Имрӯз 21-уми январи соли 2021, соати 1600 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Таҳкими сулҳу субот – омили ҳастии миллат» вобаста ба филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» (Хиёнат, қисми 7) баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Дар оғоз раиси Кумита тамоми иштирокдоронро ба мизи мудаввар хайра мақдам намуда, оид ба мазмуну муҳтавои филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» (Хиёнат, қисми 7) маълумот дода, аз ҷумла баён намуданд, ки филми мустанади «Бешарафӣ», ки тавассути шабакаҳои телевизиони кишвар намоиш дода шуд, дар асоси далелҳои раднашаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода шудааст ва ҳамагон аз муҳтавои ин филм огоҳ гаштанд.
Гарчанде ҳамагон аз таърихи хиёнаткориҳои ташкилоти террористию экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ огоҳ ҳастанд, бо тамошои филми мазкур бори дигар нафрати ҳар як фарди бонангу баномус нисбат ба ин ташкилоти тундгарою ифротӣ зиёд мегардад. Дарвоқеъ, аз оғози филм мушоҳида мегардад, ки таҳиягарони он нахуст мардуми шарифи кишварро ба шукргузориву расидан ба қадри тинҷиву осудагӣ ва истиқлоли миллӣ даъват мекунанд, ки амри саривақтӣ ва муҳим маҳсуб меёбад.
Бояд ҳар як насли солиму бофарҳанги ҷомеа фирефтаи доми хоинони ватанбезор ва хоҷагони хориҷӣ нашуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, худ ва дигаронро дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, инсондӯстӣ, бомаърифативу бомаданиятӣ тарбия намуда, мунтазам барои созандагиву бунёдкорӣ ва осудагии миллат кӯшиш намоянд. Баръакси ҳамин ҳолатро дар аъмоли Муҳаммадиқболи Садриддин писари мулло Қаландар мебинем, ки ҳадди инсонии худро аз даст дода, нисбат ба Ватан хиёнатҳо мекунад.
Дар баробари ин хурӯҷи COVID-19 ва кӯшишу талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус шоистаи таъкиду зикр ва таҳсин мебошад. Хушбахтона, ин кӯшиш ва талошҳои давлату Ҳукумат дар ҷодаи солимгардонии аҳолӣ хеле назаррас мебошад.
Баъдан, сардори шуъбаи танзими истилоҳот ва мудири бахши экспертизаи забоншиносӣ фикру мулоҳизаҳои худро вобаста ба филми мазкур баён намуданд. Дар охир суҳбати озод сурат гирифта, саволҳои марбут ба филми мазкур баррасӣ шуданд.
Мизи мудавварро раиси Кумита доктори илми филология – Муҳаммадҷонзода Олимҷон ҷамъбаст карда, ба ҳамаи ҳозирин ва дар маҷмӯъ Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу салоҳ ва тансиҳатӣ орзу кард.
Даромад
Харита
Тамос








Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.


