Тибқи Нақшаи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 17-уми майи соли 2024 дар толори Кумита бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонон мизи мудаввар дар мавзуи «Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат» бо иштироки аъзои Ҳайати мушовара, роҳбарият ва кормандони Кумита ва донишҷўёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода баргузор гардид.
Чорабинии илмї бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.
Раиси Кумита О. Муҳаммадҷонзода чорабиниро ифтитоҳ ва ҳозиринро хайрамақдам гуфта, ҳамагонро бо таљлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда, ҳамзамон, зикр намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва беҳдошти фазои қонунии он тадбирҳои муассирро амалӣ карда истодааст. Ин бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосӣ ва стратегии фаъолияти худ қарор додааст. Бинобар ин, ҷавононро зарур аст, ки аз ин имкониятҳо самаранок истифода намуда, баҳри рушду камолот ва ободии ватани азизамон талош намоянд.
Дар суханрониҳои аъзои мушовара ва кормандони Кумита хизматҳои шоёни Сарвари ҷавонпарвару сулҳпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи насли замони нав, ҷалби ҷавонон ба илм ва азхудкунии техникаву технологияҳои муосир, саҳми ҷавонон дар масири давлату давлатсозии навини тоҷикон, ҷавонон пайрави Пешвои миллат ва ҳомии неъматҳои истиқлолу ваҳдат, ҷалби мутахассисони баландихтисос ба ҷараёни тарбияи кадрҳои оянда ва сиёсати давлатии ҷавонон зикр карда шуд.
Дар чорабинии мазкур чанде аз донишҷўён баромад намуда, аз он шароиту имконияте, ки давлату Ҳукумат барои онҳо фароҳам овардааст, аз сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Чорабинии зебои фарҳангӣ идомабахши ҳамоиши мазкур гардида, он хотири иштирокдоронро болида гардонд.
Даромад
Харита
Тамос

















Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.


