Таърих

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 18 Ноябр, 2018 - 12:38

Эъломи истиқлолияти давлатӣ. Волотарин дастоварди сиёсӣ дар таърихи Тоҷикистони навин соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ мебошад. Дар давраи муқовиматҳои шадиди сиёсӣ Иҷлосияи дувуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) 24 августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд.
Соҳибистиқлолие, ки дар ин санади таърихӣ эълон шуда буд, ҳанӯз «соҳибистиқлолӣ дар доираи салоҳияти Иттиҳоди Шӯравӣ» маҳсуб мешуд, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави худ ҳамаи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангиро, ба истиснои масъалаҳое, ки ихтиёран ба салоҳияти Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ дода мешуданд, мустақилона ҳал мекард.
Ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ барои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷумҳуриҳои иттифоқии он як давраи инкишофи ғайричашмдошти таърихӣ буд. Воқеан, падида ва ҳодисаҳои сиёсӣ ончунон босуръат тағйир меёфтанд, ки ҳатто баъзе роҳбарони мақоми аввали ин ҷумҳуриҳо аз дарки маънии ин раванд оҷиз мемонданд.
Ҳодисаҳои моҳи августи соли 1991 аз оғози рӯзҳои вопасини ин давлати абарқудрат дарак медод. Акнун ҷумҳуриҳо муҳтавои истиқлолияти сиёсиро дар ин марҳала дарк намуда, барои ба даст овардани истиқлолияти комил саъй ва талош менамуданд. Чун ин таҳаввулоти сиёсӣ ва раванди сиёсӣ Тоҷикистонро, низ бидуни истисно, метавонист фаро гирад, аз ин рӯ зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Эъломияи соли 1990 равшан эҳсос карда мешуд.
Ин вазъ дар изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) аз 9 сентябри соли 1991 қабул шуда буд, чунин баён гардидааст: «Тағйироти инқилобиро дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ ба назар гирифта, кӯшиши ҷумҳуриҳои соҳибихтиёри ба он дохилшавандаро оиди аз нав барқарор намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ эҳтиром намуда, мувофиқи Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 августи соли 1990 қабул шуда буд, Шӯрои Олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад».
Изҳороти қабулшуда боис шуд, ки Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори махсуси худро «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуда, матни Изҳороти Шӯрои Олиро дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул донад.
Қабул шудани ин ду санади таърихӣ ба таври ҳатмӣ зарурати такмили Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо мекард. Бо дарки ин амри воқеӣ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарори алоҳида қабул намуд.
Дар ин рӯзи таърихӣ, яъне 9 сентябри соли 1991 тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд ва дар натиҷа воқеияти истиқлолияти Тоҷикистон ба сатҳи меъёри конститутсионӣ расонида шуд, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ ин меъёр хусусияти баргаштнопазир дорад.
Ҳамон тавре ки аз баррасиву таҳлили асноди хуқуқии расмӣ маълум мегардад, андешаи истиқлолхоҳӣ дар тӯли як сол дар ҳолати такомули бисёр ҷиддӣ қарор гирифта, ниҳоят то ба сатҳи эътирофи истиқлолияти воқеии ҷумҳурӣ расид ва омили муайянкунандаи пешрафти ҷомеаи озоду комилҳуқуқи имрӯзаи мо гардид. «Таърих гувоҳ аст, - менависад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - ки дар тӯли ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст.
Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри XX ба шумор меравад, ки он нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ арзи ҳастӣ намуда, баъдан ҳамчун шакли давлатдории мутамаддину пешрафта сабзид, ба камол расид ва ташаккул ёфт.
Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.
Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад».
Бист соли таърихи навини давлатдории мо давраи як пурфоҷиа ва сарнавиштсози будан ё набудани давлати Тоҷикистон, таъмини сулҳу субот, ризоият ва ваҳдати миллӣ, марҳалаи омодасозии заминаҳои гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба низоми комилан нав, хулоса солҳои гузоштани таҳкурсии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, давлатдории навини тоҷикон ва мустаҳкам намудани пояҳои он буд.
Истиқлолияти давлатӣ барои мо – мардуми Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар оғози даврони истиқлолият бо таъсири бархе аз нерӯҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ кишвари мо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва он боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, хисороти бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гардид, ки ин ҳама появу рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонида, дар кишвар беқонуниятӣ ва дигар бесомониҳоро ба вуҷуд овард.
Дар чунин шароити душвори сиёсӣ шаҳрвандони ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ ба воситаи вакилони худ дар мақоми олии намояндагии кишвар масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ифода сохта, ба он ноил гардиданд, ки ба хотири барқарорӣ ва пойдории асосҳои давлатдорӣ, таҳкими шохаҳои ҳокимият ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардад.
Дар он замон Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, миллат, Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифта, вазъи сиёсиву иқтисодии кишварро бо дурнамои рушди ояндаи он дар Иҷлосияи XVI муайян намуд.
Шӯрои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб кард. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат аз лаҳзаҳои нахустини фаъолият дар ин мақоми барои сарнавишти миллат ва давлат басо пурмасъулият барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ раҳо бахшидани кишварро ба миён гузошт.
Вақт ва таҷрибаи таърихии бист соли пас аз истиқлолият собит намуд, ки роҳи муайянкарда ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон алтернативаи дигар надоштааст. Таърихи давлатдории навини тоҷикон ин ҳақиқатро бори дигар ба хубӣ собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерӯи солиму тавоно буда, худи ин мардум қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад ва обрӯву нуфузи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ҳифз намояд.
Конститутсия. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар чунин як давраи басо мушкили буҳрони сиёсӣ масъулияти олии созандагиро ба зиммаи хеш гирифта, ба он муваффақ шуд, ки манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳалливу минтақавӣ боло гузорад. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, эҳтироми озодӣ, ҳуқуқи инсон, шаҳрванд ва бо мақсади демократӣ кардани ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бори нахуст дар таърихи давлатдории навин Конститутсияи нави мамлакатро (6 ноябри соли 1994) бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки дар он ҳама дастовардҳои башарият дар иртибот ба арзишҳои олӣ, аз ҷумла ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дарҷ шудаанд.
Бори нахуст дар таърихи навини кишвар Конститутсия (Сарқонун) имконияти инкишофи ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ эълон намуда, ҳуқуқи шаҳрвандон ва ширкати онҳоро дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дарҷ намуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии ҷумҳуриро таҳким бахшида, аз роҳи эътирофи Президенти ҷумҳурӣ ба сифати Сарвари давлат ва Раиси Ҳукумат таъсиси ҷумҳурии навъи президентиро муайян кард.
Конститутсия санадест, ки шароити мушаххаси ҷомеаро дар мадди назар мегирад ва дар асоси он таҳия мешавад ва наметавонад хориҷ аз муҳити мавҷуда амал намояд. Аз ин рӯ, он санадест, ки метавонад тағйиру такмил дода шавад ва ба воқеият ҷавобгӯ бошад, дар акси ҳол арзиши меъёрии ҳуқуқии худро аз даст медиҳад.
Бо дарки ин ҳақиқат ва бо дарназардошти таъмини ваҳдати миллӣ ва ба хотири идомаи давлату давлатдории тоҷикон ҳам роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам сарварони Иттиҳоди неруҳои мухолифин дар раванди музокироти тӯлонии миёни тоҷикон пешниҳод намуда буданд, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шаванд. Маҷлиси Олӣ қарорро «Дар бораи гузаронидани раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуд, ки тибқи он рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ муайян гардида, 26 сентябри соли 1999 як силсила тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар ворид карда шуданд.
Дар асоси тағйиру иловаҳои воридшуда, бори нахуст дар таърихи сиёсии Тоҷикистон парламенти думаҷлисаи доимамалкунандаи касбӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки он барои рушди парламентаризми миллӣ ва амалияи демократии давлату давлатдории мо мусоидат намуд.
Тағйиру иловаҳо дар бахши ҳокимияти иҷроия асосан ба масъалаи салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут буданд, ки онҳо муҳлати салоҳияти президентиро аз панҷ то ҳафт сол зиёд намуда, ба ӯ ҳаққи мустақилона таъсис ва барҳам додани вазорату кумитаҳои давлатӣ, ҳаққи пешниҳоди мустақилонаи масъалаҳо, ба шумули тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, ба раъйпурсии умумихалқӣ, ҳаққи мустақилона таъин ва озод намудани намояндагони салоҳиятдори Тоҷикистон ва ғайраро додааст.
Ниҳоди комилан нави конститутсионӣ - Шӯрои адлия маҳсуб мешавад, ки он номзадии судяҳои Суди ҳарбӣ, судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанберо барои таъин ва озод намудан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Ҳамин тариқ, таҳия ва қабули нахустин Конститутсияи давлати мустақили Тоҷикистон ва ду маротиба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он марҳалаҳои гуногун ва хеле мушкилу махсусро сипарӣ кард. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми сиёсии даврони муосир бунёд гузошт. Бояд гуфт, ки низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсия бо риояи арзишҳои дигари умумибашарӣ барои рушди ояндаи кишвар бисёр мусоидат хоҳад намуд.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон. Муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат идомаи мантиқии сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ мебошад. Роҳбарии хирадмандона, самимияти беназири инсонӣ, рӯҳи қавии ватанпарастӣ, ҳамкории пурсамар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукумативу ҳизбҳои сиёсӣ, эътиқоди мардуми диёр, аз ҷумла гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ нисбат ба Президенти кишвар аз омилҳое буданд, ки ба амалӣ гардонидани нақшаҳои неку созанда мусоидат карданд. Кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат, ҳамчунин хираду заковати мардуми бонангу бофарҳанги мо дар ин роҳ натиҷаҳои матлуб ба бор оварданд ва ниҳоят 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Имрӯз таҷриба ва амалияи сулҳи тоҷикон на танҳо аҳамияти миллӣ, балки арзиши ҷаҳонӣ низ дорад. Зеро он роҳ ва намунаи хуби ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ дар давлатҳои минтақаҳои гуногун шуда метавонад. Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар ҷодаи таъмини сулҳ, ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб як миллион гуреза ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуд ва ҳамчун намуна ё модели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид. Омӯзиши ҳамаҷонибаи ин таҷриба имконият медиҳад, ки пеши роҳи сар задани чунин низоъҳо ва моҷароҳо гирифта шавад ва дар сурати ба вуқӯъ омадани ҳар гуна муноқишаҳо роҳи ҳалли онҳо ҳарчи зудтар пайдо карда шавад.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон дод, ки дар ҳалли чунин низоъҳо омилҳои дигар низ метавонанд таъсири худро расонанд. Аз ҷумла нақши Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, дигар сохторҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, ки дар ин Шӯро ба ҳам омаданд, дар роҳи муттаҳид намудани неруҳои солими ҷомеа назаррас мебошад. Таъсири Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон, ки 9 марти соли 1996 аз ҷониби 30 ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо ширкати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид ва дар заминаи он Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон таъсис ёфт, дар пешрафти музокирот ва сулҳи тоҷикон бузург мебошад.
Ҳадафи асосии Аҳднома ва таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ муваффақ шудан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ буд, ки хушбахтона, халқи тоҷик ба ин мақсади олии хеш ноил шуд. Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз низ неруи бузурги сиёсие мебошад, ки ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, эҷодӣ, касбӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятии бонуфузи кишварро муттаҳид намудааст. Ин қудрати бузург ва умедбахшест барои ноил гаштан ба ҳадафҳои олӣ, яъне таҳкими сулҳу ваҳдат, устувории давлатдорӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон. Бо дарназардошти ин аз ҷониби аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон санад доир ба тамдиди бемуҳлати Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ба имзо расид.
Маҳз ҳаллу фасли масъалаҳои дар Созишнома баёншуда таъмини сулҳи бебозгаштро дар кишвар таҳким бахшид. Мо имрӯз аз он ифтихор дорем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигарон намуна буда, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф гардидааст. Таърих кам ёд дорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар чунин як мӯҳлати кӯтоҳ хотима ёбад ва ҷонибҳои даргир ба ҳам дасти дӯстиву бародарӣ дода, ба хотири Ватан, сарзамин, амнияти халқу миллат ва арзишҳои миллӣ муттаҳид гарданд.
Таҳкими ҳокимияти давлатӣ. Истиқлолияти Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, муайян намудани самтҳои рушди ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва эъмори ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.
Ҳанӯз дар яке аз муроҷиатномаҳои нахустини худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи сиёсии мамлакат дар он рӯзҳо иҷрои вазифаҳои зеринро дар навбати аввал гузошта буд: дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон барқарор намудани ҳокимият ва мақомоти идоракунӣ ва таъмини кори пурмасъулияти онҳо; барқарор намудани сохтори мақомоти амалкунандаи ҳифзи ҳуқуқ дар маҳалҳо ва барои онҳо дар иҷрои вазифаи худ фароҳам овардани шароити мусоид; таъсис додани артиши миллӣ; пурзӯр кардани дифои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид шудани кишвар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ.
Сарвари давлат изҳор дошт, ки мо вазифадорем нахуст амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, фаъолияти милиса, амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро таҳким бахшем, зеро давлате, ки худашро муҳофизат ва ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, аслан арзише надорад.
Бо дарназардошти ин зарурати таърихӣ Раёсати Шӯрои Олӣ ва Ҳукумат оид ба халъи силоҳ дар миёни гурӯҳҳои силоҳбадаст, мустаҳкам кардани фаъолияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллӣ, муҳофизати марзҳои давлат, беҳбудии вазъи иқтисодии он ва ғайра як силсила қарорҳо қабул карда, онҳоро амалӣ намуд.
Дар як муддати кӯтоҳ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва милиса аз нав ташкил ёфта, онҳо бо аслиҳа ва муҳимоти ҳарбӣ таъмин карда шуданд ва ҳамзамон садҳо ҷавонони ватандӯст ба кори ин мақомот сафарбар гардиданд. Бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ Сарвари давлат ба таъсиси Артиши миллӣ шурӯъ намуд ва барои мустаҳкам намудани сарҳадҳои ҷанубии кишвар чораҳои мушаххас андешид.
Муҳимтарин дастоварди воқеан таърихии Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст, иборат аз он аст, ки вай дар кӯтоҳтарин муддат тавонист оташи ҷанги хонумонсӯзи дохилиро дар Тоҷикистон хомӯш созад. Дар кори хотима бахшидан ба ҷанги дохилӣ кормандони милиса ва Кумитаи амнияти миллӣ саҳми бузург гузоштанд. Дар ноҳияҳои бар асари ҷанг тамоман харобшуда ҳокимияти давлатӣ, мақомоти идоракунӣ ва дигар сохторҳои танзимкунандаи зиндагии мардум таъсис ёфтанд ва фаъолияташонро дар шароити нави сиёсиву иқтисодӣ оғоз намуданд.
Дар натиҷа халқ бовар кард, ки Ҳукумат устувор гардидааст ва он қодир аст, ки амнияти ҷомеаро таъмин намояд.
Барои пойдории истиқлолият ва ҳифзи якпорчагии давлати ҷавон лозим буд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ таъсис дода, тамоми сохторҳои низомӣ аз нав барқарор карда шаванд. Гузашта аз ин, муътадил гардонидани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, хотима додани муноқишаҳои мусаллаҳона ва қонуншиканиву бедодгариҳо, ба эътидол овардани тартиботи ҷамъиятӣ бетаъхир таъсис додани Артиши миллиро дар кишвар тақозо мекард. Таҳкурсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон моҳи феврали соли 1993 амалан дар ҷойи холӣ, яъне дар шароити набудани пойгоҳи моддиву техникии зарурӣ ва нарасидани кадрҳои баландихтисоси фармондеҳӣ гузошта шуд. 18-уми декабри соли 1992 аз тарафи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. 23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид ва ин рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Бо вуҷуди вазъи мураккаби иқтисодӣ роҳбарияти кишвар масъалаи бо техникаи ҷангӣ, аслиҳа ва лавозимоти зарурии ҳарбӣ таъмин намудани Артиши тозабунёди миллиро дар як муддати кӯтоҳ ҳал намуд. Дар ин замина, пеш аз ҳама, ба масъалаи таъсис ва бо таҷҳизоти техникӣ таъмин намудани қисмҳои ҳарбӣ, пурра намудани ҳайати шахсӣ, дар самтҳои муҳимтарини стратегияи ҳарбӣ ҷой додани онҳо ва беҳдошти омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ вобаста ба имконоти мавҷуда таваҷҷуҳ зоҳир карда мешуд.
Минбаъд таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳ ҳама давраҳои мушкили сохториро паси сар намуда, ба марҳалаи мувофиқ кардани сохтори худ ба воқеиятҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ расиданд. Дар ин давра тамоми кӯшишу талош барои сайқал додани омодагии ҷангии ҷузъу томҳо, болоравии маҳорату малакаи касбӣ, риояи қонуният ва интизоми ҳарбӣ, такмили маърифати ҳуқуқии афсарону хизматчиёни ҳарбӣ равона карда шуд.
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои муҳими Артиши миллӣ буда, ин сохтори бонуфуз низ зодаи истиқлолият аст. Ташкил ва такмилёбии Гвардияи миллӣ бевосита бо дастгирии Президент - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давраҳои истеҳкоми истиқлолияти давлатии Тоҷикистон робитаи ногусастанӣ дорад.
Пас аз баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии кишвар дар шаҳри бостонии Хуҷанд яке аз нахустин иқдомҳои Сарвари давлат Фармон дар бораи таъсиси қисми ҳарбии 3571-и назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки он 4-уми декабри соли 1992 ба имзо расид.
Тибқи Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми апрели соли 1993 баталёни таъиноти махсус (қисми ҳарбии 3571)-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бригадаи таъиноти махсус табдил дода шуд.
Бригадаи таъиноти махсус аз лаҳзаҳои аввалин аз озмоишҳои ҷиддӣ гузашта, сазовори боварии Сарвари давлат ва мардуми кишвар гардид.
Ҳамин буд, ки Президенти мамлакат бо Фармони худ аз 17-уми январи соли 1995 Бригади таъиноти махсусро ба Гвардияи Президентӣ табдил дод. Пас аз ду сол боз чор қисми ҳарбии Гвардия - дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд, шаҳраки Калинини шаҳри Душанбе ва шаҳраки Обигарми шаҳри Роғун таъсис ёфтанд. Ба дӯши афсарону сарбозони Гвардия мисли ҳайати шахсии дигар сохторҳои низомӣ масъулияти вазнини он замон - нигоҳ доштани тартиботи қонунӣ ва амнияти Тоҷикистон гузошта шуд.
Бояд зикр кард, ки хизматчиёни ҳарбии Гвардия аз уҳдаи иҷрои ин вазифаи душвор, вале боифтихор сарбаландона баромада, то имрӯз ба Ватан софдилона хизмат менамоянд. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии давлати Тоҷикистон афсарону сарбозони Гвардия дар баробари дигар хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ дар нигоҳ доштани тартиботу қонуният, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, амният ва таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иштирок намуда, даҳҳо нафари онҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҷони худро қурбон кардаанд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2004 Гвардияи Президентӣ ба Гвардияи миллӣ табдил дода шуд. Ҳамчунин вазифаву принсипҳои асосии фаъолият, нишон ва рамзҳои фарқкунанда, инчунин масъалаҳои таъминоти моддиву техникии Гвардияи миллӣ муайян гардида, сохтори нави ташкиливу штатӣ ва номгузории қисмҳои ҳарбии он тасдиқ карда шуд.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Гвардияи миллӣ аз 26-уми январи соли 2004 ва ба тасвиб расидани Низомномаи Гвардияи миллӣ мақоми давлатии Гвардияро ҳамчун сохтори мустақил ва бевосита тобеи Президент, рамзи соҳибистиқлолии Тоҷикистон тасдиқ кард. Ҳамин тариқ марҳалаи нави гузариш ба фаъолияти касбии хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ оғоз гардид.
Гвардияи миллӣ воҳиди мустақили ҳарбии таъиноти махсус ва бевосита тобеи Президент-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вазифаҳои махсусан муҳими давлатиро ба зимма дорад.
18 ноябри соли 2006 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як саҳифаи нав оғоз гардид. Дар маросими ба иҷрои вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бори нахуст бо тамоми меъёрҳои ҳуқуқиву таърихӣ баргузор гардид, шарафи баровардани рамзҳои давлатии Тоҷикистон ба зиммаи ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ вогузор шуда буд. Ин шарафи бузургро аз фармондеҳ то сарбози қаторӣ бо ифтихор ва садоқат ба ҷо оварданд.
Сарчашмаи дастовардҳои 15 соли гузаштаи Гвардияи миллӣ ва муваффақиятҳои ояндаи он натиҷаи хизмати шоистаи ҳайати шахсӣ ва муҳимтар аз ҳама, садоқат ба Президент, Ватан ва мардуми шарифи Тоҷикистон аст.
Ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти коллективӣ дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва экстремизм, инчунин сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ чи дар ҳудуди Тоҷикистон ва чи берун аз он бо сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷи дуру наздик машқҳои муштараки ҳарбӣ гузаронида мешаванд.
Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти давлатӣ дар навбати аввал тадбирҳои зерин андешида шуданд: доир ба тоза кардани мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва марказӣ, судҳо, прокуратура, милиса, гумрук, андоз ва дигар мақомот аз шахсоне, ки бо қаллобию порахӯрӣ ба шаъну эътибори давлат иснод меоварданд, иқдомоти ҷиддӣ амалӣ гардида, фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, амният, мудофиа ва Прокуратураи генералӣ дар асоси талаботи Конститутсия танзим ва ба сафҳои онҳо кадрҳои баландихтисос сафарбар шуданд. Яъне фаъолияти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар масъалаи дифоъ аз тамомияти арзии кишвар ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус ҷинояткории муташаккилона ба таври қатъӣ пурзӯр карда шуд.
Вазъи шадиди Афғонистон, махсусан афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, ҳамчунин воқеаҳои дигари ногувори сарҳадот, аз ҷумла убури ошӯбгарони мусаллаҳ аз марзи Тоҷикистон водор кард, ки соли 1997 Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
Дар баробари андешидани ҳамаи чораҳои зарурӣ дар бобати ҳалли масъалаҳои фаъолияти қувваҳои сарҳадии Тоҷикистон ва танзими сохторҳои он ҳифз ва таъмини амнияти минтақаҳои сарҳадӣ марҳала ба марҳала ба дӯши ин сохтори низомӣ вогузор гардид. Дар тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ мақомоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва такмил дода шуд ва онҳо дар ҷараёни барқарорсозии сулҳ, пойдории давлат ва таъмини амнияти миллӣ нақши муҳим бозиданд.
Бо иштироки бевоситаи кормандони мақомоти амният ва милиса аъзои дастаҳои ҷиноятпеша ва террорист, аз ҷумла Содиров Ризвон, Сангинов Раҳмон, Муаккалов Мансур ва дигарон несту нобуд карда шуда, аз онҳо ба миқдори зиёд аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ мусодира гардид. Онҳое, ки нисбати Ю. Исҳоқӣ, М. Ғуломов, М. Осимӣ, Ю. Никулин, С. Раҳимов, маркази миссионерии «Сонмин», ҳамчунин дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва ғайра амалҳои террористӣ содир карда буданд, ошкор ва аз тарафи мақомоти судӣ ба мӯҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда шуданд.
Аз ҷониби кормандони мақомоти амният кӯшиши содир намудани 3 амали даҳшатноки террористӣ дар шаҳри Хуҷанд пешгирӣ ва аз дохили автомашинаҳо 64 килограм маводи тарканда мусодира карда шуд. Дар ҳолати рух додани ин ҷинояти махсусан вазнин шумораи зиёди одамони бегуноҳ ҳалок ва маҷрӯҳ мегардид ва ба иқтисоди шаҳри Хуҷанд хисороти ҷиддӣ расонида мешуд.
Дар ҷараёни амалиёти муштараки мақомоти амният ва дигар сохторҳои низомии кишвар ба муқобили дастаҳои террористӣ, аъзои гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар ноҳияи Тавилдара, гурӯҳи террористии Давлатов А. (Алии Бедакӣ) дар ноҳияи Рашт нобуд карда шуданд. Мусоидаткунандагон ва шарикони ҷинояткорон зуд ошкор ва боздошт гардида, аз ҷониби мақомоти судӣ ба ҷавобгарии қонунӣ кашида шуданд.
Дар ин давра аз гардиши ғайриқонунӣ дар ҳудуди 20 тонна маводи мухаддир, 1200 автомат, 540 пулемёт, 480 гранатомёт, 980 адад минаҳо, 4050 норинҷак, зиёда аз 1 миллион адад тирҳои гуногунқутр, дигар муҳимоти ҷангӣ, техникаи низомӣ ва дар ҳаҷми махсусан калон маводи тарканда мусодира гардид.
Бо ибтикори мақомоти амният беш аз 1500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ ба Ватан баргардонида шуданд.
Дар даврони истиқлолият дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ низ як қатор корҳои вобаста ба такмилу азнавсозӣ анҷом дода шуданд, ки ин ҳама барои пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, ҳарчи бештар ошкор намудани ҷиноятҳои содиршуда заминаи мусоид фароҳам оварда, дар амалӣ гардидани ҷараёни халъи силоҳ ва ба эътидол омадани вазъи сиёсиву иҷтимоии кишвар нақши муҳим гузоштанд.
Бо дарназардошти хатари ҷиддие, ки вобаста ба қочоқи маводи мухаддир аз ҳудуди Афғонистон бармеояд, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2000-ум дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии назорати маводи нашъаовар таъсис дода шуд.
Дар сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратура вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ки бар асари қонуншиканиҳои соли 1992 заиф шуда буданд, тағйироти ҷиддӣ ба амал омад ва дар шароити истиқлолияти давлатӣ доираи вазифа ва салоҳиятҳои мақомоти прокуратура барои таъмини қонуният хеле васеъ шуд.
Мақомоти прокуратура яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба шумор рафта, ин ниҳод пеш аз ҳама озодӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандонро ҳимоя мекунад. Прокуратура аз рӯи ваколатҳои конститутсионии худ дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавқеи махсус дорад. Риояи дақиқ ва иҷрои яксони қонунҳоро маҳз ҳамин сохтор назорат мекунад. Ин мақомот, сарфи назар аз вазъи душвори сиёсиву ҷамъиятии солҳои аввали истиқлолият дар мустаҳкам намудани қонунияту тартибот, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва мӯътадил гардонидани вазъи ҷомеаи кишвар саҳми муносиб гузоштаанд.
Ҳокимияти судӣ. Дар солҳои истиқлолият дар низоми судӣ низ ислоҳоти ҷиддӣ анҷом дода шуд. Ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақил ва ҷудогонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф карда шуд. Фаъолияти мақомоти судӣ бар асоси талаботи замон ва меъёрҳои асноди байналмилалӣ танзим гардида, мустақилияти судяҳо бо меъёрҳои конститутсионӣ таҳким бахшида шуд. Барои амалӣ гардонидани адолати судӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ соли 1993 бо Қарори Раёсати Шӯрои Олӣ Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳи июни соли 1994 судҳои ҳарбии гарнизонҳо ташкил ёфтанд. Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ нисбат ба судҳои ҳарбии гарнизонҳо бевосита марҳалаи болоии судӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ҳамин раванд 14 апрели соли 1997 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №692 «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки дар он масъалаҳои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо гузошта шуда буд.
Ба хотири таҳкими ҳокимияти судӣ ва таъмини мустақилияти судҳо дар амалӣ кардани адолати судӣ бо ташаббуси бевоситаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Амалӣ шудани ин меъёрҳои конститутсионӣ ва таъмини воқеии кафолати мустақилияти судҳо бо роҳи аз тобеияти ҳокимияти иҷроия, яъне аз Вазорати адлия баровардани ҳалли масъалаҳои таҳия намудани таклифҳо вобаста ба гузаронидани ислоҳоти судӣ, такмили низоми судиву ҳуқуқӣ, интихобу пешбарии номзадҳои арзанда ба вазифаи судя, озод намудани судяҳо аз вазифа, ҳамзамон бо ин, баланд бардоштани нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ ва ғайра таъсиси сохтори алоҳидаро тақозо менамуд. Таъсиси Шӯрои адлия тақозои замон ва татбиқи амалии сиёсати давлат оид ба ҳокимияти судӣ мебошад.
Бо дарназардошти он, ки мақомоти судӣ ба ҳайси рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф шудааст, марҳалаи аввали ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ оғоз гардида, вазифаҳои ҳокимияти судӣ ба таври мушаххас дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат муқаррар карда шуд.
Дар иртибот ба ин масъалаҳо бояд зикр кард, ки Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназар гирифтани аҳамият, нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон пайваста таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Аз ҷумла дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ як қатор санадҳои ҳуқуқие қабул гардидаанд, ки заминаҳои қабули онҳо ислоҳоти конститутсионӣ буда, ин аснод дар тақвият бахшидани фаъолияти мақомоти судӣ нигаронида шудаанд.
Дар раванди ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар сохтори судии кишвар судҳои конститутсионӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъсис дода шуда, қонунҳои соҳавӣ, кодексҳои гражданӣ, ҷиноятӣ, оила, меҳнат ва ғайра қабул гардид, муҳлати ваколати судяҳо аз панҷ сол ба даҳ сол тамдид ёфта, воҳидҳои вазифаҳои судя ва кормандони дастгоҳи судҳо низ зиёд карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ аз 24 апрели соли 2010 бори дигар дар иртибот ба масъалаҳои марбут ба мақомоти судӣ таваҷҷуҳ намуда, таъкид фармуданд, ки Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар рушду такомул ва тақвияти ҳокимияти судӣ нақши арзанда гузоштааст. Аз ин рӯ ҷиҳати идомаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва таҳияи Барномаи нави мукаммали соҳа дастур доданд.
Дар ин асно бо Фармони Президенти кишвар аз 3 январи соли 2011 Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013 тасдиқ гардид, ки дар он ҳалли масъалаҳои таҳияи Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, таҳлили қонунгузории мамлакат ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо вобаста ба беҳтар кардани фаъолияти низоми адолати судӣ ва дар ин раванд ҳамасола пешбинӣ намудани афзоиши маблағгузории мақомоти судӣ дар буҷети давлатӣ ва ғайраҳо пешбинӣ шуданд, ки ин ҳама барои таъмини мустақилияти судяҳо ва амалӣ гаштани кафолати конститутсионии ҳифзи судӣ аҳамияти муҳим доранд.
Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва қабули Конститутсияи нав ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни муҳим ва зарурии сохтори ҳокимияти давлатӣ ба марҳалаи нав ворид гардид ва он аз ҷиҳати ташкилӣ ва сифату миқдори ниҳодҳои татбиқкунандаи адолати судӣ ташаккул ёфт. Аз ҷумла бори нахуст дар низоми судии кишвар ниҳодҳои мустақили судӣ - Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъсис дода шуданд.
Ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон мустақил буда, адолати судӣ аз тарафи Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе амалӣ карда мешавад.
Яке аз арзишҳои муҳими Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо волоият ва амали мустақими меъёрҳои он мебошад. Аз ин рӯ, бо мақсади ҳифз, таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми мустақили ҳокимияти судӣ дар низоми судии кишвар таъсис ёфтааст.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун падидаи нави давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва мақоми махсуси назорати конститутсионӣ дар давраи фаъолияти начандон тӯлонӣ зарурат ва аҳамияти худро дар бунёди давлатдории навини Тоҷикистон борҳо собит сохта, нишон дод, ки нақш ва мақоми ин ниҳоди адолат ҳамчун падидаи зарурии ҷомеаи муосир дар таҷрибаи байналмилалӣ пазируфта шудааст.
Вобаста ба мақоми Суди конститутсионӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсия иброз намуд, ки «дар низоми судии кишвар Суди конститутсионӣ мақоми махсус дорад ва яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи он таъмини волоияти Конститутсия дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад».
Мақоми дигари олии ҳокимияти судӣ дар кишвар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки фаъолияти он дар асоси Конститутсия ва Қонуни конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба танзим дароварда шуда, назорати судиро аз болои фаъолияти судҳои ҳарбии гарнизонҳо, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, судҳои шаҳру ноҳия оид ба парвандаҳои гражданӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ ва дигар парвандаҳои дар тобеияти ин судҳо буда амалӣ менамояд.
Ҳоло дар Суди Олӣ коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, ҷиноятӣ, оилавӣ, маъмурӣ ва ҳарбӣ фаъолият мекунад. Коллегияҳои судӣ дар доираи салоҳият ва ваколатҳояшон тибқи меъёрҳои қонунгузорӣ парвандаҳоро ба тариқи кассатсионӣ, назоратӣ, ҳамчунин ба сифати суди марҳалаи якум, аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоргардида, таъиноти марҳалаи кассатсионӣ ва назоратиро, ки бар асоси онҳо санадҳои судии суди марҳалаи якум тағйир дода шуда ё санади нави судӣ қабул гардидааст, баррасӣ намуда, таҷрибаи судиро ҷамъбаст ва омори судиро якҷо бо дигар масъалаҳои муайяннамудаи қонунгузорӣ ҳаллу фасл мекунанд.
Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ оид ба ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ ва парвандаҳои дигаре, ки аз тарафи судҳои иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд, мақоми олии судӣ буда, дар шаклҳои мурофиавие, ки қонун пешбинӣ кардааст, ба фаъолияти онҳо назорати судӣ мебарад ва оид ба масъалаҳои таҷрибаи судӣ тавзеҳоти дастурӣ медиҳад.
Танзими муносибатҳои вобаста ба хизмати давлатӣ яке аз муҳимтарин масъалаҳо дар ҷомеаи кунунӣ мебошад. Бо мақсади баланд бардоштани нақш ва мақоми хизматчиёни давлатӣ дар ҷомеа, интизом, савияи дониш, таҷриба, маҳорату истеъдоди кордониву касбии онҳо, интихоби кадрҳои боистеъдоди ба манфиатҳои давлату ҷомеа содиқ ва ба хотири танзими сохтори идораҳои кишвар бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2001 Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Фармони дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 9 октябри соли 2002 барои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар кишвар имконот ва заминаҳои зарурӣ фароҳам овард.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)