Маҷлиси ҳисоботии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар робита ба дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми январи соли 2024, №22/10-18 «Ҷиҳати ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024» санаи 8-уми январи соли 2024, соати 10:00 маҷлиси ҳисоботии солонаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис роҳбарияти Кумита, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири бахши раёсати маориф, фарҳанг ва иттилоот муҳтарам Қувватзода Сайдулло, раиси Шурои ҳамгунсозии истилоҳот ва узви Ҳайати мушовараи Кумита, профессор Назарзода С., дотсенти кафедраи забони муосири тоҷикии Донишгоҳи миллии Точикистон Абдураҳмонова М. ва дотсенти кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Точикистон Мансурӣ Ш., сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Баъд аз садо додани Суруди миллӣ маҷлис ба кори худ оғоз намуд. Муовини раиси Кумита Раҳматуллозода С. маҷлисро ифтитоҳ намуда, тибқи рӯзномаи ҷаласа , нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки ба раванди илму маориф иртибот доштанд, ба диққати ҳозирин расонид.