Забон воситаи муҳимтарини тарбияи миллист
Ҷаҳони пуртазод ва суръатнок дигаргуншавандаи муосир ба равандҳои иҷтимоиву сиёсӣ, вазъи дохиливу хориҷии кишварҳо ва муносибатҳои байналмилалӣ таъсир расондааст. Чунин тағйирпазирии динамикии ҳолати ҷаҳон кишварҳои тозаистиқлол, аз қабили Тоҷикистонро пайваста ба мустаҳкам кардани мақому мартабаашон такон дода, онҳоро барои таҳлилу таҳқиқи пайваста ва ҷустану истифода кардани роҳу усулҳои таҳким бахшидани ваҳдату ягонагии ҷомеаҳояшон водор месозад. Яке аз чунин арзишҳои бо ҳам пайванд, ки нақши боризе дар ин раванд дорад, забони миллӣ, манфиати миллӣ ва ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.
Забон қисми ҷудонопазири таркибии ҳама гуна фарҳанги миллӣ буда, ошноии пурра бо он ҳатман, на танҳо омӯзиши таърихи моддӣ, таърих, ҷуғрофиё, иқтисодиёт ва ғайра, балки кӯшиши дарки тарзи тафаккури миллат, бо чашмони соҳибони фарҳанги мазкур дидани оламро дар назар дорад. Маҳз, забон муттаҳидкунандаи асосии нишонаҳои миллат мебошад, зеро ягон ғояву мароми умумӣ, арзиши фарҳангӣ ва иқтисоди умумӣ бидуни фаҳмиши ягонаи рамзҳои калимавии дар муошират истифодашаванда имконнопазир буда, он ҳамчун воситаи интиқоли муқаррароти фарҳангӣ хидмат менамояд. Мутафаккирони бузурги тоҷик забонро оинаи рӯҳу равони халқ донистаанд. Бинобар ин, ҳар як давлате, ки аз оянда андеша менамояд, пеш аз ҳама, дар масъалаи забон мутамарказ мешавад.
Даромад
Харита
Тамос




Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
