ФАРҲАНГИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ 2026

Вожаеро ворид намоед

Чоршанбе, Январ 28, 2026

«Фарҳанги ҳамгунҳои шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 28 Январ, 2026 - 15:35

Дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷамъоварии калимаю истилоҳоти шеваҳои забони тоҷикӣ аҳаммияти калон дода мешавад. Ин иқдоми Пешвои миллат мутахассисонро водор менамояд, ки ба ҷамъоварии маводи гуногуни лаҳҷаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд. Ҳамчунин, дар бандҳои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030» низ масъалаи мазкур зикр шудааст.

Бо мақсади иҷрои ҳадафи мазкур С. Раҳматуллозода ва Р. Холназариён китоби «Фарҳанги ҳамгунҳои шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ» таҳия кардаанд, ки олимону мутахассисони соҳа ва шаҳрвандон метавонанд аз он самаранок истифода баранд.

Фарҳанги мазкур беш аз 2300 калимаи ҳамгуни шеваи ҷанубиро дар бар мегирад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

«Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 28 Январ, 2026 - 15:41

«Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» бар асоси «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268 тасдиқ шудааст, таҳия гардид. Мутобиқи банди 2-и ин қарор «2. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дигар ҷиҳати амалисозии қарори мазкур чораҳои дахлдор андешида, фарҳанги имло, дастурҳои методӣ, таълимӣ, асарҳои бадеӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бо риояи талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ ба нашр расонанд».
Агар ба таърихи таҳияи фарҳанги имло назар кунем, маълум мешавад, ки феҳристи беш аз 2 ҳазор калима бори нахуст соли 1941 чун замима ба «Қоидаҳои асосии орфографияи забони тоҷикӣ» ва, баъдан, соли 1944 луғати имло муштамил бар 8 ҳaзop вожа якҷо бо «Қоидаҳои асосии имло» ва соли 1959 мутобиқ ба Қоидахои имлои соли 1953 «Луғати орфографӣ» нашр гардид, ки он дорои 16 ҳазор вожа буд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад