Забони рошорвӣ ё орошорӣ (rošorvi ziv) забони гуфтугӯии сокинони мавзеи Рошорв дар соҳилҳои болооби рӯди кӯҳии Бартанг мебошад, ки ба забони бартангӣ наздик аст ва аз ин рӯ, онро таҳти истилоҳи «бартангӣ-рошорвӣ» низ ҳамчун яке аз забонҳои гурӯҳи шуғнӣ-рӯшонӣ тавсиф намудаанд. Бархе аз муҳаққиқон онро ҳамчун забони алоҳидаи гурӯҳи шуғнӣ-рӯшонӣ шарҳ додаанд (4). Деҳоти саргаҳи водии Бартанг, ки сокинонаш бо гӯиши наздик ба рошорвӣ такаллум мекардаанд, бар асари зилзилаи соли 1911 зери об монда, дар ин мавзеъ кӯли Сарез пайдо шудааст. Аз ин рӯ, сокинони ин деҳот ба дигар маҳалҳои Помири Ғарбӣ ва аксаран ба мавзеи Сариқӯли музофоти Шингони Чин кӯч баста буданд.
Адабиёт
1. Мирзоуддинова С. Шеваи Хуфи забони рӯшонӣ.– Душанбе, 1988.
2. Соколова В.С. Рушанские и хуфские тексты и словарь. – М.-Л., 1959;
Генетические отношения язгулямского языка и шугнано-язгулямской
языковой группы. – Л., 1967.
3. Муфассалан ниг.: Карамхудоев Д. Бартангский язык (фонетика и
морфология). – Душанбе, 1973.
4. Ниг. Зарубин И.И. Орошорские тексты и словарь // Памирская
экспедиция 1928, вып 6. – Л., 1930; Курбанов Х. Рошорвский язык. –
Душанбе, 1976
Бардошт аз «Муқаддимаи филологияи Эрон»-и А.Мирбобоев
Даромад
Харита
Тамос



Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.


