Навигарӣ

  • Семинари омӯзишӣ доир ба риояи меъёрҳои забони давлатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 17 Декабр, 2025 - 18:00

    Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ таҳти унвони "Забони миллат-пояи давлат" доир ба риояи меъёрҳои забони давлатӣ, номгузории миллӣ ва дурустии имлои забони тоҷикӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
    Мудири бахши экспертизаи забоншиносии Кумитаи забон ва истилоҳот Мавҷигул Давлатшоева иброз намуд, ки забони давлатӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, ҳифз ва рушди он вазифаи ҳар як шаҳрванд ва сохторҳои дахлдор мебошад. Ҳамзамон, иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳамчун санади танзимкунанда мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт.
    Инчунин афзуд, ки номҳои маҳаллаҳо, кӯчаҳо, хиёбонҳо, муассисаву корхонаҳо ва ҳатто номҳои шахсӣ бояд мутобиқ ба анъана ва фарҳанги миллии тоҷикон интихоб гардида, дар номгузорӣ истифодаи номҳои ғайримиллӣ ва бегона, ки ба ҳуввияти миллӣ созгор нестанд, бояд пешгирӣ карда шаванд.
    Аз ҷумла, дар санадҳои расмӣ, эълону реклама ва маводҳои чопӣ бояд риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмӣ бошад.
    Дар фарҷоми семинар, ба масъулини мақомоти иҷроия, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои таълимӣ тавсия дода шуд, ки дар фаъолияти кории худ риояи қатъии меъёрҳои забони давлатиро таъмин намуда, барои омӯзиши амиқи қоидаҳои имло ва истилоҳоти давлатӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Ҳоло баҳо надорад
  • Тамошои дастҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 16 Декабр, 2025 - 11:55

    Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Маркази миллии тарҷума"- и назди Кумита Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» тамошо намуданд.
    Дар Паём ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, таҳкими соҳаи маориф, кишоварзӣ, фарҳанг, забон ва сиёсати давлатӣ, густариши робитаҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
    Кормандони Кумита ва "Маркази миллии тарҷума" нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро чун дастуру роҳнамо дар фаъолияти касбии худ истифода намуда, минбаъд баҳри рушди забон, такмили сифати тарҷума, муаррифии арзишҳои миллӣ дар арсаи давлатҳои бурунмарзӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат тамоми саъйу талоши худро равона хоҳанд намуд.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Ҳоло баҳо надорад
  • Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 16 Декабр, 2025 - 07:46

    16 декабр дар толори Парлумони Тоҷикистон ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
    Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас муайян шуд.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Ҳоло баҳо надорад
  • Иштироки Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода дар ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 10 Декабр, 2025 - 15:46
    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Баҳои миёна: 5 (3 овоз)
  • ҲУҚУҚИ ИНСОН-АРЗИШИ ОЛӢ

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 8 Декабр, 2025 - 15:09

    8 декабр дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон (10 декабр) дар мавзуи «Ҳуқуқи инсон-арзиши олӣ» мизи мудаввар баргузор шуд.
    Дар ҷамъомад намояндагони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
    Муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротзода Файзиддин Камолиддин иброз намуд, ки дар Тоҷикистон чун ҷузъи ҷудонопазир ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд диққати махсус равона гардидааст.
    Директори Муассисаи давлатии "Маркази миллии тарҷума"-и назди Кумитаи забон ва истилоҳот Дӯстзода Ҳамрохон Ҷумъа афзуд, ки дар Конститутсияи ҷумҳурӣ тибқи моддаи 5, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ шинохта шудааст ва давлат масъул гардидааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Пешвои миллат – ҳомии забони давлатӣ

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Декабр, 2025 - 14:10

    Рӯзи 5 декабр намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ, ки таҳти унвони «Пешвои миллат – ҳомии забони давлатӣ» дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе доир гардид, иштирок намуданд.
    Конференсия бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардида, иштирокдорон аҳамияти татбиқи Қонуни мазкур, нақши Пешвои миллат дар ҳифзу инкишофи забони тоҷикӣ ва масъулияти аҳли ҷомеаро дар посдорӣ ва баланд бардоштани мавқеи он таъкид карданд.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Иштироки Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода дар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 4 Декабр, 2025 - 12:17

    Иштироки Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода дар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Баҳои миёна: 5 (2 овоз)
  • Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Декабр, 2025 - 18:14

    Имрӯз зимни баргузории ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум лоиҳаҳои якчанд Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Аз ҷумла, дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Иштироки Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони “Нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва амнияти давлат”

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Декабр, 2025 - 17:11

    Иштироки Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони “Нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва амнияти давлат”, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон баргузор гардид.
    Дар кори конференсия, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Ҳамидиён Орзу, мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсатшинос Фаттоҳзода Саидмурод, раисони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, ректори донишкадаи исломии Точикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа ибни Собит Аҳтамзода Абдуалим иштирок намуданд. Дар кори конференсия, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Ҳамидиён Орзу, мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсатшинос Фаттоҳзода Саидмурод, раисони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, ректори донишкадаи исломии Точикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа ибни Собит Аҳтамзода Абдуалим иштирок намуданд.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Шиносоӣ аз фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, соҳаи тандурустӣ ва корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Тоҷикобод

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 28 Ноябр, 2025 - 13:42

    Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сахидод Раҳматуллозода ва раиси ноҳияи Тоҷикобод муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос аз ҳолати фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, соҳаи тандурустӣ, инчунии корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Тоҷикобод шинос шуданд.
    Ин тадбир дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид.
    Дар рафти шиносоӣ аз ҷониби намояндаи Ҳукумат бобати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани зимистон, захираи кофии маводи хурока, омода ва бо риояи қоидаҳои агротеҳникӣ кишт намудани заминҳои кишоварзӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболӣ 35-солагии ҷашни Истиқлолӣ давлатӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ, беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ғайраҳо дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин расонида шуд.
    Ҳамчунин, гурӯҳҳои кории таблиғотии доимоамалкунандаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор гардиданд, ки зимни вохӯриҳояшон дар ҳар як деҳаю маҳаллаҳо масъалаи фарҳанги истифодаи сарфакоронаи неруи барқро дар байни мардум васеъ фаҳмонанд.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Pages