Навигарӣ
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ муайян гардида, мавқеи он тибқи қонунгузорӣ ҳамчун забони далатӣ муқаррар карда шудааст. Забони тоҷикӣ сарчашмаи ифтихори миллат ва пояи устувори давлатдорист. Ҳар як соҳибзабон вазифадор аст, ки баҳри поку беолоиш нигоҳ доштан, ба наслҳои оянда расонидани забони давлатӣ саҳмгузор бошад.Аз ин рӯ, мардуми бонангу номуси тоҷик ба хотири ҳифз ва гиромидошти забони давлатӣ ва дигар арзишҳои миллӣ дар раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва эълон намудаанд, ки мавқеи забони давлатӣ дар моддаи 2 Конститутсия ҷойгир карда шуда, чунин меъёр пешбинӣ шудааст:«Забони давлатии Тољикистон забони тољикї аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».Забони тољикӣ дар асоси Конститутсия ба сифати забони расмии давлатӣ қабул гардида, аз ҷониби давлат ҳифз карда мешавад.
ЗАБОН – ОИННАИ МИЛЛАТ, ОМӮЗГОР -ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ
ЗАБОН – ОИННАИ МИЛЛАТ, ОМӮЗГОР -ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ2- юми октябри соли равон дар ташкилоти ибтидоии “Касбомӯз” – и Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе Конференсияи илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор таҳти унвони “Забон – оиннаи миллат, омӯзгор - чароғи маърифат” бо иштироки Амирбекзода Сино – директори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе, Раҷабов Абдулло – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Баротзода Файзиддин Камолиддин – муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзоёров Фирдавс Ниёзович – дотсенти кафедраи муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Ҷобиров Абдулқодир Билолович – н.и.филологии кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи мазкур баргузор гардид.Забони тоҷикӣ - забони сарнавиштсоз
(дар ҳошияи ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)Замони беҳтарини рушду шукуфоии забони тоҷикӣ дар садсолаҳои ахири мавҷудияти он давраи Истиқлол давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби роҳи дурусти тараққиёти кишварамон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мегардад. Ин аст, ки Истиқлол барои мо неъмати бебаҳоест, ки барои инкишофи худшиносию худогоҳии миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Ин нуктаи муҳимро Ҷаноби оли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатӣ чунин баён карданд: “Истиқлолу озодӣ барои мардуми Тоҷикистон гаронтарин неъмат ва пурқиматтарин сарвати зиндарӣ мебошад. Зеро ин падидаи нодири таърихӣ ба мо барои бунёди давлати мустақил, ҷомеаи озод ва мутамаддину пешрафта, эҳёи воқеии забон, таърих, фарҳанг ва дигар суннату арзишҳои чандинҳазорсолаи миллӣ имконият фароҳам овард. Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо ин аст, ки миллати тоҷик дубора ба асли хеш, яъне ҳувияти таърихии хеш баргашт, мероси чандинҳазорсолаи фарҳангӣ, илмию адабӣ, забони ноби тоҷикӣ, расму оин ва суннату анъанаҳои миллии худро эҳё кард, соҳиби намуд ва омӯзиши онҳоро аз нигоҳи нав ба роҳ монд. (3, №37(1538).ҲАМОИШИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ГИРОМИДОШТИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ МУҲИМТАРИН ОМИЛИ БАҚОИ МИЛЛАТ"
1-уми октябр, дар толори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади гиромидошт, эҳтирому арҷгузорӣ ва таҷлил аз “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамбастагӣ бо Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоиши илмӣ – назариявӣ зери унвони “Гиромидошти забони давлатӣ муҳимтарин омили бақои миллат” доир гардид.Дар кори ҳамоиш, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ - Хонзода Абдураҳмон Умар, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Раҳимзода Шоҳзод Абдулфаттоҳ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Содиқиён Умед Алимаҳмад, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ, муовини сардори Академияи ВКД – полковники милитсия – Абдулаҳадзода Абдулвоҳид, афсарон ва курсантони Академия, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Шоҳмансур ва ҷавонону наврасони фаъол ширкат варзиданд.Қабл аз қисмати расмии ҳамоиш, ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.Рӯзи забони давлатӣ дар пойтахт дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Рӯзи забони давлатӣ дар пойтахт дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.Тибқи нақшаи чорабинӣ, дар пойтахт баргузор намудани як силсила барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, маҳфилҳои адабӣ ва конференсияҳои илмӣ-амалӣ, маҷлиси тантанавӣ ва барномаи фарҳангию фароғатӣ дар назар аст.Инчунин бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи забони давлатӣ ва арҷ гузоштан ба он дар тамоми кӯчаву хиёбонҳои шаҳр навиштаҷоте, ки бузургию шаҳомати забони тоҷикиро баён менамоянд, насб карда мешаванд.Ҳамзамон тамоми муассисаю ташкилоти зерсохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор шудаанд, ки бахшида ба ин рӯз бо иштироки олимону адибон маҳфилҳои адабӣ баргузор намоянд.Забони тоҷикӣ давоми ҳазорсолаҳо ташаккул ёфта, давлату Ҳукумати мамлакат барои пойдорӣ ва рушди устувори он пайваста тадбир меандешад. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими забони давлатӣ пайваста тадбирҳои мушаххас амалӣ менамояд.Маҳфили илмӣ-адабӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва таблиғи шоҳномахонӣ
30 сентябри соли 2025 дар толори Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, гиромидошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва таблиғи шоҳномахонӣ баргузор гардид.Дар он кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.Дар маҳфил Абдуллозода Умеда муовини Раиси ҲХДТ, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода, шоирони халқии Тоҷикистон Назри Яздон ва Хайриддин Хайрандеш иштирок ва суханронӣ карданд.Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло
1. Сол ва ҷойи таваллуд 1964, вил. Хатлон, н. Қубодиён
2. Миллат тоҷик
3. Таҳсилот олӣ
4. Ҷинс марда) Кадом муассисаи таълимиро хатм кардааст ва кай: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 1989, шуъбаи рӯзона.
б) Кадом ихтисосро гирифтааст: Филолог. Муаллими забони форсӣ ва забону адабиёти тоҷикКасб, вазифа, ҷои кор, хизмат: Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
(номи дақиқи шуъба, воҳиди дигари корхона, муассиса, ташкилот, вазорат, кумитаи давлатӣ ва идора зикр карда мешавад)
Унвони илмӣ ва таърихи додани он:
номзади илми филология (1996), доктори илми филология (2015), дотсент (2011), профессор (2016), узви вобастаи АМИТ (2017), ихтисос: забоншиносӣ.Собиқаи умумии кор 35 сол
Собиқаи кор аз рӯи ихтисос 33 солБо кадом мукофотҳои давлатии СССР, РСС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст: Медали хизмати шоиста (2022)
(орденҳо, медалҳо, ифтихорнома , унвони фахрӣ ва ғайра)Мукофотҳои соҳавӣ:
Мушовири давлатии дараҷаи 2 (2021), Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021), узви конфедератсияи журналистони Тоҷикистон аз соли 1996 мебошад. Бо ифтихорномаҳои чандкаратаи АМИТ ва ДДОТ ба номи С.Айнӣ мушарраф гардидааст.Кор аз оғози фаъолияти меҳнатӣ:
Вазифа ва номи пурраи ҷойи кор
Сабаби аз кор рафтан
Ба кор дохил шудан
Аз кор хориҷ шудан
1989
1991
Лаборанти шуъбаи шевашиносии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин
1991
1994
Аспиранти шуъбаи шевашиносии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
таҳсилот
1994
1998
Ходими хурди илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин
1998
2003
Ходими калони илмии шуъбаи шевашиносии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин
2003
2005
Муҳаррири маҷаллаи «Бойчечак»
таъин
2005
2007
Муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
таъин
2008
2010
Мудири кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
таъин
2010
2012
Декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
таъин
2012
2013
Рухсатии эҷодӣ
таъин
2013
2015
Мудири кафедраи забони тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
таъин
2015
2017
Директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин
2017
2019
Директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин
2019
2020
Профессори кафедраи назария ва амалияи забоншиносии ДДОТ ба номи С. Айнӣ
таъин
2020
2025
Муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин
2025
То ҳол
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин
ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 34-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шумо ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори бузургтарин ҷашни миллиамон – 34-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, саодати рӯзгор ва файзу баракат орзу менамоям.
Истиқлолу озодӣ барои мардуми Тоҷикистон гаронтарин неъмат ва пурқиматтарин сарвати зиндагӣ мебошад.
Зеро ин падидаи нодири таърихӣ ба мо барои бунёди давлати мустақил, ҷомеаи озод ва мутамаддину пешрафта, эҳёи воқеии забон, таърих, фарҳанг ва дигар суннату арзишҳои чандинҳазорсолаи миллӣ имконият фароҳам овард.
Маҳз ба шарофати истиқлол ва дар зери парчами истиқлол мардуми шарафманди тоҷик 34 сол инҷониб бо заҳмати содиқонаву софдилона давлати миллии худро бунёд ва Ватани маҳбуби хешро обод карда истодаанд.
Миллати тоҷик ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ ба зарбаи ҷонкоҳи таърих гирифтор гардид, вале ба шарофати хиради азалии худ он рӯзҳои бисёр сахту сангинро бо иродаи матин ва рӯҳи қавӣ сипарӣ намуд.
Яъне дар он айёми фоҷиабор бо майлу ирода ва дастгириву пуштибонии мардуми куҳанбунёдамон хатари нест шудани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик пешгирӣ карда шуд.
Миллати азизи тоҷик дар он давраи ниҳоят мураккабу тақдирсоз қаҳрамонии бемисли таърихӣ нишон дод ва ба ҷаҳониён собит сохт, ки дар ҳақиқат яке аз миллатҳои бостонӣ, фарҳангӣ ва тамаддунсози дунё мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир, сокинони кишвари мо ба истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ арҷи хосса мегузоранд, аз ин дастовардҳои худ ифтихор мекунанд ва ин неъматҳои бебаҳои зиндагии худро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоянд.
Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо имрӯз ҳамқадами дигар кишварҳои мутараққии олам ба сӯйи ояндаи дурахшону ободи худ бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Кишвари мо бо заҳмату талоши ватандӯстонаи мардумамон аз як ҷашни истиқлол то ҷашни дигар ободу зеботар ва дастовардҳои он дар ҳама самтҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ сол ба сол бештар мегарданд.
Ҷашни 34-солагии истиқлоли давлатӣ низ бо пешравиҳои назаррас дар иҷрои барномаву нақшаҳои қабулгардида таҷлил мегардад.
МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА 34-УМИН СОЛГАРДИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳот бахшида ба таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутобро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст ва имрӯз, яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ низ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст.
Раиси Кумита Раҳматуллозода Сахидод забони тоҷикӣ ва ташаккули пайвастаи онро дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии халқи тоҷик арзёбӣ карда, иброз дошт, ки забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ нақши асосӣ дорад ва ба ин далел забони миллат асоси бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад. Мардуми тоҷик бо иродаи қавии худ дар моддаи 2-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ қабул ва эътироф кардаанд.Коррупсия– хатари зуҳуроти фарогир ба арзишҳои ахлоқии ҷомеа
«Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад»
Эмомалӣ РаҳмонКоррупсия кирдорест, ки метавонад ба ҳаёти ҳамаррӯзаи мо таъсир расонад. Он аз як амали ночиз оғоз шуда, монеаи асосии рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дар ҷомеа гардида, боиси нобоварии мардум ба ҳокимият, заиф шудани қонун ва халалдор шудани принсипҳои адолати иҷтимоӣ мегардад. Барои муқовимат бо ин падидаи манфӣ, на танҳо чораҳои давлатӣ, балки иштироки фаъолонаи шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад.
Мақсади ҳар як ҷомеа ва њар як давлат, инчунин, роњбарияти сиёсии он ташкилу таъмини њаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу диёр, сарсабзӣ ва сарбаландии миллат дар арсаи байналмилалї мебошад. Вале барои ба ин њадафњои воло расидан ѓайриихтиёр монеањои зиёде пеш меоянд, ки барои рафъи онњо кўшишҳои дастаљамъонаи зиёде лозиманд.
Мавриди зикр аст, ки инсоният имрўз ба хатарњои нави глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дигар хатарҳо рўбарў гаштааст. Айни замон ба ин хатарњо боз коррупсия зам шудааст. Коррупсия низ дар ҷомеа реша давондааст, ки зарари он нисбат ба хатарҳои зикршуда камтар нест ва ба онњо алоқамандии зич дорад.
Бояд дар хотир дошт, ки коррупсия, воқеан, яке аз ҷиноятҳои хавфноки сиёсие ба њисоб меравад, ки барои амалӣ гардидани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат монеа барпо намуда, намегузорад, ки маблағҳои давлатӣ барои барномаҳои пешбинишуда амалӣ гарданд. Коррупсия метавонад нобоварии шаҳрвандонро нисбат ба давлату ҳукумат ва сиёсати пешгирифтаи он эљод намуда, барои сар задани ҷиноятҳои гуногун замина гузорад.
Бо ин ҳама коррупсия падидаи иљтимоиест, ки дар тафаккури ҷамъиятӣ низ фаҳмиш ва тафсири якхела надорад. Ҳамин аст, ки имрўз муносибати шањрвандон бо коррупсия гуногун буда, онро бо ришва, суйистифода аз мансаб, судхурӣ, хушомад задан ва ғайра таъбир мекунанд.
Даромад
Харита
Тамос






























Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.


