Фишурдаи гузориш барои Воситаҳои ахбори омма аз Мизи мудаввар дар мавзӯи «Вазъи иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рӯзномаҳои даврӣ»
«Забони давлатиро дар пояи меъёрҳои адабӣ устувор сохта, аз ҳама қолабҳои сунъии бегона ва унсурҳои лаҳҷавӣ бояд озод кард».
Эмомалӣ Раҳмон
Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад ва ба ҳамин далел забони миллат бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад. Забон дар ҳама давру замонҳо яке аз сарчашмаҳои асосии Истиқлолияти миллӣ ва омили муҳими ташаккули миллат мебошад.
Ҷиҳати танзими истифодаи забони давлатӣ ва муайян намудани вазъи ҳуқуқии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекунад. Дар Қонуни мазкур дар моддаи 3-и банди 6 ба таври дақиқ муайян шудааст, ки забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ буда, ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад.
Барои тақвияти истиқрори фарҳанги миллӣ ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон пояҳои забони миллиро устувор кардан зарур аст.