Чоршанбе, Ноябр 19, 2025

Семинари омӯзишӣ дар мавзуи забони тоҷикӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Ноябр, 2025 - 15:55

Бо иштироки гурӯҳи кории Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума»-и назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт семинари омӯзишӣ дар мавзуъҳои забони тоҷикӣ ва "Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ" баргузор карда шуд.
Дар семинари омӯзишӣ аз ҷониби директори муассиса профессор Дӯстзода Ҳамрохон Ҷумъа доир ба масъалаҳои омӯзиши санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ, риояи имлои забони давлатӣ, ҳифзу гиромӣ доштани муқадасоти миллӣ, номгӯзории дуруст ба тифлакон аз ҷониби волидайн, одобу ахлоқи ҳамидаи инсон, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба риояи дурусти забони давлатӣ сӯҳбат намуданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Семинари омӯзишӣ доир ба риояи меъёрҳои забони давлатӣ дар шаҳри Конибодом

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Ноябр, 2025 - 15:57

Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом семинари омӯзишӣ доир ба риояи меъёрҳои забони давлатӣ, номгузории миллӣ ва дурустии имлои забони тоҷикӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ин тадбири омӯзишӣ, бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он намояндагони Мақомоти иҷроия, кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Дар оғоз Баротзода Файзиддин Камолиддин – муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба нақши забони давлатӣ дар рушди ҷомеа ва таҳкими худшиносии миллӣ суханронӣ кард.
Иброз гардид, ки забони давлатӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, ҳифз ва рушди он вазифаи ҳар як шаҳрванд ва сохторҳои дахлдор мебошад. Ҳамзамон, иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳамчун санади танзимкунанда мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт.
Инчунин муовини Раиси Кумита таъкид дошт, ки номҳои маҳаллаҳо, кӯчаҳо, хиёбонҳо, муассисаву корхонаҳо ва ҳатто номҳои шахсӣ бояд мутобиқ ба анъана ва фарҳанги миллии тоҷикон интихоб гардида, дар номгузорӣ истифодаи номҳои ғайримиллӣ ва бегона, ки ба ҳуввияти миллӣ созгор нестанд, бояд пешгирӣ карда шаванд.
Аз ҷумла, дар санадҳои расмӣ, эълону реклама ва маводҳои чопӣ бояд риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмӣ бошад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Ноябр, 2025 - 16:59

ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Анҷумани сеюми забоншиносон аз 15 то 18 ноябри соли 2026 бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар он иштироки забоншиносон ва муҳаққиқони тамоми давлатҳои дунё, ки ба таҳқиқ ва омӯзиши забони тоҷикӣ машғуланд, дар назар аст.

Бояд иброз намуд, ки забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад. Бо ин забон донишмандону бузургони илму адаб осори оламшумул офарида, дар ғановати ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ саҳми арзанда гузоштаанд.

Имрӯз забони тоҷикӣ забони модарии миллионҳо сокинони бумии кишварҳое, чун Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Ҳиндустон, Покистон ва ғайра мебошад, зеро тоҷикон аз қадимулайём дар ин минтақаҳо зиндагонӣ мекарданд. Дар Тоҷикистон забони давлатӣ забони модарии аксар сокинони ин мамлакат мебошад. «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст, пешрафти босуботи ин забонро ҳамчун забони дорои мақоми давлатӣ дар даҳ соли оянда таъмин менамояд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)