Навигарӣ

  • Ализода Саидризо (1887-1938)

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 7 Июл, 2017 - 12:25
    Ализода Саидризо (1887-1938)

    Ализода Саидризо (1887, Самарқанд- 1938), публитсист ва мутарҷими советии тоҷик. Аз оилаи қосиби шоҳибоф. Баъди хатми мактаби усули ҷадид дар худи ҳамон мактаб муаллимӣ кардааст. Ализода пеш аз револютсия шабова ва дар матбааҳои Самарқнд ҳуруфчинӣ карда, дар он ҷо бо таълимоти марксистӣ-ленинӣ шиносо шудааст. Дар корпаратоиҳои коргарони Самарқанд (1905-1907) фаъолона иштирок намуда, материалҳои рӯзномаи «Искра» ва моҳияти таълимоти Маркс, Энгелс ва Ленинро ба горгарон мефаҳмонд. Муҳаррири нахустин нашрияи советии тоҷик «Шӯълаи инқилоб» (1919-1921) буда, як қисми муҳими материали рӯзмарраи онро худаш менавишт. Дар матбуоти даврӣ бо имзоҳои мустаори «Нештар», «Чарандгӯй», «МуллоҶунбул», «Занбӯр», «Муртад» ва ғ. ҳикояву мақолаҳои ҳаҷвӣ ба табъ расонидааст. Барои муаллимон ва талабагони мактабҳои тоҷикӣ программа, китоби дарсӣ ва дастурҳо низ тарҷума ва таҳия мекард. Аввалин алифбои тоҷикии давраи советӣ - «Китоби нахустин» (1920) ва «Сарфу наҳви тоҷикӣ» (1926) ба қалами Ализода тааллуқ доранд. Ӯ аз аввалин тарҷумонҳои осори бадеъӣ буда, асарҳои зиёдеро ба тоҷикӣ («Дубровский», 1935; «Духтари капитан», 1936; «Моткаи Қарамашоқ», 1937; «Ҳикояҳои Белкин», 1938 – таълифоти Ализода Пушкин А.С, «Цемент»-и Гладков Ф.,1936; «Пӯлод чӣ тавр обут об ёфтааст»-и Островский Н., «Каждум аз меҳроб»-и Қодирӣ А., 1938 ва ғ.) тарҷума кардааст.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Абдурауфи Фитрат (1886-1937)

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 7 Июл, 2017 - 12:25
    Абдурауфи Фитрат (1886-1937)

    Фитрат (тахаллус; тахаллуси нахустинаш Миҷмар; ном ва насабаш Абдурауф Абдураҳмонов; 1886, Бухоро – 1937, Тошкент), нависанда ва олими тоҷик. Проф. (1924). Дар мадрасаи Мири араби Бухоро ва институти Истанбул хондааст. Роҳбари ҳаракати ҷадидӣ ва яке аз сарварони ҷамъияти адабии «Чиғатой гурунги» («Сӯҳбати аҳли Чиғатой») буд. Аъзои партияи комунистии Бухоро (1918 - 1924). Нозири маорифи халқи РХСБ (1921) , ҷонишини раиси шӯрои нозирони халқ (1922), аъзои бюрои сиёсии партияи комунистии Бухоро буд. Дар институти забонҳои шарқии Лазареви Москва (1923-1924), институти давлатии тадқиқоти илмии РСС Ӯзбекистон (1926), академияи педагогии Самарқанд, дорулмуаллимини Бухоро ва Тошканд кор кардааст. Фитрат дар инкишофи насри бадеии то револютсионии тоҷик фаъолона иштирок доштю дар соҳаи назм ба саромадони адабиёти классикӣ пайравӣ мекард. Як муддат ӯ дар зери таъсири ҳаракати пантуркистӣ роҳи хаторо пеш гирифт. Пас аз соли 1925 роҳи дурусти эҷодиро интихоб кард. Дар инқилоби мадании Тоҷикистону Ӯзбекистон иштирок намуд. Фитрат осорашро ба забонҳои тоҷикӣ («Мунозира», 1909, «Сайҳа», 1911; «Баёноти сайёҳи ҳинд», 1911-1912; «Роҳбари наҷот», 1915; «Шӯриши Восеъ», 1927; «Аморати Бухоро», 1930 ва ғ.) ва ӯзбекӣ («Муҳаббати самимӣ», 1919; «Қиёмат», 1923; «Ошӯбгарони Ҳинд», 1920; «Абулфайзхон», 1924) таълиф кардааст. Роҷеъ ба назм, аз ҷумла вазни арӯз, инчунин оид ба Ҳофизи Ӯбаҳӣ ва Сайфии Исфарангӣ ва дигарон саромадони адабиёти тоҷику ӯзбек тадқиқот дорад.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    1
    Баҳои миёна: 1 (1 овоз)
  • Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Июл, 2017 - 15:57

    Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (2 овоз)
  • Асрорӣ Воҳид (1917-1996)

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Январ, 2017 - 12:20
    Асрорӣ Воҳид (1917-1996)

    Асрорӣ (тахаллус, насаб. Асроров) Воҳид (11. 1917, ш. Хуҷанд - 03. 06. 1996, ш. Душанбе), фолклоршинос, адабиётшинос ва шоири тоҷик, доктори илмҳои филология (1969), профессор (1970), Ходими Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон. Хатмкардаи Ин-ти дусолаи муаллимии Тошканд (1938) ва Ин-ти давлатии педагогии Душанбе (1949- ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ). Фаъолияти кории ӯ аз с. 1933 огоз ёфтааст. С-ҳои 1942-1944 дар сафи Армияи Сурх хизмат кардааст, с-ҳои 1944- 1946 инспектори назорати давлатии РСС Тоҷикистон, 1946-1950 аввал ҷонишин, сипас муҳаррири рӯзномаи «Пионерии Тоҷикистон» буд. Баъди хатми аспирантура (1952), с-ҳои 1952- 1957 аввал муаллими калон, баъд дотсенти Ин-ти давлатии педагогии Душанбе буд. С. 1957 барои кор ба ДДТ гузашта аввал вазифаи дотсенти кафедраи адабиёти тоҷикро дар ӯҳда дошт (1957-1968), сипас декани факултаи филологияи тоҷики донишгоҳ (1968-1973), инчунин, аз с. 1969 то охири умр мудири кафедраи фолклор ва адабиёти халқҳои СССР буд. Шеъру ҳикояҳои ӯ дар рӯзномаҳои «Пионерии Тоҷикистон», «Тоҷикистони сурх» ва маҷаллаи «Ба роҳи Ленинӣ» ба табъ расидаанд. Муаллифи маҷмӯъаҳои «Салом, мактаб» (1951), «Замзамаи ҳаёт» (1964), «Ҳар дуяшон нағз» (1962) ва ғ. Таҳти роҳбарии ӯ 6 нафар рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд. Доир ба адабиёт ва эҷодиёти даҳонакии халқ беш аз 400 мақолаю рисолаҳои илмию методӣ навиштаанд. А.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Сардори шуъбаи танзими истилоҳот

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Январ, 2017 - 09:33
    Зулфониён Раҳим Раҷабзода - Сардори шуъбаи танзими истилоҳот

    Зулфониён Раҳим Раҷабзода

    Тел.: (992 37) 227-64-51; 227-59-40

    Почтаи электронӣ: kumitaizabon@mail.ru

    Самтҳои фаъолияти шуъбаи танзими истилоҳот:

    Оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба забони давлатӣ таклифу пешниҳодҳо таҳия менамояд; - оид ба лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии омоданамудаи мақомоти болоӣ ва дигар мақомоти давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз лиҳози танзими истилоҳот хулоса пешниҳод менамояд; - фаъолияти ҳамкориҳои байналмилалии Кумитаро роҳандозӣ менамояд; - санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба забони давлатиро мураттаб месозад; - иҷрои консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои соҳаи забони давлатиро таъ-мин мекунад; - оид ба танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот пешниҳод манзур менамояд;

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 4.3 (3 овоз)
  • «Забони миллат- ҳастии миллат»- китоби нави Эмомалӣ Раҳмон

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Январ, 2017 - 19:10
    «Забони миллат- ҳастии миллат»- китоби нави Эмомалӣ Раҳмон

    Китоби нави Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат - ҳастии миллат» баргузор шуд.
    Абдуҷаббор Раҳмонзода – Ёрдамчии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар сухани муқаддимотии худ дар остонаи ҷашни ҷамшедии Наврӯз нашр гардидани китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро дастоварди бузурги илмию фарҳангӣ ва муждаи наврӯзӣ барои миллати тоҷик ва кулли форсизабонони ҷаҳон арзёбӣ кард.
    Зикр шуд, ки китоби нави Эмомалӣ Раҳмон доир ба сарнавишти таърихии забони тоҷикӣ, шебу фарозҳои он дар масири зуҳуру густариш ва зарфиятҳои фароху фарогири забони тоҷикӣ маълумот медиҳад.
    Дар асар решаҳои ориёии забони тоҷикӣ бо далелҳои қавии илмӣ ва таърихӣ исбот шудаанд. Ҳамчунин даврабандии таърихии забони тоҷикӣ дар асоси маводи нави илмӣ матраҳ шудааст.
    Дар маҷмӯъ асари мазкур фарогири бузургтарин сарчашмаҳои таърихию тамаддуни тоҷикон аст. Хусусан муаллифи асар – Пешвои миллат таърихи пайдоиши забони тоҷикиро дар фасли алоҳидаи китоб таҳти унвони «Забони миллат – ҳастии миллат» гирд овардааст.
    Зикр мешавад, ки зодгоҳи асосии забони тоҷикӣ Хуросону Мовароуннаҳр, соҳили чапу рости рӯди Ому, хусусан қаламрави ҳозираи Тоҷикистон аст. Ҳамзамон дар асар доир ба сарнавишти забони тоҷикӣ дар замони истилои араб дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ маълумоти илмӣ оварда шудааст, ки он барои пажӯҳиши дурнамои забоншиносӣ дастури муфиди илмӣ маҳсуб мешавад.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (2 овоз)
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Январ, 2017 - 19:10
    Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    (АМОҶТ с. 2007, №5, мод. 362; с. 2009, №9-10. мод. 551; с.2011, №3, м.162;  №6, м.451;с.2016,№11, мод.892)

    Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

    Қонуни мазкур моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчам, Нишон ва Суруди Миллиро муқаррар мекунад.

    Эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди Миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

    Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад.

    Боби 1

    Муқаррароти умумӣ

    Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатӣ

    Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1376)

    Моддаи 2. Тасдиқи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Парчам, Нишон ва матну оҳанги Суруди Миллиро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ менамояд.

    Моддаи 3. Тасвири Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба андозаашон, бо риояи дақиқи ҳаҷму ранги асл бояд тасвир карда шаванд.

    Моддаи 4. Тартиби тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (2 овоз)
  • Сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Январ, 2017 - 18:22
    Мансурӣ Шодмон Ҷамолиддинзода - Сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ

    Мансурӣ Шодмон Ҷамолиддинзода

    Тел.: (992 37)227-59-28; 227-64-42
    Почтаи электронӣ: Mansoorovshj@mail.ru

    1. Самтҳои фаъолияти шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ
    Шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ (минъбад - шуъба) воҳиди сохтори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вазифаи пешбурди сиёсати давлат ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқиро марбут ба забони давлатӣ амалӣ менамояд.

    2. Шуъба дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси мурофиави ҳуқуквайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, иҷрои амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба асос ва роҳбарӣ мегирад.

    3. Шуъба таҳти роҳбарии раиси Кумита ва муовини ӯ тибқи тақсимоти вазифаҳо фаъолият мекунад.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    1
    Баҳои миёна: 1 (1 овоз)
  • Адрес – нишонӣ – суроға

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Январ, 2017 - 11:11

    Суроғ дар забони форсӣ-тоҷикӣ иқтибоси туркӣ буда, ин вожа дар фарҳангҳои куҳан, бинобар осори чанде аз гузаштагон ба гунаи суроғ ( سراغ) омадааст. Дар фарҳангномаҳо аз ин маъниҳои вожаи суроғ ёд мешавад: ҷустуҷӯ, кофтуков; интизор; нишон, асар, аломат; дарак, хабар. Вожаи суроғ дар ин маъниҳо дар осори Ҳозиқ, Сайидо, Савдо, Ҷомӣ, Бедил ва чанд адибони дигар ба кор рафтааст.

     Дар «Луғатнома»-и Деҳхудо«суроғ» ( سراغ) чунин маънӣ шудааст: «суроғ- нишони пойи одамӣ ва ғайра; нишони пой ва бо лафзи талаб кардан ва ҷ устан ва кардан ва гирифтан ва бардоштан ва додан мустаъмал аст (Онандроҷ, Ғиёс ул-луғот). Дар туркӣ сӯроғ ( سوراغ) ба маънии тафаҳҳус ва тафтиш бошад; нишон ва асар ва хабар; маҷозан ба маънии талош ва ин лафз туркӣ аст (Ғиёс ул-луғот)».

    Деҳхудо аз ин таркибҳои феълӣ бо вожаи суроғ низ ёд мекунад: суроғ додан- нишон додан; суроғ доштан — огоҳӣ доштан; суроғ кардан — нишон ёфтан, огоҳӣ ёфтан; суроғ гирифтан — хабар пурсидан, бохабар шудан (Деҳхудо. Луғатнома. Теҳрон, 1998; ҳамчунин муроҷиа шавад ба Фарҳанги забони тоҷикӣ, Москва, 1969; Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ. Душанбе, 2006; Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ. Душанбе, 2011.)

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    1
    Баҳои миёна: 1 (1 овоз)
  • Назардошт ва ё дарназардошт?

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Январ, 2017 - 11:11

    Дар корбурди ин ду қолаби вожасозӣ дар забони тоҷикӣ — «назардошт» ва «дарназардошт» андешаҳои мухталиф иброз шудааст. Ҳадафи мо дар ин навишта баррасии ҳамин матлаб дар иртибот ба пайдоиш ва мавриди истифода қарор гирифтани ин ду вожаи мураккаб тақрибан аз охири қарни ХХ дар васоити ахбори умум ва аз роҳи тарҷума ворид гардидани ҳарду ин қолаб дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Имрӯз дар бештар сабкҳои забонӣ ин вожаҳо истифодаи фаровон пайдо карда ва аслан дар баёни мафҳумҳои русии «учёт», «с учётом», «принимая во внимание», «принятие во внимание» кор гирифта мешаванд. Вожаҳои «назардошт» ва «дарназардошт» махсуси забони форсии дарии классикии муштарак ва забони форсии муосиру дарии Афғонистон нестанд. Ин ҳарду вожа дар забони тоҷикӣ низ аз сохтаҳои баъдӣ маҳсуб мешаванд.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Pages