Хонавода – оила - фомил
Ин се вожа ба се гурӯҳи забонҳо, яъне эронӣ, арабӣ (сомӣ) ва лотинӣ марбут буда, дар истилоҳоти вижаи форсӣ, тоҷикӣ ва дарӣ ба кор мераванд. Вожаи «хонавода», ки махсуси забони форсӣ — тоҷ икист дар баёни ин маънӣ аз оғози давраи нави ташаккули забони порсии дарӣ дар ҳавзаҳои забони он мавриди истифода қарор дорад ва он ягона истилоҳест, ки бо доштани бунёди эронӣ аз баробариҳои дигар тафовут мекунад.
Дар маънии «хонавода» дар осори форсии миёна вожаҳои dūdak, tō(h)mag, tō(h)m, ки дар порсии дарӣ ба гунаҳои dūda (дуда) ва tuxma (тухма) маълуманд, мавриди истифода қарор доштаанд. Истилоҳи паҳлавии tō(h)mag, tō(h)m ҳанӯз дар замони Ҳахоманишиё дар форсии бостон дар шакли tauma — ба маънои «дудмон, хонавода» маълум будааст [Kent R. 1953, 185; Brandenstein W., Mayrhofer M. 1964, 164]. Ин вожа аз форсии миёна ба забони арманӣ дар шакли tohm (туҳм( иқтибос шудааст [Nyberg 1974, 194; MaсKenzie 1971, 28, 83, 113].