Конференсияи байналмилалӣ «Вазъи забони тоҷикӣ дар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ» - 2019
ДУШАНБЕ, 05.10.2019 /АМИТ «Ховар»/.
«Вазъи забони тоҷикӣ дар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ»-таҳти чунин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалӣ доир гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Гавҳар Шарофзода оғоз намуд.
Сипас мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доктори илмҳои филологӣ, профессор Масрур Абдуллозода, намояндагони Академияи илмҳо, Вазорати маориф ва илм дар суханронии хеш аз мақоми арзанда ва таълимдиҳандагӣ доштани адабиёти ғании забони тоҷикӣ ёдовар шуда, ин ҳамоиши байналмилалиро барои таҳими робитаҳои муштараки сиёсати забони кишварҳои дӯсту бародар дар ҳалли масъалаҳои забонӣ ва робитаҳои дӯстиву бародарӣ фоли нек арзёбӣ карданд.
Зикр гардид, ки ҷавҳари асосӣ ва ҳадафи пур аз ҳикмати ин забонро танҳо дар донистани ин забон мебояд фаҳмид, ки гӯяндагони ин забон-тоҷикон ба ҷуз Тоҷикистон, боз дар бародаркишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистону Ҳинд ва Покистону Эрон аз қадимулайём зиндагӣ мекунанд.