Рӯзи 15-уми майи соли 2024 дар толори Кумитаи забон ва истилоњоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии оила мизи мудаввар дар мавзуи «Солимии оила - асоси пойдории давлат ва ҷомеа» баргузор гардид.
Чорабинии илмӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.
Раиси Кумита О. Муҳаммадҷонзода чорабиниро ифтитоҳ ва ҳозиринро хайрамақдам гуфта, њамагонро бо таҷлили Рӯзи байналмилалии оила табрик намуда, ҳамзамон, зикр намуд, ки оила сохтори қадимтарине дар дунёст ва нақши муҳимме дар ҷомеаи инсонӣ мебозад. Ҳаёт бо исрор тақозо менамояд, ки мо бояд барои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб фарзандонро дар мактаби оила, ба ҳаёти мустақилона омода намоем.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо ҳамчун узви асосии ҷомеа муайян намуда, дар баробари он дар кишвар санадҳои зиёди меъёрию ҳуқуқии вобаста ба оила фаъолият мекунанд, ки ба рушд ва таҳкими он, пешгирии зуроварӣ дар оила ва ҳифзи ҳуқуқҳои аъзои оила равона гардидаанд.
Дар суханрониҳо аъзои Ҳайати мушовара, роҳбарият ва кормандони Кумита масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, оила ва фарҳанги оиладорӣ, содиршавии ҷиноятҳои вазнин дар заминаи муноқишаву ҷанҷолҳои оилавӣ, тарбияи дурусти ҷавонону ноболиғон, фарҳанг ва маърифати оиладорӣ, оила сарчашмаи хушбахтӣ, бекоршавии ақди никоҳ ва роҳҳои пешгирии он, рукнҳои пойдории оила, оилаи солим - ҷомеаи солим зикр гардиданд.
Дар анҷом, вобаста ба мавзуи матраҳгардида, баҳсу музокираҳо сурат гирифт. Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Даромад
Харита
Тамос



Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.


