Навигарӣ
- Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст.Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё ки забон надорад.Садриддин Айни.
Нақшаи санҷишии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси банди 27-и моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» вобаста ба назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нақшаи санҷишии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Бештар оида ба Нақшаи санҷишии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси банди 27-и моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» вобаста ба назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Чоп кардан
Паёми электронӣ
PDF
Реҷаи корӣ ва рӯзҳои қабул
РЕҶАИ КОРӢ
Душанбе - Ҷумъа: аз 08:00 то 17:00
Шанбе: аз 09:00 то 12:00РӮЗҲОИ ҚАБУЛ
Раиси Кумита:
Сешанбе: аз соати 14:00 то 16:00
Панҷшанбе: аз соати 14:00 то 16:00
Шанбе: аз соати 09:00 то 12:00 мувофиқи нақшаи муқарраргардидаМуовини раиси Кумита:
Чоршанбе: аз соати 14:00 то 16:00
Ҷумъа: аз соати 14:00 то 16:00
Шанбе: аз соати 09:00 то 12:00 мувофиқи нақшаи муқарраргардидаКонференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Саҳми устод Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ»
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 13-уми апрели соли 2018 Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро бахшида ба 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик - академик Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Саҳми устод Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ» бо иштироки олимону донишмандони кишвар ба нақша гирифтааст. Бақайдгирии иштирокдорон дар толори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» соати 08:00 оғоз мегардад.
Дар Конференсия масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолият ва саҳми бузурги устод Садриддин Айнӣ дар ҳифзи асолати забон ва бузургдошти анъанаҳои миллӣ ва мақоми ҷаҳонии Айнӣ ҳамчун мутафаккири тоҷик баррасӣ хоҳад шуд. Барои иштирок дар конференсия матни маърӯзаро то 6-уми апрели соли 2018 ба нишонии мо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, ошёнаи 3-юми бинои Тоҷикфилм ё ин ки почтаи электронии Кумита kumitaizabon@mail.ru пешниҳод намоед.
Талабот ба таҳияи маърӯзаҳо:
Маърӯзаро дар ҳаҷми аз 4 то 6 саҳифаи чопӣ дар формати Word, варақаи андозаи А4, фосилаҳо аз боло 2 см., аз поён 2 см., аз чап 3 см., аз рост 1,5 см., фосилаи байни сатрҳо 1,5 ҳуруфи Times New Roman бо истифодаи тарҳбандии ҳарфкалиди стандартӣ ва ҳарфҳои алифбои тоҷикии стандартӣ, андозаи ҳарфҳо 14 дар шакли чопӣ ё электронӣ пешниҳод кардан зарур аст. Ному насаб, унвон ва дараҷаи илмӣ, вазифаи ишғолкардаи муаллиф бо пуррагӣ дар гӯшаи рости варақ баъди унвони маърӯза ҷойгир карда шавад. Маводи конференсия дар шакли маҷмӯа чоп мешавад.
Телефонҳо барои тамос: 227-59-25; 227-64-51; 92-721-53-46.Иди Наврӯз муборак!
Наврӯз расид ёри дирӯзии ман
Як рӯз биё барои дилсӯзии ман
Ғамҳои ту куҳнаанд, аммо имрӯз
Хуштар зи ғами ту нест наврӯзии манДар гирди хони Наврӯз хешу табору ёрон
Дуранд ё ки наздик, бояст ҷамъ оянд.
Бошад ки сер бинанд соли дароз ҳамро,
Бо ҳамдигар бисозанд, бо ҳамдигар бипоянд.Дар рӯи хони Наврӯз бояд ки боз бошад
Ҳам шохаи гули тар, ҳам неши сабзи гандум.
Бошад ки бахти одам бошад чу гул шукуфон,
Бошад ки сер бошанд аз нон тамоми мардум.Дар рӯи хони Наврӯз рамзи баҳори дунё
Ё ҳафтсин бибояд ё ҳафт навдаи он –
То боғи ҳафт иқлим рӯи хазон набинад,
То боғи умр бошад то ҷовидон гулафшон.Дар базми иди Наврӯз аз ҳафт навъи бода
Ман ҷоми хештанро пур мекунам, ҳарифон,
Менушамаш ба шоди бо кулли мардуми даҳр
Рӯи ғаме набинад то ҳафт пушти инсон!Бародар иди Наврӯзат муборак
Баробар шуд шабурӯз, муборак
Муборак бодат имсолу ҳама сол
Ҳумоюн бодат имрӯзу ҳама рӯзат!Истиқболи Наврӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳот
Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Кумита рӯзи 20-уми марти соли равон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии идона баргузор гардид. Саҳну толор ва роҳравҳои Кумита бо шиору байтҳои Наврӯзӣ ва дастархони рамзии идона оро дода шуданд, ки ба ҳар бинандаву меҳмонон рӯҳу илҳоми тоза мебахшид.
Чорабиниро раиси Кумита Гавҳар Шарофзода ифтитоҳ намуда, аз таъриху пайдоиш ва қадимияти ин ҷашни фархундаи аз ниёгонамон ба мо меросмонда, ки имрӯз ҷаҳонӣ гардидааст, суханронӣ намуд. Сипас, Муовини раиси Кумита ва роҳбарони сохторҳои Кумита дар мавзӯъҳои гуногуни ҷанбаи фарҳангиву маърифатидошта ва инсондӯстиву ваҳдатсароии Наврӯзи оламафрӯз сухан карда, дар васфи баҳору Наврӯз шеъру ғазалҳо қироат карданд.
Дар анҷом кормандон ба ду гурӯҳ тақсим шуда, байтбаракхонӣ карданд, ки ин яке аз суннатҳои фарҳангии Наврӯзи тоҷикон аст.
Тасдиқи рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯз 2018
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2018 рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯзро тасдиқ намуданд.
Рамзи мазкур намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин ва дар атрофаш Парчами миллӣ ва пайки баҳор - суманак, парасту ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврӯз – 2018» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ инъикос ёфтааст.
Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи Ҷашни байналмилалии «Наврӯз – 2018» васеъ истифода намоянд.
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Кумитаи забон қаноатмандед?
Ба кадом сабаб дар навишти имлои забони тоҷикӣ мушкилӣ мекашед?
Аз банди 2-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ ҳастед?