Ҳамватанони азиз!
Бунёдкорони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»!
Меҳмонон ва ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз шодиву нишоти мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳадду канор надорад, чунки орзуи чандинсолаи хурду бузурги кишвар – ба кор оғоз кардани агрегати якуми иншооти тақдирсози мамлакат - нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва истеҳсоли барқи аввалин дар он амалӣ гардид.
Ин санаи таърихӣ дар таърихномаи навини Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр бо ҳарфҳои заррин сабт ва боиси ифтихору сарфарозии наслҳои имрӯзу ояндаи халқамон мегардад.
Ба ин муносибат кулли сокинони мамлакат ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона ва сидқан табрик менамоям.
Ин лаҳзаҳои таърихиро, ҳамчунин, ба шумо, бунёдгарони ин кохи бошукӯҳи нур, ки дар майдони заҳмати созанда, саҳнаи нангу номуси миллӣ шуҷоату матонат ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ нишон додед, табрик мегӯям ва ба ҳар яки шумо аз номи тамоми мардуми тоҷик, аз номи худ ва Ҳукумати Тоҷикистон миннатдории самимӣ изҳор менамоям!
Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти зиёди молиявию иқтисодӣ, аз рӯзҳои аввал бо дарки масъулияти бузург дар назди мардуми тоҷик тамоми захираву имкониятҳои мавҷударо ба бунёди нерӯгоҳ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои мутахассисону коргарони он сафарбар намуд.
Зеро мо амиқан дарк мекардем, ки «Роғун» омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистони маҳбубамон мебошад.