ФАРҲАНГИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ 2026
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
Сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳот – 1 ҷой.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии забон ва адабиёт;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ аз рӯи ихтисос;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба назар гирифта мешавад;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансабӣ 1380 сомонӣ иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
- аризаи шахсӣ ба номи раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (дараҷа ва унвони илмӣ);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ);
- нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда;
Рӯзи 09.04.2022 бо иштироки кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мавзуи “Имлои забони тоҷикӣ ва роҳҳои дар амал татбиқ намудани он” семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин семинар С. Раҳматуллозода – муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ф., узви вобастаи АМИТ дар мавзуи “Бартариҳои имлои забони тоҷикӣ” (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268) маъруза кард. Баъд аз маъруза пурсишу посух сурат гирифта, номбурда ба саволҳои зиёди устодону донишҷӯёни ҷавоб дод.
С.Раҳматуллозода
Имрӯз 14-уми апрели соли 2022, соати 13:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Кумита дар семоҳаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда бо иштироки аъзои Ҳайати мушовара, раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита баргузор гардид.
Дар оғоз раиси Кумита тибқи тартиб масъалаҳои рӯзномаро муаррифӣ намуда, ҳузури иштирокдоронро ба маҷлиси имрӯза хайра мақдам гуфт.
Доир ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар семоҳаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда муовини раиси Кумита – Раҳматуллозода С. гузориш дод.
Баъдан, он аз ҷониби узви Ҳайати мушовара ва кормандони Кумита мавриди муҳокима қарор гирифта, маҷлис ба ин қарор омад, ки ҳисоботи фаъолияти Кумита дар семоҳаи якуми соли 2022 қаноатбахш ҳисобида шавад.
Ҷаласаи Ҳайати мушовараро раиси Кумита доктори илми филология – Муҳаммадҷонзода Олимҷон ҷамъбаст намуд.
19-уми апрели соли 2022, соати 09:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» машғулияти идоравӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита, муовини раис, нозири калони Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии коррупсионии Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Дар оғоз раиси Кумита иштирокдоронро бо муҳтавои рӯзнома шинос намуда, суханро ба намояндаи Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Файзуллозода Б. дод.
Файзуллозода Б. қайд намуд, ки Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардидааст.
Дар анҷоми машғулияти идоравӣ саволҳо аз ҷониби кормандон ба намояндаи Агентӣ сурат гирифт.
Ҷаласаи мазкурро раиси Кумита доктори илми филологӣ – Муҳаммадҷонзода Олимҷон ҷамъбаст карда, кормандонро ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», аз ҷумла, поквиҷдониву шаффофкорӣ ва поктинатӣ дар фаъолияти ҳамарӯза даъват намуд.