Рӯзи Парчами давлатӣ

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Submitted by Ҳайати тадорукот on 23 November, 2019 - 15:18
Рӯзи Парчами давлатӣ

Санаи 23-юми ноябри соли 2019 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо садои Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Сипас, роҳбарияти Кумита аз таърихи парчамдориву ифтихор аз ин рамзи давлатӣ суханронӣ намуданд. Ҳамзамон,  кормандони Кумита Маҳмадёрова Гулҷаҳон, Фаридун Амонқулов, Буриева Шаҳноза ва Ятимзода Муҳаммад доир ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулшуда, инчунин, лаҳзаҳои барафрохта шудани Парчами давлатӣ  маърӯза намуданд.

Content rating: 
3
Average: 3 (2 votes)

Поздравительное послание Лидера нации, Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона в честь Дня Государственного флага

Ҳайати тадорукот's picture
Submitted by Ҳайати тадорукот on 23 November, 2018 - 10:56
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Дорогие соотечественники!

Ежегодно 24 ноября в нашей независимой стране отмечается День Государственного флага Республики Таджикистан.

Искренне поздравляю всех вас с этим славным праздником и желаю, чтобы наш Государственный флаг реял в атмосфере мира и спокойствия и был путеводителем древнего таджикского народа в его стремлении к светлому будущему.

В нынешнем году празднование Дня Государственного флага пришлось на дни сдачи в эксплуатацию первого агрегата Рогунской ГЭС, то есть поистине исторического события в жизни народа Таджикистана.

Трудолюбивые и настроенные на созидательные дела жители нашей страны добились этого великого свершения под знаменем своего независимого государства и с высоким чувством патриотизма, ответственности и с надеждой на лучшее будущее нашей любимой Родины продолжают достраивать этот великий объект века.

Наряду с Государственным гербом и Государственным гимном флаг как символ независимой государственности таджиков со дня его принятия стал святой нравственной ценностью нашего общества, стар и млад преклоняются перед ним в знак любви и верности Родине и национальному государству.

Почитание Государственного флага является выражением чувства беззаветной любви и преданности каждого гражданина к национальной государственности, и славные жители Таджикистана самоотверженно трудятся во всех сферах под знаменем своего государства.

Таджикский народ с древнейших времен до своей новейшей истории неуклонно продолжает традицию почитания флага и считает это высочайшим признаком национального менталитета и патриотизма.

Традиция почитания флага как символа, связывающего поколения, будет продолжена потомками на многие века. Воистину Государственный флаг является одним из важнейших стимулов укрепления единства народа, духовной крепости и взаимопонимания жителей страны.

Установление в период независимости высочайшего Государственного флага в столице нашего государства – городе Душанбе означает нашу приверженность древней традиции почитания флага.

Вместе с этим установление Государственного флага в областных, городских и районных центрах свидетельствует об углублении национального самосознания, почитании государственных и национальных символов и ценностей по всей стране.

Проявляя уважение к Государственному флагу, каждый гражданин утверждает чувства патриотизма, национальное самосознание и свою принадлежность к цивилизаторскому таджикскому народу. Ибо во флаге отражается дух наших славных предков, их мужество, свободолюбие и чаяния.

Можно сказать, что Государственный флаг в период независимости символизирует наши созидательные устремления и то, что спустя века осуществились заветные чаяния древнего народа.

Поэтому мы, как и наши предки, должны беречь Государственный флаг как вечный символ национальной государственности, всей душой и сердцем проникнуться любовью к нему и всегда быть готовыми к совместной защите государственных и национальных интересов под этим знаменем победы.

Я верю, что весь патриотически настроенный таджикский народ еще больше сплотится под Государственным флагом во имя достижения новых созидательных свершений, и каждый гражданин нашей страны будет стремиться внести достойный вклад в дальнейшее благоустройство нашего любимого Таджикистана.

Еще раз искренне поздравляю всех вас, дорогие соотечественники, с Днем Государственного флага Республики Таджикистан и желаю каждому дому, каждому семейству счастья, изобилия, а нашей дорогой стране - вечного мира и национального единства!

Content rating: 
1
Average: 1 (1 vote)

Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Submitted by Ҳайати тадорукот on 23 November, 2018 - 10:55
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамватанони азиз!

Ҳар сол бисту чоруми ноябр дар кишвари соҳибистиқлоли мо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Ба ифтихори ин ҷашни фархунда ҳамаи шуморо самимона табрик гуфта, орзуманди он ҳастам, ки Парчами давлатии мо дар фазои орому осудаи мамлакат ҳамеша роҳнамову роҳкушои мардуми шарафмандамон ба сӯи ояндаи неку осуда бошад.

Рӯзи парчами давлатӣ имсол дар рӯзҳои ба истифода додани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне рӯйдоди воқеан таърихӣ дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон таҷлил мегардад.

Сокинони заҳматқарину созандаи мо ба ин дастоварди бузург таҳти парчами парафшони давлати соҳибистиқлоламон ноил гардиданд ва ин иншооти бузурги асрро бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ ва умед ба фардои боз ҳам ободу пешрафтаи ватани азизамон бунёд карда истодаанд.

Парчам аз рӯзи қабули он дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи мо табдил ёфта, хурду бузург ба он бо муҳаббату садоқат нисбат ба Ватан ва давлати миллии худ арҷ мегузоранд.

Эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фарди Ватан нисбат ба давлатдории миллӣ буда, мардуми шарифи Тоҷикистон зери ливои давлати худ дар ҳамаи соҳаҳо садоқатмандона заҳмат мекашанд.

Халқи тоҷик аз замонҳои хеле қадим то даврони навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хосса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад.

Ойини парчамдории мо ба сифати пайвандгари наслҳо умри ҷовидонӣ дорад ва бо хусусиятҳои хоси худ яке аз омилҳои муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии сокинони мамлакат мебошад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ парафшон гардидани баландтарин Парчами давлатӣ дар пойтахти мамлакатамон – шаҳри Душанбе идомаи суннати қадимаи парчамдории халқамон ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон бо ин, барафрохта шудани Парчами давлатӣ дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз таҳким ёфтани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба рамзҳову арзишҳои миллӣ ва ойину суннатҳои давлатдории халқамон дар гӯшаву канораҳои гуногуни кишварамон гувоҳӣ медиҳад.

Ҳар як фарди кишвар бо эҳтироми Парчами давлати худ эҳсоси ватандориву ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва фарҳангсозу соҳибтамаддун будани халқи хешро собит мекунад. Зеро дар он рӯҳи ниёгони некном, далериву матонат ва орзуву омоли мардуми куҳанбунёди мо инъикос шудаанд.

Воқеан, парчам дар замони соҳибистиқлолӣ тавонист, ки ваҳдату ягонагӣ, ҳисси баланди миллӣ, нангу номуси ватандорӣ, инсондӯстиву фарҳансолорӣ ва саъю талоши созандагии мардуми сарбаланди тоҷикро таҷассум намояд ва ормону орзуҳои деринаи халқамонро дубора зинда гардонад.

Бинобар ин, мо бояд Парчами давлатиро мисли аҷдоди худ ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем, рӯҳу ҷони худро бо он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ин ливои зафар сарҷамъ бошем.

Итминон дорам, ки кулли мардуми бонангу номуси тоҷик бо азму талоши созанда ва бо парафшонии Парчами давлати соҳибистиқлоли худ минбаъд низ барои ба як мулки пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Бори дигар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми ҳамватанонамон самимона табрик мегӯям, ба ҳар хонадони тоҷик иқболу саодат, файзу баракат ва ба кишвари маҳбубамон сулҳу ваҳдати ҷовидонии миллӣ орзу менамоям!

Content rating: 
5
Average: 5 (2 votes)
Subscribe to Рӯзи Парчами давлатӣ