и кутоҳ дар лаҳҷаҳои ҷанубӣ.
Ҳамин тариқ дар лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ бештар садонокҳои таърихии қатори ақиб ба тағйироти сифатӣ дучор шудаанд. Агар мо тагйироти сифатии лаҳҷаҳои тоҷикии Афғонистонро (махсусан лаҳҷаҳои шимоли шарқӣ ва маркази Афғонистон- Балх, Бадахшон, Қундуз, Тахор, Самангон, Парвон, Кобул) бо лаҳҷаҳои Тоҷикистону Узбекистон муқоиса кунем, пас умумияти ин лаҳҷаҳо бештар бо лаҳҷаҳои ҷануби Тоҷикистон дида мешавад ва дар маҷмуъ лаҳҷаҳои шимолӣ бо доштани хусусиятҳои қадимӣ (асосан доштани ҳашт садонок) аз як тараф ва лаҳҷаҳои ҷанубӣ бо лаҳҷаҳои шимол ва маркази Афғонистон (бо доштани хусусияти ҳафтсадонокӣ ва шашсадонокӣ) дар байн ва лаҳҷаҳои забони форсӣ бо доштани хусусияти шашсадонокӣ аз тарафи дигар қарор мегиранд [15, 38-41; 1; 17, 29-36].
Аз сайри таърихии такомули садонокҳои забони тоҷикӣ чунин хулоса кардан мумкин аст:
1. Садонокҳои забони тоҷикӣ як низоми муайяни забонӣ дошта дар пояи шаш садоноки ҷуфти кутоҳу дароз дар забонҳои эронии бостон ва ноустувору устувор дар забони тоҷикии имрӯз аз давраҳои бостон то имрӯз ташаккул ёфтааст.
2. Садоноки мураккабу дароз дар тамоми тули таърихи рушди забон, аз авестоиву форсии бостон то имрӯз ба яке аз садонокҳои ҷуфти устувор (о, и, у,) иртибот дошта, бо гузашти замон ба садонокҳои устувор табдил ёфтаанд. Ҳатто дар бархе ҳолатҳо садонокҳои устувор ба садонокҳои ноустувор (ду, ту, нуҳ, куҳ…) табдил ёфтаанд, ки ҳоло ҳам рушди садонокҳои забони тоҷикиро аз дарозӣ ба кутоҳӣ ва аз кутоҳи ба устувориву ноустуворӣ собит месозад.
3. Бо гум шудани хусусияти маънисозӣ садонокҳои мураккабу дароз дар забони тоҷикӣ ба садонокҳои устувор табдил ёфта, хусусиятҳои овозии худро аз даст дода, аз лиҳози талаффуз ба садонокҳои устувор табдил ёфтаанд.
4. Ҳамаи садонокҳои мураккаб дар давраи бостонии рушди забон (забонҳои авестоиву форсии бостон) бо садоноки кутоҳ оғоз меёбанд, ки ин суннат ба овозҳои мураккаби ба ном ётбарсарҳо (е, ё, ю, я) муғоират дошта, аз забони русӣ ба забони мо гузашта ҳеч иртиботе ба низоми дастурии забони тоҷикӣ надоранд.

Адабиёт
1. Aвdul Chafar Favhadi. le persan parle en Afghanistan. Grammaive du Kaboli/ Paris. 1955.
2. Абдуррауфи Фитрати Бухороӣ. Қоидаҳои забони тоҷик (Сарф ва наҳв). – Душанбе, Сино, 2009.
3. Bartholomae Chr. Awestisch und Altpersisch || Grundriss der iranischen Philologue. Bd. I. Alt.1.Strusslbug, 1895-1901.
4. Benveniste E. le systeme phonologugue de’ iranien ancien. – BSL, 1968, T. 63, fase. 1.
5. Brandenstein W. und Mayrhofer M., Handbuch des Altpervsischen. -Wiesbaden, 1961.
6. Бузургзода Л. Фонетикаи забони адабии тоҷик, Сталинобод, 1940,
7. Бузургзода ва Л., Б.Ниёзмуҳаммадов. Грамматикаи забони тоҷикӣ, Сталинобод, 1941.
8. К вопросу об едином литературном таджикском языке, терминологии и латинизированном таджикском алфавите. Материалы работ комиссии по подготовке научно-лингвистического сьезде в Сталинабаде, Сталинабад, 1930.
9. Meillet A. Grammaire du v ieux perse, Paris, 1931 .
10. Назарзода С. Имло ва забони адабӣ.- Душанбе, «Андалеб-Р», 2015.- 320 саҳ.
11. Назарзода С. Пояҳои густариши забони миллӣ. Душанбе, «Эр-граф», 2016.-272 саҳ.
12. Основы иранского языкознания. Древнеиранские языки. -М., 1979.
13. Основы иранского языкознания. Среднеиранские языки.-М., 1981.
14. Основы иранского языкознания. Новоиранские языки. М., 1982,
15. Расторгуева В.С. Опыт сравнительного изучения таджикских говоров. М., 1964.
16. Соколова В.С. Фонетика таджикского языка, М.-Л., 1949. Соколова В.С. Исследования по фонетикие иранских языков. (Автореф. докт. диссерт.). Л., 1954.
18. Сухарева О.А. Руководство для изучения таджикского языка, Самарканд, 1929.
19. Тагирова К. Таджикские говоры Бастандоскского района Узбекской ССР, Сталинабад, 1959.
20. Языки Азии и Африки. -М. Наука, 1978.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

НАМОЯНДАИ КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТ МЕҲМОНИ ТЕЛЕВИЗИОНИ «ШАҲНАВОЗ» ГАРДИД - СУҲБАТ АТРОФИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 28 Октябр, 2021 - 11:15

 

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

ЗАБОН ВА ҶОМЕА: ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МИЛЛАТУ ДАВЛАТРО ДАР МИҚЁСИ ҶАҲОНӢ НАМОЯНДАГӢ МЕКУНАД

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 20 Октябр, 2021 - 13:01

 

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Октябр, 2021 - 15:21
Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо онро ҳар сол ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ва гиромидошти забони ширину шевои тоҷикӣ таҷлил менамоем, самимона табрик мегӯям.
Мардуми шарифи Тоҷикистон дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ шоҳиди дигаргуниҳои бузургу бесобиқа дар тамоми самтҳои ҳаёт, аз ҷумла дар татбиқи сиёсати давлатии забон, яъне пешрафти он ва ба таври куллӣ вусъат гирифтани доираи истифодаи забони шоиронаи тоҷикӣ гардидаанд.

Маҳз дар ҳамин давра забони тоҷикӣ дар бахтномаи миллат – Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати забони давлатӣ эътироф ва дарҷ гардид.
Аз 5 октябри соли 2009, яъне бо қабул гардидани Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» забони тоҷикӣ ба марҳалаи нави рушду такомул ворид шуд.

Зеро қонуни мазкур бо дарназардошти ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеаи мо дар асри XXI, инчунин, ба хотири арҷгузориву посдории боз ҳам бештари забони тоҷикӣ таҳияву тасдиқ гардида, то имрӯз дар пешбурди сиёсати давлати навини тоҷикон нақши муҳим бозида истодааст.

Ҳукумати Тоҷикистон, дар баробари ин, пайваста тадбирҳои иловагиеро амалӣ карда истодааст, ки ҳадаф аз онҳо таҳкими бештар бахшидан ба мақоми забони давлатӣ мебошад.

Аз ҷумла, 28 ноябри соли 2020 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030» тасдиқ карда шуд, ки барои дурнамои рушди сиёсати забони давлатӣ дар ҷомеа заминаҳои ҳуқуқӣ, моддӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ фароҳам меоварад.

Барномаи мазкур маҷмӯи чорабиниҳоро барои рушди даҳсолаи забон муайян карда, мо соҳибзабононро вазифадор менамояд, ки содиқона ва бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ аз пайи иҷрои масъалаҳои дар он пешбинишуда бошем.

Дар робита ба ин, бори дигар хотиррасон месозам, ки забон ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллӣ буда, чун ҷисми зинда барои афзудани тавонмандии худ ба ғамхориву пуштибонии пайвастаи давлату ҷомеа ниёз дорад.

Забони тоҷикӣ ифодагари арзишҳои маънавӣ ва ойинаи ибратбахши рӯзгори мо тоҷикон аст.

Аз ин рӯ, мо забони модарии худро дӯст медорем, ба он эҳтирому арҷи бепоён мегузорем, зеро забон ганҷи бебаҳои мероси фарҳангӣ ва аз ҷумлаи олитарин муқаддасоти миллии мо ба шумор меравад.

Донистани якчанд забон, ки аз анъанаҳои деринаи гузаштагони бузургамон маншаъ мегирад, имрӯз ҳама қишрҳои ҷомеа, махсусан, насли наврасу ҷавонро водор месозад, ки дар баробари аъло донистани забони давлати худ, яъне тоҷикӣ донандаи хуби дигар забонҳо низ бошанд.

Дар робита ба ин, ман борҳо таъкид кардаам, ки забономӯзӣ бояд дар доира ва заминаи забони тоҷикӣ, яъне бар пояи меъёрҳои забони модарӣ ва риояи хусусиятҳои он ҷараён гирад.

Ман қариб дар ҳамаи суханрониву вохӯриҳои худ таъкид месозам, ки бузургтарин вазифаи ҳар як фарди худогоҳи кишвар нигаҳдориву арҷгузорӣ ба ин мероси гаронбаҳо ва ба наслҳои оянда поку беолоиш расонидани забони ширину шево ва забони шеъру адаби оламшумули тоҷикӣ мебошад.

Бинобар ин, мо бояд дар ёд дошта бошем, ки сарчашма ва пойдевори худогоҳиву худшиносӣ забони модарӣ аст ва маҳз забони миллӣ тафаккури миллиро ташаккул медиҳад.

Яъне забони модарӣ барои мо – тоҷикон асоси ҳувияту худшиносии миллиамон мебошад.

Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси мо – насли имрӯза дар он зоҳир мегардад, ки барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ кӯшиш намоем, забондонии хешро пайваста сайқал диҳем ва онро чун гавҳараки чашм пос дорем.

Бори дигар Рӯзи забони давлатиро ба тамоми ҳамватанони гиромӣ самимона табрик гуфта, итминони комил дорам, ки ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯсти Тоҷикистони азиз тамоми саъю талоши худро барои минбаъд низ рушду инкишоф ёфтани забони давлатӣ равона хоҳад кард.

Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Забон ва Истиқлол»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Октябр, 2021 - 14:41
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Забон ва Истиқлол»

Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Забон ва Истиқлол» рӯзи 5-уми октябри соли 2021 баргузор гардид.

Дар Конференсия Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Матробиён Саодатшо, муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Нурзода Ҷамолиддин, намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Вализода Муҳаммад, аъзои ҳайати мушовараи Кумита, намояндагони вазорату идораҳо, пажуҳишгоҳҳои таҳқиқотӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оѓоз шуд.
Баъдан, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода Конференсияро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфта, онҳоро ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, суханро ба муҳтарам Нурулло Оқилзода мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дод.
Муҳтарам Нурулло Оқилзода аз дастовардҳои 30 соли даврони Истиқлол ёдовар шуда, доир ба мавқеи забони давлатӣ дар равнақу ривоҷи ҳаётии ҷомеа ибдоли ҳуруф намуда, нақши бузурги Пешвои миллатро дар пешбурди сиёсати забонӣ махсус қайд карда, перомуни осори пурмуҳтавои Ҷаноби Олӣ гузориши илмӣ ироа намуданд
Дар идомаи Конференсия Саломиён Муҳаммаддовуд – муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минбар баромада, зимни суханони шодбошию табрикотӣ доир ба шоҳкориҳо ва ѓамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдавти миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлол суханронӣ кард.
Дар бахши маърузаҳои илмӣ суханрониҳои зерин шунида шуд:
1. Муҳаммадҷонзода Олимҷон доктори илми филология, профессор дар мавзуи “Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди забони тоҷикӣ”;
2. Раҳматуллозода Сахидод узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илми филология, ва устоди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ – Зоитова Моҳира дар мавзуи «Диалектизмҳо сарчашмаи муҳими ташаккули забон. (дар асоси «Луғати нимтафсирии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик»-и Садриддин Айнӣ)»;
3. Назарзода Сайфиддин узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илми филология, дар мавзуи «Имло ва садонокҳои забони тоҷикӣ»;
4. Матробиён Саодатшо Қосимзода вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Нигоҳе ба дастури забони тоҷикӣ»;
5. Ҳасани Султон узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илми филология, дар мавзуи «Истиқлоли давлатӣ ва забони тоҷикӣ»;
6. Офаридаев Назрӣ доктори илми филология, профессор дар мавзуи «Оид ба яке аз қарорҳои нахустини анҷумани забоншиносии Тоҷикистон»;
7. Шаҳбоз Кабиров профессор дар мавзуи «Инъикоси раванди байналмилалӣ шудани забони тоҷикӣ дар асари Пешвои миллат «Забони миллат – ҳастии миллат»;
8. Қосимов Олимҷон доктори илми филология, профессор дар мавзуи «Вижагиҳои корбурди гурӯҳи фитонимҳо дар забони адабии тоҷик»;
9. Муҳтарам Ҳотам мудири шуъбаи адабиёти классикии Нашриёти «Адиб» дар мавзуи «Таҳлили шеваҳо ҳамчун омили таҳкими таркиби луғавии забони адабӣ»;
10. Ҳомидов Дилмурод доктори илми филология, профессор дар мавзуи «Шарҳи чанд ҷойномҳои эрониасли туркишудаи минтақа» маъруза ва суханронӣ намуданд.
Дар анҷом, баъди музокираҳо тавсианомаи Конференсия қироат ва бо пешниҳоду иловаҳо қабул шуд.
Ҳамчунин, иштирокдорон вобаста ба фаъолияти пурсамару арзандаашон бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ЗАБОН ВА ИСТИҚЛОЛ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Октябр, 2021 - 13:40
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Умри миллат ба умри забон вобаста аст

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 24 Феврал, 2021 - 16:12
Сахидод Раҳматуллозода, муовини раиси Кумитаи забон ва  истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор

     Рӯзи байналмилалии забони модарӣ бо қарори Сессияи 30-юми Конференсияи генералии ­ЮНЕСКО моҳи ноябри 1999 эълон гардида, ҳар сол 21 феврал ҷашн гирифта мешавад. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ба ин масъала аҳамияти хоса зоҳир мешавад.
     Дар моддаи дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муқаррар шудааст, ки «забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст, ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон истифода кунанд. Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки забони давлатӣ эълон шудани забони тоҷикӣ ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандонеро, ки забони модариашон дигар аст, маҳдуд намекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд, барои ҳамаи забонҳое, ки дар ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор доранд, кафолати ҳуқуқӣ ва муносибати боэҳтиромонаро таъмин менамояд, баробарии ҳамаи шаҳрвандонро дар назди қонун, сарфи назар аз забони модарии онҳо ҳимоя мекунад».
     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат (25 марти соли 2004) чунин иброз доштанд: «…Таърих гувоҳ аст, ки баъди гум кардани забони модарӣ миллат низ дер ё зуд тафаккур, ифтихор ва ҳатто давлату давлатдории миллии худро аз даст дода, забон ва унсурҳои фарҳангии бегонаро мепазирад».
     Дар замони Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати пешрафти забони модарӣ ҳамаи шароит ва имконот фароҳам гардида, дар ҳама соҳа такмил ёфта, пояҳои он мустаҳкамтар шуд. Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Умри миллат ба умри забон вобаста аст. Барои он ки номи миллат аз саҳфаи таърихи башарӣ нобуд нашавад, бояд чароғи раҳнамои худшиносию худафрӯзиаш – забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда расонад».
     Забони модарӣ, забоне дар назар дошта мешавад, ки аз овони ширхорагӣ онро аз модару падар, бародару хоҳар ва ҳамқавмон шунида, ба он такаллум мешавад. Мутобиқи консепсияи маъмули сотсиолингвистӣ, онро одам бидуни омӯзиши махсус аз даврони тифлӣ, дар муҳити забонии махсуси хонаводагӣ меомӯзад.
     Меъёрҳое, ки забони модарӣ буданро муайян менамоянд, инҳоянд: 1. Тартиби азхудкунӣ. Мутобиқи ин меъёр, забони модарӣ дар оила аз ҳомилони забон — волидайн ба таври табиӣ бидуни тадрис аз худ мешавад. 2. Сифати аз худ кардани забон. Чун аз тифлӣ аз наздиктарин шахсон омӯхта мешавад, забони маънавиёти одам шуда, латифтарин маъниҳои забониро бо он метавон баён кард. 3. Доираи истифода. Дар байни забонҳое, ки инсон меомӯзад, забони модарӣ серистеъмол ва фаҳмотар маҳсуб мегардад. Ин аст, ки баъзеҳо аз доираи забони адабӣ берун рафта, бо гӯйиши маҳаллӣ суҳбат карданро авлотар медонад.
     Дар Тоҷикистон баробари забони тоҷикӣ, забонҳои бехати эронинажоди бадахшонӣ ва яғнобӣ мавҷуд аст, ки аз забонҳои шарқи эронии давраи миёнаи таърихи забонамон маншаъ мегиранд. Забони модарии шахсоне, ки ба ин забонҳо гап мезананд забони яғнобӣ, рӯшонӣ, шуғнонӣ, язғуломӣ, бартангӣ, рошорвӣ, вахонӣ, мунҷонӣ ва ғайра мебошад. Аз сабаби он ки забони тоҷикӣ бо забонҳои зикр­шуда қаробат дорад ва ба ҳайси забони асосӣ омӯхта мешавад, онро метавон забони модарии онҳо низ номид. Дар баробари тоҷикон миллатҳои ӯзбек, рус, қазоқ, қирғиз, туркман ва ғайра ба сар мебаранд, ки дар муҳити бисёрзабонӣ яке аз забонҳои модарӣ метавонад ба ҳайси забони миёнрави байни қавму миллатҳо хизмат кунад. Ба ибораи дигар, дар асоси ташаккули меъёрҳои забони модарии ин ё он қавму миллат метавонад забони миллии он кишвар ба вуҷуд омада, ба унвони забони давлатӣ қабул гардад. Ҳамин хусусиятро дар Тоҷикистон забони тоҷикӣ дорад, зеро вай дар тӯли садсолаҳо ба унвони забони модарии аксарияти мардуми ин сарзамин тараққӣ карда, ҳамчун забони миллӣ сабзида, меъёрҳои савтӣ, сарфию наҳвӣ ва луғавии он сайқал ёфта, барои таъмини ниёзҳои мардуми сарзамин ҳама имконоти забониро доро мебошад.
     Дар дунё забонҳои модарие мавҷуд аст, ки таркиби луғавии бой надоранд ва дар давраи ибтидоӣ зиндагӣ мекунанду ниёзҳояшон бо ҳамин калимаҳо бароварда мешаванд, аммо забонҳои модарии дигаре ҳаст, ки фонди асосии луғавӣ ва таркиби луғавии пуриқтидор доранд ва дорои ҳазорон калимаю ибора, фразеологизмҳо, зарбулмасалу мақол ва таркибҳои гуногун мебошанд. Забонҳои пуриқтидори модарӣ аз доираи хонаю маҳал ва минтақа убур карда, метавонад сарзамини бузургеро бо ҷамъияти миллионнафарӣ фаро гиранд. Таркиби луғавии ин гуна забонҳо барои баёни истилоҳоти соҳаҳои гуногуни ҳаёти мардум, имкониятҳои фаровон дорад. Яке аз ҳамин гуна забонҳо забони модарии мардуми тоҷик аст.

Сахидод Раҳматуллозода,

муовини раиси Кумитаи забон ва  истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор

Манбаъ: №23 (4285) 20.02.2021 Садои мардум
нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
http://sadoimardum.tj/far-ang/umri-millat-ba-umri-zabon-vobasta-ast-2/
Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Рушди забони давлатӣ — омили ҳастии миллат

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 14 Январ, 2021 - 15:59

     Забони тоҷикӣ бузургтарин сармоя ва муҳимтарин омили нигаҳдорӣ, ҳимоя ва интиқолдиҳандаи фарҳангу тамаддун ва суннату анъанаҳо буда, дар ҳифзи асолати миллӣ нақши ҳалкунанда дорад.
Он ҳамчун омили муҳими пойдории миллат ва давлатдории миллӣ аз ҷониби Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳимоя мешавад. Аз ин рӯ, сиёсати давлатӣ дар бораи забон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазир дар таъмини рушди бомароми забони давлатӣ ва забонҳои дигар равона шудааст.
     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2019 таъкид карданд, ки бо мақсади боз ҳам рушд ёфтани забони давлатӣ бояд барномаҳои давлатӣ мавриди амал қарор гиранд ва барои омода ва таҳия намудани лоиҳаи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор масъул гардида буд, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2020 таҳти №647 тасдиқ гардид.
     Мақсади асосии барнома рушди устувор ва ҳимояи забони давлатӣ, таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии забон буда, аз 5 фасл ва 75 банд иборат мебошад ва масъалаҳои эҳтиром ба забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллӣ эътироф шудааст, истифодаи забони давлатӣ дар тарбияи маънавӣ, фарҳанги худшиносиву худогоҳӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ, ҳифзи забони адабӣ аз унсурҳои ғайриадабӣ, гуфтугӯӣ ва бегона, танзими истилоҳоти соҳавӣ, эҳёи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла, номҳои тоҷикӣ, номгузории мавзеъҳои таърихӣ, хиёбонҳо, муассисаҳои таълимӣ, боғҳои фарҳангӣ бо забони давлатиро дар бар мегирад.
Он дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия шуда, давра ба давра татбиқ гардидани сиёсати давлатӣ дар бораи забон, танзими санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳияи барномаҳои гуногуни омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои дигарро фаро гирифтааст.
Даврони соҳибистиқлолӣ барои рушду ташаккули забони тоҷикӣ имконоти мусоидро фароҳам овард. Маҳз дар ин давраи таърихии давлатдории навин забони миллӣ ҳамчун неру ва омили муҳими иттиҳоди миллату халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ пазируфта ва шинохта шуд. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ аввалин қадаме, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди забони тоҷикӣ гузошт, дар Конститутсияи кишвар ҷойгир намудани мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ буд. Мақоми забони тоҷикӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ифода ёфтааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад».
     Миллат ва халқиятҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд.
Дар заминаи забони тоҷикӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ дар асоси муқоисаи хусусияти овоӣ ва дастуриву луғавии забони тоҷикӣ сурат мегирад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки омӯхтани забони хориҷӣ ба манфиати кор буда, шахсе, ки донандаи чанд забон мебошад, аз таъриху фарҳанги миллати дигар огоҳ аст ва таъриху фарҳанги миллиро низ ба ҷаҳониён метавонад муаррифӣ кунад. Ин нуктаро Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба тариқи зайл зикр карданд: «Аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва дар баробари ин, беэътиноӣ зоҳир кардан ба омӯзиши забони модарии худ нишонаи бефарҳангӣ ва беэҳ­тиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш аст ва пеш аз ҳама, падару модарон масъуланд, ки ба чунин амали нораво роҳ надиҳанд.
Мо бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон нахуст забони модариро аз худ кунанд, ба он эҳтирому арҷ гузоранд ва сипас, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ оғоз намоянд. Дар сатҳи олӣ донистани забони давлатӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани он, хусусан, забони муошират, яке аз муҳимтарин вазифаҳои мо мебошад».
     Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот мебошад, ки дар фасли дуюми барнома зикр шудааст. Кумита фарҳангномаҳои соҳавиро, ки аз ҷониби мутахассисон таҳия ва пешниҳод мегарданд, мавриди баррасӣ қарор дода, барои мувофиқа ва коркарди он саҳм мегузорад. Муносибати амиқ ва илман дақиқ ба коркарду интихоби истилоҳот яке аз дастовардҳои ғанӣ гардидани захираи луғавии забон буда, дар рушду густариши минбаъдаи он мусоидат хоҳад кард. Вобаста ба ин масъала муҳтарам Пешвои миллат чунин зикр намуданд: «Мо бояд ба таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот, ки яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи рушди забони давлатӣ ба шумор меравад, эътибори ҷиддӣ диҳем. Дар замони пешрафти бесобиқаи илму техника таҳияи истилоҳ ё истилоҳсозӣ ба сифати омили тавонбахши забон дар ҷомеаи мо аҳамияти мубрам пайдо кардааст. Ба вуҷуд овардани забони илм бе таҳияву танзими истилоҳоти соҳаҳои мухталифи илм ва то ҳадди забони меъёр такмилу сайқал додани он ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки барои тавсеаи доираи калимасозиҳои мавзӯӣ, аз қабили истилоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра аз имкониятҳои забони модарӣ ҳамаҷониба истифода карда шавад.
Бо мақсади ҳифзи асолати забон ҳангоми истифодаи истилоҳот бояд ҳам зарфияти унсурҳои пойдори забони давлатӣ ва ҳам иқтибосгирии оқилонаву санҷида ба таври мутавозин дар мадди назар бошад. Мо бояд аз иқтибосҳои бемавқеъ худдорӣ карда, истилоҳоти иқтибосиро ба табиати забон, сохтори сарфию наҳвӣ ва низоми овозии он мутобиқ гардонем».
Барнома дар таъмини ҳатмии масъалаҳои гуногуни забони тоҷикӣ дар ҳама вазорату идора, ташкилоту муассиса, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, мусоидат хоҳад кард.
     Ҳоло яке аз масоили мубрами ҷомеа эҳё кардани номҳои миллии тоҷикӣ мебошад, ки дар «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ворид гардида, амалишавии он дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ­Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» аз 27-уми июли соли 2016 таҳти №325 ба роҳ монда шудааст.
«Эҳё кардани номҳои миллии тоҷикӣ, ба танзим даровардани онҳо ва номҳои ҷуғрофӣ яке аз ­масъалаҳои мубрами сиёсати забони мо мебошад. Бо такя ба суннатҳои арзишманди гузаштаи халқамон барои эҳё намудани номҳои қадимаи тоҷикӣ ва истифодаи саҳеҳ аз қолабҳои калимасозии миллӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» тасдиқ шуда, меъёрҳои интихоби номҳои миллӣ муқаррар карда шуданд. Феҳрист бо таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги номгузории ниёгони мо таҳия гардида, дар он ҳеҷ маҳдудият вуҷуд надорад», — зикр карданд Пешвои миллат зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2019.
     Барои расидан ба ҳадафҳои барнома лозим аст, то ба масъалаи таълим ва тадриси забон, такмили равишу усули самарабахши омӯзиши он диққати ҷиддӣ дода шавад. Ҷус­туҷӯ ва пайдо намудани роҳу усули муассири таълими забон, истифода аз методҳои анъанавӣ ва санҷидашуда, ба кор бурдани таҷрибаи беҳтарини омӯзиш ва навовариҳо дар ин бахш ва такмили онҳо аз масъалаҳои муҳим ба шумор мераванд.
     Бо дарназардошти он ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва муоширату коргузорӣ дар ҳама соҳаи ҳаёти мамлакат истифода мешавад, омӯзишу донистани он барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ зарур аст. Бо ин мақсад, ҳоло вақти он фаро расидааст, ки ҳар як вазорату идора, ташкилоту муассиса, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар татбиқи кору вазифаҳо, ки дар «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» тасдиқ гардидаанд, сидқан саҳм гузошта, дар амалисозии он кӯшиш ба харҷ диҳад. Зеро иҷрои барнома қадами қатъӣ дар рушду густариши минбаъдаи забони давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Шаҳноза БУРИЕВА,

сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Октябр, 2020 - 11:00
Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо - соҳибони забони ширину шевои тоҷикиро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз пояҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва нишонаи равшани ҳувияти миллии мо ба ҳисоб меравад, самимона табрик мегӯям.

Мо ин санаи таърихиро панҷуми октябри ҳар сол бо ифтихору сарфарозӣ аз забони давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мекунем.

Ҳадафи мо аз ин ҷашн, аз як тараф, гиромӣ доштани забони нобу шоиронаи модариамон ва аз ҷониби дигар, мусоидат ба тавсеаи доираи истифодаи он ва татбиқи муқаррароти қонун дар бораи забони давлатӣ мебошад, зеро рушду инкишофи забони давлатӣ, қабл аз ҳама, аз амалӣ гардидани талаботи қонуни зикршуда вобаста аст.

Барои ҳар як фарди ҷомеа донистани забони модарӣ - арҷгузорӣ ба миллат ва гузаштаи хеш аст.

Бо дарназардошти ин, ман борҳо таъкид намудаам, ки забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.

Забони тоҷикӣ баёнгари тамоми арзишҳои бузурги маънавии халқи мо буда, тамаддун ва фарҳанги куҳанбунёд, ки мо бо онҳо ифтихор мекунем, то ба имрӯз маҳз ба воситаи забони модариамон ҳифз гардидааст; бо он забони латифу нафисе, ки матнҳои беш аз ҳазору дусад сол қабл навишташудаашро мехонему мефаҳмем; бо он забоне, ки садҳову ҳазорҳо бузургони суханвари ин марзу бум эҷод кардаанд ва осори ҷовидонаи худро ба имрӯзиён мерос гузоштаанд.

Машҳуртарин шеъри адабиёти классикии тоҷикиро, ки ба қалами сарвари шоирон устод Рӯдакӣ тааллуқ дошта, бо сатрҳои марғуби “Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме” оғоз мегардад, имрӯз ҳар яки мо бидуни ягон мушкил мефаҳмем ва аз он лаззати маънавӣ мебарем.

Ин шеърро зиёда аз ҳазор сол инҷониб ҳар як тоҷикзабон бе ҳеҷ гуна тағйирот мехонад ва аз ёд мекунад.

Аз ин рӯ, вазифаи миллӣ ва қарзи инсонии ҳар яки мо - соҳибзабонон аст, ки ба забони модарии худ арҷ гузорем, онро чун гаронбаҳотарин сарвати ҳастии хеш эҳтиёт кунем, мероси пурқиматеро, ки бо ин забон иншо шуда, аз насл ба насл интиқол ёфтааст, на танҳо ҳифз намоем, балки онро омӯзем, ба дигарон омӯзонем ва аз ҳикматҳои ҷовидонааш баҳравар гардем.

Яъне эҳтироми мо ба забони давлатӣ бояд сидқан ва масъулона бошад.

Дар ин росто, ҳар як шаҳрванди кишвар, махсусан, наврасону ҷавонон бояд сатҳи забондонӣ ва маданияти нутқи худро пайваста баланд бардошта, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони ширини модарӣ ва риояи меъёрҳои забони адабӣ кӯшиш намоянд.

Зеро дар замони муосир таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ нуфузи унсурҳои манфии фарҳангҳои бегона аз ҷумла ба василаи забонҳои ғайр сурат гирифта, покии забони шевои тоҷикиро халалдор месозад.

Ман борҳо таъкид кардаам ва бори дигар хотирнишон месозам, ки донистани забонҳои хориҷӣ талаби замони муосир аст, аммо омӯхтани онҳо чунин маънӣ надорад, ки нисбат ба забони модарӣ беэътиноӣ зоҳир гардад.

Забони миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллат аст ва забони давлатӣ рамзи давлат аст.

Бинобар ин, беэътиноӣ нисбат ба забони тоҷикӣ беэҳтиромӣ ба миллату давлат ба ҳисоб меравад.

Мо забонҳои хориҷиро бояд на барои дигарон, балки ба хотири рушди давлату миллати худамон омӯзем ва истифода барем.

Воқеан, агар забони тоҷикӣ ба таври мукаммал аз худ карда шавад, ин воситаи муҳимми омӯзиши забонҳои дигар мегардад.

Омӯзгорони забону адабиёти тоҷикӣ, падару модарон ва аҳли зиё вазифадоранд, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи забондонӣ ва махсусан, ба сайқал додани фарҳанги муоширати наврасону ҷавонон мусоидат карда, ба риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ ва одоби сухангӯӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимми раванди таълиму тарбия таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Ҳамватанони азиз!

Забони тоҷикӣ дар тӯли асрҳои зиёд ба сифати омили ваҳдатсозу муттаҳидкунанда хизмат карда, имрӯз низ ба мардуми мо барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва пешрафту ободии Ватани аҷдодӣ илҳому нерӯ мебахшад.

Дар мушкилтарин давраҳои таърихӣ ва дар лаҳзаҳое, ки гузаштагони мо дар вартаи нобудӣ қарор доштанд, забон чун сипари миллат ба майдони набард баромада, мардумро ба иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҳифзи марзу бум фаро хондааст.

Аз ин лиҳоз, барои мо гиромидошти забони миллӣ ва истиқлолу ватанхоҳӣ бо ҳамдигар пайванди зич доранд, ки инро таърихи тоҷикон дар мисоли сиёсати забонии давлати Сомониён собит сохтааст.

Маҳз дар замони сулолаи Сомониён забони тоҷикӣ ба маснади давлатӣ нишаст, ба сифати забони нерӯманди адабӣ ташаккул ёфт ва тавоноиву қудрати он ба ҳадде расид, ки дар асрҳои минбаъда низ мақоми давлативу фарҳангии худро аз даст надод.

Насли калонсол то ҳол дар ёд дорад, ки доираи истифодаи забони тоҷикӣ дар гузаштаи начандон дур хеле маҳдуд шуда буд.

Забони тоҷикӣ имкони ба таври комил иҷро намудани вазифаҳои ҷамъиятии худро надошт ва торафт ба забони хонаводагиву маишӣ табдил меёфт.

Яъне набудани истиқлоли давлатӣ ба рушду такомули забони тоҷикӣ таъсири манфӣ мерасонид.

Бинобар ин, мардуми мо соли 1989 қабули қонуни забонро бо қаноатмандии зиёд истиқбол карданд.

Вале бояд гуфт, ки ҳарчанд қабули қонуни мазкур дар ҳаёти мардуми мо рӯйдоди муҳимми таърихӣ буд, аммо дар инкишофи забони давлатӣ гардиши куллиро таъмин карда натавонист.

Бо дарназардошти чунин вазъ ва бо мақсади тақвият бахшидан ба пояҳои забони давлатӣ, фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои инкишофи он ва қонеъ намудани ниёзҳои ҷомеаи кишвар 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав қабул гардид.

Дар муддати ёздаҳ соли гузашта доир ба татбиқи қонуни нави забон корҳои зиёде ба анҷом расидаанд, вале ин ҳанӯз кам аст.

Чунки забон мисли ҷисми зинда аст ва ба ғамхории доимӣ ниёз дорад.

Аз ин лиҳоз, баъзе моддаҳои қонун бо дарназардошти талаботи кунунии ҷомеа бояд бознигарӣ шаванд, то воқеияти имрӯзаи кишварро инъикос намоянд.

Забони тоҷикӣ иқтидори бузурги илмиву луғавиро дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа дорад ва мо соҳибзабононро зарур аст, ки барои таъмин намудани пешрафти муназзами он пайваста кор кунем.

Махсусан, вазъи истилоҳоти илмҳои табиӣ, дақиқ ва техникӣ моро водор месозад, ки ба масъалаи таҳияи дастуру китобҳои илмӣ дар самти зикршуда эътибори ҷиддӣ диҳем.

Аз ин рӯ, олимони соҳаҳои мазкурро зарур аст, ки барои қонеъ гардонидани ниёзҳои забонамон ва таъмин намудани рушди минбаъдаи он, дар навбати аввал, имкониятҳои дохилии забони таърихан пуриқтидорамонро васеъ истифода баранд, яъне калимаву истилоҳоти мавҷудаи давраҳои гуногунро, ки имрӯз қобили истифода мебошанд, ба гардиш ворид намоянд.

Дар робита ба ин, мехоҳам таъкид намоям, ки ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат бояд ҳамеша барои арҷгузорӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ талош намояд ва парчамбардори забону фарҳангу миллати хеш бошад.

Танҳо дар чунин сурат мо метавонем дар ҷодаи тарбияи наслҳои ояндасози халқамон дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан, истиқлол, забони миллӣ ва дигар муқаддасоти миллат муваффақ шавем.

Дар интиҳои сухан, бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳар фарди худогоҳу ватандӯсти кишварро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, ба кулли соҳибзабонон дар ҳимоя ва рушди забони миллӣ азми қавӣ, иродаи устувор ва барори кор орзу менамоям.

Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Бознигарии лоиҳаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 14 Август, 2020 - 15:55
Бознигарии лоиҳаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»

Бознигарии лоиҳаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми августи соли 2020, №26/10-248 ҷиҳати иҷрои банди 8-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 октябри соли 2019 баён доштанд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

«Пудратчӣ» не, «паймонкор»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 8 Июл, 2020 - 11:08
Хайруллоҳи РАҶАБИЁН, муҳандис-обшоргар, тарҷумон, луғатнигор, рӯзноманигор

Ман – нигорандаи ин сатрҳо ҳар як шумораи «Садои мардум»-ро мехонам. Дар саҳифаҳои он, ҳар кас барои хеш матлаби хонданбоб меёбад. Ман, ки муҳандиси сохтмон ҳастам, дар баробари мутолиаи мақолаҳои ҷолиб, ба саҳифаи чоруми рӯзнома таваҷҷуҳ менамоям. Дар он бештар даъватномаҳои иштирок дар озмуни харид ва иҷрои корҳои сохтмонӣ дарҷ меёбанд ва бо ибораи «Ба таваҷҷуҳи молрасону пудратчиён» оғоз мегарданд.

Ҳамчун коршиноси собиқаи сиву ҳафтсоладошта ба калимаи сохтаи «пудратчӣ» бештар шинос ҳастам. Он аз калимаи русии «подрядчик», ки решааш «подряд» (Договор по которому одна сторона обязуется по заказу другой стороны выполнить определенную работу, а также работа, такому выбору, С. И. Ожегов «Словарь русского языка», Москва, «Русский язык», 1986, стр. 468) мебошад, сохта шудааст. «Подрядчик» чунин шарҳ дорад: Организация (или, же отдельное лицо) занимающаяся работами по подрядам (С. И Ожегов «Словарь русского языка», Москва, «Русский язык», 1986, стр. 468).
Кадом «донишманд»- е аз он «пудрат» сохтаву бо хизмати хирсона забонро олуда кардааст, ки ҳеҷ маъноеро ифода намекунад. Дар забон ба ин маънӣ калимаи «паймонкор» ҳаст, ки дар «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» (Душанбе, 2013. саҳ. 186) сабт гардидааст ва онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст. Ҳамзабонони бурунмарзӣ низ ҳамин калимаро истифода мебаранд. Дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ», (ҷилди 2, Душанбе, 2008, саҳ. 61) паймонкор он ки дар асоси шартнома ё қарордод кор мекунад ва паймонкорӣ кор кардан бо шартнома ё қарордод шарҳ дода шудааст
«Подряд» (дар «Русско-таджикский словарь», Москва, «Русский язык», 1985, саҳ 767), ки дар замони русикунонии забонҳои халқҳои шӯравӣ таълиф шудааст, «пудрат, кӯтарабайъ, яклухтбайъ» тарҷума шудааст, ки ҳеҷ қобили қабул буда наметавонад. Хуб мебуд, ки забоншиносон онро мувофиқ ба талаботи замон аз нав таълиф менамуданд.
«Тозагии забонро чун муқаддасот эҳтиёт намоед. Ҳеҷ гоҳ калимаҳои хориҷиро истифода набаред. Забони русӣ чунон ғанӣ ва хушоҳанг аст, ки ба мо аз онҳое, ки камбағалтаранд чизе гирифтан нашояд», – гуфтааст нависандаи шаҳири рус Иван Сергеевич Тургенев. Ин суханонро метавон ба забони тоҷикӣ низ, ки аз русӣ қадимтар ва ғанитар аст, нисбат дод.
Устод Ҷалол Икромӣ «Дар насиҳат ба рафиқи ҷавонам» мегӯяд: «Агар ба дасти шумо зарферо дода гӯянд, ки эҳтиёт бошед, мабодо аз даст наафтад, ки зарф аз гавҳару забарҷад сохта шудааст ва баҳои мамлакатро дорад, шумо, албатта, он зарфро бо камоли эҳтиёт нигоҳ медоред. Аммо чаро суханеро, ки аз ҳазорон ин гуна зарфҳои забарҷадин гаронбаҳотар аст, ёдгории асосии одамизод аст, баъзан хор мекунем?».
Ва Носири Хисрав гуфта:
Ман  онам, ки дар пойи хукон нарезам
Мар ин қиммати  дурри лафзи дариро.
Модом ки дар забон калимаи бисёр ҳам зебо ва хушоҳангу гуворои «паймонкор» ҳаст, чӣ ҳоҷат ба калимаи сохтаи бегонаи бидуни маъно, ки забони нобамонро олуда кардааст. Ҳангоми интихоби калима бояд ба  имкониятҳои забони давлатӣ таваҷҷуҳ намоем. Набояд ба тақлиди ноҷо роҳ дод. Ҳар як ташкилоти сохтмонӣ барои иҷрои корҳои пешниҳодшуда дар озмун бо фармоишгар паймон мебандад ва фаъолияти ӯ паймонкорӣ маҳсуб мешавад.
Боиси таҳсину хушнудӣ мебуд агар рӯзномаи «Садои мардум», Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои зертобеи он ҳангоми пешниҳод ва чопи эълонҳо ба ин нуктаи муҳим эътибор медоданд. Агар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба навиштаи расонаҳо, ки ба афкори мардум таъсиргузоранд, бомасъулият назар мекарданд ва ворид шудани калимаҳои хориҷии сохта ва нодаркорро пешгирӣ менамуданд, нуран алонур мешуд.
Ҳамчунин, пешниҳод менамоям, ки калимаҳои «прокурор» ба «додситон», «суд» ба «додгоҳ», «судя» ба «додгус¬тар», «адвокат» ба «вакили додгустарӣ» ва «санитарӣ» ба «беҳдоштӣ» иваз карда, калимаҳои хориҷие, ки муродифи тоҷикӣ доранд, аз луғати имло хориҷ карда шаванд. Ин намуд калимаҳо забони ноби форсии дарии тоҷикиро ғанӣ намегардонанд, балки рӯди мусаффои онро олуда месозанд.

Соҳиби забон худи мо ҳастем. Тозагии онро ба ҷуз мо кӣ амалӣ мекунад? Аз ин рӯ, пешниҳод менамоям, ки барои тозагии забон, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста зимни суханрониҳояшон таъкид месозанд, калимаҳои «паймонкор», «паймонкорон» ва «паймонкорӣ» танҳо дар саҳифаи Фарҳанг намонда, мавриди истифода қарор дода шаванд. Як хаси аз об гирифта, онро тозатар ҷилва медиҳад. Об забони мосту хас калимаи нолозими хориҷӣ.

Хайруллоҳи РАҶАБИЁН, муҳандис-обшоргар, тарҷумон, луғатнигор, рӯзноманигор

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Мизи мудаввар ба ифтихори 23-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи «Забон – неруи ваҳдатофарин»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Июн, 2020 - 13:33
Забон неруи – ваҳдатофарин

       Имрӯз 26-уми июни соли 2020, соати 1000 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи «Забон – неруи ваҳдатофарин» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он олимон, шоирон, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Дар оѓоз суруди миллӣ садо дод ва баъдан раиси Кумита тамоми иштирокдоронро ба муносибати 23-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, қадами ҳар яки онҳоро ба ин чорабинӣ хайра мақдам гуфтанд ва ба иштирокдорон тансиҳатӣ, фаррухрӯзӣ ва ба фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои беназир орзу намуда, афзуданд, ки халқи тоҷик хуб медонад, ки барои расидан ба ин рӯзи саид кишвари мо аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмили шаҳрвандӣ хотима бахшид.
       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд карда буданд, ки: «Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли паркокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард».
       Аз ин рӯ, мо бояд ҳар як фарди бонангу номус ин ҷашнро гиромӣ дошта, Ваҳдати миллиро ҳифз намоем.
Баъдан шоирон, олимон ва кормандони Кумита доир ба масъалаҳои марбут ба Ваҳдати миллӣ маърӯзаҳо пешниҳод намуданд. Дар охир суҳбати озод сурат гирифта, саволҳои муҳим баррасӣ шуданд.
       Мизи мудавварро раиси Кумита доктори илмҳои филологӣ – Муҳаммадҷонзода Олимҷон ҷамъбаст карда, ба ҳамаи ҳозирин ва дар маҷмӯъ ба мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу салоҳ орзу кард.


Ғазали
«ВАҲДАТ»
Дӯстон, бо ҳам бисозед, ин замони ваҳдат аст,
Ҳамдилу ҳамдард будан ҷисму ҷони ваҳдат аст.
Он қадарҳо ваҳдати сарду забонӣ сохтем,
Он ҳама акнун дигар заҳре ба хони ваҳдат аст.
Мардуми Хатлону Раштонанд аз як хоки пок,
Ошноиҳояшон дар ошёни ваҳдат аст.
Дар Бадахшону Зарафшон, дар Хуҷанди бостон,
Худшиносиву худафрӯзӣ тавони ваҳдат аст.
Марзи Вахшону заминҳои барӯманди Ҳисор,
Хурраму сарсабз аз оби равони ваҳдат аст.
Мешавад Сурхобу Хингоб оқибат Вахши бузург,
Ин баҳамоӣ, нигар, рӯди дамони ваҳдат аст.
Дар ҷаҳон тоҷик афтодаст дур аз ҳамдигар,
Аз парешонии худ дар ормони ваҳдат аст.
Гар сари овози якро дигаре гирад ба меҳр,
Гардад овозе, ки ҷовидон равони ваҳдат аст.
Эй, ки месӯзӣ ба умеди фурӯғи кишварат,
Дар забону дил яке будан нишони ваҳдат аст.
Хонаи тоҷик рӯшан чун дили тоҷик бод!
Тоҷикистон хонадони ҷовидони ваҳдат аст.
                                              аз шоир Меҳмон Бахтӣ
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Чаро баъзе аз кормандони САҲШ муқаррароти қонунро риоя намекунанд?

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 4 Июн, 2020 - 11:23
Раҳим ЗУЛФОНИЁН, сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вақти он расидааст, ки дар навиштани ному насаб аз имкониятҳои забони тоҷикӣ ва низоми таърихан ташаккулёфтаи миллӣ истифода барем. Татбиқи оқилона ва санҷидаи ин сиёсат ба эҳё ва тақвияти асолати миллӣ мусоидати матлуб хоҳад намуд.
Эмомалӣ РАҲМОН

Бисту нуҳуми апрели соли 2020 дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум вакилон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»-ро қабул карданд.

     Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», ки аз 27-уми июли соли 2016 ба тасвиб расидааст, барои эҳёи арзишҳои маънавӣ ва сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ тавассути забони миллӣ, инчунин, номгузории суннатии тоҷикӣ мусоидат намуд. Лозим ба ёдоварист, ки ин масъала ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Боиси хушбахтист, ки  баъди ба тасвиб расидани қарори мазкур   шаҳрвандон дар интихоби номи кӯдакон ба ғалат роҳ надода, тибқи феҳрист ва талаботи қарор ном мегузоранд. Мутаассифона, то кунун  падару модароне низ ҳастанд, ки ба фарзандони навзод номҳои бегона мемонанд. Бо таъсири бегонапарастӣ ба ҷойи номҳои миллӣ номҳое чун Асмоа, Рамина, Осинот, Бинёмин, Муҳаммадсудайс, Абуҳурайра, Манисса, Ясмина, Элиф, Эмир, Адам, Асия, Элмира, Азалия интихоб мешаванд.
Вақти он расидааст, ки номи падар ва насаби кӯдак  дар асоси  талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ сабт карда шавад. Баъзеҳо даъво доранд, ки дар вақти тақсими мерос номи шаҳрванд ҳарф ба ҳарф бояд мутобиқат кунад, вале дар ин ҳолат ба риоя накардани моддаи 74-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» роҳ медиҳем. Эътироф бояд кард, ки то кунун  аз ҷониби ягон масъули САҲШ ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳ зоҳир нагардидааст.
Дар варақаҳои сабти асноди таваллуд баъзе ном ва насабу номи падарии кӯдакон (шаҳрвандон) хилофи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ сабт гардидаанд. Барои мисол, ному насаб, аз қабили Умарали, Руё, Дарина Беҳруз, Шерали, Эсмира, Муддасир, Асия, Джалолов Али Исмоилджонович, Гусейнов Табрис Фурқатович,  Фозылов Ромозон,  Голибҷонова Рахила Ғолибҷоновна, Умарали Мралиевич аз ҳамон ҷумлаанд.
     Ҳоло ҳуҷҷати тасдиқкунандаи наве лозим аст, ки  ҳуҷҷатҳои собиқан пур аз ғалати  насабнигориро ифшо ва ислоҳ намояд. Ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки насаб ва номи падарии кӯдак тибқи талаботи моддаи 74-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ислоҳ нашуда, талаботи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба назар гирифта намешаванд. Аз ҷумла, насаб ё номи падарии кӯдакони навзод ҳангоми пур кардани  варақаи сабти асноди таваллуд, ивази ному насаб ва ё барқароркунии  ному насаби кӯдакони беҳуҷҷати сабти асноди таваллуднадошта (бе шаҳодатномаи таваллуд) бо ҳамон ғалатҳои насабу номи падарии кӯдакон пур карда мешаванд.
Мушкилоти дигар он аст, ки шаҳрвандон бо дарназардошти  аъзои зиёди хонавода аз боҷи давлатӣ нигаронӣ мекунанд.  Дар робита бояд дар  масъалаи бекор кардан ё  кам кардани боҷи давлатӣ тадбирандешӣ намоянд.
Дар варақаҳои сабти асноди таваллуд, ки бисёр ному насаб хилофи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ (ҳатто бо навиштаҷоти дорои ҳуруфоти Ц, Щ, Ы, Ь) сабт мегарданд. Мисолҳои зиёдеро бо навишти ғайримеъёрӣ, аз қабили Шералиев Умарали Миралиевич, Яҳьёева Салима Ҷовидовна, Шарипова Марьям Фирузовна, Батырова Нурана  Шуҳратовна, Давлятова Сафия Шодмоновна ва ғайра дучор омадан мумкин аст.
     Кормандони САҲШ-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд донандаи хуби забони давлатӣ бошанд, вагарна насабнигори миллие, ки баъзе аз онҳо  «сохтаанд», истеҳзоомез аст. Барои мисол, Абдужабарзода, Бобоӣ, Тағоӣ, Қурбонӣ, Холӣ, Абдурахмонзода, Саторзода, Шарипӣ, Латипзода, Ахмедзода, Мамадзода, Маметзода, Сайвализода.
Дар маҷмӯъ, бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми ноябри соли 2019 таҳти №26/10-318 ҷиҳати татбиқи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», ки зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2019 баён доштанд, масъулин бояд бетаъхир тадбирандешӣ намоянд.

Раҳим ЗУЛФОНИЁН,
сардори шуъбаи танзими истилоҳоти
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

«Фақат меъёри илмӣ метавонад дурустии имлоро муайян кунад»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 27 Май, 2020 - 11:11
О. МУҲАММАДҶОНЗОДА, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи забон ва истилоҳоти ­назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои ҳамкориҳо дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон ва иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳайати эҷодии рӯзнома изҳори сипос намуда, дар ҷавоб ба мақолаи Абдухолиқ Мирзозода, ки таҳти унвони «Фақат меъёри илмӣ метавонад дурустии имлоро муайян кунад», ки дар рӯзномаи «Садои мардум», №85 (4133) 29 феврали соли 2020 нашр гардида буд, матлаби зеро ирсол менамояд

Муаллиф барҳақ қайд кардааст, ки «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар заминаи меъёрҳои комилан дурусти илмӣ таҳия карда шаванд, зеро ин ба манфиати кулли ҷомеа — ҳар як забономӯзу коргузор аст ва дар роҳи дурусти пешбурди сиёсати давлат дар бораи забони давлатӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар ҳақиқат, меъёри асосии муайянкунандаи навишти калимаҳо, ки шакли хаттии он дар забони адабӣ тавассути имло ифода меёбад, ба рушди забон мусоидат намуда, ҳамчун муҳофизи забон хизмат мекунад. Зеро, агар ғалате дар хат пайдо шавад, он бо мурури замон ба гуфтор таъсир расонида, ба инкишофи минбаъдаи забон халал ворид месозад. Аз ин рӯ, меъёрҳое, ки
барои имло тарҳрезӣ мешаванд, чун гил ва сангрезаҳое ҳастанд, ки хиштҳои бунёди забонро мустаҳкам нигоҳ медоранд.

Аз ин рӯ, аксар пешниҳоди дар ин раванд манзурнамудаи муаллиф қобили дастгирӣ мебошанд. Чунин мушкилоти ҷойдошта дар таҳияи нави Қоидаҳои имло ҳатман ба назар гирифта хоҳанд шуд.

Кумита бо мақсади татбиқи банди 8 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дас­туру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2019 баён доштанд, инчунин, иҷрои дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми январи соли 2020, №25254/26-5 лоиҳаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро
тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва якҷо бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод хоҳад кард.

Тазаккур бояд дод, ки гурӯҳи кории назди кумита лоиҳаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро таҳия намуда, барои баррасӣ ва мувофиқа ба вазоратҳои маориф ва илм, адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо ва Академияи илм­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.

Кумита баъд аз пешниҳоди хулосаҳои мақомоти марбута лоиҳаҳои мазкурро такмил дода, қисми зиёди пешниҳодҳоро ба назар гирифт.

Дар баробари он ки пешниҳодоти зиёди муаллифро гурӯҳи кории кумита оид ба такмили лоиҳаи Қоидаҳои имло пазируфтааст, ҳамчунин, гурӯҳи кории кумита қисме аз пешниҳодоти муаллифро қобили қабул намешуморад.

Дар ин радиф, вобаста ба мушкилот ва пешниҳодоти муаллиф оид ба имлои у ва ӯ
(у-и дароз) зикр мекунем, ки дар лоиҳа меъёрҳои навишти он дақиқ оварда шудаанд. Аз ҷумла, дар иртибот нисбат ба корбурди ҳарфи «ӯ» ва «у», ки дар лоиҳа пурра ва дуруст нишон дода мешаванд. Яъне, ҳарфи ӯ дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

- дар байни калимаҳои аслии тоҷикии навъи рӯз, гӯш, гӯшт, дӯш, дӯст, зӯр, кӯр, кӯза, мӯза, рӯза, сӯзан, шӯрбо, Наврӯз ва ғ.;

- дар анҷоми калима маъмулан пеш аз ҳарфи й: бӯй, рӯй, ҷӯй, мӯй, сӯй, кӯй ва ғайра;

- дар калимаҳои тоҷикии навъи кӯҳ, кӯҳон, кӯҳл, сӯҳон, пажӯҳиш, сутӯҳ, андӯҳ, анбӯҳ, гурӯҳ, шукӯҳ;

- дар ҳиҷоҳои дуюми навъи зери калимаҳои арабӣ пеш аз ҳарфҳои ҳ ва ъ: макрӯҳ, маҷрӯҳ, мавзӯъ, мамнӯъ, маснӯъ, вузӯъ, вуқӯъ, тулӯъ, руҷӯъ, шурӯъ, рукӯъ, лӯълӯъ ва ғайра.

Боқимонда калимаҳои марбут ба ин ҳарф навишташаванда дар «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ба танзим дароварда мешаванд, ки он баъди тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ таҳия ва нашр хоҳад шуд. Зикр бояд кард, ки истиснои калимаҳои тоҷикӣ дар банди мазкур (мушаххасан) оварда, ба тариқи истисно калимаҳои Суҳроб, куҳна\\куҳан, нуҳ бо ҳарфи «у» оварда
шуда, мувофиқи меъёри собитшуда тарзи дурусти навишти калимаҳо дар «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» оварда хоҳад шуд. Қайд кардан бамаврид аст, ки минбаъд, имлои чунин калимаҳо, на он тавре ки муаллиф мепиндорад («… калимаҳои муъмин, муъзин,…, ки таърихан бо ҳамза навишта мешаванд,
бо у-и кӯтоҳ ва ҳамчунин, калимаҳои муҳра, муҳлат, муҳр, шуҳрат низ бо у навишта мешаванд, ки то ҳол дар зеҳн намешинад. Ин калимаҳоро то ҳол дил намехоҳад бе ӯ-и дароз навишт».), балки дар асоси меъёрҳои илмии таърихӣ навишта мешаванд.

Дар мушаввашхотирии муаллиф, ки ҷиҳати духӯрагии номи ашхос ҳолати фонологӣ вайрон шудаву калима маънои луғавии дигар пайдо мекунад, гуфтааст, ёдовар мешавем, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми июли соли 2016, №325 «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» тасдиқ карда шудааст, ки тарзи дурусти ҳар як ном минбаъд тибқи он навиштаву корбурд
мешавад.

Ҳамчунин, муаллиф пешниҳод кардааст, ки дар калимаҳои арабӣ, аз қабили маориф, таом, тоат, шуҷоат…
миёни ду садонок ҳарфи Ъ гузоштаву навишта шавад. Боиси тазаккур аст, ки чунин калимаҳои арабии тоҷикишуда, на айнан бо талаффузи арабӣ, балки бо савтиёти забони тоҷикӣ дар Қоидаҳои имло қабул карда мешаванд. Метавон аз дастхатҳои суғдии кӯҳи Муғ сабақ омӯхт, ки дар онҳо калимаҳои арабӣ барои мисол — Ъумар, ё Ъориф не, балки дар шакли Умар ва ё Ориф навишта шудаанд, яъне савтиёти забони суғдӣ дар ин ҷо риоя гардидааст, ки ҳамин услуб дар забони имрӯзаи тоҷикӣ низ бояд риоя карда шавад.

Қобили зикр аст, ки дар лоиҳаи нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» имлои ташдиди калимаҳо низ мушаххасан нишон дода, тарзи дурусти номҳои арабии бо артикли «-ал» навишташавандаву ташдидгиранда низ оварда шудаанд. Боиси зикр аст, ки калимаҳои аз қабили оббоз, ёддошт, поккирдор ва ғайра на ташдиддоранд, балки онҳо бо калимасозӣ сохта шудаанду дар имлои хатти классикиашон низ ҷудогона – об+боз, ёд+дошт, пок+кирдор калимасозӣ шудаанд ва ин ҳодиса ба ташдид дахле надорад.

Дар бобати эроди муаллиф ҷиҳати номгузории сохторҳо, аз ҷумла, «Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳаминро зикр мекунем, ки кумита дар ин масъала номи тамоми вазорату идораҳо ва дигар мақомотро низ баррасӣ ва бознигарӣ хоҳад кард. Ҳалли ин кор дар нақшаи дурнамои кумита ҷой дода шудааст.

Ҳамин тариқ, кумита лоиҳаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро дар таҳрири нав бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа намуда, дар ҳамкорӣ бо Академияи илм­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон онро дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод менамояд, ки он дар рушди
минбаъда ва густариши забони тоҷикӣ нақши муҳим хоҳад гузошт.

О. МУҲАММАДҶОНЗОДА, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

СЕМИНАРИ МАШВАРАТӢ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (АЗ 26.12.2019) БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ОИД БА ЗАБОНИ БАРНОМАҲОИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ ТАҲТИ УНВОНИ «БАЪЗЕ МУШКИЛОТИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР КИТОБҲОИ ДАРСӢ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 21 Феврал, 2020 - 15:33
«БАЪЗЕ МУШКИЛОТИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР КИТОБҲОИ ДАРСӢ»
«Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.» Эмомалӣ Раҳмон

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ 21-уми феврали соли 2020 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26.12.2019), ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пуштибони беҳамтои забон дар кишвар пайваста баҳри рушду густариши забони давлатӣ ва омӯзиши забонҳо моро ҳидоят мекунанд, семинари машваратиро оид ба вазъи забони барномаҳои китобҳои дарсӣ таҳти унвони «Баъзе мушкилоти забони давлатӣ дар китобҳои дарсӣ» дар толори Кумита баргузор намуд.
Дар семинари машваратии мазкур муовини якуми вазир ва намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мудирони кӯдакистонҳои ноҳияҳои пойтахт, устодон – олимони забоншиноси донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Душанбе, аъзои Ҳайати мушовараи Кумита бо роҳбарияту кормандони он ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Семинари мазкур бо суханронии раиси Кумита – О. Муҳаммадҷонзода ифтитоҳ гардида, дар он муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Саломиён суханронӣ намуд. Сипас, дар чорабинии мазкур сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита Р. Зулфониён, сардори Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикиситон Қ. Муҳиддинзода, корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Сангов, директори МТМУ №34-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ А. Боронов ва мудири Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии №117-и ноҳияи Фирдавсӣ М. Саодатова оид ба камбудиҳо ва ҳусну қубҳи китобҳои таълимӣ, ки барои таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабиву таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти олии касбӣ, маърӯза намуда, тавсияву пешниҳодҳо манзур намуданд.
Ҳамчунин, аъзои Ҳайати мушовараи Кумита ва олимони забоншиноси донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотии кишвар ва муаллифони китобҳои таълимӣ вазъи корбурди забони давлатиро доир ба таҳияву нашри китобҳои дарсии «Забони тоҷикӣ» барои муассисаҳои мактабӣ ва томактабии тоҷикӣ ва китобҳои “Забони давлатӣ” барои мактабҳои ғайритоҷикӣ мавриди муҳокима қарор дода, иброз намуданд, ки имрӯз мо бояд на танҳо ба баъзе китобҳои фанни забони тоҷикӣ, ки дар онҳо ғалат дида мешавад, балки ба забони дигар китобҳои фанни таълимии мактабӣ ва томактабӣ низ диққати ҷиддӣ диҳем, то фардо насли наврасу ҷавони донишандӯзи ҷомеаи мо бо як забони адабу илм гуфтор кардан, малака ва донишу маҳорати хешро дар такя ба неруи воқеии забон нишон дода тавонад. Ва зарур аст, ки ҳар як китоб на танҳо аз ҷиҳати ташхиси коршиносон бобати баррасии забони китобҳо, балки бо ба назаргирии синну соли кӯдак ё хонандаи мактаб, инчунин, бо дарназардошти экспертизаи равоншиносӣ, педагогӣ ва гиромидошти суннату анъанаҳо, фарҳанги миллӣ ва арзишҳои миллӣ мавриди таҳлил қарор дода шаванду манфиатбахш ба густариши забони тоҷикӣ – давлатии мо бошанд.
Мо бояд бо чунин китобҳо таваҷҷуҳу майл ва рағбати хонандаро ба он зинда созем, ки ҳар як толибилми мактаб забон омӯзад. Забоне, ки ба ӯ дар оянда як умр хидмат мекунаду ӯ дар зиндагӣ забони нобу шеворо ба насли минбаъда ба мерос мегузорад. Забоне, ки мо дар мутолиаи ҳама гуна китоб бо муаллифонаш гуфтор мекунему онҳо бо мо ошно мешаванд. Зеро дар китоби орӣ аз ғалат, мо насиҳатгиру пандшунав ва пандхон аз бузургони сухан хоҳем шуд.
Бинобар ҳамин, китоби таълимӣ дар ҳама зинаву давраҳои таҳсилот, чи томактабӣ, чи мактабӣ ва чи дар муассисаҳои таҳсилоташон олии касбӣ бояд дар заминаи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо риояи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» мураттаб сохта шавад.
Баргузории чунин чорабинӣ минбаъд низ барои рушди забони давлатӣ дар кишвар мусоидат хоҳад намуд, то мо соҳибзабонон бо як забони меъёрӣ бояд сухан гуфтанро ба насли хеш биомӯзему Ваҳдати гаронарзиши ягонагии миллати куҳанбунёдамонро назди Меҳан-Модар – рӯнамо бинмоем, ки ин забони нобу шево моро бо асолати хеш пойдор боқӣ мемононад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

«Баъзе мушкилоти забони давлатӣ дар китобҳои дарсӣ» — дар ин мавзӯъ бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ машварат доир мегардад

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 21 Феврал, 2020 - 14:26
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор  Олимҷон Муҳаммадҷонзода

ДУШАНБЕ, 20.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. «Баъзе мушкилоти забони давлатӣ дар китобҳои дарсӣ» — таҳти чунин унвон пагоҳ, 21 феврал, соати 10:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат доир мегардад. Кумитаи забон ва истилоҳоти ҷумҳурӣ  аз ташкилкунанагони асосии он ба шумор меравад.

Тавре Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор  Олимҷон Муҳаммадҷонзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ иброз намуд, машварат ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, ки ҳамасола 21 феврал дар ҷаҳон таҷлил мегардад, бахшида мешавад.

«Забон сарчашма, калиди ҳамаи маънавиёт ва сарвати маънавии инсон ба шумор меравад, ки он барои камолот ва ташаккули инсонҳо дар рӯҳияи инсонпарварӣ хидмат мекунад. Эҳтиром ба забони модарии худ, фарҳанг ва тамаддуни хеш эҳтиром ба тамаддуни дигар инсонҳоро нишон дода, байни онҳо решаи дӯстӣ ба вуҷуд меорад», — зикр кард Олимҷон Муҳаммадҷонзода.

Бино ба маълумоти номбурда, ташкил кардани машварат дар мавзӯи баъзе мушкилоти забони давлатӣ дар китобҳои дарсӣ бесабаб нест, зеро ин яке аз  масъалаҳои мубрам мебошад. Ба ҳамин хотир машварат бо ҷалби намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, донишгоҳу донишкадаҳо, Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ доир мегардад. Дар он як зумра масъалаҳои вобаста ба забони барномаҳои китобҳои дарсӣ, мушкилот ва рушди забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ, беҳгардонии забони китобҳои дарсӣ ва ғайра мавриди  баррасӣ қарор дода мешаванд.

Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамасола Рӯзи  байналмилалии забони модариро дар муассисаҳои илмӣ ва олии мамлакат, инчунин дар мактабҳои миёна   бо баргузор намудани конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва семинарҳо таҷлил мекунад.

Рӯзи  байналмилалии забони модарӣ бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон дар иҷлосияи 30-юми конфронси генералии ЮНЕСКО, ки 17 ноябри соли 1999 баргузор гардида буд, эълон шуд.

Иқдоми ЮНЕСКО дар масъалаи қабули Рӯзи байналмилалии забони модарӣ-ин даъват кардани давлатҳои рӯйи олам ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳимояи ҳамаи забонҳо мебошад, ки дар замони ҷаҳонишавӣ зери таҳдиди нобудшавӣ қарор доранд.

Ба ақидаи забоншиносон, дар шароити тезутунди ҷаҳонишавӣ ҳифзи забони модарӣ ҳамчун унсури таркибии фарҳанги миллӣ аз мушкилотест, ки сари он бояд меросбарони забон амиқ андеша намоянд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар баробари рушд ва вусъати бештар пайдо намудани доираи нуфузи забони давлатӣ, ҷиҳати инкишофи забон ва фарҳанги ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон тадбирҳои зиёд амалӣ менамояд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар бораи забон қабул шудаанд, ҳифзи забони давлатӣ ва дигар забонҳои ҳудуди ҷумҳуриро таъмин менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳои хеш масъалаи поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ ва баланд бардоштани мақоми онро дар ҷомеа ба миён мегузоранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари забони давлатӣ барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқиятҳои сокини мамлакат тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидаанд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 21 Феврал, 2020 - 12:10
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

Ҳамасола 21 феврал мувофиқи қарори Сессияи 30-уми Конференсияи Генералии ЮНЕСКО (аз 17 ноябри соли 1999) Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар тамоми дунё ҷашн гирифта мешавад.
 Мақсаду мароми ин ҷашн, пеш аз ҳама:
- таваҷҷуҳи оламиёнро ба гуногунрангии забонҳо ва рушду инкишофи онҳо ҷалб намудан;
- дар заминаи таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмию муколама ба наздикшавию ҳамкории мутакобилаи миллатҳои гуногун мусоидат кардан;
- ва ҳамзамон тарғибу ташвики гуногунрангии байнифарҳангӣ ва байнизабониро ба роҳ мондан;
- ба падидаҳои дузабонӣ (билингвизм) ва бисёрзабонӣ (полилингвизм) эҳтиром гузоштан;
- ба рушду нумӯи забонҳои ақаллиятҳои миллӣ мусоидат намудан;
- таҳқиқу омӯзиш ва ҳифзу интишори забонҳои хурду реза (ақаллиятҳои забонӣ)-ро ҳамаҷониба дастгирӣ намудан ва ғ. ба шумор меравад.
Бояд зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, ҳамасола 5 октябр ба ифтихори қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ - Рӯзи забон таҷлил карда мешавад.
Ҳадафи асосии ин ҷашн низ мусоидат намудан ба рушду нумӯи забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳар сол дар ин рӯзи муборак бо иштироки намояндагони гуногуни ақаллиятҳои миллӣ ва ақаллиятҳои забонии сокини кишвар дар арафаи ин ҷашн мулоқот баргузор менамояд. Ҳадаф аз баргузории ин нишаст тақвияти робитаҳо дар ҳифз, густариш ва гиромидошти забони модарӣ мебошад.
Албатта, барои ҳар як фард донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш буда, инсонро ба рисолати азалӣ мепайвандад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва бузургиву неруи воқеии он гуфтаанд: “Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.”
Забони модарӣ инъикоскунандаи фарҳангу маърифати ҳар як миллат маҳсуб гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари забони давлатӣ барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқиятҳои сокини кишвар низ тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидаанд.
Забон сарчашма, калиди ҳамаи маънавиёт ва сарвати маънавии инсон ба шумор меравад, ки он барои камолот ва ташаккули инсонҳо дар рӯҳияи инсонпарварӣ хидмат мекунад.
Ҳифзи гуногунзабонӣ ва ҳимояву рушди тамоми забонҳои дунё гуногунпаҳлугии фарҳангу тамаддуни мардумони оламро дар сайёра тақозо мекунад, зеро ин ҳама ғановати тамаддуни оламиён аст.
Эҳтиром ба забони модрии худ, фарҳанг ва тамаддуни хеш эҳтиром ба тамаддуни дигар инсонҳоро нишон дода, решаи дӯстии инсонҳоро ба вуҷуд меоварад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ забони модарии мо мақоми давлатӣ касб намуда, барои фароҳам омадани таъмину таҳияи як қатор заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намуд. Имрӯз ин забон забони расмии нишастҳо ва коргузории вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо мебошад.
Ҳамзамон ҳифзу густариши забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва яғонобӣ низ аз ҷониби давлат ва ҳукумати кишвар аз мадди назар дур намондааст. Дар Тоҷикистон 11 забон дар маърази хатар қарордошта, масъулинро зарур аст, ки барои ҳимоя ва густариши ин забонҳо иқдомҳои заруриро саривақт амалӣ намоянд. Ҳарчанд ки дар баъзе ҷанбаҳо як қатор корҳои судманд анҷом дода шуда бошад, ҳам вале он ҳанӯз ҳам қаноатбахш нест. Моро зарур аст, ки аз ҳисоби намояндагони ин забонҳо мутахассисони заруриро омода карда, барои ҳифзи ин ганҷинаи бебаҳои миллат тадбирҳои саривақтиро анҷом диҳем.
Қобили зикр аст, ки имрӯз дар кишвари азизи мо дар баробари тоҷикон намояндагони дигар кишварҳо аз ҷумла, русҳо, арманиҳо, ӯзбекон, қирғизон, қазоқон, туркманҳо, бошқирдҳо ва ғайраҳо зиндагӣ мекунанд. Мутобиқи маълумоти Ҷамъияти "Дӯстии халқҳо" то ба имрӯз 16 ташкилоту муассиса ва ҷамъияту марказҳои ақаллиятҳои миллии сокини Тоҷикистон амал мекунад.
Албатта аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ақаллиятҳои сокини кишвар заминаҳои муҳимми ҳуқуқӣ шароит фароҳам оварда шудааст. Дар бахши такмили барномаҳои таълимии забони давлатӣ барои ақаллиятҳои миллӣ, таъсиси марказҳои омӯзиши забони давлатӣ маҳалҳои зисти ақаллиятҳои миллии сокини ҷумҳурӣ, ҳамчунин, омода кардани муаллимони фанни забони давлатӣ барои мактабҳои ғайритоҷикӣ аз ҳисоби намояндагони ин забонҳо то ба имрӯз аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои судманди зиёде амалӣ шуда истодааст.
Мавриди зикр аст, ки ҳукумати кишвар дар баробари забони давлатӣ барои таълиму омӯзиши забонҳои ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаааст ва ҳамзамон, бобати ҳифзи асолати забон ва фарҳанги онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ба забони ақаллиятҳои миллӣ барномаҳои радио ва телевизион фаъол буда, ба бештари ин забонҳо рӯзномаву маҷаллаҳо нашр мешаванд, яъне мо ба ҳамаи забонҳо ва фарҳангҳои кишварамон арҷ мегузорем.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мо – Эмомалӣ Раҳмон мо соҳибзабононро пайваста баҳри посдории асолати забону фарҳангамон даъват намуда. дар суханрониҳои худ хирадмандона зикр намудаанд: «Дӯст доштан ва қадр кардани забони модарӣ ҳаргиз маънои бо он маҳдуд шудан ва аз омӯхтани забонҳои хориҷӣ даст кашидани шаҳрвандони моро надорад».
Мувофиқи маълумоти коршиносон дар ҷаҳон ҳоло наздики ҳафт ҳазор забон мавҷуд аст, ки 90 дар сади онҳо эҳтимолияти дар ояндаи наздик аз байн рафтанро доранд.
Коршиносон бар он ақидаанд, ки ҳамасола ба таври ноайён аз харитаи забонҳои ҷаҳон 10 – 12 забон аз байн меравад, яъне забонҳои бузург забонҳои хурдро ба коми худ фурӯ мебаранд.
«Агар ба назар гирем, ки забонҳо нафақат арзи ҳастӣ мекунанд, балки аз байн ҳам мераванд, - мегӯяд Котиби генералии созмони байналмилалии фархангии ЮНЕСКО – пас мо вазифадорем, ки барои муҳофизат ва нигоҳдории ин ҳама сарвати бебаҳои фарҳангӣ ҳар кореро, ки аз дастамон меояд ба иҷро расонем».
Феълан, дар мамлакат аҳолии манотиқи гуногунро ном бурдан мумкин аст, ки ин вазъи дузабонӣ ва биёрзабониро ҳифз намудаанд.
Ба вижа дар навоҳии минтақахои мазкур мардум аксарият тоҷикзабон мебошанд ва дар баробари забони модарӣ забонхои қирғизӣ, туркманӣ, узбекӣ ва русиро низ медонанд ва бидуни мушкилӣ бо ҳам сӯҳбат мекунанд.
Дар кишвар дар баробари забони миллӣ, ки мақоми давлатиро соҳиб аст, омӯхтани забони русӣ чун забони муоширати байни миллатхо то андозае густариш ёфт ва ин василае гашт бобати огоҳӣ пайдо намудан аз ҳаводиси ҷаҳон, адабиёти илмию бадеии ҷаҳонӣ ва ин ба шаҳрвандон бобати воридшавӣ ба фазои иттиллоотии чахонӣ шароити хубе омода месозад.
Дар баробари забони русӣ забонхои англисӣ, олмонӣ, арабӣ, чинӣ ва ғ. доираи истифода ва густариши васее пайдо намуда истодаанд.
Дар кишвар барои қавму миллатҳои дигари Тоҷикистон имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд, то ки ба забони модариашон таҳсил кунанд, расму оин ва анъанаҳои миллии худро давом диҳанд.
Қобили қайд аст, ки имрӯзҳо масъалаи забон ба ҳайси яке аз рукнҳои муҳими сиёсати дохилии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Давлат безабон вуҷуд дошта наметавонад ва забон шиносномаи давлат, яке аз муқаддасоти асосии он ба шумор меравад. Таваҷҷуҳи давлат нисбат ба забон беш аз ҳарвақта афзун мешавад, зеро забон нишонаи муҳимтарини Истиқлолият, Ваҳдат ва соҳибфарҳангиву соҳибдавлатист.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Иштирок дар семинари илмӣ-назариявии Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи байналмилалии забони модарӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Феврал, 2020 - 18:49
Cармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абророва С.Ҳ

Рӯзи 19-уми феврали соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба «Рӯзи байналмилалии забони модарӣ баргузор гардид. Дар он сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абророва С.Ҳ. дар мавзӯи «Забон – ҳастии миллат», Насриддиён Б.Н. дотсенти кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар мавзӯи «Забон-ганҷи шойгон», Гурезов Ҷ.Н. дар мавзӯи «Нақши Садриддин Айнӣ дар ташаккули қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»  маърӯза карданд. Дар анҷоми семинар донишҷӯён дар васфи забон, модар, Ватан шеърҳо қироат намуда, чорабиниро рангинтар намуданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Дастовардҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сиёсати забони давлатӣ дар даврони Истиқлолият

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 29 Январ, 2020 - 18:57

     Мо мардуми Тоҷикистон дар бисту панҷ соли даврони Истиқлолияти давлатии кишварамон шоҳиди дигаргуниҳои бузург ва бесобиқа дар татбиқи сиёсати Президент, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон, ба хусус забони давлатӣ мебошем. Бояд тазаккур дод, ки пешоҳанг ва ташаббускори ин ҳама иқдомоти наҷиб дар робита ба сиёсати забони давлатӣ ва забони миллии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Нахустдастоварди замони Истиқлолият ин аз ҷониби Президенти муҳтарами кишвар ҳамчун омили асосии ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳо эътироф шудани забони тоҷикӣ ва дар моддаи дувуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тариқи раъйпурсии умумихалқӣ соли 1994 қабул гардида буд, муқаррар шудани чунин меъёр мебошад:
«Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.
Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.
Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».

     Бо дарназардошти татбиқи босамари Қонуни забон ва риояи меъёрҳои забони адабӣ Сарвари давлат дар суханронии хеш ба муносибати Рӯзи забон ҳанӯз 22-юми июли соли 1996 масъалаи таҳия ва тасвиби Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро аз масъалаҳои хеле муҳим арзёбӣ ва таъкид намуда буданд. Таъкиди ин масъала аз ҷониби Президенти маҳбуби кишвар бар пояи мантиқи илмӣ устувор гардида, дар ҳоли қабули Қонуни забон дар соли 1989, ҳамзамон, зарурати таҳияи Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ пеш омада буд ва имлои соли 1972 ҷавобгӯйи ҳама хусусиятҳои забони меъёр ва марҳилаи кунунии рушди забони точикӣ буда наметавонист. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми сентябри соли 1998 Имлои забони тоҷикӣ дар таҳрири нав тасдиқ карда шуд.

     Пешвои миллат ва давлати тоҷикон дар суханрониҳо ва паёмҳои хеш ҳамеша бо пайгирӣ аз сиёсати ягона ва бар пояи илмӣ устувор гардондани забони тоҷикӣ дар баробари забони давлатӣ ва миллӣ дар замони муосири робитаҳои Тоҷикистон бо кишварҳои дигари дуру наздик омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ба вижа забонҳои русӣ ва англисиро аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумати Тоҷикистон маънӣ мекунад. Ба хотири омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар соли 2003 Фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давалатии ташкил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2004-2014» таҳия ва қабул гардид. Сиёсати донистани чандин забон, ки имрӯз аз ҷониби Сарвари давлати мо аз тамоми ҷавонон ва кормандони мақомоти идораи давлатӣ тақозо мешавад, барои рушди солими шахсият ва ҷомеа ва дастрасии ҳар як фард ба иттилооти ҷаҳонӣ дар замони муосир аз падидаҳои хеле мусбат арзёбӣ мегардад. Оид ба масъалаҳои омӯзиши забонҳо дар партави ин сиёсат мо дастовардҳои хуберо дар кишвари хеш мушоҳида мекунем. Ҳоло сафи ҷавононе, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, забонҳои шарқӣ ва ғарбӣ талош меварзанд, аз даврони қабл аз Истиқлолият ба маротиб бештар буда, дар ҷумҳурӣ барои омӯзиши ин забонҳо имконоти фаровон фароҳам оварда шудааст, ки ин ҳама аз баракати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати миллии Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
     Як нуктаи бисёр ҷолибе, ки дар Суханронии Сарвари давлат ба муносибати Рӯзи забон (22-юми июли соли 2008) таъкид мешавад ин омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар заминаи забони тоҷикӣ, - забони давлатӣ дониста мешавад. Ин ҳидояти Президенти муҳтарами кишвар водор месозад, то забонҳои хориҷӣ на дар заминаи забони бегона, ки он низ забони хориҷӣ маҳсуб мешавад, балки бояд бар пояи меъёрҳои забони модарӣ ва риояи вижагиҳои он омӯхта шавад. Ин шеваи омӯзиш барои робитаҳои озоди мо бо кишварҳои ҷаҳон ва арҷ гузоштан ба забони давлатӣ дар баробари забонҳои дигар равиши мусбат арзёбӣ мегардад.
     Дар моддаи 4-и Қонуни мазкур дар мавриди забонҳои дигар чунин омадааст:
1. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд.
2. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва забони яғнобӣ шароит фароҳам меорад.
Бояд тазаккур дод, ки Кумита дар фаъолияти худ баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои риояи муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ вобаста ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, аз ҷумла, Аҳдномаи байналмилалии ҳуқуқи гражданӣ ва сиёсӣ, Санади машварати Копенгаген, Тавсияҳои Гаага дар бораи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ба таҳсилот, Тавсияҳои Осло дар бораи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ва ғайраҳо дар иртибот ба забон мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Кумита бо Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар самти татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши забонҳо ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст. Соли 2011 дар Кумита ду мулоқот бо намояндагии дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон, аз ҷумла, мулоқоти ҷудогона бо Комиссари Олии ин Созмон оид ба масъалаҳои ақаллиятҳои миллӣ ҷаноби Кнут Воллебек баргузор гардид, ки ин мулоқотҳо ба масъалаҳои тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида шуда буд.
Ҳамасола дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ 21-уми феврал мизҳои мудаввар, вохӯриҳо ва семинарҳо бо иштироки доираи васеи муҳаққиқон, намояндагони ҷамъиятҳои ақаллиятҳои миллии сокини Тоҷикистон, намояндагони забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва яғнобӣ баргузор менамояд.

     Эҳтироми бепоён ба забони миллӣ дар ҳама суханрониҳо ва паёмҳои табрикотии Президенти кишвар ба муносибати Рӯзи забон баён гардидааст, ки ин ҳама далели арҷгузорӣ ба забони модарӣ - ин ганҷи бебаҳои меросу фарҳанги миллӣ дониста мешавад.     Президенти кишвар дар Паёми табрикотии хеш ба муносибати шонздаҳумин солгарди Рӯзи забон 22-юми июли соли 2005 волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани онро аз далелҳои ифтихори миллӣ ва Ватану ватандорӣ дониста, забони тоҷикиро аз олитарин муқаддасоти миллӣ эълон дошт, ки ин волотарин арҷгузорӣ ба забони миллӣ ва миллати хеш аст. Фармони Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 26-уми соли 2007 дар бораи Соли забони тоҷикӣ эълон гардидани соли 2008 далели дигари эҳтирому бузургдошти забони модарӣ дар даврони Истиқлолият мебошад.

     Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5-уми октябри соли 2009, №553 аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида, дар асоси Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми октбяри соли 2009, №11 ҷиҳати иҷрои муқаррароти Қонуни мазкур ба мақомоти марбута дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Иҷрои ин Протокол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Мутобиқи қисми 4-и моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ вазифадоранд барои омӯхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароит фароҳам оранд. Ин масъала ба банди 13-и Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ ворид карда шуд. Қобили тазаккур аст, ки то имрӯз дар аксарияти ташкилоту муассисаҳо барои ташкили давраҳои бозомӯзии забони давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.

     Забон аслан ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллист ва аз ин ҷост, ки ба ғамхориву пуштибонии доимии давлат эҳтиёҷ дорад. Бинобар ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳоеро амалӣ намуд, ки барои рушди инкишофи мақоми забони давлатӣ равона мешаванд. Барои амалӣ намудани сиёсати забони давлатӣ дар ҷумҳурӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шуморид, ки ниҳоди нав таъсис диҳад. Аз ин рӯ, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2009, №604 таъсис ёфтааст.

     Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» 4-уми октябри соли 2011, №458 қабул шуд. Мутобиқи қисми 6-и моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад. Воқеияти таҳияи чунин як имлои ҷавобгӯ ба меъёрҳои забони тоҷикӣ дар номаи табрикотии Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 22-юми июли соли 2003 ба муносибати Рӯзи забон таъкид гардида буд. Ин дастури бисёр муҳим ва ҳидояти Сарвари давлат дар иртибот ба таҳия ва пешниҳоди қоидаҳои имлои фарогири меъёрҳои забони адабӣ пас аз таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид. Бо пайгирӣ аз татбиқи ин ҳадафи муҳим, барои таҳияи лоиҳаи нав дар асоси фармоиши раиси Кумита аз 8-уми январи соли 2010, №21 дар ҳайати забоншиносон Д. Саймиддинов (раис), С. Назарзода, Б. Камолиддинов, Ҳ. Маҷидов, Ғ. Ҷӯраев, Ш. Исмоилов, М. Султонов, Ф. Зикриёев, О. Маҳмадҷонов, Ш. Кабиров ва К. Донаева (котиб) гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Лоиҳа пас аз баррасии ниҳоӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо дарназардошти хулосаи вазоратҳо ва кумитаҳои марбута ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2011, №458 тасдиқ карда шуд.

     Тадбири бисёр муҳими дигар дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ин таҳия ва қабули “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016” мебошад, ки он 30-юми июни соли 2012, №335 ба тасвиб расидааст. Мутобиқи банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016” Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози татбиқи Барномаи мазкур муқаррар гардидааст. Зарурати таҳия ва қабули Барномаи мукаммалеро, ки бояд дурнамои воқеии рушди забони давлатиро дар шароити соҳибистиқлолӣ инъикос намояд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ 5-уми октябри соли 2010 таъкид намуда, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои таҳияи ин Барнома муваззаф сохта буданд. Бояд қайд намуд, ки Барномаи мазкур бар пояи таҳлилҳои дақиқи илмӣ бо дарназардошти дурнамои рушди забони давлатӣ таҳия гардида, дар он роҳҳо ва воситаҳои ташаккули забони миллӣ мутобиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон муқаррар гардидааст. Дар нимаи дуюми соли 2012 марҳилаи нахустини татбиқи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 тасдиқ шудааст, оғоз гардид. Ҳамзамон, Кумитаи забон ва истилоҳот ҳамчун ҳамоҳангсози Барномаи рушди забони давлатӣ ҳолати татбиқи Барномаро аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор мавриди таҳлил қарор медиҳад. Мутобиқи қарори мазкур вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо ҳар сол на дертар аз 1-уми март аз вазъи иҷрои Барнома ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши иҷроиши ҳарсолаи онро пешниҳод менамоянд.
     Қобили зикр аст, ки мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки (4-уми октябри соли 2012) бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, аҳли илму фарҳанг ва намояндагони насли ҷавони кишвар сурат гирифт, чорабинии муҳимтарини соли 2012 дар самти ҳимоя ва рушду такомули забони давлатӣ маҳсуб гардид. Дар мулоқот Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо маърӯзаи пурмуҳтаво суханронӣ ва дурнамои густариши забони давлатиро муайян намуд.
Боиси хурсандист, ки бо дастури Президенти кишвар зимни мулоқот ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ (4-уми октябри соли 2012) масъалаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери назорати шахсии роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қарор дода шуд. Ин иқдом, бешубҳа, барои татбиқи самарабахш ва устувори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 мусоидат хоҳад намуд.
     Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми июни соли 2013, №АП2268 аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби олимони забоншинос Кумита Фарҳанги имлои забони тоҷикиро дар 20 ҷузъи чопӣ (320 саҳифа) таҳия ва барои чоп омода намуда, бо дарназардошти ниёзи ҷомеа ба ин фарҳанг нашри нахустини онро ба теъдоди 15 000 (понздаҳ ҳазор) нусха ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи нома аз 3-юми майи соли 2013, №1-2/112 пешниҳод намуд, ки он китоби рӯимизии кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои кишвар гардидаанд.
Таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи рушди забони давлатӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, Кумита бо мақсади татбиқи тадбирҳои муассир барои ташаккули забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм ва танзими истилоҳот дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо қарори Ҳайати мушовара аз 28-уми марти соли 2011, №3/1 аз зумраи олимону муҳаққиқони соҳаҳои мухталиф Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳотро таъсис додааст, ки он аз 3 гурӯҳ ва 20 бахш иборат аст.
Ҳоло дар ҳайати Шӯро (бо намояндагӣ аз вазорату идораҳо, мактабҳои олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ) зиёда аз 100 нафар муҳаққиқон фаъолият доранд.
     То имрӯз кори Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот муназзам ба роҳ монда шудааст. Дар ҳамкорӣ бо ҳайати Шӯрои мазкур Кумита дар давоми фаъолияти худ беш аз 40 фарҳангномаҳои марбут ба истилоҳоти соҳавиро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, хулосаи Кумитаро пешниҳод намудааст. Фарҳангномаҳо бештар дар соҳаҳои тиб ва дорусозӣ, сиёсатшиносӣ, кишоварзӣ, техникӣ, иқтисодиёт, сохтмон ва меъморӣ, биологӣ, нассоҷӣ, педагогӣ, нақлиёт, коргузорӣ ва дигар соҳаҳои тахассусӣ таҳия гардида, дузабона (русӣ-тоҷикӣ) ва сезабона (тоҷикӣ –англисӣ-русӣ) мебошанд.
     Дар тӯли 6 соли фаъолияти худ Кумитаи навтаъсис бештар аз 100 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, даҳҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳо, консепсияҳо, созишномаҳо, маълумотномаву ойиннома ва барномаву тавсияномаҳо, 40 Луғатнома, теъдоди зиёди санад, парвандаҳои судӣ, таъиноти судӣ, мақола, нақша, барчаспҳои маводи хурокворӣ ва номгузориҳои ташкилоту муассисаҳоро мавриди экспертизаи забоншиносӣ қарор дода истилоҳоти онро коркарду мувофиқа намудааст.
     Боиси ифтихори миллати тоҷик аст, ки барои арҷгузорӣ ба ин муқаддасот соли 2009 5-уми октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид гардида, ҳамасола Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-уми октябр ҳамчун рамзи худшиносию худогоҳӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг ва ҳувияти миллӣ дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад.
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба ифтихори ин ҷашни муқаддас мизи мудаввар ва конференсияҳои ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро бо иштироки намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва воситаҳои ахбори омма баргузор менамояд, ки то имрӯз Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Истиқлолият ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон» (2010), мизи мудаввар таҳти унвони «Тоҷикистон – Қазоқистон: Истиқлолият ва рушди забони давлатӣ»(2011), мизи мудаввар таҳти унвони «Барномаи стратегии рушди забони давлатӣ ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон» (2011), Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Забони давлатӣ ва танзими истилоҳот» (18-уми сентябри соли 2012), Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ таҳти унвони «Танзим ва корбурди истилоҳот дар забони давлатӣ» (1-уми октябри соли 2013), мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ (21-уми феврали соли 2014), мизи мудаввар ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз (18-уми марти соли 2014), конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Масоили вожагузинӣ ва истилоҳоти забони форсӣ-тоҷикӣ» (2015) бо иштироки муҳаққиқону донишмандони кишвар ва намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, конференсияи ҷумҳуриявии «Суннатҳои номгузорӣ ва номҳои ҷуғрофӣ» (2015) конференсияи илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ» (2016) бо иштироки олимону донишмандони кишварҳои хориҷӣ (Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Британияи Кабир, намояндагони сафоратхонаҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон), конференсия илмию амалии ҷумҳуриявии «Истиқлолият ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон» (2016) баргузор гардида, дар татбиқи сиёсати забони давлатӣ ҳамчун забони илм нақши арзанда гузоштааст.
 Соли 2017 бахшида ба ҷашни Рӯзи байналмилалии забони модарӣ 21-уми феврали соли 2017 мизи мудаввар таҳти унвони «Вазъи омӯзиши забони давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилашон ба забони ғайридавлатӣ» баргузор намуд.
 Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Нақши забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» (23-юми июни соли 2017), Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 3-юми октябри соли 2017 баргузор намуд.
     Соли 2018 бахшида ба ҷашни Рӯзи байналмилалии забони модарӣ 21-уми феврали соли 2018 мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши забони адабии тоҷикӣ ва ташакули он дар ниҳоди шаҳрвандон» баргузор намуд.
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ таҳти унвони “Саҳми устод Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ” (13-уми апрели соли 2018), Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Муҳити корбурд ва инкишофи забонҳои бумии Тоҷикистон» (5-уми октябри соли 2018 ) баргузор намуд.
     Соли 2019 бахшида ба ҷашни Рӯзи байналмилалии забони модарӣ Кумита дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти рисолату мақоми таърихии забони миллии кишвар ва аҳамияти он дар ҳифзи асолати забони давлатӣ барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Забони модарӣ – мероси фарҳангии соҳибзабонон» (21-уми феврали соли 2019), Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Вазъи забони давлатӣ дар фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи кишвар» бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Конференсияи илмию амалии байналмилалиро таҳти унвони «Вазъи забони тоҷикӣ дар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ бо иштироки олимону донишмандони кишварҳои хориҷӣ (5-уми октябри соли 2019) баргузор намуд.
     Кумита бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор намуд, ки дар он кормандони Кумита аз хидматҳои шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқу давлатӣ соҳибистиқлоламон маърӯзаҳо намуданд ва ҳамзамон, дар ин рӯз озмун бахшида ба 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти унвони «Забон – пояи миллат» аз рӯи шартҳои «Мақолаи илмӣ», «Мақолаи илми-омавӣ», «Иншои беҳтарин» ва «Шеъри беҳтарин дар васфи забони тоҷикӣ» ҷамъбаст гардида, довталабони озмуни мазкур бо диплом ва сипосномаҳои Кумита қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамзамон, Кумита 23-юми ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор намуд. Чорабинии мазкур бо Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Сипас, роҳбарият дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуда, кормандон бо маърӯзаҳо доир ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.


МАЪЛУМОТ ОИД БА ДАСТОВАРДҲОИ МИНБАЪДА ИЛОВАТАН ПЕШНИҲОД МЕГАРДАД...
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

“Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” таҳрир мешавад.

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 14 Январ, 2020 - 15:29
“Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” таҳрир мешавад.

Санаи 14-уми январи соли 2020 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор доир ба таҳияи лоиҳаи нави “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” корашро идома дод. Хотирнишон бояд намуд, ки ҷаласаи аввал дар моҳи декабри соли гузашта багузор шуда буд.  
Ҳадаф аз баргузории ҷаласаи мазкур ин баррасии “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” мебошад, ки дар таҳрири нав таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Ёдовар бояд шуд, ки доир ба ин масъала Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо намояндагони аҳли маориф, илм, фарҳанг ва адаб, ки рӯзи  4-уми ноябри соли 2019 баргузор гардид, ибрози андеша тамуда таъкид доштанд: “Бо такя ба суннатҳои арзишманди гузаштаи халқамон барои эҳё намудани номҳои қадимаи тоҷикӣ ва истифодаи саҳеҳ аз қолабҳои калимасозии миллӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” тасдиқ шуда, меъёрҳои интихоби номҳои миллӣ муқаррар карда шуданд”.
Ҳадаф аз таҳияи феҳрист эҳё кардани арзишҳои маънавӣ ва мероси бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ, инчунин, номгузории суннатии тоҷикӣ мебошад.
Феҳрист бо таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги номгузории ниёгони мо таҳия гардида, дар он ҳеҷ маҳдудият вуҷуд надорад.
Аммо дар ин самт аз ҷониби масъулони шаҳраку деҳот ва идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳанӯз ҳам саҳлангориву бемасъулиятӣ ба чашм мерасад, яъне баъзеи онҳо то ҳол пойбанди равишу усули пешинаи номгузорӣ мебошанд.
Бояд гуфт, ки баъзе падару модарон ба ин масъалаи муҳим беэътиноӣ зоҳир карда, фарзандони худро бо номҳои дорои маънои коста ё номҳое, ки ба анъанаҳои номгузории миллии мо бегонаанд, номгузорӣ мекунанд.
Дар урфият “номи зебо ними ҳусн” гуфтаанд.
Дар хотир бояд дошт, ки асолати миллӣ доштани номи инсон омили нерӯмандӣ, ташаккули шахсият ва эҳсоси худогоҳиву хештаншиносии ӯ ба шумор меравад.
Хотирнишон месозам, ки бегонапарастӣ дар самти номгузорӣ наслҳои ояндаро аз асолати таърихӣ дур мекунад, худшиносӣ ва ҳувияти миллии онҳоро коҳиш медиҳад, ки ба ин раванд ҳаргиз роҳ додан мумкин нест.
Вазорати адлия ва Кумитаи забон ва истилоҳот вазифадор карда мешаванд, ки якҷоя бо сохтору мақомоти дахлдор ин масъаларо ба таври ҷиддӣ таҳти назорат қарор диҳанд ва доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба асноди қонунгузорӣ пешниҳоди мушаххас таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд”.
Аз ин рӯ, дар робита ба ҳамин дастуру супоришҳои Пешвои миллат гурӯҳи корӣ такроран таҳлили номҳои дар Феҳрист воридшударо мавриди таҳлил қарор дода, номҳои навэҷодро ба он илова мекунанд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Саодатшо Матробиён: «Имло бояд миллӣ ва моли забони адабӣ бошад»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 21 Ноябр, 2019 - 11:24
ДУШАНБЕ, 21.11.2019 /АМИТ «Ховар»/.

Дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» камбудиҳо, духӯрагиҳо ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои он ба назар мерасанд. Бо назардошти ин, тавре хабар дода будем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанги мамлакат 4 октябри соли 2019 ба мақомоти дахлдор супориш доданд, ки то моҳи январи соли 2020 лоиҳаи нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро бо ислоҳи камбудиву мушкилоти ҷойдошта таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намоянд. Барои иҷрои ин супориш Гурӯҳи махсуси корӣ таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ба фаъолият пардохтааст.

Имло дар илми забоншиносӣ, дар рушду такомули худи забон ва умуман дар ҳаёти истифодабарандагони он чӣ аҳамият дорад? Вобаста ба ин мавзуъ муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саодатшо МАТРОБИЁН дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ чунин изҳори назар намуд.


Имло танзимкунандаи шакли хаттии забони адабӣ буда, меъёри асосии муайянкунандаи навишти калимаҳо ва талаффузи калимаҳо маҳсуб меёбад ва чун муҳофизи забон хизмат мекунад. Агар ғалате дар хат пайдо шавад, он бо мурури замон ба гуфтор таъсири худро расонида, ба инкишофи минбаъдаи забон халал бунёд хоҳад кард. Аз ин рӯ, меъёрҳое, ки барои имло тарҳрезӣ мешаванд, чун гил ва сангрезаҳое ҳастанд, ки хиштҳои бунёди забонро мустаҳкам нигоҳ медоранд.

Бунёди қоидаҳои имлоро се меъёри асосӣ: морфологӣ, фонетикӣ ва таърихӣ (анъанавӣ) ташкил медиҳанд. Ғайр аз ин меъёрҳо, баъзан аз меъёрҳои фонематикӣ ва дифференсиалӣ (фарқкунанда) низ истифода мешавад.

Меъёри морфологӣ якнавохт навиштани вожаҳо ва ҳиссаҳои нутқро талаб мекунад ва ҳамзамон қоидаҳои навишти вожаҳои решагӣ, пешвандҳо, пасвандҳо ва бандакҳоро танзим мекунад, ҷудо, якҷоя ё бо нимтире навиштани калимаҳоро муайян мекунад. Имлои мукаммал ҳамон имлое маҳсуб меёбад, ки бар пояи меъёрҳои морфологӣ асос ёфтааст.

Меъёри фонетикӣ мувофиқати овозро бо шакли графикии калима муайян мекунад, ки меъёри бисёр мушкили қоидаҳои имло буда, он на барои ҳар забон истифода мешавад. Агар танҳо аз рӯйи меъёри фонетикӣ амал кунем, якнавохтӣ дар навишт ғайриимкон мегардад.

Меъёри таърихӣ (анъанавӣ) навишти қадимиро асос гирифта, талаб мекунад, ки чӣ гуна дар гузашта вожаҳо навишта мешуданд, имрӯз низ бояд ҳамон тавр навишта шаванд (ин меъёр дар имлои забони англисӣ фаровон истифода мешавад).

Меъёри фонематикӣ, ки ҷиҳати баргардони овозҳои мушаххасро дар фонемаҳо талаб дорад, душвортарин меъёр маҳсуб меёбад. Зеро дар аксари забонҳо, аз ҷумла дар забони тоҷикӣ таркиби фонематикии калимаҳо ҳанӯз омӯхта нашудааст. Соҳаи фонология дар забоншиносии тоҷик як соҳаи ҳанӯз наомӯхтае мебошад, ки таҳқиқоти ҷиддиро тақозо дорад. Меъёри дифференсиалӣ (фарқкунанда) доираи хеле маҳдуди истифода шудани калимаҳоро дар навишт, хусусан, тарзи навишти омонимҳо ва омофонҳоро муайян мекунад.

«Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.10.2011 тасдиқ шудааст, дар асоси меъёрҳои фонетикӣ, морфологӣ ва таърихӣ таҳия шуда, асолати забони тоҷикиро таъмин менамояд. Қоидаҳои имлои мазкур дар асоси меъёрҳои муқарраршудаи илмӣ мушкилоти навиштро дар корбурди забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ ва густариши он дар умури сиёсию иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва бахшҳои дигари фаъолияти ҳаррӯзаи мамлакат хеле осон гардонид.

Ёдовар бояд шуд, ки дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» (соли 2011) тағйиру иловаҳои зиёд ворид гардида буд, аз ҷумла, дар бахши алифбо ҳарфҳо мутобиқ ба меъёри алифбои кириллӣ номгузорӣ шуда, тартиб ва меъёри садонокҳо ва ҳамсадоҳо бар асоси равиши илмӣ ва таърихӣ таҳия гардидаанд. Имлои ҳиссаҳои нутқ пурра бознигарӣ шуда, мақоми муайяни худро касб намудаанд. Аммо мурури вақт нишон дод, ки ҳанӯз ҳам дар қоидаҳои муназзами имлои амалкунанда баъзе ҷузъиёти меъёрҳои муқарраршуда сарфи назар шуда, ҳатто дар баъзе маврид ҳолатҳои духӯра будани қоидаҳо ба назар мерасанд.

Ҳамин камбудиҳо, духӯрагиҳо ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро ба назар гирифта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 4.10.2019 бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанги мамлакат баён доштанд, ба мақомоти дахлдор супориш доданд, ки то моҳи январи соли 2020 лоиҳаи нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро таҳия намуда, бо ислоҳи камбудиву мушкилоти ҷойдошта ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намоянд.

Ёдовар бояд шуд, ки лоиҳаи нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» аз ҷониби гурӯҳи корӣ, ки аз ҳисоби мутахассисони забоншиноси Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва Кумитаи забон таъсис дода шудааст, таҳия гардида, барои мукаммал намудани он фикру андешаҳои дигар мутахассисони забондон ва кафедраҳои тахассусиро интизоранд.

Як масъалаи бисёр мураккаб, ки тайи чанд сол роҳи дурусти истифодаи худро наёфтааст, ин мавриди навишти ҳарфҳои «у» ва «ӯ» мебошад. Дар иртибот ба имлои ҳарфҳои мазкур зикр бояд кард, ки дар бандҳои 2 ва 5-и Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ тарзи истифодаи онҳо оварда шудаанд, аммо, мутаассифона, ба таври дақиқ меъёрҳои навишти онҳо дода нашудаанд. Аз ҷумла, дар банди 2 қайд мешавад, ки «ҳарфҳои а, о, у дар оғоз, байн ва анҷоми калима навишта мешаванд» ва дар ҳамин банд эзоҳе бо матни зер навишта шудааст: «Дар анҷоми калимаҳои решагии зерин бо риояи меъёри таърихӣ у навишта мешавад». Аз назари фонетикӣ ин ду овози алоҳидае мебошанд, ки ҷойи ҷудогонаи тавлиди худро дар дастгоҳи нутқ доранд. Ҳар ду овоз хоси забони тоҷикӣ буда, дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ пайдо шудаанд. Овози у дар марҳилаи аввали ташаккули забонамон дар шакли у-и кӯтоҳ (уштур, буз, хушк ва ғ.) ва у-и дароз (дуд, дур, хун ва ғ.) мавҷуд буд.

Овози ӯ (ин фонемаи алоҳида буда, у-и дароз нест!) дар марҳилаи баъдӣ аз дифтонги āu (rāuča – рӯз; rāuta – рӯд, dāuxš – дӯшидан ва ғ.) ба вуҷуд омадааст. Вожаҳое, ки дар охири худ овози у доранд, аз «-ук»-и паҳлавӣ (ориёии миёна) бар асоси таҳаввулоти таърихӣ шакл гирифтаанд (бонук – бону, зонук – зону, тарозук – тарозу, паҳлук – паҳлу ва ғ.). Доир ба ин масъала ҳатто дар байни мутахассисони таърихи забони тоҷикӣ ақидаи ягона мавҷуд нест. Бояд гуфт, ки инҳо масъалаҳои илмӣ буда, дар имло аз назари меъёри таърихӣ ба назар гирифта шудаанд. Вале барои омма фаҳмидани чунин шаклҳо душвор аст. Чунонки Фердинанд де Соссюр гуфтааст: «Барои гӯяндагони забон танҳо як пешомад мавҷуд аст – ин истифодаи имрӯзаи забон, онҳо аз таърихи он чизе намедонанд ва дар бораи ояндаи он чизе фикр намекунанд». Аз ин рӯ, қоидаҳои имло, ки барои хосу ом аст, бояд сода ва фаҳмо бошанд. Ин нуктаро Пешвои муаззами миллат низ дар суханронии худ зикр намудаанд.

Иддае аз забоншиносон бар он ақидаанд, ки калимаҳои иқтибосии арабӣ, чӣ гунае ки дар хатти арабиасос навишта мешаванд, дар хатти имрӯзаи тоҷикӣ низ бояд ҳамон тавр навишта шаванд. Яъне меъёрҳои навишт ва талаффузи забони арабиро бар забони тоҷикӣ мехоҳанд бор кунанд. Воқеан, барои мардум фарқ кардани калимаҳое, ки дар хатти арабиасос чӣ тавр навишта мешаванд, кори саҳл нест. Ҳатто мутахассисон дар ин масъала оҷизӣ мекашанд. Масалан, фарқи вожаҳои арабӣ, ки дар охири ҳиҷо бо «вов» ва «айн» навишта мешаванд, мисли вуқӯъ, валӯъ, вулӯъ, мавзӯъ, мадфӯъ, мазрӯъ, мақтӯъ, марфӯъ, марҷӯъ, масмӯъ, мамнӯъ, маснӯъ, матбӯъ, маҷмӯъ, рукӯъ, руҷӯъ, сутӯъ, тулӯъ, шурӯъ ва ғ. аз вожаҳое, ки бе «вов» бо «айн» навишта мешаванд, мисли табарруъ, таваққуъ, тавозуъ, тазарруъ, таматтуъ, танозуъ, тасаннуъ, таҷаммуъ, ташайюъ ё калимаҳое, ки бо «вов» ва «ҳо» дар охири ҳиҷо мисли андӯҳ, бистӯҳ, вузӯҳ, гурӯҳ, курӯҳ, макрӯҳ, мамдӯҳ, мамсӯҳ, манкӯҳа, мафтӯҳ, маҷрӯҳ, машрӯҳ, сутӯҳ, шукӯҳ, шикӯҳ, вуҷӯҳ, сабӯҳ, сунӯҳ ва бе «вов» ва «ҳо» таваҷҷуҳ ва сунуҳ (ба маънои «зани писар») ва ғайраро танҳо, агар мутахассисон бо фаҳмидани қолабҳои онҳо (дар хатти арабӣ бо номҳои «вов»-и маъруф ва «вов»-и маҷҳул) дарк нанамоянд, барои мардуми ғайримутахассис ин мушкилоти якумра мебошад.

Аз ин рӯ, хуб мешавад, ки ин гуна калимаҳоро дар як қолаби ягона ё бо ҳарфи «ӯ» ё бо ҳарфи «у» нависем. Мушкилоти дигар дар фарқи калимаҳои арабӣ аз тоҷикӣ мебошад. Мисли: гуҳар, куҳан, куҳна, нуҳ, уҳу-уҳу, Суҳроб; ё кӯҳ, кӯҳон, кӯҳл, сӯҳон, ӯҳ(?). Дар ин калимаҳо такя бар маъёри таърихӣ мешавад, ки ин ҳам танҳо барои мутахассис фаҳмо аст.

Муҳим он бояд бошад, ки калимаҳои иқтибосиро ба табиати забони миллӣ мувофиқ намоем, на ин ки забонамонро тобеи навишту талаффузи калимаҳои иқтибосӣ созем. Қонуни табиати забон низ ҳаминро талаб мекунад. Аз як таҳлили оморие, ки гузаронидем, миқдори калимаҳое, ки бо ҳамнишинии ҳарфҳои «вов»-ҳои маъруфу маҷҳул ва «айн»-у «ҳо» анҷом меёбанд, тахминан чунин мебошад:


Зикр бояд кард, ки калимаҳо дар асоси «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» бо ислоҳи ғалатҳо шумурда шуда, танҳо решаи калимаҳо ба назар гирифта шудаанд. Ҷадвали овардашуда, баръало нишон медиҳад, ки кадом намуди калимаҳо афзалият доранд. Ҳамчунин мавриди ёдоварист, ки бо «вов»-и маъруф навишта шудани калимаҳо дар хатти арабиасос ин маънои онро надорад, ки ин гуна калимаҳо ҳатман бояд дар хатти имрӯзаи тоҷикӣ бо ҳарфи «ӯ» навишта шаванд: суруд, дуруд, хун, дуд, суд, мубад, дур, ду, ту, фартут, фармудан, фарсуда ва ғ. Ҳамаи мисолҳои овардашуда асоси илмии худро доранд, аммо ҳам хусусияти хатти арабиасос ва қоидаҳои навишти калимаҳои иқтибосӣ ва ҳам меъёри таърихии забони тоҷикиро дар як қоидаи имло ғунҷонидан моро ба сӯйи духӯрагиҳо ва пайдо шудани мушкилиҳо дар имло мебарад. Аз ин рӯ, меъёри ягона бояд танҳо хусусияти миллии забонро ифода кунад.

Масъалаи дигаре, ки бисёр баҳсталаб аст, ин бо ҳарфи калон навиштани исмҳо мебошад. Аз ҷумла, дар зербанди 2-юми банди 20-уми «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» оварда шудааст: «Номи мақомоти олии давлатӣ, мансабҳои олӣ ва рамзҳои давлатӣ» бо ҳарфи калон навишта мешавад. Дар ин банд ду ифодаи нофаҳмо барои мардум аст- яке, мақомоти олӣ кадомҳоянд?, дувум, мансабҳои олӣ кадомҳоянд? Тибқи қонунгузории Тоҷикистон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст. Дар Феҳристи тасдиқшуда мафҳуми «мансабҳои олӣ» вуҷуд надорад. Дар он мансабҳои давлатӣ ба ду гурӯҳ ҷудо шудаанд: 1) мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ ва 2) мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ, ки дар навбати худ ба а) мансабҳои сиёсии хизмати давлатӣ ва б) мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ ҷудо мешаванд. Кадоме аз онҳо бо ҳарфи калон навишта мешаванд, бояд дар қоидаҳои имло аниқ муайян бошанд.

Ҳамчунин баҳси навишти калимаҳои иқтибосӣ, хусусан аз забони русӣ, ки бо «а» талаффуз мешаванд ва бо «о» навишта мешаванд, мушкилиро дар имло ба бор овардааст. Чунончи, компютер – кампютер; конференсия – канференсия; дотсент – датсент; Москва – Масква; Новосибирск – Навасибирск ва ғ. Доир ба навишти ин гуна калимаҳо дар имло қоидае вуҷуд надорад.

Ҳамин тавр, ғалатҳои дигари ҷузъие низ дар имло ба назар мерасанд, ки онҳо, албатта, аз назари гурӯҳи корӣ дур нахоҳанд монд. Имрӯз ҳамаи мардум таҳияи як имлои мукаммалу устувор ва фаҳмою осонро интизоранд, то дар навишт ба иштибоҳ набараду назарҳои гуногун ба вуҷуд наоварад. Имло бояд миллӣ ва моли забони адабӣ бошад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 3.5 (2 овоз)

Озмуни «Забон – пояи миллат» ҷамъбаст гардид

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 15 Ноябр, 2019 - 15:57
Озмуни «Забон – пояи миллат» ҷамъбаст гардид

     Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита рӯзи 15-уми ноябр мизи мудаввар баргузор намуд, ки дар он Раиси Кумита, муовини раис ва кормандони Кумита Умарова Ш. ва Ятимзода М. бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво доир ба корнамоиҳову фаъолияти пурсамари Президенти кишвар дар рушди Тоҷикистон ва мақоми он дар арсаи байналмилалӣ, хусусан дар таҳкиму  инкишофи забони давлатӣ ва арҷгузорӣ ба забони миллӣ баромад карданд.
     Ҳамзамон, дар ин рӯзи фархунда ва муборак озмуни Кумита, ки бахшида ба 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти унвони «Забон – пояи миллат» эълон гардида буд, ҷамъбаст шуд.
     Комиссияи тадорукоти озмун ҷойҳои ишғолнамудаи довталабонро барои ҳозирин эълон дошта, ғолибонро бо Диплом ва Сипоснома қадрдонӣ намуд.
Аз рӯи шарти «Мақолаи илмӣ»:
- диплом ба узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Ҳасани Султон барои ишғоли ҷойи аввал бо мақолаи «Пешвои миллат ва пешрафти забони тоҷикӣ»;
- диплом ба Нуралиев Абдубосит Фазлиддинович барои ишғоли ҷойи дуюм бо мақолаи «Шоҳасаре, ки забонаш ба ҳама порсизабонон ошно аст»;
Аз рӯи шарти «Мақолаи илмӣ-оммавӣ»:
- диплом ба Садриддин Ҳасанзода барои ишғоли ҷойи аввал бо мақолаҳои «Хат – таърих…», «Озмоишгоҳи таърих», «Баҳс», «Чаро лотинӣ?», «Ҳомии забон кист?»;
 Аз рӯи шарти «Иншои беҳтарин»:
- диплом ба Байзоев Азим барои ишғоли ҷойи аввал ба иншо таҳти унвони «Як лаҳза дар фикри мо бошед! (Номаи Манижаи 7-сола ба падару модарон ва бобою бибиҳо)»;
Аз рӯи шарти «Шеъри беҳтарин»:
- диплом ба Рустами Ваҳҳоб барои ишғоли ҷойи аввал;
- диплом ба Нуриддин Амриддин барои ишғоли ҷойи дуюм;
Ҳамчунин, Сипосномаҳо ба шахсони зерин тақдим шуданд:
- Муҳаммадалӣ Саидмуродов - омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-и ноҳияи Варзоб (барои мақолаи «Забон – пояи давлат»);
- Ҳакималӣ Назаралиев - омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и деҳаи Ғуриёти шаҳри Ҳисор (барои мақолаи «Забони модарии ман»);
- Суяров Қурбон - омӯзгори фанни химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (барои мақола «Химия ё қимиё»).

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

ДИҚҚАТ!!! ДИҚҚАТ!!! ДИҚҚАТ!!!

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 7 Ноябр, 2019 - 11:33

Барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» аз мутахассисони соҳа, олимон, омӯзгорон
ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамоем, ки фикру андешаҳои худро ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25 ё тавассути почтаи электронии kumitaizabon@mail.ru
пешниҳод намоянд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

ҚОИДАҲОИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Ноябр, 2019 - 11:00
Номаи иттилоотӣ ба мутахассисони забони тоҷикӣ


Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2019 зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг оид ба ислоҳи камбудиву мушкилоти «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» баён доштанд, дар назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» таъсис дода шудааст.

Барои иштирок намудан дар баҳсҳои гурӯҳи корӣ ва пешниҳоди андеша ҷиҳати комил намудани «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар сомонаи Кумита (www.kumitaizabon.tj) саҳифаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» кушода шудааст. Шумо метавонед фикру андеша ва дархости худро ба гурӯҳи корӣ тавассути сомонаи мазкур доир ба имлои забони тоҷикӣ ирсол намоед.

 

Гурӯҳи корӣ

Телефонҳо барои тамос: 227-59-25; 227-78-29
Почтаи электроннӣ: kumitaizabon@mail.ru
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

«ХИМИЯ» Ё «КИМИЁ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 31 Октябр, 2019 - 11:47
«ХИМИЯ» Ё «КИМИЁ»

Тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар тамоми муассисаҳои таҳсилотӣ, илмӣ, маъмурӣ ва ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон истилоҳи Химия расман қабул шудааст ва мувофиқан ибораҳои илми химия, фанни химия, китоби химия, дарси химия, муаллими химия, модаи химиявӣ, ҳодисаи химиявӣ, реаксияи химиявӣ, химияи ғайриорганикӣ, химияи органикӣ, химияи аналитикӣ, химияи физикӣ, химияи коллоидӣ ва амсоли онҳо маъмул мебошанд. Дар қатори истилоҳи расмии Химия ва мафҳумҳои ба он марбут инчунин истилоҳи Кимиё ва ибораю калимаҳои дар асоси истилоҳи мазкур сохташуда, ки расман бояд мавриди истифода қарор надошта бошанд, дар нутқи шифоҳии баъзе намояндагони ин илм ва маводи чопии химиявӣ (кимиёӣ) ба назар мерасанд. Доир ба афзалияту саҳҳеҳии истифодаи истилоҳҳои Химия ё Кимиё фикру ақидаҳои мухталиф ва баъзан тамоман хилофи якдигар мавҷуданд.
 Мусаллам аст, ки кунунан дар ҷумҳурии мо масъалаи асосӣ рушди ҳамаҷонибаи таълими фанни химия (кимиё) , илми химия (кимиё), технологияи муосири химиявӣ (кимиёӣ), ворид кардану барои беҳбудии ҳаёту фаъолияти шаҳрвандон мавриди истифода қарор додани чунин технология, истифодаи самараноки асбобҳои муосири дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба ҷумҳурӣ воридшуда, эҳё ва густариши равобити илмӣ бо мамлакатҳои хориҷии дуру наздик, дар сатҳи зурурӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ, рушди ҳамачонибаи заминаи моддӣ-иқтисодии муассисаю таълимгоҳҳои химиявӣ (кимиёӣ) ва ба камол расонидани мутахассисони соҳибмаълумоту соҳибкасби ин соҳаи ҳаётан хеле муҳим мебошад.
 Дар раванди амалӣ кунонидани вазифаҳои зикршуда Химия ё Кимиё номгузорӣ шудани илми мазкур чандон аҳамият надорад. Вале бо гузашти солҳо ва дар мавриди зина ба зина ва муштаракан ҳалли амалии худро ёфтани вазифаҳои зикршуда ва болоравии худшиносию ҳисси миллии алоқамандони илми химия (кимиё) масъалаи Химия ё Кимиё номгузорӣ шудани он низ бояд ҳалли худро ёбад. Аз ин рӯ кунунан ба масъалаи мазкур дар сатҳи зарурӣ ва касбӣ мароқ зоҳир кардани масъулину мутахассисон ва ба хусус олимону омӯзгорон, муносибати холисонаи онҳо дар мавриди баррасии ин масъала, пазироию мавриди таваҷҷуҳ ва омӯзиш қарор додани ақидаҳои мухталифи барои ҳалли масъала баёншуда ба асоси далелу санадҳои илмию таърихӣ хеле муҳим буда, ҳамкории доираҳою табақаҳои гуногуни химиявӣ (кимиёӣ) – и ҷумҳуриро тақозо мекунад.
 Мақсади таҳияи ин мақола доварӣ кардан ба ҳалли масъалаи афзалияти истилоҳҳои Химия ё Кимиё ва таҳлили таърихи дар ҷомеаи Тоҷикистон пайдо шудану бадали якдигар карда мавриди истифодаи амалӣ қарор гирифтани ин мафҳумҳо набуда, балки баррасии баъзе маводи чопии мавҷуда доир ба истилоҳҳои мазкур мебошад.
 Масъалаи пайдоиш ва мазмуни истилоҳҳои зикршуда дар чандин асару мақолаҳои олимону омӯзгорони тоҷик борҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст[1 -8 ].
 Доир ба мафҳуми Кимиё дар китоби донишманди машҳури форс-тоҷик Абӯҳомид Муҳаммад Ғаззолӣ «Кимиёи саодат» [1], ки байни солҳои 1094-1107 ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст, чунин ишора мавҷуд аст:
 Ва чунонки он кимиё , ки мису биринҷро ба сафои зари холис расонад, душвор бувад ва ҳар кас нашиносад, ҳамчунин ин кимиё, ки гавҳари одамиро аз ҳиссати баҳимият ба сафою нафосати малакийят расонад, то бад-он саодати абадӣ ёбад, ҳам душвор бувад ва ҳар касе надонад... Бидон, ки чунонки кимиё дар ганҷинаи ҳар пиразане наёбанд, балки дар хизонаи мулук ёбанд, кимиёи саодати абадӣ низ ҳар ҷой набошад, дар хизонаи Рубубийят бошад.
 Дар Таджикско-русский словарь (нашри соли 1954) [2] оид ба мафҳуми Кимиё чунин маълумот мавҷуд аст:
КИМИЁ – уст. 1) алхимия; 2) философский камень; чудотворный эликсир; 3) химия.
КИМИЁАСАР – благотворный, благодатный; несущий счатье.
КИМИЁГАР – 1) уст. алхимик; 2) перен. умеющий извлечь пользу из всего (даже из непригодных вещей).
КИМИЁГАРӢ – 1) уст. алхимия; 2) прыбыльное ремесло, выгодное занятие.
 Дар Луғати зикршуда [2] доир ба мафҳуми Химия омадааст:
ХИМИЯ – химия.
ХИМИК – химик.
ХИМИЯВӢ – химческий; имтизоҷи химиявӣ – химическое соединение.
 Тахминан ҳамин гуна тафсири истилоҳҳои Химия ва Кимиё дар Луғати мухтасари тоҷикӣ – русӣ [3 ] ба назар мерасад.
 Тарҷумаи истилоҳи Химия дар Луғати русӣ – тоҷикӣ [4] чунин аст:
ХИМИЯ – 1) химия, кимиё; химия крови – таркиби хун;
 Мафҳуми Кимиё дар ҷилди 3 Энсиклопедияи советии тоҷик [5] чунин тафсир шудааст (мухтасаран пешниҳод мегардад):
КИМИЁ – алхимия. Ҳодисаи хоси маданияти давраи танназули ҷамъияти ғуломдорӣ, ки дар асрҳои миёна васеъ паҳн шуда буд. Калимаи Кимиё ба металлрезӣ ва металлгудозӣ алоқа дорад. Кимиёгарҳо бо ёрии «санги фалсафӣ» ба металлҳои асил табдил додани металлҳои ноасилро вазифаи асосии худ мешумориданд. Онҳо ба кофтукови иксири дарозумрӣ, ҳалкунандаи универсиалӣ ва ғайра низ машғул мешуданд… Дар зери таъсири мунаҷҷимони Юнону Миср ба Кимиё ақидаҳое дохил шуданд, ки алоқамандии сайёраҳо ва металлҳоро дар назар доштанд… Адабиётҳои кимиёии мистикию схоластикии асрҳои 10-11 дар Европаи Ғарбӣ (асосан ба воситаи Испания) хусусан дар заминаи калисои католикӣ паҳн шуданд… Вобаста ба хусусиятҳои асримиёнагии усули схоластикии тафаккур ҳукмронии магия ва мистика дар Кимиё давом мекард ва он ҳам ба забон ва ҳам ба натиҷаҳои ба даст овардаи Кимиё таъсир расонд. Танназули ақидаҳои схоластикӣ дар Кимиё фақат асри16, вақте ки ятрохимия ба вуҷуд омад, оғоз ёфт… Ғояи асосии Кимиё оид ба ягонагии моддаҳо ва табадуллоти элементҳои химиявӣ дар шакли мураккаб вобаста ба комёбиҳои навтарини физикаи ядрои атом аз нав ба миён омад.
 Дар як масъала ақидаи худро баён мекунам. Вобаста ба он, ки магия ва мистика дар Кимиё як муддати муайян ҳукмрон буд ва барои расман дар забони тоҷикӣ мавриди истифода қарор гирифтани истилоҳи Кимиё монеаи асосӣ мебошад, ҳаминро бояд қайд кард, ки дар забони русӣ калимаи «химичить» мавриди истифода қарор дорад. Бо ин мафҳум ҳолатҳое ифода карда мешаванд, ки ғайритабиӣ буда, баъзан бо тобишашон ба магия ва мистика наздик мебошанд, вале барои дар забони русӣ Химия номгузорӣ шудани илми мавриди назар ҳеҷ монеаъ нашудаанд.
 Дар ҷилди 7 Энсиклопедияи советии тоҷик [6] ҳангоми шарҳи мафҳуми Химия ҳамчун илме, ки табдили моддаҳо, таркиб ва сохти онҳоро меомӯзад, доир ба мафҳуми Кимиё чунин навишта шудааст (мухтасаран пешниҳод мегардад):
Асрҳои 3-4 м. кимиё ба вуҷуд омад. Кимиёгарҳо солҳои зиёд ба ҷустуҷӯи кибрити аҳмар , «оби ҳаёт» ва ғайра мащғул буданд. Онҳо бисёр моддаҳоро кашф карда, ҷараёни реаксияҳои химиявиро омӯхта дар ташаккули Химия саҳми арзанда гузоштанд.
 Дар [7] доир ба пайдоиши истилоҳи кимиё (химия) маълумоти муфассал мавҷуд буда, аз ҷумла қайд гардидааст:
Ба ҳамагон маълум аст, ки кимиё яке аз илмҳои қадимтарин аст, чунки одам аз ибтидои бошуурона ба табиат муносибат кардан тамоми тағйироти дар гирду атрофаш гузарандаро мушоҳида мекард.
 Дар Фарҳанги забони тоҷикӣ [8] омадааст:
КИМИЁ – 1. алхимия, илми бардурӯғ, ки мақсади он маъданҳои содда , масалан мисро ба нуқраву тилло мубаддал кардан буд (Иловаи муаллифи ин мақола: бардуруғ будани ибораи «илми бардурӯғ» - ро физикаи ядро исбот кард).
 Мисси вуҷуди ман шавад шавад аз май ба сони зар,
 Гӯӣ ки май чу обак аз аҷзои кимиёст.
 Хуҷастаи Сарахсӣ
 Онон, ки хокро ба назар кимиё кунанд,
 Оё бувад, ки гушаи чашме ба мо кунанд.
 Ҳофиз
2. маҷозӣ, чизи камёб, ноёб, нодир
 Зард шуд рӯям зи бедории шабҳои фироқ,
 Кимиё кардӣ даруни дидаи ман хобро.
 Мушфиқӣ
3. маҷозӣ, макру ҳила; фикр ва мулоҳизаҳои нозукбинона.
 Ба хасм агар бисозӣ то барканӣ сараш,
 Он низ зи пурдилию кимиё бувад.
 Шамси Фахрӣ

4. (ин) кимиёи ҷон (ё ҳастӣ) киноя аз шароб, май.
 Ҳангоми тангдастӣ дар айш кушу мастӣ,
 К-ин кимиёи ҳастӣ Қорун кунад гадоро.
 Ҳофиз
КИМИЁГАР – касе, ки ба илми кимиё машғул мешуд; иксиргар.
 Кимиёгар ба ғусса мурдаву ранч,
 Аблаҳ андар хароба ёфта ганҷ.
 Саъдӣ
 Дар Дар Фарҳанги забони тоҷикӣ [8] истилоҳи Химия мавҷуд нест.
 Дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон истилоҳи Кимиё расман амал мекунад. Чун намуна китоби бо алифбои арабӣ , ба забони форсӣ таълиф намудаи донишманди тоҷик, профессор шодравон З.Н.Юсуфов «Кимиёи физикӣ ва коллоидӣ», ки чопи Кобул мебошад, далел шуда метавонад [9]. Дар Ҷумҳурии Узбекистон низ шакли каме тағйирёфтаи истилоҳи «кимиё» низ мавриди истифода қарор дорад. Масалан: «Самарқанд давлат университети Кимё факултети», «Физикавийва коллоид кимё кафедрасӣ», «Дисперс системалар кимёси (номи фанни таълимӣ)», «Ӯзбекистоннинг иқтисодий ривожланишда кимёнинг ӯрни (номи конференсияи байналмилалӣ)» ва ҳоказо.
Хотирнишон месозам, ки дар аксари баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мавридҳои зарурӣ, истилоҳи «кимиё» истифода мегардад.
 Дар аввали солҳои 90 асри ХХ муддати чанд вақт дар ҶТ мафҳуми Химия ба Кимиё бадал шуд. Аз барномаҳои таълимӣ сар карда то ҷадвали дарсии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бо истифодаи истилоҳи Кимиё тартиб дода мешуданд [10].
 Маводи чопии химиявӣ (кимиёӣ) дар ҶТ кунунан дар се навъ дучор мешаванд:
1. Китобҳое, ки дар онҳо пурра истилоҳи Химия истифода шудааст. Тамоми китобҳои талимии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва баъзе китобҳои дарсии мактабҳои олӣ, масалан [11-12] пурра бо истилоҳи Химия таълиф шудаанд.
2. Китобҳое, ки дар онҳо пурра истилоҳи Кимиё истифода шудааст, масалан [13-15]. Китоби дарсии [13] бо қарори мушовараи Вазорати маорифи ҶТ нашр гардидааст.
3. Китобҳое, ки дар онҳо истилоҳҳои Кимиё ва Химия муштаракан истифода шудааст, масалан [7].
 Аз он чи иброз шуд, метавон натиҷагирӣ кард, ки барои баррасии масъалаи зикршуда - ивази истилоҳи Химия ба истилоҳи Кимиё вақт фаро расидааст.
 Мақоларо бо пешниҳоди мисраҳои Фахриддини Гургонӣ анҷом бахшиданро раво донистам:
 Ба гетӣ кимиё ҷуз ростӣ нест,
 Ки изи ростиро костӣ нест.

 Адабиёти истифодашуда

1.     Ғаззолӣ А.М. Кимиёи саодат. Ҷилди 1. – Душанбе, ЭР-граф, 2008. -С. 85, 86.
2.     Таджикско – русский словарь. Таҳти таҳрири А.Деҳотӣ. – Душанбе, 1954. -С. 186, С. 422.
3.    Луғати мухтасари тоҷикӣ – русӣ. Мураттиб Калонтаров И.Я. – Душанбе, Маориф., 1988. -С. 333.
4.     Луғати русӣ – тоҷикӣ. Зери таҳрири Осимӣ М.С. -Москва. Русский язык, 1985. -С.1178.
5.     Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 3. Сармуҳаррири илмӣ Осимӣ М.С. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик. -Душанбе. 1981. -С. 304.
6.     Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 7. Сармуҳаррири илмӣ Осимӣ М.С. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик. – Душанбе, 1981. -С.626.
7.     Сафиев Ҳ.С., Аминҷонов А.О., Каримов М.Б. Химия дар қоидаҳо, таомулҳо, аксҳо ва нақшаҳо. -Душанбе. ЭР-граф. -С.12-19.
8.     Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷилди 1. Зери таҳрири Шукуров М.Ш., Капранов В.А., Р. Ҳошим, Маъсумӣ Н.А. – Москва, Советская Энциклопедия. 1969. - С.552.
9.     كيمياى فيزكي و كلويدى مؤلف ظهورالدن يوسوف كابل١٣٦٤
10.     Барномаи кимиё барои синфҳои VIII-IX ва X-XI (равияи табиию риёзӣ). Мураттибон Зубайдов У., Тошев А. -Душанбе , Маориф, 1994. 60с.
11.     Солиев Л. Химияи умумӣ. – Душанбе., Аржанг, 2008. 394 с.
12.     Холиқов Ш. Химияи органикӣ. – Душанбе, ЭР-граф, 934 с.
13.    14. Юсуфов Т.Ю., Раҷабов С.И. Кимиёи органикӣ. – Душанбе, Мир издателей, 2012. 368с.
14.     Суяров Қ.Ҷ., Каримов М.Б., Саидов С.С. Намунаи саволу масъалаҳои тестӣ аз кимиё. -Душанбе, Матбааи ДМТ, - 2013. 164 c.

15.     Қудратова Л.Ҳ. Давлатшоева Ҷ.А., Суяров Қ.Ҷ. Беляев А.П., Саидов Н.Б. Кимиёи физикӣ ва коллоидӣ (китоби дарсӣ). Душанбе: Эр-граф. 2019. 656С.


Омӯзгори фанни кимиё аз «ДМТ» Суяров Қ. Ҷ.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, кафедраи кимиёи физикӣ ва коллоидӣ

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

«ДОРУХОНА» Ё «ОРУХОНА»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 31 Октябр, 2019 - 11:33
«ДОРУХОНА» Ё «ОРУХОНА»
 (ё чанд сухан дар бобати мавқеи забон ва тарзи баён дар навиштор ва гуфтор)


Дар бораи мавқеи забон чун яке аз рукнҳои асосии давлат ва давлатдории миллӣ ва ниёзҳои нигоҳубин, ғамхории он бисёр гуфтаанду навиштаанд. Ҳамин қадар илова мекунем, ки ҳар чӣ қадар пуштибонии он аз ҷониби сохторҳо ва мақомоти давлатӣ дар сатҳи давлатӣ сурат бигирад, кам аст ва мо ба он армонҳои наҷибе, ки аз ҷумла баландбардории мартабаи забони миллист, бештар ноил мегардем. Яъне шарти асосии муваффақ шудан ба пойдории забони давлатӣ баланд гаштани масъулият, афзудани муҳаббат, дилс ӯзии ҳар як соҳибзабон – шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад. Дар боло бардоштану таҳрики ҳамин эҳсосу ангеза нақши расонаҳои хабарӣ басо назаррас аст. Мардуми мо ба сухани чопшуда, аз тариқи радио садодода, ба сужаҳо, гуфторҳои ТВ бовар мекунад, ба гуфтори хабарнигорон, ровиёни ВХ пайравӣ, тақлид менамояд, нуқси забониашонро ислоҳ менамояд. Яъне забони матбуот, ТВ, радио, интернет дар раванди инкишоф, рушди маънавии одамон хеле муҳим аст, маҳз ҳамин силоҳи дурзан – сухан боиси ҳаллу фасли печидагиҳои ҳаёт, рафъи нуқсонҳои р ӯз дар раванди созандагии ободониҳои мо мегардад, вале баръакс, бетаваҷҷуҳӣ ба забон, тарзи баён боиси коҳиш ёфтани таҳкими заминаҳои иҷтимоӣ, ҳувияти миллӣ, дуршавӣ ва бегонагӣ аз асолати миллӣ ва монеи рушду нум ӯи Ватан мегардад.
 Хору залил кардани забони давлатӣ оғози пастравии мартабаи давлат аст. Барномае, ки аз тариқи РХ бо забони бурро, фасеҳ, р ӯшан ва лаҳни ширин садо медиҳад, ба ҷисму ҷон фараҳ мебахшад, р ӯҳро болида мегардонад. Р ӯзноманигоре, ки аз паҳлуҳои мухталифи маънии вожаҳо огоҳӣ дорад, ба хатоҳои услубӣ, фонетикӣ, мантиқӣ, грамматикӣ кам роҳ медиҳад, имконоти истифодаи калимаҳои муқобилмаъно, ҳаммаъно, ибораҳои рехтаи фразеологиро медонад, бешак, бинандаву шунавандаи зиёд, мухлисони бешумор дорад. Забони тоҷикӣ дар таърих, ҳангоми истилои аҷнабиён лаҳзаҳои басо душворро сипарӣ кард, имр ӯзҳо бо густариши ҷаҳонишавӣ, гуфтуг ӯи та – маддунҳо хатари аз миён рафтани он падид омадааст, аммо ин ёдгори ниёкон, ки чун баёнгари падидаҳои равшани вақту замон ба ҷаҳон аст, исбот кардааст, ки дар замони муосир низ рисолати таърихиашро ба арҷмандию ифтихор иҷро карда метавонад.
Пас аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ тақдири он мавриди таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа қарор гирифт. Беш аз пештара зарур аст, ки дар ғановати таркиби луғавӣ, таҳкими мавқеи ҷамъиятии он ҳар як нафар сокини диёр, фарзанди миллат саҳмгузор бошад. Боиси хушнудист, ки р ӯзноманигорон, нависандагону адибон дар бобати рушд, ҳифзи нафосат, назокату фасоҳати он, боло бардоштани мартабаи он саъю к ӯшишҳои зиёд менамоянд.
Калимаи ноҷо, нофаҳмо ба сангчае шабоҳат дорад, ки ҳангоми хӯрдани палав ба зери дандонҳо меояд.

Ҳар кӣ сухан бо сухане зам кунад,
Қатрае аз хуни ҷигар кам кунад, –

фармудааст шоир. Ҳамин тавр, дақиқ, дуруст интихоб кардани вожаҳо, истифодаи ибораҳои фразеологӣ, ҷумлаҳои мураккаб, саҳеҳии фикр ин масъулияти ҷиддию пурмашақати р ӯзноманигор аст дар назди шунаванда, хонанда ва тамошогар. Мо суханро аз баҳри дигарон мег ӯем ва ба ҳамин хотир Худованд ба мо имкони гуфтан ва навиштан додааст. Бале, аввал овоз, сухан пайдо гашту баъд васоити тасвири он ҳарфҳо (алифбо). Аз ҳамин имкони азалӣ ҳар кас ҳар хел истифода менамояд. Баъзеҳо вожаҳоро ҳар тавре, ки хоҳанд, ба забон мегиранд, менависанд аз ин р ӯ ғалатҳои фаҳш имр ӯз дар нашрияҳо, асарҳои бадеӣ, китобу маҷм ӯаҳои илмӣ зиёд вомех ӯранд. Мутаассифона, ҳар кадоми мо ҳам нависанда, муҳаррир, муҳаррири нашрия, матбуот, телевизион ва радио ин ғалатҳоро мебинему чашм меп ӯшем, ки ин авфнопазир аст. Инро чун беэҳтиромӣ, нописандӣ ба ганҷи ноёби ниёгон – забони модарӣ маънидод кардан мумкин аст.
Дар айни замон, ки нақши воситаҳои хабаррасони оммавӣ дар таълиму тарбияи мардум назаррас гаштааст, покизагии забони он, пешниҳоди дурусту риояи меъёрҳои забон дар гуфтаҳои ровиёни радиою телевизиону нашрияҳо хеле зарур аст. Хушбахтона, ҳоло забони ахбори омма як андоза беҳтар гаштаву р ӯзноманигорон, ровиён бо забони шевову равон мақсадашонро ба самъи бинандаю шунавандаю хонанда мерасонад. Бо вуҷуди ин ҳоло ҳам сари масъалаи забони расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла, ҳангоми истифодаи бисёр вожа, таркибҳо ва усулу тарзи баёни муаллифон андеша мебояд. Хабарнигор, муаллифи барнома роҷеъ ба масъалае, ки сокинони як кишварро ба ташвиш овардааст – норасоии барқ, газ, бунёди неругоҳҳо, таъмини ҷои кор, касодии истеҳсолот бетаваҷҷуҳ, хунсардона, бемақсад асар менависад. Агар ҳар як вожа марбут ба масоили мазкур санҷида, пухта, фаҳмо ва бо далелҳои р ӯшан ифода гарданд, ба шунаванда фараҳ мебахшад, чароғаки умед дар қалби онҳо медурахшад.
Дар тайи чанд соли охир аз файзи соҳибистиқлолии кишвар дар бораи донистани забони давлатӣ ва риояи меъёрҳои он пешниҳодҳои хубе иброз мегарданд. Ҳамчунин дар ҷаласаву симпозиумҳо ҳам ин маънӣ хуб матраҳ мегардад. Аммо ин ҳама ба талаботи амалӣ шудани Қонуни ҶТ «Дар барои забон» пурра ҷавобг ӯ нестанд. Мо бояд барои он талош варзем, ки забони воситаҳои хабарии омма дуруст, фаҳмо, фасеҳу равон бошад, зеро агар дар ҷаласаҳо, семинарҳо, нишастҳо 50 – 500 нафар ширкат дошта бошанд, теъдоди шунаванда, тамошогар, хонанда аз ин ҳам зиёд – миллионҳо нафарро ташкил медиҳад. Аз ин р ӯ масъулияти суханг ӯ, р ӯзноманигор назди мардум ва давлат хеле калон аст.
Саволи «Забони матбуот бояд чӣ гуна бошад?» танҳо имр ӯз ба миён наомадааст ва танҳо хоси р ӯзномаҳои тоҷикӣ набудааст. Тақрибан ҳамин марҳилаи инкишоф ва замони баҳсу мунозираҳои илмиро матбуоти Эрон низ аз сар гузаронидааст. Муаллифи рисолаи «Садонокҳо дар забони форсӣ» Шамсулмулук Мусоҳиб вазъи забони баъзе нашрияҳои даҳсолаҳо пеш Эронро таҳлилу таҳқиқ намуда, сабаби камаҳамият ва дар байни муштариён беэътибор гардидани р ӯзномаҳои ҷудогонаро дар мушкилбаёнӣ ва саҳлангориҳои р ӯзноманигорон дидааст. Ба андешаи ӯ, ганҷи ягона пеша кардани услуби соданависӣ аст, – менависад устод Б.Камолиддинов дар «Сухан аз баҳри дигарон г ӯянд» (Душанбе, 2011, саҳ.7) ва иқтибосеро аз ин олим меорад: «Соданависӣ чист?» Ва ҷавоб мег ӯяд: «Баёни расо ва ҷумлаҳои к ӯтоҳ ва калимаҳои осон ва маънус (ба ҳамдигар унс гирифта, шинос). Беҳтари калом каломе аст, ки омиёна ва пеши по уфтодааст ва на арабӣ ва номаънус».
Аксар вақт мебинӣ, ки суханвар ба каломи шево, осону дақиқ эътибор надода, намоишкорона ё тақлидкорона ба лафзпардозӣ оғоз менамояд.Бо пешрафти зиндагӣ тарзи ифодаи калимаҳо дигар мешаванд, маънои нав мегиранд, хоҳ – нохоҳ мо аз истифодаи калимаҳои к ӯҳна даст мекашем, баъзе қолабҳои ифодаю таҳияю таҳрири анъанавию таърихӣ корношоям мешаванд, ки ин табиист.
Айни замон ровиён, суханг ӯёни барномаҳои телевизион, радио ибораҳоро бо хости худ тағйир медиҳанд. Масалан, «Мехоҳам дониста бошам, ки…», «Мо ба барнома шоири ҷавон Расулиро даъват кардаем, то аз бобати китоби наваш суҳбате дошта бошем.» Бояд ин тавр гуфт: «Мехоҳем суол кунем…» ва «Мо ба барнома шоири ҷавон Расулиро даъват кардем, то …суҳбат кунем».
Забони имр ӯзаи мо маҳсули заҳмати мардуми маърифатпарвару бофарҳанги тоҷик аст, ки аз радду бадалҳои таърих гузашта дар ҳаводиси зиндагӣ пойдор монда, то ба мо расидааст. Бо шарофати соҳибистиқлолии кишварамон имр ӯз забони ниёгонамон чун як рукни муқаддаси миллӣ мақоми давлатӣ гирифт. Таҷрибаҳои солҳои охир гувоҳи онанд, ки масъалаи мураккабӣ ва гуногунсабкии расонаҳои хабарӣ боз ҳам печидатар ва мушкилтар мегардад. Ба назари мо, танҳо бо роҳандозии барномаи муназзаму фарогир дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои давлатии масъули забон, кормандони ВХО ҳаллу фасли ин қазия имкон дораду халос.
 Масъалаҳои дигаре, ки ташвишовар аст, ба номи шаҳрҳо, к ӯҳҳо, дарёҳо, деҳот илова кардани баъзе вожаҳо мебошад. Масалан, «Хатлонзамин», «Эронзамин», «Раштонзамин» ва ғайра мег ӯянд. Дар гуфторҳои радио, телевизион, нашрияҳо ба чунин ҷумлаҳо тез – тез дучор меоем: Чун пой бар хоки Раштонзамин ниҳод, вуҷудашро фараҳмандӣ фаро гирифт. Меҳмонони аз хоки Хатлонзамин омадаро сокинони Суғдзамин самимона пешвоз гирифтанд. К ӯлобшаҳр р ӯз то р ӯз ободтар мегардад.
Дар ин калимаҳои мураккаб вожаи замин, шаҳр зиёдатӣ аст, маънӣ, агар зарур бошад, пеш аз номҳо вожаи «замин» бояд истифода бигардад.Дар ҷумлаи аввал, «вожаи хок» ба «Хатлонзамин» ночаспон аст, зеро агар вожаи фоил замин аст, пас бо «хок» ҳаммаъно аст.
 Аз пошх ӯрии давлати абарқудрати ш ӯроҳо СССР зиёда аз 28 сол сипарӣ мегардад. Мисли Иттиҳоди мазкур – империяҳои абарқудрати бисёре аз саҳнаи сиёсат рафтанд, чун Ҳахоманишиён, Кушониён, Саффориён, Тоҳириён, Бармакиён, Темуриён ва ҳоказо ва имр ӯз дар шакли нав, бо номи нав, дар ҳудудҳои пештари маъмурию ҷуғрофӣ ҳокимият надоранд, пас онҳоро собиқ гуфтан нашояд, Иттиҳоди ш ӯравӣ аз он ҷумла аст. Мисол: Ба соҳаи пахтакорӣ дар замони собиқ Иттиҳоди Ш ӯравӣ диққати ҳамаҷониба медоданд. Кишвари мо 30 – 40 сол пеш ба ҳайати собиқ Ш ӯравӣ шомил буд.
Дар ин ҷумла истифодаи ибораи «Иттиҳоди Ш ӯравӣ» ҷоиз аст. Кишварҳои собиқи ҳайати Ш ӯравӣ айни замон ҳама мустақил гаштаанд. Мақсади г ӯянда шарҳи ҳолати ҷумҳурӣ дар гузашта аст.
Дигар вожаи арабӣ, ки ғалат истифода мешавад, шакли ҷамъбандии модда – мавод мебошад. Аммо аксар вақт он ҳатто дар шакли маводҳо навишта мешавад. Мисол, «Дар мактаб барои пешравии кори таълиму тарбия бисёр маводҳо намерасанд», «Агар маводҳои сохтмонӣ сари вақт пайдо мешуданд, иншоотҳои ба нақша гирифта дар муҳлати пешбинишуда ба истифода дода мешуданд». Дар ҷумлаи аввал «маводҳо», дар ҷумлаи дуюм «иншоотҳо» нодуруст корбаст гардидаанд. Мебоист ба ҷойи «маводҳо – номг ӯӣ», – масолеҳ истифода мегашт. Ҳамчунин ба ҷойи вожаи «сохтмонӣ» «сохтмон» гуфтан ба маврид аст. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (Москва, с.1969, саҳ.606) вожаи модда чунин шарҳ ёфтааст: Модда вожаи арабӣ буда, маънои зайл дорад:

1. материя, чиз.     
2. моҳият, асл.
Аҷсом аз модда ва сурат мураккабанд.
Ибни Сино
З – ин тасаввур, ки модда сувар аст,
Бо сувар нисбаташ қарибтар аст.
Бедил
3. мавз ӯъ, матлаб материалҳои доир ба матлабе.
Гуфтам…Аҷаб моддае ба даст андохтӣ ва ӯро расвои олам сохтӣ, панҷоҳ қитъа аз барои сараш ва панҷоҳи он барои дигар мураттаб гардид! (Восифӣ)
Моддаи таърих, як ё якчанд калимае, ки агар адади ҳарфҳои он ҷамъбаст шавад, ададе ҳосил мегардад, ки соли воқеаро мефаҳмонад, масалан, дар байти зерин:
Таърихи вафоти Хоҷа Исмат,
Ҳар кас ки шунид, гуфт; «Таммат».
Ин ҷо моддаи таърих калимаи «таммат» аст, ки дар ҳисоби абҷад адади 880 – ро ифода мекунад (т – 400, м – 40, м-40, т – 400) ва ин соли вафоти Исмати Бухороист (1476).
Дар ҳамин фарҳанг дар бобати вожаи мавод чунин навишта шудааст: мавод арабӣ, ҷамъи модда 11 моддат.
Маводи ин фитнаҳо мунқатеъ гардондам. (Авфӣ) Маводи хилоф ва низоъ дар ҷомеи муомилат аз миёни ҷумҳури халоиқ мунҳасим ва муртафеъ гардад. («Ҷомеъ – ут – таворих»). Расм арабӣ – одат, урфу одат, расм, таомул. Масалан, аз р ӯи одат, урфу одатҳоро риоя кардан, дар одати касе, шакли ҷамъи он маросим мебошад.Дар ин кор маросими тарбият ба ҷой оварӣ – (Авфӣ). Иғмози эшон аз иқомати ин маросим ва қиём бад – ин шароит ҷуз инҳироф набувад.
«Аҳлоқи Носирӣ»
Баъзан «расм» бо шакли «русум» низ ҷамъбандӣ мешавад. Аз чӣ сабаб бошад, ҳам вожаи мавод, ҳам маросим, солҳои охир боз дар шак – ли дукарата ҷамъбандӣ мешаванд. Ҳатто ин саҳв дар навиштаҳои ҳуҷҷатҳои ҳукуматӣ низ роҳ ёфтааст: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо».
Ҳан ӯз 7 декабри соли 1988 донишмандони тоҷик Р. Амонов, Р. Fаффоров бо унвони «Дар забон чӣ каҷравиҳо мавҷуд аст?» мақолае чоп карда, дар мавриди ба кор бурдани «луғатҳои к ӯҳна ва номашҳур» ва роҳёбии лаҳҷаҳои маҳаллӣ дар забони адабӣ изҳори ақида карданд, ки ба забони адабӣ унсурҳои маҳаллӣ ва омиёнаи маҳз роҳ меёбанд: Аз тарафи дигар, дар мавриди ифодаи фикр забон бо муодил ва муродифҳои худ зиндаву қавист, дар фазои чунин камолоти зиёд имконияти ифодаи фикр дар забон васеъ мегардад. Азбаски забони адабии тоҷик ҳамеша рушд меёбад, муаллифон истифодаи унсурҳои к ӯҳнаро амри ногузир ва муфид дониста, андеша доранд, ки бад – ин васила таъсири забони адабии хаттӣ ба забони гуфтуг ӯӣ зиёд гаштаву фосилаи тафриқавии байни онҳо камтар мешавад. Ин ақида хеле ҷолиб аст. Аммо муаллифон то ба охир дар ақидаи хеш устувор намемонанд, менависанд: «Барои ноил шудан ба ин матлаб (яъне боло бурдани савияи маданӣ ва нутқи шифоҳии мардум) шарт нест, ки дар тақлиди ҳамсояҳои ҳамзабон калимоти номашҳури арабӣ, форсиҳои қадим, (?) воситаҳои архаистии грамматикӣ(?) ва монанди онҳоро фаровон истифода барем…. Ин қабил унсурҳои луғавӣ забони адабиро душворфаҳм ва мураккаб намуда, ба наздик шудани забони зиндаи гуфтуг ӯӣ ва адабӣ (?) халал мерасонанд. Дар ин асос мо бар чунин ақидаем, ки бидуни зарурат пайравӣ кардан ба тарзи нигоришоти ҳамсояҳои ҳамзабон, дар тақлид ба онҳо кор фармудани калимаву таркибҳои номашҳур, ки дар забони мо ба ҷойи онҳо луғатҳои тоҷикӣ ё арабиҳои маълуму фаҳмо истифода мешаванд, салоҳ нест». Барои тасдиқи гуфтаҳояшон иддао доранд, ки аз баҳри истифодаи калимаи «меҳан» гузаштан даркор, ба ҷойи он калимаи «Ватан» – ро ба кор мебояд бурд, дар ин радиф калимаҳои утоқ, пахш, акс (нашр), зуғол (ангишт) – ро низ нозарур меҳисобиданд. Ҳол он ки дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» шеърҳои зиёде аз осори Фирдавсӣ, Саъдӣ, Лоҳутӣ бо истифодаи вожаи “меҳан” чун далел оварда шудаанд. Ин к ӯшишҳо дар солҳои 20 – уми асри XX ба мақсади сода кардани забон баҳонае беш набуд ва ба равиши грамматикаи анъанавии забони адабӣ нуқсонҳои дағал шомил гаштанд, гаравиш, тақлид ба забони тоҷикони ба туркӣ олуда, бо дастгирии роҳбарони вақт авҷ гирифт, дар ин росто андешаҳои устод Айнӣ, ки мехост, дар раванди забонсозӣ забони тоҷикони к ӯҳистон дар мадди аввал ба эътибор гирифта шавад, истисно гашт. «Шаклҳои ҷумлаи саволӣ бо мӣ, ду бор ҷамъ бастани афъол аз қабили «раветон», «кунетон», «гиретон» ва ғайра, аз байн бурдани пешоянди би дар афъол: «бирав», «бигир», «бих ӯр», аз байн бурдани ҷонишинҳои пайваста аз қабили «гуфтамтон», «гуфтамашон» ва ғ., ки аз муҳимтарин аркони ҷумлаи форсӣ – тоҷикӣ мебошанд, авҷ гирифт.
Дар охири ҷумла бекор кардани бандакҳои хабарии – ам, – ӣ, – аст, – ем, – ед, – анд ва ба шакли думбурида даромадани хабар. Масалан: ту одам? (ӣ) ман одам (ам) , Вай муаллим? Ҳа, вай муаллим. Не, вай муаллим не. Ҳа, муаллим ман, ё дар телефон Ман Толиб – ман . Аз радио мег ӯянд: Ин ҷооо Душанбеее. дар сурате, ки дар забони тоҷикиву форсӣ ҳатман «Ин ҷо Душанбе аст» менависад О. Исломӣ дар мақолааш «Ҳам дар наъл, ҳам дар пошна» (Асрори Ҳофиз, Душанбе, Матбуот. 2014, саҳ. 65).
Устод Айнӣ ба ом ӯзишу корбарии лаҳҷаҳои к ӯҳистониён даъват карда, менависад: «Ба фикри ман мерасад, ҳеҷ фурсат нагузаронида, дар Самарқанд, ки ба к ӯҳистони тоҷикон наздик аст ва маркази маданият ба шумор меравад, ин курс кушода шавад. Дар ин курс аз Фалғар, Мастчоҳ ва соири к ӯҳистон ва деҳоти тоҷикон толибилмон бирасанд… Дар шаҳри Самарқанд як забони тоҷикӣ маъмул аст, ин забон бо узбакӣ махлут буда, ба таъбири буқаламун сазовор аст, чунончи, мег ӯянд: «Аробаро қушӣ карда биёр», «буғулӣ карда монд», «иқилӣ карда рафт». Албатта, ин забонро ҳеҷ тоҷик қабул нахоҳад кард. Забони шаҳри Ӯротеппа ва Хуҷанд, агарчи аз забони тоҷикии шаҳри Самарқанд қадре софтар аст, аз таъсири ӯзбакӣ ва ихтилофоти луғати одатҳои ӯзбакӣ холӣ нест. Бинобар ин, моро зарур аст, ки дар китобҳои мактабии тоҷикон забони к ӯҳистони тоҷикро қабул кунем. Забони к ӯҳистони тоҷик, забони форсии сода (соф), аз такалуфоти эронӣ холӣ, аз луғати арабии ношуниданӣ хилт наёфта ва бо сарфу наҳви форсӣ мувофиқ аст. (Шуълаи инқилоб, солу моҳ саҳ. 253 – 264).
Дар «Фарҳанги форсии имр ӯз» маънии вожаи «ғалла» чунин шарҳ ёфтааст: «номи умумии донаҳои гиёҳии тираи гандумиён (монанди гандум, ҷав, биринҷ, арзан ва ғайраҳо)», аммо айни замон баъзе қаламбадастони «навовар» – и р ӯзномаву маҷалла ва афроди дигар дар суханрониҳошон ин вожаи содаи форсиро ба таври худ «такмил» дода ба он пасванди – гӣ ва калимаи дона – ро илова месозанд, ки ҳеҷ зарурате ба он нест, аз мантиқ дур аст. Чи тавре аз шарҳи вожа дидем, маънии дона дар вожаи мазкур нуҳуфтааст. Чун ғалла гуфтем, мо ашёеро тасаввур мекунем, ки аз донаҳо иборат аст. Ғалла исми ҷомеъ аст, фарогири донагиҳое чун гандум, ҷав, мош, наск ва ғ. Ҳамин беэътиноӣ дар калимасозии ноҷо дар вожаҳои ҳосилнокӣ, даромаднокӣ, мевагӣ, боронгарӣ, селхезӣ, вафогӣ ва хоказо ба чашм мерасанд.
1. Зеро нархи маводи кишоварзӣ аз ҷумла ғалладонагиҳо нисбати порсол як маротиба зиёд шудааст. (Озодагон 06 – 06 – 2012. № 22).
2. Агар диққат дода бошед моҳи равон дар бозор бештар мевагии паст ва ё норасид фур ӯхта мешуд. (Фараж. № 34. 22. – 06 – 2012).
3. Бар асари боронгарии шадид оби дарёи канори шаҳри К ӯлоб боло шуда, шаҳрро зери об гузошт. (Торномаи Радиои Озодӣ. 7 – 06 – 2010).
4. Хоку гиле, ки селхезӣ бо худ овардааст, имкони ҳаракати мошинҳоро номумкин кардааст. (Торномаи Радиои Озодӣ. 7 – 05 – 2010).
5. Даромаднокии Эйлл ду баробар зиёд шуд. (Миллат. 25 – 04 – 2012 № 7).
6. Умр ба ин хуршеди ҳунари тоҷик вафогӣ накард… (Миллат 25 – 04 – 2012, № 7). (Мисолҳо аз мақолаи Қ. Рустам «Афзудаҳои нолозим». Нигоҳ, 4 – 05 – 2015 пешниҳод гаштанд.)
Дар ҷумлаи якум ба ҷои ғалладонагӣ ғалла, дар ҷумлаи дуюм ба ҷои мевагӣ мева, дар ҷумлаи сеюм ба ҷои боронгарӣ борон, дар ҷумлаи чорум ба ҷои селхезӣ сел, дар ҷумлаи панҷум ба ҷои даромаднокӣ даромад, дар ҷумлаи шашум ба ҷои вафогӣ вафо гуфтан равон ва дуруст аст.
Дигар вожае, ки аксар вақт нодуруст гуфтаву навишта мешавад, «хабар» аст, ки шакли ҷамъбандии арабиаш «ахбор» аст. Аммо бисёр вақтҳо ба он боз чанд пасванди ҷамъсоз илова менамоянд: ахбор – от, ахбор – от – ҳо. Ҳамин бетаваҷҷуҳӣ дар вожаи маълум – от – ҳо, ҳисоб – от – ҳо, адаби – ёт – ҳо, риво – ёт – ҳо, ҷузъи – ёт – ҳо, ғазал – и – ёт – ҳо, мушкил – от – ҳо низ ба чашм мерасад. Дигар вожаҳои мушкилфаҳми араб, аз ҷумлаи иртибот, мусташриқ, ибтикор, иқтишод, ағлаб, муҳосамат, таҳриқ, тарвиҷ, ҳифозат, муқаттоъ, иштиҳор, мутамоил, мунташир, мусадамат, таҳриб, инфиҷор, минҷумла, мустақар, мустахар, нисвон мебошанд. Дигар саҳв дар истифодаи ҷамъбандии бемавриди арабӣ аст. Мисол:ба ҷойи минтақаҳо манотиқҳо, ба ҷойи мактабҳо – макотибҳо мег ӯянд, ки хатост. Шакли ҷамъи ин калимаҳо ҳам нодуруст аст: равобитҳо, навоҳиҳо, авохирҳо, қавоидҳо, захоирҳо, манобеъҳо ва ҳоказо. Ба андешаи мо, ин вожаҳо дар шакли ҷамъбандии тоҷикӣ истифода шаванд, беҳтар аст: Мисолҳо: ноҳияҳо ҷумҳуриҳо, имтиёзҳо ва ҳоказо. Баъзан аз тарафи ровиён ҳангоми суҳбатҳои телевизионӣ ва навиштан р ӯзноманигорон ба номҳо худсарона вожаи нодаркор илова мекунанд: Масалан, ба ҷои Ҳофизи Шерозӣ – бобои Ҳофиз ба ҷойи Аб ӯалӣ ибни Сино – Пури Сино менависанд, ё Носири Хусрави Қубодиёниро Шоҳносир баъзан Шоҳносири Хусрав, Мир Саид Алии Ҳамадониро Ҳазрати Амирҷон ном мебаранд.
Дигар саҳвҳо дар истифодаи номи к ӯчаҳо мушоҳида мегардад. Аз тариқи радиои «Ватан» эълоне пахш мегардад, ки анҷоми он чунин садо медиҳад: Суроғаи мо к ӯчаи Пушкина. Суроғаи мо – к ӯчаи Ғафурова, к ӯчаи Федина, ки нишонаи бесаводӣ аст.
Агар мақсад ба забон гирифтани номи ашхоси маъруф аст, пас «Суроғаи мо к ӯчаи ба номи Пушкин», «Суроғаи мо к ӯчаи ба номи Бобоҷон Ғафуров» гуфтан зарур аст. Аксар вақт номҳои шаҳру навоҳӣ, маҳаллаҳо низ нодуруст навиштаву хонда мешаванд. Мисол: Вазъи корҳои ободонӣ дар к ӯчаҳои У.Хайём, Ҳ. Шерозӣ, С. Шерозӣ ва У. Зоконӣ, Маҳаллаи Хуҷандӣ хуб ҷараён дорад. Сокинони ноҳияи А.Фирдавсӣ дар маъракаи ниҳолшинонӣ ширкати фаъол доштанд. Пахтакорони ноҳияи С. А. Ҳамадонӣ низ аз иҷрои нақшаи ҳосилғундорӣ мужда расониданд.
Номҳоро бо ин тарз к ӯтоҳ кардан нашояд, хуб мешуд ё Умари Хайём, Убайди Зоконӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ ва Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ ё Маҳастии Хуҷандӣ биг ӯему бинависем. Аммо ин навишта ҳам ноқис аст, зеро дар адабиёт чанд олиму адиби зодаи Шерози Эрон аст, чун Ҳофиз, Саъдӣ ва чанд нафар бо тахаллуси Ҷомӣ аст: Абдурраҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Ҷомӣ, чанд нафар зодаи Хуҷанду Хатлон. Ба андешаи мо, дар ҳолати навиштани як ҳарфи аввали ном, масалан А. Ҷомӣ хонанда, шунаванда намедонад, ки гап дар бораи кадоме аз Ҷомӣ ва кадом Шерозӣ: Саъдӣ ё Ҳофиз меравад?
Бинобар ин номи шахсони таърихиро пурра навиштан даркор аст. Баъзан ба номҳои адибону олимон калимаҳои зиёдатӣ ҳамроҳ мекунанд, ки боиси халалдор шудани маънои вожаҳо мегардад.Гоҳе ду пешоянд паси ҳам ё паҳлуи ҳам меоянд, ки боиси содиршавии хатои услубӣ мегардад. Масалан: Бо ба Россия рафтани ҷавонони кишвар масъалаи ба ҷои кор таъминкунии аҳолӣ ҳал намешавад. Ӯ пеш аз ба ҷудошавӣ ариза додан чунин шартҳо гузошта буд.
Ин ҷумларо метавон чунин ислоҳ кард: Ӯ то ҷудошавӣ ариза додаву шартҳо гузошта буд.
Айни ҳол таркибҳои душворфаҳм дар гуфтору навиштори расонаҳои хабарӣ зиёд истифода мешаванд. Масалан, ҳадс задан, орзуву ҳавас чашидан, ба сар бурдан, тамиз кардан.1. Мисолҳо: Ҳар як ҷавон чашидани орзуву ҳаваси гаштанро дорад. 2. Ӯ чанд сол пеш Тоҷикистонро тарк гуфта, дар Амрико ба сар мебарад. 3. Фаррош ҳар саҳар саҳни коргоҳро р ӯбу чин карда, тамйиз мекунад. Дар ҷумла 2 чиро ба сар бурдани ӯ маълум нест.
Дар луғат тамйиз кардан ба ду маъно омадааст: 1. фарқ кардани сара аз носара, нек аз бад.2. солимфикрӣ, ақлу ҳуш, боодобу оқил будан.
Дар барномаҳои телевизионӣ иштибоҳи услубӣ низ зиёд ба чашм мерасанд: Мисол: Нависандаи амрикоӣ аввалин касе буд, ки ақидаи секунҷаи бермудиро пеш мебарорад. (ТВ «Сафина», 24.04.2009).
Г ӯштингири тоҷик Олим Зиёев соҳиби медали тиллоӣ гардид, ин сеюмин медали тиллоии ӯ буд. (ТВ «Ҷаҳоннамо», 22.02.2009).
Дар як рекламаи дар бобати табобатгоҳи чинӣ чунин сухан моҳҳои дароз садо медиҳад. Муолиҷаест, ки натиҷаи мусбии онро вақт исбот кардааст. (Шабакаи аввал, 2014 с.).
Дар ҷумлаҳои боло «секунҷаи Бермуд», «медали тилло», «натиҷаи мусбат» бояд навишт. Баъзан табобати чинӣ – ро ровиёни ТВТ ва ТВС табобати чиноӣ мег ӯянд, ки нодуруст аст. Баъзан шореҳи варзиш мег ӯяд: «Бисёр бозии ҳассос аст ин бозӣ». Саҳв ин ҷо дар истифодаи вожаи «ҳассос» аст, он хоси мавҷуди зиндаи соҳиби ҳис аст, на аз бозӣ ҳамчунин калимаи «бозӣ» такрори бемавқеъ аст. Дар ҷумлаи «Бинобар сабаби номусоидии обу ҳаво кишти пахта т ӯл кашид», «бинобар сабаби» дар ҷумла саҳеҳ нест, мебояд нависем «бино бар» ё «ба сабаби» ва маънии ҷумла халалдор намешавад.

Аслан, урфу одат, суннатҳо, пероҳандорӣ, таомҳо, аркони меъморӣ ва чанд ҷузъиёту куллиёт равиши миллӣ доранд, вале мебинем, ки дар овезаи пештоқи биное сабт шудааст: «Ошхонаи миллӣ»; сухан агар инҷо аз тарҳи бино биравад, пас он хоси аврупоӣ аст. Мебояд навишт: ошхонаи таомҳои миллӣ ё «таомҳои миллӣ». Милликунонии иншоот, мардумӣ кунонидани замин, об, ганҷҳои табии мартабаанд, ки бо қарори вижаи Ҳукуматҳо муайян мешаванд. Масалан, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ ва ғайраҳо.
Дигар ҳолати ногувор, ғашовар дар навиштаҳои электронии лавҳаву овезаҳост. Шабона мабодо аз к ӯчаву хиёбонҳои пойтахт ва дигар шаҳру навоҳӣ гузар кунем, беихтиёр чашмамон ба чароғакҳои люменатсионӣ меафтад, ки аз онҳо шакли ҳарфҳоро сохтаанд, хеле зебову муҷалло, диққатрабову боиси ҳусну шукуҳи иншоот гаштаанд. Боиси таассуф аст, шабона аз саҳлангории масъулони ободонӣ қисме аз ҷузъиёти калима ва ибора дар намегирад. Дар нагирифтани баъзе ҳарфҳо маънои вожаву ибораро халалдор ва табъро хира месозад. Ба ҷои дорухона – орухона (дар маҳаллаи «Гипрозем»), «ушфур ӯшон» (дар маҳаллаи 33), «итобхона», «крхна» ба ҷойи китобхона ва корхона ва садҳо далели дигар дар дигар навиштаҳои электронӣ. Ба ақидаи мо шаҳр дар шаб ҳам шаҳр аст. Меҳмонон, мусофирони дохиливу хориҷӣ сайру гашт мекунанд, ба дорухона бираванд ё ба орухона?
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласа бахшида ба Р ӯзи забон аз ноқисии маводи фарҳанги забони тоҷикӣ, дигар луғатҳо изҳори нигаронӣ кард, ки хеле саривақтӣ ва барҷой аст. Масалан, аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ» вожаи «аллакай»-ро наёфтам. Шояд баъди паж ӯҳиш маълум бигардад, ки боз чи қадар вожаҳо аз саҳифаҳои фарҳангҳо берун мондаанд?
Баъзан менависанд: нархи молҳо арзон шуданд; ҳол он ки нарх мол нест, ки арзон шавад ё қимат, он паст меравад ё боло. Вожаи температура – ҳарорат аст, маънои ҳарорат гармӣ аст. Гоҳо муаллифон менависанду ровиён мег ӯянд: Ҳарорати ҳаво дар шабонар ӯзи оянда 2 дараҷа хунук мешавад. Дар чунин ҳолат истифодаи вожаи «дамо» ба мақсад аст, «дамои ҳаво», «дамои бадан». Ба ҷойи термограф – дамосанҷ.
Баъзан дар истифодаи вожаи «мусиқӣ» низ бетаваҷҷуҳӣ ба чашм мерасад. Мег ӯянд ё менависанд: ӯ як мусиқӣ навохт. Дарвоқеъ мусиқӣ илм аст. Бояд навишт: ӯ як оҳанг навохт. Вожаҳои намуд, намо – шакли зоҳирии ҳар чиз аст. Баъзан менависанд: намуди хатти арабӣ, намудҳои дарахтон, дар чунин ҳолат навъҳои навъи хатти арабӣ, навъҳои дарахтон.
Дар кулли барномаҳои фарҳангии радио ва телевизион, р ӯзномаву маҷаллаҳо бо ибораи «истеъдодҳои ҷавон» вомех ӯрем. Вожаи мазкур маънои лаёқат, қобилият, салоҳият гуфтан аст. Яъне, мумкин нафаре истеъдод, лаёқат, салоҳият дошта бошад, вале ровиёну муаллифони мо мег ӯянду менависанд. Дар меҳмонии мо истеъдоди ҷавон ҳузур дорад. Ӯ бояд биг ӯяд: Дар меҳмонии мо соҳибистеъдоди ҷавон ҳузур дорад. Дар истифодаи ин вожа, ки аз забони русист мо тақлидкорем. Намедонем, ки дар забони русӣ ин вожа ду маъно дорад: яке истеъдод, дигаре маҷозан соҳибистеъдод. Ин тарзи истифодаи калимаву ибораҳо дар китоби устоди зиндаёд М. Шакурӣ «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта маконе дорад», интикод шудааст.
Хамчунон пешниҳод мекунам, ки дар замоне, ки иттилоот ба таври бемисл афзун шудан аст, маълум аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, интернет, китобу маҷалла, р ӯзномаҳо фурсати ом ӯзиш барои насли ҷавони кишвар тангӣ мекунад. Ба ҷои ом ӯзишу кашфиёти бамисли илмҳои гуногуни техникӣ толибилмон фурсати ками забоном ӯзӣ, ба дунболи аломату ҳарфҳо давиданро доранд, яъне алифборо ба қадри з ӯррас осонфаҳму сода бояд кард. Яке аз ин роҳҳо ба андешаи банда баромадан аз баҳри чор ҳарфи йотбарсар ю, я, ё, е мебошад, зеро бе истифодаи онҳо низ маънои калимаҳо фаҳмоанд. Масалан, ба ҷойи Ёвон – Йовон, Ғаюр – Ғайур, Ёқуб – Йоқуб.
Ҳарф як навъ техника – василаи баррасикунандаи маъност, агар дастрасу фаҳмо, сода бошад хубтар аст. Ба андешаи банда, калкаи воситаҳои ахбори омма аз русӣ средство массовой информации ноқис аст. Ин ибора дар забони русӣ ҳадафманд мебошад. Аммо дар забони тоҷикӣ не. Ба он монанд аст, ки мег ӯем «олотҳои санг», «техникаи пахта», «воситаҳои бор» дар чунин ибораҳо мақсади г ӯянда маълум нест. Пас бояд бинависем воситаҳои хабаррасон ё расонаҳои хабарӣ, олотҳои сангтарошӣ, достезкунӣ, ордкунӣ, собунбарорӣ, техникаи пахтатозакунӣ, борбарӣ, боркашонӣ ва ғайра.

«ТУНДУР» ВА «НУҚТА»

Чи тавре ки зикр шуд дар бобати истифодаи мафҳуму ифодаҳои куҳнаву нав ихтилофӣ назар ба назар мерасад, ин бесарусомониҳо боиси ғалатфаҳмию ғалатнависиҳо мешавад, вожаҳои сирф тоҷикӣ чун вожаи забони бегона фаҳмида мешавад. Барои далел вожаи «тан ӯр»-ро меоварем, ки чун лавҳа назди нуқтаҳои хизматрасонӣ ба чашм мерасад: танд ӯр, тандуркабоб, тандурӣ, самб ӯсаи тандурӣ, нони тандурӣ, мурғи тандурӣ. Айни замон вожаи мазкур чун шакли вайроншудаи туркии «тандир» фаҳмида мешавад, ки аз ду реша иборат аст: «тун» – оташдон, «дур» – (тур) – ба монанди.
Вожаи мазкур 3000 сол пеш дар забони аккадӣ дар шакли «тинуру» дар забони оромӣ «таноуру», дар арманӣ «танир», дар гурҷӣ «тонэ» чун авастоии «танур» оро пайдост аст, ки дар забони паҳлавӣ шакли «танур»-ро гирифтааст. Ба ақидаи доктори илми филология Ҳасан Султон (Адабиёт ва санъат; 15.12.2016, №50) вожаи «тан ӯр» дар забони ибрӣ ва арабӣ ҳам бо ташдиди «нун» ба шакли «тан ӯр» мавриди истифода қарор дошта, дар Қуръони Шариф ду бор дар ояти 40 – сураи Ҳуд ва ояти 27 – сураи Муъминун он ҷо ки ҳадиси т ӯфони Н ӯҳ меравад, корбаст шудааст. Ин вожа дар забонҳои қирғизию қазоқӣ ва озарию ӯзбекӣ шакли «тандир», дар туркманӣ «тамдир», ӯйғурӣ «тунур», ҳиндӣ ва уду «тандур» дорад.
Ба ин гуфтаҳои олими муҳтарам ҳамфикр ҳастем, зеро вожаи мазкур дар навиштаҳои олимону адибони классикии мо хеле фаровон истода шудааст. Аз ҷумла дар «Торихи Бухоро»-и Наршахӣ омадааст: «Ва фармуда буд, то се р ӯз боз тан ӯр тафтонида буданд, ба наздики он тан ӯр рафт ва ҷома берун кард ва хештанро дар тан ӯр андохт». Муаллиф барҳақ дар мақола овардааст, ки вожаи «тезтайёр», ки дар овезаҳо ба чашм мерасад хеле содалавҳона ба сифати муодили фаронсавии «бистро» истифода мешавад, ки аз соли 1880 инҷониб пайдо шудааст ва маънои «таъомхонаи саридастӣ»-ро дорад. Мо ҳам пешниҳоди устод Ҳасан Султон ва Рустами Ваҳҳобро дар бораи ба ҷойи ифодаи мафҳуми «бистро» корбаст шудани «ғизои саридастӣ»-ро ҷонибдорем. Ҳамчунин андешаҳои ӯ дар бораи ивази ибораҳои «фур ӯши дискҳо», «фур ӯши пардаҳо», «шустуш ӯи мошинҳо» бо истифодаи пасванди ҷамъбандии « – ҳо», «нони самарқандӣ», «сихкабоби хуҷандӣ», «масолеҳи сохтмонӣ» бе истифодаи пасванди ҷамъбандии « – ҳо» ва пасванди мансубияти « – ӣ» мувофиқи матлаб мешуморем.
Вақтҳои охир дар лавҳу овезаҳо ибораҳои зерин ба чашм мерасанд: «нуқтаи таъмири пойафзол», «нуқтаи шустуш ӯи мошин ва қолин», «нуқтаи фур ӯши с ӯзишворӣ» («НФС») бо андешаи мо истифодаи вожаи «нуқта» дар ин гуна ибораҳо зурур нест, дар шакли «шустуш ӯи мошин ва қолин», «фур ӯши с ӯзишворӣ» ва ҳоказо низ мақсад возеҳи р ӯшан аст.

«АТИҚА» АСТ Ё «АНТИҚА»
Антиқа ё ба шакли атиқӣ, низ навишта мешавад, вожаи арабӣаст, асл «атиқа» ба аст, маъно куҳан бостонӣ-ро дорад, бо таъсири г ӯишу навишти русӣ ба ин вожа ҳарфи «н»-ро афзудаанду «античный» пайдо гашт.
Фуромадан, фуровардан – тахфифшудаи феълҳои “фуруд овардан”, “фуруд омадан” мебошанд.
«ДУРАФШ», «ДИРАФШ» – КАДОМЕ ДУРУСТ?

Дар “Фарҳанги забони паҳлавӣ” чунин маъно дорад: драфш – байрақ, ливо, «драфшидан» – 1.Мавҷ задан такон хурдан, ларзидан. 2. Дурахшидан (7.158). Дар «Ғиёс-ул-луғот» омадааст: «Дурафш – порчаи қумоши сег ӯша, ки ба зарф мунаққаш карда, ба сари алам банданд. ва чун маънии дурафшидан ларзидан аст, инро низ дурафш аз он г ӯянд, ки аз бод меларзад. Ва олотест, ки бад-он дар чарм сурох кунанд, ки онро ба ҳиндӣ сугалӣ гуянд. Дар луғоти «Сироҷ», «Рашидӣ» ва чанд луғати дигар навишта шудааст, ки бо фатҳи сонӣ (яъне дирафш) олоте, ба маънии алам ва нишони лашкар аст. Дар «Фарҳанги Муин» маънии «дирафш» – байрақ, алам, аломат, рояти (сипоҳ), ф ӯтае, ки дар р ӯзи ҷанг дар болои дастори худ печанд, омадааст.

Буризода Қурбонали Бозор, н.и.т., дотсент
Директори МД. «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб - Хонаи китоби Точикистон»

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Суханронӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 4 Октябр, 2019 - 10:52
Суханронӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд.

Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.

Гузашта аз ин, дар фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳо, аз ҷумла мо - тоҷикон забони модарӣ зербинои ҳувияти миллӣ ва омили аслии ҳифзи он мебошад.

Забони модарии мо - забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад.


Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.

Забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёист.

Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб мераванд ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудаанд.

Решаҳои забони мо ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта мерасанд.

Солҳои бистуми асри гузашта, яъне дар шароити барои халқи тоҷик ва забони модарии он басо ҳассосу тақдирсоз забони мо расман номи «забони тоҷикӣ» - ро соҳиб шуд ва яке аз далелҳои ҷиддии ташкил ёфтани давлати миллиамон гардид.

Бинобар ин, ба ҳамватанону дӯстдорони забони тоҷикӣ муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки барои омӯзишу таҳқиқи таърихи забонамон ҳарчи бештар талош намуда, ҷиҳати омода кардани мутахассисони таърихи забон, бахусус, донандагони забонҳои қадимаамон, ки имрӯз ангуштшумор мебошанд, инчунин, шевашиносону хатшиносон чораҷӯӣ намоянд, то ки дар асоси калимаву ибораҳои зебову шевои бостониамон нуқсу камбудиҳои забони имрӯзаамонро бартараф сохта, онро боз ҳам ғанӣ гардонем.

Имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд.

Бо ин забон садҳо ва ҳазорон бузургмардону нобиғагон дурри сухан суфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд.

Ҳикмат ва ахлоқи инсонпарварӣ, ки ҷавҳари осори ниёгони мост, бо забони муқтадиру пурвусъат ва ширину гуворои тоҷикӣ асрҳо боз садо медиҳад ва сарвати фарҳангиву маънавии миллати мо бо ҳамин забон оламро тасхир кардааст.

Осори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Мавлоно Ҷомӣ ва садҳо нафари дигар, ки ҳанӯз чандин аср пеш навишта шудаанд, имрӯз барои мардуми мо дастрасу фаҳмо ва азизу гиромӣ мебошад.

Ин осори ҷовидонаро ҳар як фарзанди соҳибмаърифати миллат имрӯз ба осонӣ ва бе луғат мехонаду мефаҳмад.

Масалан, ашъори устод Рӯдакӣ-зодаву парвардаи деҳаи Панҷрӯди шаҳри бостонии Панҷакент ва сардафтари адабиёти тоҷику форсро имрӯз, яъне баъди зиёда аз ҳазор сол ҳар яки мо ба осонӣ мефаҳмем ва аз маъниҳои баланди он лаззат мебарем.

Ин, албатта, мояи ифтихору сарфарозии мо-ворисони ин мероси бузурги маънавӣ мебошад.

Забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутобро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст ва имрӯз, яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ низ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст.

22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон қонуни забон қабул гардида буд.

Вале қисме аз муқаррарот ва меъёрҳои қонуни забоне, ки дар замони сохти гузашта расмият ёфта буд, бо гузашти замон, яъне баъди бист соли амали он наметавонистанд талаботу ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеаи кишварро дар даврони соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолӣ пурра қонеъ гардонанд.

Аз ин лиҳоз, зарурат пеш омад, ки барои ҳифз ва рушди забони модариамон қонуни нави забон таҳия ва қабул карда шавад.

Бо ин мақсад, 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.

Бинобар ин, мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо-ҳозирини муҳтарамро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик мегӯям.

Дӯстони азиз!

Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазъи ҳуқуқӣ ва доираи истифодаи забонро муайян карда, дурнамои рушди онро дар замони истиқлоли давлатӣ - дар шароити дигаргуниҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба танзим медарорад.

Яъне тавассути ин қонун забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва коргузориву муошират эътироф гардид.

Бо вуҷуди ин, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар вазифадоранд, ки иҷрои ҳатмии талаботи қонуни мазкурро дар ҳамаи соҳаҳо таъмин карда, барои риояи меъёрҳои он ва рушди бемайлони ин забони шоирона талош варзанд.

Мо бояд барои устувор гардонидани забони давлатиамон мунтазам саъю талош намоем, ҷиҳати ғаниву рангоранг сохтани фонди луғавии он кӯшиш кунем, мақоми забони давлатиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат баланд бардорем.

Омӯхтану донистани ин забони ширину шоирона ва ғамхорӣ барои рушд ёфтану фарогир шудани он қарзи ҳар як фарди соҳибмаърифату бонангу номуси миллат ва тамоми соҳибзабонон мебошад.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки бар асари назорати нокифоя аз тарафи мақоми назораткунандаи татбиқи қонун талабот ва муқаррароти он аз ҷониби баъзе вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳанӯз ҳам пурра амалӣ нагардида, дар ин самт як силсила мушкилоте боқӣ мондаанд, ки бояд ҳал карда шаванд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки як қатор бандҳои дар “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016” пешбинишуда бо сабабҳои номаълум аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор то ҳанӯз амалӣ нашудаанд.

Аз ҷумла, таҳия ва нашри Энсиклопедияи забони тоҷикӣ, ки Вазорати фарҳанг ва Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик масъулони он мебошанд, то ҳол ба сомон нарасидааст.

Ҳамчунин, зарур мешуморам, ки ҷиҳати устувор намудани пояҳои забони давлатӣ аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳо ва Вазорати маориф ва илм “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

Дар баробари ин, мо бояд ба таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот, ки яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи рушди забони давлатӣ ба шумор меравад, эътибори ҷиддӣ диҳем.

Дар замони пешрафти бесобиқаи илму техника таҳияи истилоҳ ё истилоҳсозӣ ба сифати омили тавонбахши забон дар ҷомеаи мо аҳаммияти мубрам пайдо кардааст.

Ба вуҷуд овардани забони илм бе таҳияву танзими истилоҳоти соҳаҳои мухталифи илм ва то ҳадди забони меъёр такмилу сайқал додани он ғайриимкон аст.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки барои тавсеаи доираи калимасозиҳои мавзӯӣ, аз қабили истилоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра аз имкониятҳои забони модарӣ ҳамаҷониба истифода карда шавад.

Бо мақсади ҳифзи асолати забон ҳангоми истифодаи истилоҳот бояд ҳам зарфияти унсурҳои пойдори забони давлатӣ ва ҳам иқтибосгирии оқилонаву санҷида ба таври мутавозин дар мадди назар бошад.

Мо бояд аз иқтибосҳои бемавқеъ худдорӣ карда, истилоҳоти иқтибосиро ба табиати забон, сохтори сарфию наҳвӣ ва низоми овозии он мутобиқ гардонем.

Ҳарчанд ки бо ҳадафи танзими ин масъала дар назди Кумитаи забон ва истилоҳот Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳот таъсис ёфта, аз ҷониби он як силсила корҳои омӯзишӣ ва тавсиявӣ ба анҷом расонида шудаанд, вале то ҳанӯз як қатор мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мондаанд.

Аз ҷумла дар ин самт то андозае бесарусомонӣ ба назар мерасад, яъне дар мавриди ифодаи як мафҳум истилоҳу калимаҳои мухталиф истифода шуда, хонанда ё шунавандаро ба раҳгумӣ мебарад.

Аз ин рӯ, Кумитаи забон ва истилоҳотро зарур аст, ки якҷо бо Академияи илмҳо, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг доир ба таҳия, қабул ва татбиқи истилоҳоти ягона дар ҳамаи соҳаҳо тадбирҳои иловагӣ андешад.

Дар раванди таҳияи дастурҳои истилоҳсозӣ ба лаҳҷаву шеваҳои забони тоҷикӣ, ки ганҷинаи пурфайзи забони модарӣ ба ҳисоб мераванд, бояд таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.

Дар таркиби шеваҳои мардуми мо ҳазорон калимаҳои асилу ноби тоҷикӣ мавҷуданд, ки бо сабабҳои гуногун аз доираи истеъмол берун мондаанд.

Вазифаи аввалиндараҷаи забоншиносону фолклоршиносон ин аст, ки зимни таҳқиқоту ҷустуҷӯҳои илмӣ чунин калимаҳоро аз дохили шеваҳо дарёфт карда, онҳоро ба доираи муомилоти забони адабии тоҷикӣ ворид намоянд.

Бештари мафҳумҳои наве, ки ба таркиби луғавии забони модарии мо роҳ меёбанд, натиҷаи пешрафту дигаргуниҳои ҷаҳони имрӯза мебошанд.

Ба ибораи дигар, раванди ҷаҳонишавӣ, пешрафти босуръати илму техника, аз ҷумла технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, фаъол гардидани шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин, бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо дар замони муосир ба забони давлатӣ низ таъсир мегузорад ва дар роҳи рушди табиии он монеаҳои сунъӣ эҷод мекунад.

Бинобар ин, зарурат ба миён омадааст, ки милликунонии забони технологияҳои навин дар кишвар дар меҳвари таваҷҷуҳи сохтору мақомоти марбута қарор дошта бошад.

Масалан, таъсири манфии ихтилофи баъзе бандҳои қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки муайянкунандаи шакли хаттии забон мебошанд, дар таҳияи барномаи компютерии «Санҷиши дурустнависии калимаҳои тоҷикӣ» ба мушоҳида мерасад ва ин мушкилот то имрӯз ҳаллу фасл нашудааст.

Барои ҳалли ин ва дигар мушкилот бояд сараввал камбудиву духӯрагиҳои ҷиддие, ки дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба назар мерасанд, ислоҳ карда шаванд.

Зеро вазъи номуайяни қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои он боиси баҳсу мунозираҳои нолозим шуда, ба сатҳи саводнокии мардум, махсусан, насли наврасу ҷавон таъсири манфӣ расонида истодааст.

Вобаста ба ин, ба Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи нависандагон ва сохторҳои марбутаи Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш дода мешавад, ки “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” - ро бо дарназардошти ислоҳи камбудиву мушкилоти дар онҳо ҷойдошта то моҳи январи соли 2020 барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Инчунин, Институти забон ва адабиёти ба номи устод Рӯдакӣ вазифадор карда мешавад, ки бо ҷалби мутахассисони соҳа луғати имлои забони адабии ҳозираи тоҷикро то нимаи дуюми соли 2020 такмил дода, ба чоп пешниҳод созад.

Донишмандони забоншиноси мо дар хотир бояд дошта бошанд, ки қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ танҳо барои олимон нест, балки дастури амалиест, ки ҳадафи он саводнок кардани тамоми мардум буда, бояд ба ҳамаи табақаҳои ҷомеа дастрасу фаҳмо бошад.

Аз ин лиҳоз, мо вазифадорем, ки ин масъалаи барои ҷомеа бисёр муҳимро дар сатҳи мувофиқ ба забони пурғановати худ ҳаллу фасл кунем ва ба он нуқта гузорем.

Вобаста ба ин, як масъаларо, ки пештар ба он ишора карда будам, таъкид кардан мехоҳам.

Кайҳо вақти он расидааст, ки “Грамматикаи академии забони тоҷикӣ”, ки дар гузашта бо номи “Дастури забон” ё “Дастури ҷомеи забон” китобҳои муътабаре таълиф шуда буданд, ба вуҷуд оварда шавад.

Грамматикае, ки чил-панҷоҳ сол пеш навишта шуда буд, ҷавобгӯи талаботи илм ва ҷомеаи имрӯзаи мо нест.

Яке аз заминаҳои печидагӣ ва гуногунфаҳмиҳо дар имлои тоҷикӣ низ набудани дастури навини забон ё такя ба грамматикаи куҳна мебошад.

Аз ин лиҳоз, Академияи илмҳоро зарур аст, ки бо дарназардошти ба талаботи замони нав ва воқеияти имрӯза мутобиқ намудани грамматикаи қаблан нашршуда барномаи мушаххас ва дақиқро пешниҳод созад.

Дигар масъалаи муҳим, ки бо технологияҳои навтарин вобаста аст, феҳристбандии электронии тамоми калимаҳои забони тоҷикӣ бар асоси маъхазҳои қадимаву имрӯза ва ба барномаи компютерӣ ворид кардани он ба шумор меравад.

Ба хотири дастрасии ҳарчи бештар ба сарчашмаҳои дасти аввал бояд шакли электронии фарҳангҳои муътамад, аз қабили «Луғати фурс», «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Фарҳанги Рашидӣ», «Баҳори Аҷам», «Фарҳанги Онандроҷ», «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Луғатнома»-и Деҳхудо ва дигар фарҳангу истилоҳномаҳои соҳавӣ бо алифбои имрӯзаи тоҷикӣ ба шабакаҳои иттилоърасонӣ ворид карда шавад.

Кумитаи забон ва истилоҳот, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик бояд вобаста ба ҳалли ин масъалаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳозирини арҷманд!

Эҳё кардани номҳои миллии тоҷикӣ, ба танзим даровардани онҳо ва номҳои ҷуғрофӣ яке аз масъалаҳои мубрами сиёсати забонии мо мебошад.

Бо такя ба суннатҳои арзишманди гузаштаи халқамон барои эҳё намудани номҳои қадимаи тоҷикӣ ва истифодаи саҳеҳ аз қолабҳои калимасозии миллӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» тасдиқ шуда, меъёрҳои интихоби номҳои миллӣ муқаррар карда шуданд.

Ҳадаф аз таҳияи феҳрист эҳё кардани арзишҳои маънавӣ ва мероси бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ, инчунин, номгузории суннатии тоҷикӣ мебошад.

Феҳрист бо таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги номгузории ниёгони мо таҳия гардида, дар он ҳеҷ маҳдудият вуҷуд надорад.

Аммо дар ин самт аз ҷониби масъулони шаҳраку деҳот ва идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳанӯз ҳам саҳлангориву бемасъулиятӣ ба чашм мерасад, яъне баъзеи онҳо то ҳол пойбанди равишу усули пешинаи номгузорӣ мебошанд.

Бояд гуфт, ки баъзе падару модарон ба ин масъалаи муҳим беэътиноӣ зоҳир карда, фарзандони худро бо номҳои дорои маънои коста ё номҳое, ки ба анъанаҳои номгузории миллии мо бегонаанд, номгузорӣ мекунанд.

Дар урфият “номи зебо-ними ҳусн” гуфтаанд.

Дар хотир бояд дошт, ки асолати миллӣ доштани номи инсон омили нерӯманди ташаккули шахсият ва эҳсоси худогоҳиву хештаншиносии ӯ ба шумор меравад.

Хотирнишон месозам, ки бегонапарастӣ дар самти номгузорӣ наслҳои ояндаро аз асолати таърихӣ дур мекунад, худшиносӣ ва ҳувияти миллии онҳоро коҳиш медиҳад, ки ба ин раванд ҳаргиз роҳ додан мумкин нест.

Вазорати адлия ва Кумитаи забон ва истилоҳот вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ин масъаларо ба таври ҷиддӣ таҳти назорат қарор диҳанд ва доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба асноди қонунгузорӣ пешниҳоди мушаххас таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.

Ҳамчунин, як қатор норасоиву ғалатҳое, ки дар ин феҳрист вуҷуд доранд, ислоҳ мехоҳанд ва зарур аст, ки онҳо дар таҳрири нав бартараф карда шаванд.

Дар баробари ба танзим даровардани номҳои одамон танзими номҳои маҳаллу деҳот ва шаҳру ноҳияҳо низ аз ҷумлаи масоили бағоят ҳассос аст, зеро номҳои ҷуғрофӣ таърихи зиндаи ҳамаи забонҳо, аз ҷумла забони модарии мо мебошанд.

Зарур аст, ки номҳои асили миллии ҷуғрофӣ ҳифз гардида, номи аслии маҳаллу мавзеъҳое, ки бо сабабҳои гуногун тағйир ёфтааст, дубора барқарор карда шавад.

Бо ташаббуси мо дар харитаи сиёсӣ дигарбора арзи ҳастӣ кардани номҳои куҳани Суғд, Хатлон, Бохтар, Рӯдакӣ, Истаравшан, Рашт, Сайҳуну Ҷайҳун ва садҳо номи дигар, ки гузаштаи пурифтихори моро ба имрӯз ва имрӯзро ба фардо пайванд медиҳанд, барои эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва тавсеаи доираи худогоҳиву худшиносии миллии мардуми мо нақши муассир гузошт.

Аммо дар ин ҷода корҳои сомоннаёфта хеле зиёданд.

Ҳоло ҳам комиссияҳои номгузории баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳангоми интихоби ном хусусиятҳои таърихиву ҷуғрофӣ ва касбу кори мардуми маҳалҳои аҳолинишин ва деҳоти навбунёдро ба эътибор намегиранд.

Масъалаи дигари ташвишоваре, ки дар номҳои шаҳру ноҳия ва деҳоти кишвар ба чашм мерасад, вобаста ба номи шахсони бузургу муътабар ва арбобони давлатист.

Дар ин маврид низ зарур аст, ки қолабҳои суннатии сохтани номи маҳалҳо риоя карда шаванд.

Кумитаи забон ва истилоҳотро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот дар ин замина чораҳои фаврӣ ва ҷиддӣ андешида, бо ҷалби мутахассисони соҳа муродифҳои тоҷикии макону мавзеъҳоеро, ки номи онҳо бояд иваз карда шавад, муайян ва барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Боиси сарфарозиву ифтихори мо - ворисон аст, ки забони тоҷикӣ то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаи халқи тоҷик аз Исмоили Сомониву устод Рӯдакӣ то устод Айниву Бобоҷон Ғафуров ба ҳамон гунаи асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба рӯзгори мо расидааст.

Бо ифтихори тамом метавон гуфт, ки дар амри бақову ҳастии миллат ва забони мо сулолаи некноми Сомониён нақши калидӣ дорад.

Ватанхоҳиву истиқлолталабии Сомониён сабаб гардид, ки забони тоҷикӣ дар рӯзгори давлатдории онҳо қудрату тавоноӣ ва рушду такомули беназиру бесобиқа пайдо кард ва барои поягузории адабиёту фарҳанги оламгир, ки таъсиру нуфуз ва анъанаҳои бузургаш то замони мо идома доранд, заминаи мусоид фароҳам овард.

Дурахши истеъдодҳои нотакрор, ба мисли Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯмансури Дақиқӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абулқосими Унсурӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав, Шайх Саъдӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Мавлоно Ҷомӣ ва дигарон, ки ҳам дар шеъру адаб ва ҳам дар илму фан забони модарии моро барои ифодаи маъниҳои нозуки бадеӣ ва андешаҳои дақиқи илмӣ қудрату тавон бахшидаанд, аз баракати сулолаи Сомониён ба ҳисоб меравад.

Дар баробари ин, бо ҳидояти амирони фозили сомонӣ таълиф гардидани асарҳои зиёди диниву мазҳабӣ барои ба сифати забони дуюми олами ислом расмият пайдо кардан ва баъдан дар мақоми забони байналмилалӣ эътироф гардидани забони мо замина ва имкони мусоид фароҳам овард.

Забони тоҷикӣ дар таълифоти илмӣ собиқаи беш аз ҳазорсола дорад. Бузургтарин донишмандони мо - Абӯалӣ ибни Сино бо таълифи «Донишномаи Алоӣ» ва Абӯрайҳони Берунӣ бо таълифи «Китоб-ут-тафҳим» ва “Осор-ул-боқия” бунёдгузорони забони илмии тоҷикӣ ба шумор мераванд, ки ин анъанаи ватанхоҳона дар асрҳои баъдӣ аз тарафи донишмандони маъруф Насируддини Тӯсӣ, Умари Хайём ва то Аҳмади Дониш идома пайдо кард.

Масъалаи ба пояи забони илми муосир расонидани забони тоҷикӣ аз ҷумлаи муҳимтарин масъалаҳоест, ки ман борҳо гуфтаам.

Дар замони мо тавоноиву қудрати ҳар забон дар баёни матолиби илмӣ ва ифодаи комили мафҳуму истилоҳоти илмҳои гуногун зоҳир мешавад ва бақову идомаи он низ ба доираи истифода ва корбурдаш дар илм вобаста аст.

Моро лозим аст, ки барои ҳамқадами замон шудани забони давлатӣ ва бар пояи забони илм рушд кардани он дастҷамъона кӯшиш намоем.

Бо ташаббуси мо Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд ва таълифи рисолаҳои илмӣ ба забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои илм ба роҳ монда шуд.

Донишмандони мо, аз ҷумла унвонҷӯёнро зарур аст, ки рисолаву асарҳои илмии худро ба забони давлатӣ таълиф кунанд.

Фикр мекунам, ки ин иқдоми ватанпарварона дар амри тақвияту тавсеаи имкониятҳои забони тоҷикӣ дар соҳаи илм муассир хоҳад буд.

Ҳамзамон бо ин, барои шахсоне, ки муассисаҳои таълимӣ ва илмиро ба забонҳои русӣ ва англисӣ хатм карда, рисолаҳояшонро ба ин забонҳо омода кардаанд, иҷозат дода мешавад, ки корҳои илмиашонро бо ҳамин забонҳо дифоъ намоянд.

Зеро забонҳои зикршуда забони илму муоширати байналмилалӣ ба шумор рафта, донистани онҳо аҳаммияти бағоят бузург дорад.

Дар ҷаҳони мутамаддин имрӯз шаш забони фаъоли муоширати байналхалқӣ ҳамчун забонҳои расмии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, ки мо низ бояд насли ҷавонро барои донистани онҳо раҳнамоӣ созем ва дар созмонҳои бонуфуз бо ин забонҳо аз манфиатҳои милливу давлатии худ дифоъ кунем.

Ҳозирини гиромӣ!

Забони ҳар халқу миллат воқеан ойинаи рӯзгори миллат, расму ойин, суннату анъана ва донишу фарҳанги мардум мебошад.

Ба ин далел забон дар раванди таъсис ва шаклгирии давлати миллӣ ҳамчун унсури аввалин ва рукни бунёдии давлатдорӣ нақши ниҳоят муҳим ва сарнавиштсоз дорад.

Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон омили муҳимтарини муттаҳидкунандаи миллат буд.

Ва мо ифтихор дорем, ки забони ноби модарии мо ин рисолати таърихӣ ва нақши тақдирсози худро дар замони соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ низ иҷро карда истодааст.

Дар шароити пуртазоду печидаи ҷаҳони имрӯза офтоби бахти миллате тобон аст, ки истиқлоли комил дорад, сарнавишти давлат ва тақдири худро бо дасти худ менависаду месозад.

Шукрона бояд кард, ки чунин бахту иқболи баланд баъди ҳазор сол ба мо - тоҷикон бори дигар насиб гардид ва аз файзу баракати он давлати мо сиёсати худро дар қатори дигар кишварҳои олам мустақилона амалӣ карда истодааст.

Маҳз истиқлоли давлатӣ барои дурахши дигарбораи яке аз муқаддасоти миллии мо – забони тоҷикӣ ва рушду такомули он заминаи мусоид ва имкониятҳои фаровон муҳайё намуд.

Забони тоҷикӣ, дар навбати худ, ба сифати рукни муҳимми давлатдории миллӣ ваҳдату сарҷамъии миллати моро дар саросари кишвар таъмин сохт.

Имрӯз ҳам ин забон илҳомбахши фаъолияти ҳаррӯзаи мо буда, бунёдкориву созандагиҳои мардумамон дар ин забон таҷассум меёбанд ва ба оламиён муаррифӣ мешаванд.

Ман ҳамеша таъкид мекунам, ки дар замони имрӯза ҳар як шахси бомаърифат, махсусан, ҷавонон баробари дар сатҳи аъло донистани забони модарии худ се-чор забони хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисиро бояд омӯзанд, ки ин талаботи ҷаҳони муосир аст.

Дар баробари ин, мо дар сиёсати хориҷии худ сиёсати “дарҳои кушода”-ро пеш гирифтаем ва бо 160 давлати ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ дорем. Ин воқеият низ моро вазифадор менамояд, ки миёни насли ояндаамон забондониро таблиғ намоем.

Ин масъала аз тарафи ниёгони мо басо нишонрас маънидод шудааст:

Агар сесад забон донӣ, фузун нест,
Туро рӯзе ба кор ояд, забун нест.

Боиси қаноатмандист, ки сафи ҷавонони омӯзанда ва донандаи забонҳои хориҷӣ солҳои охир хеле зиёд шудааст.

Бисёр муҳим аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар заминаи қонуну қоида ва меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ сурат гирад, яъне аввал забони модарии худро ба дараҷаи олӣ бояд донист ва сипас дар қиёс бо дастурҳои он ба фарогирии забонҳои хориҷӣ иқдом намуд.

Бузургони гузаштаи мо дар ин маврид низ бисёр дуруст гуфтаанд:

Ҳар к-ӯ ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон-ш осон гардад.

Аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва дар баробари ин, беэътиноӣ зоҳир кардан ба омӯзиши забони модарии худ нишонаи бефарҳангӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш аст ва пеш аз ҳама, падару модарон масъуланд, ки ба чунин амали нораво роҳ надиҳанд.

Мо бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон нахуст забони модариро аз худ кунанд, ба он эҳтирому арҷ гузоранд ва сипас ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ оғоз намоянд.

Дар сатҳи олӣ донистани забони давлатӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани он, хусусан, забони муошират яке аз муҳимтарин вазифаҳои мо мебошад.

Мутаассифона, ғалатгӯиву ғалатнависӣ ва омехтасозии забони шевои тоҷикӣ, бахусус, забони гуфтор то ҳанӯз аз байн нарафтааст ва ин боиси нигаронист.

Махсусан, солҳои охир фарҳанги муоширати қисме аз наврасону ҷавонон коҳиш ёфта, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла боғу гулгаштҳо, нақлиёти мусофиркаш ва қасру толорҳои фарҳангӣ алфози қабеҳу дағал ба гӯш мерасад, ки ин амали нораво аз доираи фарҳанг ва расму ойини мо берун мебошад.

Мо бояд дар байни наврасону ҷавонон корҳои тарбиявию маърифатиро мунтазам ва ҳарчи бештар ба роҳ монем ва нагузорем, ки маданияти баланду одоби тоҷикӣ, яъне мероси аҷдоди бузургамон коста гардад.

Вобаста ба ин, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, корҳои дохилӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, телевизион ва радио, дигар мақомоти давлатии марказиву маҳаллӣ, инчунин, падару модарони муҳтарам вазифадоранд, ки ба хотири ҳарчи бештар густариш пайдо кардани одобу ахлоқи ҳамида ва риояи фарҳангу анъанаҳои неки миллӣ дар байни наврасону ҷавонон корҳои тарбиявию ташвиқотиро пурзӯр намоянд.

Мутаассифона, имрӯз сатҳи сухандонӣ, шеърдонӣ ва китобхонии наврасону ҷавонон низ ташвишовар мебошад.

Мо ҳангоми сафарҳо ва мулоқот бо наврасону ҷавонон эҳсос мекунем, ки онҳо кам мутолиа мекунанд, асарҳои бадеиро бо завқ намехонанд, аз осори гузаштагону муосирон, санаҳои таърихиву фарҳангӣ хуб огоҳ нестанд ва ба омӯзиши илмҳои табиатшиносиву дақиқ беэътиноӣ зоҳир менамоянд.

Аз ин рӯ, ба Вазорати маориф ва илм, дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, супориш дода мешавад, ки дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, сарфи назар аз шакли моликият, ҳангоми таътилҳои чорякӣ ва тобистонаву зимистона омӯзишу мутолиаи асарҳои илмиву адабиро ба роҳ монанд ва бо мақсади қавӣ гардонидани ҳофизаи хонандагону донишҷӯён барои азхудкунии порчаҳои назмиву насрӣ ва қоидаву асосҳои фанҳои риёзиву табиӣ меъё