«ИДИ ҒАЛАБА - НИШОНА АЗ РӮЗГОРИ ПУРФОҶИАИ БАШАРИЯТ»
Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон мизи мудаввар баргузор гардид. Зимни ифтитоҳи чорабинӣ доктори илми филология, Раиси Кумита Сахидод Раҳматуллозода бо эҳтирому қадрдонӣ аз саҳми бузурги иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ёдовар шуда, иброз намуд, ки насли шуҷои мардуми тоҷик дар он замони вазнин барои ҳимояи Ватан ва ҳифзи шарафи миллӣ ба муқовимати беамон бархостанд ва осоишу суботи имрӯз низ самари ҷоннисории онҳо мебошад. Дар ҳамоиш доктори илми таърих, профессори Акадмеияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Ализода изҳор дошт, ки пойдории сулҳу оромӣ ва истиқлолу якпорчагии Ватан арзишҳое ҳастанд, ки бо нархи гарон ба даст омадаанд ва ҳифзу нигаҳдории онҳо рисолати ҳар як шаҳрванди бедордил мебошад. Мудири шуъбаи забони Институти забон ва адабиети ба ном Рудакии АМИТ Муҳаммадҷонзода Олимҷон зимни баромади хеш таъкид намуд, ки таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд.