Фишурдаи гузориш барои Воситаҳои ахбори омма аз Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (3-юми октябри соли 2017)
«Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози истиқлолият барои рушди забони давлатӣ ва таҳкими мақоми он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат пайваста тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати татбиқи ин сиёсат тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст».
Эмомалӣ Раҳмон
Забони тоҷикӣ, ки асолати беш аз ҳазорсолаҳо дорад, бо забон ва адабиёти ғании худ ҷаҳоншумул гардида, дар роҳи таҳкими тамаддуни инсонӣ ва афкори инсонгарои башарӣ саҳми босазое дорад. Дар ин давраи ҷаҳонишавии миллатҳо ин сарвати бебаҳо – забони миллии мо, ки худ омили муҳими пойдориву бақои миллат ва давлатдории миллӣ аст, аз ҷониби давлат ҳифз гардида, рушд меёбад.
Хушбахтона, баъди талошу заҳматҳои зиёд ва заминаҳои таърихию сиёсию адабии пурифтихор ва маърифтапарваронаву тамаддунофар дар замони Истиқлолият забони миллӣ ривоҷу равнақи худро ёфт.
Аз соли 2009 инҷониб, санаи 5-уми октябр баъди тасдиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Мутобиқи муқаррароти Қонуни мазкур ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи асолат ва рушди забони тоҷикӣ вазифаи ҳар як фарди кишвар маҳсуб ёфта, он дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҷомеа мавриди корбурд қарор дорад.