Суханронӣ дар маросими оғози кори агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 20 Ноябр, 2018 - 12:14
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамватанони азиз!
Бунёдкорони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»!
Меҳмонон ва ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз шодиву нишоти мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳадду канор надорад, чунки орзуи чандинсолаи хурду бузурги кишвар – ба кор оғоз кардани агрегати якуми иншооти тақдирсози мамлакат - нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва истеҳсоли барқи аввалин дар он амалӣ гардид.

Ин санаи таърихӣ дар таърихномаи навини Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр бо ҳарфҳои заррин сабт ва боиси ифтихору сарфарозии наслҳои имрӯзу ояндаи халқамон мегардад.

Ба ин муносибат кулли сокинони мамлакат ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона ва сидқан табрик менамоям.

Ин лаҳзаҳои таърихиро, ҳамчунин, ба шумо, бунёдгарони ин кохи бошукӯҳи нур, ки дар майдони заҳмати созанда, саҳнаи нангу номуси миллӣ шуҷоату матонат ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ нишон додед, табрик мегӯям ва ба ҳар яки шумо аз номи тамоми мардуми тоҷик, аз номи худ ва Ҳукумати Тоҷикистон миннатдории самимӣ изҳор менамоям!

Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти зиёди молиявию иқтисодӣ, аз рӯзҳои аввал бо дарки масъулияти бузург дар назди мардуми тоҷик тамоми захираву имкониятҳои мавҷударо ба бунёди нерӯгоҳ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои мутахассисону коргарони он сафарбар намуд.

Зеро мо амиқан дарк мекардем, ки «Роғун» омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистони маҳбубамон мебошад.

Дар натиҷаи тадбирҳои дар ин самт амалинамудаи Ҳукумат ва ба шарофати заҳмати содиқонаи шумо, бунёдгарони ин иншооти таърихӣ имрӯз мо ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон - таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, яъне шарти асосии ҳалли масъалаҳои муҳимтарини иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва дар айни замон тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ хеле наздик шудем.

Чунки «Роғун» бо истифода аз манбаи таҷдидшавандаи истеҳсоли нерӯ ва барқи аз лиҳози экологӣ тозаи худ ба ҳамаи кишварҳои минтақа хизмат карда, обанбори он барои танзими захираи об, хусусан, дар солҳои камобиву хушксолӣ нақши бузург хоҳад бозид.

Қобили зикр аст, ки корҳои сохтмону васли таҷҳизот дар нерӯгоҳ бо риояи стандартҳои байналмилалӣ, ташхиси ҳамаҷониба аз ҷониби коршиносони баландихтисосу соҳибтаҷриба ва ҷалби ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон анҷом дода шуданд ва ин кор то анҷоми пурраи иншоот идома пайдо хоҳад кард.

Махсус таъкид месозам, ки корҳои ташхиси лоиҳа аз ҷониби беҳтарин мутахассисону коршиносони Бонки умумиҷаҳонӣ панҷ-шаш сол идома пайдо карданд.

Бунёди сарбанди нерӯгоҳ, ки сатҳи баланди касбият ва таҷрибаи зиёдро тақозо менамояд, ба уҳдаи ғолиби тендери байналмилалӣ - Ширкати итолиёии “Салини Импреҷило” вогузор гардидааст.

Тавре ки ҳамватанони азизамон дар ёд доранд, мо 29-уми октябри соли 2016 маҷрои дарёи Вахшро тағйир додем, ки ин ба бунёди таҳкурсии пешдарғоти сарбанди 335-метраи нерӯгоҳ асоси боэътимод гузошт.

То имрӯз бунёди толори мошинҳо ва трансформаторҳо, ки дар зери кӯҳ ҷойгир шудааст, бо насби қисми агрегатҳо амалӣ гардидааст, ки дар ҷаҳон назир надорад.

Ман аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба созмонҳои байналмилалии молиявӣ, ҳамаи муҳандисону мутахассисони ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла роҳбарону кормандони ширкатҳои бонуфузи чандин кишварҳои хориҷӣ, ки васлу насб ва банду басти таҷҳизоти гидрогенератори агрегати шашуми нерӯгоҳро бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраршуда анҷом дода, ҳоло чунин корро дар агрегати панҷум идома дода истодаанд, миннатдории самимӣ баён менамоям.

Корҳои сохтмону васлкунӣ дар нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» бо ҷалби 67 ташкилоту муассисаҳо, пудратчиёни номдори ватаниву хориҷӣ ва шумораи умумии зиёда аз 22 ҳазор нафар мутахассисону коргарон, ки беш аз 90 фоизи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, инчунин, бо истифодаи 3600 мошину механизмҳо амалӣ гардида истодаанд.

Қобили зикр аст, ки бунёди ин нерӯгоҳ аз ҳар шахсе, ки дар он иштирок мекунад, пеш аз ҳама, нақбканҳо ва умуман, ҳамаи мутахассисону коргарон заҳмати сахт ва матонати зиёдро талаб мекунад, зеро 90 фоизи корҳо дар зери замин анҷом дода мешаванд.

Воқеан, нерӯгоҳи «Роғун» барои ҳамаи ширкатҳои ватаниву хориҷӣ мактаби бисёр нодир буда, ҳазорон нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи тоҷикро ба бозори байналмилалии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ омода карда истодааст.

Бовар дорам, ки таҷрибаи бойи мутахассисони Тоҷикистон дар оянда на танҳо дар дохили кишвар, балки дар мамолики дигар низ васеъ истифода хоҳад шуд.

Ҳамватанони азиз!

Дар кишвари мо тайи 27 соли истиқлолияти давлатӣ бо мақсади афзоиш додани иқтидорҳои истеҳсолии соҳаи энергетика, таҳкими низоми энергетикӣ, баланд бардоштани сифат ва эътимоднокии таъминоти соҳаҳои мухталифи иқтисодиёту иҷтимоиёт бо барқ, дастрасии доимии муштариён ба нерӯи барқ ва кам намудани талафоти техникии он, дар маҷмӯъ, 25 лоиҳа ба маблағи умумии 23 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи 9 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии 6 миллиард сомонӣ идома дорад.

Дар баробари ба истифода супоридани иншооти навбати аввали нерӯгоҳи “Роғун” ва истеҳсоли барқи аввал, ки ҳоло мо шоҳиди ин рӯйдоди таърихӣ гардидем, то имрӯз дар дигар иншооти асосиву ёрирасони он низ корҳои зиёде анҷом ёфтаанд.

Аз ҷумла бунёди хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи “Роғун- Душанбе” ба маблағи 745 миллион сомонӣ ва зеристгоҳи барқии нерӯгоҳ бо харҷи 630 миллион сомонӣ сохта ва ба истифода дода шуд.

Ба шарофати иншооти зикршуда чанд лаҳза пеш нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба шабакаи ягонаи энергетикии Тоҷикистон пайваст гардид ва барқи истеҳсоли “Роғун” ба хонадони ҳар як сокини кишвар расид.

Корҳои сохтмону васлгарӣ дар нақбҳои сохтмонии якуму дуюм пурра ба анҷом расонида шуданд ва нақби сохтмонии сеюм низ, ки бо тавсияи коршиносони Бонки умумиҷаҳонӣ ба хотири таъмини бехатарии иншоот ҳангоми серобии эҳтимолӣ ба нақша гирифта шудааст, дар муҳлати муқарраргардида сохта шуд.

Барои ба истифода додани агрегатҳои минбаъда корҳо дар нақбҳои нақлиётиву ёрирасон низ вусъат ёфта истодаанд ва бо итминон гуфта метавонем, ки агрегати дуюми нерӯгоҳ тибқи нақша соли 2019 ба кор андохта мешавад.

Хотирнишон месозам, ки марҳалаи имрӯза ҳанӯз оғози кор буда, барои пурра ба анҷом расонидани корҳо дар нерӯгоҳ вақт ва заҳмати зиёд зарур аст. Вале бо дарназардошти таҷриба ва натиҷаҳои то имрӯз бадастовардаамон дилпурона изҳор медорам, ки мо бунёди нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом мерасонем.

Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози корҳои сохтмон то имрӯз иншооти нерӯгоҳро аз ҳисоби буҷети давлат дар ҳаҷми умумии 24 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ намуд.

Танҳо барои иҷрои корҳои сохтмони пешдарғот аз соли 2016 то инҷониб сеюним миллиард сомонӣ сарф шудааст.

Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дар хотир доранд, ки ман 5-уми январи соли 2010 ба онҳо муроҷиат намуда, даъват карда будам, ки саҳми худро дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», яъне манбаи нуру гармии хонадони хеш гузоранд.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ба ҳамаи онҳое, ки даъвати моро пазируфта, саҳмияҳои нерӯгоҳро харидорӣ карданд ва барои оғози корҳои сохтмони он саҳми ватандӯстона гузоштанд, миннатдории самимӣ баён мекунам.

Дар ин рӯзи саиду муборак ба намояндагони ҳамаи ширкатҳои хориҷие, ки дар ин иншооти тақдирсози халқи мо паҳлу ба паҳлу бо бунёдкорони тоҷик заҳмат мекашанд, инчунин, ба аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳҳомии «Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» изҳори сипос карда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳои нав орзу менамоям.

Азми қатъӣ ва иродаи матини фарзандони ватандӯст ва бонангу номусе, ки ҳоло дар ин майдони заҳмати мардона мушоҳида мегардад, моро ба ояндаи ободи Тоҷикистони азизамон умеди қавӣ мебахшад.

Баъди гузашти айём мову фарзандонамон бо ифтихор хоҳем гуфт, ки нерӯгоҳи «Роғун» - ин кохи бузурги нури миллатро мо бо заҳмати худамон, яъне бо саъю талоши халқи бузургворамон ва бо ҳамкории беҳтарин мутахассисони кишварҳои дунё бунёд кардем.

«Роғун» баъди пурра ба кор даромадани он боргоҳи бузурги нуру гармӣ мешавад, орзуи чандинсолаи миллати тамаддунсози мо амалӣ мегардад ва кулли нияту нақшаҳои мардуми шарифи тоҷик ба воқеият табдил меёбанд.

«Роғун» имрӯз ва дар оянда низ мояи ифтихори ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва эҳсоси гарми ватандориву сарбаландии мардуми тоҷик хоҳад буд!

Бори дигар, агрегати аввал, нури аввал ва нахустшӯълаи чароғистони бузурги миллатро, ки ба ҳар хонадони кишвар расид, яъне оғози давраи нави ҳаёти ҷомеа ва давлатро ба тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд сидқан ва самимона табрик мегӯям.

Оғози кори «Роғун» - кохи бузурги нур, шарти пешрафти устувори Ватан, рӯзгори обод ва рӯи сурхи ҳар як фарди мамлакат муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Ҳазорон аҳсану офарин ба бунёдкорони «Роғун» - қаҳрамонони арсаи заҳмати созандаву мардона!

Шараф ба мардуми ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус ва заҳматпешаву сарбаланди Тоҷикистон!

Халқи бузургвори ман! Хонадони ҳар як фарди ту аз нури «Роғун» то абад равшан, қалби хурду бузурги сокинонат то ҷовидон гарм аз меҳри Ватан бошад!

Ҷовидон бод истиқлоли давлати тоҷикон!

Пояндаву абадӣ бод сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон!

Роҳат сафеду пурнур, озодиву истиқлолат ҷовидонӣ, қадамҳоят ба сӯи фардои обод устувор ва хонадани ҳар як фарзандат пур аз хушбахтиву иқбол бошад, Тоҷикистони азиз!

Ҳамеша саломату сарбаланд ва хушбахту хушиқбол бошед, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)