Навигарӣ

  • «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ва масъалаи номгузорӣ матраҳ гардид

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 29 Июн, 2018 - 21:12
    «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ва масъалаи номгузорӣ матраҳ гардид

         Танзими  номгузории шаҳрвандон  дар заминаи меъёрҳои  таърихии номгузории  тоҷикӣ ба фарзандон, ки яке аз арзишҳои   маънавии миллии мо  маҳсуб ёфта,  аз гузаштаи дури  таърихи забонамон сарчашма мегирад, амалӣ мешавад. Он ҳамеша мавриди  таваҷҷуҳи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  дорад. Ин нуктаро раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода  имрӯз зимни баргузории  конфронс дар мавзӯи «Ташвиқу тарғиби дурусти «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» баён дошт.
         Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ медиҳад, дар конфронс кормандони Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти шиносномадиҳӣ иштирок намуда, масъалаҳои риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳангоми бақайдгирӣ ва номгузорӣ ба кӯдакон, таҳлили сабти ному насаб дар бахшҳои САҲШ-и шаҳру ноҳияҳои мамлакатро баррасӣ намуданд.
         Сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвбону Фарҳодова дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт, ки ҳадафи баргузории конфронси имрӯза- ин дуруст пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои асосии тасдиқкунандаи номи шаҳрвандон мебошад.
         Мутобиқи моддаи 20 –и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба шахс илова намудани тахаллусҳои «Мулло», «Халифа», «Тура», «Хоҷа» «Валӣ», «Охун» ва тахаллусҳои ба инҳо монанд, ки боиси тафриқаандозӣ миёни мардум мегарданд, манъ мебошад.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (2 овоз)
  • Мушкилоти истилоҳнигорӣ роҳи ҳалли худро меёбад

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Июн, 2018 - 14:04
    Кумитаи забон ва истилоҳот

         Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дастуру супоришҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба забони илм табдил додани забони давлатии Тоҷикистон ва бо роҳи танзими дурусти истилоҳнигорӣ минбаъд ҳам рушду густариш додани забони адабии тоҷикӣ рӯзи 25-уми июни соли 2018 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита баргузор гардид.
         Дар ҷаласа беш аз 100 нафар олимони забоншиноси тоҷик, - аъзои бахшҳои тахассусии Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита, мутахассисону намояндагони вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, намояндагони ВАО ва кормандони Кумита ширкат варзиданд, ки масъалаҳои  вобаста ба  вазъи  истилоҳнигорӣ дар фаъолияти Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита мавриди  баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуда, бо мақсади минбаъд ҳам рушду густариш додани ҳамкории самараноки Шӯро бо вазорату идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ниҳодҳои илмию таҳқиқотии кишвар бо дарназардошти таклифу пешниҳодоти иштирокдорон қарори ҷаласаи Шӯро  қабул карда шуд, ки он ба  пешбурди сармараноки фаъолияти Шӯро, низоми дурусти истилоҳнигорӣ   ва танзими он равона гардидааст.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (2 овоз)
  • Намунаҳои ариза

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 17 Май, 2018 - 08:54
    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    1
    Баҳои миёна: 1 (1 овоз)
  • Забони яғнобӣ

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Май, 2018 - 11:46

    Забони яғнобӣ
    Забони яғнобӣ (yaγnobi zivok) ба забонҳои эронии гурӯҳи забонҳои шимоли шарқӣ мансуб аст. Ин забон идомаи таърихии як лаҳҷаи кӯҳистонии шохаи Уструшанаи забони суғдист, ки ба сабаби дар инзивои кӯҳистон қарор доштани соҳибонаш то ба ҳол маҳфуз мондааст3 ва аз ин рӯ, бархе аз эроншиносон онро «забони суғдии нав» низ гуфтаанд4. Номи он аз номи дара (водӣ)-и Яғноб (ҳоло қисмате аз ноҳияи Айнии вилояти Суғди Тоҷикистон), ки дар болооби рӯди Зарафшон воқеъ буда, ватани аслии соҳибони ин забон аст, гирифта шудааст ва бархе аз муҳаққиқон онро ба маънии «дараи
    яхин» ва бархи дигар «дараи васеъ» тафсир кардаанд. Гӯишварони забони яғнобӣ дар 22 деҳаи водии Яғноб зиндагӣ мекарданд. Дар асрҳои XVI-XVII бархе аз яғнобиён ба минтақаҳои соҳилии рӯди Варзоб кӯчида, ҳоло дар рустоҳои Кӯктеппа, Зуманд, Гаров, Роғ ва Дара иқомат доранд. Хонаводаҳои яғнобиён дар деҳоти дараи Харангон ва рустоҳои Мавлонҷари Боло, Бешбулоқ, Келитош, Ҷабалай, Чағатой, Хонақоҳ ва Чиптӯраи водииҲисор низ истиқомат мекунанд.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    2
    Баҳои миёна: 1.5 (370 овоз)
  • Рӯзномаи «Ганҷи забон» №3 (24), марти соли 2018

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Май, 2018 - 00:00
    Рӯзномаи «Ганҷи забон» №3 (24), марти соли 2018

    Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст.
    Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё ки забон надорад.


    Садриддин Айни.
    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    3
    Баҳои миёна: 3 (2 овоз)
  • Нақшаи санҷишии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси банди 27-и моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» вобаста ба назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Май, 2018 - 12:16

    Нақшаи санҷишии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (2 овоз)
  • Реҷаи корӣ ва рӯзҳои қабул

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 30 Апрел, 2018 - 20:26

    РЕҶАИ КОРӢ

    Душанбе - Ҷумъа: аз 08:00 то 17:00

    Шанбе: аз 09:00 то 12:00

    РӮЗҲОИ ҚАБУЛ

    Раиси Кумита:

    Сешанбе: аз соати 14:00 то 16:00

    Панҷшанбе: аз соати 14:00 то 16:00

    Шанбе: аз соати 09:00 то 12:00 мувофиқи нақшаи муқарраргардида

    Муовини раиси Кумита:

    Чоршанбе: аз соати 14:00 то 16:00

    Ҷумъа: аз соати 14:00 то 16:00

    Шанбе: аз соати 09:00 то 12:00 мувофиқи нақшаи муқарраргардида

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (2 овоз)
  • Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Саҳми устод Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ»

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 27 Март, 2018 - 13:09
    Айнӣ Садриддин Саидмуродзода (1878 - 1954)

         Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 13-уми апрели соли 2018 Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро бахшида ба 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик - академик Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Саҳми устод Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ» бо иштироки олимону донишмандони кишвар ба нақша гирифтааст. Бақайдгирии иштирокдорон дар толори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» соати 08:00 оғоз мегардад.
         Дар Конференсия масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолият ва саҳми бузурги устод Садриддин Айнӣ дар ҳифзи асолати забон ва бузургдошти анъанаҳои миллӣ ва мақоми ҷаҳонии Айнӣ ҳамчун мутафаккири тоҷик баррасӣ хоҳад шуд. Барои иштирок дар конференсия матни маърӯзаро то 6-уми апрели соли 2018 ба нишонии мо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, ошёнаи 3-юми бинои Тоҷикфилм ё ин ки почтаи электронии Кумита kumitaizabon@mail.ru пешниҳод намоед.

    Талабот ба таҳияи маърӯзаҳо:
    Маърӯзаро дар ҳаҷми аз 4 то 6 саҳифаи чопӣ дар формати Word, варақаи андозаи А4, фосилаҳо аз боло 2 см., аз поён 2 см., аз чап 3 см., аз рост 1,5 см., фосилаи байни сатрҳо 1,5 ҳуруфи Times New Roman бо истифодаи тарҳбандии ҳарфкалиди стандартӣ ва ҳарфҳои алифбои тоҷикии стандартӣ, андозаи ҳарфҳо 14 дар шакли чопӣ ё электронӣ пешниҳод кардан зарур аст. Ному насаб, унвон ва дараҷаи илмӣ, вазифаи ишғолкардаи муаллиф бо пуррагӣ дар гӯшаи рости варақ баъди унвони маърӯза ҷойгир карда шавад. Маводи конференсия дар шакли маҷмӯа чоп мешавад.

    Телефонҳо барои тамос: 227-59-25; 227-64-51; 92-721-53-46.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Иди Наврӯз муборак!

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 21 Март, 2018 - 10:41

    Рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯз 2018

    Наврӯз расид ёри дирӯзии ман
    Як рӯз биё барои дилсӯзии ман
    Ғамҳои ту куҳнаанд, аммо имрӯз
    Хуштар зи ғами ту нест наврӯзии ман

    Дар гирди хони Наврӯз хешу табору ёрон
    Дуранд ё ки наздик, бояст ҷамъ оянд.
    Бошад ки сер бинанд соли дароз ҳамро,
    Бо ҳамдигар бисозанд, бо ҳамдигар бипоянд.

    Дар рӯи хони Наврӯз бояд ки боз бошад
    Ҳам шохаи гули тар, ҳам неши сабзи гандум.
    Бошад ки бахти одам бошад чу гул шукуфон,
    Бошад ки сер бошанд аз нон тамоми мардум.

    Дар рӯи хони Наврӯз рамзи баҳори дунё
    Ё ҳафтсин бибояд ё ҳафт навдаи он –
    То боғи ҳафт иқлим рӯи хазон набинад,
    То боғи умр бошад то ҷовидон гулафшон.

    Дар базми иди Наврӯз аз ҳафт навъи бода
    Ман ҷоми хештанро пур мекунам, ҳарифон,
    Менушамаш ба шоди бо кулли мардуми даҳр
    Рӯи ғаме набинад то ҳафт пушти инсон!

    Бародар иди Наврӯзат муборак
    Баробар шуд шабурӯз, муборак
    Муборак бодат имсолу ҳама сол
    Ҳумоюн бодат имрӯзу ҳама рӯзат!

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (2 овоз)
  • Истиқболи Наврӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳот

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 20 Март, 2018 - 14:49
    Истиқболи Наврӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳот

         Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Кумита рӯзи 20-уми марти соли равон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии идона баргузор гардид. Саҳну толор ва роҳравҳои Кумита бо шиору байтҳои Наврӯзӣ ва дастархони рамзии идона оро дода шуданд, ки ба ҳар бинандаву меҳмонон рӯҳу илҳоми тоза мебахшид.

         Чорабиниро раиси Кумита Гавҳар Шарофзода ифтитоҳ намуда, аз таъриху пайдоиш ва қадимияти ин ҷашни фархундаи аз ниёгонамон ба мо меросмонда, ки имрӯз ҷаҳонӣ гардидааст, суханронӣ намуд. Сипас, Муовини раиси Кумита ва роҳбарони сохторҳои Кумита дар мавзӯъҳои гуногуни ҷанбаи фарҳангиву маърифатидошта ва инсондӯстиву ваҳдатсароии Наврӯзи оламафрӯз сухан карда, дар васфи баҳору Наврӯз шеъру ғазалҳо қироат карданд.

         Дар анҷом кормандон ба ду гурӯҳ тақсим шуда, байтбаракхонӣ карданд, ки ин яке аз суннатҳои фарҳангии Наврӯзи тоҷикон аст.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    3
    Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Pages