Бозтоби масоили худшиносии миллӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Январ, 2026 - 11:53

      Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуд.
Зимни он Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Сахидод Раҳматуллозода иброз намуд, ки Паёми Президенти мамлакат ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва барномавӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини суботи сиёсиро дар бар мегирад.
     Дар идома директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума»-и назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Дӯстзода афзуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ пеш аз ҳама, саршор аз тантанаи худшиносии милливу меҳанпарастӣ ва худогоҳиву умед ба фардои неки давлат буд. Пешвои миллат, ки ҳамеша ба таъриху тамаддуни чандҳазорсолаи мардуми тоҷик эҳтироми хосса мегузоранд, аз минбари баланди парлумони миллӣ изҳор доштанд, ки «бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад».
«Воқеан, дар шароити имрўзаи ҷаҳонишавӣ ва танишҳои фарҳангиву сиёсӣ, ки хавфи аз миён бурдани давлату миллатҳоро дар пай дорад, бедор намудан ва таҳким бахшидани ҳисси худшиносиву хештаншиносии ҷавонон ба василаи ташвиқу тарғиби фарҳангу тамаддун ва таърихи пурғановату ибратомўз амали саривақтӣ ва омўзанда мебошад»-иброз дошт директори марказ.
     Гуфта шуд, ки нуктаи дигар муҳимме, ки барҳақ, худшиносии миллии моро неру мебахшад, аз ҷониби созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо оид ба эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сўзанидўзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 мебошад. 
     Пешвои миллат чунин эътирофи байналмилалиро «далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ» маънидод карда, ҳамагонро баҳри ҳифзи арзишҳои миллии фарҳангӣ даъват намуданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория: