Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки яке аз ҷашнҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи XVI-уми...

 
«БАЪЗЕ МУШКИЛОТИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР КИТОБҲОИ ДАРСӢ»
«Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.» Эмомалӣ Раҳмон

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ 21-уми феврали соли 2020 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави...
 
Ғалатҳои сомонаи Wikipedia (Бунёди "Wikimedia")

Баъд аз баррасӣ ва мутолиаи муҳтавои қисми тоҷикии сомонаи "Wikipedia", ки дар нишонии интернетии https://tg.wikipedia.org ҷойгир шудааст, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ху...

 
Рӯзномаи «Ганҷи забон» №7 (42), феврали соли 2020

ЗАБОН ОЙИНАЕСТ, КИ ДАР ОН СИМОИ ПУРҶИЛОИ МИЛЛАТ РАВШАН ИНЪИКОС МЕШАВАД
Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (26 декабри соли 2019)
Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро...

Фишурдаи нишасти матбуоти дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020

Таҳкими сулҳу суббот – омили ҳастии миллат вобаста ба филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»

Таҳкими сулҳу суббот – омили ҳастии миллат вобаста ба филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»

     Имрӯз 17-уми июли соли 2020, соати 0900 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Таҳкими сулҳу суббот – омили ҳастии миллат» вобаста ба филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Дар оғоз раиси Кумита тамоми иштирокдоронро ба мизи мудаввар хайра мақдам намуда, оид ба мазмуну муҳтавои филми ҳуҷҷати «Хиёнат»  маълумот дода, аз ҷумла баён намуданд, ки филми мустанади «Хиёнат», ки тавассути шабакаҳои телевизиони кишвар намоиш дода шуд, дар асоси далелҳои радношаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода карда шудааст ва ҳамагон аз муҳтавои ин филм огоҳ гаштанд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-ум, ки миллати моро ба вартаи нобудӣ мекашид, сабаби андӯҳи гарони мардуми кишвар гардид. Дар давоми панҷ соли ин ҷанги таҳмилӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар ҳамватанони мо қурбон шуданд, тахминан 2 миллион шаҳрвандон бе хонаву дар монданд, ҳазорҳо оила бепарастор монда, фарзандон ятим шуданд. Баъзе минтақаҳои кишвар дар бунбасти иқтисодӣ монданд ва мардум азоби гуруснагӣ мекашиданд, аксари мардуми кишвар аз рӯи ноилоҷӣ гуреза ё муҳоҷир шуданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Вазифаи холӣ - Сармутахассиси бахши экспертизаи забоншиносӣ

Вазифаи холӣ - Сармутахассиси бахши экспертизаи забоншиносӣ
Замима
ба фармоиши №94
аз «17» июли соли 2020
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ сармутахассиси бахши экспертизаи забоншиносӣ озмун  эълон  менамояд:

1. Талаботи тахассусӣ ба довталабони мансаби сармутахассиси  бахши экспертизаи забоншиносӣ;
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ (забон ва адабиёти тоҷик);
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ аз рӯи ихтисос;
- маҳорати кор ва кордонӣ дар компютер.
Маоши мансабӣ 1260 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ.
2. Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
- аризаи шахсӣ ба номи раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (дараҷа ва унвони илмӣ);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 086У);
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда ва Эъломия оид ба вазъи амволии хизматчии давлатӣ;
- хислатнома аз ҷойи кори қаблӣ;
- маълумотнома аз ҷойи истиқомат.
- маълумотнома оид ба доғи суди.

Баҳодиҳии муҳтаво: 

Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иктисодии Кумита дар нимсолаи якуми соли 2020

Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иктисодии Кумита дар нимсолаи якуми соли 2020

       Имрӯз 9-уми июли соли 2020, соати 10:00 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иктисодии Кумита дар нимсолаи якуми соли 2020 бо иштироки аъзои Ҳайати мушовара, сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита баргузор гардид.
     Дар оғоз раиси Кумита тибқи тартиб масъалаҳои рӯзномаро муаррифӣ намуда, ҳузури иштирокдоронро ба маҷлиси имрӯза хайра мақдам гуфтанд.
     Доир ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2020 аз ҷониби сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита ва тасдиқи Нақшаи кории Кумита барои нимсолаи дуюми соли 2020 аз ҷониби мудири бахши экспертизаи забоншиносии Кумита қироат гардид.
     Баъдан, он аз ҷониби олимон, узви Ҳайати мушовара ва кормандони Кумита мавриди муҳокима қарор гирифта, ба хулосае омаданд, ки ҳисоботи фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2020 қаноатбахш ҳисобида шавад ва Нақшаи кори Кумита барои нимсолаи дуюми соли 2020 бо қарори Ҳайати мушовара тасдиқ карда шавад.


Мизи мудавварро раиси Кумита доктори илмҳои филологӣ – Муҳаммадҷонзода Олимҷон ҷамъбаст карданд.

Шунидани суруди миллӣ анҷомбахши маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2020 гардид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 

Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

«Пудратчӣ» не, «паймонкор»

Хайруллоҳи РАҶАБИЁН, муҳандис-обшоргар, тарҷумон, луғатнигор, рӯзноманигор

Ман – нигорандаи ин сатрҳо ҳар як шумораи «Садои мардум»-ро мехонам. Дар саҳифаҳои он, ҳар кас барои хеш матлаби хонданбоб меёбад. Ман, ки муҳандиси сохтмон ҳастам, дар баробари мутолиаи мақолаҳои ҷолиб, ба саҳифаи чоруми рӯзнома таваҷҷуҳ менамоям. Дар он бештар даъватномаҳои иштирок дар озмуни харид ва иҷрои корҳои сохтмонӣ дарҷ меёбанд ва бо ибораи «Ба таваҷҷуҳи молрасону пудратчиён» оғоз мегарданд.

Ҳамчун коршиноси собиқаи сиву ҳафтсоладошта ба калимаи сохтаи «пудратчӣ» бештар шинос ҳастам. Он аз калимаи русии «подрядчик», ки решааш «подряд» (Договор по которому одна сторона обязуется по заказу другой стороны выполнить определенную работу, а также работа, такому выбору, С. И. Ожегов «Словарь русского языка», Москва, «Русский язык», 1986, стр. 468) мебошад, сохта шудааст. «Подрядчик» чунин шарҳ дорад: Организация (или, же отдельное лицо) занимающаяся работами по подрядам (С. И Ожегов «Словарь русского языка», Москва, «Русский язык», 1986, стр. 468).

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки яке аз ҷашнҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, барои қатъи мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезӣ, сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва таъсиси низоми ҳуқуқии адолатпеша асоси мустаҳкам гузошт.


Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Мизи мудаввар ба ифтихори 23-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи «Забон – неруи ваҳдатофарин»

Забон неруи – ваҳдатофарин

       Имрӯз 26-уми июни соли 2020, соати 1000 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи «Забон – неруи ваҳдатофарин» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он олимон, шоирон, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Дар оѓоз суруди миллӣ садо дод ва баъдан раиси Кумита тамоми иштирокдоронро ба муносибати 23-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, қадами ҳар яки онҳоро ба ин чорабинӣ хайра мақдам гуфтанд ва ба иштирокдорон тансиҳатӣ, фаррухрӯзӣ ва ба фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои беназир орзу намуда, афзуданд, ки халқи тоҷик хуб медонад, ки барои расидан ба ин рӯзи саид кишвари мо аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмили шаҳрвандӣ хотима бахшид.
       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд карда буданд, ки: «Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли паркокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард».
       Аз ин рӯ, мо бояд ҳар як фарди бонангу номус ин ҷашнро гиромӣ дошта, Ваҳдати миллиро ҳифз намоем.

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)
 

Корбарони онлайн

1 корбари онлайн

 

Меҳмонон

  • Шумораи меҳмонон: 19447101
  • Корбари бақайдгирифташудаи охирин: raisikumita
  • Саҳифаҳои чопшуда: 391
  • Нишонии IP-и шумо: 3.236.159.130
 

Обунашавӣ

Ба ахбори рӯзи мо обуна шавед
 

Корбарони нав

  • raisikumita
  • Бекназаров Хамз...
  • Махадшарифзода ...
  • Курбонбеки Занчирбек
  • Шарипов Анвар А...
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.