Навигарӣ

  • Гузориш аз гузаронидани шанбегии кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 21 Август, 2021 - 14:09

         Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми декари соли 2017, №968, иҷрои Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми декабри соли 2017, №12 ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои банди 2-и Нақша чорабиниҳои Кумита аз 25-уми январи соли 2018, №15 бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Кумита мунтазам шанбегӣ гузаронида шуда, баҳри ободонӣ ва сарсабзу зебо намудани гирду атрофи бинои маъмурӣ ва замини ба корхона вобасташуда зиёда аз 1000 дона гулҳои рангоранги ороишӣ шинонида шудаанд.

         Баҳри боз ҳам ободу зебо нигоҳ доштани гулбоғи воқеъ дар гирду атрофи бинои маъмурӣ корҳо идома дошта, он мунтазам нигоҳубин карда мешавад.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Семинари омӯзишӣ ҷиҳати назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ва ташкилоту муассисаҳои он

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 20 Август, 2021 - 15:28

         Гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати муовини раиси Кумита    Раҳматуллозода С. (роҳбари гурӯҳ), мудири бахши умумӣ ва масъули хадамоти кадрӣ Абдуллоев Ш., сармутахассисони шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Буриева Ш., Ҷалолов С. (аъзои гурӯҳ) тибқи Нақшаи назоратӣ вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои банди 22-и Нақшаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021»-ро (6.02.2021, №14) дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шуъбаи маориф, сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Шаҳринав аз 16-ум то 20-уми августи соли 2021 мавриди назорат ва таҳлил қарор дод.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • ЗАБОН ВА ҶОМЕА: МУШКИЛОТИ НОМГУЗОРӢ ДАР МАРКАЗҲОИ САВДО

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 16 Август, 2021 - 09:55

     

     

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 29 Июл, 2021 - 10:33
    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (2 овоз)
  • Даъватнома ба нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Июл, 2021 - 09:33

         Муҳтарам намояндагони ВАО ва ҳамкасбони гиромӣ!
         Аз ҳамкориҳои судманди Шумо ҷиҳати дастгирӣ ва тарғиби соҳаи забони давлатӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ намуда, ҳамзамон, иттилоъ медиҳем, ки тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2021 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011, №АП-1729 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» (ш. Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25) нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29-уми июли соли 2021, соати 08:00 баргузор мегардад.
         Вобаста ба ин, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати инъикоси нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамудед.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (2 овоз)
  • Паёми шодбошии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Июл, 2021 - 19:00
    Паёми шодбошии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

    Ҳамватанони азиз!

    Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Қурбон, ки яке аз маросими дини мубини ислом ва иди суннатии мардуми мусулмони мо мебошад, самимона табрик мегӯям.

    Маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ шароити мусоид фароҳам омад, ки сокинони кишвари мо расму ойин ва ҷашну идҳои таърихӣ, миллӣ ва динии худро озодона истиқбол намоянд.

    Иди саиди Қурбон бисёр унсурҳои неки инсондӯстона дорад, ки шахси мусулмон бо анҷом додани онҳо метавонад соҳиби аҷру савоби зиёд гардад.

    Дастгирии ятимону маъюбон, беморону пиронсолон, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру эҳсон ба оилаҳои камбизоат ва шахсони бемор аз ҷумлаи суннату фазилатҳои хоси иди Қурбон мебошад.

    Яъне, ҳар шахси хайрхоҳе, ки имконияти мусоиди молиявӣ дорад, ба ятимону маъюбон ва шахсони камбизоату эҳтиёҷманд дасти ёрӣ дароз мекунад.

    Боиси қаноатмандист, ки дар кишвари мо дар арафаи иду айём дастгирии моддӣ ва кумак ба эҳтиёҷмандон аз ҷониби муассисаҳои давлатӣ, шахсони саховатпешаву ҳимматбаланд ва соҳибкорону тоҷирон ба анъанаи нек табдил ёфтааст.

    Фарҳанги исломӣ беҳтарин арзишҳои маънавии ҳаётӣ, аз қабили омӯзиши илму маърифат, хайру саховат, покизагиву накӯкорӣ, заҳматдӯстӣ, рафоқату дӯстӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва таҳаммулгароиро талқин карда, аҳли ҷомеаро ҳамеша ба иҷрои чунин амалҳои нек ҳидоят менамояд.

    Яке аз суннатҳои дигари иди Қурбон анҷом додани маросими қурбонӣ ба ҳисоб меравад.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Гузориш аз баргузории машғулияти идоравӣ оид ба омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва «Аломатҳои китобат дар забони тоҷикӣ» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Кумита

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 15 Июл, 2021 - 15:00
    Гузориш аз баргузории машғулияти идоравӣ оид ба омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва «Аломатҳои китобат дар забони тоҷикӣ» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Кумита

         Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 13-уми июли соли 2021, соати 15:00 бо мақсади татбиқи банди 59-и Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2020, №647 тасдиқ гардидааст, ҷиҳати шарҳу эзоҳи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва «Аломатҳои китобат дар забони тоҷикӣ» дар маҷлисгоҳи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони ин ниҳод машғулияти идоравӣ гузарониданд.
         Дар машғулияти идоравӣ муовини раиси Кумита Раҳматуллозода Сахидод, сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита Зулфониён Раҳим Раҷабзода ва мутахассиси пешбари шуъбаи танзими истилоҳот Маҳмадёрова Гулҷаҳон иштирок дошта, «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва «Аломатҳои китобат дар забони тоҷикӣ»-ро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 30-юми июни соли 2021, №268 тасдиқ шудааст, шарҳ доданд.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Кумита дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 13 Июл, 2021 - 15:59

         Имрӯз 13-уми июли соли 2021, соати 10:00 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Кумита дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021 бо иштироки Мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа – Азиззода Ш., аъзои Ҳайати мушовара, раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита баргузор гардид.
         Дар оғоз раиси Кумита тибқи тартиб масъалаҳои рӯзномаро муаррифӣ намуда, ҳузури иштирокдоронро ба маҷлиси имрӯза хайра мақдам гуфт.
    Доир ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021 муовини раиси Кумита – Раҳматуллозода С. гузориш дод. Аз ҷумла, қайд намуд, ки Кумита дар нимсолаи якуми соли 2021 теъдоди 23 ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд, 10 вазорату кумитаҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар ва 26 адад номгӯи мағозаву нуқтаҳои фурӯши либосро мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷаи бартараф намудани камбудиҳо ба мақомотҳои дахлдор санад ва маълумотнома ирсол шуд.
         Инчунин, илова намуд, ки Кумита дар нимсолаи якуми соли 2021 ба 51 адад лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулосаи забоншиносӣ, ҳуқуқӣ ва ҳамгунсозии истилоҳот пешниҳод намудааст.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (2 овоз)
  • Забони давлатӣ таҳкимбахшандаи сулҳ ва ваҳдати миллист

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 8 Июл, 2021 - 17:24
    Шаҳноза БУРИЕВА, сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

         Ваҳдати миллӣ падидаи нодири даврони соҳибис­тиқлолии кишвар буда, рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ ва иттиҳоду ягонагӣ мебошад, ки пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кард ва ба забони давлатии кишвар имкониятҳои фарохро муҳайё сохт, ки неруи воқеии он дар пешбурди сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва дигар самтҳо назаррас аст. Он волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад, ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро пуштибонӣ намуд. Аммо ин неъмати бузург ба халқи тоҷик бо роҳи саҳлу осон ба даст наомад. Садҳо нафар ҷон аз даст доданд, то ин ки мамониатҳои сангинро аз байн бардошта, мушкилоти гаронро паси сар кунанд.

         Дар он давра талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра ба ҳама самт равона карда шуд, то давлатдории миллати тоҷик аз вартаи нобудӣ наҷот ёбад. Хушбахтона, бо мардонагию матонати Пешвои миллат ба мақсади бузургу нотакрор ноил шудем.

         Ба ҳама маълум аст, ки дар даврони нобасомониҳо хатари нобуд шудани миллати тоҷик ва тақсим шудани сарзамини муқаддасу биҳиштосо пеш омад. Маҳз эҳсоси гарми ватанхоҳӣ ва нангу номуси миллии фарзандони асили кишвар водор сохт, ки бо душманон бо роҳҳои музокироту гуфтушунид ҷиҳати ҳалли муноқишаҳои баамаломада созиш намуда, роҳҳои расидан ба сулҳу оштӣ, ҳаёти осоишта ва ваҳдати миллиро интихоб намоянд.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (2 овоз)
  • Низомномаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 7 Июл, 2021 - 05:55

    1.Муқаррароти умумӣ

    1) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — Кумита) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, вазифаи пешбурди сиёсати давлат ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқиро марбут ба забони давлатӣ амалӣ менамояд.

    2) Кумита дар фаъолияти худ Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

    3) Кумита дар фаъолияти худ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайра ҳамкорӣ менамояд.

    2.Ваколатҳо

    4) Кумита дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолияти худ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

    а) ба лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои дигар оид ба масъалаҳои ба доираи фаъолияти Кумита вобаста, таклифҳо пешниҳод менамояд;

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 4.2 (5 овоз)

Pages